Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “28” июли соли 2017, № 358 тасдик шудааст
ДАСТУРАМАЛИ НАМУНАВИИ КОРГУЗОРи ДАР МАКОМОТИ ДАВЛАТи, МУАССИСА, КОРХОНА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТХОИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
- МУКАРРАРОТИ УМУМи
- Дастурамали намунавии коргузори дар макомоти давлати, муассиса, корхона ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон (минбаъд – Дастурамал) коидахои ба рох мондани коргузори ва назоратро мукаррар карда, кор бо хуччатхоро аз лахзаи ворид ё тахия шуданашон то вакти барои нигохдори ба бойгони супоридани онхо дар вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, муассиса, корхона ва дигар ташкилотхо (минбаъд – ташкилотхо) ба низом медарорад.
- Дастурамал бо максади дуруст ба рох мондани коргузори, мусоидат ва сари вакт ичро намудани карор, дастуру супоришхои макомоти болои, амру фармонхои рохбарият, хуччатхои хизмати тахия гардида, барои кормандони дастгоххои ташкилотхо коидахои ягонаи омода намудани хуччатхо, барасмиятдарори, бахисобгири, истифодабари, назорат ва нигохдории онхоро мукаррар менамояд.
- Ухдадорихо оид ба риояи талаботи Дастурамал ба зиммаи сарраёсат, раёсат, шуъба, бахши коргузории (минбаъд – вохиди сохтории коргузори) ташкилотхо гузошта мешавад. Хамаи кормандони ташкилот бояд бо тартиби кор бо хуччатхо шинос карда шуда, ухдадоранд, ки талаботи дастурамали коргузориро риоя ва ичро намоянд. Хангоми иваз гардидани корманди масъули дастгохи ташкилот, хуччат ва дигар маводи коргузори (мухр, штамп ва гайрахо) бо санад супорида мешаванд.
- Дар асоси Дастурамали мазкур ташкилотхо бояд дастурамалхои коргузории сохави тахия намоянд.
- Тартиби коргузори дар Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, судхо ва Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии дахлдор ба танзим дароварда мешавад.
- Тартиби кор бо хуччатхои дорои маълумоти сирри давлати тибки Дастурамал оид ба таъмини низоми махфият дар Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии сохаи хифзи сирри давлати ба амал бароварда мешавад.
- Коргузори оид ба аризахо, дархостхо, таклифхо ва шикоятхои шахсони вокеи ва хукуки дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки” ва “Тартиби коргузори ва бахисобгирии омори оид ба мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки” амали мегардад.
- Коргузори дар ташкилотхо мутобики талаботи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон” анчом дода мешавад.
- ОМОДА ВА БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ХУЧЧАТХОИ ХИЗМАТи
- 1. Хуччатгузори дар фаъолияти идоракуни
- Хуччатгузори дар фаъолияти идоракуни мувофики тартиби мукарраргардида аз сабти иттилооти зарури барои идоракуни, яъне аз ташкили кори хуччатнигори иборат аст.
- Мачмуи намудхо ва гуногунии хуччатхо дар асоси таъиноти максаднокии хар як хуччат муайян карда мешавад.
- Тибки тартиби мавчуда дар ташкилот хуччатхои ташкилию амрдихи (карорхо, фармонхо, фармоишхо, низомномахо, дастурамалхо, санадхо, хулосахо, гузоришхо, мактубхо) ва хуччатхои ба ин гурух мансубнабуда, яъне хуччатхои омори, молияви, лоихави-тархсози, тибби ва гайра тахия карда мешаванд.
- Хуччатхои омори, молияви, лоихави-тархсози, тибби ва дигар хуччатхои махсус дар асоси талаботи санадхои меъёрии дахлдор тахия ва ба расмият дароварда мешаванд.
- Фаъолияти идоракунии ташкилот бо рохи кабули хуччатхои дар шакли санадхои меъёрии хукуки мувофики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи санадхои меъёрии хукуки” ба танзим дароварда мешавад.
- 2. Коидахои тахия ва ба расмият даровардани хуччатхои ташкилию амрдихи
- Хуччатхои ташкилию амрдихи мувофики стандартхои давлати тахия ва ба расмият дароварда мешаванд. Хамаи хуччатхои ташкилию амрдихи дар бланкхои ягона тартиб дода мешаванд. Дар мавриде, ки агар маълумотномахо, хисоботхо ва дигар хуччатхо бо мактубхои хамрохи тартиб дода шаванд, он гох ин хуччатхо дар бланкхо ба расмият дароварда намешаванд. Истифодаи бланкхои худсохт катъиян манъ аст. Хуччатхо дар бланкхои ду андоза: А4 (210 х 297мм) ва А5 (148 х 210мм) чоп карда мешаванд. Бланкхои андозаи А5 танхо барои мактубхои хамрохи ва хуччатхое, ки матни онхо аз 8-10 сатри чопи компютери зиёд нест, истифода бурда мешавад. Шакли бланкхои ташкилот мувофики стандартхои давлати дар мувофика бо макомоти давлатии бойгони аз чониби рохбари макомот ва ташкилоти давлати тасдик карда мешавад.
- Хар як хуччат бояд дорои мачмуи муайяни нишонахои (реквизитхои) дакик ва тартиби устувори чойгиршавии онхоро дошта бошад. Теъдоди нихоии нишонахо ва мавкеи чойгиршавии онхоро стандарти давлати муайян мекунад.
- Тартиб ва ба расмият даровардани хуччатхо риояи хатмии талаботи зеринро пешбини менамояд: нишон додани намуди хуччат, номи ташкилот ва сарлавхаи хуччат, гирандаи он, санагузории хуччат, гузоштани кайдхо оид ба мувофикакунии матни хуччат, тасдики хуччат (имзо ва тасдик кардан, гузоштани кайдхо оид ба гардиш ва ичрои хуччат, гузоштани мухр (дар холатхои зарури).
- Дар мавриди ирсол намудани чавоб дар баробари кайди раками содира-ракам ва таърихи хуччатхои воридоти низ зикр карда мешаванд. Замимаи хуччатхо бояд пас аз матни он бо зикри микдори варакхо номбар карда шаванд. Хуччатхо набояд зиёда аз шаш сурогаи гуногун дошта бошанд. Хангоми ба зиёда аз шаш сурога фиристодани хуччатхо барои ирсол дар вараки алохида руйхат тартиб дода мешавад.
- Номгузории хуччат бояд дар хар як хуччат, ба истиснои мактуб мавчуд бошад, масалан: ФАРМОН, ФАРМОИШ, АМР, ПРОТОКОЛ, КАРОР, ГУЗОРИШ ва гайра (ин унсур бо харфхои калон навишта мешавад).
- Ба хар як хуччате, ки дар вараки андозаи А4 тахия мешавад, новобаста аз таъиноти он, сарлавха тартиб дода мешавад. Сарлавха бояд мухтасар ва дакик буда, ба саволи “Дар бораи …”, “Дар бораи тагйир додани …”, “Дар бораи чудо намудани …”, “Дар бораи бекор кардани …” ва гайра чавоб дошта бошад. Агар дар хуччат якчанд масъала инъикос гардад, он гох сарлавхаро ба таври чамъбасткунанда тартиб додан мумкин аст. Дар баркияи телефони, хабарномахо ва хуччатхое, ки матни онхо дар бланкхои андозаи А5 чоп карда мешавад, сарлавха гузошта намешавад. Сарлавхаро тартибдихандаи хуччат тахия менамояд.
- Хангоми омода ва ирсоли хуччат бояд коидахои зерин риоя шаванд:
– хуччатхо ба ташкилот, вохиди сохтории он ё шахси мансабдори мушаххас ирсол карда мешаванд (вохиди сохтори ё шахси мансабдор дар мукотибаи дохилиидорави, мукотиба бо гирандагони доими ва дар холатхои дигар, ки муайян намудани гирандаи дакик ягон душвориро ба амал намеорад, нишон дода мешавад);
– номи ташкилот ва вохиди сохтори он дар шакли зерин нишон дода мешавад. Масалан:
Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон
Раёсати сабти асноди холати шахрванди
– хангоми ирсол намудани хуччат ба шахси мансабдор номи ташкилот, вазифа, насаб, ном, номи падари гиранда чунин навишта мешавад.
Масалан: Ба Вазорати мехнат, мухочират ва
шугли ахолии Чумхурии Точикистон
Сардори Хадамоти мухочират
_________________________________
насаб, ном, номи падар
– хангоми ба рохбарияти ташкилот ирсол намудани хуччат номи ташкилот бояд ба таркиби номи вазифавии гиранда ворид гардад.
Масалан: Ба вазири фарханги
Чумхурии Точикистон
_________________________________
насаб, ном, номи падар
– хангоми ба гирандагони муваккати фиристодани хуччат нишонии почтаи гирандаи хуччат нишон дода мешавад.
Масалан: Корхонаи таъмири автомобили Душанбе,
734018, Душанбе, кучаи Чоми, № 15
– агар хуччат ба шахси алохида ирсол карда шавад, он гох аввал дар он сурога, насаб, ном, номи падар ва баъд индекси почта нишон дода мешавад.
Масалан: 734024,
ш. Турсунзода, кучаи С. Айни, бинои 15, утоки 10
Ба Асрорзода Икром Вали
- Санаи хуччат санаи имзо ё тасдик шудани он мебошад.
- Стандарти давлати ду намуди навиштани санаро мукаррар намудааст: пурра (масалаи: 17 январи соли 2017) ва мухтасар (17.01.17). Шакли нисбатан мувофик ба воситаи се чуфти ракамхои арабии ба воситаи аломати нукта чудо гардида, мухтасар навиштани сана мебошад (чуфтхои алохидаи ракамхо руз, мох, солро ифода менамоянд). Агар раками руз ва раками тартибии мох якракама бошанд, он гох пеш аз ракам “сифр” гузошта мешавад, масалан: агар 3 феврали соли 2017 бошад, пас 03.02.17 навиштан лозим аст.
- Хамаи кайдхои хизмати дар хуччате, ки ба гардиши он вобаста аст, санагузори ва бо ранги кабуд имзо карда мешаванд. Санаи карорхо. фармоишхо, фармонхо, мактубхо, хулосахо, гузоришхо ва маълумотномахо рузи ба имзо расидани онхо мебошад. Санаи протоколхо, санадхо санаи гузаронидани чорабини ба шумор меравад.
- Хуччатхо аз чониби як шахс бо ранги кабуд имзо карда мешаванд. Ду ва ё зиёда имзохо дар сурате гузошта мешаванд, ки барои тасдики мазмуни хуччат якчанд шахс масъул бошанд (санадхо, хуччатхои молияви ва гайра). Хуччатхои содира барои имзо якчоя бо маводе, ки дар асоси онхо тахия гардидаанд, бо хуруфи намунаи мукарраршуда, чопи тоза, бидуни тахриру ислох пешниход карда мешаванд ва мутобики талаботи Дастурамали мазкур бояд аз чониби тартибдихандагон ба таври дакик тафтиш карда шаванд.
- Мувофикакуни усули баррасии пешаки ва бахогузории лоихаи хуччат мебошад. Мувофикакуни халли дуруст ва хаматарафаи масъалахои сифати лоихаи хуччати омодашуда, максадноки ва саривактии он, асоснокии сиёси, иктисоди ва илми-техникии мундаричаи он, мувофикати лоихаи хуччати омодашуда бо санадхои меъёрии хукукии амалкунандаро таъмин менамояд.
- Лоихаи хуччатхо хам дар дохили ташкилот (бо вохидхои сохтори, шахсони мансабдор ва кумитаи иттифоки касаба) ва хам берун аз он (бо дигар ташкилотхо) мувофика карда мешаванд.
- Шакли мувофикакунии дохилии лоихаи хуччат манзури (виза) гузоштани он мебошад. Манзури дар худ имзои шахсии хонои шахси хуччатро имзокарда ва санаи онро дар бар мегирад. Хангоми зарурат вазифа ва насаб, ном, номи падари шахси манзури гузоштаро нишон додан мумкин аст.
Масалан: Сармухосиб имзо насаб, иом, номи падар
15.12.16
- Эрод ё илова ба хуччат, агар онхо мавчуд бошанд, дар вараки алохида оварда мешаванд, дар лоихаи хуччат бошад, чунин манзури гузошта мешавад:
Сармухосиб имзо насаб, ном, номи падар
Эродхо замима мегарданд. 15.12.16
- Чун коида, манзурихо дар кисми поёнии нусхаи якуми лоихаи хуччат баъди нишонаи “имзо” гузошта мешаванд. Агар ба хуччат аз тарафи якчанд нафар манзури гузошта шавад, дар он сурат манзурихо пайи хам мувофики тартиби гузоштани онхо чойгир карда мешаванд.
- Мувофикаи беруни бо мухр ё маълумотнома оид ба мувофикакуни ба расмият дароварда мешавад.
- Мухри мувофикакунии беруни дар худ чунин унсурхоро дар бар мегирад: калимахои “МУВОФИКА ШУД”, номи вазифа, имзои шахси, насаб, ном, номи падари шахсе, ки бо он хуччат мувофика мешавад ва санаи мувофика. Масалан:
МУВОФИКА ШУД
Вазири молияи
Чумхурии Точикистон
___________________________
имзо насаб, ном, номи падар
5 феврали соли 2017
ё Бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мувофика шуд (мактуб аз 05.02.17, №124-1).
- Мухри мувофикаи беруна дар варакаи унвонии хуччат гузошта мешавад.
- Имзо унсури хатмии хуччат мебошад, ки масъулияти шахси ба хуччат имзогузоштаро нисбат ба мундарича ва конуни будани он ифода менамояд.
- Ба хуччати ирсолшаванда танхо рохбари ташкилот имзо мегузорад. Дар холати набудани рохбар, ба хуччат муовини он имзо гузошта метавонад. Ба хуччатхои молияви рохбари ташкилот ё шахси бо конун ваколатдоршуда ва сармухосиб бо ранги кабуд имзо мегузорад.
- Дар хуччат танхо ба нусхаи якуми он бо ранги кабуд имзо гузошта мешавад. Хангоми ба унвони рохбарони аввали макомот ва ташкилоти давлати ё ташкилоти хоричи ирсол мамудани хуччат, дар парвандаи вохиди дахлдори сохтории ташкилот мутобики фехристи парвандахо нусхаи дуюми асл боки монда, нусхаи якуми асл аз чониби вохиди сохтории коргузори ба таври инфироди фиристода мешавад. Дар холатхои бисёрсурогави бошад, хуччатхо ба сурогахо дар шакли нусха фиристода шуда, нусхаи аслии онхо дар вохидхои сохтории макомот ва ташкилоти давлати тибки фехристи парвандахо нигох дошта мешавад.
- Ба таркиби нмзо нишон додани мансаби шахси ба хуччат имзогузошта, имзо ва насаб, ном, номи падар дохил мешаванд. Масалан: Директор имзо насаб, ном, номи падар
- Хангоми имзои хуччати тартибдодаи комиссия на вазифаи шахсони хуччатро тартиб дода, балки таксимоти вазифахои онхо дар комиссия нишон дода мешаванд. Насаб, ном, номи падари раиси комиссия алохида навишта, ном, номи падари аъзои комиссия бошад, бо тартиби алифбои номбар карда мешаванд. Масалан:
Раиси комиссия имзо насаб, ном, номи падар
Аъзои комиссия: имзо насаб, ном, номи падар
имзо насаб, ном, номи падар
ва гайра.
- Ба протоколхои чаласахои макомоти машварати раиси макомоти машварати имзо мегузорад.
- Тасдик унсури махсуси тасдики хуччат баъди имзо шудани он мебошад, ки интишори амали онро ба шахсони мансабдор ичозат медихад.
- Хуччате, ки бояд тасдик шавад, танхо аз лахзаи тасдик шуданаш эътибори хукуки пайдо менамояд.
- Хуччатхоро рохбари ташкилот ё муовини у, агар халли масъалаи дар хуччат дарчгардида ба ваколати у дохил шавад, тасдик менамояд.
- Унсурхои шакли тасдик калимахои “Тасдик мекунам”, номи вазифа, имзои шахси, насаб, ном, номи падари шахси хуччатро тасдиккарда, санаи тасдик ба хисоб мераванд. Масалан:
Тасдик мекунам
Директори чамъияти дорои
масъулияти махдуди “Шарбатхо”
_______насаб, ном, номи падар
имзо
15 июли соли 2016
- Хангоми бо санади хукуки тасдик кардани хуччат, он дар шакли зерин нишон дода мешавад. Масалан:
Бо фармони директори чамъияти дорои
масъулияти махдуди “Шарбатхо”
аз 5 майи соли 2016, № 10
тасдик шудааст
- Ба хуччатхое, ки асли будани онхо тасдики махсусро талаб менамоянд, ба гайр аз имзо, мухр низ гузошта мешавад.
- Мухр ба хуччатхои дорои хусусияти моддию молияви, маълумотномахо, шаходатномахо, дафтарчахои мехнати, инчунин дар холатхои зарури ба дигар хуччатхо низ гузошта мешавад. Накши мухр бояд номгуи вазифа ва имзои шахсиро дар бар гирад. Гузоштани мухри нишондор дар хамаи холатхои тасдики хукуки шахрвандон ва шахсони хукуки, тасдики масрафи маблаг ва арзишхои модди, хамчунин шартномахо ва эътимодномахо зарур аст. Мухре, ки дар он номи ташкилот ва ё вохиди сохтории он сабт шудааст, дар нусхахои хуччатхои амрдихандаи ба дигар сурогахо фиристодашаванда гузошта мешавад. Руйхати хуччатхое, ки бояд бо мухри дорои нишони давлати тасдик карда шаванд, инчунин тартиби тайёр, истифода ва нигохдории мухрхо бо санади рохбари ташкилот тасдик карда мешавад.
- 3. Талабот нисбат ба хуччатхои тавассути тачхизоти компютери омодашуда
- Омода намудаии хуччатхо бо усули чопи компютери ё воситахои техникаи электрони мувофики талаботи стандарти давлати амали мешавад.
- Дар хуччат хамаи нишонахо бояд дар доираи худудхое, ки варака-намунаи стандарти давлати мукаррар кардааст, чойгир карда шаванд.
- Хангоми ирсоли хуччат бояд коидахои зерин ва андозаи хошияхо хатман риоя шаванд:
– мактуб дар лифофа фиристода шавад;
– бо хуруфи Times New Roman Tj андозаи 16 ба номи Президенти Чумхурии Точикистон ва андозаи 14 ба Хукумати Чумхурии Точикистон ва вазорату идорахо пешниход шавад;
– сахифабанди кардани хуччатхое, ки аз 1 сахифа зиёданд;
– истифодаи хуруфи мукаррари бе харфхои гафс;
– меъёри худуди бланк дар вараки чопи: аз боло 1,5 см; аз чап 2,5 см; аз поён, барои андозаи А4 – на камтар аз 4 см (замимаи 1, барои гузоштани мухри вазорат ё идораи гирандаи мактуб) ва барои андозаи А5 – на камтар аз 1 см.
- Матни хуччат бо фосилаи як ё якуними байнисатри чоп карда мешавад.
- Сатри аввали хар як сарсатри матн бо гузоштани фосилаи муайян аз худуди хошияи чап чоп карда мешавад.
- Дар холатхои зарури дар баробари хуччати ирсолшаванда шакли электронии он низ пешниход карда мешавад.
- 4. Тартиби тахия ва ба расмият даровардани протоколхо
- Дар чаласахои макомоти машварати, машваратхо ва мачлисхои гузаронидашаванда бояд протоколхо тартиб дода шаванд. Протоколхои чаласахои макомоти машварати дар давоми соли таквими ракамгузори карда мешаванд.
- Матни протокол бояд аз ду кисм иборат бошад: мукаддимави ва асоси. Дар кисми мукаддимавии протоколи чаласахои макомоти машварати, машваратхо шумораи умумии иштирокчиён, шумораи шахсони ба чаласа даъватшуда, рузномаи чаласа, хайати раёсат, насаб, ном, номи падари раис ва котиби мачлис, бо номгуи масъалахои баррасишаванда, нишон додани вазифа ва насаб, ном, номи падари маърузачиён зикр карда мешавад.
- Агар шумораи шахсони даъватшуда ба чаласаи макоми машварати, машварат, чаласа аз 5 нафар зиёд бошад, он гох руйхати онхо дар шакли хуччати алохидаи замимашаванда ба протокол тартиб дода мешавад.
- Кисми асосии протоколи чаласаи макомоти машварати, машварат ва мачлис бояд аз фаслхои мутобик ба бандхои рузнома иборат бошад.
- Матни хар як фасли асоси бояд аз таркибхои: шунида шуд, баромад карданд, карор кард, таркиб ёфта бошад.
- Пас аз калимахои “ШУНИДА ШУД” раками тартибии масъалаи рузнома гузошта мешавад.
- Калимахои “ШУНИДА ШУД” бо харфхои калон, аз хошияи тарафи чап чоп карда шуда, баъди он аломати баён гузошта мешавад: дар сатри дигар бо сарсатр насаб, ном, номи падари маърузакунанда ва дар кавсайн (маъруза замима мегардад) нишон дода мешавад.
- Дар фасли “БАРОМАД КАРДАНД”-и протокол, мазмуни хамаи баромадхо ва саволу чавоб ба онхо ва маълумотхо зикр карда мешаванд.
- Баъди ба охир расидани баромадхо карор оид ба масъалаи якуми рузнома навишта мешавад.
- Протоколхои чаласахои макоми машварати ва машваратхоро ба таври кутох низ ба расмият даровардан мумкин аст.
- Дар шакли кутохи протокол дар кисмати асосии он мазмуни баромадхо баён нашуда, танхо номгуи масъалахои баррасишаванда бо зикри насаб, ном, номи падари маърузачиён, баромадкунандагон ва карорхои кабулгардида нишон дода мешаванд.
- Протоколхои чаласахои макоми машварати дар бланкхо чоп карда шуда, аз тарафи раиси макоми машварати имзо карда мешаванд, ба протоколхои машваратхо шахсе, ки онро гузаронидааст, имзо мегузорад, ба протоколхои мачлисхо бошад, раис ва котиби он имзо мегузоранд.
- 5. Тартиби тахия ва ба расмият даровардани фармоишхо
- Номи фармоиш ба таври мухтасар бояд мазмуни онро инъикос намуда, дар маркази варакаи фармоиш оварда мешавад.
- Матни фармоиш аз ду кисм иборат аст: мукаррароти ва амрдихи. Дар кисми мукаррароти асосхо ва омилхое, ки боиси тахияи фармоиш гардидаанд, баён шуда, дар кисми амри, бошад, амалхои фармоиши номбар карда мешаванд. Агар фармоиш дар асоси хуччати дахлдори макоми болои бароварда шавад, он гох дар кисми мукаррароти ном, ракам, сана ва номи ин хуччат оварда мешавад.
- Кисми амрдихии фармоиш бо калимахои “ФАРМОИШ МЕДИХАМ” огоз ёфта, якчоя бо матн бо харфхои калон навишта шуда, дар охири он аломати баён гузошта мешавад. Чорабинихои пешбинишуда, дар бандхо чой дода мешаванд, ки бо ракамхои араби ракамгузори карда мешаванд. Хар як бандро бо нишон додани ичрокунандаи мушаххас огоз намудан лозим аст. Сипас амалхои фармоиши баён гардида, мухлати ичро нишон дода мешавад.
- Лоихаи фармоиш бо вохидхои сохтори ё шахсони мансабдори дахлдор мувофика карда мешавад. Манзурии мувофика дар нусхаи якуми лоиха гузошта мешаванд. Ба лоихаи омодашудаи нихои танхо шахси мансабдоре, ки ба фармоиш имзо мегузорад, метавонад тагйирот ворид намуда, дар як вакт санаи онро гузорад.
- Фармоишхо дар давоми соли таквими ракамгузори карда мешаванд.
- 6. Тартиби тахия ва ба расмият даровардани маълумотномахо ва гузоришхо
- Матни маълумотнома ва гузориш бояд аз ду кисми асоси иборат бошад. Дар кисми якум далелхое, ки барои тартиб додани хуччат асос шудаанд ва дар кисми дуюм хулоса ва пешниходхо баён карда мешаванд.
- Сана ё давраи вакти мансуб ба маълумоти дар маълумотнома ё гузориш баёнгардида бояд ба сарлавха ворид карда шаванд. Масалан: “Дар бораи тайёр намудани кадрхо то 01.05.16”.
- Маълумотнома ва гузоришхои содироти дар бланкхо чоп карда, аз тарафи рохбарият имзо карда мешаванд. Матлумотнома ва гузоришхои дохили дар вараки тозаи когази андозаи А4 чоп карда, аз тарафи мураттиби онхо имзо карда мешаванд.
- Маълумотномахое, ки бо дархости шахрвандон дода мешаванд, дар бланкхо тартиб дода шуда, аз тарафи рохбарият имзо ва бо мухр тасдик карда мешаванд.
- 7. Тартиби тахия ва ба расмият даровардани санадхо
- Матни санад бояд аз ду кисм иборат бошад: мукаддимави ва мукаррароти.
- Дар кисми мукаддимави асосхо барои тартиб додани санад нишон дода, тартибдихандагон ва иштирокчиён номбар карда мешаванд. Баъди калимаи “Асос” хуччати амрдихи ё амри шифохи оид ба гузаронидани чорабинии санадшаванда нишон дода мешавад. Баъди калимахои “Тартиб дода шуд” вазифа ва насаб, ном, номи падари шахсони иштирокдошта хангоми тартиб додани санад номбар карда мешавад.
- Дар кисми мукаррароти максад ва вазифахои тартиб додани санад, мохият ва хусусияти кори анчомдодашуда, далелхои мукарраргардида, инчунин хулоса ва пешниходхо баён карда мешаванд.
- Номи санад ба таври мухтасар бояд мазмуни холат ё далели санадшавандаро инъикос намуда, чавоб ба саволи “Дар бораи ….” ифода карда шавад.
- Ба санад шахсони дар тартиб додани он иштирокдошта имзо мегузоранд. Хангоми ба расмият даровардани имзохо вазифахо нишон дода намешаванд.
- Шахсе, ки дар тартиб додани санад иштирок кардааст, агар бо фикри дигар иштирокчиён рози набошад хам, санадро имзо мегузорад ва хукук дорад акидаи махсуси худро дар шакли хатти баён кунад, ки он бояд ба санад замима карда шавад.
- 8. Тартиби тахия ва ба расмият даровардани мактубхои хизмати, баркияхо ва баркияи телефони
- Мактубхои хизмати барои баён намудани хохиш (дархост), чавоб ба хохиш, инчунин ахбори дорои хусусияти иттилооти тартиб дода мешаванд.
- Мактубхои хамрохи факат дар он мавриде тартиб дода мешаванд, ки онхо хусусияти ичро ё максади ирсоли хуччати пешниходшударо шарх диханд.
- Матни мактуб бояд аз ду кисми мантикан ба хамдигар алокаманд иборат бошад. Дар кисми аввал далел ё холатхое, ки барои тартиб додани мактуб асос шудаанд ва дар кисми дуюми он хулосаю пешниход ва хохишхо баён карда мешаванд.
- Мукотиба ба воситаи телеграф танхо барои масъалахои хусусияти таъчилидошта амали мешавад. Хангоми чавоб ба дархост пеш аз матни баркия, раками ин дархост нишон дода мешавад. Дар охири матн (то имзо) раками содироти гузошта мешавад.
- Баркия дар ду нусха чоп карда, ба онхо ичрокунанда манзури мегузорад. Баркия баъди имзо барои фиристодан ба вохиди сохтории коргузори супорида мешаванд.
- Баркияи телефони барои расонидани маълумот ба воситаи телефон истифода мешавад. Хангоми фиристодани баркияи телефони: ба ки ирсол шудан, вазифа ва насаб, ном, номи падари шахси ба он имзогузошта, сана ва вакти ирсол, раками телефон, насаб, ном, номи падари шахси ирсолкунанда ва кабулкунанда нишон дода мешавад.
- ТАШКИЛИ ГАРДИШИ ХУЧЧАТ
- 1. Тартиби гардиш ва ичрои хуччатхои воридоти
- Кабул ва коркарди ибтидоии муросилоти воридотиро вохиди сохтории коргузори ба амал мебарорад.
- Коркарди ибтидоии муросилоти воридоти аз санчиши дурустии ирсол ва мавчудияти хуччатхо, омода намудани муросилот барои фиристодан тибки таъинот иборат аст.
- Муросилоти сахван воридшуда тибки таъинот фиристода мешавад.
- Хамаи лифофахо, ба истиснои муросилоти шахси ва мактубхои ба нишонии кумитаи иттифоки касаба ирсолшуда, кушода мешаванд. Хамзамон беосебии лифофахо ва микдори хуччатхои мавчуда дар онхо санчида мешавад. Дар сурати осеб ёфтани лифофахо, нарасидани ягон кисми хуччатхо, номутобикатии ракамхо дар лифофаи хуччатхо, тибки намунаи муайянгардида дар се нусха санад тартиб дода мешавад. Як иусхаи санад дар вохиди сохтории коргузори нигох дошта шуда, нусхаи дуюм якчоя бо хуччатхо мувофики таъинот ирсол мегардад ва нусхаи сеюм ба ирсолкунанда баргардонида мешавад. Лифофахо, чун коида, нобуд карда мешаванд, ба истиснои холатхое, ки агар сурогаи ирсолкунанда ё санаи ирсол ва гирифтани хуччатхоро танхо аз руйи лифофа мукаррар намудан мумкин бошад.
- Дар хамаи хуччатхои воридоти, хатто агар сахифа пурра бо матн фаро гирифта шуда бошад хам, хатман дар кисми поёнии кунчи рости вараки якум мухри бакайдгири гузошта мешавад (замимаи 1). Хуччатхо дар рузи ворид шуданашон ба кайд гирифта мсшаванд.
- Хуччатхои бакайдгирифтанашаванда – хуччатхои ба нишонии кумитаи иттифоки касаба ва бо кайди “шахсан” воридгардида, бевосита тибки таъинот фиристода мешаванд.
91 Хуччатхои воридгардида баъди ба кайд гирифтани онхо дар дафтари бакайдгирии хуччатхои воридоти (замимаи 2) барои барраси ба рохбарият фиристода мешаванд.
- Хуччатхо бояд дар рузи ворид шуданашон барои барраси ба рохбарият пешниход шаванд. Баркияхо, баркияи телефони ва дигар хуччатхои таъчили барои барраси ва ичро дар навбати аввал пешниход мешаванд.
- Агар дар хуччатхои воридгардида ба дигар хуччатхо ишора шуда бошад, дар ин сурат он хуччатхо дарёфт карда, якчоя бо хуччатхои воридгардида ё маълумотномаи дахлдор ба рохбарият пешниход мешаванд.
- Хуччатхои дар рузхои гайрикори, истирохат ва рузхои ид воридгардидаро навбатдори макомот ва ташкилоти давлати кабул намуда, ба рохбарият гузориш медихад ва сипас онхо ба вохиди сохтории коргузори барои бакайдгири супорида мешаванд.
- Хуччатхои аз чониби шахсони гайримасъул имзошуда, дорои матни носахех ё реквизитхои заруринадошта аз чониби вохиди сохтории коргузори ба ирсолкунанда бо зикри асосхо пас баргардонида мешаванд. Хуччатхое, ки бе имзо мебошанд ё дар онхо сурогаи шахси ирсолкарда нишон дода нашудааст, барраси карда намешаванд.
- Натичахои барраси дар амрхои хатти инъикос меёбанд, ки дар кисми рости болои хуччат, дар дигар чойи холи аз матн ва ё дар варакаи алохида гузошта мешаванд. Амри хатти бояд дорои нишондодхои возех ва мукаммал оид ба тартиб ва хусусияти ичрои хуччатхо ва ичрокунандагон бошад.
- Хуччатхо бояд дар мухлати мукарраргардида барраси карда шаванд.
- Хуччатхои воридгардида баъди баррасии рохбарият барои ба кайд гирифтани амри хатти дар сутунн дахлдори дафтари муросилоти воридоти ба вохиди сохтории коргузори баргардонида, тибки таъинот фиристода мешаванд.
- Шахсе, ки дар амри хатти якум нишон дода шудааст, масъули ичрои хуччатхо мебошад. Масъули ичро хукуки даъват намудани хамичрочиёнро дорад.
- Хамичрочиён ухдадоранд, ки бо дархости масъули ичро ба у тамоми маводи заруриро пешниход намояид. Хамичрочиёи барои сари вакт ва хушсифат омода намудани лоихаи хуччатхо масъулияти баробар доранд.
- Хуччатхои ичрогардида барои ба парванда духтан ба он вохидхои сохтори ё кормандоне, ки парвандахоро аз руйи масъалахои дахлдор тибки фехристи парвандахо тартиб медиханд, баргардонида мешаванд.
- 2. Тартиби гардиши хуччатхои содироти ва дохили дар рафти омода намудани онхо
- Ичрокунанда то пешниходи хуччати омодашуда барои имзо, бояд мундарича, дурустии ба расмият даровардани он ва мавчудияти иловахоро санчад. Хуччат барои имзо якчоя бо маводе, ки дар асоси онхо омода шудааст, пешниход карда мешавад.
- Хуччатхои аз тарафи рохбарият имзошуда барои бакайдгири дар дафтари бакайдгирии хуччатхои содироти, дохили (замимаи 3) ва ирсол ба вохиди сохтории коргузори баргардонида мешаванд.
- Хуччатхо барои ирсол дар шакли пурра ба расмият даровардашуда супорида мешаванд. Вохиди сохтории коргузори дурустии ба расмият дароварда шудани хуччатхо ва мавчудияти иловахои дар хуччати асоси нишондодашударо санчида, лифофаро ба расмият медарорад ва худи хамон руз ба макоми дахлдори алока месупорад.
- Хуччатхои дохили дар доираи дастгохи идоракуни омода, ба расмият дароварда, ичро (истифода бурда) карда мешаванд.
- Лоихаи хуччатхо баъди омода ва мувофикакуни бо кормандони дахлдори ташкилот барои барраси ё имзо ба рохбарият пешниход мешаванд. Баъди имзои хуччатхои мазкур дар дафтари бакайдгирии хуччатхои содироти ва дохили ба кайд гирифта, барои ичро равон карда мешаванд.
- Гузоришхо ба номи рохбарият, маълумотномахо, маълумот ва дигар хуччатхои дорои хусусияти фаври баъди барраси ва ичрои онхо дар парвандаи дахлдор чойгир карда мешаванд.
- 3. Тартиби кабул ва супоридани хуччатхо
- Кабул ва супоридани хуччатхои воридоти, содироти ва дохили дар хамаи мархилахои гардиши худ бо гузоштани имзо амали мешавад. Супоридани хуччатхо аз як вохиди сохтори ба вохиди сохтории дигар ё аз як корманд ба корманди дигар хатман тавассути вохиди сохтории коргузори сурат гирифта, дар дафтари бакайдгирии хуччатхо оид ба гардиши хуччатхо кайд карда мешавад.
- 4. Бакайдгирии хуччатхо
- Хуччатхоро вохиди сохтории коргузори ба таври мутамарказ ба кайд мегирад. Хуччатхои дар замимаи 4 нишондодашуда ба кайд гирифта намешаванд.
- Хар як хуччат як маротиба ба кайд гирифта мешавад. Хуччатхои воридоти дар рузи ворид шуданашон, содироти ва дохили бошанд, дар рузи баимзораси ба кайд гирифта мешаванд.
- Шохиси хуччатхои воридоти, содироти ва дохили аз раками тартибии бакайдгирии хуччат ва шохиси парванда аз руйи фехрист иборат аст. Масалан:
№ 14/12 аз 05.01.17 Вазорати молияи
Чумхурии Точикистон
Хисоботи солонаи мухосиби барои соли 2016 ирсол мегардад.
Директор имзо насаб, ном, номи падар
– дар ин чо 14 – раками тартибни бакайдгири, 12 – шохиси парванда аз руйи фехрист мебошад.
- Барои бакайдгирии хуччатхои воридоти, содироти ва дохили дафтархои зерин истифода бурда мешаванд:
– дафтари бакайдгирии хуччатхои воридоти;
– дафтари бакайдгирии хуччатхои дохили;
– дафтари бакайдгирии хуччатхои содироти;
– дафтари бакайдгирии конунхо, санадхои меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон;
– дафтари бакайдгирии супоришхои хатти ва протоколхои мачлисхои назди Президенти Чумхурии Точикистон;
– дафтари бакайдгирии супоришхои хатти ва протоколхои мачлисхои назди Сарвазири Чумхурии Точикистон ва муовинони у, Рохбари Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон;
– дафтари бакайдгирии мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки;
– дафтари бакайдгирии баркияхои хукумати;
– дафтари бакайдгирии хуччатхои баргардонидашуда.
- ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ ИЧРОИ ХУЧЧАТХО
- Хамаи хуччатхои мухими давлатие, ки бояд ичро карда шаванд, аз чумла конунхо, санадхои меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, супоришхои Сарвазири Чумхурии Точикистон ва муовинони у, Рохбари Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон ва муовинони у, дархостхо, супоришхои макомоти болои ва фармону фармоишхои рохбарияти ташкилот тахти назорат гирифта мешаванд.
- Ичрои хуччатхои иисбатан мухими дохили низ бояд назорат карда шавад.
- Тартиби ба назорат гирифтан ва аз назорат баровардани хуччатхои назорати, инчунин холатхои тамдид кардани мухлатхои ичро вобаста ба хусусиятхои ташкили кор дар дастурамали коргузории ташкилот мукаррар карда мешавад.
- Ба раванди ичрои хуччатхо ва супоришхои дар онхо буда, рохбарият тавассути вохиди сохтории коргузори ва ё шахсони алохидаи масъул назорат мебарад.
- Ба назорат гирифтани хуччатхои назорати ба тарики кушодани варакахои назоратии шакли мукарраршудаи А5 андозааш 148х210мм тибки замимаи 5 амали карда мешавад.
- Чихати ташкили назорати ичрои хуччатхои назорати ба унвони вохиди сохтории дахлдор варакаи назорати дар ду нусха пур карда шуда, бо имзои рохбари вохиди сохтории коргузори ё шахси мансабдори мутасадди тасдик карда мешавад.
- Дар варакаи назорати дар бораи рафти ичрои хуччати назорати бояд тамоми маълумоти зарури мухтасар инъикос карда шавад.
- Мухлати ичрои хуччат аз лахзаи ба ташкилот ворид шудани он хисоб карда мешавад.
- Хуччатхо бояд дар мухлатхои зерин ичро (барраси) карда шаванд:
– конунхои Чумхурии Точикистон – мувофики талаботи конунгузори;
– тахияи санадхои зерконуни – тибки мухлатхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон;
– карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, фармонхо ва амрхои Президенти Чумхурии Точикистон, карорхо ва фармоишхои Хукумати Чумхурии Точикистон – мувофики мухлатхои дар онхо зикршуда;
– дархостхо ва мактубхои узви Мачлиси милли, вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Мачлисхои махаллии вакилони халк вобаста ба фаъолияти вакилии онхо то як мох, агар омузмш ва санчиши иловагиро талаб нанамоянд – бетаъхир;
– супоришхои Сарвазири Чумхурии Точикистон ва муовинони у, Рохбари Дастгохи ичроияи Президент ва муовинони у – як мох ё мувофики мухлатхои дар онхо зикршуда;
– супоришхои Сарвазири Чумхурии Точикистон ва муовинони у, Рохбари Дастгохи ичроияи Президент ва муовинони у дар хусуси ба Хукумат ва Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон пешниход намудани иттилоот, хуччатхо ва дигар маводи зарури дар мухлати панч руз аз рузи кабул гардиданашон, агар мухлати дигар нишон дода нашуда бошад;
– мактубхо ва арзу шикоятхои шахсони вокеи ва хукукимутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки”;
– карорхои хайати мушовара, макомоти машварати ва фармоишхои рохбари ташкилот – мувофики мухлатхои дар онхо зикршуда;
– мактуб, дархостхо ва супоришхои ташкилотхои болои – то дах руз ё мувофики мухлатхои дар онхо зикршуда;
– баркияхои телефони – мувофики мухлатхои дар онхо зикршуда ё вобаста ба таъчили будани масъала.
- Агар дар санадхои Президент ва Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин протоколхои мачлиси Хукумати Чумхурии Точикистон ва мачлиси назди Рохбари Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон мухлати ичрои дастур, супориш, чорабини, бандхо ба таври мушаххас муайян нашуда бошад, пас дар варакаи назорати вобаста ба мухтавои супориш мухлати назоратии ичро дар мувофика бо вохидхои сохтории Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон ба тарики зайл мукаррар карда мешавад:
– фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон – хар семоха, нимсола ва солона;
– амрхои Президенти Чумхурии Точикистон – хар семоха;
– карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон – хар семоха;
– фармоишхои Хукумати Чумхурии Точикистон – хар семоха;
– протоколхои машваратхои назди Президенти Чумхурии Точикистон – хар семоха;
– протоколхои мачлисхои Раёсат ва Хукумати Чумхурии Точикистон – хар семоха;
– протоколхои мачлиси назди Рохбари Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон – хар мох;
– барномахо, консепсияхо, стратегияхо ва накшахои чорабинихо хар нимсола, солона;
– ичрои накшаи чорабинихо, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд – хар нимсола, солона;
– ичрои накшаи кори Хукумати Чумхурии Точикистон – ду мох кабл аз мохи нишондодашуда.
- Бо максади дар сатхи муносиб ташкил ва хамоханг намудани раванди назорати ичро вохиди сохтории коргузории ташкилот метавонад мухлати ичрои хуччатхои назоратиро дар мувофика бо вохидхои сохтории дахлдори Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон ва макомоти болои муайян намуда, дар варакахои назорати нишон дихад.
- Хуччат хамон вакт ичрогардида хисобида мешавад, ки тамоми масъалахои дар он ба миён гузошташуда хал гарданд ва ба муаллиф чавоби сахех дода шавад.
- Маълумот оид ба вазъи интизоми ичроия ва натичахои ичрои хуччатхои назоратшаванда аз тарафи вохиди сохтории коргузори ё шахсони алохидаи масъул ба холати санаи 1-уми хар мох чамъбаст шуда, ба маълумоти рохбарият расонида мешаванд.
- Дар асоси тахлил барои тезонидани чараёни ичрои хуччатхо ва баланд бардоштаии интизоми ичроия, такмили ташкили назорат ва идоракуни дар мачмуъ дастуру пешниходхо тахия карда мешаванд.
- ТАРТИБ ДОДАНИ ФЕХРИСТ ВА ТАШКИЛ НАМУДАНИ ПАРВАНДАХО
- 1. Тартиб додани фехристи парвандахо
- Хуччатхо баъди ичрои (истифодаи) онхо дар парвандахои иборат аз мачмуи хуччатхои мансуб ба масъалаи муайян ва дар муковаи алохида духташуда гурухбанди карда мешаванд.
- Бо максади дуруст ба тартиб даровардани парвандахо, ки чустучуи фаврии хуччатхоро аз руйи мазмун ва навъ таъмин мекунад, фехристи парвандахо тартиб дода мешавад, ки он руйхати батанзимдароварандаи номгуи парвандахое мебошад, ки бо нишон додани мухлати нигахдории онхо дар коргузори чори карда мешавад.
- Фехристи парвандахоро вохиди сохтории коргузори якчоя бо дигар кормандони дастгох тартиб медихад. Фехристи парвандахои тартибдодашуда бо бойгонии давлатии дахлдор мувофика карда, аз тарафи рохбарият тасдик ва аз 1 январи соли нав (замимаи 6) мавриди амал карор дода мешавад.
- Фехристи тасдиккардашуда дар давоми якчанд сол амал карда, дар мавриди тагйир ёфтани сохтори ташкилот бояд аз нав тартиб ва тасдик карда шавад. Агар чунин тагйирот руй надихад, фехристи парвандахо дар охири хар сол танхо дакик ва аз нав чоп карда мешавад.
- Ба фехристи парвандахо хамаи хуччатхое, ки хам дар дохили ташкилот тахия мешаванд ва хам аз берун ворид мегарданд, дохил карда мешаванд.
- Ба фехристи парвандахо нашрияхои чопи, китобчахо, маълумотномахо, варакахо ва дигар нашрияхои ба инхо монанд ворид карда намешаванд.
- Шохиси парвандахо дар фехрист аз аломати вохиди сохтори ва раками тартибии парванда дар худуди вохиди сохтори ё самти фаъолият иборат аст.
- Номи парвандахо аз руйи ахамиятнокии хуччатхо, ки дар парванда ташкил шудааст, дар фаслхои дахлдори фехрист чойгир карда мешавад.
- Номи парванда бояд мазмун ва таркиби асосии хуччатхои парвандаро дар шакли возех ва чамъбасти инъикос намояд.
- Номи парвандахо оид ба масъалахои дар давоми сол халнагардида “гузаранда буда”, бо хамон шохис ба фехристи парвандахои соли ояндаи ташкилот гузаронида мешавад.
- Агар дар давоми сол дар фаъолияти дастгох сохахои нави кори ва корхои пешбининашудае, ки бояд хуччатнок карда шаванд, ба вучуд омада бошанд, онхо ба таври илова ба фехристи парвандахо ворид карда мешаванд. Бо ин максад дар хар як фасли фехрист ракамхои эхтиёти гузошта мешаванд.
- Баъди ба охир расидани соли коргузори дар охири фехрист оид ба микдори парвандахои ташкилкардашуда сабти чамъбасти карда мешавад (замимаи 7).
- Вазорату идорахо, макомоти марказии ташкилотхои чамъияти барои ташкилоту муассиса ва корхонахои хамнавъи тобеи худ фехристи намунавии парвандахоро тахия менамоянд. Масалан: “Фехристи намунавии парвандахои муассисахои тахсилоти умуми”, “Фехристи намунавии парвандахои марказхои саломатии шахри (нохияви)” ва гайра.
- 2. Ташкил намудани парвандахо
- Хуччатхои ичрошуда ва мутаносибан ба расмият даровардашуда гурухбанди шуда, дар парванда ба тартиб дароварда мешаванд. Батартибдарории парвандахо тибки фехристи парвандахо дар вохидхои сохтори дар чойи ичрои хуччатхо амали мешавад.
- Яке аз талаботи асоси нисбати батартибдарории хуччатхо ин дар парвандахои алохида тартиб додани хуччатхои мухлати нигохдориашон доими ва муваккати мебошад.
- Хангоми батартибдарории парвандахо катъи риоя намудани хачм ва таркиби хуччатхое, ки бояд дар ин парванда чой дода шавад, зарур аст. Ба парванда ворид намудани хуччатхои ба он мансубнабуда, инчунин сиёхнависхо, вариантхо ва нусхахои зиёдшуда мумкин нест. Хар як парванда набояд аз 250 сахифа зиёд бошад.
- Хуччатхо дар дохили парванда аз руйи тартиби халли масъалахо тибки хронология ва шохисбанди чойгир карда мешаванд.
- Фармоишхо оид ба хайати шахси аз фармоишхо оид ба фаъолияти асоси чудо гурухбанди карда мешаванд.
- Накшахо, хисоботхо ва харчномахо аз лоихахои ин хуччатхо чудо гурухбанди карда мешаванд.
- Хуччатхо дар парвандахои шахси бо тартиби зерин чойгир карда мешаванд:
– руйхати дохилии хуччатхо, ки дар парвандаи шахси мавчуд аст;
– ариза дар бораи ба кор кабул кардан, роххат ё пешниход;
– пурсишнома, варакаи бахисобгирии кадрхо;
– холнома;
– хуччатхо оид ба маълумот;
– нусхаи фармоишхо оид ба таъйинот, аз чое ба чое гузаронидан, озод кардан.
- Варакахои шакли Т-2 (варакаи шахсии корманд – хуччати ба як шакли муайян дароварда мебошад, ки дар асоси фармоиши рохбари ташкилот дар бораи кабул ба кор, аз чониби кормандони хамаи сохахо пур карда мешавад, ки намунаи он аз чониби макомоти омор тасдик карда мешавад) аз руйи тартиби алифбои чойгир карда мешаванд.
- Мукотибот дар парванда дар давраи соли таквими гурухбанди карда мешаванд.
- Дар парвандаи мукотибот хамаи хуччатхои дар чараёни халли масъала тахияшуда чой дода мешаванд. Мукотибот бо пайдархамии хронологи мураттаб гардонида мешаванд: хуччат-чавоб баъди хуччат-дархост чойгир карда мешавад. Хангоми аз нав огоз намудани мукотиба оид ба масъалаи муайян хуччатхо ба парвандаи соли чори бо нишон додани шохиси парвандаи соли гузашта, ки дар он хуччатхо оид ба ин масъала нигох дошта мешаванд, ворид карда мешаванд.
- Мукотибот бо ташкилоти болои аз руйи масъалахои мушаххас гурухбанди карда мешавад.
- ОМОДА НАМУДАНИ ХУЧЧАТХО БАРОИ НИГОХДОРи, ИСТИФОДАБАРИИ МИНБАЪДА, ТАРТИБИ НОБУД СОХТАНИ ОНХО
- 1. Ташхиси илми ва амалии мухимияти хуччатхо
- Ташхиси мухимияти хуччатхо ин муайян намудани ахамиятнокии сиёси, хочагии халк, ичтимоию фарханги ва дигар ахамияти хуччатхо бо максади чудо намудани онхо барои нигохдории минбаъда ё нобудкуни мебошад.
- Ташхиси мухимияти хуччатхо аз тарафи кормандони вохидхои сохтори тахти рохбарии методии комиссияи ташхисии (КТ) доимоамалкунандаи ташкилот амали мешавад.
- Интихоби хуччатхо барои нобудкуни бо санади шакли муайян ба расмият дароварда мешавад. Санадхоро комиссияи ташхиси барраси намуда, ба онхо раис ва аъзои ин комиссия имзо мегузоранд ва рохбарият тасдик менамояд.
- Хуччат ва парвандахои ба санад воридкардашуда танхо баъди аз тарафи макомоти бойгонии давлати тасдик кардани руйхатхои парвандахои мухлати нигохдориашон доими ва муваккатии давраи дахлдор нест карда мешаванд.
- 2. Тартиб додани парвандахо
- Дар огози сол дар хар як вохиди сохтори тибки фехристи парвандахо муковаи парвандахои ташкилшаванда тартиб дода мешавад.
- Тартиб додани парвандахо аз навиштани муковаи парвандахо, чузъбанди, ракамгузории варакхо ва тахияи навиштачоти тасдиккунанда иборат аст.
- Парвандахои мухлати нигохдориашон доими ва дарозмухлат (аз 10 сол ва зиёда аз он) дар муковаи сахт муковабанди шуда, варакхояшон ракамгузори карда мешаванд. Дар охири парвандахо дар сахифаи алохида навиштачоти тасдиккунанда гузошта мешавад.
- Парвандахои мухлати нигохдориашон муваккати (то 10 соли пурра) ба таври одди ба расмият дароварда мешаванд: онхо муковабанди, варакхояш ракамгузори, руйхати парвандахо тартиб дода намешавад ва бахисобгири аз руйи фехристи парвандахо амали мешавад.
- Навиштачот дар муковаи парвандахои мухлати нигохдориашон доими ва дарозмухлат бояд ба таври возех, бо ранги сиёхи офтоббардор ё туши сиёх анчом дода шаванд.
- Оид ба масъалахои мураккаби вобаста ба расмият даровардани парвандахое, ки бояд ба нигохдории давлати супорида шаванд, бо бойгонии давлатии дахлдор машварат намудан зарур аст.
- 3. Ба руйхат гирифтани хуччатхои мухлати нигохдориашон доими ва дарозмухлат
- Баъди ба охир расидани соли коргузори аз руйи натичахои ташхиси гузаронидашудаи мухимияти хуччатхо парвандахои мухлати нигохдориашон доими чудо карда мешаванд, ки бояд ба руйхат дохил карда шаванд (замимаи 8).
- Руйхат аз тарафи вохиди сохтории коргузори бо ёрии методии бойгонии давлатии дахлдор тартиб дода мешавад. Руйхатхои солонаи парвандахо бояд аз тарафи комиссияи ташхису тафтишотии (КТТ) макомоти бойгонии давлати тасдик карда шаванд.
- Руйхатхо ба парвандахои мухлати нигохдориашон доими, дарозмухлат ва хайати шахси алохида тартиб дода мешаванд.
- Хар як парванда (чилд) тибки руйхат раками тартибии мустакил дорад. Парвандахо дар руйхатхо аз руйи фехристи парвандахо мураттаб гардонида мешаванд.
- 4. Таъмини хифзи хуччатхо
- Барои хифзи хуччатхои ташкилот вохиди сохтории коргузори ва рохбарони вохидхои сохтори масъул мебошанд.
- Парвандахо аз лахзаи огоз дар коргузори то вакти супоридан ба бойгонии ташкилот ё нобудкуни, дар утокхои кори, дар чевонхои пушидашаванда ё бинохои махкамшавандаи махсус чудокардашуда нигох дошта мешаванд.
- Гирифтан ва додани нусхаи аслии хама гуна хуччат аз парвандахои мухлати нигохдориашон доими манъ аст. Дар холатхои истисно (масалан, бо талаби макомоти суди-тафтишоти) гирифтани хуччатхо бо ичозати рохбарият, бо рохи дар парванда хатман гузоштани нусхаи аслии тасдиккардашудаи хуччати гирифташуда ва гузоштани санад оид ба гирифтани нусхаи асли, ба амал бароварда мешавад.
- 5. Супоридани парвандахо ба бойгонии ташкилот
- Парвандахои мухлати нигохдории доими ва дарозмухлат баъди як соли ба охир расидани онхо дар коргузории вохидхои сохтори ба бойгонии ташкилот супорида мешаванд. Парвандахои мухлати нигохдории муваккати (то 10 сол) ба бойгони супорида нашуда, дар вохидхои сохтори нигох дошта мешаванд.
- Бойгонии ташкилот парвандахоро аз руйи руйхат ё фехристи парвандахо кабул менамояд.
- Агар парвандахои алохидаро дар коргузори барои кори чори мондан зарур бошад, он гох бойгони барои ба истифодаи муваккати додани онхоро ба расмият медарорад.
- 6. Тартиби нобуд сохтани хуччатхо
- Руйхати хуччатхои нобудшавандаро вохиди сохтории коргузори якчоя бо дигар кормандони ташкилот тартиб медихад. Хамзамон, санади нобудсозии хуччатхо тартиб дода шуда, бо бойгонии давлатии дахлдор мувофика гардида, аз тарафи рохбарият тасдик карда мешавад.
- Нобудсозии хуччатхо бояд бо коидахои зерин мувофикат кунад:
– конуни ба расмият дароварда шавад (санад оид ба нобудсози);
– эътимоднок ва махфи бошад (аз байн бурдани имконияти азнавбаркароркуни);
– гирифтани ичозати хатти барои нобудсози аз комиссияи ташхисии ташкилот;
– дар хузури комиссияи ташхиси гузаронида мешавад.
- Танхо хамон хуччатхое нобуд карда мешаванд, ки аз ташхиси мухимияти хуччат гузаштаанд ва онхое, ки мухлати нигохдориашон гузаштааст.
- Тартиби асосии нобуд сохтани хуччатхои когази аз руйи дарачаи махфият ин резакуни ё сузонидан мебошад.
- Хангоми нобуд сохтани хуччатхо берун аз худуди ташкилот интиколи онхо то чойи нобудсози тавассути наклиёти хизмати анчом дода шуда, чихати ба шахсони бегона дастраси пайдо накардан чорахои зарури андешида мешавад.
- ИСТИФОДАИ ВОСИТАХОИ ТЕХНИКИ ХАНГОМИ ТАХИЯИ ХУЧЧАТХО, КОРХОИ НУСХААФЗОи ВА САБТИ МАГНИТи
- Дар чараёни кор бо хуччатхо дар ташкилот компютерхо ва дигар воситахои техникии электрони, аз чумла аудиои ва видеои истифода бурда мешаванд. Рохбарии методии тахияи хуччатхоро бо истифодаи воситахои техники ё корманди масъули ташкилот анчом медихад.
- Нусхаафзоии хуччатхо зери назорати катъии рохбари вохиди сохтори анчом дода мешавад. Нусхаафзои намудани хуччатхои гайрихизмати ва дорои мухри махфи манъ аст.
- Мутахассиси масъули вохиди сохтории коргузори чихати хифзи маълумоти хуччатхои нусхашуда, пешгири намудани нусхаафзоии барзиёд ва гайриконуни, дастрас нагардидани нусхаи хуччатхо ба дигар шахсон, масъул мебошад.
- Сабти магнитии чорабинихое, ки дар ташкилот баргузор мегарданд, аз чониби вохиди сохтории дахлдори ташкилот анчом дода мешавад. Рамзхонии сабти чорабинихо дар мавриди зарурат бо ичозати рохбари ташкилот ба чо оварда мешавад. Сабтхои магнитии чаласахо, дигар чорабинихо бо тартибе, ки барои хуччатхои дорои мухри “Барои истифодаи хизмати” мукаррар гардидааст, нигох дошта мешаванд.
- Тартиби истифодаи компютерхо, принтерхо, сканерхо, дастраси ба захирахои муштараки иттилооти, истифодаи воситахои хифзи хуччатхо аз истифодаи гайриконуни ба таври алохида муайян карда мешавад.
- Хангоми ба кор кабул кардани корманд аз чониби корфармо, донистани махорати амалии кор бо воситахои техники санчида мешавад.
Ниг. ба Замимахои 1-8
Замимаи 1
ба Дастурамали намунавии коргузори
дар макомоти давлати, муассиса, корхона
ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон
Шакли мухри бакайдгири
Номи ташкилот
Сана
Шохис |
20 мм
50 мм
Замимаи 2
ба Дастурамали намунавии коргузори
дар макомоти давлати, муассиса, корхона
ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон
Дафтари бакайдгирии хуччатхои воридоти
№
р/т |
Санаи
воридшавии хуччат |
№ ва шохиси хуччати
воридшуда |
Ирсолкунанда | Мазмуни мухтасар | Шумораи сахифахо/замима | Амри хатти ё ба ки фиристода шудани хуччат | Мухлати ичрои хуччат | Кайд дар бораи ичро ва раками парвандае, ки хуччат ба он духта шудааст |
Замимаи 3
ба Дастурамали намунавии коргузори
дар макомоти давлати, муассиса, корхона
ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон
Дафтари бакайдгирии хуччатхои содироти ва дохили
№
р/т |
Сана ва шохиси хуччат | Ирсолкунанда | Мазмуни мухтасар | Кайд дар бораи ичрои хуччат ва раками парвандае, ки хуччат ба он духта шудааст | Шумораи сахифахо |
Замимаи 4
ба Дастурамали намунавии коргузори
дар макомоти давлати, муассиса, корхона
ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон
Руйхати хуччатхое, ки аз тарафи вохиди сохтории коргузори ба кайд
гирифта намешаванд
- Маълумот дар бораи чаласахо, машваратхо ва рузнома
- Чадвалхо, супоришномахо, дархостхо, таксимбандихо
- Накшахои таълими, барномахо (нусхахо)
- Огохномахои эълони, овезахо, барномахои машваратхо, конференсияхо
- Номахои табрикоти ва даъватномахо
- Нашрияхои чопи (китобхо, мачаллахо, варакахо)
- Намунахои хисобот омори
- Хуччатхои мухосиби.
Замимаи 5
ба Дастурамали намунавии коргузори
дар макомоти давлати, муассиса, корхона
ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон
ВАРАКАИ НАЗОРАТИ
Номи хуччат:
аз _____________________ c.20 ____
Мазмуни мухтасар
|
Сахифаи 1
Ба ______________________________________________ (номи вохиди сохтори)
_________________________________________________
Рохбари вохиди сохтории коргузори _________________________________________________
_________________________________________________
________________________________ с. 20_______ |
Мухлатхои назорат:
Сахифаи 2 (дар паси сахифаи 1)
____________________________________________________________________________________________________
Кайд дар бораи ичро
____________________________________________________________________________________________________
Рохбари вохиди сохтори ______________ “Аз назорат гирифта шуд”
“____” _____________________ с. 20 ____ ___________________________
Рохбари вохиди сохтории коргузори
“____” _____________________ с. 20 ____
Замимаи 6
ба Дастурамали намунавии коргузори
дар макомоти давлати, муассиса, корхона
ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон
Шакли фехристи парвандахои ташкилот:
Номи ташкилот Тасдик мекунам
Фехристи парвандахо барои соли________ Номи вазифаи рохбари ташкилот
имзо насаб, ном, номи падар
сана
____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
(номгуи вохиди сохтори)
Шохиси парванда | Сарлавхаи парванда
(чилдхо, кисмхо) |
Микдори парвандахо
(чилдхо, кисмхо) |
Мухлати нигохдории парванда (чилд, кисм) ва раками моддахо аз руйи Номгуй[1] | Эзох |
Номи вазифаи рохбари вохиди
сохтории коргузории ташкилот имзо насаб, ном, номи падар
сана
Манзурии мудири бойгонии идорави
(Шахси масъули бойгони)
Маъкул дониста шуд Мувофика шуд
Протоколи КТ[2] Протоколи КТТ[3]
аз______ № _____________ аз______ № _____________
Замимаи 7
ба Дастурамали намунавии коргузори
дар макомоти давлати, муассиса, корхона
ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон
Шакли кайди чамъбасти ба фехристи парвандахои ташкилот
Кайди чамъбасти оид ба гуруххо ва микдори парвандахое, ки дар соли ______ дар ташкилот ташкил карда шудаанд
Тибки мухлатхои нигохдори | Хамаги | Аз чумла | |
Гузаранда | Бо аломати КТТ | ||
доими
______________________________________________________________________________________________________
дарозмуддат (беш аз 10 сол)
______________________________________________________________________________________________________
муваккати (то 10 соли пурра)
______________________________________________________________________________________________________
ЧАМЪ:
Номи вазифаи рохбари вохиди
сохтории коргузории ташкилот имзо насаб, ном, номи падар
Сана
Маълумотхои чамъбасти ба бойгонии идорави супорида шудаанд
Номи вазифаи шахсе, ки
маълумотхоро фиристодааст имзо насаб, ном, номи падар
Сана
Замимаи 8
ба Дастурамали намунавии коргузори
дар макомоти давлати, муассиса, корхона
ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон
Руйхати парвандахои мухлати нигохдориашон доими
Тасдик мекунам
Номи вазифаи рохбари ташкилот
имзо насаб, ном, номи падар
сана
Фонд № _____________
Руйхати № ___________
парвандахои мухлати
нигохдории доими
барои соли ___________
______________________________________________________________________________________________________
(номи ташкилот ё вохиди сохтории он)
р/т | Шохиси парванда | Сарлавхаи парванда
(чилд, кисм) |
Санаи парванда
(чилд, кисм) |
Микдори варакхо дар парванда
(чилд, кисм) |
Эзох |
Ба ин фасли руйхат ____________________________________________________________ парванда
(бо ракам ва харфхо)
аз № ________то № ________________________, аз чумла:
ракамхои литери:
ракамхои партовташуда:
ворид карда шудааст.
Номи вазифаи
тартибдихандаи руйхат имзо насаб, ном, номи падар
Мудири бойгонии ташкилот имзо насаб, ном, номи падар
Бо протоколи КТ ташкилот Бо протоколи КТТ
аз__________ №__________ ташкилоти бойгони
маъкул дониста шуд. аз__________ №__________
[1] Номгуйи хуччатхои намунавие, ки дар фаъолияти макомоти хокимияти давлати, идорахо, дигар ташкилоту корхонахои давлати ва гайридавлати бо нишон додани мухлати нигохдори ташкил мешаванд, ки бояд ва набояд ба нигохдории давлати барои хуччатхои умуми ва махсус супорида шаванд, ки сардори Саридораи бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон аз 25 июли соли 2002 тасдик кардааст ё Номгуи хуччатхои дар фаъолияти ташкилотхои соха ташкилшаванда.
[2] Ниг. ба кисми 6, банди 92
[3] Ниг. ба кисми 6, банди 99