Главная / Илм / ЛЕЙКОПЛАКИЯ

ЛЕЙКОПЛАКИЯ

leykoplakiyaЛЕЙКОПЛАКИЯ (Leucoplakia; аз лейко… ва plakion – лавха), як навъ осеби луобпардахо, ки хангоми он эпителия шах мешавад. Л. бештар дар луобпардаи чавфи дахон, махбал, пешобдон, гарданаи бачадон ва аъзои таносул ба вучуд меояд. Дар мавриди Л. дар луобпарда догхои суфтаи пахн, ки ранги сафеди хокистари доранд, ба вучуд меоянд; догхо ба луобпарда сахт часпидаанд ва бечо карданашон мушкил аст. Л. метавонад дар шакли озахчахо низ падид ояд (лейкокератоз). Манбаи Л. сершумор буда, ранги онхо гуногун – сафеди гулоби, сафеди хокистари бо тобиши садафгун аст. Догхо метавонанд ба якдигар омезиш ёбанд. Пайдоиши Л. дар луобпардаи дахон сабабхои гуногун дорад (мас., дандонхои иллати, протезхои нодуруст чойгирифта, тамокукаши, истеъмоли машруботи спирти ширавор ва г.). Л. метавонад аломати ягон бемории музмин (сифилис, сил, микозхо ва г.) низ бошад. Л. одатан ягон эхсоси ногувор пайдо намекунад; онро факат дар мавриди муоина ошкор кардан мумкин аст.
Муолича ба рафъ сохтани сабабхои Л. нигаронда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …