Главная / Биология / Кори дил

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар холати нисбатан ором дар як шабонаруз тахминан 100000 маротиба кашиш мехурад. Дар айни хол вай кариб 10 тонна хунро чун насос ба харакат медарорад. Кашишхурии дилро мушакхои дил ба чо меоранд.

Он ба мушаки кундаланграхи скелети монанд аст. Мушакхои дил аз наххои махсус иборат буда, дар онхо ангезиш ба амал меояд ва ин ангезиш аз дахлези рости дил сар шуда, баъд ба дахлези чап ва меъдачахои росту чап пахн мешавад ва бо навбат (ритмики) кашишхурии дахлезхо ва меъдачахоро таъмин менамояд. Дар дил системахои махсус мавчудаст, ки импулсхоро аз як кисми дил ба дигараш пахн намуда, барои берун аз организм кашишхурии дил имконият фарохам меоварад. Ин тавр худ аз худ кашишхурии дилро автоматияи дил меноманд.

dili-odam

Фаъолияти дил. Дил кашиш хурда, харакати хунро дар рагхо таъмин менамояд. Дар холати ороми дил дар як дакика 70-75 маротиба кашиш мехурад. Се даври кори дилро фарк кардан мумкин аст, ки 0,8 сонияро дар бар мегирад. Кашишхурии дахлезхо 0,1 сония, меъдачахо 0,3 сония, давраи оромии умуми 0,4 сония аст.

Танзими кори дил. Суръати кашишхурии дил аз мухитиберуна, дохили, системаи марказии асаб, системаи вегетативии асаб ва системаи хуморали вобаста аст. Вакте ки суръат ва кувваи кашишхурии дил зиёд мешавад, вай ба системаи рагхо дар вохиди вакт бештар хун медихад. Баръакс, суст ва заиф шудани фаъолияти дил, боиси кам омадани микдори хун ба рагхои хунгарди организм мегардад.

Ба кори дил асабхои вегетативи таъсири гуногун мерасонанд.Масалан, асабхои симпатики кори дилро метезонад, рагхои хунро хурд ва фишорро баланд мекунанд. Асаби гумрох кори дилро суст, рагхои хунро васеъ ва фишорро паст мекунад. Хормонхои адреналин, ки дар кабати магзи гадудхои болои гурда хосил мешаванд, кори дилро фаъол мегардонад. Намаки калсий хам кори дилро метезонад, моддаи атсетилхолин ва намаки калий, баръакс, кори дилро суст мекунад.

Танзими асабию хуморали кори дилро ба шароити мухит мутобик менамояд. 

Саволхо:

  1. Автоматизми дил чист?
  2. Фаъолияти дил аз кадом даврахо иборат аст?
  3. Системаи асаб ва системаи хуморали ба кори дил чи тавр таъсир мерасонанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …