Главная / Гуногун / Китоби Табиатшиноси барои синфи 5

Китоби Табиатшиноси барои синфи 5

Табиатшиноси чиро меомузонад?

Мо хама дар мавриди дигаргунихои дар мухити мо рухдиханда таваччуху марок зохир мекунем. Барой он ки дар бораи онхо бидонем, мо хамеша чунин саволхоро пешкаш мекунем: Ки? Чи? Кай?, Дар кучо? Чи тавр ва Чаро?

Бачагон пайваста чунин саволхо медиханд: «Ана ин чи аст?»> «Ана онаш чист»? Он саволхоро «Саволборон» меноманд. Додани чунин саволхо ба дили онхо наме- занад. Таври мисол: Барой чй борон меборад? Дайвонхо чй хел хунукихои зимисто- наро паси cap мекунанд? Чаро мехи оханин занг мезанад? Чаро дар куххо акси садо меояд? Чаро руи Мох мегирад? Чи тавр бахрнавардон дар укёнус чои карор доштани худро муайян мекунанд?

Хамадонхо, алохида чамъ лтуда, саволхои барояшон чолибро барраси мекунанд. Посуххоро ба чунин пурсишхо мо метавонем дар дарсхои синфи 5 тавассути фанни «ТАБИАТШИНОСИ» пайдо намоем. Ин ном аз ду вожа иборат аст: «Табиат» ва «Ши- нохтан». Ба ибораи дигар шинохтани табиат, мачмуи донишхо доир ба табиаг аст.

Муаллифони китоби мазкур бо баробари бо харфи калон навиштани вожаи «Та­биат» мехру мухаббати хешро нисбат ба Табиат изхор менамоянд ва бовар бар он доранд, ки чунин эхсосот ба хамаи хонандагон интикол меёбад.

Табиат чист? Ин хамаи он чизест, ки моро ихота мекунад: хаво, об, Замин, ода­мон, растани, хайвонот, сайёрахо, Офтоб, дигар ситорагон ва гайра. Табиатро мо хамчунин одами мухит низ меномем.

Донишхои нахустинро дар бораи Табиат Шумо дар дарсхои ««Табиатшиносй»- хангоми тахсил дар синфхои 1-4 гирифтаед. Вале донишхои махсусро дар бораи Та­биат Шумо дар синфхои болой, дар дарсхои биология, астрономия, физика, химия ва география фаро хохед гирифт .

«Табатшиносй» бояд бароятон дар фаро гирифтани донишхо рочеъ ба Табиат, ки инсоният чамъ овардааст, дар мавриди он ки бидонед: Чй тавр мо олами зистро хис мекунем, мебинем ва мешунавем; дар бора олами чинсхо ва моддахо, дар бораи ходисахои табии ва дигаргунихое,ки дар атрофи мо рух медиханд; дар бораи он ки чаро дар сайёраи Замин хаёт хаст, кумак хохад кард.

Одамон донишхоро дар бораи Табиат батадрич чамъ овардаанд. Ниёгони мо танхо ба чизхое, ки барои зиндагй заруру мухим мебошанд, марок зохир кардаанд. Табиат бошад ба одамон гизо, либос, чойи зист медихад. Одамон асрори табиатро дониста, ёд гирифтанд:

  • на танхо растанихои табиати вахширо истифода баранд, балки аз онхо навъхои нави растаниро ба даст оваранд;.
  • хайвонхои вахширо ба дустони вафододору содики хеш – хайвоноти хонагй (ахли) табдил диханд;
  • канданихои фоиданокро истихроч ва коркард намоянд;
  • аз руи гардиши ситорахо дар хушкиву бахрхо самт ёбанд;
  • аз энергияи бод (шамол), обу буг, барк ва шуъои офтоб истифода намоянд;

Инсон дигаргунихои табиатро мушохида намуда, доир ба ин хама огох гашт. Мушохидахо, хамчунин одамонро ба он бовар кунониданд, ки бисёр ходисахои Табиат яке ба дигар вобастаанд, зеро ки онхо яке аз пайи дигар ба вукуъ мепай- ванданд. Дар натича имкон пайдо гашт, то баъзе аз ходисахои Табиатро пешгуй на­моянд. Таври мисол, гирифтани руи Офтоб ва Мох,. Одамон кушидаанд, то чунин ходисахоро шарх бидиханд. Бад-ин тартиб тадричан донишхои илмй пайдо ва чамъ шудаанд. Шумо, толибилмони азиз, метавонед китобхои илмиву оммавй, мачаллахо, комусномахо, фархангу лугатномахо, харитахои осмони ситорадор, модели асбобхои гуногун, аксхоро омухта, таври муфассал дар бораи онхо дониста бошед.

Дусти наврас! Ту бояд мушохида кардан ба дигаргунихои олами моро ихотакунандаро ёд бигирй ва сабабхои cap задани онхоро пайдо намой.

Мушохида кардан ба Табиатро ва хулоса баровардан аз дидахоятро биёмуз. Дар руз ба давомнокии руз, самти шамол, харорати хаво, дар вакти нимаруз ба дарозии сояи симчуб назора кун! Натичахои мушохидахоятро дар муддати 2-3 мох мукоиса кун ва дар мавриди робитаи мутакобилаи дарознокии руз ва харорати хаво дар вакти нимаруз хулоса барор.

Чунин мушохидахо ба одамон имконият доданд, то иваз шудани фаслхои сол, дигаргунихои муваккатиро дар мисоли зиндагии растанихр ва хайвонот шарх диханд. Донишхо дар бораи табиат ба хама одамон зарур мебошанд. Онхо имконияти онро фарохам месозанд, то одамон аз хама сарватхои Табиат эхтиёткорона истифода баранд, бо амалхои ношоистаи хеш ба он зарар нарасонанд.

Табиатро дуст дор ва эхтиром намо ва ту хама чизи дилхохатро комилан ба даст меоварй.

МУНДАРИЧА

Боби I. Табиат ва роххои дарки он

Маводхо бароихониши иловаги………………………………. 10

Маводхо бароихониши иловагй……………………………………. 29

Боби II. Олами ашё ва чисмхо

Маводхо бароихониши иловагй………………………………….. 62

Боби III. Ходисахои табий

Маводхои барои хониши иловагй………………………………… 67

Маводхо барои хониши иловагй……………………………………. 92

Боби IV. Мо дар сайёраи Зам ин зиндагй мекунем.

Маводхо барои хониши иловагй…………………………………………………. 146

Намунахои супоришхои тестй оид ба табиатшиносй……………… 152

Тавсияхо барои толибилмон оид ба санчиш ва бахогузории донишхояшон     154

Дар нашриёти «Билим-компютер» тахия шудааст.
720031, ш. Бишкек, куч. С. Иброимов, 24

Дар Мачмуаи нашриётй-политрафии «Принт Экспресс» аз чоп баромадааст.
ш. Бишкек, куч. Профсоюзная, 49

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …