Главная / Илм / КРЕМ

КРЕМ

kremКРЕМ (дар косметика), омехтаи равганхои хайвоноту наботот, моддахои равганмонанд, мум, эмулгаторхо (моддахои эмулсияофар) ва об. Пуст равганро чаббида, нарму чандир мешавад. Крем пустро аз таъсири номусоид ва пайдоиши чинхо хифз менамояд.
К. равганин, эмулсияви ва махсус мешавад. Азбаски К.-хои равганин ахамияти камтар доранд, онхоро истехсол намекунанд. К.-хои эмулсияви обдор буда, вобаста ба микдори об гализ ё обаки мешаванд. К.-хоро бо рохи илова кардани витаминхо, киёмхои гиёху мева ва сабзавот хушсифат менамоянд. Мас., витаминхои А, Е, Г-ро пуст чаббида ботароват мешавад. Кремхои «Алёнушка», «Астра», «Атласний», «Витаминний», «Идеал», «Людмила», «Невский», «Утро» витамин доранд. Дар таркиби К.-хои «Свобода», «Малахит», «Камелия», «Лесная нимфа»ва «Принсесса» гайр аз витамин моддахои дигар низ мавчуданд.
К.-хои «Алоэ», «Биокрем», «Огуречное молоко», «Ромашка», «Росинка», «Флора», «Ягодка» аз киёми растанихои доруи ва гиёху мева, «Волшебнитса», «Лида», «Пчёлка» аз асал ва апилак (шири модарзанбур) таркиб ёфтаанд.
Ба К. моддахои доруи (сулфур, календула) низ илова мекунанд (мас., К.-и «Улибка» барои муоличаи рихинак, «Особий» барои нарехтани муй ва гайра).
Барои нарм ва тоза кардани пуст К.-хои обакии ширмонанд («Ланолиновое молоко», «Миндалное молоко», «Огуречное молоко» ва г.), К.-хои «Бархатний», «Дайне»-ро истифода мебаранд. Руйро бо ин кремхо тоза мекунанд, онхоро пеш аз упо задан низ мемоланд.
Барои тагзияи пуст К.-хои махсус мебароранд, ки аз онхо барои пусти хушк «Алёнушка», «Вечер» (барои пилки чашм), «Восторг», «Грёзи», «Лада», «Ланолиновий», «Люкс», «Нектар», «Питателний», «Ромашка», барои пусти равганин «Земляничний», «Идеал», «Косметический», «Невский», «Росинка», «Снежинка», «Увлажняюший», «Улибка» муфиданд.
Ба пусти нихоят хассос, ки сурх шуда, сабусак пайдо мекунад, К.-хои «Кристалл», «Лотос», «Миндалное молоко» нафъ дорад.
К.-и гизодехро ба пусти руй ва гардан тунук молида, баъди 30 дак. бо сачокча ё пахтаи тар пок мекунанд. Шабона ба руй К. молида хобидан мумкин нест.
К.-хои мухофиз («Луч», «Шит») пустро аз таъсири офтоб нигох медоранд, ба пайдоиши доги кунчидак монеъ мешаванд. Таъсири онхо 2 – 3 соат аст. Агар ба даст К.-хои «Велюр», «Зашитний», «Силиконовий» моланд, моддахои химияви (кислота, ишкорхо), кам асар мекунанд.
К.-хои «Весна», «Мелан», «Ахромин», «Чистотел» ранги пустро сафед ва «Особий» муйро мукавви мегардонанд.
Агар кас К.-хои «Геолог», «Тайга», лосйони «Ангара»-ро молад, уро хомушаку пашша намегазад.
К.-и руйро бояд хар руз молид. Пуст ба хар намуди крем дар тули як мох одат мекунад, бинобар ин сари чанд вакт К.-и дигарро истифода бурдан лозим аст. Бо максади ба пуст осеб нарасондан К.-ро бо ангушт охиста-охиста ва мувофики хобиши чинхо мемоланд ва хамин тавр пок мекунанд.
Ба руй К. молида ба куча баромадан мувофики максад нест, зеро тобистон аз равгани К. нафасгирии пуст душвор мегардад ва зимистон оби К. бухор шуда, пуст хунук мехурад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …