Главная / Гуногун / Кооператсияи матлубот дар Чумхурии Точикистон

Кооператсияи матлубот дар Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи кооператсияи матлубот дар Чумхурии Точикистон

 (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1992, № 7, мод.105; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1995, №22, мод. 268, соли 2002, №11, мод. 702; соли 2008, №1 кисми 2, мод. 13)

Хамин Конун шароити хукуки, ташкили, иктисодию ичтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар каламрави Точикистон муайян намуда, ба тахкими асосхои демократи ва таъмини мустакили кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хочаги ва ибтикори ташкилоту корхонахои он, мухофизати манфиатхо ва дастгирии давлатии чамъиятхои матлуботу иттифокхои онхо равона карда шудааст.

 Боби I. КОИДАХОИ УМУМИ 

 Моддаи 1. Кооператсияи матлубот дар Чумхурии Точикистон

Кооператсяи матлуботи Точикистон ташкилоти гайридавлатии чамъиятию хочагии шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошад, ки онхо бо максади пурратар конеъ намудани талаботи худ ба молхо ва хизматрасони дар асоси ихтиёри муттахид мегарданд. Дар хайати он ба сифати аъзои коллективи корхонахо, ташкилотхо, муассисахо, муассисахои таълимие, ки максаду манфиатхои оинномавии онро тарафдори мекунанд, дохил шуда метавонанд.

Кооператсияи матлубот фаъолиятро оид ба конеъ намудани манфиат ва талаботи сахмдорон, мухайё ва инкишофи инфраструктура вусъат додани кооператсияи матлубот, химояи манфиатхои истеъмолкунандагон, таъсиррасони ба сиёсати сохаи истеъмол ва дигар масъалахоро дар асоси санадхои меъёрию хукуки амали менамояд.

Кооператсияи матлубот савдои чакана, яклухт ва комиссиони, хуроки умуми, хариди махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва дигар махсулот, инкишофи бозор ва хочагихои ёрирасон, истехсоли молхои сермасриф, намудхои гуногуни хизматрасони, гузаронидани чорабинихои мадани ва варзиши, таъсис, инкишоф ва нигох доштани муассисахои таълимии кооператсияи матлубот, тайёр намудани кадрхо ва такмили ихтисоси онхо, фаъолияти иктисодии хоричиро ташкил менамояд. Ба ислохоти ичтимоии дехот, ташаккул ва инкишофи хочагихои дехкони (фермери), хочагихои шахси, афзоиши захирахои хуроквори ва дигар молхои истеъмолии халк, бехтар шудани хизматрасони ба ахоли фаъолона мусоидат мекунад.

Моддаи 2. Асосхои фаъолияти кооператсияи матлубот.

Фаъолияти кооператсияи матлубот мутобик бо асосхои узвияти ихтиёри, мустакилияти хочаги, хавасмандии модди ва адолати ичти­мои, иштироки мустакили аъзои кооператсия дар идораи корхои он дар асоси демократия ва конуният карор мегирад.

Хар гуна мудохилае, ки кодир аст хукуки кооператсияи матлуботро махдуд намояд ё монеи ба амал баровардани ин хукук мегардад, манъ аст.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи кооператсияи матлубот

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи кооператсияи матлубот ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 5.01 08 №348)

Моддаи 4. Системаи кооператсияи матлубот

Системаи кооператсияи матлуботро чамъиятхои матлубот ва ит­тифокхои онхо, ки аз тарафи шахрвандон дар дехот, нохияхо, шахрхо, Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва чумхури таъсис меёбанд, ташкил медиханд.

Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо хак доранд ваколатхои рохбарии фаъолияти кооператсияи матлубот, эчоди инфраструктураи умумии истехсолию ичтимои, мухофизати манфиатхои аъзои кооператсияи матлубот ва кормандони онро байни худ аз нав таксим намоянд.

  Моддаи 5. Макомоти рохбарикунандаи кооператсияи матлубот

Макоми олии рохбарикунандаи кооператсияи матлубот дар чумхури, Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоят анчуманхо мебошанд.

Макоми олии рохбарикунандаи кооператсияи матлубот дар нохия конференсияи иттифоки чамъиятхои матлубот мебошад.

Макоми олии рохбарикунандаи чамъияти матлубот мачлиси умумии сахмдорон (мачлиси намояндахо) мебошад.

Анчуманхою конференсияхо Шуроро интихоб менамоянд, ки он дар давраи байни анчуману конференсияхо вазифахои онхоро ичро карда, ба онхо хисоботдех мебошад.

Мачлиси умумии сахмдорон (мачлиси намояндахо), конференсия ва анчуман макомоти идора ва макомоти назоратро интихоб менамояд.

Ташкилоти ибтидоии идораи корхои кооператсияи матлубот участкаи кооперативи мебошад, ки аз руи аломати худуди ё истехсолоти ташкил мегардад.

Макомоти ичроияву амрдихандаи чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо раёсатхои чамъияти матлубот, иттифокхои нохияви, шахри, Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти ва чумхурияви мебошанд. Тартиби интихоби раёсат ва ваколатхои он мувофики оинномаи чамъияти матлубот ва иттифоки он ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 №348)

Моддаи 6. Иттифоки чумхуриявии чамъиятхои матлуботи Точикистон ва ваколатхои он (КЧТ аз 5.01.08 № 348)  

Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо Иттифоки чумхуриявии чамъиятхои матлуботи Точикистон — Иттифоки Точикматлуботро ташкил мекунанд.

Ба хайати Иттифоки Точикматлубот хамчунин дигар ташкилотхои коопера­тиви, чамъиятхои саххоми ва дигар чамъиятхо (ширкатхо) дар асоси комилан ихтиёри дохил шуда метавонанд.

Иттифоки Точикматлубот ваколатхои зеринро амали менамояд:

– манфиатхои иктисоди, хукуки ва ичтимоии ташкилоту корхонахои кооператсияи матлуботро дар суд ва дигар макомоти махаллии хокимияти давлати муаррифи ва химоя мекунад;

– стратегия ва барномаи рушди кооператсияи матлуботи чумхури,  роххои татбики карорхои кабулнамудаи анчуманро тахия ва амали менамояд;

– бо максади татбики барномахои кутохмуддат ва дарозмуддати рушди ичтимои ва иктисодии соха фаъолияти маблаггузориро дар ташкилоту корхонахои кооператсияи матлубот амали месозад;

– ичрои конунхо, санадхои меъёрии хукуки, карорхои кабулкардаи худро аз чониби хамаи ташкилотхои кооператсияи матлубот – аъзои Иттифоки Точикматлубот ташкил ва назорат менамояд;

– бо ташкилотхои кооператсияи матлуботи дигар давлатхо, инчунин ташкилотхои байналмилалии кооператсияи матлубот тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон робита баркарор месозад;

– дар тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки,  ки ба фаъолияти кооператсияи матлубот дахл доранд, иштирок менамояд;

– барои ташкилотхои кооператсияи матлубот – аъзои Иттифоки Точикматлубот оиди сохтори ташкили, меъёри,  пардохти музди мехнат,  таъсис ва истифодаи фондхо,  ки хоси сохаи кооператсияи матлубот мебошанд, дастуру тавсияхо ба нашр мерасонад;

– назорати иктисоди ва молиявиро амали месозад,  фаъолияти шахсони хукукиро дар доираи кооператсияи матлубот назорат карда, ба онхо кумакхои техники, иктисоди ва кумакхои дигар мерасонад;

– дар дигар давлатхо намояндагихои тичорати таъсис медихад, ки онхо манфиатхои кооператсияи матлуботи Точикистонро вобаста ба  фаъолияти иктисодии хоричи химоя менамоянд;

– омузиши тамоюлхои рушди бозори дохили ва хоричиро ташкил намуда, тавсияхо медихад;

– омузиш ва баланд бардоштани дарачаи тахассусии хайати кормандони кооператсияи матлуботро ташкил ва хамоханг месозад. (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

  Боби II. ДАВЛАТ ВА КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ

Моддаи 7. Кафолати хукуки кооператсияи матлубот

  1. Давлат ба риояи хукук ва манфиатхои конунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медихад.

Макомоти давлатии Чумхурии Точикистон ба инкишофу тахкими мустакилияти иктисодии чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба хеч як махдудкунии фаъолияти хочаги ва ташаббуси кооператсияи матлубот, махдудкунии амали озод ва баробархукуки он дар бозори молхо, корхо ва хизматрасони рох намедиханд. Давлат химояи хукуки амволи кооператсияи матлуботро кафолат медихад. Моликияти он дахлнопазир аст.

  1. Давлат ба чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо хукук медихад, ки:

барои ичрои максад ва вазифахояшон корхонахо ва дигар субъектхои хочагидориро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  ташкил намояд; (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

амволи корхонахои давлати ва корхонахое, ки ба шаклхои дигари моликият асос ёфтаанд, дигар амвол ва хукуки амволи гиранд;

ба тартиби мукарраршуда китъахои заминро ба ихтиёр, ба истифода гиранд;

бо истифодаи асъори хоричи амалиёт гузаронанд ва хамчун иштироккунандаи муносибатхои иктисодии хоричи баромад кунанд;

          бо масъулияти молумулкии худ фаъолияти сохибкори ва миёнаравии тичоратиро инкишоф диханд. (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

        дар нохияхои наздисархадии Чумхурии Точикистон бо рохи таъсис  додани бозорхо, фурушгоххо, ва иншоотхои дигари савдо ва хуроки умуми савдои наздисархадиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил намояд. (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

  1. Ба махдудиятхо дар чудо кардани молхои истеъмоли халк ва махсулоти таъиноти истехсолоти аз манбахои давлати ба андозаи аз тарафи кооператсияи матлубот вусъат додани хачми захирахое, ки аз хисоби харидори ва истехсоли худ ба муомилот чалб мегарданд, рох дода намешавад.
  2. Давлат ба назорати фаъолияти истехсолию хочаги ва молиявии кооператсияи матлубот ва аз тарафи ташкилотхои корхонахои он риоя шудани мавкеи оинномахояшон, коидахои мукарраршудаи савдо ва аз адои хизмати ахоли хак доштани макомоти назоратию тафтишотиро эътироф мекунад.

Макомоти давлати мутобики вазифахои мукарраркардаи конунгузории чори хак доранд ба фаъолияти кооператсияи матлубот назорат кунанд.

  1. Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо тадбирхои масъулияти интизомии шахсони интихоби ва дигар кормандонро мутобики Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон ва оинномахои худ мустакилона мукаррар мекунанд. (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

Макомоти давлати дар мавриди зарурат хак доранд ба раёсати ташкилоти болои ариза дода, ба он таклиф намоянд, ки ба раисони раёсатхо ва дигар кормандони интихобии чамъиятхо ва иттифокхои матлубот чазои интизоми дода шавад.

Моддаи 8. Муносибатхои кооператсияи матлубот бо Мачлисхои вакилони халк

Ташкилотхо ва корхонахои кооператсияи матлубот дар фаъолияти худ бо Мачлисхои вакилони халк дар масъалахои ташкили хизматрасонии савдо ба ахоли, равнаки харидории махсулот ва ашёи хоми кишоварзи, истехсоли молхои истеъмоли халк, адои хизматхои гуногуни ахоли хамкори мекунанд, ихтиёри дар ко­ри тараккии комплексии иктисодию ичтимоии минтакахо, ки Мачлисхои вакилони халк аз хисоби маблагхои бучети махалли анчом медиханд, ширкат меварзанд.

Макомоти давлати ва макомоти хокимияти ичроия дар махалхо дар фаъолияти хочаги, молияви ва дигар фаъолияти чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо ба гайр аз мавридхое, ки дар конунхои Чумхурии Точикистон дар назар дошта шудааст, хукуки дахолат карданро надоранд. Муносибатхои чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо бо макомоти хокимияти ичроия дар махалхо дар асоси созишнома муайян карда мешаванд.

Масъалахои бунёд кардани иншоотхои иктисодию ичтимои, ба кор бурдани захирахои табии дар минтакаи дахлдор аз тарафи ташкилотхою корхонахои кооператсияи матлубот бо ризояти Мачлисхои вакилони халк хал карда мешаванд.

Давлат барои ухдадорихои чамъиятхои матлуботу иттифокхои онхо ва чамъиятхои матлуботу иттифокхои онхо барои ухдадорихои давлат масъулият надоранд.

Подоши зараре, ки макомоти давлати, дигар шахсони хукуки ба чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо дар натичаи дахолати гайриконуниашон ба фаъолияти хочаги ва дигар фаъолияти онхо расонидаанд, аз ин макомот ва шахсони хукуки ба воситаи суди иктисоди ситонда мешавад.

Моддаи 9. Хукук ва ухдадорихои чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо хамчун иттиходияхои чамъияти (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

  1. Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо хамчун иттиходияхои чамъияти хукук доранд:

           хукук ва манфиатхои корхонахои кооператсияи матлубот ва коркунони ин сохаро дар макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, суд ва дигар ташкилоту муассисахо  тибки конунгузории Чумхурии Точикистон намояндаги ва хифз намояд; (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

  дар тахияи карорхои макомоти хокимияти давлати ва идора иштирок намоянд;

дар бораи максадхо ва фаъолияташон озодона хабар пахн кунанд. Воситахои ахбори омма таъсис диханд ва фаъолияти табъу нашрро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали намоянд;

аз руи масъалахои гуногуни ичтимоию иктисоди ва хаёти чамъияти ташаббус нишон диханд, ба макомоти хокимияти давлати пешниходхо намоянд, ваколатхои дигарро,  ки Конуни мазкур ва дигар конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохахои фаъолияти кооператсияи матлубот пешбини кардаанд, татбик намоянд;

– ба макомоти хокимияти давлати тибки тартиби мукарраршуда маълумотеро,  ки ба фаъолияти оинномави алокаманд мебошад, пешниход намоянд. (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

Боби III. МОЛИКИЯТИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ

Моддаи 10. Моликияти чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо

  1. Моликияти кооператcияи матлубот аз моликияти чамъиятхои матлубот, иттифокхои чамъиятхои матлубот ва моликияти муштараки онхо иборат аст.

Моликияти (амволи) кооператсияи матлуботро макомоти он мутобики салохияти муайянкардаи оинномахои чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо бо розигии иттифокхои чумхуриявии онхо ихтиёрдори ва амали мекунанд.

  1. Моликияти иттифокхои чамъиятхои матлубот аз амволи барои онхо додаи аъзои чамъият, хиссачудокунии дохилисистемави ва аз маблагхое, ки аз фаъоляти хочагии корхонахо ва ташкилотхои иттифок,  фуруши когазхои кимматнок ба даст меоянд, ташкил меёбад
  2. Манбаъхои амволи кооператсияи матлубот аз хисоби хакки узвияти сахмдорон, даромад аз фаъолияти сохибкории чамъиятхои матлубот, иттифокхои чамъиятхои матлубот ва ташкилотхои аз тарафи онхо таъсис шуда, инчунин аз хисоби дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  манъ  накардааст, ташаккул меёбанд.
  3. Мусодира ва интизоъ кардани иморатхо, иншоот, бинохои истикомати, молхо, дигар амвол ва маблагхои чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо хамчун моликияти кооператсияи матлубот аз чониби Мачлисхои вакилони халк, хукуматхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо, макомоти давлати ва дигар макомот манъ аст.

5.Моликияти кооператсияи матлубот ба ташкилотхо, корхонахо ва муассисахои аз тарафи чамъиятхои матлубот, иттифокхои чамъиятхои матлубот таъсис дода, вобаста карда мешавад. 

Моддаи 11. Хамкории тарафайни ташкилотхои кооператсияи матлубот бо ташкилоту корхонахои шаклхои дигари моликият

  1. Чамъиятхои матлубот, иттифокхои чамъиятхои матлубот ва корхонахои онхо ба сифати аъзо ё иштирокчи дар асоси сахмдори ба ассотсиатсияхои хочаги, консернхо, консорсиумхо, ширкатхои саххоми, ширкатхои дорои масъулияти махдуд ва дигар чамъиятхои (ширкатхои) хочаги метавонанд дохил шаванд, ки ин боиси тагйир ёфтани муносибатхои чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо, хукуки онхо чун шахсони хукуки намегардад.

Боби IV. АСОСХОИ ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИЮ ИЧТИМОИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ

Моддаи 12. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар дехот

Речаи кории корхонахои кооператсияи матлубот, ки савдо ва дигар намудхои хизматрасониро ба ахоли амали месозанд, дар мувофика бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати муайян карда мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо ба тараккии сохаи ичтимоии дехот мусоидат намуда, дар хамкории мутакобил бо ташкилоту корхонахои комплекси агросаноати шабакаи васеи корхонахои тахияю коркарди махсулоти ба махалли зисти ахоли басо наздикро ташкил мекунанд. Ин корхонахо махсулот ва ашёи хоми кишоварзиро харида, коркарди одди ва фу­руши он, хамчунин хизматрасониро анчом медиханд.

Ташкилотхои кооператсияи матлубот фаъолияти хочагии худро дар дехот дар хамкории наздик бо иттифокхою ассотсиатсияхои хочагихои дехкони ва дигар истехсолкунандагони кишоварзи ба рох мемонанд, алокахои чамъиятию хочагиро ба аъзояшон барои мусоидат ба мухофизати манфиатхои ахолии дехот, пурратар таъмин намудани он аз молхои таъиноти истехсолию техники ва истеъмоли халк истифода мекунанд.

Ташкилотхои кооператсияи матлубот якчоя бо Мачлисхои вакилони халк дар каламрави нохияхои дехоти системаи комплексии хизматрасони барпо мекунанд, ки он ба ахоли имкон медихад, то хама чизи лозимаро дар махал пайдо намуда, барои буд кардани кори худ ба шахр наравад. Ташкилотхо ва корхонахои кооператсияи матлубот дар мувофика бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати захираи махсулоти кишоварзи ва дигар молхои мавсимиро ташкил намуда, барои таъминоти ахоли дар давраи тирамоху зимистон нигахдори менамоянд. (КЧТ аз 5.01.08 № 348)

Бо карори мачлисхои умуми (мачлисхои намояндагон) чамъиятхои матлубот дар ташкили марказхои савдою маиши ва чамъиятию фарханги, сохтмони манзил, муассисахои томактаби, табобатию солимгардони ва дигар иншоотхои сохаи ичтимои дар дехот иштирок мекунанд.

Моддаи 13. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар шахрхо

Кооператсияи матлубот фаъолияти худро дар шахрхо бо рохи ташкил намудани чамъиятхои матлуботи шахри, анборхои фуруши яклухти молу махсулот, таъминкуни аз махсулот ва махсулоттайёркуни, корхонахои истехсоли, сохтмони, наклиёти, таъмири ва дигар корхонахо, шабакаи савдои чаканаи махсулоти кишоварзи дар шакли тару тоза ё коркардашудаи дигар молхо, инчунии комплекси мехмонхонахо, кароргох барои хизматрасони ба шахрвандон ривоч медихад.

Моддаи 14. Ташкили захирахои моли ва моддию техники

  1. Барои конеъ намудани талаботи аъзои худ ва ахолие, ки ба он хизмат расонида мешавад, ташкилотхои кооператсияи матлубот аз хисоби харидории захирахои моли дар асоси шартномави аз корхонахои саноати ва кишоварзи, дигар шахсони вокеи ва хукуки, истехсоли молхои хуроквори ва гайрихуроквори дар корхонахои шахсии худ, аз хисоби инчунин ворид намудан берун аз худуди чумхури захирахои моли ташкил мекунанд. (КЧТ аз 5.01.08 №348)
  2. Ташкилотхо ва корхонахои кооператсияи матлубот дар бозорхои мол мустакилона ва баробархукукона амал мекунанд, савдои яклухтро инкишоф медиханд, бидуни хеч як махдудият бо корхонахои саноат ва дигар тахиякунандагони молу махсулот алокахои мустаким баркарор мекунанд, дар кори биржахои молу ашёи хом иштирок менамоянд, ярмар­ка ва музоядахо (ауксионхо) ташкил мекунанд.
  3. Ташкилотхо ва корхонахои кооператсияи матлубот хариди за­хирахои моддию техникиро бевосита аз истехсолкунандагон, дар сав­дои яклухт, дар биржахо, ярмаркахо, музоядахо, аз ташкилотхои миёнарав ва дигар ташкилотхо, инчунин бо рохи гирифтан аз манбаъхои марказонидаи давлати дар таркиби комплекси агросаноатии Чумхурии Точикистон ташкил мекунанд.

Моддаи 15. Даромадхо, нархгузори, андозгири, карзхо ва хисоббаробаркуни

  1. Фоидаи ташкилотхо ва корхонахои кооператсияи матлубот аз хисоби натичахои фаъолияти савдо, махсулоттайёркуни, истехсоли ва дигар фаъолияте, ки конун манъ накардааст, ташкил мегардад. (КЧТ аз 5.01.08 №348)
  2. Раёсати чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо мустакило­на ё тавассути шартнома дар асоси нархгузори бо назардошти арзиши вокеии ашёи хом ва материалхо, масорифи муомилот ва истехсолот ва андозаи миёнаи фоидаоварии нархи (тарифи) молхо, махсулот, ашёи хом, кору хизматхоро, ки ташкилоту корхонахои кооператсияи матлубот ба аъзои худ, ба ахоли ва дигар харидорон мефурушанд ва кору хизматхои онхоро ичро менамоянд, мукаррар мекунад.
  3. Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо дар ташкили бучети давлати бо рохи пардохти андоз аз фоида мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон иштирок мекунанд.

Ба ташкилотхою корхонахои кооператсияи матлубот дар бобати андоз мутобики конуни чории чумхури имтиёзхо дода мешаванд.

Меъёри андоз аз даромад барои ташкилоту корхонахои кооператсияи матлубот дар асоси шартхои имтиёзнок бо назардошти хислату хосияти фаъолияти кооператсияи матлубот муайян карда мешавад.

  1. Ташкилотхо ва корхонахои кооператсияи матлубот, хамчун шахси хукуки, метавонанд дар хар як банк барои нигох доштани пул ва ичрои хама гуна амалиёти хисоббаробаркуни, карзи ва хазинави хисобхои пардохт ва хисобхои дигар кушоянд, аз кредитхои банки ба шартхои барои ташкилотхо ва корхонахои комплекси агросаноати мукарраршуда истифода намоянд.

Иттифокхои чамъиятхои матлубот хак доранд, ки банкхои хисоби хочагии кооперативи ташкил намоянд. Чамъиятхои матлубот ва корхонахои кооператсияи матлубот ба ин банкхо ихтёран дохил меша­ванд.

Иттифокхои чамъиятхои матлубот метавонанд хамчунин марказхои молиявии хисоббаробаркуни ташкил кунанд, ки онхо ба сифати карздихандагони ягона, инчунин пардохткунандагони ухдадорихои пулии чамъиятхои матлубот дар назди бучет, банкхо ва дигар корхонахою ташкилотхо баромад кунанд. Дар муомилоти хочагии коо­ператсияи матлубот векселхо истифода шуда метавонанд.

Моддаи 16. Фаъолияти  амонатгузори ва сугурта (КЧТ аз 5.01.08 №348)

  1. Банкхои кооперативи ва марказхои молиявии хисоббаробаркуние, ки дар кооператсияи матлубот амал мекунанд, метаво­нанд аз аъзои он ва дигар шахрвандон амонатхоро кабул кунанд, мустакилона шартхоеро мукаррар намоянд, ки мутобики онхо амалиёти кабули амонатхо сурат мегирад.

Банкхои кооперативи ва марказхои молиявии хисоббаробаркуни хифзи маблагхои чалбшуда, истифодаи самарабахши онхо ва дар назди амонатгузорон дар вакташ ичро шудани ухдадорихоро кафолат медиханд.

  1. Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо хак доранд мустакилона бидуни ичозатномахои макомоти давлати сугуртаи дохилисистемавии амвол ва манфиатхои амволиро ба амал бароранд, дигар навъхои сугуртаро ривоч диханд чамъиятхои кооперативии сугурта таъсис кунанд, шароити сугуртапулиро муайян созанд.

Чамъиятхои матлубот, иттифокхои чамъиятхои матлубот, корхо­нахои онхо метавонанд амволашон ва манфиатхои амволиашонро дар макомоти сугуртаи давлати дар асоси ихтиёри сугурта намоянд.

  1. Ба максади сафарбар намудани маблагхои озоде, ки аъзои чамъиятхои матлубот ва шахсони дар ташкилотхою муассисахои кооператсияи матлубот аз руи шартномаи мехнати коркунанда, дигар шахрвандон доранд, дар системаи кооператсияи матлубот метавонанд кабули иловагии аъзохаккиро дар хачми номахдуд дар асоси созишномахо бо сахмдорон ташкил намоянд. (КЧТ аз 5.01.08 №348)

Моддаи 17. Дастгирии ичтимоии аъзо ва кормандони кооператсияи матлубот

  1. Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо ба таъмини шугли ахоли бо рохи ташкили максадноки чойхои кор, васеъ намудани шабакаи кор­хонахои хурд, татбики речаи ухдабароёнаи мехнат, омузиш ва бозомузии касб ва такмили ихтисоси кормандоне, ки дар навбати аввал аъзои чамъиятхои матлубот мебошанд, мусоидат мекунанд.
  2. Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи матлубот муассисахои таълимоти кооперативи, оид ба тайёр намудани мутахасисони тахсилоти оли ва миёнаи махсус, курсхои кутохмуддати тайёр намудани кормандони касбхои оммави амал мекунанд.

Сохтори омузиши кадрхо, навъхои касбу ихтисос, хачми омузиш дар муассисахои таълимиро иттифоки Точикматлубот муайян мекунад. (КЧТ аз 5.01.08 №348)

  1. Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи  кооператсияи мат­лубот шабакаи таълимоти кооперативи, ки иборат аз омузишгоххои касбию техники, техникумхо, муассисахои тахсилоти оли ва дигар муассисахои таълими мебошанд, амал мекунад.

Сохтори омузиши кадрхо, навъхои касбу ихтисос, хачми омузиш  ба муассисахои таълимиро иттифоки Точикматлубот муайян мекунад.

  1. Ташкилотхо ва корхонахои кооператсияи матлубот истифодаи самарабахшу дурусти китъахои замини дар истифода ё дар ихтиёрашон бударо таъмин мекунанд, хангоми чо ба чо кардан ва сохтани иншоотхои базаи моддию техники тадбирхои мухофизати табиатро амали менамоянд, хангоми анчом додани фаъолияти истехсоли, махсулоттайёркуни ва дигар фаъолияти хочаги талаботи мухофизати мухити зистро ба назар мегиранд.

Боби V. АЛОКАХОИ БАЙНАЛХАЛКИ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИИ ХОРИЧИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ

Моддаи 18. Алокахои байналмилалии кооператсияи матлубот

Иттифоки Точикматлубот кооператсияи матлуботи Точикистонро дар Ассотсиатсияи Лигаи ташкилотхои миллии (чумхуриявии) кооператсияи матлуботи кишвархои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва дигар ташкилотхои байналхалки мустакилона намояндаги мекунад. (КЧТ аз 5.01.08 №348)

Моддаи 19. Фаъолияти иктисодии хоричии кооператсияи матлу­бот

  1. Чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо хак доранд мутобики Конуни Чумхурии Точикистон фаъолияти иктисодии хоричиро мустакилона татбик намоянд. Онхо аз карзхои банкхои Чумхурии Точикистон, карзхои тичорати дар шакли асъори хоричи ва пардохти ин карзхо аз хисоби маблагхои асъории аз фуруши молу махсулоти воридоти ба дастомада, ё дигар маблагхои худи истифода мекунанд.

Маблагхо дар шакли асъори хоричи, ки ташкилотхою корхонахои кооператсияи матлубот аз содироти молу махсулот, молхо (хизматрасони) ба даст меоваранд, баъд аз пардохти бочхои гумруки ба ихтиёри онхо дохил мешаванд ва вочиби ситондан намебошанд.

  1. Ба чамъиятхои матлубот ва иттифокхои онхо хукук дода мешавад, то туризми байналхалкии кооперативиро равнак диханд ва дар Точикистон ба воситаи шабакаи савдои махсусгардонидашуда молхоро ба асъори хоричи фурушанд.

         Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                     Р. НАБИЕВ

13 марти соли 1992  шахри Душанбе.

№ 583.

КАРОРИ ШУРОИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар хусуси амали гардонидани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи кооператсияи матлуботи Чумхурии Точикистон»

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон  соли 1992, № 7, мод.106)

Шурои Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи кооператсияи матлу­боти Чумхурии Точикистон» аз лахзаи чоп шуданаш амали гардонда шавад.
  2. Девони Вазирони Чумхурии Точикистон, Точикматлубот карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон ва санадхои нормативии идоравиро ба Конун «Дар бораи кооператсияи матлуботи Чумхурии Точикистон» мутобик кунонанд.

Раиси Шурои Олии

Чумхурии Точикистон                                                             С. КЕНЧАЕВ

13 марти соли 1992  шахри Душанбе.№ 584.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …