Главная / Гуногун / Кабри танхо

Кабри танхо

Кабристони дехаи Сангоб, ки кариб дар дах гектар замин тул кашидааст, дар он атроф назир надорад. Атрофаш бо панчарахо дарубанд, кад-кади он дарахтхои арчаву тут, санчиду бодом шинонида шудааст.. Дар даромадгохи кабристон ба хотири чавонмардони сангоби, ки дар майдони Чанги бузурги ватани халок ва беному нишон гаштаанд, аз мармари сиёх лавхи сангин гузошта шудааст. Дар руи санг бо хатхои зархали ному насаби он чавонмардон сабт гардидааст.

Дах кадам дуртар аз кабристон хокдоне хаст. Чанд сол кабл он як тали баланде буд. Азбаски хокаш сафеду махин аст, одамон барои андоваи хонаву танури худ хамеша аз он чо хок мегирифтанду окибат он тал ба хокдоне чукуре табдил ёфт.

sangchashma-3Дар як рузи офтобии бахорон, ки табиат саросар гулу гиёх ба сар карда буд, Тохир ва Акмал бо хохишу зораи кампири Шодигул, дар даст белу метин барои андоваи танури вай хок меканданд.

– Одам мурад хам, дар бахорон мурад, – гуфт Тохир ба болои хоки махини хамин хозир кандаашон дароз кашида. Ва баъд чанд бор чукур-чукур нафас кашида, афзуд. – Кабр салкинакак…  Буи хока намегуи… одами девона мекунад – Тохир як каф хоки тарро дуру дароз бу кашида, калла чунбонд. – Буи гулу гиёх мекунад.

– Чунки гулу гиёх аз хамин хок реша гирифта, нашъунамо меёбад, – лукма партофт Акмал.

– Дуруст, – тасдик кард Тохир. – Лекин одатан инсонхо дар фасли бахор мурдан намехоханд, Баръакс дар ин фасл дили хама ба зиндаги гарм шуда, хар кас мехохад, ки солхои сол дар огуши ин табиати зебову дилрабо зиндаги кунад, давру даврон ронад. Аммо афсус, ихтиёри инсон дар дасти худи у нест. Вай худ  пай намебарад, чи тавр ин суруди шурангезро, ки зиндаги ном кардаанд, хонда ба охир расондаасту навбати рафтан омада. Рафтан намехохад, аммо чора надорад. Эх, зиндаги, зиндаги…

– Ака, ба худо, аз таъсири бахор файласуфи таппа-тайёр шудаи.

– Э додар, ту холо чиро медони, кудаки ту!

– Ман факат як чизро медонам, – табассум кард Акмал.

– Чиро?

– Хамин ду паллаи хурчину як халта хокро ту бояд бурда дар хавлии кампири Шодигул рехта биёи.

– Майлаш, – дархол рози шуд Тохир.

 Вакте ки Акмал ресмони харро аз симчуби барк кушода овард, Тохир гуфт:

– Агар бахор таъсир накарда бошад, магар кампири Шодигули хафтоду панчсола хавои танурандовакуни мекард. Не, ошно, бахор одама масту шайдо мекунад.

Тохир такрибан баъд аз ним соат баргашт.

– О ту кучо шуди? – изхори норозиги кард Акмал.

– Сари рох ба магазин даромадам, – посух дод Тохир ва аз сари хар тугунчаи дар дасташ бударо ба Акмал дароз кард. Баъд чолокона фаромада ресмони харро аз нав ба кундаи симчуби барк баст.

– Ин чи? – ба тугунчаи дасташ ишоар кард Акмал.

– Чи мешуд? Агар халкамонро тар накунем, аз таъсири чангу хок пеш аз кампири Шодигул пой дароз карданамон аник.

– Дар фасли бахор чанг аз кучо? Шаб борон борида буд, хок мисли мумиё, – гуфт Акмал.

– Ту молекула ном чонвара медони? Заррачахое хастанд, ки ба чашми инсон наменамоянд, Аммо бо рохи нафас ба организми инсон дохил шуда, кори худашонро мекунанд. Фахмиди! Дар вакташ физика, химияро нагз хондан даркор буд, додар.

– Ман нагз мехондам.

– Медонам, чи хел мехонди. Аз дасти ту муаллим Мухаммадин Шароф кариб инфаркт мешуд. Хайрият, ки он солхо мактаби миёна то синфи дах буд, агар не як сол дарди сари муаллимон мешуди.

– Ту чи? Фаришта буди?

– Хайр, шуд. Биё, бе чангу чанчол нушем. Хазорон бор тавба, аммо дар ин фасли гулрез нанушидан гунох, – гуфт Тохир ва бастаро аз дасти Акмал гирифта, руймолчаи гардиро боз намуд. Дар он ним нон, каме себи пешпазаку зардолуи дунбул ва як шиша араку пиёла буд.

– Аввал боз як рахи дигар хок бурда дихем, ана баъд менушем, – гуфт Акмал, ки хамоно рост меистод.

– Парво накун, мебарем.

– Не, ака, ту маст шави, баъд ман барои бору савор аз кучо одам меёбам?

– Э… Ту чи гумон мекуни, ки ман бо ним шиша арак маст мешавам. Хести, ки хобат!

– Рузе ки боми огили Зайниддина андова мекардем чи кор карди?

– Кадом Зайниддин?

– Амонов.

– Хайр, ун руз бисёр буд. Ин буду шуд як шиша арак… Нисфаша захру зукум ту менуши. Бишин.

– Биё, хока кашонем, баъд дар сари дунги хамрохи Шухрат-ака менушем.

– Бишин, ки мезанам. Дар сари дунги боз ёфт мешудагист. Завод факат як шиша набаровардааст-ку! Бишин, гуфтам. Гапа намефахми?

Акмал ноилоч нишаст.

Тохир аракро ба пиёла рехта, ба у дароз кард:

– Гир! Кадахи аввал барои бахор.

Ба навбат нушиданд.

Акмал барои казои хочат рафт ва аз он чо баргашта, аз кумдон ба дасташ об рехта, гуфт:

– Дар он чо чи хел кабр?

– Дар кучо?

– Хо ана, – ба теппачаи ду-се кадам дуртар аз панчараи кабристон ишора кард Акмал.

– Кабри Оля.

– Кадом Оля?

– Дар Сангоб чанд Оля буд… Хамон Оляи сандуксоз… зани муйсафед Миша.

– О чаро уро аз кабристон берун гур карданд?

– Чунки вай кофир. Мо мусулмон… барои хамин… фахмиди, каллаварам?

Харду лахзае сукут варзиданд.

Кадахи сеюму чорум низ холи шуд.

– Хозир ту рафта як шишаи дигар меори, – гуфт Тохир ба кавли Акмал шишаро гавчида. –  Ба арвохи Оля менушем… нав ба ёдам расид. Охир вай мусофир буд, дар ин чо хеч кас надорад. Шавхараш хам уро гуронду ба ватанаш рафт. Бечора Оля танхо монд. Ягон нафар рузхои ид сари кабраш намеояд, дуо намехонад. Агар дар ватанаш мебуд… эха! Ту ватани уро надидаи, Станиславск ном дорад. Мардумаш бисёр хам мехмоннавоз, худотарс. Рузхои иди диниашон, ки пасха ном дорад, хатман ба кабристон мераванд, гирду атрофи кабри наздиконашонро рубучин мекунанд ва хар гуна ширинвори, тухм ва дигар анвои бо худ овардаашонро ба бенавоёну бечорагон таксим мекунанд.

– Ту инро аз кучо медони?

– Ман дар он чо ду сол хизмати аскариро ба чо овардам. Бихишт аст ватани Оля. Ман хайронам, ки чаро вай онро тарк гуфта, аз кафои як марди осетин дар ин чойхо кашола шуда гаштааст.

– Ишк, – аз чой хест Акмал.

– Чи? – нафахмид Тохир.

– Мегум, ки ошик шудагист. Агар одам ошик шавад, хама чизро фаромуш мекунад.

– Шояд, – рози шуд Тохир. – Менушем, а?

– Ихтиёрат, – сар чунбонд Акмал.

– Ана нав аклу хушат ба чояш омад.

Акмал чониби магазини деха, ки такрибан як километр рох буд, гом бардошт.

– Аз дукони Начмиддин-ака биёр, араки вай тоза, – садо кард аз кафо Тохир ва охиста руи замин дароз кашид.

Вакте ки шишаи дуюм хам холи шуд, Тохир кадахашро ба даст гирифта, аз чой хест ва Акмалро низ мачбур кард, ки аз кафои у биёяд.

– Ин кадахро дар сари кабри Оля менушем, – гуфт Тохир аз гаштан бозистода. – Фахмиди?

– Фахмидам, – посух дод Акмал калавида.

– Ту Оляро мешинохти? – пурсид Тохир.

– Чи хел намешинохтам, девона. Чандин сол боз хамрохи шавхараш барои мардуми мо сандук месохтанд, хонахоро гачкори мекарданд, кодоки чойникхои шикастаро бо тунука дарбех менамуданд. Хулоса, аз панч панчаи зану шавхар хунар мерехт. Чанд мох дар хонаамон зиндаги карда буданд. Хамрохи шавхараш нард бози мекардем. Одами нагз, улфати буд шавхараш.

– Оля чи?

– Вай хам зани нагз буд.

– Аммо бин уро аз кабристон берун гур кардаанд ноинсофхо, – гуфт Тохир сари кабр нишаста. – Магар хамин рафтори мо аз руи одаму одамгари аст?!

– О хозир худат гуфти, ки Оля мусулмон нест, барои хамин хам дар кабристон гур накарданд.

– Ки мусулмон нест? Оля? Хазорон бор аз ману ту мусулмонтар буд вай. Ёд дори, хар боре ки шавхараш бо мо нушидани мешуд, доду войкунон уро кашола карда, мебурд, ки арак нушидан гунох. Ёд дори?

– Ха, ёд дорам.

– Пас чаро часади уро ба кабристон рох надоданд?

– Ман аз кучо медонам… Рафта аз оксаколхо пурс, онхо нагз медонанд.

– Аз ки пурсам? Аз оксаколхо? Онхо чиро медонанд, ки..

Акмал норозиёна ба руи Тохир дида духт.

Тохир аз кадахи дасташ чанд катра ба болои кабр рехта, гуфт:

– Осуда бихоб, Оля, агар осмон омада ба замин часпад хам, ман кабри туро аз ин чо ба мобайни кабристон мекучонам. Ха-а, мекучонам. Агар мардум сангсорам кунанд хам, ин корро мекунам!

– Эха, ту дар чанозаи худорахмати холаат ин кадар оби чашм накарда будиву барои як зани бегона ашки чашмонат шашкатор шудааст.

– Ки бегона?

– Ман, – бо тамасхур чавоб дод Акмал.

– Ха ту бегона, аммо ин занак хеши ман. Ноинсофхо як порча замини кабристонро барои у дарег доштанд. Мусулмон набудааст… Ин гапи кучо, а! О хама замин замини Худо бошад, хама банда бандаи Худо бошад, боз чи мехоханд!

– Хайр, шуд, фалсафафуруши бас. Хок кандан даркор.

– Намеканам, даркор бошад, худат кандан гир! Аздусар ягонтаат ба кадрам намераси.

– Ман ба ту чи гуфта будам. Сад грам менушиву чени сад шиша арак одама гам медихи.

– Ман маст-паст нестам. Факат ин кори онхо алам кард. Худат як тасаввур кун, агар ту худо накарда дар ягон кишвари бегона ногахон фавтиву мурдаи туро мардуми он чо ба кабристони худ рох надиханд, алам намекунад? Албатта, мекунад!

Тохир гайричашмдошти Акмал кабрро огуш карда, навхакунон гуфт:

– Апа, ту парво накун, агар кабри туро ба маркази кабристон накучонам, номамро мегардонам. Ман намегузорам, ки ту берун аз кабристон танхо бихоби. Чои ту ин чо нест, чои ту хамрохи куп. – Тохир бо остини чомааш ашки чашмонашро пок кард.

– Хайр, алами дилат паст шуд? Хез, акнун камтар хок канем.

– Ман хок-пок намеканам, – гуфт Тохир калавида аз чой хеста. – Аздусар ягонтаат кадри мехнатамро намедони. Шумо ба Оля чи кардед? Ана натичааш.. Худат кандан гир, ман рафтам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …