Главная / Гуногун / Китоби Асосхои маърифати Исломи

Китоби Асосхои маърифати Исломи

 

Хонандагони гироми! Мо ин китобро “Асосхои маърифати исломи” ном гузоштаем. Мазмуну мундарича ва мухтавои он аз даъват ба имон ва ибодати Парвардигор иборат аст. Дар хакикат беимони, чохили, гумрохи ва гунохкори чун торикии дашатангез ва беморие мебошанд, ки рахои ва табобати онхо дер даст дода, ба инсон дар дарк намудани хакикати дин ва воеъияти атроф хамеша халал мерасонанд. Мадади ин китоб ба хонандагон додани маърифатест, ки тавассути он битавонанд аз ин торики ва маризи рахои ёфта, ба куллахои нурбори имон бирасанд.

Одами аз дин ноогаху бехабар ва ба Холики азали бовари надошта, низ бисёр чизхоеро мебинад, ки онхоро кабул надорад, вале намедонад, ки чи гуна ин чизхоро тагир дихад ва бо тадрич ба онхо созиш ва одат намуда, худ ба корхои номакбул даст мезанад. Барои чунин одам майхораги ва дигар одатхои бад як рафтори мукаррари гашта, бо ин муносибати беэхтиромонаи худ нисбати атрофиён, зану фарзандон кам диккат медихад. Барои чунин одам ранчонидан ва хатто тахкири волидайн кори мушкил нест. Суханони кабех ва фахш барои ин гуна одамон “забони модари” гардида, сархади миёни некию бади барояшон хеч вучуд надорад. Онхо чизеро ки имруз макбул ва нек медонанд, пагох метавонад, онро инкор намоянд ва ё баръакс. Хаёти онхо хамин тавр мегузарад, худ бехабар аз он ки дар пеш барои кирдорашон ононро хисоботи сангине интизор аст.

koran_muslimbookИмон ба Парвардагори халккунандаи кулли мавчудот ба инсон дар ин хаёт ва хаёти оянда (Охират) хушбахт хадя мекунад. Инсони боимон хуб медонад чи чиз неки хисобида мешавад ва сайъ мекунад онро хамеша анчом бидихад. У инчунин медонад бади чист ва кушиш мекунад, то аз он дури чуяд.

Дин ин назарияе нест, ки чои он танхо сахифаи китобхо бошад. Дин амалест, ки чои он дар хаёти хамаруза холист. Дин ба инсон изхори мухаббат ва парастиш ба Парвардагор ва халккунандаи ин олами зеборо меомузонад. Одами боэътиоду боимонро хангоми назарафкани ба махсули эъчози Худованди хеш бахрхо, дарёхо, наботот, хайвонот, ситорахо, сайёрахо хузуру халоват ва рохати ачоибе фаро мегирад.

“Хамоно Худо ба инсофу некукорй ва ато кардан ба хешовандон мефармояд ва аз бехаёи ва кори нописандида ва бедоди манъ мекунад; шуморо панд медихаддо бувад, ки шумо пандпазир шавед”.

“…ва азХудо битарсед. Ба дурусти, ки укубати Худо сахл аст”. “Бигу: “Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд? Чуз ин нест, ки сохибхирадон пандпазир мешаванд”.

“Ва панде дех хар оина панд додан муъминонро суд мебахшад”.

“Ва мардону занони муъмин корсози якдигаранд, ба кори писандида мефармоянд ва аз кори нописандида манъ мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закотро медиханд ва ба Худову расули у фармонбардори мекунанд. Худо бар онхо рахм хохад кард. Ба дурусти ки Худо Голиби Дурусткор аст”.

“Ва бар некукорй ва пархезгорй бо якдигар мадад кунед ва бар гуноху ситам бо якдигар мадад макунед…»

“Касам ба замон, хар оина одами дар зиён аст, магар онон, ки имон оварданд ва амалхои шоиста карданд ва якдигарро ба (дини) хак васият карданд ва якдигарро ба шикебои васият карданд”.

“Ва ин рохи рости Ман аст, пас, онро пайрави кунед ва роххои дигарро пайрави макунед, ки шуморо аз рохи Худо чудо кунад! Ин аст он чи Худо шуморо ба он хукм фармудааст, Tо шояд, ки шумо пархезгори кунед”.

“Хароина, некуи чизе аст, ки Худо бо он ба шумо панд медихад. Ба дурусти, ки Худо Шунавои Биност”.

Дин ба инсон дуст доштани падару модар, зану фарзанд ва бародарони хамдинро меомузонад. Бо иродаи Аллох Таъоло ва доншои дини инсон ба кардани гунох хотима дода, худ аз худ, аз души хеш ин бори гаронро дур мепартояд. Инсон баъди фарогирии маърифати дини, бо як шавку завки гайриоддие дар пеши Холики азим зону кад намуда, ба ибодат шуруъ мекунад. Бехтарини ибодат намози панчвакта буда, ба инсон изои маънави ва нашъу намои рухи медихад.

Ба мададу ёрии Рамазон инсон покию погизагии руху танро идома медихад.

Тавассути закот он ба бародарони хамдини худ гамхории худро изхор менамояд. Хангоми ба чо овардани хач у ба миллион одамони хамаслаки худ пайваст гардида, дар як холати рухони карор гирифта, ба Холики азим Аллохи Таъоло шукронаи худро ба он хотир ифода менамояд, ки у ба одамон имконияти сазовори кадр кардани мукофотхояш; намоз, имон, руза, закот ва гайраро додааст.

Бародарон ва хохарони азиз! Мо умедворем , ки шумо ин китобро хонда, мутолиа ва онро ба шиносу наздикони худ, ки шумо хамеша некии онхоро мехохед, маслихат медихед. Мумкин аст Аллох Таъоло ба василаи ин китоб ба онхо рохи хакикиро нишон медихад ва онхо аз ин китоб манфиат хоханд бардошт. Чихеле, ки мегуянд, шахси нишондихандаи рохи некуи ба некукор монанд аст. Умедворем, ки шумо дар хакки онхое, ки дар кори таълиф ва омода кардани ин китоб машгул буданд, суи даргохи Аллох Таъоло дасти дуо боло менамоед. у илтичои шуморо бечавоб намемонад, зеро ки у Бинанда ва Шунаванда аст.

Хамду сипос ва ситоиши бехад Аллох Таъоло Парвардигори оламиёнро, ки мо аз у магфирату омурзиш мехохем ва дуруду саломи Аллох Таъоло бар Паёмбар Мухаммад (с) ва хонадону ёрону пайравони у бод.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …