Главная / Илм / ЛЕПТОСПИРОЗ

ЛЕПТОСПИРОЗ

leptospirozЛЕПТОСПИРОЗ (Leptospirosis), таби оби, як навъ бемории шадиди сирояти. Ангезандааш лептоспирахо мебошанд. Лептоспирахо такрибан 169 навъу хел доранд. L. icterohaemorrhaqiae, L. canicola, L. tarassovi, L. pomona ва г. Дарозиашон 7 – 14 мкм, диаметрашон 0,07 – 0,15 мкм. Бо усули таксимшави меафзоянд. Лептоспирахо дар об то 26 ва дар хуроквори (равган, шир) то 1 – 2 шаборуз зинда мемонанд. Онхо хангоми ба гизо андохтани намак, канд ё дар аснои гарм кардан, махв мешаванд. Ба таъсири пенитсиллин, тетрасиклин, левомитсетин тоб намеоранд. Л.-хо вобаста ба ангезанда аз хамдигар фарк надоранд, бинобар ин ба хелхо чудо карда намешаванд.
Манбаи сироят хайвоноти гуногуни вахшиву хонаги (мушу калламушхо, гов, хук, саг) мебошад. Одамони бемор хатто ангезандахои маризиро хорич намоянд хам, онро пахн намекунанд. Ангезандахо ба шахси солим асосан тавассути об, гохо рустани, хуроквори, бинобар алока бо чорво ё махсулоти сироятёфта мегузаранд. Л. бештар маризии касби аст. Ба он асосан дератизаторхо, ашхосе, ки дар ботлокчойхо кор мекунанд, чорводорон, кассобон, говдушхо, чупону подабонхо гирифтор мешаванд. Маризи бештар мохи август авч мегирад.
Ангезандахои Л. ба организм тавассути луобпардаи рохи узвхои хозима, мултахима ва пуст ворид мешаванд. Дарачаи вазнинии бемори ва осеби узвхо (чигар, гурда, силсилаи асаб) аз хели ангезанда дида, ба хассосияти шахс бештар вобаста аст. Вале, бо вучуди ин, хели ангезанда низ беахамият нест. Мас., хангоми Л.-е, ки бар асари L. icterohaemorrhaqiae сар задааст, бештар заъфарма ва алоими хеморави (хунрез) ба назар мерасанд. Лептоспирахо бо рохи гематогени ба узвхои ретикулоэндотели ворид шуда (бештар дар чигар), афзоиш мекунанд ва сипас ба хун мегузаранд. Адади онхо дар хун хусусан хафтаи якуми маризи бисёр аст. Лептоспирахоро хатто дар моеъи хароммагз мушохида кардан мумкин. Охири хафта дар хун подтанхо (антитела) пайдо мешаванд ва лептоспирахо аз хун баромада дар узвхо, хусусан дар чигар ва гурдахо, карор мегиранд.
Давраи нихонии маризи 4 – 14 (бештар 7 – 9) руз аст. Л. сабук, миёна ва вазнин мешавад. Л.-и вазнин шаклхои заъфармави, геморрави ва иктерогеморрави дорад.
Бемори ногахон падид меояд. Харорат ба 39 – 40°С расида, мариз табларза ва сар дард мекунад, иштихо гашта, ташнаги голиб меояд, хоб гум мешавад; аломати хоси бемори – сахт дард кардани мушакхо, бахусус мушакхои соки по мебошад. Дард чунон токатфарсост, ки мариз наметавонад рох равад. Харорат 5 – 10 руз дар сатхи баланд меистад. Дар баъзе беморон таб пас аз 3 – 12 руз такрор меёбад, вале он дер давом намекунад.
Дар мавриди вазнин будани бемори аз рузхои 3 – 5 чашм ва сипас пуст зард мешавад. Хангоми ин дар 20 – 50% беморон бусурот (экзантема) рух менамояд. Бусурот дар пусти бадан ва дасту по пайдо шуда, ба мисли гулгуна, сурхакон ё махмалак аст. Баъди нопадид гаштани доначахо дар чои онхо карахшаи сабусакмонанд боки мемонад. Бисёр вакт табхол низ медамад. Брадикардия, кунд шудани оханги дил, дар ЭКГ – аломати тагйироти диффузии миокард пайдо мешавад. Рузхои 4 – 5 кариб дар хамаи маризон чигар ва дар нисфи онхо сипурз калон мешавад. Дар хун лейкоситози нейтрофили, афзоиши СОЭ ва бокимондаи нитроген, дар пешоб афзоиши сафеда, эритроситхо, силлиндрхо ба назар мерасад.
Л.-и сабук бо таби 2 – 3 руза огоз ёфта ба узву системахо чандон зиён намерасонад. Хангоми шаклхои вазнини Л. бемор асосан дар натичаи нукси шадиди гурда ва игмо (кома)-и уремияви мефавтад. Энсефалит, полиневрит, сарсом, миелит, иритхо, иридосиклитхо, увеитхо, хамчунин зотулчанб (пневмония), отитхо, паротитхо ва пиелитхо оризахои Л. мебошанд.
Мукаррар кардани шаклхои сабуки Л. душвор аст. Бисёр вакт онро бо грипп ё амрози шадиди рохи нафас (ОРЗ) омехта менамоянд. Вале бояд гуфт, ки беморихои мазкур дар тобистон бисёр кам дучор меоянд. Рузхои аввали бемори лептоспирахоро дар хун бо микроскоп ошкор кардан мумкин аст. Дар мукаррар сохтани Л. хусусан кишти пешоб, хун, моеи хароммагз ахамияти калон дорад. Ба сифати мухити гизо 5 мл об ва 0,5 мл зардоби (сиворотка) харгушро метавон истифода бурд.
Усули асосии табобати Л. истифодаи антибиотикхо ва гамма-глобулини махсус мебошад. Сари вакт огоз намудани табобат ахамияти калон дорад, зеро дар ин вакт ангезахои маризи хануз дар хун мавчуданд. Пенитсиллин, тетрасиклин ва окситетрасиклин низ таъин кардан мумкин аст. Антибиотикхоро 8 – 10 руз истифода мебаранд. Дар вакти захролудии сахт ва рух намудани аломатхои хунрави антибиотикхо бо дорухои кортикостероиди якчо таъин карда мешаванд. Гамма-глобулини лептоспирозиро баъди бехиссозии кабли истифода мебаранд. Ба варид хамчунин 150 – 200 мл махлули 4 – 5-фоизаи гидрокарбонати натрий фиристодан лозим. Меъдаро мешуянд ва махлули 2-фоизаи гидрокарбонати натрийро хукна мекунанд.
Аз ифлоси хифз намудани манбаъхои об, оббози накардан дар чойхое, ки ангезахои бемори пахн шудаанд, наошомидани оби кулу хавзхо, нест кардани мушу калламушхо, хангоми кор дар ботлокзор ва нигохубину куштани чорво пушидани либоси махсус, чушонида истеъмол кардани шири чорвои касал роххои асосии пешгирии Л. мебошанд. Беморон барои одамони солим хавфнок нестанд.
Ад.: Камардинов Х. К, Беморихои сирояти, Д., 2000; Камардинов Х. К., Инфекционные болезни человека, Д., 2005; Хамон муал., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.

Х. К. Камардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …