Главная / Илм / ЛАПАРОСКОПИЯ

ЛАПАРОСКОПИЯ

laparoskapiyaЛАПАРОСКОПИЯ, яке аз усулхои табобат, ки дар мавриди он узвхои дарун аз сурохии хурд (одатан 0,5 – 1,5 см) чаррохи карда мешавад. Л.-ро одатан хангоми беморихои узвхои чавфи шикам ва кос кор мефармоянд.
Л. ба тавассути лапароскоп амали мегардад. Он гулбаи телескопи буда, аз системаи линзахо иборат аст ва ба видеокамера пайваст мебошад. Лапароскопхои хозира бо матритсахои раками мучаххаз буда, тасвири хеле анику возехро таъмин месозанд. Ба гулба хамчунин нокили оптики насб карда шудааст, ки манбаи нури «сард» дорад (лампаи галогени ё ксенони). Бо максади ба вучуд овардани фазои «кори» чавфи шикамро одатан бо гази карбонат пур мекунанд. Дар натича шикам мисли пуффак пурбод ва девораи он аз узвхо дур мешавад. Доираи амалиёти чаррохи, ки тавассути лапароскоп ичро кардан мумкин аст, хеле фаррох мебошад: аз холесистэктомия ва герниопластика то гастрэктомия, чаррохии гадуди зери меъда, рудаи дувоздахангушта, рудаи гафс, рудаи рост.
Л. усули чаррохии замонави аст. Баъди он бемор аз беморхона зуд чавоб дода мешавад (дар 2 – 3 руз), эхсоси дард ба вучуд намеояд, дар чои чаррохи хадша (изи тег) боки намемонад. Чаррохии лапароскопи тадричан шухрат ёфта истодааст, зеро дар мавриди он доираи биниш хеле калон буда, амалиёт гуё дар зери микроскоп (40 маротиба калон) гузаронда мешавад, тачхизоти оптики имкон медихад, ки чаррох ба объекти чаррохи аз кунчхои гуногун (аз хар тараф) назар афканад. Аз Л. дар мавриди чаррохии очил низ метавон истифода бурд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …