Главная / Маданият ва санъат / Киссаи Лукмони Хаким

Киссаи Лукмони Хаким

Лукмон-гуломе сиёх аз мардуми Будони Миср буд. Сураташ сиёх, вале калбаш равон буд. Харгиз дуруг намегуфтва ба амонати кассе хиёнат намекард. Корхоеро, ки худованд дастур дода буд, анчом медод. Мардумро масхара намекард ва харгиз касеро азият нанамуда буд. Хар вакт бекор буд, фикр мекарду дар мукобили хаводисе, ки ба пояш иттифок меафтод, шукри худоро мекард. Ду писари у дар пешаш чон супурданд, вале у ба шукри худо дигар коре накард. Харгох Сухане писандида мешунид, онро ба хотир месупурд. Бештар авкоти худро дар сухбат бо донишмандону фукахо мегузаронид.

luqmoni-hakim

Рузе гурухе аз фариштагон, ки Лукмон онхоро намедид, уро нидо доданду гуфтанд: «Эй Лукмон, дуст дори ки худо туро дар замин ба хилофат баргузинаду ба макоми пайгамбари бираси?» Лукмон гуфт: «Агар худо маро маъмур созад, вазифаамро бо ёрии у анчом медихам. Аммо агар дар кабули радди он ба манн ихтиёр бидихам, манн онро намепазирам». Фариштагон иллатро аз у суол намуданд, дар чавобашон гуфт: «Паёмбариву рахнамоии мардум вазифаест бисёр мушкил. Ва манн аз ин ру онро рад мекунам».

Фариштагон пас аз шунидани суханони Лукмон ба акли рашидаш (расоят) офарин гуфтанд. Пас Худованд илму хикмати бисёр ба у биомухт ва хакиму донишманди бузург гардид. Мардум донишдуст гирдаш чамъ мешуниданд ва аз илми у истифода менамуданд. У беш аз хама ба писари худ таваччух мекарду ба у насоехи гаронбахое гуфтааст, ки барои тамоми мардум судманд аст.

Рузе хочаи Лукмон иддае мехмон дошт. Лукмон корхои онхоро анчом медод, аммо дид, ки мехионхо забони худро ивази он ки дар дар рохи илму дониш ба кор бибаранд, дар рохи бадгуи ва харфхои зишт ба кор андохтанд.

Дар фикр буд, то онхоро мутаваччехи амали зишташон бинамояд, то ин ки хоча ба Лукмон гуфт: «АЗ бехтарин аъзои гусфанд гизое бароямон дуруст кун». Лукмон аз дилу забони гусфанд барояшон гизое дуруст кард. Рузи дигар арбоб ба Лукмон дастур дод, ки «Имруз аз бадтарин аъзои гусфанд гизое бароямон омода кун».

Боз Лукмон аз забону дили гусфанд барои онхо гизое фарохам кард. Хоча бо тааччуб пурсид: «Чи гуна мумкин аст, ки дилу забон хам бехтарину хам бадтарин гизо бошанд?!» Лукмон посух дод: «Агар инсон кинаи  дигаронро ба дил нагирад ва бо забон суханони зищт нагуяд, ин ду узв бехтарин аъзои бадан хастанд. Аммо агар одам нияти бад дар дил дошта бошаду ба забон харфхои бехуда бизанад, дилу забони у бадтарин аъзояш мешавад».

Рузе Лукмон савор бар асп шуду писараш пиёда дунболи у рох мерафт, то ба дехкадае расиданд. Мардуми дехкада гуфтанд: «Ин мард чи кадар берахм аст. Худ савори маркаб шудаву тифли заифро пиёда гузоштааст».

Аз он чо, ки гузаштанд, писарро савор карду худ пиёда шуруъ ба рох рафтан намуд. Боз андаке онхоро диданду гуфтан: «Ин мард писари худро тарбият накарда ва ба у ёд надода, ки бояд пирамард савор бошаду чавон пиёда бошад».

Аз ин чо низ гузаштанд. Ин дафъа Лукмон ва писараш хар ду ба асп савор шуданду ба рох идома доданд. Ин бор низ мардуме, ки онхоро диданд, гуфтанд: «Ин ду нафар чи кадар беинсоф хастанд! Фикр намекунанд, ки ин хайврни забонбаста хаста мешавад».

Лукмону писараш хар ду пиёда шуданду хамрохи маркаб шуруъ ба рафтан карданд. Боз иддае, ки бар онхо мегузаштанд, забон ба эътироз кушоданду гуфтанд: «Ин ду нафар чи кадар нодон хастанд. Аспро гузоштанду пиёда рох мераванд ».

Дар ин вакт Лукмон ру ба писараш карду гуфт: «Диди, фарзандам, мо хар чи кардем, ки ба мо эрод нагиранд, нашуд. Пас инсон наметавонад, коре бикунад, ки хама аз у рози бишаванд. Инсон бояд ба хотири ризои Худо кор кунад, на ба хотири мардум».

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …