Главная / Илм / КОРВАЛОЛ

КОРВАЛОЛ

korvalolКОРВАЛОЛ, як навъ доруи таскинбахш. Дар шакли чакра истеъмол мекунанд. Ташаннучи рагхоро рафъ сохта, хоб меорад. Таркиби К. аз наъно (пудинаи боги), фенобарбитал, этилбромизовалерианат иборат аст. К.-ро хангоми беморихои силсилаи дилу раг (кардиалгия, тахикардия, галаёни хун), бехоби, асабоният (вазъи неврози), изтиробноки, алоими молихулиёи кор мефармоянд. Он хамчун доруи рафъи ихтилоч хангоми ташаннучи мушакхои аъзои рохи меъдаю руда низ истифода мегардад (халаи руда ва талхадон). К.-ро дар аснои хассосияти зиёд доштан нисбати он, нукси вазнини чигар ва гурдахо, синамакони кор фармудан чоиз нест. Хоболуди, чарх задани сар, чамъ карда натавонистани диккат, аксуламалхои аллерги аломатхои таъсири номатлуби К. мебошанд. Дар мавриди бардавом истифода бурдани он захролудии музмин аз бром рух менамояд.
К.-ро пеш аз таом рузе 2 – 3 маротиба 15 – 30 чакраги (дар 30 – 50 мл об) истеъмол мекунанд. Дар лахзахои зарурат, мас., хангоми тахикардия вояи якдафъаи онро метавон ба 40 – 50 чакра расонд.
Дар давраи муолича бо К. ронандагон ва диг. одамоне, ки кори онхо дакикиро талаб менамояд, бояд эхтиёт бошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …