Главная / Гуногун / Китоби Рудаки

Китоби Рудаки

Макоми волои шеър, хунари офарандаги ва хизматхои бузурги адабии Устод Рудакиро бисёр шоъирони карнхои чахорум то дахуми хичри (асрхои X-—XVI мелоди)-и форсигуй (Шахиди Балхи, Дакики, Маъруфии Балхи, Кисоии Марвази, Унсури, Рашидии Самарканди, Манучехри, Носири Хусрав, Адиб Собири Тирмизи Муиззи, Масъуди Саъди Салмон, Ибни Ямин, Чоми ва дигарон), тазкиранависон ва таърихнигорони асрхои XI—XX мелоди (Хамдуллохи Казвини,  Низомии Арузии Самарканди, Саолаби, Мухаммад Авфи, Давлатшохи Самарканди, Амин Ахмади Рози, Гуломалихони Орзу, Озари Бегдили, Ризокулихони Хидоят), пажухишгарони дусад соли ахири Гарбу Шарк ва мутахассисини муосири точику форс (А. Журден, Х. Эте, Ж. Дармстетер, Ч.Пикеринг, П. Хорн, Э. Броун, В. Чексон, Шиблии Нуъмони, Ризозода Шафак, Садриддин Айни, Саъид Нафиси, Бадеъуззамони Фирузонфар, Бобочон Гафуров, Абдулгани Мирзоев ва садхои дигар), ки факат зикри номи онхо чандин варакро пур мекунад, эътироф намудаанд. Хамаи онхо, чунон ки борхо ишора шуд, Устод Рудакиро чун номитарин, барумандтарин, кухантарин ва мухтарамтарин шоъири форсибаён эътироф намуда, чун Одамушшуъаро, Султонушшуъаро, корвонсолори шоъирон, мукаддами шоъирон, султони шоъирон, сохибкирони шоъири, устоди устодон ва монанди ин васфу ситойиш намудаанд. Гуфтори уро некутару бехтар аз хамагон шинохта, Устодро суханвари некушеър гуфтаанд, ки хулосаи хамаи ин хамон гуфтаи Балъамист, ки дар олами адаб машхур аст: «Рудакиро дар Арабу Ачам монанд нест».

Шахиди Балхи хатто сухани Устод Рудакиро мисли оятхои «Куръон» нотакрору муъчизави мешуморад:

Ба сухан монад шеъри шуъаро,

Рудакиро  суханаш   тилви   Нубост!

Шоъиронро хаху ахсант мадех,

Рудакиро хаху ахсант хичост!

Бисёр шоъирони дигар санову мадехи Устод Рудакиро аз наъими човидоние мешуморанд, ки аз Оли Сомон боки мондааст ва, хатто, бархе Рудакиро чун устоди шоъирони чахон медонанд, ки байти Кисоии Марвази намунаи он аст:

Рудаки устоди шоъирони чахон буд,

Садяк аз у туйи, Кисойи, яргист?!

Низомии Арузии Самарканди ба дабирон тавсия медихад, ки барои сайкал додан ва мукаммал гардонидани хунари нигорандагии худ, баробари китобхои дигар, шеъри Устод Рудакиро бояд бидонанд, ки ин ба арзиши бузурги гуфтори Устод Рудаки койил будани суханпардозонро ифода мекунад ва дар ин хусус дигар далеле овардан басанда аст.

Пажухишгарони Гарб Устод Рудакиро аз тавонотарин шуъарои Эрон, касе, ки бо чулуси Сомониён шеъри форсии дариро ба тахт нишонд, устоди бемонанд, номитарин шоъири давраи Сомониён, гуяндае, ки тамоми анвоъи шеъри форсиро ба мунтахои камол расонида, нагмасарои бомдод шинохтаву эътироф кардаанд.189

«Хулоса, ин аст — менависад Абдулгани Мирзоев, — сирри ба лакабхои эхтироми ва ифтихории Одамушшуъаро, Сохибкирони шоъири, Султонушшуъаро, Корвонсолори шоъирон ва амсоли он сазовор гардидани ин хайкали бузурги назм ва ин аст сабаби асосии ба эхтиромоти беандозаи дустдорони адабиёт, халкхои хамсоя, форсизабонон, махсусан точикон ва умуман чомеъаи совети сохиб гардидани Абуабдуллохи Рудаки ва човидон мондани номи у».190

Аз ин ру, марги устод дар вакташ барои фарханги мо ва аз байн рафтани он барои инсоният талафоти азиме ба шумор мерафт. Аз хамин чихат, шоъире аз муосирони устод гуфта буд:

Рудаки рафту монд хикмати уй,

Май бирезад, нарезад аз вай буй!

Шоъират ку кунун, ки шоъир рафт,

Набувад низ човидона чун уй!

Хун гашт оби чашмам аз гами вай,

3-андухаш мум гашт охану руй!

Нолаи  ман  нигар,  шигифт мадор,

Шав, бишав, зор-зор нол бар уй!

Чанд чуйи, чу у наёби боз,

Аз чун у дар замона даст бишуй!

Хамаи ин гуфтахо бурхони онанд, ки донишмандони олам дар тамоми асру замонхои 1100 соли баъдина, ки аз даврони зиндагии Устод Рудаки сипари шудааст, асосгузор ва падари адабиёти форсии точики буданашро эътироф кардаанд.

Пас, макоми хосаи таърихии Рудаки чун асосгузори назми точику форс дар чист?

Барои муайян кардани макоми таърихии Абуабдуллохи Рудаки, пеш аз хама, ба чунин савол чавоб додан лозим аст: Хунари шоъирии Рудаки ва сирри махбубияти осори у дар чист? Чавоби кутохи ин савол _____________________________

  1. А. Мирзоев. Абуабдулло Рудаки, сах. 235-240.
  2. А. Мирзоев. Хамон чо, сах. 252.

чунин аст: Рудаки дар таърихи халки точик аввалин устоди сухан аст, ки тачрибахо ва муваффакиятхои гузаштагони худро дар сохаи адабиёти точик чамъбаст ва нуксону сустихои онро рафъ намуда, адабиёти точик-халки худро аз чихати мазмун, гоя ва шакл ба низом даровард ва рохи минбаъдаи пешрафту такомулу инкишофи онро муайян намуд. Мувофики таъбири рудакишиноси машхури Франция Дармстетер, устод шеъри форси-дарии точикиро аз чихати бузурги ба тахт нишонд ва рохи тараккиёти ояндаи онро муайян кард. Бо ин хизмати худ Рудаки нуфузи назми арабро дар хоки Сомониён ба дарачаи нести расонда, истиклоли адабии халки худро амали гардонд. Бар замми ин, у ба точики чунон шеърхо офарид, ки сухансанчони араб фасохат ва балогати онхоро эътироф кардаанд.

Бархак, Устод Абуабдуллохи Рудаки, кабл аз хама, бо мероси фавкулода фаровон ва бузурги худ адабиёти моро гани гардонд. У аз шоъирони пуркор ва пурмахсултарини дунё буд, ки хануз дар кудаки саводи комил бароварда, аз хаштсолаги шеърхои пурмаъно мегуфт. Аз ибтидо мардум шеърхои уро меписандиданд. Махз хамин таваччухи гарми халк дили Рудакиро ба гуфтани шеър гарм мекард. Мухаммади Авфи дар «Лубоб-ул-албоб» дар кудаки зохир шудани истеъдоди Рудакиро таъкид намуда, хабар медихад: «Чунон заки ва тезфахм буд, ки дар хаштсолаги Куръон тамом хифз кард ва кироат биёмухт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дакик мегуфт, чунон ки халк бар вай икбол намуданду рагбати у зиёдат шуд». 191

Илова ба ин, Рудаки чунон истеъдоди бузурге дошт, ки асархои калонеро дар муддати кутохе эчод мекард. Масалан, у соли 932 бо хохиши дусташ Балъами «Калилаву Димна»-ро дар 12 хазор байт ба назм даровард. Баъди ин достони «Синдбоднома»-ро навишт, ки аз он 41 байт боки мондааст. Соли 933 касидаи «Модари май»-ро дар чанд руз гуфт, ки дар шакли бокимондааш аз 94 байт иборат аст.

Хамин тарик, эчодиёти Рудаки кариб 75 сол, яъне аз хашгсолаги то 83-солагии у давом кардааст. Сохиби девони бузурги ашъори лирики будани у аник аст. Бар замми «Калилаву Димна» ва «Синбоднома» Устод Рудаки чандин маснавии дигар доштааст. Яке аз онхо «Даврони Офтоб» аст, ки рочеъ ба харакат ва хосиятхои тахрики офтоб бахс мекунад. Хамаи ин гувохи он аст, ки Рудаки, бешубха, аз шоъирони нихоят пурмахсул будааст. Бар замми ин, ба Рудаки таълифи лугати манзуми араби-форсиеро нисбат медиханд, ки ин байт, гуё, аз он чост:

Заръу зиръ аз бахор шуд чу бихишт,

Заръ кишт асту зиръ гушаи кишт.

Бисёр асархои таърихи ва тазкирахо хабар медиханд, ки Рудаки шеъри арабиро низ хуб мегуфтааст.

  1. Мухаммади Авфи. Лубоб-ул-албоб. Ба кушиши Э.  Броун , Лейдан, 1903, ч. 2, сах. 6.

Бинобар хамин, шахсияти фавкулъода, эчодиёти гани ва афкори хакимонаи Устод Рудаки дар тамоми асру замонхои баъди даргузашти у мавриди бахси мухаккикон ва чадали мубохисон буда, дар сарчашмахои адабию таърихи ва осори шуъарои гуногун у чун устоди устодони шеъри дари муаррифи мешавад.

Масоили рочеъ ба Рудаки, ки бештар боиси бахсу баррасии фузало гардидааст, аз инхо иборат аст: лакаби Рудаки чи будааст, ватани у кучост, вачхи тахаллуси у чист? Оё Рудаки кури модарзод буд, микдори ашъори Рудаки чи кадар буд, у ба кадом намудхои назм шеър мегуфт? Вазъи зиндагии у чи ранг дошт, нуфузи вай дар замонаш чи навъ буд, кудрати шеъргуйии вай чи микдор буд ва гайра. Бояд хотирнишон кард, ки ба ин пурсишхо хануз посухи пурра дода нашудааст ва бисёр  суханоне, ки дар ин борахо то кунун гуфта шудаанд, катъи ва охирин нестанд.

Устод Рудаки на факат шаклу анвоъи назми моро ба хадди такомул расонд, балки бо эчодиёти гани, пурсарват, гаронбахо ва нотакрори худ ба сабки хуросони ибтидо гузошт. Латофату барчастагии шеъри Рудаки, баробари мазмуни баланду санъати оли, дар тозагии забону суфтагиву пухтагии он хувайдо мегардад. Рудаки на ба забони кухнашудаи шоъири карни IX майл мекунад, на дар осораш калимаву иборахои арабиро зиёд кор мефармояд ва на ба лахчаи махалли шеър менависад. Вай нахустин суханварест, ки забони адабии точикиро дар шеъри бисёр мавзуни сода ва хамафахм кор мефармояд. Дар осори у хам калимахои касбу хунару дехкони ва хам калимахое, ки мафхумхои илми, таърихи ва зебоиро ифода мекунанд, дар ягонаги кор фармуда шудаанд.

Дар осори Рудаки парниён ва паранду дебо, анбару ёсуман, обу хоб, хандаву гиря, досу полик, «Аржанг»-у «Авасто», кишту дарав, хурдану ошомидан ва гайра хама баробар буда, яке ба дигаре имтиёз надорад. Вай ба ин васила дар такомулу инкишофи забони адабии точики хизмати бузургеро анчом додааст. Забони осораш забони ширадору зебову зиндаи тамоми табакахои мардум мебошад, ки аз лихози лугат, таъбирхои халки, иборахои рехта, истифодаи маколу зарбулмасалхо нихоят пурмоя ва рангин аст.

Устод Рудаки бо хизмат ва макоми таърихии худ аз худуди маданияти халки точик берун мебарояд. Вай на танхо асоси адабиёти форсу точикро гузошт, балки бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард. Аз ин чихат, уро эрониён, афгонхо ва дигарон бархак поягузори адабиёти худ мешиносанд ва азизу мухтарамаш медоранд. Абдурахмони Чоми дуруст мефармояд:

Номи онро, ки мебаранд имруз,

Хаст аз он шеъри анчуманафруз! 

Асрори Рахмонфар 

АЪЛОХОН  АФСАХЗОД  ВА  ШИНОХТИ  РУДАКИ      

         Точи  шарафу  ифтихори  мардуми  ориёнажоди, точдор, асосгузори  адабиёти  бостонии форсизабонони чахон, падару поягузори шеъри оламшумули  точик, Одамушшуъарои мулки  Ачам, султони шоъирони дарибаён, кофиласолори назми форси ва мукаддаму мукаддимаи шуъарои форсилисон эътироф шудан, бештару пештар аз хар шоъири дигаре  махбуби хонадон ва макбули хонандагони адабиёти классики форсии точики будани Устод Абуабдуллохи Рудаки, дар назари аввал, шояд имкону ихмол дода бошад, ки бархе  нуктахои торику укдахои борики чараёни зиндаги, тахдобу мухтавои мероси бокимонда ва дигар мушкилаву масъалахои рузгору осори уро битамом омухтаву баррасишуда ва тахкику тадкикёфта ба тасвиру  тасаввур оваранд.

         Аммо, дар асл, бо вучуди маълумоти фаровони даххо сарчашмаи хатти ва садхо тадкикоти илми, то хануз бисёре аз мушкилаву  муаммохои хаёту эчодиёти Падари шеъри форси, монанди чалби тамоми сарчашмахои махфуз дар осорхонаву кутубхонахои мамолики араб, Хиндустону Покистон, Исроилу Мугулистон ва гайра, тахкики  густардаи  дастовардахои илму фарханги даврони Рудаки, макоми росиху ростини у дар нахзати озодихохони замон, накди ашъори мачъулу машкуку «сайёр», баррасии махорати бузурги сухангустари, таъйини фаровези мактабу сабки хосаи эчоди, тахияи матни комили мероси бокимонда ва, нихоят, огози нашри «Энсиклопедияи Рудаки», номакшуфу нокушуда ва нотамому ноичро боки мемонанд.

         Бад-ин маъни, саъйе дар омузиши рузгору сайре дар пажухиши осори Устод Рудаки варзидан ва худро дар ин чодаи душворгузари илми хамкатору хамчавори  бузургсоликоне чун Херман Эте, Устод Айни, Саъид Нафиси, Денисон Росс, Абдулгани Мирзоев, Павл Хорн, Шарифчон Хусейнзода, Абдусалом Дехоти, Михаил  Занд, Сотим Улугзода, Иосиф  Брагинский, Абдурахмон Тохирчонов, Холик Мирзозода, Расул Ходизода ва дигарон гуморидан аз хар касе часорати азиму шучоъати  салим такозо мекунад.

         Пас, кадом омилхо сабабгори мунтазаму кадам ба кадам ворид омадани профессор Аълохон Афсахзод (1935 – 1999) ба ин вохаи вахим  ва дар имтидоди 35 – 40  соли фаъолияти эчоди, то охирин айёми бархаёти, худро саргарми машгулияти  мушкилписанди  Рудакишиноси доштани у гардидаанд?

         Аввалан, Аълохон Афсахзод, монанди хар точикзодаи дигари мактабхон, ба сифати талабаи мактаби  миёнаи хамагонии шурави ва донишчуйи  шуъбаи филологияи точики  факултаи  таъриху филологияи донишгохи  милли,  ки  дар  хар   дуи  ин  махрута таълиму тадриси таърихи адабиёти форсии точики ва дигар  фунуни хамзоду хамгун хатми буду хаст, наметавонист аз омузиши каринахои мухити зиндаги ва  хазинахои чараёни хаёту  эчодиёти Устод Рудаки, дар баробари дигар устодони адабиёти классикии милли, барканор бимонад.

         Сониян, аз сабаби он ки мавсуф аз ибтидои солхои шастуми асри гузашта, баъди  хатми  донишгох, ба хайси корманди Шуъбаи  шаркшиноси ва мероси хатти (баъдхо Институти шаркшиноси ва мероси хатти)-и АИ ЧТ расман  ба омузишу пажухиш ва тахияи матни осори классикони адабиёти точик, махсусан Абдурахмони Чоми, муваззаф гардида буд, хоху нохох, наметавонист кореву ибтикореро бе шинохту корбурди осору афкори  Рудаки ба сомон расонад.

         Солисан, омилу имтиёзи ногузири дигаре – ба  хусни козии  такдир бевосита дар инхисори зодгохи кучаки Устод Рудаки, дар саргахи шохоби рости рудхонаи Рудак ба дунё омадани Аълохон Афсахзод ва дар мухити растохези илмиву адабии солхои панчохуму шастуми садаи гузаштаи  шахри бостонии Панчакат, ки  мудомаш боди фарханги  суннатии Самарканду Бухоро ба димог мерасад,  хусни  камолу  чамоли инсони пазируфтани Аълохон Афсахзод ангезаи нахустини пештару бештар аз дигар хамсолон огохи пайдо карданаш аз ному макоми сухансарои панчруди гардидааст.

         Бале, мухити созгори зиндагиву тарбияти сазовори хонаводаги мусоядат намудаанд, ки Аълохон Афсахзод хануз аз ибтидои солхои панчохум, аз овони хонандаи  синфи хаштум – дахум (1951 – 1954), чавони 16–19-солае буданаш, огози каламфарсойи намуда, дар мавзуъхои доги хаёти  ичтимои – фархангии  зодгохаш хабару лавхахо нависад, дар маркази нохияву чумхури ба табъашон расонад ва худро бармахал ба фаъолиятмандии  часуронаи  илми – ичтимоъии пасин омода бисозад.

         Ба «Осорномаи  Аълохон Афсахзод» (Душанбе, «Давиштач», 2005), ки холо дар  ихтиёрамон карор дорад, санадчуёна назар андозем, ба хуби аён мегардад, ки  мавсуф  аз овони мактабхони дар мавзуъхои гуногуни зиндагиву  чомиъа хомарони кунад хам, асоси  диккату рагбаташро масоъили фархангу  маданият, албатта, аз дидгоху дилхохи хамон чавону  хамон замон,  ташкил додаанд. Аз чумла, дар миёни солхои 1952 – 1956,  то рузхои донишчуйи мактаби оли шуданаш, бо номи  «Выставка»  (таассурот  аз намойиши мусавварахои талабагон), «Обаш   хунук»  ( дар   бораи   хаммоми   шахри),  «Чойи   дустдоштаи  мехнатка-                                      

шон»  (оид ба китобхонаи шахри),  «Тайёрии хонандагон» (ба Иди  Якуми Май),  «Выставка  оид   ба накшакаши», «Экскурсияи  шавковар», «Ин роххо кай дуруст мешаванд?», «Сафи  комсомол меафзояд», «Баччагони хушбахт», «Барои номаи камол», «Баромади хаваскорони  чавон», «Хизматрасони   бехтар  карда  шавад!»  ва  г.  чандин  ахбору  дархост интишор медихад, ки  то кучохо чуёву пуё будани чавони хомакашро равшан мегардонанд.

         Дар давоми солхои донишчуйи (1956 – 1961), табиъист, ки пахнои чуйишу пуйиш ва дидаву навиштахои Аълохон Афсахзод густардатар мегардад, аз зинаи мактаби миёна то донишгохи оли кадаме пеш рафтанаш, аз сода ба мураккабтар наздик омаданаш, донишу  малакаи бештару васеътари касби (филологи) пайдо намуданаш аёнтар зухур мекунад. Чунончи, дар ин мархалаи  кутохи такдирсозу рахнамо пайихам чандин офаридаи  шогирдона, вале  пухтаву суфтаи илми – оммавии  мавсуф – «Аз се бахр гузашта…»  (хамрохи Х.Шарифов; таассурот аз  тамошои кинофилми «Аз се бахр убур карда…»), «Хамеша дар бахри хаёт» (аз рузгори донишчуёни донишгох), «Гогол ва хонандаи точик» (хамрохи Ч.Азизкулов), «Баъзе  хусусиятхои лугати «Чароги хидоят», «Чавонии  республикаро дидем» (таассурот аз тамошои филми  бадеъии  «Одам  пусташро дигар мекунад), «Сатрхои мухаббат» (дар бораи ашъори Розия Озод), «Ба мактабхо рафтанд» (дар хусуси тачрибаомузии донишчуён), «Нависандаи хакикатнигор» (оид ба хаёту навиштачоти нависандаи бузурги хинд Премчанд), «Фарзанди комсомол» (хамрохи Г.Чураев; аз  рузгори собикадори комсомол Ахмадчон Исмоилов), «Пандхои пири хирад» (хамрохи М.Хочаев; оид ба панду хикматхои Ахмади Дониш), «Ичоранишин» (таассурот аз тамошои намойишномаи  хамноми театрии Файзулло Ансори), «Байраки Кова» (андешахо дар хусуси филми бадеъии «Байраки охангар»), «Шоъири муътабари мо» (портрети эчодии Мухаммадчон Рахими) ва г. дар маркази чумхури ба табъ мерасанд, ки нигохи чиддитару доманадортари  олимона ва талоши босамари чавоне навомузу  навпардозро тачассум  менамоянд, азми минбаъд аз  кадом шохаву пайрахахои эчоди кадам заданашро муъайянтар месозанд.

         Нихоят,  дар хамон айём, аниктараш, дар охирхои   соли 1959, дар баробари  навиштахои дигараш, ду хабарномаи муфассал – «Ёдгорихои хазорсола» (журнали «Машъал», 1959, №9, сах. 2 – 3) ва «Ганчинаи  маданияти точик» (журнали «Занони Точикистон», 1959, №11, сах.12 – 13)-и у мунташир мегарданд, ки дар хусуси дастовардахои хафриёти бостоншиносии Панчакати Кадим ва дороихои Музейи  навтаъсиси  чумхуриявии таърихи – кишваршиносии ба номи Абуабдуллохи Рудаки сухан  ронда, нахустин  иртиботу  мулокоти  равониву маънавии уро бо зодгохи бостониву падаркалони чахониаш таъмину такдим  медоранд.

Ана, аз хамон давра, Аълохон Афсахзод барои дидану шинохтани Устод Рудаки ва мухити зисту эчодаш барои худ равзанаи кучаке кушода, охиста – охиста, зина ба зина, вале пайваставу эътикодмандона ва самарабахшу хадафгирона вусъаташ мебахшад.

Аълохон Афсахзод минбаъд, аз соли 1961 (корманди  илмии Институти шаркшиноси ва мероси хатти шудан)  то 1999 (соли фавти нобахангомаш),   дар   сохахои   мухталифи  филологияи точик чирадасту мумтоз шуда бошад хам, лахзае шугли шинохтану шиносонидан ва омухтану омузонидани  Устод Рудакиро фаро нагузоридааст ва дар хар мавриду  мавкеъи муносиб руй бар он овардааст.

         Чунончи, соли 1971 «Шархи холи Рудаки дар «Бахористон»- и Чоми»,  соли 1974 «Бахсе, ки давом дорад», соли 1976 «Манбаъи пурбахо оид ба водии Зарафшон», соли 1978 «Бахсхо оид ба Рудаки дар асри XV», соли 1983 «Сохибкирони шоъири» ва соли 1986  «Рудаки» ном маколахояшро пешкаши хамагон медорад, ки мавзуъи бахсашон аз унвонашон хувайдост.

         Хамчунин, солхои 1987 ва 2001  «Адабиёти точик. Китоби  дарси барои талабагони  синфи 8» ва солхои 1988, 1991, 2003 «Адабиёти точик. Китоби дарси барои талабагони синфи 9» дар таълифи Аълохон Афсахзод  аз чоп баромаданд, ки бо маълумоти муфассал  дар боби Устод Рудакиву мухити зисти у хусни  огоз  ёфтанашон амре табиъист.

         Асару маколаву такризномахои «Сахми олими намоёни точик» (хамрохи Н.Маъсуми ва дигарон, 1972), «Мизони сухан» (1972), «Дуст ва  сабакомуз» (1975), «Дарахти борвар» (1981), «Академик  Абдулгани Мирзоев» (1985) ва «Марди фарзона» (1988) дар хусуси  навиштаву  комёбихои Рудакишиносоне чун А.Мирзоев, И.С.Брагинский, Х.Мирзозода, Р.Ходизода сухан ронда, «Махаки истеъдод» (1973) оид ба драмаи  «Рудаки»-и Сотим Улугзода ва «Бобочон Гафуров ва пажухиши Рудаки» (1997, 1999) дар боби дастовардахои ховаршиноси номи дар сохаи шинохти Рудаки маълумоти муфассал медиханд.

         Аълохон Афсахзод соли 1970 котиби илмии Анчумани «Солонаи Рудаки» интихоб гардида, дар баргузории чаласахои анчуман дар шахрхои Душанбе, Хучанд,  Кулоб, Панчакат хиссаи сазовор гузоридааст ва як даста маърузахои муфиду мухимми Рудакишиносонро чамъ овардаву бо тахриру такмили даркори соли 1978 дар мачмуъаи «Ёдбуди Устод Рудаки» дар дастраси умум карор додааст, ки сахми дигаре дар таргиби ному каломи шоъири бузургвор мебошад.

         Аълохон Афсахзод соли 1984 дар шахри Боку (хамрохи адабиётшиноси точик Мирзо Муллоахмадов) ба  забони озари «Нафаси гарм. Аз  Рудаки  то   Лоик»   ном  тазкираи  намунахои  шеъри  точики, соли 1986 дар Душанбе асари  нодири таърихи–этнографии  Абдурахмони  Мустачир  «Рузномаи  сафари Искандаркул»-ро, ки дар хусуси зодгохи Рудаки маълумоти нотакроре медихад, мунташир сохта, дар имтидоди тамоми фаъолияти эчоди дар чавхари бисёр асару маколахои дигари судманди худ, аз чумлаи «Давлатшохи Самарканди ва тазкираи  у»   (1974),  «Калила  ва   Димна»   (1981),  «Назира»   (1984), «Панднома» (1984), «Адабиёти дарбори» (1988), «Адабиёти дидактики» (1988), «Адабиёти классики» (1988), «Адабиёти форс – точик» (1988), «Андарз» (1988),  «Андарзнома»  (1988), «Китобхонаи Сомониён» (1989), «Мирзоев Абдулгани Мухаммадович» (1989), «Фирдавси ва суннати андарзофарини» (1994, 1995) ва г. хатман маводу мадракеро аз осори Рудаки ба кор бурдаву ягон лахза ва ё чанбаи рузгору офаридахои шоъирро равшану мукаммалтар гардонидааст, ки самти дигари саргармихои Рудакишиносии уро нишон медиханд.

         Нихоят, соли 2003 дар нашриёти «Адиб»-и шахри Душанбе рисолаи муфассалу мудаллали устод Афсахзод «Одамушшуъаро Рудаки» (дар хачми 304 сахифа) аз чоп  баромад, ки аз чихати хронолияи таълиф охирин асари бузургхачми мархум буда, матнашро худи устод пеш аз фавташон барои нашр омода сохта буданд, ки накду баррасии киёсии он бахси  чиддии алохидаеро  такозо мекунад.

         Алхол хамин кадар афзудан кофист, ки устод Аълохон Афсахзод бо фарчоми кору  чусторхои захматписанди мавсуф ва таълифи рисолаи фарогири мазкур мархалаи навбатии Рудакишиносии чахониро чамъбаст намуда, барои рушду давоми мархалаи навини он рах кушодааст ва бад-ин васила ба занчири заррини рисолаву маколахои мутаъаддиди худ як халкаи дигари рангин, вале асосиву бунёдиро зам намуда,  дигарбора хостаасту тавонистааст  исбот кунад, ки бархак «Устод Рудакиро муосиронаш ва  суханварони баъдина зери унвонхои ифтихории кофиласолори назми форси, сохибкирони шоъири, устоди шоъирони чахон, султони шоъирон, одамушшуъаро, мукаддамушшуъаро, мукаддимаи шуъаро ва амсоли инхо ёд мекунанд. Ин, аслан, эътирофи умум аст, ки имруз Устод Рудакиро сардафтар ва асосгузори адабиёти форсу точик меномем. Гурухе  гумон мекунанд, ки асосгузор ва сардафтари адабиёт будани Устод Рудаки, гуё, маънои онро дорад, ки вай бояд нахустин касе бошад, ки аввалин бор ба точики шеър гуфтааст. Ин акида дар давоми 800 соли ахир пайваста  такрор шудааст, ки фикри сахех нест, зеро кабл аз Устод Рудаки хам шеъру адабиёти точик вучуд дошт. Асосгузор  ва сардафтари адабиёт будан аслан маънии кабл  аз дигарон асар навиштанро надорад. Устод Рудаки бо хидматхои бузургаш ба ин макоми шойистаи таърихи сохиб шудааст, ки ин рисола (– «Одамушшуъаро Рудаки»- А.Р.) барои равшан кардани баъзе чихатхои он навишта гардид». 

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …