Главная / Биология / Кит – Катори китшаклон

Кит – Катори китшаклон

Катори китшаклон. Ширхурхои белпой зиёдтар ба хаёти об пурра мутобик шуда, аз об харгиз берун намебароянд. Ба ин катор китхо, далфинхо, вол дохил мешаванд. Аз чумла китшаклхо ба зеркатори дандондорхо ва бедандонхо ё муйлабдорон таксим мешаванд.

Дандонхои баъзе китшаклхо мисли арра якхела буда, шумораи онхо ба 240-300 мерасад. Ба ин зеркатор далфинхо, волхо дохил мешаванд. Делфинхо аз 1.5 то 3 м дарозии бадан доранду дар бахрхои Сиёх, Балтика, Беринг, Япон сокин мебошанд. Дар укёнуси Ором бошад, далфини сафед дида мешавад. Вай то 6 м дарози дошта, хурокаш Мохи аст.

Волхо китхои калони дандондор буда, 10-21 м дарози доранд. Онхо бештар дар обхои гарм сокинанд. Тобистон ба бахрхои Шарки Дур меоянд. Хуроки асосии оихо моллюскхои сарпо (хаштпо калмар) ва баъзан мохи ба хисоб мераванд. Волхо то 1 соат дар зери об истода метавонанд ва боз сарашонро аз об берун мебароранду нафаси чукур мегиранд, китхои муйлабдор ба чойи дандон пластинкаи шохин доранд, китхои бедандон дар тамоми укёнусхо вомехуранд. Онхо зимистонро дар обхои гарм ва тобистонро дар обхои хунук мегузаронанд, яъне аз як чо ба чойи дигар мекучанд.

.Ба ин гуна китхо кити кабуд мисол шуда метавонад, ки то 33 м дарозию 150 т вазн дорад. яъне вазни як киги кабуд ба вазни 25 фил ё ба 150 cap барзагов баробар аст. Вазни дилашон 500-700 кг буда, дар баданашон 8-9 т хун дар гардиш аст, дарозии рудааш то 250 м буда, гунчоиши меъдааш 3000 л. аст, чигараш то 1000 кг, забонаш 1.5-2 т мешавад.

kitДар як шабонаруз 4-5 тонна харчангшаклону мохичахоро мехурад. Як кити модина дар 24 соат ба бачааш 200-300 л шир медихад, ки он 40% равганноки дорад. Дарозии насли навзодаш кариб м мешавад, ки он то 7 мох шир мемакад ва дар як шабона то 60-100 кг вазн пайдо карда. дар синни 3-солагй кобилияти насл додан дорад, кити болигшуда дар хар ду сол як маротиба яктои бача мезояд.

Флотхои китшикоркуни харгуна китхои обхои Шарки Дур ва Антарктидаро шикор карда, аз он равган, пуст ва гушт гирифта, гушташро коку орд мекунанд, ки ин барои чорво, хавзхои мохипарвари, фермахои паррандапарвари гизои хуб аст. Асосан финвол ном китро шикор мекунанд, ки 16-27 м дарози дорад. Шакли бадани кит ба мохи монанд аст. Кисмхои cap, тан ва думаш якчоя шуда, пойхои пеш белшакл мебошанду вазифаи боли шиновариро адо мекунанд ва думаш вазяфаи шиноварик муайян намудани самти харакатро ичро мекунад. Пойхои акиби кит тахфиф (редуксия) шуда, факат устухони косаш бокй мондааст.

Руйи бадани кит муй ё пулакча надорад. Танхо дар назди дахонаш як бандчаи муй боки мондаасту халос. Дар зери пусташ кабати гафси равгани (1 м) дорад, ки баданро аз хунуки нигох медорад ва вазни хоси баданро дар об сабук мекунад.

Кит дахони калонашро аз об пур мекунад, 06 аз байни шилшилахои лаъличахо гузашта, хайвоноти дар дахонаш мондаро фуру мебарад, яъне кит бо дахонаш галбер мекунад. Вай аз хавои атмосфера нафас мегирад ва аз ин сабаб хар сари 10-15 дакика як маротиба сарашро аз об боло мекунад ва дар Вакти нафас баровардан об аз сурохии болои сараш фаввора мезанад. Дар вакги ба зери об рафтан сурохихои биниаш бо кашишхурии мушакхо пушида мешавад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …