Главная / Биология / Конуни тозагии гаметахо

Конуни тозагии гаметахо

Дар натичаи тачрибахо Г.Мендел ба хулоса омад, ки омилхои ирси, яъне генхо дар гаметахо (хучайрахои чинси) омехта нашуда, дар холати тоза (бетагйир) мемонанд. Дар наслхои якуми гибриди (Г1) ки аз дурагакунии волидон ало- матхои фарккунанда пайдо шудаанд, харду омил, яъне доминанти ва ресессиви чой дорад. Дар шакли аломат омили доминанти зохир шуда, омили ресессиви пароканда шудааст. Дар вакти афзоиши чинси робита дар байни наслхо ба воситаи хучайрахои чинси ва зигота (тухми бордор) мегузарад. Аз таксимшавии мейоз маълум аст, ки дар гаметахо аз чуфти омилхо танхо як омил (ген) чой дорад.

gametaДар вакти бордори, яъне омезиши ду хучайраи чинси (нарина ва модина), ки дар таркибашон омилхои ирсии ресессиви доранд, фардхои аломатхояшон ресессивиро пайдо мекунанд. Дар аснои омезиши (якчояшавии) гаметахои дорои аломати доминанти, ё аз ду гамета яктоаш дорои гени доминанти ва дигараш гени ресессиви, организмхои аломаташон доминанти ба вучуд меоянд. Хамин тавр, зохиршавии аломати ресессивии яке аз волидон (Р) дар насли дуввум (Г2) дар мавриди риоя кардани шартхои зерин амали мегардад:

  1. Дар мавриде, ки аломатхои ирсии гибрид бетагйир нигох дошта шаванд.
  2. Модоме, ки хучайрахои чинси (гаметахо) дорои яке аз чуфти аллели генхо бошанд.

Тачзияи аломатхоро дар наслхои дурагашудаи фардхои гетерозиготи Мендел чунин шарх медихад: гаметахо аз чихати генетики тоза (пок)-анд, яъне дар гаметахо аз чуфти аллелии генхо танхо як ген чой дорад. Аз ин чо, конуни то- загии гаметахоро чунин шарх додан мумкин аст: дар рафти пайдоиши хучайрахои чинси (гаметахо) хар яки он факат дорои яке аз генхои чуфти аллели мебошад.

Сабаб дар он аст, ки дар хар хучайраи организм микдори муайяни хромосомахои якхелаи диплоиди чой дорад. Ин хромосомахои якхеларо хромосомахои гомологи меноманд ва дар ду хромосомаи гомологи ду аллели якхела (ген) чой-гир шудаанд. Пайдоиши гаметахои тозаи генетикиро бо чунин схема нишон додан мумкин аст:

Баъди омезиши гаметаи модина ва нарина, дурагаи насли якум (Г1) бо микдори хромосомахои диплоиди пайдо мешавад:

Аз накша бармеояд, ки зигота нисфи хромосомахоро аз модар ва нисфи дигарро аз падар мегирад. Дар рафти пайдоиши гаметахо дар дурагахо хромосомахои гомологи дар даври якуми таксимшавии мейози дар хучайрахои гуногун чойгир мешаванд:

Таксимоти фенотипи ва генотипи дар наслхои дурагаи ду организми гетерозиготи чунин аст:

Дар накша асоси ситологии тачзияи моногибридии аломатхо дар наслхои дурага нишон дода шудааст. Асоси онро таксимшавии хромосомахои гомологи дар рафти мейоз муайян карда, гаметахои гаплоиди пайдо мешаванд, баъди бордоршави боз хромосомахои гомологии диплоиди ба вучуд меоянд. Хамин тарик, аз ин чуфти аллели ду навъ гамета пайдо мешавад. Дар чараёни бордори гаметахои якхела ё гуногун тасодуфан ба хам омехта мешаванд. Мувофики назарияи эхтимолияти математики, агар микдори фардхо нисбатан зиёд бошанд, дар наслхо 25%-генотипхо гомозиготии доминанти, 50%-гетерозиготи, 25%- гомозиготии ресессиви пайдо мешаванд. Яъне 1АА: 2Аа:1аа. Дар наслхои дуюми дурагахои моногибриди бошад, таносуби таксимоти шаклхои фенотипи чунин аст: 3/4 хиссаи фардхо бо аломати доминанти ва 1/4 хиссаи онхо бо аломати ресессиви (3:1).

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …