Главная / Илм / ЛАБЧОКи

ЛАБЧОКи

labchokiЛАБЧОКи, чирик, нукси инкишофи руй. Бисёр вакт дар лаби боло мушохида мешавад. Л. баъзан андак буда, гохо то ба сурохи бини мерасад. Дар баъзе мавридхо факат мушакхои лаб чок мебошанд (Л.-и нихони), ки аломати он чуяки чукур хосил кардани пусти руи осеб аст. Дар сурати пурра чок будани лаби боло кудак пистонро бо душвори мемакад ё умуман макида наметавонад. Чунин кудак сатхи ва тез-тез нафас мегирад. Оризаи асосие, ки дар ин гуна мавридхо рух менамояд, пневмонияи аспиратсияви аст.
Солхоидароз сабаби пайдоиши Л. ба олимон маълум набуд. Вале тадкикоти солхои охири мутахассисони олмони собит намуданд, ки Л. тамоюли ирси дорад. Яке аз омилхои асосии номатлуб, ки мучиби Л. мешавад, дар ибтидои давраи хамл ба беморихои сирояти гирифтор шудани модар аст. Бино ба акидаи бисёр олимон истеъмоли маводи мухаддир, машруботи спиртдор ва тамокукаши низ ба пайдоиши Л. мусоидат мекунанд.
Л. ба холати чисмони ва зехнии кудак ягон таъсири номатлуб намерасонад. Бинобар ин акидае, ки гуё кудаки лабаш чок нокисулакл мешавад, билкул хатост.
Яке аз проблемахои асосие, ки хануз аз рузхои аввали ба дунё омадани чунин кудак сар мезанад, дуруст гизо додан ба уст. Бинобар нукси лаб тифл наметавонад пистони модарро макад. Дар мавриди гизо додан ба ин гуна кудакон аз чочакхои калони махсус, ки чанд сурохи доранд, истифода мекунанд. Кудакро метавон бо кошукча низ гизо дод. Эхтиёт шудан лозим аст, ки гизо ба рохи нафаси тифл наафтад.
Л. бо рохи комплекси табобат карда мешавад. Лабро дар рузхои аввали баъди таваллуди тифл чаррохи мекунанд (он хейлопластика ном дорад). Табобати чунин кудакон дар муассисахои муоличавию профилактикии махсус – марказхои чаррохии чогу руй сурат мегирад. Агар тифл саривакт ва дуруст табобат карда шавад, фарчоми нукси инкишоф хуб аст. Хангоми гиперплазияи луобпарда ва кабати зери он дар канори лаб чин хосил шуда, дар натича лаб ба назар дуто менамояд. Бинобар халал ёфтани харакати лимфа андозаи лаб калон мешавад (макрохейлия); дар баъзе маврид метавонад ахейлия низ ба мушохида расад (модарзоди вучуд надоштани лаб).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …