Китоби дарсие, ки шумо аз он истифода мебаред, «Биологияи умуми» ном дошта, маълумотхои заруриро оид ба конунхои умумии илми хаётшиноси (биология) дар бар гирифтааст. Шумо бо онхо дар синфхои поёни шинос шудаед.
Тавре ки ба шумо маълум аст, биология илми мураккаб буда, бисёр масоили он то имруз халли мушаххаси худро наёфтаанд. Масалан, масъалаи худи хаёт чи тавр, кай ва дар кучо пайдо шудааст аз замонхои кадим мавзуи бахсу мунозираи олимон буда, холо низ идома дорад.
Тавассути ин китоб шумо мухтасаран ба масъалаи пайдоиши хаёт ва пахншавии он дар кураи замин, алокаманди ва тафоввути табиати зинда ва гайризинда, пайдоиши системаи сайёрахо, моддахои органики, аз чумла сафеда, хучайра, пайдоиши мавчудоти якхучайра ва серхучайра ва билохира, ба муаммои пайдоиши одам ва мавкеи он дар табиати зинда шинос хохед шуд.
Биологияи умуми нисбат ба дигар фанхои биологие, ки дар синфхои поёни омухтаед, кадре душвортар аст, зеро он асосан фанни назарияви буда, дастовардхои илмии хамаи сохахои биологияро тахлил ва чамъбаст мекунад. Бо онхо дар бобхои алохидаи китоб шинос хохед шуд. Дар хотимаи хар мавзуъ барои такрор ва тафтиши дониши хонандагон саволхо оварда шудаанд. Гирифтани китоб (Скачат)
Баъди омухтани мавзуъхо ба истилохоти дахлдор шинос мегардед. Барои бехтар омухтани китоб ба мундаричаи он диккати чидди дихед, то ки тавассути он шумо мавзуъ ва сахифахои даркориро пайдо карда тавонед.
Китобро тоза нигох доред, варакхояшро надарронед ва кат накунед. Дар байни сахифахои китоб калам, дафтар ва дигар ашёро нагузоред, аз матни мавзуъхо ва расмхои он эхтиёткорона истифода баред, зеро ин китоб солхои оянда ба рафик ё додару хохарчаатон низ лозим мешавад.
Китобро гурухи муаллифон навиштаанд. Мукаддима ва бобхои III ба дотсент Махмадзиёев А.М., бобхои III-IV ба дотсент Тошев А.С. ва бобхои V-IX ба дотсент Савлатов С.Х. тааллук доранд.
Аз сабаби хусусияти умуми доштани бисёр конунхои биологи мо тагйир додани расмхоро аз руи максад нашуморидем. Расмхо аз руи китобхои ба забони руси нашршуда, ки дар барномаи таълимии биологияи умуми нишон дода шудаанд, истифода гаштанд.
Дар китоб аз руи имконият ва ба мавзуъхо дахлдошта аз дастовардхои илмии олимони ватани маълумот оварда шудааст.