Главная / Чамъият / Кафани мурда: Коида – тартиб – меъёр

Кафани мурда: Коида – тартиб – меъёр

Мардро дар се порча кафан кардан суннат аст: 1) Лифофа. 2) Изор. 3) Пирохан. Ва занонро дар панч порча кафан кардан суннат аст: 1) Лифофа. 2) Изор. 3) Пирохан. 4) Сарбанд. 5) Синабанд. Ва шархи кафан чунин аст[1]:

Ном Дарози Пахно Андозаи лозима
Лифофа 2-метр 1,10-метр Аз cap то по ва кадре изофа
Изор 2-метр 1,10-метр Аз cap то по бидуни изофа
Пирохан 2-метр 1,10-метр Аз шона то нисфи сок
Сарбанд, ё чодар 1-метр такрибан 30 см Муйи сарро ду хисса карда, дар он печанд ва як хиссаи онро ба тарафи рости сина ва як тарафи онро ба тарафи чапи сина гузоранд.
Синабанд 1,5-метр такрибан 70 см Аз зери багал то ноф.

Агар занро дар панч порча кафан накарданд, балки ба се порча иктифо намуданд, ки ин иборат аз лифофа ва сарбанд бошад, чоиз аст. Ва аз ин камтар макрух, аст, магар дар сурати узр.

Кафани суннат барои мард се порча мебошад, агар ба ду порча, ки иборат аз лифофа ва изор кифоят шуд, чоиз аст ва аз ин камтар макрух аст, магар дар сурати узр.

kafan

Тарики кафан кардани майит ин аст, ки аввал лифофаро пахн карда шавад ва бар болои он изор ва дар болои изор пирохан ва баъд аз он майитро бар болои он гузошта шавад. Ва агар майит зан бошад, муйи уро ду хисса карда як хиссаи онро ба тарафи рости болои пирохан ва хиссаи дигарро ба тарафи чапи болои пирохан ва сарбандро болои cap ва муйхо бигузоранд ва набанданд. Баъд аз он тарафи чапи изорро болои он печида, сипас тарафи ростро баъди синабандро бибанданд ва баъд аз бастани синабанду лифофа аввал тарафи чап ва баъд тарафи рост бар майит гардонида шавад.

Баъд аз кафан кардан суннат аст, ки фавран барои намоз ва дафн берун бурда шавад. Чун майитро аз хона берун оранд, аввал сарро берун оранд, пас аз он пойхоро. Вале агар пойхоро аввал берун оранд, боке нест. Чун майитро бар тобут ниханд, аввал сарро ниханд, пас аз он пойхоро ниханд ва агар баръакс бошад хам, боке набошад.

Дар болои кафан ахднома, ё шачара ва ё дуоеро гузоштан чоиз нест ва хамчунин навиштани калимаи таййиба бар сина ва ё навиштани дуои дигар низ чоиз нест, албатта, гузоштан аз пардаи хонаи Каъба монеъ нест. Пас гуслу кафан ва намоз бар он майит хонда шавад ва агар тифле мурда ба дунё омад, пас гусл дода ва дар порчае печида бидуни ном гузоштан ва намози чаноза уро дафн кунанд.

Агар хамл сокит шуд, бояд таваччух шавад, агар аъзои он дуруст шуда, хукми он хукми бачаи мурда аст ва агар дуруст нашуда бошад, пас дар порчае печида шавад ва дафн гардад.

Агар сари бача берун омад ва зинда буд ва баъд аз он бимурд, хукми бачаи мурдаро дорад. Ва агар аксари он берун омад ва зинда буд ва баъд аз он мурд, хукми зинда бар он чори мешавад.

Духтари наздик ба балогат хукми занро дорад, ки бояд дар панч порча кафан шавад ва духтари хурдсол дар панч порча кафан бехтар аст ва дар ду порча, ки иборат аз лифофаву изор аст, чоиз аст.

Майит дар хар шахру махалле, ки вафот намояд, хамон чо дафн карда шавад ва аз чое ба чое бурдани он майит хуб нест, магар дар сурати узр.

Агар узве аз аъзо, ё нисфи часад бидуни cap пайдо шуд, бо порчае печида дафн карда шавад. Агар нисфи часад хамрохи cap бошад, ё аз нисф бештар пайдо шавад, пас ба тарики суннат кафан карда дафн шавад.

Агар кабре вайрон шавад ва часади мурдае урён, бе кафан пайдо шавад, пас вочиб аст, ки онро бояд кафан карда ба тарики суннат гур карда шавад.

Кафани мурохик[2] ва хуносои мушкил монанди болиг аст. Кудаке, ки мурохик набошад, ба як чома кафан карда мешавад.

Кафани зан бар шавхар вочиб аст, агарчи зан молдор бошад. Агар шавхараш набошад, пас кафанаш ба он кас аст, ки нафакааш ба у вочиб бувад, агар чунин кас пайдо нашавад, аз байтулмол ба у кафан карда шавад. Агар байтулмол набошад ва ё бошаду ба ин кор сарф кардан набошад, пас микдори як чома, ки барои кафани зарурат аст, суол карда шавад. Ба кафан кардан матои сафед бехтар аст. Занхоро бо матои рангдор кафан кардан чоиз аст.

[1] Чадвали мазкур аз китоби «Хулосату-л-масоил», сахифаи 107 оварда шуд.

[2] Мурохик – писаре, ки наздик ба балогат бошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …