Главная / Илм / Кумитаи аудит ва хавфхои назди Шурои нозирон

Кумитаи аудит ва хавфхои назди Шурои нозирон

  • Низомномаи мазкур дар бораи Кумитаи Шурои нозирон оиди аудит ва хавфхо (минбаъд – Коидахо) мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, Оинномаи Бонк, Низомнома дар бораи Шурои Нозирони Бонк, инчунин тачрибахои бехтарини идоракунии корпоративи тахия карда шудааст.
  • Низомнома маком ва салохияти  Кумитаи Шурои нозиронро оиди аудит ва хавфхо (минбаъд-кумита), хукук ва ухдадорихо, таркиб,  тартиби ташаккули кор ва хамкории Кумита бо макомоти идоракунии Бонкро  муайян мекунад.
  • Кумита бо максади тахлили амики масъалахои алохида, ки ба салохияти Шурои нозирон дахлдор аст  таъсис дода шуда, тавсияхоро барои Шурои нозирон коркард менамояд.
  • Дар фаъолияти худ, Кумита дар назди Шурои Нозирони Бонк хисобдиханда буда, дар доираи ваколатхое, ки аз чониби Шурои Нозирони Бонк мукаррар гардидааст, мутобики Низомномаи мазкур амал мекунад.
  • Хамаи карорхое, ки  аз чониби Кумита тахия мешаванд,  тавсияхое мебошанд, ки  барои  барраси ва тасдик ба  Шурои нозирон супорида мешаванд.

shuro-majlis

  1. Салохияти кумитаи аудит ва хавфхо 
  • Ба салохияти кумита масъалахои зерин дохил мешаванд:

– барраси ва тавсияи кабули накшаи солонаи аудит, коидаи  хисобдорию назорати онхо ва идоракунии хавфхо дар Бонк;

– додани тавсия барои таъини аудитори берунии Бонк мутобики моддаи 45 Конун «Дар бораи фаъолияти бонки”

– баррасии хисоботи аудитори беруни оид ба хисоботи молиявии Бонк ва ба Шурои нозирон хабар додани хар гуна камбудихои ошкоршуда то аз чониби он маъкул донистани хисоботи молияви;

– талаб кардани хисобот аз сараудитори дохилии Бонк;

– мониторинги мутобикати фаъолияти Бонк ба конунхо ва санадхои меъёрии хукуки ва пешниходи маълумот ба Шурои нозирон;

– баррасии хисоботи Бонк, ки ба Бонки миллии Точикистон пешниход мешавад;

– гузориш оид ба хар гуна масъалахое, ки аз чониби Шурои нозирон дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;

– баррасии амалиёт ва ахдхои Бонк дар заминаи накшахое, ки Кумитаи аудит кабул кардааст, мутобики дархости Шурои нозирон, дархости сахмиядорони Бонк, ки беш аз 10 фоизи сахмияхои овоздихандаро сохибанд ё тавре, ки инро оинномаи Бонк  мукаррар кардааст;

– хар сол на камтар аз як маротиба пешниходи хисобот дар мачлиси умумии сахмиядорон оид ба фаъолияти худ.

2.1.4. Фаъолияти хадамоти аудити дохилии Бонк:

а) баррасии Низомномаи Хадамоти аудити дохили

б) халли масъалахои вобаста ба таъин / озод намудани рохбари хадамоти аудити дохили, муайян намудани шароити шартномаи мехнати, сатхи музди (музди мехнат, мукофотпули), чаримахо ва гайра.

в) Дар баррасии солонаи сохтори ташкили, накшаи кори хадамоти аудити дохили;

г) кабул ва баррасии хисоботи аудити дохили;

д) баррасии масъалахо, ки  барои ичрои  босамари супоришхо ба  хадамоти аудити дохили    монеагихои  назаррас  меоваранд  ;

е) Таклифи сардори хадамоти аудити дохили ба чаласахои Кумита;

ж) Мухокима бо рохбари хадамоти аудити дохили самаранокии фаъолияти хадамоти аудити дохили.

2.1.6 Хамкори бо аудитори Бонк:

а) омода намудани  тавсияхо ба  Шурои нозирон оид ба номзадии аудитори Бонк ва лоихаи шартнома бо аудитор, аз чумла доир ба масъалаи пардохти подошпули аз тарафи Бонк;

б) мухокима намудани хачм ва мухлатхои гузарондани тафтиши аудити Бонки;

в) мухокима бо аудитори Бонк натичахои байнифосилави ва нихоии санчиши аудити пеш аз баррасии он аз чониби  Шурои нозирон, инчунин натичахои хизматрасонихои машварати ва гайра, ки аз чониби аудитори Бонк пешниход гардидааст;

        г) мухокима намудан бо аудитори Бонк ва макомоти ичроияи Бонк  тамоми муносибатхои чойдоштаро байни аудитор ва Бонк, инчунин баррасии хизматрасони аз чониби аудитори Бонк, ки метавонад ба мустакилияти аудитори таъсир расонад;

з) Баходихии фаъолияти аудитори Бонк

2.2. Бо карори Шурои нозирон ба  баррасии Кумита  масъалахои дигар мувофики салохдиди он   бароварда мешаванд. 

  1. Хукук ва ухдадорихои кумитаи аудит ва хавф, инчунин аъзои он. 

   3.1. Кумита хукук дорад:

3.1.1. Бо супориши Шурои нозирон  назорат  кардани    ичроиши карорхои Шурои Нозирон, оид ба масъалахо дахлдори  макомотхои Бонк.

3.1.2. Кабули хуччатхо, хисоботхо, баёнот ва иттилооти дигар, аз чумла маълумоти хусусияти махфи дошта,  аз чониби шахсони мансабдори Бонк,.

3.1.3. Даъвати шахсони мансабдор ва кормандони Бонк, ба чаласахои худ.

3.1.4. Истифода бурдан аз хизматрасонихо ва даъват намудани коршиносони беруна ва маслихатчиён ба чаласахои худ .

3.1.5. Гузарондани вохурихо бо аудитори беруни ва кормандони хадамоти аудити дохили бе иштироки намояндагони рохбарикунандаи ичроияи Бонк.

3.1.6. Дар мавриди пайдо гардидани  зарурият, аз он чумла бо кумаки коршиносони мустакил ва мушовирон,   тафтишоти махсусро огоз ва ба анчом расонад.

3.1.7. Дар доираи салохияти худ ва бо тартиби мукаррарнамудаи Низомномаи мазкур амали намудани ваколатхои дигаре, ки аз тарафи Шурои нозирон муайян шудаанд.

3.2. Кумита ухдадор аст:

3.2.1. Ба Шурои нозирон пешниход намудани  хулосахо ва тавсияхо оид ба масъалахо  мувофики салохияти мукаррар гардида.

3.2.2. Бо дархости Шурои нозирон дар вакти дилхох ба Шурои Нозирони Бонк пешниход намудани хисобот оиди корхои ба анчом расондаашон .

3.3. Аъзои кумита хукук доранд:

3.3.1. Дар доираи салохияти Кумита  дар бораи фаъолияти Бонк маълумоти заруриро гиранд, бо хуччатхои таъсисдихи, бахисобгири, хисоботдихии, ташкили – маъмури ва дигар хуччатхои Бонк шинос шаванд, аз чумла хуччатхои дорои хусусияти махфи дошта.

3.3.2. Дар намуди хатти талаб кардани даъвати мачлиси кумита.

3.3.3. Ворид намудани  пешниходхо, барраси ва овоздихи оид ба масъалахо вобаста бо рузномаи  мачлиси Кумита.

3.3.4. Фикри худ дар шакли хатти баён намуда, нисбати  карорхои кумита   ибрози норозиги намояд ва онро ба маълумоти раиси Кумита расонад.

3.3.5. Дар доираи салохияти худ ва бо тартиби мукаррарнамудаи Низомномаи мазкур амали намудани ваколатхои дигаре, ки аз тарафи Шурои нозирон муайян шудаанд.

3.4. Аъзоёни Кумита ухдадоранд:

        3.4.1. Софдилона ичро намудани вазифахои аъзои кумита; поквичдона ва бо масъулият барои манфиати бонк амал намоянд.

     3.4.2. Фаъолона иштирок намудан дар мачлисхои кумита.

     3.4.3. Маълумотхоро  дар бораи фаъолияти Бонк, ки ба онхо маълум шудааст  ва  дар сурати ба шахсони сеюм дастрас шудан, ба фаъолияти бонк таъсири назаррас мерасонад, истифода набаранд ва ба дигар шахсон пешниход накунанд .

     3.4.4.Дар раванди ичроиши ухдадорихои худ, талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, Оиннома, Низомномаи Шурои Нозирони Бонк ва Низомномаи мазкурро риояи намоянд.

  1. Ташкилдихии кумита оид ба аудит ва хавф. 

     4.1.Кумита оид ба аудит ва хавф дар асоси карори Шуърои Нозирони Бонк таъсис карда мешавад.

     4.2. Кумита оид ба аудит  ва хавф бо теъдоди на камтар аз се нафар иборат мебошад, ки аз тарафи Шурои нозирон интихоб карда мешаван. Шурои нозирон хукук доранд ваколати дилхох аъзои кумитаро   катъ намоянд, инчунин  метавонад тамоми хайати кумитаро аз нав интихоб намоянд.

     4.3.Аъзои кумитаи  аудит ва хавфхо   бояд ба талаботи  конунгузории амалкунанда, ки нисбати   аъзои кумита пешбини мегардад, мувофик бошанд.

     4.4. Ба хайати Кумитаи аудит ва хавфхо метавонанд  аъзоёни Шурои Нозирон интихоб карда шаванд, ки ба меъёрхои мустакилият, ки дар Кодекси идоракунии корпоративи Бонки муайян карда шудааст, чавобгуй бошанд, инчунин шахсоне, ки аъзои Шурои нозирон нестанд.

      4.5.Аккалан яке аз аъзои Кумитаи аудит ва хавф бояд  дорои маълумоти амик ва тачрибаи  кофии тайёр намудани (unaudited) хисоботи молияви бошад.

4.6. Кумита аз чониби раис, ки аз тарафи Шурои нозирон интихоб шудааст,   идора карда мешавад. Шурои нозирон хукук доранд, Раиси Кумитаро аз нав пеш аз мухлат интихоб намоянд.

      4.7. Вазифаи асосии раиси Кумита, таъмин намудани фаъолияти самараноки Кумита ва назорат аз болои ичрои карорхо, ки  аз чониби Шурои нозирон кабул гардида  вобаста бо ба масъалахои марбути тибки салохияти Кумита  мебошад.

      4.8. Раиси Кумитаи аудит ва хавф кори Кумитаро ташкил намуда, ба чаласахои Кумита даъват ва дар он рохбари мекунад,  рузномаи мачлиси Кумитаро муайян менамояд, ба Шурои Нозирони Бонк хисоботхо пешниход менамояд.

       4.9. Раиси Кумитаи аудит ва хавф  наметавонад хамчун Раиси Кумитаи дигар   интихоб карда шавад. Хар як аъзои Кумита  (аз чумла Раис) наметавонад   ба хайати беш аз ду кумитахои Бонки интихоб шаванд.

       4.10. Котиби Кумита метавонад Котиби корпоративи ё котиби Шурои нозирон бошад. Котиби Кумита омодаги ва баргузории чаласахои Кумитаро, чамъоварии мавод барои вохурихо, таъмин менамояд, аз он чумла бурдани протоколхо   ва нигох доштани бойгонии кумита.

  1. Тартиби фаъолияти Кумитаи аудит ва хавфхо. 

       5.1. Чаласахои Кумитаи Аудит ва хавф аз чониби раиси Кумита даъват карда мешавад.

       5.2. Мачлисхо  на камтар аз як маротиба дар як семоха гузаронида мешаванд.

       5.3. Чаласахои Кумита метавонад дар шакли вохурихои гоибона (аз он чумла видео ва teleconferencing) ва Овоздихии пешаки гирад.

       5.4. Ба чаласаи Кумита метавонад   аъзои Шурои нозирон, Раиси Кумитаи аудит, Раис ва аъзоёни Раёсати Бонк, сармухосиби, сардори Хадамоти дохилии аудит ва дигар кормандони идора ва кормандони Бонк даъват шаванд. Аъзои Шурои нозирон, ки аъзои кумитаи аудит ва хавф  нестанд, метавонанд  дар чаласахои Кумита бо ташаббуси худ иштирок намоянд.

        5.5. Масъалахо дар мачлиси кумита баррраси мешаванд:

– Бо карори Шурои нозирон;

– Бо ташаббуси Раиси Шурои нозирон;

– Бо ташаббуси Раиси Кумитаи аудит ва хавф;

– Бо ташаббуси узви Кумитаи аудит  ва   хавф;

– Дар асоси дархости хаттии Раиси Бонк (Раиси Раёсат).

      5.6.Котиби Кумитаи Аудит ва хавф, аъзои кумитаро дар бораи чаласа бо фиристодани огохинома ва хуччатхо барои чаласа (дар сурати Овоздихии пешаки ва барои овоздихи) бо нишон додани сана, вакт, чой, шакл ва рузномаи мачлис дар давоми мухлати муайян, надертар аз як хафта пеш аз санаи чаласа огох месозад. Маълумот  бо тартиби тарики мувофика шудан бо аъзои Кумита   (тавассути почта ва ё почтаи электрони, факс), фиристода мешавад.

      5.7. Кворумро барои гузаронидани чаласа  на камтар аз нисфи шумораи аъзои интихобшудаи Кумита ташкил медихад,.

5.8. Дар муайян намудани кворум андешаи хаттии аъзои кумита, ки  дар чаласа иштирок накардаанд, нисбат ба рузномаи мачлиси кумита ба инобат гирифта мешавад.

        5.9. Кумита бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он, ки дар овоздихи иштирок мекунанд, аз чумла дар вакти овоздихи гоибона карор кабул мекунад. Дар сурати баробарии овозхои аъзои кумита, ки  дар овоздихи иштирок карданд, хангоми кабул намудани карор хукуки овози халкунанда ба Раиси   кумита  марбут аст.

         5.10. Додани овози як аъзои кумита ба аъзои дигари кумита, инчунин додани хукуки овоздихи ба хеч шахси дигар дар асоси ваколатнома аст, ичозат дода намешавад.

5.11. Аъзои Кумитаи аудит ва хавф, ки дорои ихтилофи манфиатхо дар масъалаи мухокимашаванда аст,  бояд пеш аз гузаронидани овоздихи ба дигар аъзои кумита хабар дихад.

5.12.  Тавсияхои аз тарафи Кумита тахия шуда, барои барраси  ба чаласаи Шурои нозирон бо тартиби мукаррарнамудаи Низомнома дар бораи Шурои Нозирони Бонк фиристода мешаванд.

5.13. Дар чаласаи Кумита   протокол тартиб дода мешавад, ки бо аъзоёни иштирок дошта дар чаласаи Кумита мувофика карда мешавад    ва аз чониби раиси Кумита ба имзо мерасад.  Хамаи аъзоёни Кумита   хукук доранд дар шакли хатти андешаи  худро оид ба масъалахои рузномаи чаласа баён кунанд.

  1. Мукаррароти хотимави

         6.1. Кумита хар сол зарурияти дохил намудани тагйиру иловахоро ба Низомномаи мазкур барраси мекунад.

       6.2. Тагйироту иловахо ба Низомнома аз тарафи Шурои нозирон тасдик карда мешавад..

         6.3. Агар меъёрхои Низомнома бо мукаррароти Оинномаи Бонк мухолифат намояд, мукаррароти афзалиятнок ба мукаррароти Оиннома  дода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …