Главная / Чамъият / КОРХОНАХОИ ДАВЛАТИ

КОРХОНАХОИ ДАВЛАТИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ КОРХОНАХОИ ДАВЛАТИ

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, №2, мод. 42; с. 2008, №10, мод. 807; с. 2010, №12, к. 1, мод. 818)

Мачлиси намояндагон 17 декабри соли 2003 кабул кардааст

Мачлиси милли 12 феврали соли 2004 чонибдори намудааст

Конуни мазкур холати хукукии корхонахои давлати, хукук ва ухдадорихои моликони амволи онхо, тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамхурии корхонахои давлатиро муайян мекунад.

Боби 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Корхонаи вохиди давлати – ташкилоти тичоратиест, ки хукуки ба амволи  вобастакардаи молик  сохиб шуданро надорад.

Корхонаи давлатии фаръи – шахси хукукиест, ки дар назди дигар корхонаи давлати, аз хисоби кисми моликияти он  таъсис меёбад.

Пешбурди хочагидори – хукуки махдуди молии корхонае, ки аз давлат чун молик амволро гирифтааст ва дорои хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани ин амвол мебошад.

Идоракунии оперативи – хукуки махдуди молии корхонаи давлати нисбати амволе, ки аз молик мутобики максадхои фаъолияти худ, супоришхои молик ва таъиноти амвол гирифтааст ва дорои  хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдории ин амволро дорад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи корхонахои давлати

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи корхонахои давлати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Намудхои корхонаи давлати

Ба корхонахои давлати мансубанд:

а) корхонахои вохиди давлати бо хукуки пешбурди хочагидори;

б) корхонаи давлати бо хукуки идораи оперативи.

Вобаста ба намудхои моликияти давлати корхонахо таксим мешаванд:

а) ба корхонахое, ки тахти моликияти чумхурияви карор доранд – корхонахои давлатии чумхурияви;

б) ба корхонахое, ки тахти моликияти хокимияти махалли карор доранд – корхонахои давлатии коммунали.

Моддаи 4. Самтхои асосии фаъолият ва вазифахои корхонахои давлати

Халли вазифахои ичтимоию иктисоди, ки талаботи чомеа ва давлатро муайян мекунанд, самтхои асосии фаъолияти корхонахои давлати мебошанд.

Вазифахои асосии корхонахои давлати инхоянд:

а) таъмини моддии кудрати мудофиавии давлат ва хифзи манфиатхои чомеа;

б) истехсоли мол (кор, хизматрасони);

в) анчом додани фаъолият дар сохахое, ки ба вазифахои давлат мансубанд.

Моддаи 5. Таъсиси корхонахои давлати

Корхонаи давлатии чумхурияви бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.

Корхонаи давлатии коммунали бо санади макомоти хокимияти махалли бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.

Муассиси корхонаи давлати метавонад макоми давлатие, ки барои  таъсиси корхона карор кабул кардааст, ё макомоти идоракунии давлатии ваколатдоркардашудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бошад.

Муассисе, ки дар бораи таъсиси корхонаи давлати карор кабул кардааст, хак дорад макомоти давлатии дахлдорро ваколатдор намояд, ки кисме аз хукукхои уро  нисбати корхонахои давлати татбик намояд. Хукук ва ухдадорихои макомоти ваколатдоркардашуда нисбат ба корхонаи давлати дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон ё хокимияти махалли муайян карда мешавад.

Фехристи корхонахои давлатии чумхуриявиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

Фехристи корхонахои давлатии коммунали аз тарафи раисони дахлдори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо, нохияхо тасдик карда мешавад.

Моддаи 6. Бакайдгирии давлатии корхонахои давлати

(КЧТ аз 29.12.10с №659)

Корхонаи давлати аз лахзаи бакайдгирии давлатии он таъсисёфта хисобида шуда, хукуки шахси хукукиро пайдо мекунад.

Бакайдгирии давлатии корхонахои давлати мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» амалй карда мешавад. (КЧТ аз 29.12.10с №659)

Моддаи 7. Оинномаи корхонаи давлати

Оиннома хуччати таъсисдихии корхонаи давлати мебошад. Оинномаи корхонаи давлати аз тарафи муассиси он ё макоми аз тарафи муассис ваколтдоршуда тасдик карда мешавад.

Оинномаи корхонаи давлати бояд инхоро дар бар гирифта бошад:

  • намуди корхона (вохиди давлати ё давлати);
  • номи он;
  • махалли чойгиршавии корхона;
  • соха ва максадхои фаъолияти он;
  • ваколатхои рохбар;
  • тартиби кор;
  • тартиби ташаккули амволи корхона ва таксими даромадхо;
  • шартхои азнавташкилдихи ва бархамдихии корхона;
  • андозаи фонди оинномави ва тартиби ташкили он;
  • дигар мукаррароте, ки мухолифи конунгузори нестанд.

Дар оиннома инчунин муносибати байни корхона ва муассис ё макомоти ваколатдор, маъмурияти корхона ва корманд (кормандон – дар мавриди баста шудани шартномаи мехнатии коллективона) муайян карда мешавад.

 

Моддаи 8. Номи фирмавии корхонаи давлати

Номи фирмавии корхонаи давлати бояд дорои нишондод ба сохиби амвол будан, мансубият ба намуди моликияти давлати (чумхурияви ё коммунали) – ро дошта бошад.

Номи фирмавии корхонаи хукуки пешбурди хочагидори дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи вохиди давлати будани онро дошта бошад.

Номи фирмавии корхонаи хукуки идораи оперативи дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи давлати будани онро дошта бошад.

Корхонаи давлати дорои мухр бо тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ва номи фирмавии корхона мебошад.

 

Моддаи 9. Соха ва максадхои фаъолияти корхонахои давлати

Соха ва максадхои фаъолияти корхонаи давлати аз тарафи муассис ё макоми ваколатдор муайян карда шуда, дар оинномаи корхона инъикос меёбанд ва бояд мутобики талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон бошанд.

Аз тарафи муассис ё макоми ваколатдор ба корхонаи давлати додани вазифахои давлатии назорати ё ичозатдихи манъ аст.

Аз тарафи корхона амали намудани фаъолият, инчунин содир намудани ахде, ки ба соха ва намуди фаъолияти дар оиннома нишон додашуда чавобгу нест, танхо баъди ба оинномаи корхона ворид намудани тагйиру иловахо тибки конугузори имкон дорад.

Аз тарафи корхона содир намудани ахди мухолифи максадхои фаъолияти он, ки дар оиннома муайян шудаанд, аз тарафи суд тибки тартиботи мукарранамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон метавонад беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 10. Макомоти ваколатдори давлат

Аз номи Чумхурии Точикистон  ба сифати макомоти идоракунии давлатии корхонахои давлатии чумхурияви, инчунин макомоти нисбати онхо вазифаи субъекти хукуки моликияти давлатиро адокунанда, Хукумати Чумхурии Точикистон  ё макомоти давлатии идоракуние, ки аз тарафи у ваколатдор шудааст, баромад менамояд.

Макомоти идоракунии давлатии корхонахои давлатии коммунали, инчунин макомоти нисбати онхо вазифаи субъекти хукуки моликияти давлатиро адокунанда макомоти хокимияти махалли ё макомоти ваколатдоршудаи онхо хисобида мешаванд.

Анчом додани вазифахои субъекти хукуки моликияти давлатии дар кисмхои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинишуда салохияти кабули карорро дар бораи саххомикунони ё хусусигардонии корхонаи давлати дар бар намегирад.

 

Моддаи 11. Идоракунии корхонаи давлати

Идоракунии давлатии корхонаро Хукумати Чумхурии Точикистон ё макомоти ба он ваколатдоршуда анчом медиханд.

Макоми идоракунии корхонаи давлати рохбари он хисобида мешавад, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ё макомоти ваколатдор таъин карда мешавад.

Муносибат бо рохбари корхонаи давлати тавассути шартнома сурат мегирад. Дар шартнома бояд хукукхо, ухдадорихо ва масъулияти рохбари корхона, шароити мехнат, истирохат ва таъминоти модди, мухлати шартнома ва дигар шартхои пешбиникардаи Кодекси мехнатии Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  муайян гарданд.

Рохбари корхонаи давлати дар назди сохибмулк нисбати холати  кори корхона масъулияти шахси дорад.

Рохбари корхонаи давлати дар асоси принсипхои яккасардори фаъолият мекунад ва хама масъалахои  фаъолияти корхонаро мутобики салохияташ, ки бо Конуни мазкур ва Оинномаи корхона муайян мешаванд, мустакилона хал менамояд.

Рохбари корхонаи давлати бе ваколатнома аз номи корхона амал мекунад, манфиатхои онро дар муносибатхояш бо макомоти давлати ва шахсони хукуки намояндаги менамояд, шартномахо мебандад, ваколатномахо медихад, суратхисобхои бонки мекушояд ва дигар ахду амалхоро, ки мухолифи конунгузори нестанд, анчом медихад.

 

Моддаи 12. Амволи корхонаи давлати

Амволи корхонаи давлатиро фондхои асоси ва воситахои муомилоти, инчунин арзишхое ташкил медиханд, ки нархи онхо дар тавозуни корхона инъикос меёбанд.

Амволи корхонаи давлати таксимнашаванда аст ва наметавонад аз рузи сахмхо (хиссахо, пайхо), аз чумла ба кормандони корхона дода шавад.

Амволи корхонаи давлати аз ин хисоб ташкил меёбад:

а) амволи аз тарафи молик додашуда;

б) амволи (аз чумла даромади пулии) дар натичаи фаъолияти истехсолию хочаги ба дастомада;

в) дигар манбаъхо, ки конунгузори манъ накардааст.

 

Моддаи 13. Нигох доштани хукуки корхонаи давлати ба амвол

Хангоми тибки тартиботи конунгузори додани корхонаи давлати аз моликияти чумхурияви ба моликияти коммунали, хамчунин баракси он ё аз ихтиёри як макомоти давлатии идоракуни ба макомоти дигар, чунин корхона хукуки хочагидори ё хукуки идораи оперативиро вобаста ба вазъи молики корхона нисбати амволи мутаалики он нигох медорад.

 

Моддаи 14. Корхонаи давлати хамчун комплекси амволи

Корхонаи давлати дар мачмуъ хамчун комплекси амволи гайриманкул дониста мешавад ва объекти хукуки моликияти давлати хисобида мешавад.

Ба таркиби корхона, чун комплекси амволи, хамаи намудхои амволи барои фаъолияти он таъиншуда, аз чумла бино, иншоот, тачхизот, асбобу ускона, ашёи хом, махсулот, хукуки истифодаи китъаи замин, хукуки талаб кардани карз, хукуки ифодакунии фардикунонии фаъолияти он (номи он, нишони мол), инчунин дигар хукукхои мустасно шомиланд.

Ахд нисбати корхонаи чумхуриявии давлати (гарав, конссесия), ки корхона ба сифати комплекси ягонаи амволи хисоб меёбад, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон ва нисбати корхонаи коммунали бошад, бо санади макомоти махаллии хокимияти давлати баста мешавад.

 

Моддаи 15. Мусодираи даромади гайриконунии корхонаи давлати

Даромаде, ки корхонаи давлати аз фаъолияти манъшудаи дар оиннома пешбининашуда гирифтааст ва барои ин вай аз макоми ваколатдор ичозатнома надорад, инчунин даромаде, ки дар натичаи баланд кардани нарххои мукарраршудаи фуруши мол, ичрои кор ва расонидани хизматхо ба даст омадааст, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  мусодира карда мешавад.

 

Моддаи 16. Шикояти корхонаи давлати нисбати амалхои макомоти давлати

Корхона хукук дорад бо тартиби мукарраркардаи конунхои Чумхурии Точикистон  аз амали макомоти давлати, аз чумла амалхои макомоти ваколатдор, ки ба мусодираи фоидаи корхона, азнавтаксимкунии амвол, чойгир намудани супоришхои давлат, мукаррар кардани нархи ба моли (кори, хизматрасони) истехолии корхона, инчунин дигар амалхое, ки хукуки корхонаро вайрон мекунанд, ба суд даъво пешниход кунад.

 

Моддаи 17. Азнавташкилдихи ва бархамдихии корхонаи давлати

Азнавташкилдихи ва бархамдихии корхонаи давлати бо ин рох сурат мегирад:

  • нисбати корхонаи давлатии моликияти чумхурияви – бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон;
  • нисбати корхонаи давлатии моликияти коммунали – бо санади макомоти хокимияти махалли.

Корхонаи давлати мумкин аст бо асосхои дигари пешбининамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон бархам дода шавад.

Амволи бокимондаи корхонаи бархамдодашуда баъди конеъ гардонидани талаботи кредиторхо аз тарафи молик ё макоми ваколатдор аз нав таксим карда мешавад.

Маблагхои бокимондаи корхонаи бархамдодашуда, аз чумла маблагхои дар натичаи фуруши амволи ин корхона ба дастомада баъди конеъ кардани талаботи кредиторхо ба даромади бучети дахлдор ворид мешаванд.

 

Моддаи 18. Хусусигардонии корхонаи давлати

Хусусигардонии корхонаи давлати бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 19. Иттиходияхои корхонахои давлати

Корхонахои давлати метавонанд ба ассотсиатсияхо (иттифокхо) муттахид шаванд.

Ассотсиатсияхо (иттифокхо) дар асоси шартнома, мутобики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои конунгузори, бо максади васеъ шудани имкониятхои корхонахо дар тараккиёти истехсоли, илмию-техники ва ичтимои, инчунин барои намояндаги ва хифзи манфиатхои амволии корхонаи таркиби ассотсиатсияхо (иттифокхо) таъсис меёбанд.

Ассотсиатсияхои (иттифокхои) корхонахои давлати  шахси хукуки мебошанд. Хуччати таъсисии ассотсиатсия (иттифок) шартномаи таъсисии аз чониби аъзоёни он имзогардида ва оинномаи тасдикнамудаи онхо мебошад.

Корхонахое, ки ба хайати ассотсиатсия (иттифок) дохил шудаанд, мустакилият ва хукукхои  шахси хукукиро нигох медоранд. Макомоти рохбарикунандаи ассотсиатсияхо (иттифокхо) хукуки ихтиёрдориро нисбати корхонахои шомили ассотсиатсия (иттифок) надоранд ва вазифахои худро дар асоси шартнома бо корхонахо ичро менамоянд.

Ассотсиатсияхо (иттифокхо) дар  асосхои зерин таъсис меёбанд:

  • ихтиёран ворид шудани корхона ба ассотсиатсияхо (иттифокхо) ва аз таркиби он баромадан бо шартхои муайянкардаи оинномаи ассотсиатсия (иттифок);
  • риояи конунгузории зиддиинхисори;
  • озодии интихоби шакли ташкилии ассотсиатсия (иттифок).

Ассотсиатсия (иттифок) дорои номи фирмави буда, дар он максади асосии фаъолияти он ва аъзоёнаш бо иловаи калимахои  «ассотсиатсия» ё «иттифок» нишон дода мешавад.

Ассотсиатсия (иттифок) аз руи ухдадорихои аъзои худ масъулият надорад.

Корхонаи давлати, ки узви ассотсиатсия (иттифок) мебошад, аз руи ухдадорихои ассотсиатсия (иттифок) мувофики андоза ва тартиб, ки дар хуччатхои таъсисёбии ассотсиатсия (иттифок) пешбини шудаанд, чавобгарии субсидиари дорад.

 

Боби 2. КОРХОНАИ ВОХИДИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 20. Фаъолияти корхонаи вохиди давлати

Корхонаи вохиди давлати метавонад баробари дигар корхонахои таъсисёфта дар сохахои зерин амал намояд:

  • тархрези, истехсол ва тахвили махсулот барои эхтиёчоти давлат, аз кабили яроки чанги, лавозимоти чанги, техникаи харби, амволи дигари харби, маснуоти масолехи комплектони, бо максади тахкими кобилияти мудофиави ва амнияти Чумхурии Точикистон;
  • бархамдихи (нобудсози, партовкунони, гурондан) ва коркарди воситахои харбию –техникии бекоршуда;
  • истихроч, истехсол, хамлу накл, коркард, гуркуни, фуруши уран ва дигар маводи радиоактиви, ба андозаи зиёда аз меъёри истифодаи онхо, бе зарурати истифодаи воситахои махсуси мухофизат;
  • тайёр кардан ва фурухтани дорувор, воситахои табобати, тачхизот ва асбобхои тибби;
  • анчом додани фаъолияти хочагидори дар сохахое, ки ба монополияи давлати мутаалликанд;
  • анчом додани фаъолияти хочагидори дар сохаи таъмини кувваи барк, об, гарми ва газ;
  • расонидани хизмат тавассути наклиёти рохи охан ва истифодаи умуми, интиколи хавоии бор ва мусофирон;
  • расонидани хизмати алока (аз чумла алокаи почта) ва телекоммуникатсиони, истифодаи хатхои алокаи чумхурияви ва байналмилали;
  • расонидани хизмат дар сохаи хочагии коммунали ва манзили, инчунин дигар системахои таъмини хаёт дар инфрасохтори чумхурияви ва махалли, ки вобаста ба эътиборнокии холати монополияи табии ва ахамиятнокии ичтимоию иктисодиашон идораи бевоситаи давлатиро такозо доранд;
  • дар сохаи бонки, сугуртави ва дигар фаъолияти карзию молияви;
  • анчом додани фаъолияти истехсолию хочагидори дар сохаи тандурусти, хифзи табиат, маориф, хифзи ичтимои, илм, фарханг ва варзиш;
  • анчом додани фаъолияти истехсолию хочагидори дар сохаи телевизион (аз чумла телевизиони кабели) ва радиошунавони, фаъолияти ношири ва полиграфи;
  • анчом додани фаъолияти дигари истехсолию хочаги, ки дар накшахои Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди ичтимоию иктисоди пешбини шудаанд;
  • дар дигар сохахои фаъолият мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 21. Фонди оинномави ва захиравии корхонаи вохиди давлати

Андозаи фонди оинномавии корхонаи вохиди давлати аз тарафи муассиси он муайян мегардад ва аз арзиши умумии амволи ба корхона додашаванда зиёд буда наметавонад. Андозаи фонди оинномави аз андозаи панчсадкаратаи нишондиханда барои хисобхо кам буда наметавонад.

Фонди оинномави бояд пурра аз тарафи молик (муассис) дар муддати як сол аз рузи бакайдгирии давлати ташкил ёбад. (КЧТ аз 29.12.10с №659).

Корхонаи вохиди давлати вазифадор аст фонди захиравиро, ки дар оинномаи он муайян гардидааст, ташкил намояд.

Маблаги фонди захирави танхо барои пушонидани зарар, ичрои ухдадорихо дар назди бучет, пардохти карзхои давлати ва фоизи онхо, дар мавридхои нокифоягии дигар маблагхои корхона истифода мешавад.

 

Моддаи 22. Салохияти молик (муассис) ва макомоти ваколатдори давлати

Нисбати корхонаи вохиди давлати муассис ё макомоти ваколатдори давлати ваколатхои зеринро ичро мекунанд:

  • оинномаи корхонаро тасдик мекунанд ва чун муассиси он баромад мекунанд;
  • директори (рохбари) корхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;
  • супоришхои давлатиро ба корхона мерасонанд ва ичрои онхоро назорат мекунанд;
  • меъёрхои таксими фоидаеро, ки дар ихтиёри корхона боки мондааст, тасдик мекунанд;
  • ба содир кардани ахдхо нисбати амволе, ки розигии моликро талаб мекунад, ичозат медиханд;
  • дигар масъалахоеро, ки Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба салохияти вай мансуб донистаанд, хал менамоянд.

 

Моддаи 23. Нархи молхое, ки корхонаи вохиди давлати истехсол менамояд

Нархи моле (кор, хизматрасони), ки корхонаи вохиди давлати истехсол менамояд, бояд харочоти ба истехсоли он сарфшударо пурра пушонад, фаъолияти безарарии он ва маблаггузориро аз хисоби даромадхои худи таъмин намояд.

Нархи молхое (кор, хизматрасони), ки аз тарафи корхонаи вохиди давлати истехсол ва фурухта мешаванд, вобаста ба талабот ва таклифот ба онхо ташкил карда мешаванд.

Танзими давлатии нарх бо максади рох надодан ба чойгиршавии монополи дар бозори молхо (корхо, хизматрасонихо), мутобики конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 24. Маблаггузории фаъолияти корхонаи вохиди давлати

Фаъолияти корхонаи вохиди давлати аз хисоби даромади худи ва аз руи накшаи молиявии тасдиккардаи молик маблаггузори мешавад.

Корхонаи вохиди давлати аз хисоби даромадхои худии фаъолияташ нигох дошта мешавад.

Корхонаи вохиди давлати бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  маблаггузори карда мешавад.

Фоидае, ки корхонаи вохиди давлати баъди пардохти андозхо ба даст медарорад, аз чониби он бо тартиби пешбининамудаи оинномааш мустакилона таксим карда мешавад.

 

Моддаи 25. Музди мехнати кормандони корхонаи вохиди давлати

Андозаи фонди музди мехнати корхонаи вохиди давлати аз чониби рохбари он дар мувофика бо молик мукаррар карда мешавад.

Шаклхои пардохти музди мехнат, чадвали (руйхати) штати, андозаи маошхои мансаби, системаи мукофотони ва дигар хавасмандгардонихо аз чониби корхонахои вохиди давлати мустакилона муайян мегардад.

Андозаи маошхои мансабии рохбари корхонаи вохиди давлати, муовинон ва сармухосиб, системаи мукофотонии онхо ё дигар хавасмандгардонихо аз чониби молик мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 26. Фаъолияти иктисодии хоричии корхонаи вохиди давлати

Корхонаи вохиди давлати фаъолияти иктисодии хоричиро бо тартиби мукаррарнамудаи оиннома ва конунгузории Чумхурии Точикистон анчом медихад. Даромади асъори, ки баъди пардохти андозхо ва дигар пардохтхои хатми дар хисоби корхона боки мемонад, тибки нишондоди оинномаи корхонаи вохиди давлати мустакилона таксим карда мешавад.

Истифодаи асъоре, ки дар ихтиёри корхонаи вохиди давлати боки мондааст, аз чониби он мутобики тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Боби 3. КОРХОНАИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 27. Таъиноти корхонаи давлати

Корхонаи давлати метавонад баробари корхонахои дигари таъсис ёфта дар сохахои зерини мукаррар намудаи конунхои Чумхурии Точикистон фаъолият намояд:

  • нигохдори ва инкишофи шабакаи роххои давлатии автомобилгард ва дигар объектхои инфрасохтор, ки барои онхо тибки конунгузори тартиби махсуси маблаггузори мукаррар шудааст;
  • ичрои корхои начотбахши дар кухсор ва дигар корхои махсус дар вазъияти фавкуллода ва садамави, хифз аз сухтор, обхезихо ва дигар фалокатхои табии;
  • анчом додани фаъолияти истехсоли дар муассисахои системаи ичрои чазои чинояти;
  • истехсоли корхои топографию геодези ва картографи;
  • анчом додани фаъолияти истехсолию хочагидори дар сохаи тандурусти, хифзи табиат, маориф, хифзи ичтимои, илм, фарханг ва варзиш;
  • анчом додани дигар фаъолияти истехсолию хочагидори, ки дар накшахои Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди ичтимоию иктисоди пешбини шудаанд.

Моддаи 28. Объекти хукуки идораи оперативи

Объекти хукуки идораи оперативи метавонад танхо амволи давлати бошад, агар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ё дигар конунхои Чумхурии Точикистон холати дигарро пешбини накарда бошанд.

Корхонаи давлати танхо он амволеро тахти хукуки идораи оперативи карор дода метавонад, ки он барои таъмини фаъолияти оинномавиаш зарур аст.

 

Моддаи 29. Ба даст овардан ва катъи хукуки идораи оперативи

Ба даст овардан ва катъи хукуки идораи оперативи дар асоси шартхою тартиботи пешбининамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон нисбати ба даст овардан ва катъи хукуки моликият ва дигар хукукхои ашёи сурат мегирад, агар дар Конуни мазкур ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон холати дигар мукаррар нашуда бошад.

Корхонаи давлати хукук надорад, ки тибки ахдхои хукукии граждани амволеро, ки ба фондхои асоси дохил мешаванд бе розигии молик аз худ кунад.

Корхонаи давлати хукук надорад, ки аз кредитхои бонки бе ичозати молик истифода барад.

 

Моддаи 30. Хукуки молики амвол, ки ба идораи оперативии корхонаи давлати дода шудааст

Молики амволе, ки дар холати идораи оперативии корхонаи давлати карор дорад, мутобики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, талаботи конунгузории зиддиинхисори ва Конуни мазкур масъалаи таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии корхона, муайян кардани соха, максадхо ва вазифахои фаъолияти онро хал мекунад.

Молик истифода ва нигохдории амволи ба ихтиёри корхонаи давлати додашударо назорат мекунад.

 

Моддаи 31. Хукуки молик ба гирифтан ва азнавтаксимкунии амвол

Молики амволи ба ихтиёри корхонаи давлати додашуда хукук дорад, ки ин амволро гирад ё байни дигар шахсони хукукии таъсисдодааш бо назардошти худ таксим кунад, агар дар санадхои конунгузори тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 32. Ихтиёрдории амволи корхонаи давлати

Корхонаи давлати метавонад амволи ба вай вобаста шуда ва амволи аз хисоби маблагхои дар натичаи фаъолияти хочагидории худ гирифтаашро бо розигии молик  бегона ё ихтиёрдори намояд.

Корхонаи давлати махсулоташро бо розигии молик мефурушад.

Тартиби таксими даромади корхонаи давлатиро молик муайян менамояд.

 

Моддаи 33. Фаъолияти хочагидории корхонаи давлати

Фаъолияти хочагидории корхонаи давлати бо максаду вазифахои он, ки дар оинномааш зикр шудаанд, инчунин тавассути супориши давлати, ки аз чониби молик ба корхона расонида мешавад, муайян мегардад.

Фаъолияти хочагидорие, ки дар оиннома пешбини нашудааст, танхо бо ичозати молик бо минбаъд ворид кардани тагйиру иловахо ба оиннома имкон дорад.  (КЧТ аз 29.12.10с №659)

 

Моддаи 34. Табдили корхонаи вохиди давлати ба корхонаи давлати

Табдили корхонаи вохиди давлатии шакли чумхуриявии моликият ба корхонаи давлати тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи макомоти ваколатдор сурат мегирад.

Табдили корхонаи вохиди давлатии шакли моликияти коммунали ба корхонаи давлати бо санади макомоти хокимияти махалли сурат мегирад.

Карор дар бораи табдили корхонаи вохиди давлати ба корхонаи давлати дар мавридхои зерин мумкин аст:

а) истифодаи гайримаксадноки амволи давлати ва маблагхо аз чониби корхонаи вохиди давлати;

б) набудани фоида аз руи чамъбасти ду соли охир.

Хамаи харочоти табдили корхонаи вохиди давлати ба корхонаи давлати, инчунин хисоббаробаркунихои корхонаи табдилёбанда бо кредиторхои он хангоми мавчуд набудани маблагхои кофи дар худи корхона дар асоси маблагхои бучети дахлдор сурат мегирад.

Корхонаи давлатии дар заминаи корхонаи вохиди давлати таъсисёбанда дар ин холатхо вориси корхонаи табдилёфта мебошад:

  • бо амволи давлати ва маблагхои пештар ба корхонаи вохиди давлати додашуда;
  • бо хукуки истифодаи замин, об ва табиат;
  • бо истифодаи сарватхои зеризамини;
  • бо пешниходи квотахо, ичозатномахо ва шартномахои пештар басташуда, агар ин шартномахо ба соха ва максадхои фаъолияти корхонаи давлатии нави таъсисёбанда мувофикат кунанд.

Хангоми табдили корхонаи вохиди давлати ба корхонаи давлати тартиботи граждании хукукии амволи ба он вобасташуда аз хукуки пешбурди хочагидори ба хукуки идораи оперативи иваз мешавад. Лахзаи ин тагйирёби чун санаи кабули карор дар бораи табдили корхонаи вохиди давлати ба корхонаи давлати дониста мешавад.

 

Боби 4. КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ ФАРЪИ

 

Моддаи 35. Таъсиси корхонаи давлатии фаръи

Танхо корхонаи вохиди давлати хукуки таъсиси корхонаи давлатии фаръиро дорад.

Корхонаи давлатии фаръи, ки моликияти чумхурияви мебошад, бо мувофикаи молики корхонаи асоси таъсис дода мешавад.

Корхонаи давлатии фаръи, ки моликияти коммунали аст, бо мувофикаи молики корхонаи асоси таъсис меёбад.

Оинномаи корхонаи давлатии фаръиро муассиси он бо розигии макоми болоии идораи давлати тасдик мекунад.

Корхонаи давлатии фаръи хукуки таъсиси дигар корхонаи фаръиро надорад.

 

Моддаи 36. Холати хукукии корхонаи давлатии фаръи

Корхонаи давлатии фаръи дар шакли корхонаи вохиди давлати таъсис дода мешавад ва дорои хукукхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур барои чунин навъи корхонахои давлати мебошад.

Масъулияти корхонаи фаръи аз руи ухдадорихояш, инчунин масъулияти корхонаи онро таъсисдода нисбати ухдадорихои корхонаи фаръи мувофики талаботи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 37. Максадхои таъсиси корхонахои давлатии фаръи

Корхонахои давлатии фаръи бо ин максадхо таъсис меёбанд:

а) таксимшави ё чудошави аз корхонаи асоси ба сабаби талаботи конунгузории зиддиинхисори;

б) табдили филиалхои корхонаи асоси ба шахсони хукукии дорои тавозуни (баланси) алохида;

в) таъсиси истехсолоти иловаги ва махсус барои баланд бардоштани самаранокии истехсолоти асоси;

г) озод шудани корхонаи асоси аз навъхои фаъолият ва вазифахои бо максаду вазифахояш мувофик набуда.

 

Моддаи 38. Макомоти ваколатдори давлати

Макоми идораи давлатии корхонаи давлатии фаръи, инчунин макомоти нисбати он анчомдихандаи вазифаи субъекти хукуки моликияти давлати корхонаи асоси аст.

Корхонаи давлатии фаръии корхонаи вохиди давлати, ки ба моликияти чумхурияви тааллук дорад, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон  метавонад ба корхонаи вохиди давлати табдил ёбад.

Корхонаи давлатии фаръии корхонаи вохиди давлатии моликияти коммунали бо санади макомоти хокимияти махалли метавонад ба корхонаи вохиди давлатии моликияти коммунали табдил ёбад.

 

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                      Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 10

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …