Главная / Чамъият / Киёфашиноси – Бахо додани одам азафту андом

Киёфашиноси – Бахо додани одам азафту андом

Магар шахсро аз шакли руй, ки будани онро гуфтан мумкин аст?  Бахо додани одам аз нигохи илм!

Аз замонхои хеле кадим мардум ва донишмандон акида доштанд, ки чехраи инсон аз рафатор ва кирдори одами хикоятмекунад. Борхо пмзишкони муолич дар хини амал ташхис дода буданд, ки вазъи карор гирифтани хар як аъзои бадан чи дар хорич ё дохили бадан дар рухияи бемор таъсир дорад ва вобаста ба андоми уст. Чунонки якдастхо ё якчашмхо ё кутохкадхо ва хиплахо хар кадом аз як навъ нохамохангии ахлоки ва сиришти бархурдор хастанд.

Доктар Курмон чехраи одамиро поя ва асоси ин назария карор медихад ва онро ба ду кисмат ва ё ду гурух таксим мекунад:

Чехраи гушода ва дуввум чехраи дархам ва печида.

psihologiya

Акнун бубинем чехраи фарох ва гушодаро чи гуна мешиносем?  Ибтидо ин ки чехраи фарох ва гушода гохе мумкин аст ариз ё гирд ва ё такрибан мураббаъшакл бошад.

Пусти бадан, ранги он шаффоф ё сурх ё моил ба гили аст, зеро хун ба осони дар хама чои бадан гардиш мекунад.

Гохе шакли сурат аз хутути кутох ва амик ташкил шуааст ва аъзои гиранда ё хиссии ин навъ чехраро доктар Курмон дастгохи эхсос номгузори кардааст.

Ин навъ чехрахо соф ва дурахшон, чашмон бузург ва аз хам дур, бинии у каме баланд бо минхарайни (сурохихои бини) фарох ва дахон бузург ба тавре ки мавкеи харф задан бо лабхои гуштолу харф мезанад.

Чехраи гушода

Касе ки дорои чехраи гушод бошад бинанда аз дидани у махзуз (хурсанд) мешавад, аз у хушаш меояд. Бо майл ва рагбат бо вай харф мезанад. Суханонаш дар дили у менишинад. Дорандаи чунин чехрае бо мардум мехрубон аст. Чунин менамояд, ки гаризаи дуст доштан ва мухаббат кардан дар киёфааш монанди як эхсоси гуё инъикос дорад.

У киёфаи башшош дорад, хамеша бо табассуми ширин аз дустони худ истикбол мекунад ва мисли ин аст, ки киёфаи хуб ва матбуи у намояндаи куниш ва сиришти поки уст.

Чехраи фарох мутааллик ба касонест, ки голибан майл раванд, харф бизананд, биханданд ва махсусан мухаббат ва нишоти онхо гохе ба хадди ифрот мерасад, калбаш дар дасташ аст, хама калби уро мебинанд ва дусташ доранд, эхсосоти уро хама мебинанд ва худаш хам эхсоси хешро ба хама нишон медихад, дустони зиёде барои худ фарохам мекунад, дар синни чавони издивоч мекунад, зиндагиро ба аёши намегузаронад ва хама чизро ба назари хушбини талакки мекунад ва ба таври кулли бо дунёи хорич марбут аст. Хакикат гувох аст ва дар зиндагии ичтимои чои худро боз мекунад ва голибан дар корхо бо сухулати тамом пируз мешавад. 

Чехраи тира ва тор

Чехраи тира ва тор дорои чашмони фурурафта ва тира, абрувони барчаста бинии пахн, сурати фурурафта, чонаи (манахи) дароз ва гохе ба шакли мусаллас дароз аст. Чунин кас дорои киёфаи нописанд ва гиреххурдаву устухони, рангаш ба мисли ин ки хун ба сахти дар он чараён дорад парида аст. Андомаш кучак ва ба худ фурурафта мисли ин ки намехохад бо дунёи хорич бастаги дошта бошад. Чашмон даргудие дар халкаи ба хам наздик карор дорад, фосилаи ду чашм хеле ба хам наздик аст. Чашмон низ аз хадди маъмул ба хам наздикиаранд. Бинии у ё кучак ё хеле хипла, минхарайн фарох, лабхо бисёр кулуфт ва гайритабии аст.

Чунин одам аз нируи худ сарфачуи мекунад, худро аз дигарон кучактар ва нотавонтар медонад ва мехохад аз дигарон тавонотар бошад.

Аз лихози ичтимои одами мармуз ва канорагир аст. Гайр аз иддае махдуд, ки аз онхо итминон дорад аз дигарон худро дур медорад ва аз дусти бо мардум гурезон аст. Танхои ва гушагириро дар чамъ шудан бо онхо тарчех медихад.

Равобити у бо хорич махдуд ва кантрулшуда аст ва монанди чехраи фарох боирода нест. Аммо бидуни тардид аз лихози хуш ва фаросат нисбат ба у бартари дорад.

Дар зиндаги фокиди созиш ва нарми ба истилохи авом зиёд котии дигарон намешавад. Аз он чи дар атрофи у мегузарад рози ва хушнуд нест. Дар баробари музохир хорич ё набард мекунад ва ё ба худ фуру меравад.

Сохиби чехраи бахамрафта ва мункабиз издивочро бо киёфаи гушуда истикбол намекунад, барои худ дустоне надорад, зеро касеро дуст надорад. Пирузии у монанди сохиби руи хила ва дуруггуи ва зохирсози аст.

Пешрафт дар корхои у асоситар аст, зеро аклро бо хавасхои гунахкорона ба кор меандозад.

Дар таърихи Эрон Хасан Сабох пешвои исмоилия аз ин намуна буд. Ба тавре ки Мурхин менависад чехраи дароз, чонаи дарози баргашта, чашмони фурурафта ва хилагар, минхарайни гушода, лабхои нозук ва баргашта дошт. Ин мард бинобар ривояти таърих бо Хоча Низомулмулк – вазири Олбарслон ва Маликшохи Салчуки ва Умари Хайём дуст буд ва ба номи се ёри дабистони дар таърих шинохта шудаанд.

Чехраи одами хулосае аз кирдор ва рафтори уст. 

Бо таваччух ба он чи гуфтем се навъ киёфаро дар назар мегирем. Кудак аз рузе ки ба дунё меояд то даврони пири киёфааш иваз мешавад. Доктар Курмон дар ин замина се давра барои кудак то синни пири коил шудааст.

  1. Чехраи чавон то худуди чихилсолаги ва дар ин даврон киёфаи кудак ба ашколи гуногун дармеояд, хутути чехра хамида ва уфтода ва гохе дар хамаи пешони хам шуда ва бинии мутамоил ба чилу, монанди ин аст, ки кисмати сурат дар холи чилу рафтан аст.
  2. Баъд аз чихилсолаги чорукхо (ожангхо) дар пешони зохир мешавад. Дар ин хол ними рух худро нишон медихад. Баъзе аз андомхо монанди чехра ва пешони ва чона тагйир мекунанд.
  3. Дар даврони шастсолаги ба баъд чурук кулли дар чехра пайдо мешавад, сурат ба гуди меравад, як навъ адами таносуб дар бини, ки дар холи худ боки монда ва соири кисматхои чехра зохир мегардад.

Агар дар муддати ин солхо пешони дорои чурук бошад, ин чурук агар чи намояндаи умр аст, вале аз тарафи дигар намояндаи фикр ва андешаи уст.

Кисматхои сегонаи сурат хар кадом хикоят аз як табиат ва сиришт мекунад, аз тарафи дигар бояд бидонем, ки ахлок ва одоби мо марбут ба вазъи зохири чехра нест. Агар ин тавр мебуд хар кас метавонист аз чехра ва чашму бини ва азалоти (мушакхои) одами ба ахлок ва кирдори вай пай бибарад.

Днишмандон дар асари озмоишхои зиёд пай бурдаанд ва мегуянд, вазъи карор гирифтани хар як аз андомхои бадан, ки бо хам мутафовитанд, дар тагйири холат ва одатхо муассир аст. Ин тахти таъсири се дастгохи омил дар бадан ба вучуд меояд, яке аз онхо силсилаи аъсоб, дуввум силсила мачораи хун ва саввум силсила азалот аст, ки бо хам равобите доранд.

Аввал сиссилаи аъсоб

Павлов донишманди рус сагхоро ба се даста таксим мекунад:

Аввал – сагхои хор (девона) ва гиранда навъе хастанд, ки хамеша холати хамла доранд. Мумкин астсохиби худро гоз бигиранд.

Дуввум – сагхои тарсу, ки агар ба сарашон бизанед ва ё даст ба руяшон баланд кунед, фавран таслим мешаванд. Гохе хам аз тарс идрор мекунанд. Ин навъ сагхоро хайвоне тарсу меноманд.

Саввум – хайвоноти мутаъодил, ки каме ором, хушёр ва зарнг  хастанд монанди сагхои пулис.

Аз ин таксимбанди натичае, ки ба дасти мо меояд, ки агар дар инсон хам онро ба маърази озмоиш карор дихем, хакикат барои мо собит ва равшан мешавад.

Дар инсон хам ин озмоиш дуруст меояд. Гуруххои писар ва духтарро агар бо хам дар як чо чамъ кунем, гурухе ором ва фармонбардоранд ва аз конун тачовуз намекунанд. Гурухи дигар худро кахрамон медонанд ва мехоханд бар дигарон тасалут дошта бошанд ва гурухи саввум чавонони тачовузкор, дуруггуй ва голибан хиёнаткор аз об дар меоянд.

Дастае аз инсонхо бо имони комил аъмоли хуб анчом медиханд ва гурухи дигар сиришти чудогона аз худ нишон медиханд.

Ичтимоъро агар фоктургири кунем, хам кадом дорои хусусиёте хастанд, ки бо анвои дигар тафовут доранд. Ахлок ва одоб ва гароиз ва идрок ва хостахои онхо бо хам мутафовит аст ва хар кадом аз лихози равони ва тарзи тафаккур навъ ва вохидеро ташкил медиханд.

Бинобар ин тамоми мардуми чахонро метавон байни ин се гурух микёс гирифт. Ахлоки хар кадом бо дигаре марбут ба сиссилаи аъсоб ва шароити бархурди онхо мухит аст.

Кисматхои сегонаи сурат хам хар кадом хикоят аз як сиришт ва сифати махсус мекунад, бо ин тартиб ки андомхои кисмати поини сурат монанди чона ва дахон ва дандонхо хоки аз сифати гаризи ва табакаи мутавассит шомили бини ва гунахо намояндаи таъсироти даруни ва авотифи инсони ва тарзи зиндагии ичтимои ва кисмати болои сурат шомили пешони, абрувон, мижгон ва чашмхо хоки аз одат ва хаводиси зиндаги аст. Бинобар ин метавонем бигуем:

  1. Чехрахои гушода бо чашмони дурушт ва киёфаи матбуъ, ки ба шарх ва тавсифи он пардохтем мутаалик ба касоне аст, ки дорои хуши вофир, табъи мехрубон ва инсондуст хастанд. Голиб ричол ва бузургони машхур аз ин табакаанд. Мумкин аст мехрубон набошанд, аммо дорои фикри баланд ва нубуг ва шахсияти мумтоз хастанд.
  2. Бар хилофи он чехрахои убус ва дархам ва нозебо ва гирифта, ки дидани он танаффуровар аст ва дорои афкори палид ва паст ва аз дастаи афроди дуруггу ва номехрубон ва хашмгин ва асабони ва чохталаб хастанд.
  3. Чашмони дурушт ва зебо ва бидуни барчастаги мардумони мехрубон ва дорои авотифи хуб хастанд, мехр ва утуфат доранд, ба суханони дигарон гуш медиханд, ба шахсияти афрод эхтиром мегузоранд ва бар хилофи он чашмони фурурафта, ки дорои барки шайтанат аст, афроди хилагар, дуруггу ва фиребкоранд ва агар чашмон нисбат ба хам фосилаи зиёд дошта бошад, ки дар нигох кардан махсус бошад, боз хам хоки ва авотифи инсони аст, вале агар фосилаи чашмон кам бошад дар истилох ононро тангназар мехонанд. Ин афрод дорои хасти табъ, пулпараст ва дунёпараст ва зохирбин хастанд ва ончиро дар зохир мегуян гайр аз он аст, ки дар ботин фикр мекунанд. Баъзе афроди зишт ва нозебо хам мумкин аст киёфаи фарох дошта бошанд.

ПЕШОНИ

  1. Пешони агар баланд ва фарки сар имтидод дошта бошад мардумони факкур ва аз касоне хоханхд буд, ки аз рохи фикр худро ба макоми олими мерасонандю Голиб дорандагони пешонихои баланд ва гушода мутааллик ба сиёсатмадорон ва рахбарон ва касоне хастанд, ки иддаеро зердасти худ идора мекунанд. Пешонии афроде, ки кисмати зиёде аз болои сарро шомил шавад ва дорои хутути зиёд бошад, дорои сифати зайл хоханд буд:

Равшанфикр, яъне ба дунболи хурофот намеравад ва афкори онон комилан мунтабак бо вокеиёт ва бар пояи усули илми аст.

  1. Умри онхо кутох, аз сарват ва манол бахрае надорад. Зеро афкори баланд доранд ва пулу сарват арзиш коил намешаванд. Голиб онхо мумкин аст гушагир бошанд, вале дар танхои бо таровишоти фикри ба дигарон бахра мерасонанд.
  2. Агар ин пешони дорои хутути зиёд бошанд, ин хутут зиёд амик нестанд монанди хати бисёр нозуке аст, ки гох дар пешони дида мешаванд ва агар аз ду тараф муи сарашон каме акиб рафта бошад сохиби макоми баланд ва голибан аз афроде норохат ва инкилоби хастанд. Умри онхо дароз, дорои тахаммул ва бурдбории зиёд ё мизочи солим. Афроди нотарс ва боирода, шуришталаб. Дар сахтихо муковимат доранд. Гуруснаги ва ташнаги чизе нест, ки онхоро аз по дароварад ва факат шикастхои пайдарпай дар тазъифи онон муассир аст.

Пешонии баромада

            Афроди пуштикордор, боистикомат, аммо бефикр ва дамдамимизоч, дар хар коре тардид доранд ва агар ин афрод дорои чашони бузург ва равшан бошанд тардиди рои онон камтар, вале бо истикомат ва пойдори пируз мешаванд.

ПЕШОНИИ КУЧАК ВА ФИШУРДА

  1. Пешонии кучак ба он маъно аст, ки аз худуди болои абру то фарки сар бисёр камъарз ва беш аз чанд сантиметр нест ва дар зимни он пешони дорои чинхурдагихои зиёд аст. Ин афрод каме бохуш, аммо мардумони беистикомат ва буздил хастанд.

Пешонии пурчурук ва хатхои зиёд ва шулук афроде танбал, бефикр камзарф ва беистикомат.

  1. Гохо пешонихо бадкавора ва ночур аст. Кисмате аз он баромада ва кисмати дигаре аз он фурурафта аст. Ин кабил пешонихо далолат бар камин акл ва хуш мекунад. Ва голиб онхо парешони хаёл ва зуд тахти таъсири гирифторихо карор мегиранд, зеро хеч гуна истикомат ва ирода надоранд.

ЧАШМОН

Дар бораи чашмон гуфтанихо бисёр аст, зеро чашм чун ойинае аст, ки вучуди инсон дар он мутамарказ мешавад ва тамоми афкор ва холат ва равониро чашм метавонад хикоят кунад.

ЧАШМОНи дурушт ва баромада

Таваччух кунед чашмони дурушт бо чашмони дурушт ва баромада мутафоит аст. Чашмони дурушт ва баромада чашмони гайритабии аст. Дорандаи он  одами шулук ва пурсарусадо аст. Бефикр ва зохирбин аст, наметавонад дурандеш бошад. Аз озор кардани дигарон лаззат мебарад, одами берахм ва нодон аст, муболигагу, пурхарф, худсито, дуруггу, зохирсоз, хиллагар, бадбин ва бадхох ва аз касоне аст, ки барои нафъи худ дунёро ба хам мезанад. Аммо мард бошад шавхари номуносиб ва агар зан бошад хиёнаткор ва риёкор аст. Аз хиёнат ругардон нест. Тачаммулпараст аст, хатто ба фарзандони худ мехрубон нест ва агар хам мехрубон бошад дилсуз нест. 

ЧАШМОНи дурушт ва хуштаркиб

Сохиби он марди ростгу ва мехрубон, салимулнафс, дорои эхсосоти зариф, зудранч, хамаро дуст дорад, нисбат ба хама хушбин аст ва зуд фиреб мехурад.

Чашмони кучак ва фурурафта

Дорандаи ин чашм агар фосилаи ду чашмаш камтар аз маъмул бошад, олами дуруи ва бадчинс ва зохирсоз ва аз афродест, ки наметавонад касеро дуст дошта бошад.

Чашмони бодомшакл

Дорандаи ин чашм мутамиллик ва чоплус ва риёкор ва фикри кутох ва аз афродест, ки бо риёкори ва зохирсози барои худ дустоне фарохам мекунад ва дорандаи ин чашм агар чашмонаш хеле рез бошад дар сурате ки гунахояш баромада бошад аз афроди хатарнок аст, ки бояд аз у дури кард.

Лака (хол)-и сиёх

Агар лакаи (холи) сиёхе дар чашми чап ё рост (ва ё яке аз онхо) бошад, дорои сарнавишти талх ва ногувор ва зиндагии у хаводиси вахшатнок хамрох аст ва гохо ба нестии у тамом мешавад. Аммо ба таври умум лакаи сиёх дар чашмон нишонае аз бадчинси ва пасти ва табахкорист.

Чашмони чаззоб ва гиро

Ин навъ чашм дар мард ва зан тафовут мекунад.  Чашмони чаззоб ва гиро дар занон нишонае аз лутф ва сафои ботин аст. Занест мехрубон ва бо мухаббат ва нисбат ба хонаводааш алокаманд, шавхардуст, аммо дар мардон нишонаи зохирсози аст. Чунин марде бо чашмони гирои худ дигаронро фиреб медихад, ростгуй нест. Гайр аз дуругу тазвир ва фиребкори пуштибоне надорад.

Чашмони зебо

Чашмони зебо, ки фосилаи ду чашми онхо зиёд аст, афроди дурусткор ва ростгуй хастанд. Ба шарте ки ин чашм зиёд дурушт набошад, дар ин сурат ин имтиёз аз у гирифта мешавад.

Чашмони маъюб

Дорандаи чунин чашмоне ки масалан лавч (олус) ё чам бошанд мардумони нодуруст ва хасуд, бадбин. Ва ин яке аз далоили махрумият аст. Касоне ки нукси узви доранд умуман мехрубон ва ростгу нестанд ва нисбат ба дигарон хасад меварзанд ва касеро дуст надоранд.

Чашмони лавч (олус)

Дорандаи чунин чашмон бисёр мехрубон ва мардумдуст ва ин аз он истиснохост, ки чашмони лавчро наметавон чузви чашмони маъюб карор дод.

ЯкЧашм

Якчашм, ки онро вохидулайн мегуянд мардумони лаим ва паст, бадхох ва ба истилох бар хилофи соирин, ки дунёро дуто мебинанд нисфи чахонро ва голибан афроди ахмак ва нодон ва кутохфикр хастанд.

Абрувон

  1. Абрувони пурпушт ва захим.

Ба таври кулли мардумони хушбин  ва хушмахзар ва баракси онхо абрувони нозук ва касони афроде бадчинс, вале пуштикордору боирода хастанд. Онхо бо ин абрувони камони мардумро гул мезананд, вале худашон бештар гул мехуранд.

  1. Абрувони дароз.

Хам мардумоне хушбахт хастанд, зеро на риёкоранд ва на дуруггу. Дорандаи чунин абрувон мардумро дуст доранд. Дар ичтимооти хонаводаги шух ва базлагу хастанд.

  1. Абрувони кач ва муъаввач.

Дорандаи чунин абрувон мардумоне бадчинс ва бадхох хастанд. Ба чахон ва авотифи инсони бо дидаи тамасхур нигох мекунанд. Хеч касро дуст надоранд ва аз худашон низ безоранд ва аз онхое хастанд, ки бояд гуфт “охир кадами рост бинихи хамачо кач”.

  1. Абрувони кутох ва каммуй.

Дорандаи чунин абрувон хеле эхсосоти хастанд, хофизаи хубе доранд, аммо агар ин абрувон ба хам пайваст бошанд мардумони хилагар ва зохирсоз мешаванд.

  1. Абрувони часпида ба чашм.

Манзур аз ин навъ абрувон ин аст, ки фосилаи байни чашмон ва абрувон ба кадре кам аст, ки гуй ба хам часпидаанд. Дорандаи ин навъ абру хилагар ва пурифода ва магрур ва худхох.

Абрухои бохолат

Абрувоне, ки фосилаи аз чашм зиёд ва мутаносиб ва зиёди пурму нест, аммо холати хуше дорад. Голибан мардумони мехрубон ва ростгуй хастанд.

бини

  1. Бинии пахн ва мусаттах.

Одаме  шахвони, пурмудао, харис ва бадахлок ва голибан ин кабил бинихо бо мардум наметавонанд мехрубон бошанд.

  1. Бинии хобида ва баистилох бинии пах.

Пурхарф, игрокгу, хандару ва одамхои бисёр хачул, ки аз ичтимоот фосила мегиранд.

  1. Бинии баланд.

Дорои сарнавишти дурахшон, сарватманд ва ончиро , ки бихоханд ва ирода кунанд бо акл ва тадбир ба даст меоваранд. Онхо камшахват ва агар пешони хуб бошад хамеша дар корхо ба пирузи мерасанд.

  1. Бинии саркач.

Одамхои киначу, бадсиришт ва бадхох, хучи ва аз мардумони инкилоби хастанд, ки агар акли комил ба кор бибаранд дар хама корхо пируз мешаванд.

  1. Бинии баланд каме саркач бошад.

Мардумоне муваффак ва пурсарусадо, дорои макомхои баланд ва аз касоне хастанд, ки агар акли комил ба кор бибаранд дар хама корхо пируз мешаванд.

  1. Бинии кучак ва зариф

Дорандаи ин бини бисёр мехрубон ва хушрафтор, шавхари бисёр муносиб ва вафодор. Аммо агар зан бошад кутахфикр ва нодон аст.

  1. Бинии нохамвор ва ночур.

Дорандаи ин бини лаим ва паст ва молпараст, дуруггу ва зохирсоз ва такрибан метавон гуфт дорандаи чунин бини аз доштани бисёре аз сифати хуб махрум аст.

Суроххои бини

Агар суроххои бини гушод ва дахонадор бошад, мардумони хашмолуд ва даъвогар ва пурсарусадо ва дар холати хашм киёфаи тарсноке ба худ мегиранд.

Бинихое, ки дорои сурохихои танге хастанд, голибан мардумоне ахмак ва сода хастанд.

лабхо

  1. Лаби кулуфт.

Одами шахвони, таммоъ ва бадчашм ва аз зумраи мардумоне аст, ки наметавонад хушбахтии касеро бубинад.

  1. Лаби борик.

Одаме махчуб, мехрубон, сарватманд ва пуравлод ва руи хамрафта хушбахт, аммо шикапараст аст. Лаби баргашта харис ва дорои сифати ахлокии нописанд аст. Аввал ин ки марде аст шахвони. Барои занон дом меафканад, аз лихози ахлоки марде бадху ва риёкор, дуруггу ва голибан хатарнок.

Агар кади ин ашхос кутох бошад, касе аст, ки барои донистани асрори дигарон пофишори мекунанд ва аз он барои худ ва ба нафъи худ бахрабардори менамояд.

  1. Агар лабхо овехта бошанд, одаме аст харис ва барои нафъи шахси даст ба хар коре мезананд, хар гох лабхо хеле нозук ва овехта бошад дуруй ва мутамаллик, дуруггу ва риёкор аст.
  2. Лабхои кучак ва чамъшуда.

            Сохиби он одаме сода ва гулхур аст. Чунин шахс кутахфикр ва зохирбин аст.

            Агар лабхо хар ду кулуфт бошад дорои ду сифати бисёр бад аст, хам шахвони ва хам шикампараст ва барои дастёби ба ин ду чиз аз хама навъ дуруггуй ва хилагари мазоика надорад.

  1. Лабхои пахн ва густурда.

Ба тавре ки ру ба поин мутамоил бошад, дорандаи он бетоифа ва номехрубон ва гайр аз худаш касеро дуст надорад.

Чонахо (манах)

чонаи кутох

Одаме маъюс ва беирода ва агар нуки он каме баргашта бошад одаме беирода, камакл ва сададил, мехрубон ва вафодор аст.

Чонаи баланд ва соф дорои эхсосоти баланд ва хушфитрат ва хамеша моил аст вакти худро барои хидмати дигарон сарф кунад.

Чонаи баланд ва баргашта

Бадчинс, тавдор (дарундор), риёкор ва бо хила ва тазвир ва метавонад ба макоми баланд бирасад. Ин афрод агар дорои дандонхои номураттаб бошанд афроде хатарнок ё котил мешаванд.

Андомхои даруни

Ба хамон нисбат, ки индомхои бурун монанди ингуштон ва тафовутхои онхо ва андомхои чехра хоки аз хусусиёти инсон аст, андомхои даруни низ дар ин тафовутхо дахолат доранд.

Гуддахои даруни

Мутаассифона хамон тавре ки мо тафовутхои ангуштонро метавонем бибинем, гуддахои даруни, ки онхо хам корхое анчом медиханд, кобили дидан нест ва хамин гуддахо дар гашои мачории хуни шомили хурмонхои махсусе аст, ки дар рохравхои тангу торики хун чори аст ва тагйироте дар андомхои хоричи медиханд ва накши бузургеро дар ахлок ва кирдор ва тарзи тафаккури мо бози мекунанд. баъзе аз онхо зудгузар ва дастаи дигар хамешагари аст. Холати тасаллут дар афроди фаъол, ки дорои гуддахои сафрови хастанд ба нисбате мутафовит аст ва агар мо бигуем, ки метавон аз руи гуддахои сафровии афрод типхои гуногуне ба вучуд меояд игрок нагуфтаем, зеро дар баъзе аз ин гуддахои сафрови дар бадани касоне ёфт шуда, ки дорои аъсоби балгами ё дамдами хастанд.

Масалан вакте феъл ва инфиоли гуддахои теруид нокис аст ё суст дар ахлок ва кирдори мо тагйироти бузург медихад. Аммо вакте гуддахои теруид фаъол бошад хаячоноти даруни боиси бурузи баъзе рафторхои нохинчор мегардад ва бар хилофи он агар ин гуддахо кор накунад ва ё кори нокис анчом дихад, холате шабех ба бухти зиндаги  хастаги ва бехоли эчод мекунад.

То имруз пизишконе пайдо шудаанд, ки руи озмоиши гуддахои теруиди тавонистаанд дар бораи рафтор ва ахлоки онхо казоват кунанд.

Гуруххои хун

Ачиб аст, ки бо ин хама тафовутхо дар таркиботи хуни мо низ тафовутхое вучуд дорад. Вакте вучуди гуруххои гуногуни хун кашф шуд бар асари ин кашфи бузург донистанд, ки интиколи хуни як гурух дар гурухи дигар чи хавлноке ба вучуд меоварад.

Лонсар аз ин рох тавонист чахор гурух хуни мухталиф дар ашхос ба даст биёварад, ки иборатанд аз гуруххоои О ва Б, АБ ва ОБ. Ин чахор гурух хун ба таври тасови дар афрод дида, нашуда. Ба таври мисол дар Фаронса хисоб кардаанд, ки байни сад нафар чихилу се нафар дорои хун аз гурухи О ва 43 нафар аз гурухи АВ ва ёздах нафари дигар аз гурухи Б ва бакия аз гурухи ОБ хастанд. Аз он гузашта кашф карданд, ки голиб гуруххои хуни мавруси ва тобеи шароити рухии инсон аст ва боз хам саъй карданд бидонанд оё байни дорандагони хун аз яке гуруххо аз лихози равони ё вогирии бемории равони шабохате вучуд дорад ё хайр? Леон Бурвул (1607-1666) равоншиноси фаронсави пас аз бист соли захмат тавонист як табакабандии хос руи гуруххои инсони ба даст биёварад.

дорандаи хуни гурухи “О”

Одаме хассос ва мушикоф ва шадидултаъсир ва мусаллат бар хама чиз аст, ки онро хулк ва хуи хамоханг ном гузоштааст.

дорандаи хуни гурухи “АВ”

Касест, ки ба осони дар хар навъ мухит созгор мешавад ва хеле зуд бо атрофиёни худ хамоханги пайдо мекунад ва онро типи хамоханги мутамаддин ва шахрнишин ном гузоштааст. 

дорандаи хуни гурухи Б

Дар бархурд бо авомили хоричи сахлулвасл ва барои у хар навъ мухит ва ахлок бетафовут аст, ки онро муталаввинулмизоч гуянд. 

дорандаи хуни гурухи О ва Б

Ганитар аз дигарон аст, зеро у дорои сифоти гуногун мебошад. Дар айни хол одаме гайрисобит ва манфибоф ва чидди ва дорои ахлоки ифроти (дархам, яъне ба таври ногахон аз як холат ба холати дигар меояд). Дар ин хол метавон уро муталаввинулмизоч донист, аммо бештар авкот дорандаи ин хун одаме хатокор ва гохе хатарнок ва музохим мешавад.

Албатта ба василаи тестхо метавон сифоти хар навъ гурухи хунро ба даст овард. Аз озмоишхои зиёд ин натича ба даст омада, ки байни 2500 нафар идаи зиёде дорандагони хуни гурухи

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …