Главная / Чамъият / Кадастри давлатии шахрсози

Кадастри давлатии шахрсози

Моддаи 27-и  Карори шахрсози. Кадастри давлатии шахрсози

  1. Кадастри давлатии шахрсози дар худуди Чумхурии Точикистон таъсис ва пеш бурда мешавад, ки он нисбат ба унсурхои ба низомхои кадастри ва бакайдгирии давлатии дигар дохил набуда (объектхои бо риояи талаботи рушди шахрсози ва истифодаи худудхо ва объектхои дигар ба лоиха гирифташаванда ва сохташаванда), вазифаи бакайдгириро ичро менамояд.
    2. Кадастри давлатии шахрсозиро макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози ва сохторхои махаллии он аз руи низоми барои Чумхурии Точикистон ягона аз хисоби маблагхои бучетхои чумхурияви ва махалли ва маблагхои дигари бо конунгузории Чумхурии Точикистон манънагардида пеш мебаранд.
    3. Кадастри давлатии шахрсози инхоро дар бар мегирад:
    – маводи топографию геодези ва харитасози;
    – маълумот дар бораи вазъи экологи, мухандисию геологи, сейсмики ва гидрогеологии худудхо;
    – маълумот дар бораи объектхои инфрасохторхои мухандиси, наклиёти ва ичтимои, инчунин ободонии худуд;
    – маълумот дар бораи банакшагирии шахрсозии рушди худуд, махалхои ахолинишин ва иморатсозии онхо;
    – маълумот дар бораи минтакабандии худуд ва дастурхои шахрсозии минтакахои худуди;
    – маълумот дар бораи вазъи техникии фонди манзил;
    – маълумоти мониторинги объектхои фаъолияти шахрсози.
    4 . Иттилооте, ки дар кадастри давлатии шахрсози сабт гардидааст, бо максадхои таъмини корхои зерин истифода бурда мешавад:
    – татбики сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти меъмори, шахрсози ва сохтмони;
    – кабули карор оид ба низоми окилонаи истифодаи функсионалии худуд;

– тахияи хуччатхои шахрсози ва лоихави барои сохтмон;
– тахияи дурнамо ва барномахои рушди ичтимоию иктисодии худуд;
– амали намудани намуди дигари фаъолияте, ки доир ба худуд маълумоти дакикро талаб менамояд.
5. Иттилооти дар кадастри давлатии шахрсози мавчудбуда ба таркиби захирахои иттилоотие дохил мешавад, ки ахамияти давлати доранд.
6. Маком ва шахсони мансабдоре, ки кадастри давлатии шахрсозиро пеш мебаранд, вазифадоранд мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба шахсони манфиатдор дастрас намудани маълумоти дахлдорро аз кадастри давлатии шахрсози таъмин намоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …