Главная / Илм / ЛИМФОСИТХО

ЛИМФОСИТХО

limfosithoЛИМФОСИТХО (Lymphocytus; аз лимфа ва юн. kytos – хучайра), як намуди хучайрахои сафеди хун. Мансуби лейкоситхои бедона мебошанд. Л. дар таркиби хуни одами калон 19 – 37%-и микдори умумии лейкоситхоро ташкил медиханд. Бузургии Л. аз 15 то 13 мкм аст. Л. аз чихати морфологи хурд (диаметрашон 5 – 9 мкм), миёна ва калон (диаметрашон 10 – 13 мкм) мешаванд. Кисми зиёди Л.-ро лимфоситхои хурд ташкил мекунанд.
Вобаста ба фаъолият се навъи асосии Л. вучуд доранд: О-лимфоситхо, Т-лимфоситхо ва В-лимфоситхо. В-лимфоситхо ба инкишофи иммунитети хилти (гуморави), Т-лимфоситхо ба инкишофи иммунитети хилти ва хучайрави мусоидат мекунанд. Л. дар раванди кучидани бофтахои пайвандшуда иштирок менамоянд. Афзоиши микдори Л. лимфоситоз ва кам шудани адади онхо лимфоситопения ном дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …