Главная / Гуногун / Киёми Кисмат

Киёми Кисмат

Хеч шакле бе хаюло кобили сурат нашуд.

Мирзо Бедил

Шаб субхро хайрбод мегуфт. Субх ручуи дидор дошт. Нафаси тозаи субх чисми Давлат Рахматро навозиш мекард. Накхати орзуро дар фазои дили у пахн менамуд. Чисмаш гуё гул кардаву калбаш сурур дошт. Баногох хоби шаб дидааш ба ёдаш зад. Хоби хеле ачиб. Зимистон хануз хукмрон буд. Аммо дарахтон хама гарки гул. Пиразане андаруни бог сайр дошт. Ва бо хабарнигоре сухбат мекард. «Худои мехрубони ман, Худои мехрубони ман… Дируз ягон мугча набуд. Субх хестем ки хама дарахтон гул кардааст. Гуфтам холо барвакт, нашукуфед. Гуш надоданд, шукуфтанд. Охир холо сардихо дар пеш». Мухбир бо табассум гуфт: «Хо, холо дар пеш Хут. Хут хути кунад кампира дар кутти кунад. Ой… хушам парешон… мебахшед…» «Хеч гап не, писарам. Табиатро Худо офаридааст. Ману Шумо зуртар аз Худо нестем. Кори Худо-дия!»

– Боз ба Рогун меравед? – норозиёна гуфт хамсараш тез-тез мижа зада.

– Бале! Боз ба Рогун! – хушхолона нидо намуд Давлат Рахмат.

Хамсараш дилсузона илова кард:

– Охир Шумо акнун чавон нестед: барои ба Рогун рафта омадан кувваю дармон даркор.

Шавхар бо гурур ба у нигарист:

– Хотирчамъ бош, азизам! Рогун ба ман кувваю дармон мебахшад. Зеро Рогун дар зиндагии ман зиндаги дорад! Низ дар зиндагии дигарон! Рогун дар дилхо оханги эхёи орзухоро замзама мекунад. Рогун мухаббатест, ки зиндаги аз он неру мегирад.

*      *      *

– Бобул?.. Эрка?!

– Оре, хамон, – якбора чехраашро ифодаи хушхоли гирифт. – Кадом шамол парронд. Чи тур шуду ба тарафхои мо-а?! Аз кучо донистед, ки ман ба Рогун омадам?

– Сояи Хак бар сари банда бувад, Окибат чуянда ёбанда бувад», – посух дод Давлат Рахмат ва илова кард: – Ман омадам, ки кахрамони навро кашф кунам.

– Набошад хуршеди бахтатон хандид, – гуфт у ва шакарханде карду гапашро идома дод: – Устод Рудаки пешвои хамаи Мачнунон аст, ки масту шурида месарояд: «Ба чахон родмард бисёр аст, Ишк бар ман хамекунад парвоз».

– Хо бале, ишки Рогун бози нест, зур аст, – шод шуд Давлат Рахмат ва мисрахои устод Рудакиро идома дод: «Дилам чун арзане, ишки ту кухе, Чи сои пеши кухе арзанеро».

– Овах, – бо ифтихор гуфт Бобул, – бе ягон шакку шубха ишки Рогун чахонгир шуд. Аммо…

– Боз «аммо»-ат чи?! Ту бе хамин «аммо-памоат» гап зада метавони?

– Метавонам. Чаро натавонам? Гап хамин ки аслан маро ишки Ситора ба Рогун овард.

– Гуш кун, нос-ку намекаши?

– Не.

– Сигор чи?

– Не.

– Арак хам наменуши?

– Не, наменушам, – бо табассум посух дод Бобул ва илова намуд: – Дар бригадаи ман хеч кас чунин хислатхои бад надорад.

– Бисёр хуб. Ман хам на мекашаму на менушам. Лекин шод шавам хумори носу сигор мегирад, – гуфт Давлат Рахмат. – Охир бехуда «Дидори дуст бехтарин давлат!» нагуфтаанд.

– Хак асту рост! Аз кудуми Шумо басо шодам!

Давлат Рахмат аз фурсат истифода бурдани шуда, дафтарчаро аз чайб бароварда, хост чанд калима нависад. Вале ин муяссар нашуд: чавони тануманде хозир шуда, ба Бобул руй овард:

– Устод, Шуморо раис чег мезанад.

Бобул шона боло кашид.

– Бубахшед, мачбурам сухбатро катъ намоям. Раис бехуда даъват намекунад. Шумо-ку хафа намешавед?

– Не-е… Чаро хафа мешудаам. Ту дигар сайди ба дом афтода хасти. Ку, дубора аз он рахо ёб.

Аз чавоби адиб дар чехраи Бобул гунчаи табассум ва каноатманди гул кард.

– Сайд? Бошад!

Давлат Рахмат гарки хаёл аз паси Бобул менигарист…

*      *      *

Падари Бобул – Шермалик хамсояи дарбадевори Давлат Рахмат буд. Вай дар ширкати «Ширин» мудири анбор кор мекард. У зохиран одами ором, хоксор ва халим менамуд. Зиндагии хуб дошт. Танхо як гам дошту як хислати бад. Гамаш он буд, сохиби чор духтар буду писар надошт. Хислати бадаш хасисиву пулгундори. Пулаш ба кавли шиносхояш хисоб надошт. Аммо касе надидаву нашунида буд, ки ба нафаре карз дода бошад. Касе хохиши карз мекард, Шермалик бо ангушти ишора суи бонк ишора мекард ва мегуфт:

– Мана, домулло, пул дар он чо пусида хоб. Раву гир ва сарф кун.

– Пулхои шумо табарук, бобаракат.

– Домулло, пулхои ман бекор нестанд! Хамвора кор мекунанд! Ко-о-ор!

Хамин хислаташ ба бисёр одамон писанд набуд. Онхоеро ки ноумед карда буд, худро «чабрдида» пиндошта уро бад медиданд. Ва аз рохе, ки у мегузашт, кадам намегузоштанд.

Рузе дар маъракае сухан аз боби пул мерафт, ки «чабрдида»-е бахри касос лаб кушод:

– Домулло, барои чи ин кадар пул гун медоред?

– Барои он ки пул – куввати миён ва мархами чон аст!

– Охир хеч кас умри абад надидааст. Писар надоред, ки ба у мерос монад.

– Шукр, духтаронам хастанд.

– Э заб гап задед-да. Духтар худаш ки? Моли мардум, мераванду сари кокат мемонад.

Шермалик ба у нигохи хасратборе андохт.

– Хо марди беписар, марди расо нест. Бадтарин чазо барои мард беписар будан аст. Худо аз ин рузи сахт нигох дорад.

Маъракабудагон тасдиккунон сар мечунбонданд.

Дами Шермалик дарун афтод. Вай тез-тез мижа мезад. Ва сахт музтариб буд. Хомуши хукмраво гашт. Бобои Али хомуширо халалдор намуд.

– Овах, мардхо чаро бадгуи мекунед? Фарзанд доди Худо аст. Ману Шумо зуртар аз Худо нестем.

Чанд нафар баробар «бале-бале» гуфтанд. «Чабрдида» нештар зад:

– Ха-а, кори Худо-дия!

Пас аз ин хама чиз тагир ёфт. Хона пури муйдарозон. Миёнбаста нест. «Духтар моли мардум…» Дар як они вохид гуё гуссаи руи замин дар хавлии у гун шуд. Нафасаш танги кард. Гиребон кушод.

– Дар ин хона одами зинда хаст ё не?!

Хамсараш Мастура давида баромад. Ранги у сап-сафед канда буд. Ба пурсидан чуръат накард.

– Чаро шах шуда монди?! Мурдаи аз тобут афтода барин!

– Чи кунам?

– Чи куни?! Бача зой!

– Аъ!.. О Худо надихад…

– Худо?! Ба умеди Худо хасти?! – дод зад у ва зинаи аввали каломи осмони, яъне як талокро ба забон овард.

– Вой, вой, войе! – фигон бардошт Мастура ва муяшро меканду руяшро мехарошид.

Шермалик аз хона баромада рафт. Ва зани духтар гирифт. Зани наваш ваъда дод, ки ба у гулписар тухфа мекунад. Аммо ба ваъда вафо карда натавонист. Шермалик ба газаб омад. Уро се талок дод – хама кор тамом. Чанде аз худ бехуд гашт. Сипас ба худ омаду назди хамсари якумаш баргашт. Узр пурсид, тавба кард. Уро никох карда гирифт.

Айём гузарон буд.

Шермалик дарун-дарун гам мехурд. Аммо андухи хешро рушод намекард ва намехост ба чарохат нохун занад. Хар шаб ба даргохи парвардигор муночот менамуд, ки рахмат орад. Вай муътакид буд, ки рузе фаро мерасад ва у сохиби писар мешавад. Нихоят рузе фаро расид, ки онхо писардор шуданд. Духтарон аз шоди кафкуби карданд. Хар чор аз саодат ашк рехтанд. Шермалик туй дод ва номи писарашро Бобул гузошт. Чаро Бобул, муаммо буд. Бобул эрка, руи даст буд. Нозу нузаш конун. Хар чи ки мегуфт, хатман ичро мешуд. Боре Давлат Рахмат ба у гуфт:

– Шермалик, писарата бо дасти худат вайрон мекуни. Ин рафторат ба бачаат мехру шафкат не, душмани аст.

– Хуб соддаи, маълим. Дуне ба ки вафо карда буд, ки ба ману писари ман кунад? Мон, дар ин дунёи дуруза дар сояи давлати падараш чорта кайф кунад…

Бобул гуё андаруни чаннат буд. Вакташ хуш. Димогаш чок. Дасташро ба оби хунук намезанад. Бо чурахояш лакида мегашт. Кораш чуз хурдану пушидан, ишкварзи ва кайфу сафо чизе набуд. Бобул гунохро намешинохт. Гуё инсон бозичаи дасти тасодуф аст. Якка ки буд, ба хама чиз хак дошт. Ва ин хак уро махкум ба зиндаги ва марг карда буд!

Баъд Шермалик ба дигар махалла кучид. Дигар онхо якдигарро надиданд. Вале то ин дам донистани такдири минбаъдаи Бобул уро ором нагузошт. Ва ин вохурии имрузаи онхо гайричашмдошт ба вукуъ омад.

– Устодт азиз, хеле интизоратон кардам, бубахшед, – овози Бобул уро ба худ овард. – Чи илоч, кор кор аст.

Давлат Рахмат аз Бобул пурсид, ки чи тавр ба Рогун омад.

– Эх-ха… Ин киссаест аз «Хазору як шаб» дарозтар. Пас аз кор хамаашро накл мекунам.

*      *      *

Бале, у махкум ба нести буд…

Аммо зиндаги чи гардишхое надоштааст. Бобул он руз чуръа-чуръа май менушид ва аз истгох, ки ру ба руи тиреза буд, чашм намеканд. Гуё касеро интизор буд. Ва баногох уро дид. Аз чо боло шуду тозон баромад. Бо чашми харидори духтарро аз назар гузаронд. Душиза як кад парид. Аз шарму хаё лоларанг гашт. Ба назари Бобул аз бани одам не, паризод намуд: чашмони шахло, абрувони пайваста, руи кулчамонанди сап-сафед, комати мавзунаш диду дидаи уро мафтуну шайдо кард.

– Зебосанамо! Шуморо ман бояд хамрохи кунам!

– Ташаккур! Ман хамрох дорам.

– Кани?

– Ана як афтобус одам.

Духтар ба автобус нишасту рафт. Бобул дар истгох моту мабхут шуд. Тапиши сареъи дилашро эхсос намуд. Ноошнои хушгил дили уро тасхир намуда буд. Боз мегуянд, ки ишк аз диди нахуст галат аст.

– Фардо хатман ман туро пайдо мекунам, – гуфт у. – Ваъда медихам.

Ва дар умраш бори нахуст шеър хонд:

       Агар он турки шерози ба даст орад дили моро,

       Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухороро!

Аммо ба ваъдаи худ вафо карда натавонист. Танхо рузи чорум духтарро дид.

– Ту маро интизори?

– Не, автобусро.

Бобул дасту по хурд, ба осмон нигарист.

– Имруз хаво чи хуб аст-а?

Духтар худро ношунида вонамуд.

– Биё, шинос шавем.

Духтар чидди ба у посух дод:

– Ба ин хочат нест.

– Яъне, шинос намешави?

– Бале.

– Шинос мешави.

– Хести, ки хобат.

– Не, мешави!

– Не, овора нашав.

– Ман мегуям – мешави!

– Ман ба ту чавоб медихам – не!

Чашмони Бобул хайратангез аз косахонааш берун шуданд.

– Гуш кун! Ту медони, ман ки? Ман Бобул.

– Хайр чи?

– Чи хел хайр чи? Ман туро дуст медорам. Бояд шинос шавем.

– Не.

– Чи хел ту «не» мегуи-а? Гуш кун, чи хел?

«Ин кадар чака шуд» – аз дил гузаронд у.

– Хамин тавр, оди! Не, гуфтам, не!

– Ха, гуфтам, ха!

– Ачаб чавони лакки будаи!..

Бобул аз часорати духтар, ки гуё ба руяш торсакие зад, тамоман лол монд.

Боз автобус духтарро бурд.

Чи духтари ситамгару шайтоне!

Аклу идркаш боисрор такозо менамояд, ки духтарро ба холи худ гузорад, аммо дил… не, наметавонад.

Чанд руз пас духтар ду рухсорааш гулгун гашта, бо у шинос шуд ва бо софдилию соддалавхи бо у сухбат кард.

– Чи сон зебои, Ситора! Чи сон мухаббат саршори лутфу назокат аст!

Ситора самимиву дилрабоёна изхор намуд:

– Аз шунидани суханхоят хушнудам. Агар каме сайр мекардем, кори хайр мебуд.

Хар кадар, ки ба пеш кадам мемонданд, Бобулро хаячон бештар пахш мекард, ба чашмонаш бовар намекард: дар бараш Ситора. Худоё, чи сон ман уро дуст медорам. Дар пахлуяш чи кадар хушбахти аст!

– Шояд аз рузгори худ кисса куни?

Пеши офтобро, ки навакак ба хама чо нур мепошид, як пора абр пушонд. Ба дили Бобул бакарори рох ёфт. Дар бораи у бештар донистан мехохад. Илтичо мекунам, аз боби кору борам чизе мапурс. Ин чо гапи дуруг кор намедихад. Вокеан, у духтари боодоб аст, ба густохи чуръат намекунад.

– Ба чуз номат дигар чизе намедонам.

Бобул безобита шуд ва пурсид:

– Дуст доштанамро чи?

– Дуст доштан гап нест, амал аст.

– Боз чи бароят ачиб аст?

– Чи хунару истеъдод ва касб дори?

– Алхол дар ягон чо хидмат намекунам. Падарам кори хубе ваъда кардааст. Интизорам.

 – Падарат?

– Хо, бале. Падарам пулдор аст.

Ба назараш расид, ки посухаш Ситораро музтар сохт.

Чун Ситора ба хаёти вокеии Бобул шинос гардид, хавфу хавотирие ба дилаш рох ёфт. Баногох ба тарсу харос афтод. Аз пешомади нохуш дилаш тах кашид.

Боре Бобул уро очилан даъват намуд. Хаво абр буд. Офтоб наметофт. Руи Ситора афсурдахол метофт. Аз он зиндадилию мафтунсозиаш заррае ному нишон набуд. Сард, бидуни эхсосот бо Бобул вохурд. Нигохе ба хам карданду сокит монданд. Ситора ба худ омад, нигохаш музтар буд.

– Нагуфти аз ман чи мехохи?

– Хамсари ман бишав.

Ситора дигар токат наёвард. Аз чо по шуд ва гуфт:

– Хеч медони, ки корат хароб аст?

Руи Бобул турш гашт.

– Чи зуд бадат меояд! Магар дуруг мегуям?

Дами Бобул ба дарун зад. Хеле хомуш монд. Аммо хазору як андеша дар сар дошт.

– Бузургон гуфтаанд: «Зани неку фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо».

– Ачиб-ку?!

– Хеч чои ачиби надорад.

– Дорад. Ту дарвеш не, подшохи аз худ рафтаи.

Бобул ранчид. Духтар гайб зад.

У карор дод, ки сабр мекунад. Вай худаш ёд мекунад ва… Аммо «ва» нашуд. Баракс шуд. Ва худаш ёд кард. Ва худаш бекарор гашт. Сайри кучахо кард, то вакт ноаён бигзарад. Дар кахвахонаи «Шарк» хуроки нисфирузи хурд, се кадах бардошт. Пешхизмат гуфт:

– Ток хосият надорад.

Боз як кадах бардошт.

Пешхизмат гуфт:

– Хаво вайрон аст.

Хангоми рафтан Бобул лукма партофт:

– Ман Мачнунам.

Пешхизмат аз акибаш хандид.

Ногахон ба кароре омад, ки ба хонаи Ситора меравад. Рафт. Аммо он чо касе набуд. Ба у гуфтанд, ки ахли оила ба кадои маъракае рафтанд. Вай гуё аз банди хобу хаёл рахои ёфт. Зеро ба хонаи Ситора омадан хеч ба тарозуи аклу идрок рост намеомад.

Як руз гузашт ва тули он ба чуз фикру хаёли Ситора дигар чизе набуд. Рузи дигар аз изтиробу хаячон сару калобааш гум гашта, худро ба даст гирифта наметавонист.

Акнун ба Ситора дуне ба назараш холи тофт.

Рузи дигар чавоне ба у лифофаеро дод.

– Аз кист?

– Аз Ситора.

– Аз Ситора? – ба хаячон омад у ва саросема лифофаро кушода, мактубро хонд: «Салом, Бобул! Маро дигар сурог накун! Алвидоъ!» Алвидоъ? Чаро? Ин хел шуданаш мумкин нест! Ки дод?

– Худаш.

– Бовар намекунам!

– Ихтиёр дори.

– Боз ягон чи гуфт?

– Гуфт.

– Чи?

– Гуфт, ки аз ин шахр баромада меравам.

– Ба кучо? Нагуфт?

– Ба ким-кадом сохтмони бузурги аср.

Мохи нав дар гушаи бом гуё ба у панд медод:

«…Ишк хасти,

Ишк масти,

Ишк пайгом аст…

Мепарад чашми дилам.., сабри хуморам ман,

Ишк – инъоми худоро – интизорам ман!»[1]

– Парвардигоро, – аз каъри дилаш овоз баромад, – ман ба ту чи бади карда будам, ки ин кадар озорам медихи?

Андух хуруч мечуст.

Ашки бечорагиву ноумеди аз аз чашмонаш шаш катор рехт. Бале, у гирист, зеро начот мечуст. Ох мекашиду мегирист. Мегиристу ох мекашид.

Зиндаги.

                Хакикат.

                                Ишк.

                                          Будан.

                                                       Набудан…

Дар огуши шаби сиях, шабе, ки насибахури рузи орзухо буд, начот мечуст.

Дилаш чунон танг шуда буд, ки наздик буд гиребони худашро чок бикунад. Осмон абри буд. Садои раъд омад. Барк хам заду борон хам борид.

Дустон дар кахвахонаи «Чоми Чам» вохурданд.

– Хуш, чи хабари тоза? – зуд пурсид Бобул.

– Хабари тоза нест, – чавоб дод Зог. – Бо чанд шинос тамос гирифтам. Даму дуде нест.

Чехраи Бобул тира гашт. Шаробро як чуръа кард. Ба Зог бо маломат назар андохт:

– Ту Зог-да.

Дусташ хамдардона ба у нигарист.

Ба ногох Бобул эхсос кард, ки касе ба у менигарад. Хато накард. Духтаре аз у чашм намеканд. Нигохаш харисона буд, уро хурам мегуфт. Таваччухаш чалб шуд. Ва ба танаш гармии гуворое давид.

– Хароратат баланд, хеле баланд, – гуфт духтар бо ишваю ноз.

Бобул чашм ба у духта дам ба дарун буд.

– Мехохи пасташ кунам?

Бобул дасти уро гирифта ба лаб бурду бусид. Дасти духтар хунук ва араколуд буд. Бадаш расиду онро рахо кард. Чашм дар чашми духтар духт. Дар дидагонаш на шарм буд ва на хаё. Сараш гич рафт ва дилаш ошуб зад. Шахвате, ки навакак Бобулро фаро мегирифт, бархам хурд.

– Нафсатро чунон конеъ созам, ки як умр фаромуш накуни.

Дар мехроби дили Бобул дарди сузоне зохир гашт.

– Кани дафъ шав! Э дафъ шав, хароми!

Бобул асабиёна култ-култ арак нушид. Ва охи вазнину пурдард кашид.

– Чи шуд? – пурсид Зог.

Вай каф ба сари сина монд ва гуфт:

– Дард мекунад.

– Дили набуда чи хел дард мекунад, – тамасхур кард Зог.

Бобул тарафи у чашм ало кард.

– Зог, ту аблахи! Дилам не, рухам дард мекунад.

– Хайр, биё асабони нашав, дустам, – аз сухани бевакеи худ афсус хурда гуфт Зог ва лаб фуру басту сукут ихтиёр намуд.

– Бало занад! Девона шудан мумкин!

Зог дид, ки дар чашмони дусташ оташи газаб барк зад. Хисси нафрат вучуди уро фаро гирифт.

– Айби падараш. Бо у чи кор кардан лозим? – Бобул мушташро гирех кард. – Падарашро кубидан лозим. Ин ягона рох аст. Ха, зудтар бояд кубид. Вагарна дер мешавад. Ёри медихи?

– Нафахмидам.

– Якчоя мекубем уро.

Зог изтиробзада ба Бобул зехн монд.

– Э не-е, не. Ин таклифи хом. Чаро окил кунад коре, ки пеш орад пушаймони.

Бобул аз раъяш гашт – хак ба чониби Зог буд.

– Пас, гуй, чи кор кунам?

– Сабр, – посух дод Зог. – Сабру бурдбори куни, аз гура халво мепазад.

Бобул охи вазнин кашид.

– Яъне интизори кашам? То кай?

Хандаи Зог омад.

– Ба хаёлат, ман фолбинаму пешгуи карда метавонам?

– Пас, ки метавонад бигуяд?

– Ки? Ба фикрам фолбин.

«Фолбин, фолбин» – дар дил ба такрор гуфт у ва назди фолбине бирафт. Фолбин номи буд. Вай на танхо фол медид, балки табобат хам мекард. Аввалин харфе ки шунид, ин буд: «Бехуда умри азизата дар куча гузарондаи!»

Дар чашмони Бобул оташаки тааччуб барк зад. Нигохи тези фолбин баркосо буд.

– Зери коса нимкосае хаст. Ситораат дур аст, хеле дур…

– Чи кадар аст?

– Чи?

– Масофа.

– Масофа? Кариб сад километр аст. Лекин рох чун кафи даст тахту хамвор аст. Он чо куху гор бисёр аст. Мардум хам бешумор. Бирав, миёни мардум шав. «Мангар, ки чи мегуяд, бингар, ки ки мегуяд!» Ситораатро хамон пайдо хохи кард.

*      *      *

Шаби гализе, на мох буд на ситора. Хомушии фавкулода хукм меронд. Шамъ ором месухт. Парвонае набуд, ки гирдаш чарх бизанад. Бобул хар су назар андохт. Як кадах нушид. Сар ба сукут рафт. Ноаён ганабаш бурд

«Ба ким-кадом сохтмони бузурги аср».

Баногах чашмаш калон кушода шуд. Вай ба хаячон омад: «О-во-оз?! Худоё, аз кучо – ин овоз?»

Хост сохтмонхои бузурги асрро ба ёд биёрад. Натавонист. Майна об кард. Не, нашуд. Калааш гуё холи буд. Ноумед гашт. Дилаш дар замин зад. Авзояш бечо шуд. Баъд хоб галаба кард. Уро сиёхи пахш кард. Ким-чихо гуфта нолид. Харза гуфт!..

Сапеда, ки зад, аз чо баланд шуд. Сараш гич, дахонаш талх. Ба ташнов рафт. Обро сар дод. Як зум ба садои шар-шари об гуш дод. Дасту сураташро шуст. Хунукии об холашро каме чо овард. Дилаш аз гуруснаги молиш мерафт. Айби шароб, хамаашро хал кардааст. Модар уро сари дастурхон хонд. Падар паи кор рафта буд.

– Модар, чанд сохтмони бузурги аср аст.

– Чи? Шаб хоб диди магар? Сохтмонхо бисёранд. Кадомаш ба ту лозим?

– Аз хама бузургаш.

– Аз хама бузургаш Неругохи барки обии Рогун аст.

Ва ногах оташи гурур дар дилаш забона зад. Далер гашт ва якбора ба забон овард:

– Ман ба Рогун меравам.

Модар бо диккат ба у нигаристу гуфт:

– Ба Рогун одамони багурда мераванд.

Ин сухани модар дар ниходаш ба чизе озурда зад, дард ба бор овард, танаш тафс кард. Ва ангор гунахгор буд, ки даступоча шуд.

– Оё… ман… ман… тарсу хастам?

– Ту худ мегуфти, ки сохтмонро чашми дидан надори!.. Агар бини фишорат баланд мешавад!

*      *      *

Он рузхо Рогун тоза нуфуз дошта ва дар он намояндагони халкхои гуногун ба хам омехта буданд. Ва Бобул рохгум зад.

– У сагира, исто!

Бобул садоро эхсос нанамуд ва хамчунон рох мепаймуд.

– Эй! Ба ту мегуям, исто! Карай, сагира!

Хеч вокунише ба вукуъ наомад. Чанд нафар чавонони либоси низомипуш сади рохаш шуданд. Вай афсаронро диду аз шиддати тахаюр як кад парид. Ва лолу хайрон монд. Ачиб! Хеле ачиб! Ин лахза чавонмарди кадбаланди ба танутуш падид омад. Аз казо, падидор буд, ки у сардор аст. Ноошно нихоят олуфта буд ва бо кибр рох мерафт. Вай бо газаб Бобулро истикбол намуд.

– Ин гунчишк чи чик-чик дорад?!

Бобул изтиробзада ба у зехн монд. Ба сари у боз тахдид фуру рехт.

– Ман гунчишк не

– Пик-пик накун!

– Пик-пик не, сухан мекунам.

– Ту аз кадом кух чар шуди?!

– Ман аз кух не, аз шахри бузург омадам.

– Охо, кунаш лучу нулаш дар хаво.

Тахкир чону чигари Бобулро сузонд.

– Ту худат кисти, ки ба сари ман арбада мекуни?

– Ту кисти ва дар ин чо чи кор мекуни?

Бобул ба хашм омад.

– Точикам.

Садои заифи ханда омад. Чавонмард ба Бобул нигоххои нобовари мекард.

– Хуччат дори.

Бобул бо хотири ранчур посух дод:

– Ки дар ватани худаш бо хуччат мегардад.

Чавонмард ба вай бад-бад нигарист.

– Ман пайгамбар не. Эхтимол ту чосус боши.

Ин сухани чавонмард ба зехни Бобул тамоман нафорид.

– Албатта, ман разведчик хастам.

– Дар ин чо чи мекоби?

– Ситора.

– Чиии!!! Ситора? – чавонмард худро бохта хик-хик хандид. – Уй, сагира! Ситора дар осмон аст.

– Ситораи ман дар Рогун аст.

– Шаф-шаф нагуфта, якбора «шафтолу» гуйи, мемури?!

– Ситора духтари дустдоштаам. Чанде пеш ба Рогун гурехта омадааст.

Чавонмард табассум кард.

– Чидди?

Сар чунбонд.

– Девона!

Чавонмард сарашро хорид ва ришханд кард. «Э соддае» – аз дил гузаронд у. Зан ки гурехт, тамом вассалом. Касе ба додат расида наметавонад. Аммо у худдори кард, нахост умеди Бобулро нобуд созад.

– Номат чи?

– Бобул.

– Ай, гуш кун, Бобул, ин номи булачабро ба ту ки монд? Дар точики хамин хел ном хаст?

– Ин зайл ном вучуд надорад. Ман ягона. Ин исмро ба ман падарам дод.

Бобул суханашро катъ намуд.

– Уро ба шуъбаи кадрхо баред.

Афсар фармони сардорро ичро кард.

– Хидмат, бародар? – мудири шуъбаи кадрхо ба у нигарист.

Бобул нигохе ба у карду сокит монд.

– Аз ман чи мехохи?

– Ёри.

– Чи ёрие?

Бобул матлабашро ба забон овард ва ному насаби дустдоштаашро гуфт. Мудири шуъба бо лабханд гуфт ки чунин одам нест. Бояд бигуям, ки занхо дар ин чо ангуштшуморанд. Ман хамаашонро мешиносам. Бобул хохиш намуд, ки як бор руихатро бинад.

– Гуфтам-ку, нест

Аъсоби Бобул таранг шуд.

– Охир як бор бинед!

Мудири шуъба аз галадони миз руихатро баровард. Бобул нохинчорона дар чояш пой мекуфт.

– Нест!

Ин «Нест!» чун сузан ба танаш халид. Ба у зехн монд ва холаш музтариб гашт. Бо худ андешид: «Маро гул мезанад!» сараш гич рафт ва дилаш ошуб шуд. Чашмхояшро ба хам заду хашмгин гуфт:

– Дуруг!

– Нафрини ахли олам бирезад бар сари дуруг!

– Бовар намекунам!

– Бовар намекуни?

– Неъ!

– «Неъ!» бошад аз дар баро!

Бобул суи у бо чашмони моломоли газаб ва нафрат нигарист ва хашмгинтар аз пеш дод зад:

– Бо ман бози мекунед!

– Бо ту бози мекунам? – пурсид мудири шуъбаи кадрхо ва ба кадре хандид, ки ашк аз чашмонаш сарозер шуд ва худи Бобул низ ба ханда афтод.

– Чи механди?!

Вай китф дар хам кашид.

Мудири шуъбаи кадрхо Бобулро берун оварду локайд бо ангушти ишора як ба куххои атроф ва як ба горе ишора кард ва гуфт:

– Мана,  Мачнун, хамааш дар ихтиёрат, раву ков!

*      *      *

Яккаву танхо ру ба руи дунёи Рогун карор гирифт. Навмеди ва нокоми уро ба коми худ кашид. Чанд муддат дасту по гум кард. Парастуе дар осмон пар заду уро ба худ овард. Замин чон гирифта, лолаву гулу себарга ба домон гирифта буд. Бобул дар вучуди худ эхтиёчеро эхсос намуд. Эхтиёчи вориди хакикат шудан ва онро дарк намудан. Он хама иллатеро, ки кохи умедашро вайрон месозад, дур андохт. Ва ба дунёи рангину асроромези Рогун ворид гардид. Бунёди Рогун шакли мусбати кор аст, ки ба бехтарин вачх анчом мепазирад, як нав тавчех ва таваллуд аст. Сохтмон як чизи мунзави ва чудогона нест, бархурди як чомеа аст. Аз ин ру мардумро барои максади муштарак ба гирди хам овардааст. Он чи ки ягонаги меофарад, нарумандтар аст. Хама чиз дар ин чо чур мешавад ва ба вахдат мерасад.

Дар хама чо фазо бепоён аст, аммо бунёдкорон сода ва табии мебошанд. Вале азмашон кави, дар кор бисёр мушикоф, диккату ростгуии комил нишон медиханд. Аз ин ру аз миёни чазр гузашта, ба партави хуршед меомезанд.

Хар чи бештар чилав мерафт, ин эхсос тундтар мешуд. Афкори мусбату манфи ба хам мепечид. Кашокаши дархампечидаги ба вукуъ меомад. Дар ин кашокаш зидду накиз пайваста падидор мегардид. Ва ба хузни дил хузни дигар меафзуд. Бори танхоиву навмедиро вазнинтар менамуд.

Чое у табдил ба хашара мешавад. Ва мепарад як су ба суи дигар. Менишинад сари хар яке. Вале онхоро парвое нест. Касе бо у чушиш намекунад ва намедонистанд у кист, аз кучо омадааст ва чи мехохад. Ва садо мезанад. Паи хам чанд бор. Касе аз онхо ру ба у намекунанд. Ин бепарвои уро бештар бедасту по кард. Ва ба огуши ранчу дард афканд. Вай хори хис кард. Ва нолид. Нолиду ба худ омад.

Бобул эхсос кард, ки харгиз ба охири сохтмон нахохад расид. Онро чун ишк дарёфт, ки «огоз дораду анчом не». Аммо расид. Он дам ки нигохаш ба даромадгохи накб мехурад, овози тундар замину замонро дар ларза мекунад. Ва у аз тарс вориди накб гашту худр дар толори мошинхо дид. Ин чо басо салкин ва гарк дар нур буд. Нахуст уро ба дасти вахшат ва изтироб супорид. Нохост хама чо сиёх шуд. Ин сиёхи хамаро аз пеши чашмаш дур кард. Чарогхоро хам дар худ фуру бурд. Саросема чашм пушид. Лахзае пас охиста чашм боз кард. Ингор аз хоби хуше бедор шуд. Ва андешид: «Ачаб чое! Гури бузург!» Ва боз: «Чи кадар таку тук мекунанд!» Зери ин садохо гирумони одамон часпону бо низом ва дилнишин ба нигох меомад.

Ин лахза сардии фораме бар танаш рах овард. Ва дарзамон хастагии бегонаеро, ки ба чисму чонаш ворид гашта буд, берун овард. Дар огуши рохати ширин толор шабехи олами хоб чилва намуд. Ва у дар дунёе бирафт, ки миёни хобу бедори аст.

– Ба хайрат афтоди?

Аз ин садои шодиолуд як кад парида, ба худ омад. Ва пирамардеро дид, ки рую муйи сап-сафед дошт. Руяш пур аз ожангхои жарфу дароз буд.

– Ба чашмони худ бовар надори? – пирамард ба руи у нигох духта табассум кард. Табассумаш софу бегубор буд, аз дили равшану хотири чамъаш дарак мебурд.

Бале, шубха дорам. Охир чунин муъчизаро бори нахуст мебинам. Чи тур бовар кунам? Аммо садо аз миёни ду лабаш дар наёмад.

– Ин накб асолат дорад. Вокеи аст. Хаёливу руёи нест. Ва ман низ. Ман аз хама пирхо пиртарам! Бале, бале хамин тавр аст!

Вай ин гуфтаро як чур хаёлбофии густохона тасаввур кард, ки аз магзи нохуше таровиш кардааст. Аз он пас ин хаёлбофи макоми мухимеро ба худ гирифт. Буйи ноошнову бегона ба машомаш расид. Бини кашид ва бечуратона пурсид:

– Ин чи буй аст?

– Буйи Замин-Модар аст!

– Замин-Модар?

Пирамард муоширатро азиз медонад. Аз ин ру дилаш такозо мекард, бо чавон ду дахон гап занад.

– Маълум ки шахри хасти?

Бобул хавсалаи рози дили зор ифшо кардан надошт.

– Ихтиёрат, нагу.

Бобул охи бадарде кашид:

– Хотироти ман кирои гап надорад.

– Ман дар дех ба дуне омадам. Дабистонро хатм кардам. Шахр рафтам, ки ба дорулфунун дохил шавам. Галтидам ва боз гаштам. Хонадор шудам… Имруз басо хушбахтам. Бале, бале барои он ки дар симои ту чавонии худро дидам.

– Магар пушаймонед?

– На холо, на фардо, на хеч вакт. Зеро фикри бехуда зистан харгиз дар сарам чарх назадааст. Аслан фурсат надоштам, ки доир ба маънои хаёт фикр давонам. Аз субх то шом барои ободии ватан захмат кашидаам. Анна имруз бошад бихишт месозем.

– Бихишт?!

– Бале, хеч чои тааччуб нест. Мо барои зиндаги дар бихишт офарида шуда будем. Аммо бо гунохи худ ронда шудем. Кунун лозим меояд, ки онро дар замин бисозем. Ман аз хама пирхо пиртарам. Аммо орзухои зиёде дорам.

Бале, у пир буд. Аз пирхо хам пиртар. Аммо сар то ба по пур аз умед, пур аз часорат. Чашмонаш равшан, монанди хавои як рузи офтобии бахор. Дастонаш кави. Дар симои пирамард тамоми дунё тачассум ёфту уро хамчун ростгуи комил ба чилва овард. То кунун эхсоси хакикат бо ин хама неру баён нашуда буд. Суханони сода ва табии пирамард гиребонгираш бигашт. Хамин ибхом сабаби таъбир ва тафсири фаровон гардид. Ва у гуё ногахон аз холати нимахобу нимкарахти ба худ омад. Эхсосоти олиаш бедор шуду тафаккурашро ба тахрик овард. Ва дарёфт, ки зиндагии маънави бар зиндагии чисмони голиб омада, сабаби такомули бепоён гашта. Ва рохати ширин зода.

Бе он ки калимае ба забон биронад, хулоса мекунад, ки сарнавишти аблахонае доштааст. Дунёи дуругу тазвир ва масхараро бояд хароб кард ва руи вайронааш дунёи наве сохт. То бишавад дар он зиндагии обрумандона кард.

Бобул эхсос кард, ки сараш гич меравад. Танаш тафс кард, ангор бо гунохе ба даст афтода буд, ки дар араки сард гарк шуд. Нишасту чашмонашро сахт пушид ва сарашро бо ду даст дошт.

– Чи гап шуд?

Садои пирамард уро ба худ овард. Дар зехнаш дунболи каломи муносибе мегашт, аммо намеёфт. Ошуфтаги ва изтиробаш комилан табии буд. Пирамард нотавонии уро дарёфт ва ин шеърро замзама кард: «Ба сабр куш ту, эй дил, ки хак рахо накунад, Чунин азиз нигине ба дасти Ахримане».

Пирамард эхсос намуд, ки шеър ба Бобул куввати калб бидод. Ва лабханде заду хонд: «Коре кунем, варна хичолат бароварем, Рузе, рахти чон ба чахони дигар кашем».

Бобул ба густохи чуръат намуд:

– Шумо аз марг наметарсед?

Пирамард лабханд кард – на, харгиз.

– Наметарсед? – тааччуб намуд Бобул. – Чаро?

– Зеро он вучуд надорад. Бале, бале! Маргро гушнахо бофтаанд. Он чи марг меномем, лузуми такомули бепоёни мост. Оё медони файласуфи Чини бостон Лаотси чи гуфтааст?

Бобул чизе нагуфт, лабонаш гунча шуд, пиндор касеро буса кардани буд.

– «На зодан огози зиндагист, на мурдан анчоми он».

Чисми Бобул сарди кашид. Холаш музтариб гашт.

– Узр, ман суоли ночо додам. Бубахшед маро.

Пирамард узри уро бо табассум пазируфт:

– Худо ёр аст, мурод хосил хохад шуд.

Нихоят Бобул каноатманд чукур ва харисона хаворо, ки гуё охирин нафас буд, фуру кашид. Дилаш равшан шуд, зиндаги ба назараш ширин намуд.

Бобул дар кади умраш бори аввал чунин чушу хуруши хаёт ва иззату эхтиромро медид. Дар махаллае ки у ба воя расидааст хеч кас чунин муомила намекунад. Ист не, биист не, на салому алейк-ку эхтироми одам. Бале, Рогун ва рогуниён дили уро тасхир намуда буд. Ва Бобул гайри одаташ мехост худро дар тугёни ин гирдоб андозад ва болои амвочаш савор шавад. Шояд дубора дар ин рох Ситораашро дучор ояд. Муддати мадид дастонашро молиш дод. Вай дил мекард, ки ба пирамард руй орад, вале намеёрист. Окибат часорат пайдо карда гуфт:

– Агар аз Шумо илтимос кунам, ки маро ба шогирди кабул кунед, рози мешавед?

– Як кадам, ки бардошти, бояд кадамхои дигарро хам бардори. Аммо боваста ба он аст, ки аз дастат чи меояд.

– Аз дасти ман майпарастиву авбоши, ишкварзи ва кайфу сафо меояд

– Наход? – пирамард таънаомез ба у нигарист, аммо зуд рагбати самимона зохир карда, эхсосашро пинхон дошт. – Оличаноб. Ман туро ба шогирди кабул мекунам.

Аз тахаюр дахони Бобул воз шуд.

– Кабул мекунам, – такрор кард пирамард.

Бобул ба гушхои худаш бовар намекард. Дилаш сахт ба таппиш даромад. Хатто сараш чарх зад.

– Шумо… Маро… Маро кабул мекунед? Барои чи? Чаро?

– Аз ту буи зиндаги меояд.

Ва ногахон Бобул эхсос кард, ки ангор ситорае дар рухаш оташак зад.

*      *      *

Дарахти себ бузург буд ва руи як пой сояву гулафшони мекард. Паррандахо мачлис ороста буданд. Гули себ ба чашм зебо буяш ба дил ошно.

– Ки шинонда бошад? – пусид Давлат Рахмат.

– Худруй аст, – посух дод Бобул.

– Монанд не. Худруй бузург намешавад.

– Ман онро парвариш намудам. Бубинед, ки гулхом себ чи кадар зебоянд ва неруе дорад, ки метавонад дар як он садхо дилро асири зебоийи худ созад. Рогун хам неруе дорад, чизхои зиштро ба мехри зебо мубаддал гардонда, ба одамон медихад. Ва монанди гулхои себ дилхоро пур аз шоди мекунад.

Бобул тавонист аз зери юги дунёи пуч берун биёяд ва ба Рогун бипайвандад. Неруи офаринандаи Рогун тамоми хастиашро рохнамои мекунад. Ба дустонаш бигуфт: «Шумо хама бо ман бегона хастед! Бокии зиндагиамро барои ба чанг овардани чизхои аз даста рафта мегузаронам».

Бобул шодмон ва саодатман буд.

Муи киргшунаш аз дами бод чамъу парешон мешуд.

– Хангоми гуруб фалак ба изтироб меояд.

Ба сурхидани офтоб менигараму беихтиёр мегуям:

– «Бар мазхаби ахли осмон аст гувох, Хуршед, ки суи кибла дар таъзим аст».[2]

Рухсорахо сурхча менамуданд. Чашмхо медурахшиданд.

– Бобул!

– Ха?!

– Пайдо нашуд?

– Ки?

– Ситора.

– Не.

– Нагз накофти!

– Кофтан бефоида. Хар руз дар домани поки Рогун намози ишк мехонам. Акнун хама умедам ба Шумо. Нависед. Шояд бихонад… Менависед?

– Хатман. Ах зик нашав, ноумед шайтон. «Дар навмеди басе уме даст, Поёни шаби сиях сафед аст». Мутмаинам Ситораатро меёби.

– Оре, мехохам хар кас ситораи худро молик бошад!

4 апрели соли 2010

[1] Аз Гулрухсор

[2] Аз Озар

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …