Главная / Биология / Катори ширхурони хартумдор

Катори ширхурони хартумдор

Катори ширхурони хартумдор. Дар айни замон ду намуди хартумдорон боки мондааст, ки намояндаи калонтарини ширхурхои хушкигард ба шумор мераванд. Ба ин катор фили африкои ва фили осиёи дохил мешаванд. Фили африкои аз фили осиёй калонтар буда, кадаш 3.5 м ва вазнаш аз 5 т зиёд аст. Филхо дар чангалзорхои тропики (фили африкои дар Африкаи Маргазй ва фили осиёи дар Хиндустон ва чазирахои Сейлон. Суматра) зиндаги мекунанд.

fil

Панч ангушти пойхои гафси сутунмонанди филро суми тунуки  пушидааст. Вай чолоконаю бесадо харакат мекунад. Хартуми фил сермушаки бокувват аст. Дар нуги хартум сурохии бини хаст. Гардани фил кутохи бехаракат буда, ду ашки пеш то 2 м дароз шуда, вазни як дандони ашки он то 80 кг. мешавад. Дар филхои осиёи танхо наринааш дандони ашк дорад. Одамон аз дандони ашки фил бисёр чизхои зебо месозанд.

Ба гайр аз дандони ашк дар чоги боло ва поён яктой курсихои калон хам дорад, ки бо он фил харруз даххо кг хуроки хушкро мсхояд. Баьд аз 10-15 сол ба чойи дандонхои кухнаю хурдашуда данлонхои нав мебарояд. Хамин гуна ивазшавии дандон дар як фил то 6 маротиба ба вучуд меояд. Фил ба хисоби миёна 70-80 сол умр мебинад. Фили мода дар 3-4 сол як маротнба бача мезояд.

Мамонт ширхури хартумдори кадим буда, дар Аврупо ва Америкаи Шимоли зиндаги мекард, ки холо хайвонн мункаризшуда мебошад ва танхо хусусан онро дар музеи зоологии Санкт-Петербург дидан мумкин аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …