Главная / Чамъият / КУМАКХОИ УНВОНИИ ИЧТИМОИ -КОНУНИ ЧТ

КУМАКХОИ УНВОНИИ ИЧТИМОИ -КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ КУМАКХОИ УНВОНИИ ИЧТИМОИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 19)

Конуни мазкур асосхои хукуки, молияви ва ташкилии расонидани кумакхои унвонии ичтимоиро ба шахрвандон (оилахо)-и камбизоати Чумхурии Точикистон муайян намуда, барои бехтар намудани вазъи ичтимоии онхо равона шудааст.

yordam-ba-kambizoaton

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– кумакхои унвонии ичтимои – ба шахрвандон (оилахо)-и камбизоат расонидани кумакхои пули ё модди;

– меъёри эхтиёчот – аз хадди нихоии мукарраршуда паст будани индекси сатхи некуахволии шахрванд (оила);

– шахрвандон (оилахо) -и камбизоат – шахрвандон (оилахо) – е, ки бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон камбизоат эътироф шудаанд;

– вазъияти душвори зиндаги – холате, ки вазъи зиндагии мукаррарии шахрванд (оила)-ро  халалдор намуда, халли мушкилоти онро душвор гардонидааст;

– фехристи кумакхои унвонии ичтимои – махзани маълумоти автоматонидашуда дар бораи шахрвандон (оилахо)-и камбизоат дар Чумхурии Точикистон, ки аз чониби вохиди сохтории макомоти ваколатдори давлати ташкил карда мешавад, дорои иттилоот дар бораи аризахо, таъйини кумакхои унвонии ичтимои ва маълумоти дигар дар бораи кумакхои ичтимои мебошад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи кумакхои унвонии ичтимои

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи кумакхои унвонии ичтимои ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максади расонидани кумакхои унвонии ичтимои

Максади расонидани кумакхои унвонии ичтимои иборат аст аз:

– мусоидат намудан ба кохиш додани вазъияти душвори зиндаги ва дастгирии шахрвандон (оилахо)-и камбизоат, ки даромади хадди акаллашон аз меъёри эхтиёчот пасттар мебошад;

– мухайё намудани шароите, ки ба шахрвандон (оилахо)-и камбизоат имконияти баланд бардоштани сатхи зиндагиашонро фарохам меорад;

– тахкими дастгирии ичтимоии шахрвандон (оилахо)-и камбизоат;

– кохиш додани сатхи камбизоатии ахоли;

истифодаи самараноки маблагхои бучети ва гайрибучети. 

Моддаи 4. Принсипхои асосии кумакхои унвонии ичтимои

Принсипхои асосии кумакхои унвонии ичтимои инхоянд:

– дастрасии кумакхои унвонии ичтимои ба шахрвандон (оилахо)-и камбизоат;

– ба эътибор гирифтани мурочиати шахрвандон (оилахо)-и камбизоат ва муайян намудани эхтиёчоти онхо барои гирифтани кумакхои унвонии ичтимои;

– давра ба давра баровардани шахрвандон (оилахо)-и камбизоат аз сатхи камбизоати;

истифодаи максадноки маблагхои пешбинигардида бо рохи таксимоти онхо ба манфиати шахрвандон (оилахо)-и камбизоат.

Моддаи 5. Маблаггузории кумакхои унвонии ичтимои

Маблаггузории харочот оид ба расонидани кумакхои унвонии ичтимои аз хисоби маблагхои пешбининамудаи бучети давлати ва сарчашмахои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали карда мешавад.

Моддаи 6. Хукук ба гирифтани кумакхои унвонии ичтимои

  1. Шахрвандон (оилахо)-и камбизоат, ки даромади хадди акаллашон аз меъёри эхтиёчот пасттар мебошад, ба гирифтани кумакхои унвонии ичтимои хукук доранд.
  2. Хангоми муайян кардани хукук ба расонидани кумакхои унвонии ичтимои шахсони зерин аз хайати оила ба назар гирифта намешаванд:

– шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;

– шахсоне, ки хизмати харбиро адо мекунанд;

– шахсоне, ки чазоро дар муассисахои ислохи адо менамоянд. 

БОБИ 2. ВАКОЛАТХОИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР САМТИ  РАСОНИДАНИ КУМАКХОИ УНВОНИИ ИЧТИМОИ 

Моддаи 7. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар самти расонидани кумакхои унвонии ичтимои

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар самти расонидани кумакхои унвонии ичтимои:

– сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакхои унвонии ичтимои амали менамояд;

– макоми ваколатдори давлатиро дар самти расонидани кумакхои унвонии ичтимои муайян менамояд;

– тартиби баррасии мурочиатхо, андоза, таъйин ва расонидани кумакхои унвонии ичтимоиро муайян менамояд;

– меъёри эхтиёчот ва тартиби муайян намудани шахрвандон (оилахо)-и камбизоат, инчунин руйхати шахсонеро, ки барои гирифтани кумакхои унвонии ичтимои хукук доранд, мукаррар мекунад;

– санадхои меъёрии хукукиро дар самти расонидани кумакхои унвонии ичтимои кабул ва тасдик менамояд;

– дигар салохиятхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, амали менамояд.

Моддаи 8. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар самти расонидани кумакхои

 унвонии ичтимои

Макоми ваколатдори давлати дар самти расонидани кумакхои унвонии ичтимои ваколатхои зеринро дорад:

– сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакхои унвонии ичтимои татбик менамояд;

– шакл ва намудхои хуччатхои заруриро оид ба расонидани кумакхои унвонии ичтимои мукаррар мекунад;

– карорхои дахлдорро оид ба расонидани кумакхои унвонии ичтимои кабул мекунад;

– фехристи кумакхои унвонии ичтимоиро пеш мебарад;

– дигар ваколатхои муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро амали менамояд.

 

Моддаи 9. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти

худидоракунии шахрак ва дехот дар самти расонидани кумакхои унвонии ичтимои

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхои худ тадбирхоро оид ба расонидани кумакхои унвонии ичтимои амали менамоянд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ МУРОЧИАТ ВА ШАКЛХОИ  КУМАКХОИ УНВОНИИ ИЧТИМОИ

 

Моддаи 10. Мурочиат барои гирифтани кумакхои унвонии ичтимои

  1. Мурочиат барои гирифтани кумакхои унвонии ичтимои дар шакли хатти аз тарафи шахрванд ва ё аз номи оилаи у, макомоти васояту парастори, дигар намояндаи конунии шахрванд ба шуъбаю бахшхои хифзи ичтимоии ахолии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои расонидани кумакхои унвонии ичтимои дар чойи истикомат пешниход карда мешавад.
  2. Шакли ариза ва хуччатхои дигари зарури барои гирифтани кумакхои унвонии ичтимои аз тарафи макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

Моддаи 11. Шаклхои кумакхои унвонии ичтимои

  1. Кумакхои унвонии ичтимои дар шаклхои зерин расонида мешаванд:

– кумаки пули;

– кумаки модди.

  1. Кумаки пули ба андозаи умуми бо назардошти аъзои оилахои камбизоат, ки ба гирифтани кумаки пули хукук доранд, бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати таъйин карда мешавад.
  2. Дар холати зиндагии якчояи якчанд оила, ки даромади оилавии алохида доранд, кумаки пули ба хар оила дар алохидаги таъйин карда мешавад.
  3. Кумаки модди ба шахрвандон (оилахо)-и камбизоат бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати расонида мешавад.
  4. Кумаки модди ба шахрвандон (оилахо)-и камбизоат бо назардошти эхтиёчоти онхо дар намуди сузишвори, махсулоти хуроквори, дорувори, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиени, дигар ашёи зарурии аввалиндарача, ки аз тарафи макоми ваколатдори давлати харидори мешаванд, пурра ё кисман пардохт намудани хакки хизматрасонихои манзилию коммунали ва дигар намуди хизматрасонихо пешниход карда мешавад.
  5. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукуки метавонанд кумакхои моддии дар кисми 5 моддаи мазкур пешбинигардидаро ба шахрвандон (оилахо)-и камбизоат расонанд. 

БОБИ 4. ТАРТИБИ ТАЪЙИН ВА КАТЪ НАМУДАНИ КУМАКХОИ УНВОНИИ ИЧТИМОИ 

Моддаи 12. Таъйин кардани кумакхои унвонии ичтимои

Кумакхои унвонии ичтимои ба шахрвандон (оилахо)-и камбизоат бо карори макоми ваколатдори давлати таъйин карда мешаванд.

Моддаи 13. Индикаторхое, ки хангоми муайян намудани сатхи некуахволии шахрвандон  (оилахо)-и камбизоат ба хисоб гирифта мешаванд

  1. Барои муайян намудани сатхи некуахволии шахрвандон (оилахо)-и камбизоат индикаторхои асосии зерин ба хисоб гирифта мешаванд:

– хайати оила, вазъи ичтимои ва сатхи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон,  ноболигон ва дигар аъзои гайрикобили мехнат дар оила;

– даромади пулию молии шахрвандон (оилахо)-и камбизоат;

– моликияти шахрвандон (оилахо)-и камбизоат;

– холати манзили истикомати;

– китъаи замини наздихавлиги ва заминхои дигари дар ихтиёри оила карордошта;

– шумора ва намудхои чорвои шахрвандон (оилахо)-и камбизоат;

– дигар индикаторхое, ки бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати барои муайян намудани сатхи некуахволии шахрвандон (оилахо)-и камбизоат заруранд.

  1. Индикаторхои муайян намудани сатхи некуахволии шахрвандон (оилахо)-и камбизоат вобаста ба хусусиятхои чугрофи, иктисоди ва ичтимоии минтакахои чумхури тагйир ёфта метавонанд.

Моддаи 14. Даврахои таъйин намудани кумакхои унвонии ичтимои

  1. Кумаки пули аз рузи мурочиат барои гирифтани кумаки мазкур таъйин карда мешавад, агар дар муддати як мох хуччатхои зарури бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход гардида бошанд.
  2. Кумакхои унвонии ичтимои метавонанд дар тамоми давраи чори гардидани низоми кумакхои унвонии ичтимои таъйин карда шаванд.

Моддаи 15. Азнавхисобкунии андозаи кумаки пули

Азнавхисобкунии андозаи кумаки пули дар холатхои зерин гузаронда мешавад:

– тагйир ёфтани даромади оила;

– тагйир ёфтани хайати оила;

– зиёдшавии меъёри эхтиёчот;

– дигар холатхое, ки барои азнавхисобкунии андозаи кумак асос шуда метавонанд.

Моддаи 16. Асосхои катъ намудани кумакхои унвонии ичтимои

Кумакхои унвонии ичтимои бо асосхои зерин катъ карда мешаванд:

– аз чониби шахрванд (оила)-и камбизоат рад кардани кумакхои унвонии ичтимои;

– аз тарафи макоми ваколатдори давлати ошкор гардидани далели нодурустии маълумоти пешниходшуда дар бораи даромадхо, молу мулк, хайати оила ва маълумотхои дигаре, ки барои пешниход намудани кумакхои унвонии ичтимои зарур мебошанд;

– вафоти шахси танхои гирандаи кумакхои унвонии ичтимои;

– дигар холатхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 17. Хукук ва ухдадорихои кормандони макомоти ваколатдори давлати чихати  кабули карор дар бораи расонидани  кумакхои унвонии ичтимои

  1. Кормандони макомоти ваколатдори давлати хангоми баррасии хуччатхо чихати кабули карор дар бораи расонидани кумакхои унвонии ичтимои хукук доранд:

– хуччатхои заруриро барои пешниходи кумакхои унвонии ичтимои талаб намоянд;

– бо аризадиханда сухбату вохурихо гузаронанд;

– барои муайян кардани хайат ва дарачаи эхтиёчоти оилави бо рохи пурсиши аризадиханда, хешовандон,  дигар аъзои оила, ки якчоя зиндагони мекунанд ва хамсояхо тахкикот гузаронанд;

– иттилоот ва маълумотномахои заруриро аз  макомоти дахлдор талаб намоянд;

– дурусти ва асоснокии маълумотнома ва дигар хуччатхоро барои таъйин намудани кумакхои унвонии ичтимои дар ташкилотхо, новобаста ба шакли ташкилию хукукиашон, санчанд.

  1. Кормандони макомоти ваколатдори давлати хангоми кабули хуччатхо ухдадоранд:

– дурустии ба расмият даровардани ариза, мутобикати мундаричаи маълумоти он бо хуччатхои пешниходшуда ва мавчудияти хуччатхои заруриро барои пешниходи кумакхои унвонии ичтимои санчанд;

– аризадихандаро дар бораи окибатхои пинхонкунии пешниходи маълумоти носахех, ки хукук ба пешниходи кумакхои унвонии ичтимои ва (ё) андозаи он аз онхо вобаста аст, инчунин макоми таъйинкунандаи кумакхои унвонии ичтимоиро дар бораи тагйироти хайати оила ва махалли бакайдгири огох намоянд.

  1. Макоми ваколатдори давлати ухдадор аст, ки аз натичаи баррасии мурочиатхои шахрвандон (оилахо) барои гирифтани кумакхои унвонии ичтимои бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба карори кабулшуда ба таври хатти чавоб ирсол намояд.

Моддаи 18. Хукук ва ухдадорихои шахрвандон (оилахо)-е, ки барои гирифтани кумакхои  унвонии ичтимои мурочиат намудаанд

  1. Шахрвандон (оилахо)-е, ки барои гирифтани кумакхои унвонии ичтимои мурочиат намудаанд, хукук доранд дар бораи кумакхои унвонии ичтимои маслихати ройгон гиранд.
  2. Гирандагони кумакхои унвонии ичтимои ухдадоранд:

– макоми ваколатдори давлатиро дар бораи тагйироте, ки барои тагйирёби, идомадихи ва катъи пешниходи кумакхои унвонии ичтимои ба онхо (оилаи онхо) асос шуда метавонанд (маълумот дар бораи хайати оила, бекор кардани маъюби, даромадхо, дигар маълумоте, ки ба андозаи кумакхои унвонии ичтимои таъсир мерасонанд), дар муддати ду хафта пас аз санаи тагйироти мазкур хабардор намоянд;

– чихати мустакилона бартараф намудани вазъи душвори зиндаги имкониятхоро истифода баранд.

БОБИ 5. ФЕХРИСТИ КУМАКХОИ УНВОНИИ ИЧТИМОИ 

Моддаи 19. Фехристи кумакхои унвонии ичтимои

  1. Бо максади бахисобгири, назорат оид ба дуруст ва сари вакт ба шахрвандон (оилахо) пешниход кардани кумаки унвонии ичтимои дар макоми ваколатдори давлати фехристи кумакхои унвонии ичтимои таъсис дода мешавад.
  2. Фехристи кумакхои унвонии ичтимои мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи иттилоот» ташаккул ва истифода бурда мешавад.
  3. Фехристи кумакхои унвонии ичтимои аз иттилооти инфиродии аз аризадихандагон ва гирандагони кумакхои унвонии ичтимои, инчунин аз маълумот ва махзани маълумоти дигар макомоти хокимияти давлати гирифташуда ташаккул дода мешавад.
  4. Таркиби иттилооти инфироди дар бораи шахрвандон (оилахо) дар фехристи кумакхои унвонии ичтимои, тартиби пешбурди фехристи кумакхои унвонии ичтимои, мухлат ва шакли ба он пешниход намудани маълумот ва истифода бурдани иттилоот дар фехристи кумакхои унвонии ичтимои нигохдошташуда аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 20. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал карор дода шавад. 

 

         Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                              Эмомали Рахмон

 

        ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

№1396

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …