Главная / Илм / ЛАБИРИНТИТ

ЛАБИРИНТИТ

labrintitЛАБИРИНТИТ (Labyrinthitis), илтихоби гуши даруни. Л. шадид ва музмин мешавад. Вобаста ба тарзи рох ёфтни микроорганизмхо ё токсинхо ба гуши даруни Л.-хои тимпаногени (аз гуши миёна), менингогени (аз пардаи магзи сар – хангоми сарсом) ва гематогениро фарк мекунанд. Дар баъзе мавридхо Л. бинобар осеб низ рух менамояд (хангоми шикастани устухони чумчума ба вучуд меояд). Вобаста ба тарзи илтихоб Л.-хои зардоби ва римнокро чудо мекунанд. Л.-и некрози низ мавчуд аст. Дар аснои он девораи устухони лабиринт низ осеб мебинад; бештар дар кудакон ба мушохида мерасад.
Чарх задани сар, дилбехузури, кай (аксар вакт хангоми тагйир додани мавкеи сар), садои гуш, калавидан, заъфи сомеа (шунавои) ва г. аломатхои Л. мебошанд. Дар сурати Л.-и махдуд аломатхои мазкур такрор ёфта меистанд.
Л. мумкин аст ба сарсом, арахноидит, думбали магзча, уфунат ва г. табдил ёбад. Маризро бетаъхир дар беморхона бистари кардан лозим аст. Л.-ро одатан бо чаррохи дармон мебахшанд. Саривакт табобат намудани отит дар пешгирии Л. ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …