Главная / Илм / КОРНОШОЯМи

КОРНОШОЯМи

kornoshoyamiКОРНОШОЯМи (Invaliditas), доими ё муваккат аз даст додани кобилияти кори. Шахсонеро, ки кобилияти кории худро доими ё ба муддати дароз гум кардаанд, ба инвалиди мегузаронанд. К.-и муваккати пурра ё чузъи мешавад. Дар ин маврид кобилияти кориро дар муддати нисбатан кутох баркарор намудан мумкин аст. Дар сурати К.-и пурраи муваккати кобилияти кори гум шуда, бемор ба режими махсус (бистари шудан) мухточ мегардад. Дар аснои К.-и чузъии муваккати бемор кори одати (харруза)-ро ичро карда наметавонад, вале бе ягон зарар ба саломати аз ухдаи ичрои кори дигар мебарояд. К.-и муваккатиро духтур муайян карда, варакаи бемори (дар асоси он бемор аз кор озод мешавад ва ёрдампули мегирад) ё справка (дар бораи аз кор ё хониш озод кардан) медихад.
Сабаби асосии К. бемори ё руй додани фалокат мебошад. Вале конунан хар як озодкуни аз кор, ки мувофики нишондодхои тибби бо додани варакаи бемори ё справка ба расмият дароварда мешавад (рухсати хангоми хомилаги ё баъди зодан, ба карантин гирифан, аз кор дур кардани хомилини ангезахои амрози сирояти, нигохубини аъзои бемори оила ва г.), К.-и муваккати махсуб меёбад. К. бештар дар натичаи бемори ба амал меояд ва зимни он кобилияти кори пурра ё кисман гум мегардад. Агар К. дар муддати як сол бефосила зиёда аз 4 мох ё бафосила 5 мох тул кашад, К.-ро бардавом мехисобанд ва дар ин сурат муассисаи табобати беморро ба комиссияи тиббии экспертизаи коршоями мефиристад.
Ба инвалидони коркунанда, сарфи назар аз гурухи инвалиди ва хусусияти бемори, дар давоми як сол ба варкаи бемори факат ба муддати 2 мохи бефосила музд дода мешавад. Дар аснои маъюби аз мехнат ва беморихои касби варакаи корношоямиро то шифо ёфтан ё аз нав дида баромадани гурухи инвалиди (ба сабаби ягон бемории дигар) медиханд.
Агар К. зимни ягон фалокат дар истехсолот (инчунин фалокате, ки дар вакти ба кор рафтан ё аз кор баргаштан) ба амал ояд, маъмурияти корхона ё муассиса санад тартиб дода, дар он вакт, чой, сабаб ва шароити руй додани фалокатро нишон медихад; варакаи бемориро аз рузи якуми гум кардани кобилияти кори то баркарор шудани он медиханд. Агар фалокат дар рузгор руй дихад, аз рузи 6-ум сар карда варкаи бемори дода мешавад; барои 5 рузи аввал бошад, справкаи аз кор озод будан медиханд. Ба коргарзанон ва хизматчизанон хангоми хомилаги ва таваллуди кудак, сарфи назар аз собикаи кор, 140 руз рухсатии пулаки дода мешавад. Хангоми ба карантин гирифтани одамоне, ки бо беморони сироятии нихоят хавфнок тамос доштанд, варакаи бемориро духтури эпидемиолог (дар вакти набудани он духтури санитари ё духтури муолич) медихад.
Дар мавриди ошкор кардани хомилини ангезандаи беморихои зудсироят дар одамоне, ки ба истехсоли хуроквори машгуланд, инчунин дар кормандони муассисахои савдо, хуроки умуми ва шахсони бевосита ба хуроквори сарукордошта маъмурияти муассиса вазифадор аст онхоро ба муассисаи табобати фиристад ва ба кори дигар гузаронад. Агар ба кори дигар гузаронидан имконнопазир бошад, пас онхоро дар давраи табобат аз кор озод мекунанд.
Дар мавриди пеш омадани зарурати нигохубин ба бемор (узви оила) ва дар беморхона нахобондани у, ба мухлати 33 руз варакаи бемори медиханд.
Барои нигохубини кудаки маризи синнаш то 15-сола ба модар то 7 руз (ба модари танхо, бевазан, аз шавхар чудошуда то 10 руз) варакаи бемори дода мешавад (агар бемори давом кунад, муассисаи табобати справка медихад).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …