Главная / Чамъият / Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1996, №23, мод. 340; соли 2000, №11, мод. 533; мод. 552; соли 2004, №2, мод. 37; мод. 53; соли 2005, №3, мод.118; №7, мод. 408; №12, мод.653; соли 2007, №  , мод. )

Бинобар ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мутобик гардонидани конунгузории Чумхурии Точикистон Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

tank

Ба Конуни Чумхурии Точикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, 1993 с, №14, м.285) тагйирот ва иловахо ворид намуда дар тахрири зайл баён карда шавад.   

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи Куввахои Мусаллахи  Чумхурии Точикистон

Чумхурии Точикистон хамчун давлати мустакил субъекти хукуки байналмилали буда, дорои Куввахои Мусаллахи худ мебошад.

Конуни мазкур асосхои хукуки, таъинот, вазифахо, хайат, принципхои ташкил  ва фаъолияти Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро муайян менамояд. 

Моддаи 1. Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва таъминоти он

Чумхурии Точикистон хамчун давлати мустакил субъекти хукуки байналмилали буда, дорои Куввахои Мусаллахи худ мебошад.

Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ташкилоти харбии давлати буда, асоси мудофиаи Чумхурии Точикистонро, ки он барои мухофизати мусаллахонаи истиклолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медихад.

 

Моддаи 2.  Вазифахои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Вазифахои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон аз инхо иборатанд:

зада гардонидани тачовузи душман ва шикаст додани тачовузкор;

хифзи фазои хавоии давлат;

мухофизати мусаллахонаи сархади давлати;

ташкил ва пешбурди мудофиаи худуди;

иштирок  дар зада гардонидани тачовузи мусаллахона ба давлати дигар ё ичро намудани вазифахои сулховарона, ки аз ухдадорихои байналмилали бармеоянд.

Чалб кардани кисмхо, чузъу томхо ва дигар сохторхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон барои ичрои вазифахо, ки ба таъиноти онхо  вобастаги надоранд, танхо дар асоси Конун ё фармони Президенти Чумхурии Точикистон, ки баъдан дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик мешавад, амали мегардад.

Моддаи 3. Конунгузории  Чумхурии Точикистон дар бораи Куввахои Мусаллахи  Чумхурии Точикистон

Конунгузории  Чумхурии Точикистон дар бораи Куввахои Мусаллахи  Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии  байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон  онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принципхои ташкил ва фаъолияти Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Принципхои ташкил ва фаъолияти Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон инхоанд:

конуният ва адолати ичтимои, хисоботдихи ба макомоти олии хокимияти конунбарор ва ичроия;

яккасардори, риояи интизомии харби, тахияи дастачамъонаи карорхо ва идоракунии мутамарказ;

омодагии доимии чанги ва сафарбари;

ухдадории умумии доимии шахрвандон ва ихтиёри ба хизмат даромадан;

нигохдории сирри давлати;

таъмини кафолатноки химояи хукуки ва ичтимоии хизматчиёни харби ва оилахои онхо.

 

Моддаи 5. Хайати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Хайати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро инхо ташкил медиханд:

кушунхои хушкигард;

куввахои харбии хавои ва мудофиаи  зиддихавои;

кушунхои зудамал.

Ба хайати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон кисмхо, вохидхо ва сохторхои дигаре, ки фаъолияти онхо бо таъиноти Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва таъмини амалиёти онхо алокаманд нест, дохил шуда наметавонанд.

Дар давраи чанг ба хайати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии  Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон,  кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, кушунхои мудофиаи граждании Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корхои ислохии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Агентии таъмини амволи махсуси  назди Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон низ дохил мешаванд.

Моддаи 6. Пуррагардонии сафхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Пуррагардонии сафхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон бо хайати шахси ба тартиби ихтиёри, аз руи шартнома, инчунин дар асоси даъвати шахрвандон ба хизмати харби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон инчунин бо хайати гайрихарби пурра карда мешаванд. Фехристи вазифахое, ки шахсони гайрихарби ишгол менамоянд, аз тарафи Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Шартномахои (карордодхои) мехнатии хайати  гайрихарби бо фармондихии харби вобаста аз вазифаи ишголкардаашон дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат тартиб дода мешаванд.

Хайати гайрихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон хукук дорад иттиходияхои касби ташкил намоянд.

 

Моддаи 7. Рохбари ва идоракунии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Рохбарии умумии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Рохбарии бевоситаро ба Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон амали намуда, ба ичрои вазифахое, ки тавассути конунхои  Чумхурии Точикистон ба ухдаи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  гузошта шудаанд, масъул мебошад.

Вазифаи Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон, чонишинхои у ва шахсони дигари масъули Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро дар холатхои истиснои шахсони гайрихарби ишгол карда метавонанд.

Вазифахо ва ваколатхои Вазорати мудофиа ва Сарситоди Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон тибки ин Конун, санадхои дигари конунгузори ва меъёрии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. Барои амали намудани онхо дар  Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон  ва Сарситоди Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон раёсатхо ва хадамоти дахлдор ташкил карда мешавад. Идоракунии намудхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ба воситаи ситодхои дахлдор сурат мегиранд.

Барои рохбари ва идоракунии кушунхо, таълими хайати шахсии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон забони давлатии Чумхурии Точикистон истифода бурда мешавад.

Моддаи 8. Идоракунии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Макоми асаосии идоракунии амалии кушунхо Сарситоди Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мебошад, ки:

– накшаи истифодабарии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, накшахои сафарбари ва накшаи ба таври фаври тачхизонидани каламрави Чумхурии Точикистонро ба манфиати  мудофиаи мамлакат тахия  менамояд;

– оид ба докторинаи харбии Чумхурии Точикистон, сохт, хайат ва чойгиршавии кушунхо, таъмини онхо бо силох ва техникаи харби пешниходхо тахия мекунад;

– идоракунии амалии кушунхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро анчом  медихад;

– фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба рох мемонад;

-тайёрии сафарбари ва чойгиркунонии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро ташкил менамояд;

– тайёрии зарури чангии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро нигох медорад;

– омодагии амалии ситодхо ва кушунхоро ташкил менамояд;

– тадкикоти илмию харбии дорои хусусияти  амалии  стратегиро ба рох мемонад;

– нигохдории сирри давлатиро дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– дигар ваколатхоро мутобики низомномаи дахлдор ичро мекунад.

Моддаи 9. Чойгирони ва истифодабарии кушунхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Чойгиронии кушунхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мувофики вазифахои мудофиа ва имкониятхои ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон амаи мегардад.

Плани чойгиронии кушунхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон аз тарафи Сарситоди Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон бо мувофикаи Хукумати Чумхурии Точикистон тартиб дода мешавад ва бо пешниходи Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон  тасдик мегардад.

Тагйирдихии чои кушунхо дар худуди каламраве, ки барои истифодаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон чудо карда шудааст, аз тарафи Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон бо мувофикаи макомоти хокимияти ичроияи дахлдор сурат мегирад.

Чойгирои ва истифодабарии кушунхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон берун аз худуди Чумхурии Точикистон барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Точикистон бо ризояти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (дар чаласаи якчоя) дар асоси фармони Президенти Чумхурии Точикистон амали мегардад.  

Моддаи 10. Хамкори ва амали якчояи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон бо Куввахои Мусаллахи давлатхои дигар ва вохидхои дигари харбии Чумхурии Точикистон

Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон бо Куввахои Мусаллахи давлатхои дигар дар сохаи мудофиа, хифзи сулху амният, инчунин сохаи сохтмони харби дар доираи меъёрхои хукуки байналмилали хамкори мекунанд.

Як кисми Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мутобики ухдадории байналмилалии Чумхурии Точикистон бо ризояти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (дар чаласаи якчоя), дар асоси фармони Президенти Чумхурии Точикистон ба хайати Куввахои Мусаллахи муттахида дохил шуда ё тахти фармондехии муттахида карор гирифта метавонад.

Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон хамеша бо дигар сохторхои харбии Чумхурии Точикистон хамкори менамоянд.

Моддаи 11. Фаъолияти хочагии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дар сурате ба фаъолияти хочаги машгул шуда метавонад, ки он ба тайёрии харби ва кобилияти  чангиашон таъсир нарасонад.

Тартиби амали намудани фаъолияти хочаги аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 12. Махдуд намудани фаъолияти созмонхои чамъияти ва иттиходияхои дигар дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Дар  Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон созмонхои чамъиятие, ки вазифаи химояи чамъияти, тарбияи хайати шахсиро доранд ва шахсони юридики нестанд, ташкил ёфта метавонанд.

Дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон таъсис додани сохторхои ташкили ва фаъолияти хизбхо, дигар иттиходяхои чамъияти, ки максадхои сиёси доранд, инчунин таблиги идеологияи онхо  манъ аст.

Истифодаи мансабхои штати ва воситахои молии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон барои ташкили сохторхо ва фаъолияти хар гуна созмонхои чамъияти ва иттиходияхои дигар гайр аз онхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик гардидаанд, манъ аст. Бурдани хамагуна таблиготи сиёси дар худуди кисмхои харби ва муассисахои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон манъ аст.

Моддаи 13. Таъмини конуният дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Назорат ба конуният дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон аз тарафи Прокурори Генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои харбии тобеи у сурат мегирад.

Химояи хукуки хизматчиёни харби, баррасии парвандахои чинои ва граждани дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон аз тарафи судхои харби амали мегардад.

 

 

                 Президенти

         ЧумхурииТочикистон                                                                                     Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996,

№ 316

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …