Главная / Гуногун / Коммунизмро чи хел мефахмидем

Коммунизмро чи хел мефахмидем

ТАЪРИХ ГУВОХ АСТ…

(Аз «Газетаи муаллимон», 19 феврали соли 1983)

komunizm

Мо коммунизмро факат аз мачмуи хамон донишхо, ташкилотхо ва муассисахо, бо хамон захираи куввахо ва воситахои инсони сохта метавонем, ки онхо ба мо аз чамъияти кухна мондаанд.

…маданияти пролетариро факат бо нагз донистани маданияти бо тамоми тараккиёти инсоният ба вучуд овардашуда, факат бо рохи аз нав кор карда баромадани он сохтан мумкин аст…

Маданияти пролетари бояд тараккии конунии хамон захирахои дониш бошад, ки инсоният онхоро дар зери зулми чамъияти капиталисти, чамъияти помешики, чамъияти амалдори хосил кардааст.

  В. И. Ленин. Асархо чилди 31, тарчума аз нашри 4-уми руси, Сталинобод, 1960, сах. 293, 296, 297.

…Халки точик… дар маданияти халкхои Иттифоки Совети хиссаи бебахо гузоштааст. А. А. Фадеев. Садои Шарк, 1982, 12, сах. 190.

Сохиби маданияти кухна ва адабиёти кухансол будани кавми точик… чои инкор нест. С. Айни. Ахгари инкилоб, Д., 1974, сах. 95.

Гох-гох тавассути матбуоту китоб ва воситахои таргиботи садои инкори маданияти халки точик ва сахми у дар тамаддуни умуми башар шунида мешавад. Чунончи, чанде пеш хангоми мусохиба бо хабарнигори телевизиони маркази, ки ба муносибати дафъаи 50-ум нашр гардидани китоби «Алифбо» барпо шуда буд, муаллифи он гуфтанд, ки халки точик пас аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр хамаро кариб аз сифр (ноль) сар кардааст. Сотсиологхои буржуази мутмаин буданд, ки барои махви бесаводи дар ин сарзамин даххо сол лозим аст, лекин ба шарофати инкилоб дар муддати кутохи таърихи ин масъала хал шуд.

Агар дар ин чо сахве нарафта бошад, мазмуни суханронии устод якинан хамин тавр буд.

Ба гумон аст, ки дастовардхои инкилоби мадани, ки солхои дигаргунсозихои сотсиалисти дар республикаи мо хосил шудаанд, касеро ба шубха оварад. Дар хакикат дар чараёни бунёди асосхои сотсиализм, ба амал баровардани инкилоби мадани ва тараккиёти минбаъдаи чомиаи нав халк саросар босавод шуд, фархангу маданият ба таври кобили киёс пеш рафт, сохахои тамоман нави фаъолияти маънави ба вучуд омаданд. Аз хама мухим ин аст, ки точикон сохиби истиклолияти милли ва давлати худ гардиданд, ки  хазор сол мукаддам аз он махрум шуда буданд. Ин комёбихо бегумон туфайли галабаи Револютсияи Октябр ва тараккии чамъияти сотсиалисти ба вукуъ пайваст. Онхо хакикатхоеанд раднопазир.

Вале он акидаи муаллифи китоби «алифбо», ки халки точик баъди инкилоб гуё хамаро аз сифр, яъне аз хеч сар карда бошад, берун аз меъёри хакикат аст. Агар ин хукм рост бошад, пас ногузир инчунин бибояд эътироф кард, ки то инкилоб мо на хат доштаему на фарханг, на илм доштаему на китоб. Дар ин сурат холи ниёгони мо мусовии барбарият будааст. Гуё ки онхо берун аз чараёни таърих мезистаанд.

Аммо таърих гувох аст, ки халки точик то инкилоб хам сохиби тамаддуни бостони, адабиёти чахоншумул, назми олишон ва илму фалсафаи гаронмоя (бо шачарахои мухталифаш) буд. ба марди огох аз илму фарханг ин хама бечуну чаро мусаллам аст. Агар мо хамаро аз хеч сар карда бошем, пас илму фалсафа ва адабиёту санъате, ки ниёгонамон дар забони модари бароямон мерос мондаанд, низ сифр, яъне хеч аст? Хадди инсоф аст, ки мо бархак меросхурони конунии илм, фарханг, адабиёт ва фалсафаи пурсарвати халкамон бошем. Алхак хаминтавр хастем. Албатта, бидуни хату китоб он мероси гаронмоя  барои насли имруза боки намемонд. Пас то инкилоб халки точик сохиби хат хам будаасту китоб хам; саросар бесавод набудааст. Бозёфтхои хатти аз Хуросон, Хоразм, Сугд ва Бохтар собит менамоянд, ки ачдоди халки точик 2500 сол мукаддам сохиби алифбо будаанд.

Дар сарзамини точикнишин маълумоти оли таърихи зиёда аз духазорсола дорад. Таърихи мактабхои саводомузи  ва маълумоти умуми аз ин хам кадимтар аст. Маълумоти олиро мадраса медод ва аз ахди Сомониён ба маркази афкори илмиву мухити адаби табдил ёфта буд. Чунончи муаррих Наршахи аз таърихи мадрасахои Бухоро ёдовар шудааст. Дар мадрасахо баробари илмхои дини улуми акли – фалсафаю мантик, риёзиёт (хандаса, хисоб, хайъат, чабр ва мукобала), табииёт (чари искол – механика, манозир ва мароё – оптика,  илми маодин – минералогия, илми набот – ботаника, илми хайвон – зоология, илми тиб, илми фалохат – агрономия, чугрофия, масохатшиноси  – геодезия), улуми ичтимои (илми тахзиби ахлок – этика, тадбири манзил – иктисод, сиёсат) ва улуми адаби (баён, шеър, балогат) омухта мешуд. Гайр аз ин, мадраса аз сарфу нахви забони араби маълумоти мукамал медод. Таълими аксарияти ин илмхо дар замони сукути феодализм, ки ба давраи пеш аз инкилоб рост меояд, албатта дар сатхи асрхои миёна монда буд. Баъзеи онхо хатто тамоман таълим дода намешуданд. Тарзи схоластикии таълими мактаби кухнаю мадраса ба талаботи зиндаги чавоб  намедод. Аз хамин чихат Ахмади Дониш, Садриддин Айни ва маорифпарварони дигар онро ба зери танкиди сахт гирифта, масъалаи ислохи программа ва усули таълими мактабу мадрасахоро бо катъият талаб менамуданд. Вале бо вучуди чунин нуксонхои чидди аз мадраса бисёр шахсони сохибмаълумот мебаромаданд. Агар интавр намебуд, пас он зумраи олимон, ки дар хар сохае шухрати чахони ёфтаанд, дар кучо тахсил кардаанд? Ибни Синою Беруни, Носири Хираву Газоли, Умари Хайёму Алии Кушчи, Ахмади Донишу Мирзо Сирочи Хаким барин даххо олимлон аз ки таълим гирифтаанд, садхо шоиронро кадом мухити адаби ба камол расондааст?

Икрор бояд шавем, ки олимону шоирони ба мо маълум мардони бузурги даврашон буданд. Гайри онхо  дар хар замоне боз даххо ва садхо адибу олиму санъатвар мезистанд, ки бо хукми таърих барои мо номаълум мондаанд. Бадехист, ки нобигахо яккаву танхо набудаанд, эшонро мухити муайяни илмию адаби мепарварид. Набояд фаромуш кунем, ки асосгузори адабиёти советии точик Садриддин Айни ва як зумра аввалин адибону ходимони чамъиятии солхои инкилоби сохиби маълумот шудаанд.

Аз руи маълумоте, ки таърихшиноси чавон Абдуллочон Мирбобоев аз сарчашмаю пурсучуйхо чамъ овардааст, дар  охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар Бухоро 103 мадраса, дар вилояти Самарканд 93, дар Хучанд 50, дар Уротеппа10, дар Пачакент, Исфара. Конибодом, Кулоб, Хисор, Кабодиён низ мадрасахои зиёде мавчуд будаанд.

Гайр аз мактабу мадрасахо дар шахрхои номбурда мактабхои усули чадид ва русию махалли фаъолият доштанд, ки бо такозои шароити нави ичтимои – ташаккули муносибатхои капиталисти ва пайдо шудани буржуазияи милли таъсис меёфтанд. Дар кишвари Туркистон 126 мактаби русию махали мавчуд буд.

Назар ба маълумоти хадди акалл, пеш аз инкилоб саводнокии точикон 3,9 фоизро ташкил медод. Хатто хамин раками ночиз хам то инкилоб тамоман бесавод будани точиконро  рад менамояд.

Бинобар шаходати С. Айни, ки 6 сентябри соли 1926 дар газетаи «Овози точик» дарч шудааст, «баъд аз пайдо шудани осори тачаддуд ва нави дар Бухоро ва Туркистон аввалин рузномае, ки аз Бухоро баромад, ба номи «Бухорои Шариф» точики буд. Мачмуаи «Оина»-е, ки дар Самарканд чоп мешуд, кисман точики буд, китобхои мактабие, ки барои мактабхои Бухоро ва Самарканд (пеш аз инкилоби Уктабр) тартиб ёфта буд, точики буд ва китобхои мутолиае, ки аз тарафи чавонбухориён нашр шуда буд,  низ точики буд». (С. Айни, Ахгари инкилоб, 1974, с. 25).

Ё чунонки мусташрик Г. Л. Дмитриев иттило додааст, соли 1913 дар бозорхои китоби шахрхои Самарканду Бухорою Хучанд бештар аз 2000 номгуй китоби нашри Хиндустон арза гардидааст: дар чумлаи китобхо асархои саромадони илму адаби форсу точик буданд, ки нусхахои онхоро хануз дар китобхонахои шахси ва бузургтарин китобхонахои дунё дарёфтан мумкин аст («Газетаи муаллимон», 8 феврали соли 1983). Агар халк саросар бесавод мебуд, ин китобхо, ин мачаллахо, ин рузномахоро ки мехонд?

Методологияи марксисти-ленини бахои холисона, тахлили объективи ва конкретию таърихии масъаларо металабад. Вай мухолифи ифроту тафрит, яъне хам нах задану хам аз будаш зиёд нишон додани хакикати таърихи мебошад. Аммо хануз шахсоне вомехуранд, ки принсипхои тахлилу тахкики марксистии таърихро ба инобат нагирифта, гузаштаи халки худро аз чи сабаб бошад, ки хатти бутлон мекашанд.

Нишон додани рол ва ахамияти Револютсия Октиябр дар такдири халкхои Осиёи Миёна харгиз талаб намекунад, ки мо аз хакикати таърихи чашм пушида, точиконро собик бехату савод шуморем. Ин аз руи инсоф нест!

  Харчанд ки ба туфайли галабаи инкилоб такдири тамоми халкхои Осиёи Миёна ба хам пайваст шуд, лекин гузаштаи таърихии онхо хусусиятхои хешро дорост. Дар хаёти онхо укладхои гуногуни иктисоди хукмрон буд, маданият, илму фалсафа ва адабиёташон ба таври нобаробар таракки карда буд. Ин гуногунии рохи инкишофи таърихи ва тафовути пояхои тараккиёти тамаддуни халкхо, аз чумла мардуми Осиёи Миёнаро марксизм гайриконуни намешуморад. Охир, чаро хама бояд як симо дошта бошад, чаро як халк аз халки дигар пеш наравад? Нобаробарии таракиёт, аз чумла нобаробарии инкишофи илму фалсафа ва санъату адабиёти халкхои гуногунро эътироф намудан оё мухолифи принсипи таърихият аст? Харгиз. Чунонки марксизм таълим медихад, шаклхои шуури чамъияти конунияти мустакили инкишоф доранд. Бинобар ин бо таъсири амали ин конуният, сарфи назар аз вомонии хаёти ичтимоию сиёси, ки асоси онро пешрафти иктисодиёт ва рушди муносибатхои ичтимои ташкил медихад, хаёти илмию адаби аз рохи такомул боздошта намешавад.

Дар ин чо макоми куввати мухаррикаи ворисият ва идомати анъанахо албатта кам нест. Дар як чамъомади адаби, ки дар Университети давлатии Точикистон барпо шуда буд, устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд, ки баъзе ба хотири нишон додани дастовардхои халки точик дар замони сотсиализм таърихи гузаштаи вайро нах мезананд, ки  мутлако нодуруст аст.  Мо харгиз мардуми беилму фарханг, махрум аз санъату хикмат набудем! Адабиёти классикии мо саршори гояхои олии инсондустию адолатпарвари буд. Икилоб ба у умри дубора бахшида, аз махв шудан нигох дошт. Ин меросро дар хидмати чомиаи нав, дар хидмати имрузиёну фардоиён гузоштан кори басо начибу пурифтихор аст.

Кас  аз  он дар таачуб мемонад ва таассуф мехурад, бузургони милатхои дунё точиконро халки мутамаддин, дорои осори гании илмию адаби мешуморанду лекин баъзе доноёни худамон мегуянд, ки не, мо пеш хакиру чохил будем, хеч чиз надоштем ва хамаро аз сифр сар кардаем. Ба гумон аст, ки касе масъулияти аз номи миллат сухан гуфтанро ба ухдаи шахсони номасъул хавола карда бошад. Шояд, барои онхо беэътинои ба гузаштаи халк ва инкори мероси маънавии вай тарики дилхохи чилва додани «хизматхояшон» бошад? Мувофики маълумоте, ки кисман дар журнали «Маориф ва укутувчи» (1926. 7-8), ки Хочи Муин овардааст, нашри алифбои точики хануз соли 1903, яъне 30 сол  пеш аз «Алифбо»-и Х.К. огоз ёфта буд, ки он «Баён-ул-хуруф» ном дошта ба калами Саид Ахмади Васли мутааллик аст. Минбаъд алифбохои зерин ба табъ расидаанд ва баъзеи онхо чандин бор нашр шудаанд: Махмудхоча Бехбуди «Асбоби савод» (1905); Хочи Муин «Рахнамои савод» (1908); Рахматуллозода «Рахбарии мактаб» (1913); В. Вяткин (Мулло Васили) «Бахори дониш» (1918, 20 хазор нусха); С. Ализода «Соли нахустин» (1920); Мирзо Мухаммад Самадзода « Мифтохут-таълим» (1922); Нисормухаммад «Алифбои забони точик» (1924); Махзар Бурхон ва С. Киром «Алифбои точик» (1925); Рахматуллозода ва Хочи Муин «Рахбари бесаводон» (1925, 20 хазор нусха); В. Махмуд «Алифбо». Ин китобхо бо хуруфи кухнаи точики ба табъ расидаанд. Баъд аз ин алифбохо бо хати лотини чоп шудаанд. Яке аз онхо алифбои Рахим Хошим ва В. Лубенсов, дигаре алифбо барои мактабхои савод, ки муаллифонаш Рахим Хошим ва Шариф Чаббори (1929 -1930) буданд.

Мухолифони мафкуравии мо аз урдугохи антисоветизм то кунун талкин мекунанд, ки инкилобро ба сарзамини Осиёи Миёна русхо ба таври сунъи овардаанд. Худи ахолии махалли барои ба амал баровардани он тайёр набуд, зеро побанди чахолат, гумрохи ва бесаводи буд.

Касоне, ки то инкилоб саросар бесавод будани халки точикро тасдик мекунанд, магар даъвои душманони идеявиамонро ба таври гайримустаким хак намебароранд ва ба он гизо намедиханд? Дарвокеъ, агар дар сарзамини мо одамони равшанфикру бомаърифат набуданд, ки харакати инкилобии оммаро сарвари мекард, ки манфиатхои хаётан мухимми мехнаткашонро барояшон мефахмонд, ки шуури синфии табакахои истисморшавандаи мардумро ташакул медод, ки онхоро аз таъсири хурофот ва махдудияти милли рахонда ба суи озоди ва бунёди чамъияти нав мебурд, ки карорхои партияю хукуматро дар он солхо ба забони модариашон ба гуши мардуми точик мерасонд? Акнун замоне расидааст, ки дар ин бора аз пояи аклу хирад ва далелхои котеъи таърих казоват бикунем.

Котиби Генералии КМ КПСС Ю. В. Андропов дар мачлиси мухташаме, 21 декабри соли 1982 ба шарафи 60-солагии СССР ороста шуда буд, зарурати муносибати эхтиёткоронаи объективиро ба мероси маънави, забон ва таърихи собикаи халк таъкид карда гуфтааст; «Хаёт нишон медихад, ки дар баробари протсесси иктисоди ва маданияти хамаи миллату халкиятхо дарачаи худшиносии миллии онхо ногузир баланд мегардад. Ин протсесси конуни ва объективи аст.

Аммо мухим аст, ки ифтихори табии аз муваффакиятхо ба такаббур ва ё хавобаландии милли табдил наёбад, боиси тамоили чудои, бехурмати нисбат ба миллату халкхои дигар нагардад. Чунин ходисахои манфи хануз дучор меоянд. Ба ин факат урфу одатхои зараровари замони гузаштаро сабаб нишон додан нодуруст мебуд. Сахву хатохои кори худамон баъзан ба ин сабаб мешаванд. …ин соха кори майда-чуйда гуфтани низ надорад. Дар ин соха хама кор хам муносибат ба забон, хам ба ёдгорихои замони гузашта, хам шарху маънидоди вокеъахои таърихи … мухим аст».

Ин дастури партияви меъёри фаъолияти хар як зиёи, махсусан мухаккик бояд карор бигирад.

 

Н.КУЛМАТОВ, И.УМАРОВ, А.РАХМА-ТУЛЛОЕВ, С.МУХТОРОВ, Т.ЛУКМОНОВ, Т.ХАСКАШЕВ, С.КОДИРИ, М.КАХХОРОВ, М.ЧАНОБИЛОВ, дотсентони Университети давлатии Точикистон ба номи В. И. Ленин, Р.Мусулмонкулов, профессори УДТ, Ю. Ёкубов, Корманди калони илмии Институти таърихи ба номи Ахмади Дониши АФ РСС Точикистон.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …