Главная / Илм / КУРБОКА дар Канзи Шифо (Китоб)

КУРБОКА дар Канзи Шифо (Китоб)

qurboqa-660x330Маълум аст, ки ин чонвар дар зери заминхои намнок, обхои истода ва чуйхо бисёр пайдо мешавад, хелхои бахри, дашти ва нахри дорад. Дар тиб кисми нахрии он истеъмол мешавад, вале даштиаш захри котил аст. Мизочи хамаи навъхои он дар дарачаи севум сард ва дар якум хушк аст ва бо вучуди ин аслан аз харорати кави холи нест.

Хислатхои шифобахши он: курбоккаи обиро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Шиками онро чок карда бо хамон чойи чокшудааш гузошта банданд, тир, хор ва гайраи дар бадан даромадаро берун мекашад ва захри чонварони газандаро бошиддат берун месозад, инчунин хуни рафтаистодаро кать мекунад.

Гушти онро сухта, ос карда бипошанд, захмхоро ба хам оварда сихат мебахшад. Сухтаи онро бо зифт даромехта, гузошта банданд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад.

Гушти курбоккаро ба дандон бимоланд, дандонро бе хеч гуна дард аз милкаш берун меоварад, ба чохои дигари бадан бимоланд, аз сухтани оташ нигох медорад. Магзи сарашро сухта бимоланд ё бипошанд, хуни равонро мебандад. Агар инро ба воситаи найча дар бини пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад, инчунин магзи сари онро ба пешони бимоланд, хуни биниро катъ мегардонад.

Мегуянд, ки чун рони онро бо ресмон баста, касе, ки алмос хурда бошад, фуру барад, порахои алмос ба он мечаспанд ва хамин тавр берун кашида мешаванд. Чун дасту по ва даруни шиками онро дур карда, бо чарбуи гурдаи буз мухарро пухта, равгани онро чамъ кунанду бимонанд, бавосири хуниро дафъ мекунад.

Кисме аз курбокка, ки дар пойи дарахтон зиндаги ба сар мебарад, сабзи бисёр майда мебошад. Чун онро бо хамвазнаш чигити пахта бисузонанду махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, оби дар гавхараки чашм фуромадаро дафъ мекунад. Агар хамон курбоккаи майдаи сабзро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад.

Курбоккаи сабзи обиро, ки курбоккаи кашка меноманд, сарашро бурида дур намуда, шикамашро низ чок карда, он чи дар он хаст, гирифта партофта, пусташро канда, баъд як микдори кам, гушт бо устухонаш, ки монда бошад, дар як ошомидани об то мухарро шудани он чушонида, он обро хох нон тар карда, хох бе нон биошоманд, хафтаи дувум ва хафтаи севум низ хамин амалро такрор намоянд, гуё дар се хафта се курбоккаи кашкаро мухарро пухта бихуранд, аз иллати сил, ки захми шуш аст, начот меёбанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …