Главная / Чамъият / КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУДХОИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУДХОИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №7, к. 1, мод. 380; с. 2015, №7–9, мод. 698; Конуни конститутсионии ЧТ аз 23.07.2016 с., № 1328)

Конуни конститутсионии мазкур асосхои хукукии ташкил ва фаъолияти судхо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяхоро мукаррар намуда, инчунин дигар муносибатхоро вобаста ба фаъолияти ташкилию хукукии  макомоти суди ва судяхо  ба танзим медарорад.

БОБИ 1. 

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи судхои Чумхурии Точикистон 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи судхои Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни конститутсионии мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки  Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., № 1328).

Моддаи 2. Хокимияти  суди

  1. Хокимияти суди мустакил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяхо амали карда мешавад.
  2. Хокимияти суди дар Чумхурии Точикистон танхо аз чониби судхо дар симои судяхо ва машваратчиёни халки, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои амали намудани адолати суди чалб шудаанд, амали карда мешавад. Ягон макомот ё шахси дигар хукуки амали намудани адолати судиро надоранд.
  3. Хокимияти суди фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсиони, граждани, оилави, иктисоди, чинояти ва хукуквайронкунии маъмури амали менамояд.
  4. Тартиби аз тарафи судхо барраси намудани парвандахоро конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 3. Низоми хокимияти судии Чумхурии Точикистон

  1. Низоми хокимияти судии Чумхурии Точикистонро Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иктисоди, Суди харби, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе ташкил медиханд.
  2. Тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Чумхурии Точикистонро Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон»  муайян менамояд.
  3. Ташкили суди фавкулода ва судхое, ки Конуни конститутсионии мазкур пешбини накардааст, манъ аст.

Моддаи 4. Вазифахои суд

  1. Хокимияти суди дар Чумхурии Точикистон хукуку озодихои инсон ва шахрванд, манфиатхои давлат, ташкилоту муассисахо, конунияту адолатро, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон эълон намудаанд, хифз менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., № 1328).
  2. Вазифаи суд дар Чумхурии Точикистон тахкими хамачонибаи конуният ва таъмин намудани адолати ичтимои мебошад.

Моддаи 5. Принсипхои фаъолияти суди

  1. Дар Чумхурии Точикистон адолати суди танхо аз тарафи суд амали карда мешавад.
  2. Хар кас кафолати хифзи суди дорад. Хар шахс хукук дорад талаб намояд, ки парвандаи уро суди босалохият, мустакил ва бегараз, ки тибки конун таъсис ёфтааст, барраси намояд.
  3. Хама дар назди конун ва суд баробаранд. Давлат ба хар кас, катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк хукуку озодихоро кафолат медихад.
  4. Мурофиа дар хамаи судхо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст.
  5. Мурофиа ба тарзи мубохиса ва дар асоси баробарии тарафхо сурат мегирад.

Моддаи 6. Чавобгари барои беэхтироми нисбати суд

Беэхтироми нисбати суд, хамчунин содир намудани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро нисбат ба суд шаходат медихад, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

Моддаи  7. Манъ будани дахолат ба фаъолияти суд

  1. Дахолат ба фаъолияти суд  манъ аст. Дар хар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо максади монеъ шудан ба татбики адолати суди тибки  конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.
  2. Воситахои ахбори омма ва журналистон хукук надоранд дар ахборашон натичаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз руи он карор эътибори конуни пайдо накардааст, мавриди мухокима карор диханд.
  3. Судя вазифадор нест дар бораи мохияти парвандахое, ки барраси шудаанд ё мавриди барраси карор доранд, ба ягон макомот ё шахси мансабдор баёнот (маълумот, ахборот) дихад,  инчунин онхоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба гайр аз холатхо ва тартибе, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудааст.

Моддаи 8. Мустакилияти судяхо

  1. Судяхо дар фаъолияти худ мустакил буда, танхо ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон  ва конун итоат мекунанд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Мустакилияти судя таъмин мегардад бо:

– тартиби махсуси интихоб, таъин, озод ва бозхонд  шудан;

– дахлнопазирии судя;

– амали намудани адолати суди тибки тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– манъи хама гуна дахолат ба фаъолияти судя дар амали намудани адолати суди  бо тахдиди чавобгари;

– чавобгари барои беэхтироми нисбати суд, судя;

– хукуки ба истеъфо баромадан, бо хохиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафака баромадан ва бозхонди судя;

– мухайё намудани шароити ташкили ва модди-техники барои фаъолияти судхо;

– мувофики маком аз хисоби давлат аз чихати модди ва ичтимои таъмин намудани судя.

  1. Кафолати мустакилияти судяхо, аз чумла чорахои химояи хукуки, таъминоти модди ва ичтимоии онхо, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, ба хамаи судяхои Чумхурии Точикистон пахн мегарданд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 9. Таъмини амнияти судяхо

  1. Судяхо, аъзои оилаи онхо ва молу мулки онхо тахти химояи махсуси давлат карор доранд.
  2. Мухофизати бино ва молу мулки судхо, дар сурати зарурат, бо аризаи судя ё аъзои оилааш, мухофизати судя ва аъзои оилаи у, хонаи истикомати ва молу мулки онхо ба зиммаи макомоти корхои дохили гузошта, ройгон ичро карда мешавад.
  3. Судя барои гирифта гаштан, нигох доштан ва истифода бурдани силохи хизмати хукук дорад, ки тартиби онро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 10. Дахлнопазирии судя

  1. Судя хукуки дахлнопазири дорад.
  2. Дахлнопазирии судя ба хаёт, кадр ва номуси у, манзили истикомати, утоки хизмати, воситахои наклиёт ва алокае, ки дар истифодаи у карор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва хуччатхои судя пахн мегардад.
  3. Парвандахои чинояти ва хукуквайронкунии маъмури нисбати судя танхо аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон огоз карда мешаванд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи чинояти ва пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад. Парвандахои чинояти ва хукуквайронкунии маъмури нисбати судя аз чониби Суди Олии Чумхурии Точикистон барраси карда мешаванд.
  4. Бе ризоияти Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ба чавобгарии чинояти ё маъмури кашидан, ба хабс ё  хабси хонаги гирифтани судяи Суди Оли ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон мумкин нест.
  5. Бе ризоияти Президенти Чумхурии Точикистон ба чавобгарии чинояти кашидан, ба хабс ё  хабси хонаги гирифтани судяи Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, судхои шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе мумкин нест.
  6. Чорахои мачбуркунии мурофиави дар намуди ба хабс ва хабси хонаги гирифтани судя, муваккатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоки хизматии у, хабси молу мулк, гуш ва сабт кардани гуфтугуи телефони ва дигар гуфтугухо, хабси муросилот, азназаргузарони ва ёфта гирифтани онхо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, хуччатхои дорои маълумот дар бораи пасандоз ва суратхисобхои бонки, хабси маблагхои дар суратхисобхо ва пасандозхо ё дар нигохдории бонк ва ташкилотхои кредити карордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва ичозати Суди Олии Чумхурии Точикистон татбик карда мешаванд.
  7. Дастгир кардан, мачбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситахои наклиёт ва алока, ки онхоро истифода мебарад, танхо дар вакти дастгир намудани у хангоми содир кардани чиноят, дар дигар мавридхо бошад, танхо вобаста ба парвандаи чиноятии огозгардида нисбати судя бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

Моддаи 11. Хатми будани ичрои санадхои суди

  1. Фармон, халнома, хукм, таъинот ва карори суд, судяхо, ки эътибори конуни пайдо кардаанд, барои хамаи макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва  дехот, ташкилотхои чамъияти, шахсони мансабдор, шахсони вокеи ва хукуки хатми  буда, бояд дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон бечунучаро ба ичро расонида шаванд.
  2. Суде, ки санади судиро баровардааст,  ичрои онро назорат мекунад.
  3. Тартиби ичрои санадхои судиро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  4. Ичро накардан ва ё монеъ шудан ба ичрои санадхои судии эътибори конуни пайдонамудаи  суд тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

БОБИ 2.

ИНТИХОБ, ТАЪИН, БОЗХОНД ВА

ОЗОД НАМУДАНИ СУДЯ

Моддаи 12. Талабот нисбати номзадхо ба вазифаи судя

  1. Ба вазифаи судяхои Суди Оли, Суди Олии иктисоди, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танхо шахрвандии Чумхурии Точикистонро дошта бошад, дорои тахсилоти олии хукукшиноси буда, забони давлатиро донад, синни у аз 30 кам набошад ва хадди акал 5 сол собикаи кории судяги дошта бошад.
  2. Ба вазифаи судяхои судхои шахр ва нохия, суди харбии гарнизонхо, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танхо шахрвандии Чумхурии Точикистонро дошта бошад, дорои тахсилоти олии хукукшиноси буда, забони давлатиро донад, синни у аз 25 кам набошад ва хадди акал 3 сол собикаи кории касби дошта бошад.
  3. Синни нихоии дар вазифаи судя будан барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад.
  4. Номзад ба вазифаи судяи суди харби, инчунин ба талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» бояд чавобгу бошад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 13. Судяхо 

  1. Судяхо шахсоне мебошанд, ки тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон салохияти амали намудани адолати  судиро доранд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Раисон, муовинони якум ва муовинони раисони судхо судя ба хисоб рафта, ваколатхои худро тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни конститутсионии мазкур,  кодексхои мурофиави ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали менамоянд.
  3. Хамаи судяхо дар Чумхурии Точикистон дорои макоми ягона буда, танхо бо ваколат ва салохияти худ тафовут доранд.
  4. Талаботи конунии судяхо хангоми ичрои ваколатхояшон барои хамаи макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои чамъияти, шахсони мансабдор, шахсони вокеи ва хукуки хатми мебошанд. Маълумот, хуччатхо ва нусхахои онхо, ки барои амали намудани адолати суди заруранд, бо талаби судя ройгон дода мешаванд.
  5. Ичро накардани талаботи конунии судя тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

Моддаи 14. Талаботе, ки нисбати судя пешниход мешаванд

  1. Судя бояд Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намояд, дониш ва тачрибаи худро барои ичрои вазифахое, ки ба зиммаи у гузошта шудаанд, истифода кунад,  ваколатхояшро бо махорати касби ичро намояд ва  сазовори номи судя бошад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Судя хангоми амали намудани адолати суди, инчунин дар муносибатхои гайрихизмати бояд аз содир намудани хама гуна амалхое, ки боиси паст задани обруи хокимияти суди, кадр ва номуси судя мегарданд ё бегаразона, одилона ва холисона будани амали вайро зери шубха мемонанд, худдори намояд.
  3. Судя ухдадор аст махдудиятхоеро, ки дар Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешбини гардидаанд, риоя намояд.
  4. Судя набояд вазифаи дигареро ишгол кунад, вакили макомоти намояндаги, узви хизб ва созмонхои сиёси бошад ё аз чихати модди онхоро дастгири намояд, ба сохибкори машгул шавад, ба гайр аз фаъолияти илмиву  эчоди ва омузгори.
  5. Судя хукук надорад:

– оид ба мохияти парванда то эътибори конуни пайдо намудани санадхои судии кабулкардааш ягон гуна  изхороти оммави ва ё тафсир дихад;

– тухфахое, ки ба ичрои вазифахои хизматиаш алокаманд мебошад, кабул намояд. Тухфахое, ки судя дар вакти гузаронидани маъракахои протоколи, сафари хизмати ва дигар маъракахои расми гирифтааст,  бо тартиб додани санад ба суде, ки  дар он фаъолият мекунад, супорида мешавад;

 – иттилоотеро, ки вобаста ба ичрои ухдадорихои худ ба даст овардааст,  ифшо намояд. Иттилооти махфиеро, ки ба судя бинобар адои вазифааш маълум гардидааст, аз чониби у ба максадхое, ки ба ичрои вазифахояш алокаманд нестанд, истифода бурдан ва ё ба каси дигар ошкор кардан мумкин нест.

  1. Судя дар ду сол як маротиба бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба у сертификати шакли мукарраргардида дода мешавад.

Моддаи 15. Мухлати ваколати судяхо

  1. Судяхо ба мухлати 10 сол интихоб ё таъин карда мешаванд.
  2. Хангоми дар давраи ваколаташ аз як суд ба суди дигар интихоб ё таъин  гаштан мухлати дахсолаи ваколати судя аз рузи интихоб ё таъини нав хисоб карда мешавад.

Моддаи 16. Интихоб ва  таъини судя 

  1. Судяхои Суди Оли ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон интихоб менамояд.
  2. Судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохияро бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон таъин мекунад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 17. Савганди судя

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанави дар чамъомади судяхо ва назди Парчами давлатии Чумхурии Точикистон чунин савганд ёд мекунад: «Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, одилона ва аз руи вичдон ичро менамоям, холиси ва бегаразиро риоя карда, танхо ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конун итоат карда,  адолати  судиро амали менамоям»(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 18. Бозхонд ва  озод намудани судя

  1. Бозхонд ва озод намудани судя дар холатхои зерин амали мегардад:

– конеъ намудани аризаи хаттии судя дар бораи истеъфо;

– бо хохиши худи судя;

– расидан ба синни нихоии дар вазифаи судя будан (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– бо сабаби тагйир додани чои истикомат;

– бо сабаби аз худуди Чумхурии Точикистон баромада рафтан;

– машгул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи у номувофик аст;

– эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунанда, ки нисбати у бароварда шудааст;

– эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи гайри кобили амал эътироф намудани судя ё махдуд сохтани кобилияти амали вай;

– риоя накардани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон;

– бо сабаби вазъи саломати ва ё бо дигар сабабхои узрнок дар муддати дароз (на камтар аз чор мох пай дар пай) вазифахои худро ичро карда натавонистани судя;

катъи шахрвандии Чумхурии Точикистон ё сохиб шудан ба шахрвандии давлати дигар(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– тачдиди сохтори суд (судхо) ё ихтисори шумораи судяхо;

– вафоти судя;

– эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи бедарак гоиб эътироф намудан ё фавтида эълон  намудани судя;

– риоя накардани конун хангоми баррасии парвандахо ё содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;

– риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат;

– ба охир расидани мухлати ваколати судя;

– ошкор гардидани номуносибии судя ба вазифаи ишголкардааш.

  1. Аз руйи асосхое, ки дар кисми 1 хамин модда пешбини шудаанд, судяхои Суди Оли, Суди Олии иктисоди бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо,  шахр ва нохия бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон мувофикан бозхонд ва озод карда мешаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Аз як суд ба суди дигар гузаронидани судя танхо бо розигии у сурат мегирад.

Моддаи 19. Истеъфои судя

  1. Истеъфои судя бо ифтихор аз вазифа рафтани судя мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судя, кафолати дахлнопазирии шахси ва мансубият ба иттиходияи чамъиятии «Созмони судяхои Чумхурии Точикистон» нигох дошта, дар ин хусус ба у аз чониби макомоте, ки истеъфояшро кабул кардааст, шаходатномаи судяи дар истеъфобуда дода мешавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Хар судя бо хохиши худ сарфи назар аз синну сол хангоми на камтар аз 35 сол собикаи кории умумии хукукшиноси, аз он чумла на камтар аз 25 сол собикаи кории судяги доштан хукук дорад тибки асосхои дар сархатхои якум, нухум, ёздахум ва хаждахуми кисми 1 моддаи 18 Конуни конститутсионии мазкур пешбинигардида, ба истеъфо барояд. Истеъфои судя аз чониби макомоте, ки уро интихоб ва ё таъин кардааст, кабул карда мешавад.
  3. Ба судяи дар истеъфобуда, ки на камтар аз 25 сол собикаи кории  судяги дорад ва собикаи кории умумиаш аз руи ихтисоси хукукшиноси на камтар аз 35 сол аст, баробари 50 фоизи музди мехнати вазифаи дахлдори судяги таъминотпулии хармохаи умрбод дода мешавад, ки он мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон индексатсия карда мешавад. Таъминотпулии хармохаи умрбод ба андозаи як фоизи музди мехнат барои хар як соли пурраи минбаъдаи кори дар вазифаи судя зиёд карда мешавад, вале он аз 60 фоизи музди мехнати у зиёд шуда наметавонад.
  4. Ба судяи ба истеъфо рафта ё ба нафака баромада ба андозаи музди мехнати семоха кумакпулии якдаъфаина дода мешавад.
  5. Таъминотпулии хармохаи умрбод ё нафака ба судя дар суди чои кори охирин  ё дар суди махалли зист аз хисоби бучети чумхурияви пардохт карда мешавад.
  6. Агар судяи ба истеъфобаромада ба талаботи Конуни конститутсионии мазкур нисбати судя чавобгу набошад, инчунин дар сурати дубора ба вазифаи судя интихоб ё таъин шуданаш истеъфои вай катъ мегардад.
  7. Истеъфои судяи Суди Оли, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон катъ карда мешавад.
  8. Истеъфои судяи Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо,  шахр ва нохия бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят ва шахри Душанбе бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон катъ карда мешавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  9. Судяе, ки истеъфояш катъ гардидааст, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба таъмини нафака хукук дорад.
  10. Кор дар вазифахои Рохбари Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, вазири адлияи Чумхурии Точикистон, раиси Шурои адлияи Чумхурии Точикистон, муовинони якум ва муовинони онхо, вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Ёрдамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои хукуки, агар онхо каблан дар вазифаи судяги на камтар аз 5 сол фаъолият дошта бошанд, хамчун собикаи кори судяги ба хисоб гирифта  мешавад.

Моддаи 20. Машваратчиёни халки

  1. Машваратчиёни халки хангоми амали намудани адолати суди бо парвандахои чинояти аз тамоми хукукхои  судя истифода мебаранд.
  2. Ба хар як судя бист машваратчии халки интихоб карда мешавад.

3.Тартиби интихоб, музди мехнат, кафолату имтиёзхои машваратчиёни халкиро Низомнома дар бораи машваратчиёни халки, ки Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, муайян менамояд.

БОБИ 3.

СУДИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 21. Суди Олии Чумхурии Точикистон

 

Суди Олии Чумхурии Точикистон макоми олии суди ба хисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе,  судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия оид ба парвандахои граждани, оилави, чинояти, хукуквайронкунии маъмури ва дигар парвандахои дар тобеияти ин судхо буда амали намуда, барои ташкили кори Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, таъминоти моддию техникии онхо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадхо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяхо ва кормандони дастгохи судхо, пешниход барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод  кардани судяхо, ташкили имтихоноти тахассуси ва ичрои ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон масъул мебошад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 22. Салохияти Суди Олии Чумхурии Точикистон

Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– дар доираи салохияти худ парвандахоро дар мархилаи якум, ба тарики кассатсиони ва назорати барраси менамояд;

– пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон, хулосаи  Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва муовинони уро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандахо бинобар холатхои нав ошкоршуда барраси менамояд;

– аризаи тарафхо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани халнома ё таъиноти эътибори конуни пайдонамудаи кабулнамудаи у, инчунин санадхои судии судхои мархилахои кассатсиони ё назорати, ки дар асоси онхо халномаи суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё халномаи нав кабул шудааст, барраси менамояд;

– дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ва ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Чумхурии Точикистон мурочиат менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– тачрибаи судиро чамъбаст намуда, оид ба татбики конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тавзехоти дастури медихад;

омори судии Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохияро  тахлил менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– дар доираи салохияташ масъалахоеро, ки аз санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон бармеоянд, барраси менамояд;

– оид ба такмили конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба макомоти дахлдор таклифхо тахия ва пешниход мекунад;

– оид ба такмили низоми суди-хукуки ва мусоидат намудан ба тахкими мустакилияти судхо таклифхо пешниход менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– масъалахоро оид ба таъминоти кадри, молияви, ташкили ва моддию техникии судхои поёни барраси мекунад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– ваколатхои дигареро, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини  кардаанд, амали менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 23. Моддаи 23. Хайати Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Суди Олии Чумхурии Точикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис, судяхо ва машваратчиёни халки, ки бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад.
  2. Шумораи судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  3. Суди Олии Чумхурии Точикистон дар хайати зерин фаъолият мекунад:

– Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– коллегияи суди оид ба парвандахои граждании Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– коллегияи суди оид ба парвандахои оилавии Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– коллегияи суди оид ба парвандахои чиноятии Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 24. Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон дар хайати Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон, муовини якум, муовинони у, котиби Пленум ва судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон фаъолият мекунад.
  2. Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон дар мавридхои зарури, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон даъват карда мешавад.
  3. Маълумот дар бораи рузи даъвати Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон, мавод, лоихахои карорхо аз руйи масъалахои мухокимашаванда ба аъзои Пленум ва Прокурори генералии Чумхурии Точикистон на дертар аз чордах шабонаруз то мачлис фиристонида мешаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  4. Дар мачлиси Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон Прокурори генералии Чумхурии Точикистон иштирок менамояд.
  5. Дар мачлиси Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон Раисони Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон ва судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, аъзои Шурои илмию машваратии Суди Олии Чумхурии Точикистон, мутахассисони дахлдор ва шахсони дигар иштирок карда метавонанд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 25. Салохияти Пленуми Суди Олии  Чумхурии Точикистон

  1. Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон:

бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон шумора ва хайати Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон, раёсатхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанберо тасдик менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон раисон ва хайатхои коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон котиби Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистонро интихоб менамояд;

хисоботро оид ба кори Раёсат ва коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон, раёсатхо ва коллегияхои судии Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия  мешунавад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– аз натичаи чамъбасти амалияи суди бо максади чори намудани тачрибаи якхела ва татбики дурусти конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тавзехоти дастури медихад;

– пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистонродар бораи ба судхо додани тавзехоти дастури оид ба масъалахои амалияи суди аз руи парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмури барраси менамояд

(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– гузоришхои раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохияхоро дар бораи тачрибаи татбики конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин дар бораи ичрои тавзехоти дастурии Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон мешунавад;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон Шурои илмию машваратии Суди Олии Чумхурии Точикистонро аз хисоби олимон ва мутахассисони сохаи хукук таъсис дода, Низомнома ва хайати онро тасдик менамояд;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон хайати тахририяи  мачаллаи «Нашрияи Суди Олии Чумхурии Точикистон»-ро тасдик мекунад;

– пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистонро дар бораи ба конунгузории Чумхурии Точикистон мутобикат накардани тавзехоти дастурии Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон барраси менамояд;

– дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ва ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Чумхурии Точикистон мурочиат менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– ваколатхои дигареро, ки Конуни конститутсионии мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, амали менамояд.

  1. Мачлиси Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду хиссаи хайати он салохиятнок хисобида мешавад.
  2. Карори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон ба тарики овоздихии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи овозхои аъзои Пленум, ки дар мачлис иштирок доранд, кабул карда мешавад.
  3. Барои тахияи лоихаи карори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон, ки он дорои тавзехоти дастури мебошад, Пленум дар мавриди зарури аз хисоби аъзои худ хайати комиссияи тахририро ташкил мекунад.
  4. Карори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон аз лахзаи кабул шуданаш эътибори конуни пайдо мекунад.
  5. Дар мачлиси Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон протокол тартиб дода мешавад. Ба карори Пленум ва протокол Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва котиби Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон имзо мегузоранд.

Моддаи 26. Баррасии масъалахои фаъолияти суди аз тарафи Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Масъалахое, ки мувофики Конуни конститутсиони мазкур аз тарафи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистонё Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба мухокимаи Пленум гузошта шудаанд, мутобикан аз руйи маърузахои онхо ё маърузахои шахсони аз чониби онхо ваколатдоркардашуда шунида мешаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Дар мухокимаи масъалахои фаъолияти суди шахсони ба мачлиси Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон даъватшуда иштирок карда метавонанд.

Моддаи 27. Котиби Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Котиби Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон аз чумлаи судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон интихоб мегардад.
  2. Котиби Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон дар баробари ичрои вазифаи судяи Суди Олии Чумхурии Точикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани мачлиси Пленум ва тартибдихии протоколро таъмин  намуда, амалхои дигареро, ки барои таъмини ичрои карорхои кабулкардаи Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон зарур мебошанд, анчом  медихад.

Моддаи 28. Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Ба хайати Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон, муовини якум, муовинон ва судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон дохил мешаванд.
  2. Шумора ва хайати Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистонро бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  3. Дар мачлисхои Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ё яке аз муовинони вай иштирок менамоянд.
  4. Дар мачлисхои Раёсат, ки ба баррасии парвандахои суди иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон раисон ва судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, аъзои Шурои илмию машваратии Суди Олии Чумхурии Точикистон, намояндагони вазоратхо, идорахо, ташкилотхои давлатию чамъияти, муассисахои илми иштирок карда метавонанд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 29. Салохияти Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– ба тарики назорати парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмуриро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон барраси менамояд, конуни ва асоснокии  санадхои судиро месанчад;

– пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё  хулосаи  Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва муовинони уро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз руйи парвандахои чинояти бинобар холатхои нав ошкоршуда барраси менамояд;

– аризаи тарафхо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани карори кабулнамудаи Раёсат, ки дар асоси он халномаи суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё халномаи нав кабул шудааст, барраси менамояд;

– аз руйи эътирозхои Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон, Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовинони у ва шикоятхои назорати парвандахои чиноятиро, ки собик Суди Олии Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти ва судхои чумхурихои иттифокии собик Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти нисбати шахрвандони Чумхурии Точикистон барраси намудаанд, барраси менамояд;

– маводи чамъбасти тачрибаи суди ва омори судиро барраси мекунад;

-масъалахои ташкили кори Раёсат, коллегияхои суди ва дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистонро барраси менамояд;

хисоботи раисони коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахру нохия ва судяхоро оид ба фаъолияташон мешунавад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– гузориши раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохияхоро оид ба тачрибаи татбики конунхо, карорхои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мешунавад;

масъалахои расондани ёрии амали ба судхои чумхуриро оид ба татбики дурусти конунгузори барраси ва хал менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Мачлисхои Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон дар мавридхои зарури  гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду хиссаи аъзои Раёсат салохиятнок хисобида мешаванд.
  2. Карорхои Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон бо овоздихии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи аъзои Раёсат, ки дар мачлис иштирок кардаанд, кабул карда, аз чониби Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон имзо карда мешаванд.
  3. Карори Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон аз рузи кабул шуданаш эътибори конуни пайдо мекунад.

Моддаи 30. Баррасии масъалахои умумии фаъолияти суди аз тарафи Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Масъалахое, ки ба баррасии парвандахои мушаххас иртибот надоранд, аз тарафи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва муовинони у ба Раёсат пешниход карда мешаванд.
  2. Дар мухокимахои ин масъалахо шахсони ба Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон даъватшуда  иштирок  карда  метавонанд.

Моддаи 31. Тартиби таъсиси коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон 

Хайати коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистонро Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон аз чумлаи судяхои хамин суд тасдик мекунад.

Моддаи 32. Салохияти коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Коллегияи харби дар хайати Суди Олии Чумхурии Точикистон амал менамояд  ва нисбат ба судхои харби бевосита мархилаи болоии суди  ба шумор меравад.
  2. Коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– ба сифати суди мархилаи якум парвандахои чинояти, граждани,  оилави ва хукуквайронкунии маъмуриро барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– парвандахоро ба тарики кассатсиони ва назорати барраси мекунад, конуни ва асоснокии санадхои судиро тафтиш менамояд;

– пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи  Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва муовинони уро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандахои чинояти бинобар холатхои нав ошкоршуда барраси менамояд;

– аризаи тарафхо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани халнома ё таъиноти эътибори конуни пайдонамуда, инчунин карори кабулнамудаи у, ки дар асоси он халномаи суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё халномаи нав кабул шудааст, барраси менамояд;

– тачрибаи судиро чамъбаст, омори судиро тахлил менамояд ва аз натичаи онхо ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, амали менамояд.

Моддаи 33. Салохияти коллегияи суди оид ба парвандахои  граждании Суди Олии Чумхурии Точикистон

Коллегияи суди оид ба парвандахои граждании Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– ба сифати суди мархилаи якум парвандахои гражданиро барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– ба тарики кассатсиони ва назорати парвандахои гражданиро барраси менамояд, конуни ва асоснокии санадхои судиро тафтиш мекунад;

– аризаи тарафхо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани халнома ё таъиноти эътибори конуни пайдонамудае, ки коллегияи суди оид ба парвандахои граждани дар мархилаи якум баровардааст, инчунин карорхои мархилахои кассатсиони ё назоратиро, ки мутобики онхо халномаи суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё карори нав кабул гардидааст, барраси мекунад;

– тачрибаи судиро чамъбаст, омори судиро тахлил мекунад ва аз натичаи онхо ба макомоти дахлдор пешниход  ирсол менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 34. Салохияти коллегияи суди оид ба парвандахои оилавии Суди Олии Чумхурии Точикистон

Коллегияи суди оид ба парвандахои оилавии Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– ба сифати суди мархилаи якум парвандахои оилавиро барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– ба тарики кассатсиони ва назорати парвандахои оилавиро барраси менамояд, конуни ва асоснокии санадхои судиро тафтиш мекунад;

– аризаи тарафхо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани халнома ё таъиноти эътибори конуни пайдонамудае, ки коллегияи суди оид ба парвандахои оилави дар мархилаи якум баровардааст, инчунин карорхои мархилахои кассатсиони ё назоратиро, ки мутобики онхо халномаи суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё карори нав кабул гардидааст, барраси мекунад;

– тачрибаи судиро чамъбаст, омори судиро тахлил мекунад ва аз натичаи онхо ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 35. Салохияти коллегияи суди оид ба  парвандахои чиноятии Суди Олии Чумхурии Точикистон

Коллегияи суди оид ба парвандахои чиноятии Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– ба сифати суди мархилаи якум парвандахои чиноятиро барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– ба тарики кассатсиони ва назорати парвандахои чиноятиро барраси менамояд, конуни ва  асоснокии  санадхои судиро тафтиш мекунад;

– пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи  Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва муовинони уро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз руйи парвандахои чинояти бинобар холатхои нав ошкоршуда барраси менамояд;

– тачрибаи судиро чамъбаст, омори судиро тахлил менамояд ва аз натичаи онхо ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 36. Салохияти коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайрон кунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон

Коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– ба сифати суди мархилаи якум парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– ба тарики кассатсиони ва назорати парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро барраси менамояд;

– пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи  Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва муовинони уро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз руйи парвандахои хукуквайронкунии  маъмури бинобар холатхои нав ошкоршуда барраси менамояд;

– тачрибаи судиро чамъбаст, омори судиро тахлил мекунад ва аз натичаи он ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 37. Салохияти Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– фаъолияти Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохияро ташкил ва рохбари менамояд;

– Суди Олии Чумхурии Точикистонро дар муносибатхо бо макомоти давлати ва чамъияти, ташкилотхои байналмилали, корхонахо, муассисахо, ташкилотхои дигар ва шахсони мансабдор намояндаги мекунад;

– вазифахоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон таксим мекунад;

– тартиби таксими парвандахоро дар байни судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия тасдик менамояд ва масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандахои судиро хал менамояд;

– дар мавридхои зарури, бо амри худ барои барраси намудани парвандахо судяхоро аз як коллегияи суди ба коллегияи дигари суди чалб менамояд;

– шакл ва тартиби пешниходи ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи хар як судяи Суди Олии Чумхурии Точикистон, инчунин судяхои судхои поёни, мукаррар мекунад;

– чадвали вохидхои кории Суди Олии Чумхурии Точикистон, дастурамал оид ба коргузори, низомномахои дастгох, дастурамали мансабии раёсатхо, шуъбахо ва бахшхои дигари Суди Олии Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад, вазифахоро байни онхо таксим мекунад, рохбарии умумии фаъолияти дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистонро амали менамояд, кормандони дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистон, коромуз-судя, приставхо, мушовирон ва ёрдамчиёни раисони судхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои шахру нохия, судхои харбиро ба кор кабул ва аз кор озод менамояд;

– дар доираи маблагхои чудошуда ва шумораи вохидхои кории тасдикшуда сохтори дастгохи Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия сметаи харочот ва руйхати вохидхои кории судхои поёниро тасдик менамояд;

– барои тасдик намудан ба Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон, шумора ва хайати Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон, раисон ва хайати коллегияхои суди, хайати Шурои илмию машваратии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Низомномаи он, инчунин хайати тахририяи  мачаллаи «Нашрияи Суди Олии Чумхурии Точикистон» пешниход ирсол менамояд;

– барои тасдики шумора ва хайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе ба Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон пешниход ирсол менамояд;

– Пленум ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистонро даъват менамояд, рузномаи мачлисхои Пленум ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистонро тартиб медихад ва дар мачлисхои онхо раиси мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон иттилоот медихад, ичрои тавзехоти дастурии Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистонро назорат мекунад;

– корро оид ба чамъбасти тачрибаи суди барои пешниход намудани натичаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон ташкил мекунад;

– дар якчояги бо Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон оид ба таъсиси комиссияи имтихоноти барои номзадхо ба вазифаи судя ва коромуз-судя, тасдики хайат ва Низомномаи он ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход ирсол менамояд;

– ба Коллегияи тахассусии судяхои Чумхурии Точикистон дар бораи гузаронидани санчиши тахассусии муовинони раис, судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия чихати манзур намудани хулоса оид ба муносиб будан барои ба вазифа интихоб ва таъин, аз вазифа бозхонд ва озод кардан, инчунин додани дарачахои тахассуси ба онхо пешниход ирсол менамояд;

– нисбати судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия бо асосхои дар Конуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизоми огоз менамояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон метавонад нисбати хамаи санадхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва судхои поёни, агар хангоми кабули онхо ба вайронкунии чиддии меъёрхои хукукхои модди ва мурофиави рох дода шуда бошанд, эътироз орад;

– аз руйи парвандахои чиноятие, ки онхоро собик Суди Олии Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти ва собик судхои чумхурихои иттифокии Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти нисбати шахрвандони Чумхурии Точикистон барраси кардаанд, ба тарики назорати эътироз пешниход менамояд;

– дар мачлисхои коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон хангоми баррасии парвандахо раиси карда метавонад;

– дар хусуси ирсоли парвандаи граждани ё оилави барои мохиятан барраси намудан дар суди мархилаи назорати таъинот кабул менамояд;

– карори судя дар бораи беканоат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз руйи парвандахои чинояти ва хукуквайронкунии маъмури бекор намуда, оид ба огоз намудани пешбурди назорати ва ба баррасии мархилаи назоратии суди додани эътироз ё шикояти назорати карор кабул менамояд;

– доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз руйи парвандахои чинояти ва хукуквайронкунии маъмури бинобар холатхои нав ошкоршуда ба суди мархилаи назорати пешниход ирсол менамояд;

– аз натичаи чамъбасти тачрибаи суди ба макомоти давлати, ташкилотхои чамъияти ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани вайронкунихои конун, сабабу шароитхое, ки боиси хукуквайронкуни гардидаанд, пешниход ирсол менамояд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ирсол намудани пешниход дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон таклиф пешниход менамояд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон оиди ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия пешниход ирсол менамояд;

– оид ба таъсиси судхо, ба истиснои судхои иктисоди, ба Президенти Чумхурии Точикистон барои пешниход намудан ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон таклиф ирсол мекунад;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дар хусуси шумораи судяхо, машваратчиёни халкии судхо ва шумораи кормандони дастгоххои судхо, ба истиснои судхои иктисоди, пешниход ирсол менамояд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи ба судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, судхои шахр ва нохия, додани дарачахои тахассуси, инчунин дар якчояги бо вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон дар бораи ба судяхои коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон додани рутбахои олии харби пешниход ирсол мекунад;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи муайян кардани сохтор ва шумораи вохидхои кории Суди Олии Чумхурии Точикистон пешниход ирсол менамояд;

– ба вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон дар хусуси додани рутбахои харби ба судяхо ва хизматчиёни харбии  коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон, судяхо ва хизматчиёни харбии судхои харбии гарнизонхо пешниход ирсол менамояд;

– масъалахоро оид ба таъминоти кадри, молияви, ташкили ва моддию техникии судхои поёни барраси мекунад;

– нисбат ба кормандони дастгоххои Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, Маркази таълимии судяхои назди Суди Олии Чумхурии Точикистон, коромуз-судяхо чазои интизоми татбик менамояд;

– Низомномаи Маркази таълимии судяхои назди Суди Олии  Чумхурии Точикистонро тасдик намуда, кормандони онро, ба истиснои Директори Марказ, ба кор кабул ва аз кор озод менамояд;

– дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ва ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Чумхурии Точикистон мурочиат менамояд;

– чихати таквияти муковимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби  судяи Чумхурии Точикистон тадбирхо меандешад; 

– корро оид ба баланд бардоштани дарачаи тахассусии судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон ва гузаштани тачрибаомузии судяхои судхои поёни дар Суди Олии Чумхурии Точикистон ташкил мекунад, инчунин судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон ва судхои поёниро хавасманд мегардонад ва онхоро барои сарфароз намудан бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон пешбари менамояд;

– оид ба баланд бардоштани дарачаи тахассусии кормандони дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистон чорахо меандешад, дар бораи хавасмандгардони ё ба чазои интизоми кашидани кормандони дастгох фармоиш кабул менамояд, дар доираи салохияти худ ба кормандони дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистон рутбахо ва рутбахои тахассусии хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистонро медихад;

– шахрвандонро шахсан кабул ва корро оид ба баррасии мурочиатхо ташкил менамояд;

– оид ба нигохдории молу мулки давлати, ки ба Суди Олии Чумхурии Точикистон барои истифодабари дода шудааст, чорахо меандешад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, амали менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

  1. Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ амр ва фармоиш мебарорад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ваколатхои уро муовини якум ва дар вакти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон амали менамоянд.

Моддаи 38. Салохияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон 

Муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– тибки тартиби мукарраргардида парвандахоеро, ки дар мархилаи якуми Суди Олии Чумхурии Точикистон барраси карда мешаванд, дар байни судяхо таксим менамоянд;

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– оид ба парванда хайати коллегияи кассатсиони ва назорати, инчунин судяи маърузакунандаро таъин менамоянд;

– дар мачлисхои коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон хангоми баррасии парвандахо раиси мекунанд;

– шикоят ва эътирозхои назоратиро барраси менамоянд;

– хукук доранд карори судя дар бораи беканоат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз руйи парвандахои чинояти ва хукуквайронкунии маъмури бекор намуда, оид ба огоз намудани пешбурди назорати ва ба баррасии мархилаи назоратии суди додани эътироз ё  шикояти назорати  карор кабул  намоянд;

– мувофики таксимоти вазифахо ба кори Раёсат, вохидхои сохтории дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистон рохбари мекунанд;

– кори такмили ихтисоси судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон ва тачрибаомузии судяхои судхои дигарро ташкил менамоянд;

– парвандахоро барои омузиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани  чамъбасти тачрибаи суди чорахо меандешанд, аз натичаи чамъбасти тачрибаи суди ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамоянд;

– шахрвандонро шахсан кабул мекунанд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст,  амали менамоянд.

Моддаи 39. Салохияти раиси коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Раиси коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон аз руи вазифааш муовини Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Раиси коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– ба фаъолияти коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон рохбари менамояд, хайатхои судиро дар мархилахои кассатсиони, назорати муайян ва судяи маърузакунандаро таъин мекунад;

– дар суди мархилаи якум парвандахоро барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– дар мачлисхои коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон хангоми баррасии парвандахо  раиси мекунад;

– ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точиикистон дар бораи фаъолияти коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон хисобот пешниход менамояд;

– ичрои карорхои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точи-кистонро назорат мекунад;

– шикоят ва эътирозхои назоратиро барраси менамояд;

– парвандахои судиро барои омузиш талаб мекунад ва барои гузаронидани чамъбасти тачрибаи суди чорахо меандешад;

(Сархатхои 8–9 хорич карда шуд) (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– оид ба нигохдории молу мулки давлати, ки ба коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон барои истифодабари дода шудааст, чорахо меандешад;

– шахрвандонро шахсан кабул мекунад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Дар мавриди набудани раиси коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон ваколатхои уро муовини раиси коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон амали менамояд.

Моддаи 40. Салохияти муовини раиси коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон

Муовини раиси коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– метавонад дар мархилахои кассатсиони ва назорати раиси намояд;

– шикоят ва эътирозхои назоратиро барраси менамояд;

– оид ба маводи чамъбасти тачрибаи суди, ки барои барраси ба Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон пешниход шудаанд, маъруза менамояд;
– шахрвандонро шахсан кабул менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 41. Салохияти раисони коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон

Раисони коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– кори коллегияхои судиро ташкил карда, хайати суд, чой ва вакти дар мачлиси суд барраси кардани парвандаро муайян мекунанд;

– дар мачлисхои коллегияхои суди хангоми баррасии парвандахо раиси мекунанд;

– ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти коллегияхои суди хисобот медиханд;

– ичрои карорхои Пленуми Суди Олии  Чумхурии Точи-кистонро назорат менамоянд;

– парвандахои судиро барои омузиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани чамъбасти тачрибаи суди чорахо меандешанд;

– шахрвандонро шахсан кабул менамоянд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, амали менамоянд.

Моддаи 42.  Салохияти судяи Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Судяи Суди Олии Чумхурии Точикистон:

– парвандахоро дар мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– дар мачлисхои коллегияхои суди иштирок мекунад;

– эътироз ва шикоятхои назоратиро барраси менамояд;

– оид ба маводи чамъбасти тачрибаи суди, ки барои барраси ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон пешниход шудаанд, маъруза менамояд;

– супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияхои судии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва вазифахои дигарро дар доираи салохияташ ичро мекунад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Судяи Суди Олии Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук дорад ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон мурочиат намояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 43. Шурои  илмию  машваратии Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Дар назди Суди Олии Чумхурии Точикистон макоми машварати-Шурои илмию машварати аз чумлаи олимон ва мутахассисони сохаи хукук таъсис дода мешавад, ки он дар асоси чамъияти амал менамояд. Вазифаи он аз тахияи тавсияхои илман асоснок вобаста ба татбики конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар тачрибаи суди иборат мебошад.
  2. Хайати Шурои илмию машваратии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Низомномаи он аз тарафи Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон  тасдик карда мешавад.

БОБИ 4.

СУДИ ОЛИИ ИКТИСОДИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 44. Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон макоми олии суди оид ба халли бахсхои иктисоди ва парвандахои дигаре, ки бо фаъолияти сохибкори ва дигар фаъолияти иктисоди алокаманданд, инчунин парвандахои дигари аз чониби судхои иктисоди баррасигардида ба хисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе оид ба парвандахои иктисодии дар тобеияти онхобуда амали намуда, барои ташкили кори Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе, таъминоти моддию техникии онхо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадхо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяхо ва кормандони дастгохи судхо, пешниход барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод  кардани судяхо, ташкили имтихоноти тахассуси ва ичрои ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон масъул мебошад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 45.  Салохияти Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон:

– дар доираи салохияти худ парвандахоро дар мархилаи якум, ба тарики кассатсиони ва назорати барраси менамояд;

– аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани санадхои судии эътибори конуни пайдокардаи кабулнамудаи у, инчунин санадхои судхои мархилахои кассатсиони ё назорати, ки дар асоси онхо санади судии суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё санади судии нав кабул шудааст, барраси менамояд;

– дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ва ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Чумхурии Точикистон мурочиат менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– тачрибаи аз тарафи судхои иктисоди татбик намудани конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро, ки муносибатхоро дар сохаи фаъолияти сохибкори ва дигар фаъолияти иктисоди танзим менамоянд, чамъбаст мекунад, оид ба масъалахои тачрибаи суди тавзехоти дастури медихад;

– оид ба такмили конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба макомоти дахлдор таклифхо тахия ва пешниход менамояд;

омори судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо тахлил менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– дар доираи салохияти худ масъалахоеро, ки аз шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон бармеоянд, хал менамояд;

– оид ба такмили низоми суди-хукуки ва мусоидат намудан ба тахкими мустакилияти судхо таклифхо пешниход менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– масъалахоро оид ба таъминоти кадри, молияви, ташкили ва моддию техникии судхои иктисоди барраси мекунад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– ваколатхои дигареро, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд, амали менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 46. Хайати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяхо, ки бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Шумораи судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  3. Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар хайати зерин фаъолият менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328):

– Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон;

– Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон;

– коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон;

(Сархати 4 хорич шуд)(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

  1. Дар Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон барои дастчамъона барраси намудани парвандахо дар мархилаи якум аз чумлаи судяхои он хайатхои суди ташкил карда мешаванд. Хайатхои суди ва судяи дар онхо раисикунандаро Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 47. Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар хайати Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, муовини якум, муовинони у, котиби Пленум ва судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон фаъолият мекунад.
  2. Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар мавридхои зарури, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон даъват карда мешавад.
  3. Маълумот дар бораи рузи даъвати Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, мавод ва лоихахои карорхо аз руйи масъалаи мухокимашаванда ба аъзои Пленум ва Прокурори генералии Чумхурии Точикистон на дертар азчордах шабонаруз то мачлиси Пленум фиристонида мешаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  4. Дар мачлиси Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Прокурори генералии Чумхурии Точикистон иштирок менамояд.
  5. Дар мачлиси Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Раисони Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии Чумхурии Точикистон, раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе, аъзои Шурои илмию машваратии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, мутахассисони дахлдор ва дигар шахсон иштирок карда метавонанд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

 

Моддаи 48. Салохияти Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон:

– бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон шумора ва хайати Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон раис ва хайати коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон котиби Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро интихоб менамояд;

хисоботро оид ба кори Раёсат, коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе мешунавад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

(сархати 5 хоричкарда шуд) (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– аз натичаи чамъбасти амалияи суди бо максади чори намудани тачрибаи якхела ва татбики дурусти конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тавзехоти дастури медихад ва онхо барои суд, судяхо, макомоту  шахсони  мансабдоре, ки конуни тавзехшударо татбик менамоянд, хатми мебошанд;

– пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистонро дар бораи ба судхо додани тавзехоти дастури оид ба масъалахои амалияи суди аз руи парвандахои иктисоди барраси менамояд;

– гузоришхои раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо дар бораи тачрибаи татбики конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин дар бораи ичрои тавзехоти дастурии Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон мешунавад;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Шурои илмию машваратии Суди Олии иктисодиро аз хисоби олимон ва мутахассисони сохаи хукук таъсис дода, Низомнома ва хайати онро тасдик мекунад;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон хайати тахририяи мачаллаи «Ахбори Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон»-ро тасдик мекунад;

– пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро дар бораи ба конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон мутобикат накардани тавзехоти дастурии Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон барраси менамояд;

– дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ва ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Чумхурии Точикистон мурочиат менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, амали менамояд.

  1. Мачлиси Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду хиссаи хайати он салохиятнок хисобида мешавад.
  2. Карори Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ба тарики овоздихии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи овозхои аъзои Пленум, ки дар мачлис иштирок доранд, кабул карда мешавад.
  3. Барои тахияи лоихаи карори Пленум, ки он дорои тавзехоти дастури мебошад, Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар мавриди зарури аз хисоби аъзои Пленум хайати комиссияи тахрири ташкил мекунад.
  4. Карори Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз лахзаи кабул шуданаш эътибори конуни пайдо мекунад ва бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичро карда мешавад.
  5. Дар мачлиси Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон протокол тартиб дода мешавад.  Ба карори Пленум ва протокол Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ва котиби Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон имзо мегузоранд.

Моддаи 49. Котиби Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Котиби Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз чумлаи судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон интихоб карда мешавад.
  2. Котиби Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар баробари ичрои вазифаи судяи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани мачлиси Пленум ва тартибдихии протоколро таъмин  намуда, амалхои дигареро, ки барои ичрои карорхои кабулкардаи Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон зарур мебошанд, анчом  медихад.

Моддаи 50. Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз чумлаи судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.
  2. Шумора ва хайати Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро бо пешниходи  Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  3. Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони у ба хайати Раёсат аз руи вазифаашон дохил мешаванд.
  4. Дар мачлиси Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ё яке аз муовинони у иштирок менамоянд.
  5. Дар мачлисхои Раёсат, ки ба баррасии парвандахои суди иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе, аъзои Шурои илмию машваратии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, намояндагони вазоратхо, идорахо, ташкилотхои давлатию чамъияти, муассисахои илми иштирок карда метавонанд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 51. Салохияти Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон:

– ба тарики назорати парвандахои иктисодиро барраси менамояд, конуни ва асоснокии  санадхои судиро месанчад;

– аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани санади судии кабулнамудаи у, ки дар асоси он санади суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё халномаи нав кабул шудааст, барраси менамояд;

– маводи чамъбасти тачрибаи суди ва омори судиро барраси мекунад;

– масъалахои ташкили фаъолияти Раёсат, коллегияи суди ва дастгохи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро барраси менамояд;

хисоботи раиси коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо оид ба фаъолияташон мешунавад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– гузориши раиси Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо оид ба тачрибаи татбики конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва карорхои Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон мешунавад;

масъалахои расондани ёрии амали ба судхои иктисодии чумхуриро оид ба татбики дурусти конунгузори, инчунин санчиши фаъолияти ин судхоро барраси ва хал менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

  1. Мачлисхои Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар мавридхои зарури гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду хиссаи аъзои Раёсат салохиятнок хисобида мешаванд.
  2. Карори Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ба тарики овоздихии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи аъзои дар мачлиси Раёсат иштирокдошта кабул мегардад ва ба он Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон имзо мегузорад.
  3. Карори Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз лахзаи эълон карда шуданаш эътибори конуни пайдо мекунад.

Моддаи 52. Коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Дар Суди Олии иктисодии Чумхурии аз хисоби судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Точикистон коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад. Шумора ва хайати коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  2. Ба коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон яке аз муовинони Раиси Суди Олии иктисоди раиси мекунад. Дар вакти набудани у, ба коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон бо амри Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон муовини дигар ё яке аз судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон раиси мекунад.
  3. Коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон:

-ба тарики кассатсиони парвандахои иктисодиро барраси менамояд, конуни ва асоснокии санадхои судиро санчида мебарояд;

– ба тарики назорати парвандахои иктисодиро барраси менамояд, агар ин парвандахо дар хамин коллегияи суди ба тарики кассатсиони барраси нагардида бошанд;

– аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани санадхои судии судхои мархилахои кассатсиони ё назорати, ки дар асоси онхо санади судии суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё санади судии нав кабул шудааст, барраси менамояд;

– тачрибаи судиро чамъбаст намуда, аз натичаи он ба макомоти дахлдор пешниходхо ирсол менамояд;

– омори судиро тахлил мекунад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Парвандахои иктисоди дар мачлисхои коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон бо тартибе, ки Кодекси мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, барраси карда мешаванд.

Моддаи 53. Салохияти Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

 

  1. Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон:

– фаъолияти Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо ташкил ва рохбари менамояд;

– Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро дар муносибатхо бо макомоти давлати ва чамъияти, ташкилотхои байналмилали, корхонахо, муассисахо, ташкилотхои дигар ва шахсони мансабдор намояндаги мекунад;

– вазифахоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон таксим мекунад;

– тартиби таксими парвандахоро дар байни судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ва судяхои судхои иктисоди тасдик менамояд ва масъалаи аз як суди иктисоди ба суди иктисодии дигар супоридани парвандахои судиро хал  менамояд;

– шакл ва тартиби пешниходи ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи хар як судяи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо мукаррар мекунад;

– чадвали вохидхои кории Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, дастурамал оид ба коргузори, низомномахои Дастгох, дастурамали мансабии Раёсат, шуъбахо ва бахшхои дигари Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд, рохбарии умумии фаъолияти дастгохи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро амали менамояд, кормандони дастгохи Суди Олии иктисодиро ба кор кабул ва аз кор озод менамояд, вазифахоро байни онхо таксим мекунад;

– дар доираи маблагхои чудошуда сметаи харочот ва руйхати вохидхои кории судхои иктисодиро тасдик менамояд;

– барои тасдик намудан ба Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, шумора ва хайати Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раис ва хайати коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, хайати Шурои илмию машваратии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ва Низомномаи он, инчунин хайати тахририяи  мачаллаи «Ахбори Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон»-ро  пешниход менамояд;

– Пленум ва Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро даъват менамояд, рузномаи мачлисхои Пленум ва Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро  тартиб медихад ва дар мачлисхои онхо раиси мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон иттилоот медихад, ичрои тавзехоти дастурии Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро назорат мекунад;

– корро оид ба чамъбасти тачрибаи суди барои пешниход намудани натичаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ташкил мекунад;

– ба Коллегияи тахассусии судяхои судхои Чумхурии Точикистон дар бораи гузаронидани санчиши тахассусии судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе чихати додани хулоса оид ба муносиб будан ё набудан барои ба вазифа интихоб ва таъин шудан, аз вазифа бозхонд ва озод намудан, инчунин додани дарачаи тахассуси ба онхо пешниход ирсол менамояд;

– нисбати судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе бо асосхои дар Конуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизоми огоз менамояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон нисбати санадхои судии кабулнамудаи судхои иктисоди, инчунин коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, агар хангоми кабули онхо ба вайронкунии чиддии меъёрхои хукукхои модди ва мурофиави рох дода шуда бошанд, ба коллегияи суди ва Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон эътироз ирсол менамояд; – дар мачлисхои коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон хангоми баррасии парвандахо раиси карда  метавонад;

– барои дастчамъона барраси намудани парвандахо дар мархилаи якум дар Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон хайати суди ва судяи дар мачлиси суди раисикунандаро  муайян мекунад;

– аз натичаи чамъбасти тачрибаи суди ба макомоти давлати, ташкилотхои чамъияти ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани конунвайронкунихо пешниход ирсол менамояд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ирсол намудани пешниход дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон таклиф пешниход менамояд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии  вилоят ва шахри Душанбе пешниход ирсол менамояд;

– оид ба таъсиси судхои иктисоди ба Президенти Чумхурии Точикистон барои пешниход намудан ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон таклиф ирсол мекунад;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон оид ба шумораи судяхои судхои иктисоди ва шумораи кормандони дастгохи судхои иктисоди пешниход ирсол менамояд;

– дар якчояги бо Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон оид ба таъсиси комиссияи имтихоноти барои номзадхо ба вазифаи судя ва коромуз-судя, тасдики хайат ва Низомномаи он ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход ирсол менамоянд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи ба муовини якум, муовинони раис ва судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раис, муовин ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе  додани дарачахои тахассуси пешниход ирсол менамояд;

– масъалахоро оид ба таъминоти кадри, молияви, ташкили ва моддию техникии судхои иктисодии Чумхурии Точикистон барраси мекунад;

– нисбат ба кормандони дастгохи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе чазои интизоми татбик менамояд;

– муовини якум, муовинони раис ва судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо хавасманд мегардонад ва онхоро барои сарфароз намудан бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон пешбари менамояд;

– дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ва ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Чумхурии Точикистон мурочиат менамояд;

– чихати  таквияти  муковимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби  судяи Чумхурии Точикистон тадбирхо меандешад; 

– корро оид ба баланд бардоштани дарачаи тахассусии судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе,  инчунин гузаштани тачрибаомузии судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо дар Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ташкил мекунад;

– корро оид ба баланд бардоштани дарачаи тахассусии кормандони дастгохи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе ташкил мекунад, дар бораи хавасмандкуни ё ба чазои интизоми кашидани кормандони дастгох фармоиш кабул менамояд, дар доираи салохияти худ ба кормандони дастгохи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе  рутбахо ва рутбахои тахассусии хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистонро медихад;

– пристави суди, мушовир ва ёрдамчии раисони судхои иктисодиро ба вазифа таъин  ва  аз вазифа озод мекунад;

– шахрвандонро шахсан кабул мекунад ва корро оид ба баррасии мурочиатхо ташкил менамояд;  

– оид ба нигохдории молу мулки давлати, ки барои истифодабари ба Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дода шудааст, чорахо меандешад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар доираи салохияташ фармоиш ва амрхо мебарорад.
  2. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ваколатхои уро муовини якум ва дар вакти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон амали менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 54. Салохияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

Муовини якум, муовинони Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон:

– парвандахои иктисодиро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– дар мачлисхои коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон хангоми баррасии парвандахо метавонанд раиси намоянд;

– мувофики таксимоти вазифахо ба фаъолияти вохидхои сохтории  Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон рохбари мекунанд;

– кори такмили ихтисоси судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ва тачрибаомузии судяхои дигар судхои иктисодиро ташкил менамоянд;

– парвандахоро барои омузиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани  чамъбасти тачрибаи суди чорахо меандешанд, аз натичаи чамъбасти тачрибаи суди ба макомоти дахлдор пешниходхо ирсол менамоянд;

– шахрвандонро шахсан кабул мекунанд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

Моддаи 55. Салохияти раиси коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

Раиси коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– кори коллегияи судиро ташкил намуда, хайати суд, чой ва вакти дар мачлиси суд барраси кардани парвандаро муайян мекунад;

– дар мачлисхои коллегияи суди хангоми баррасии парвандахо раиси менамояд;

– ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти коллегияи суди хисобот медихад;

– ичрои карорхои дастурии Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро назорат менамояд;

– парвандахои судиро барои омузиш талаб менамояд ва барои гузаронидани  чамъбасти тачрибаи суди чорахо меандешад;

– шахрвандонро шахсан кабул менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 56. Салохияти судяи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Судяи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– дар мачлиси судии мархилахои кассатсиони ва назорати иштирок мекунад;

– оид ба чамъбасти тачрибаи суди ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон маъруза менамояд;

– бо супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раиси коллегияи судии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон вазифахои дигарро дар доираи салохияташ ичро мекунад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Судяи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук дорад ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон мурочиат намояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 57. Шурои  илмию машваратии Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Дар назди Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон макоми машварати – Шурои илмию машварати  аз чумлаи олимон ва мутахассисони сохаи хукук таъсис дода мешавад, ки он дар асоси чамъияти амал менамояд. Вазифаи он аз тахияи тавсияхои илман асоснок вобаста ба татбики конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар тачрибаи суди иборат мебошад.
  2. Хайати Шурои илмию машварати ва Низомнома дар бораи он аз тарафи Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

БОБИ 5. 

СУДХОИ ХАРБИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 58.  Судхои харбии Чумхурии Точикистон

  1. Судхои харбии Чумхурии Точикистон дар Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Сарраёсати Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Хукумати Чумхурии Точикистон, корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва тамоми кисмхои харби адолати судиро амали менамоянд.
  2. Судхои харби аз руи принсипи худуди дар махалли вокеъшавии гарнизонхо таъсис дода мешаванд.
  3. Фаъолияти судхои харби ба хифзи хукуку озодихои хизматчиёни харби, шахрвандоне, ки аз чамъомади харби мегузаранд ва дигар шахрвандон, хукук ва манфиатхои конунии кисмхои харби, корхонаю муассисахо ва дигар ташкилотхои харби, мустахкам кардани конуният ва тартиботи хукуки дар кисмхои харби  нигаронида шудааст.
  4. Ба низоми судхои харби коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва судхои харбии гарнизонхо дохил мешаванд.

Моддаи 59. Баррасии парвандахои граждани, оилави ва хукуквайронкунии маъмури аз чониби судхои харби

Ба судхои харби парвандахои граждани ва оилави, ки дар онхо яке аз тарафхо хизматчиёни харби мебошанд, инчунин парвандахои хукуквайронкунии маъмури нисбати хизматчиёни харби тобеияти суди доранд.

Моддаи 60. Баррасии парвандахо оид ба шикояти амалу карорхои макомоти идоракунии харби ва мансабдорони харби

  1. Судхои харби парвандахоро оид ба шикояти хизматчиёни харби, шахрвандоне, ки аз чамъомади харби мегузаранд, дар бораи амалу карорхои макомоти идоракунии харби, ки хукуку озодихои онхоро халалдор мекунанд, барраси менамоянд.
  2. Ба салохияти судхои харби баррасии шикоятхои хизматчиёни харби, ки ба хифзи хукуки шахсии онхо алокаманди доранд ва ин хукукхо аз Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи вазъи хукукии хизматчиёни харби», оинномахои харби ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бармеоянд, тобеият доранд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  3. Судхои харби шикоятхои шахрвандонро, ки аз хизмати харби чавоб шудаанд, нисбат ба амалу карорхои макомоти идоракунии харби ва  шахсони мансабдори харби, ки хукуку озодихои онхоро халалдор кардаанд ва нисбати шахрвандони мазкур дар давраи адои хизмати харби содир шудаанд, барраси менамоянд.

Моддаи 61. Суди харбии гарнизон

  1. Суди харбии гарнизон дар худуде, ки як ё якчанд гарнизони харби вокеъ гардидааст, ташкил карда  мешавад.
  2. Суди харбии гарнизон аз раис, муовини раис, судяхо ва машваратчиёни халки иборат аст. Вазифаи  муовини раис дар  судхои харбие, ки аз панч ва зиёда аз он судяхо иборат аст, мукаррар карда мешавад.
  3. Шумораи судяхоро барои хар як суди харбии гарнизон Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 62. Салохияти суди харбии гарнизон

  1. Суди харбии гарнизон хамчун суди мархилаи якум парвандахои зеринро барраси менамояд:

– парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмури ба истиснои парвандахое, ки  ба суди болои тобеияти суди доранд;

– парвандахоро аз руйи шикоят ба амалу карорхои макомоти идоракунии харби ва  шахсони мансабдори харби;

– дар асоси аризаи тарафхо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда бинобар холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани санадхои судии эътибори конуни пайдокардаи судхои харби.

  1. Суди харбии гарнизон хамчунин масъалахоеро, ки хангоми ичрои санадхои суди ба миён  меоянд, барраси менамояд.
  2. Суди харбии гарнизон дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мувофикат доштани конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук дорад ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон  мурочиат намояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 63. Салохияти раиси суди харбии гарнизон

  1. Раиси суди харбии гарнизон:

– ба кори суди харбии гарнизон рохбари мекунад ва накшаи кории судро тасдик мекунад;

– тибки тартиби мукарраргардида  парвандахоро байни судяхо таксим менамояд;

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– ташкили корро бо машваратчиёни халки муайян мекунад;

– кори такмили ихтисоси кормандони дастгохи суд ва машваратчиёни халкиро ба рох мемонад;

– кори ташвики донишхои хукуки ва конунро ташкил намуда, ин фаъолиятро бо хайати фармондехи ва прокуратураи харби мутобик  месозад;

– кормандони  техникии дастгохи судро ба кор кабул ва аз кор озод менамояд;

– чихати  таквияти  муковимат  ба  коррупсия ва риояи меъёрхои Кодекси одоби  судяи Чумхурии Точикистон тадбирхо меандешад;

– оид ба нигохдории молу мулки давлати, ки ба суд барои истифодабари дода шудааст, чорахо меандешад;

– корро оид ба баррасии арзу шикоятхои хизматчиёни харби ва кабули шахрвандон ташкил менамояд, шахсан хизматчиёни харби ва дигар шахрвандонро кабул мекунад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Раиси суди харбии гарнизон дар доираи салохияташ фармоишхо мебарорад.
  2. Дар вакти набудани раиси суди харбии гарнизон вазифаи уро муовини раиси суди харбии гарнизон ичро менамояд.

Моддаи 64. Салохияти муовини раиси суди харбии гарнизон

Муовини раиси суди харбии гарнизон:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– мутобики таксими вазифахо ба кори вохидхои сохтории дастгохи суди харбии гарнизон рохбари менамояд;

– хизматчиёни харби ва шахрвандонро шахсан кабул менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 65. Салохияти судяи суди харбии гарнизон 

  1. Судяи суди харбии гарнизон:

– парвандахоро дар мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– бо супориши раис ва муовини раиси суди харбии гарнизон вазифахои дигарро дар доираи салохияташ ичро мекунад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Судяи суди харбии гарнизон дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон  мутобик будани конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук дорад ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон мурочиат намояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 66. Пуррасозии судхои харби

  1. Хизматчиёни харбии коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва судхои харбии гарнизонхо дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон хизмати харбиро адо менамоянд.
  2. Шумораи вохидхои кории хизматчиёни харби ва хайати шахрвандии коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва судхои харбии гарнизонхо аз хисоби Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушуну кисмхои харби чудо карда мешавад.
  3. Шумораи вохидхои кории вазифахои судяхои харби ва рутбахои харбии ба ин вазифахо мутобикро барои судхои харбии гарнизонхо бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон ва барои коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик менамоянд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 67. Дастгохи судхои харби

  1. Дастгохи судхои харби фаъолияти судхои харбиро вобаста ба амали намудани адолати суди ва дигар вазифахои суди таъмин мекунад.
  2. Дар хайати дастгохи суди харби аз руи вохиди кори  вазифаи мудири бахши коргузори, пристави суди, котиби суди харби ва котибони мачлисхои суд  ба микдоре, ки мутобики шумораи судяхо бошад, пешбини мешавад. Дар назди судхои харби тарчумонхо фаъолият менамоянд. Кормандони дастгох ва хайати ёрирасони суди харбиро, ба истиснои мушовир, пристави суди ва ёрдамчии раиси суд, раиси суди харбии гарнизон ба кор кабул ва аз кор озод менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  3. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан, чойивазкунии хизматчиёни харбии коллегияи харбиро Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон амали менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  4. Хизматчиёни харбии дастгохи коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон, судхои харбии гарнизонхо бо тамоми намудхои пардохти пули, моли ва дигар таъминот, таъминоти ичтимои-маиши, тибби, санаторию курорти, манзили, нафакави ва гайра мувофики меъёр ва андозае, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои хизматчиёни харбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон муайян намудааст, таъмин карда мешаванд. Ба онхо ва аъзои оилаашон хукуку имтиёзхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои хизматчиёни харбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва аъзои оилахои онхо мукаррар кардааст, нигох дошта мешаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  5. Маоши хизматии хизматчиёни харби ва хайати шахрвандии дастгохи коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон баробари маоши  хизматии барои чунин вазифахои Сарраёсатхо ва раёсатхои дастгохи марказии Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон пешбинишуда мукаррар карда мешавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 68. Тартиби адои хизмати харби дар судхои харби

  1. Хизматчиёни харбии коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва судхои харбии гарнизонхо хизмати харбиро адо мекунанд ва ба онхо оинномаю низомномахои харбие, ки тартиби адои хизмати харбиро муайян мекунанд, татбик мегарданд, ба истиснои тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Ба судяхои коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон  рутбаи харби  медихад.
  3. Ба судяхои судхои харбии гарнизонхо бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон рутбаи харбии то полковникро медихад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  4. Ба судяхои коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон бо пешниходи якчояи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон рутбахои олии харби медихад.
  5. Тартиби ба хизматчиёни харбии дастгохи коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон, судхои харбии гарнизонхо, додани рутбахои харби, инчунин тартиби ба хизмати харби даъват ва аз хизмати харби озод шудани судяхои судхои харбии гарнизонхо ва хизматчиёни харбии дастгохи судхои харби, коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» бо назардошти мукаррароти Конуни конститутсионии мазкур муайян карда мешавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  6. Тартиби адои хизмати харбии хизматчиёни харбии коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон, судхои харбии гарнизонхородар давраи сафарбари ва дар замони чанг конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 69. Посбони, нигохдори ва бо посбон бурдани шахсони ба хабс гирифташуда

  1. Бо посбон ба судхои харби бурдани шахсоне, ки дар кисмхои интизоми нигох дошта мешаванд ё дар гауптвахта карор доранд ва посбонии онхоро дар мурофиахои суди мутобикан кисмхои харби ё комендантхои харбии гарнизонхо ичро менамоянд.
  2. Бо посбон ба махалли аз чониби судхои харби барраси шудани парвандахо бурдани шахсоне, ки дар дигар чойхои нигохдории ба хабс гирифташудагон, инчунин дар изоляторхои (тавкифгоххои) тафтишоти ё изоляторхои (тавкифгоххои) нигохдории муваккати ва муассисахои ислохи мебошанд, аз тарафи Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 6.

СУДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИБАДАХШОН,

СУДХОИ ВИЛОЯТ ВА ШАХРИ ДУШАНБЕ

Моддаи 70. Хайати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва  шахри Душанбе

  1. Хайати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе аз раис, муовини якум, муовинони раис, судяхо ва машваратчиёни халки иборат аст.
  2. Шумораи судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанберо бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  3. Дар Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе сохторхои зерин фаъолият менамоянд:

– Раёсати суд;

– коллегияи суди оид ба парвандахои граждани;

– коллегияи суди оид ба парвандахои оилави;

– коллегияи суди оид ба парвандахои чинояти;

– коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмури.

Моддаи 71. Салохияти Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе

  1. Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе:

– дар мархилаи якум парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмуриро барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– ба тарики кассатсиони ва назорати парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмуриро барраси менамоянд;

– пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурорро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз руйи парвандахои чинояти ва маъмури бинобар холатхои нав ошкоршуда барраси менамоянд;

– аризаи тарафхо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани санади судии кабулнамудаи он, инчунин карорхои судхои мархилахои кассатсиони ё назорати, ки дар асоси онхо санади суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё санади судии нав кабул шудааст, барраси менамоянд;

– тачрибаи аз тарафи судхои шахр ва нохия татбик намудани конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро чамъбаст мекунанд, аз натичаи он ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамоянд;

– омори судиро тахлил менамоянд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбини намудааст, амали менамоянд.

  1. Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон  мувофикат доштани конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук доранд ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон  мурочиат намоянд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 72. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон,  судхои вилоят ва шахри Душанбе

  1. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе мутаносибан аз чумлаи судяхои ин судхо таъсис дода мешаванд.
  2. Шумора ва хайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанберо Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон тасдик менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  3. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, муовини якум ва муовинони онхо ба хайати Раёсати суди дахлдор аз руйи вазифаашон дохил мешаванд.
  4. Дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе хангоми баррасии парвандахои мушаххас прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, прокурорхои вилоят, шахри Душанбе  ё муовинони онхо иштирок  менамоянд.
  5. Дар мачлисхои Раёсат, ки ба баррасии парвандахои мушаххас иртибот надоранд, бо даъвати раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе судяхои дигар судхо иштирок карда метавонанд.

Моддаи 73. Салохияти Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе

Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе:

– ба тарики назорати парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмуриро барраси менамояд;

– пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурорро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз руйи парвандахои чинояти ва хукуквайронкунии маъмури бинобар холатхои нав ошкоршуда барраси менамояд;

– аризаи тарафхо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани карори суди мархилаи назорати, ки дар асоси он халномаи суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё халномаи нав кабул шудааст, барраси менамояд;

– бо пешниходи раиси суд аз чумлаи судяхо хайати коллегияхои суди оид ба парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмури ва аз чумлаи муовинони раиси суд ва судяхо раисони ин коллегияхои судиро тасдик менамояд;

– масъалахои ташкили кори коллегияхои судиро барраси менамояд, дар бораи фаъолияти коллегияхои суди хисоботи раисони коллегияхои судиро мешунавад;

– маводи чамъбасти тачрибаи суди ва омори судиро барраси менамояд;

– хисоботи раисони коллегияхои судиро оид ба фаъолияти коллегияхо, раисони судхои шахр ва нохияро дар бораи фаъолияти ин судхо мешунавад, масъалахои кори дастгохи судро барраси менамояд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 74. Тартиби кори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва  шахри Душанбе

  1. Мачлисхои Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва  шахри Душанбе дар мавридхои зарури гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду хиссаи аъзои Раёсат салохиятнок хисобида мешаванд.
  2. Карори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва  шахри Душанбе ба тарики овоздихии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи аъзои дар овоздихи иштирокдошта  кабул мегардад ва ба он раиси суди дахлдор имзо мегузорад.
  3. Карори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва  шахри Душанбе аз рузи кабул намудани он эътибори конуни пайдо мекунад.

Моддаи 75. Коллегияхои судии Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе

  1. Хайати коллегияхои суди  ва раисони онхоро бо пешниходи раиси суди дахлдор Раёсати ин судхо тасдик мекунад.
  2. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе дар мавриди зарурат хукук доранд, ки судяхои як коллегияи судиро барои баррасии парвандахо ба хайати коллегияи дигар чалб намоянд.

Моддаи 76. Салохияти коллегияхои судии Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе

Коллегияхои суди оид ба парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмурии Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва  шахри Душанбе:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  таъмин менамоянд;

– дар доираи салохияти худ парвандахоро бо тартиби кассатсиони барраси менамоянд;

– аризаи тарафхо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси намудани карорхои судии кабулнамудаи хамин коллегия, инчунин карори суди мархилаи кассатсиони, ки дар асоси он карорхои суди мархилаи якум тагйир дода шудааст ё карори нави суди кабул шудааст, барраси менамоянд;

– тачрибаи судиро чамъбаст, омори судиро тахлил менамоянд, аз натичаи он ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамоянд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

Моддаи 77. Салохияти раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва  шахри Душанбе

  1. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе:

– ба фаъолияти суди дахлдор рохбари мекунанд ва накшаи кории судро тасдик мекунанд;

– вазифахоро дар байни муовинони раиси суд таксим мекунанд;

– тибки тартиби мукарраргардида парвандахоро байни судяхо таксим менамоянд;

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– дар коллегияхои суди хангоми ба тарики кассатсиони барраси намудани парвандахо раиси карда метавонанд;

-дар коллегияхои суди ва Раёсати судхои мазкур оид ба парвандахо маъруза  карда метавонанд;

– Раёсати судро даъват намуда, дар мачлиси он раиси мекунанд;

ба ташкили кори дастгохи суд рохбари карда, кормандони дастгох ва хайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави суди, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор кабул ва аз кор озод менамоянд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– кори такмили ихтисоси судяхо ва кормандони дастгохи судро ташкил менамоянд;

– нисбати раисон, муовинон ва судяхои суди шахр ва нохия бо асосхои дар Конуни конститутсионии мазкур пешбинишуда  парвандаи интизоми  огоз  менамоянд;

– корхоро оид ба чамъбасти тачрибаи суди ва тахлили омори суди  ташкил мекунанд;

– шахрвандонро шахсан кабул намуда, фаъолияти судиро оид ба кабули шахрвандон ва баррасии мурочиатхо ташкил менамоянд;

– чихати  таквияти  муковимат  ба  коррупсия ва риояи меъёрхои Кодекси одоби судяи Чумхурии Точикистон тадбирхо меандешанд;

– оид ба нигохдории молу мулки давлати, ки ба суд барои истифодабари дода шудааст, чорахо меандешанд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

  1. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе дар доираи салохияташон фармон мебароранд.
  2. Дар мавриди набудани раиси суд вазифахои уро муовини якуми раис ичро мекунад.  Дар давраи набудани раиси суд ва муовини якуми у вазифахои раисро Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ба зиммаи яке аз муовинони раиси суд мегузорад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 78. Салохияти муовини якум ва муовинони раиси Суди  Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе

Муовини якум ва муовинони раиси Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят  ва  шахри Душанбе:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– кори коллегияхои судиро дар хусуси ба тарики кассатсиони барраси кардани парвандахо ташкил менамоянд;

– дар мачлисхои судии коллегияхо, ки рохбарии онхоро ба ухда доранд, раиси мекунанд ё барои ичрои ин вазифа дигар судяхоро таъин мекунанд;

– дар коллегияи суди ва дар мачлисхои Раёсат оид ба парвандахо маъруза менамоянд;

– ба Раёсати суд дар бораи фаъолияти коллегияхо хисобот медиханд;

– парвандахои судиро аз судхои шахр ва нохия барои омузиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани чамъбасти тачрибаи суди чорахо меандешанд, аз натичаи чамъбасти тачрибаи суди ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамоянд;

– шахсан шахрвандонро кабул мекунанд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

Моддаи 79. Салохияти судяи Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе

  1. Судяи Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе:

– парвандахоро дар мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  таъмин менамояд;

– дар баррасии парвандахо ба тарики кассатсиони ва назорати иштирок менамояд;

– эътироз ва шикоятхои назоратиро барраси менамояд;

– оид ба маводи чамъбасти тачрибаи суди, ки барои барраси ба Раёсати суд пешниход шудаанд, маъруза менамояд;

– бо супориши раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияхои судии Суди  Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе вазифахои дигарро дар доираи салохияташ ичро мекунад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Судяи Суди  Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон  мувофикат доштани конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук дорад ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон  мурочиат намояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

БОБИ 7.

СУДХОИ ШАХР ВА НОХИЯ

Моддаи 80. Таъсиси судхои шахр ва нохия

  1. Судхои шахр ва нохия дар худуди шахр ва нохия таъсис дода мешаванд.
  2. Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон судхои шахр ва нохияро таъсис медихад.

Моддаи 81. Хайати судхои шахр ва нохия

  1. Судхои шахр ва нохия аз раиси суд, судяхо ва машваратчиёни халки иборат мебошанд. Дар судхои шахр ва нохия, ки дар онхо панч нафар ва ё зиёда судя фаъолият менамоянд, вазифаи муовини раиси суд, хафт нафар ва ё зиёда судя бошанд, инчунин вазифаи муовини якуми раиси суд мукаррар карда мешаванд.
  2. Раис, муовини якум, муовин ва судяхои судхои шахр ва нохияро бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  3. Шумораи судяхоро барои судхои шахр ва нохия бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 82. Салохияти судхои шахр ва нохия

  1. Судхои шахр ва нохия парвандахои граждани, оилави, чинояти, хукуквайронкунии маъмури, дархост ва пешниходхоро, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба тобеияти онхо вобаста карда шудаанд, барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  таъмин менамоянд.
  2. Судхои шахр  ва нохия дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон  мувофикат доштани конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук доранд ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон  мурочиат намоянд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 83. Салохияти раисони судхои шахр ва нохия

  1. Раисони судхои шахр ва нохия:

– ба фаъолияти судхои дахлдор рохбари мекунанд ва накшаи кории судро тасдик менамоянд;

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– тибки тартиби мукарраргардида парвандахоро байни судяхо таксим менамоянд;

– судяхоеро, ки парвандахои оилави ва хукуквайронкунии маъмури, инчунин парвандахои чиноятиро нисбати ноболигон барраси менамоянд, муайян мекунанд;

– ташкили корро бо машваратчиёни халки муайян мекунанд;

– шахрвандонро шахсан кабул карда, корро оид ба кабули шахрвандон ва баррасии мурочиатхо ташкил менамоянд;

– ба омузишу чамъбасти тачрибаи суди ва пешбурди омори суди рохбари мекунанд, ба макомоти давлати, ташкилотхо ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход ирсол менамоянд;

– ба дастгохи суд рохбари карда, барои такмил додани ташкили кори дастгохи суд тадбирхо меандешанд;

кормандони дастгох ва хайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави суди, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор кабул ва аз кор озод менамоянд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– кори такмили ихтисоси кормандони суд, инчунин баланд бардоштани савияи дониши хукукии машваратчиёни халкиро ташкил мекунанд;

– чихати  таквияти  муковимат  ба  коррупсия ва риояи меъёрхои Кодекси одоби судяи Чумхурии Точикистон тадбирхо меандешанд;

– оид ба нигохдории молу мулки давлати, ки ба суд барои истифодабари дода шудааст, чорахо меандешанд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

  1. Раисони судхои шахр ва нохия дар доираи салохияташон фармон мебароранд.
  2. Дар холати набудани раиси суд ваколатхои уро муовини якуми у ва дар вакти набудани муовини якум муовини раис ичро мекунад. Дар сурати муваккатан хузур надоштани раиси суди шахр ва нохия дар суде, ки вазифаи муовини раис набошад, Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ичрои вазифаи раисро ба зиммаи яке аз судяхои ин суд мегузорад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 84. Салохияти муовини якум ва муовини раисони  судхои шахр ва нохия

Муовини якум ва муовини раисони судхои шахр ва нохия:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– мутобики таксимоти вазифахо ба кори вохидхои сохтории дастгохи суд рохбари мекунанд.

– шахрвандонро шахсан кабул менамоянд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

Моддаи 85. Салохияти судяи судхои шахр ва нохия

  1. Судяи судхои шахр ва нохия:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– бо супориши раис ва муовини раиси судхои шахр ва нохия вазифахои дигарро дар доираи салохияташ ичро мекунад;

 – ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Судяи судхои шахр ва нохия дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон  мувофикат доштани конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук дорад ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон  мурочиат намояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

БОБИ 8.

СУДИ ИКТИСОДИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН,

СУДХОИ ИКТИСОДИИ ВИЛОЯТ ВА ШАХРИ ДУШАНБЕ

Моддаи 86. Хайати Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе

  1. Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе аз раис, муовинони раис ва судяхо иборат мебошанд.
  2. Шумораи судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  3. Дар судхои иктисоди, ки дар он панч нафар ё зиёда судя фаъолият менамоянд вазифаи муовини раиси суд, хафт нафар ва ё зиёда бошанд, вазифаи муовини якуми раиси суд мукаррар карда мешаванд.
  4. Дар Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе барои дастчамъона барраси кардани парвандахо дар мархилаи якум аз чумлаи судяхои ин судхо хайатхои суди ташкил карда мешаванд. Хайатхои суди ва судяи дар онхо раисикунандаро раисони  судхои дахлдор  муайян мекунанд.

Моддаи 87. Салохияти Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе

  1. Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе:

– дар суди мархилаи якум парвандахоро барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– аз руйи аризаи шахсони иштирокчии парванда санадхои судии кабулкардаи худро, ки эътибори конуни пайдо кардаанд, бинобар холатхои нав ошкоршуда аз нав барраси мекунанд;

– тачрибаи судиро чамъбаст, омори судиро тахлил менамоянд, аз натичаи он ба макомоти дахлдор пешниход ирсол менамоянд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

  1. Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон  мувофикат доштани конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук доранд ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон  мурочиат намоянд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 88. Салохияти раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе

  1. Раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва  шахри Душанбе:

– фаъолияти суди иктисодиро ташкил менамоянд ва накшаи кории судро тасдик мекунанд;

– дар муносибатхо бо макомоти давлати, чамъияти ва макомоти дигар суди иктисодиро намояндаги мекунанд;

– парвандахоро дар мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин мекунанд;

– тибки тартиби мукарраргардида парвандахоро байни судяхо таксим менамоянд;

– барои дастчамъона барраси намудани парвандахо хайати судиро ташкил медиханд;

кормандони дастгох ва хайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави суди, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор кабул ва аз кор озод менамоянд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– чихати  таквияти  муковимат  ба  коррупсия ва риояи меъёрхои Кодекси одоби судяи Чумхурии  Точикистон тадбирхо меандешанд;

– оид ба нигохдории молу мулки давлати, ки ба суд барои истифодабари дода шудааст, чорахо меандешанд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбини намудааст, амали менамоянд.

  1. Раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва  шахри Душанбе дар доираи салохияташон фармон мебароранд.
  2. Дар сурати набудани раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе ваколатхояшонро муовинони якум ё муовинони онхо амали менамоянд.

Моддаи 89. Салохияти муовини якум ва муовини раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе

Муовини якум ва муовини раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе:

– парвандахоро дар суди мархилаи якум барраси мекунанд ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд;

– мутобики таксимоти вазифахо ба кори вохидхои сохтории дастгохи суд рохбари мекунанд.

– шахрвандонро шахсан кабул менамоянд;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

Моддаи 90. Салохияти судяи Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе

  1. Судяи Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе:

– парвандахоро дар мархилаи якум барраси мекунад ва ичрои санадхои судии кабулгардидаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

– бо супориши раис ва муовини раиси Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе вазифахои дигарро дар доираи салохияташ ичро мекунад;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

  1. Судяи Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе дар хусуси ба КонститутсияиЧумхурии Точикистон  мувофикат доштани конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии татбикшуда ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда хукук дорад ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон  мурочиат намояд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

БОБИ 9.

КОРГУЗОРИ ДАР СУДХОИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 91. Дастгохи суд

  1. Дастгохи суд фаъолияти ташкилии судро оиди амали намудани адолати суди, чамъбасти тачрибаи суди, тахлили омори суди, инчунин ичрои дигар вазифахои суди таъмин мекунад. Бо ин максад дар дастгохи судхои Чумхурии Точикистон вохидхои сохтории дахлдор ташкил карда мешаванд.
  2. Сохтор ва шумораи вохидхои кории дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон мувофикан бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  3. Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар холатхои зарури метавонанд ба чадвали вохидхои кори дар доираи шумораи умумии вохидхои кории амалкунанда ва фонди музди мехнати тасдикшуда дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тагйирот ворид намоянд.
  4. Кормандони дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии  иктисодии Чумхурии Точикистон мувофикан аз тарафи раисони хамин судхо ба кор кабул ва аз кор озод карда мешаванд.
  5. Шумораи вохидхои кории дастгохи Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе мувофикан бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  6. Пристави суди, мушовир ва ёрдамчии раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия аз тарафи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон, пристави суди, мушовир ва ёрдамчии раисони Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе аз тарафи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Кормандони дигари дастгох ва хайати ёрирасони судхоро раисони судхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе ба кор кабул ва аз кор озод менамоянд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  7. Ба кормандони дастгохи судхои Чумхурии Точикистон рутбахо дода мешаванд. Рутбахои кормандони дастгохи судхои Чумхурии Точикистон аз тарафи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд. Низомномаи тартиби додани рутбахо ба кормандони дастгохи судхои Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. Ба маоши вазифавии кормандони дастгохи судхо иловапули барои рутбахо мукаррар карда мешавад. Андоза ва тартиби додани иловапулиро барои рутбахо Президенти Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  8. Рохбарони дастгоххо, сардорони раёсатхо, шуъбахо, мудирони бахшхо, ёрдамчиёни раисон, ёрдамчиёни судяхо, мушовирон, котибони суд, котибони мачлиси суди, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисон, приставхои суди, тарчумонхова кормандони Маркази таълимии судяхои назди Суди Олии Чумхурии Точикистонхизматчии давлати мебошанд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  9. Ваколат, хукук ва ухдадорихои кормандони дастгохи судхо бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин дастурамалхои мансаби, ки мувофикан аз тарафи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон тасдик мегарданд, муайян карда мешаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 92. Пристави суди (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 93. Ёрдамчии раиси суд(Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 94. Котиби мачлиси суди(Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 95. Маълумоти омории судхо 

  1. Судхои Чумхурии Точикистон дар як сол ду маротиба мувофикан ба Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон маълумоти омории шакли мукарраршударо пешниход мекунанд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе охири хар сол дар бораи фаъолияти солонаи худ мувофикан ба Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон тибки шакл ва тартиби мукарраргардида ахборот пешниход менамоянд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 96. Санчиши фаъолияти судхо

  1. Санчиши конуни ва асоснок будани санадхои судие, ки судхои поёни кабул кардаанд, аз тарафи суди болои тибки тартиби мукаррарнамудаи  конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  2. Тартиби бартараф намудани вайронкунии конунро, ки дар чараёни санчиш муайян карда шудааст, конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  3. Санчиши фаъолияти ташкили ва молиявии Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохияро дастгохи Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанберо бошад, дастгохи Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон анчом медиханд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 97. Бойгонии суд

Дар назди судхо бойгонихо амал мекунанд. Тартиби ба бойгони супоридани парванда ва мавод, нигохдори ва истифодаи онхо мувофикан аз тарафи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони» ба рох монда мешавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 98. Нашрияхои Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

  1. Суди Олии Чумхурии Точикистон  ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон нашрияи худро доранд.
  2. Хайати тахририяи нашрияхои Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонро бо пешниходи раисони ин судхо мувофикан пленумхои судхои дахлдор тасдик менамоянд.

БОБИ 10.

КОМИССИЯИ ИМТИХОНОТИ

ВА ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 99. Шурои адлияи Чумхурии Точикистон (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 100. Салохияти Шурои адлияи Чумхурии Точикистон (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 101. Мачлиси Шурои адлияи Чумхурии Точикистон (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 102. Раиси Шурои адлияи Чумхурии Точикистон ва муовинони  у (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 103. Салохияти раиси Шурои адлияи Чумхурии Точикистон (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 104. Салохияти муовини якуми раиси Шурои адлияи Чумхурии Точикистон (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 105. Салохияти муовини раис – котиби Шурои адлияи Чумхурии Точикистон (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 106. Салохияти дастгохи Шурои адлияи Чумхурии Точикистон (Хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 107. Комиссияи ягонаи имтихоноти барои номзадхо ба вазифаи судя ва коромуз-судяхо

  1. Комиссияи ягонаи имтихоноти барои номзадхо ба вазифаи судя ва коромуз-судяхо дар асоси Низомнома дар бораи комиссияи имтихоноти барои номзадхо ба вазифаи судя ва коромуз-судяхо фаъолият карда, имтихони тахассусии номзадхои бори аввал барои таъин намудан ба вазифаи судя пешбаришаванда ва коромуз-судяхоро мегузаронад.
  2. Бо пешниходи якчояи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон Комиссияи ягонаи имтихоноти барои номзадхо ба вазифаи судя ва коромуз-судяхо таъсис дода, хайат ва Низомномаи он тасдик карда мешавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 108. Коромуз-судя

  1. Бо пешниходи Комиссияи имтихоноти барои номзадхо ба вазифаи судя ва коромуз-судяхо шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбари мешаванд, метавонанд ба мухлати як сол ба сифати коромуз-судя фаъолият намоянд ва ин мухлат ба собикаи кории касбии онхо дохил мешавад.
  2. Коромуз-судя метавонад шахсе бошад, ки танхо шахрвандии Чумхурии Точикистонро дошта, дорои тахсилоти олии хукукшиноси бошад, забони давлатиро донад, хадди акал 3 сол собикаи кори касби дошта, аз имтихони тахассуси гузашта бошад.
  3. Низомнома дар бораи коромуз-судя аз тарафи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 109. Маркази таълимии судяхои назди Суди Олии Чумхурии Точикистон

  1. Дар назди Суди Олии Чумхурии Точикистон Маркази таълимии судяхо фаъолият менамояд.
  2. Фаъолияти Маркази таълимии судяхои назди Суди Олии Чумхурии Точикистон (минбаъд – Маркази таълимии судяхо) ба амали намудани барномахои ислохоти суди-хукуки дар Чумхурии Точикистон равона карда шуда, аз тайёр намудани номзадхо ба вазифаи судя, коромуз-судяхо ва такмили ихтисоси судяхо ва кормандони дастгохи судхои чумхури иборат мебошад.
  3. Максад ва вазифахои Маркази таълимии судяхо, хукуку ухдадорихо, сохтор ва идоракуни, Шурои хамохангсоз, Шурои таълими-машварати, ташкили раванди таълим, заминаи моддию таълими, молу мулк, сарчашмаи маблаггузори ва бахисобгирии мухосибии он бо Низомномаи Маркази таълимии судяхо муайян карда мешавад.
  4. Директори Маркази таълимии судяхо бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Ваколатхои директор бо Низомномаи Маркази таълимии судяхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. Кормандони дигари Маркази таълимии судяхо бо пешниходи Директори Маркази таълимии судяхо аз тарафи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  5. Низомномаи Маркази таълимии судяхои назди Суди Олии Чумхурии Точикистон аз чониби Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон тасдик мегардад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 110. Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии Маркази таълимии судяхо

Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Маркази таълимии судяхо аз хисоби бучети чумхурияви сурат гирифта, бо сатри алохида зикр меёбанд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

БОБИ 11. 

КОЛЛЕГИЯИ ТАХАССУСИИ

СУДЯХОИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

Моддаи 111.  Таъсиси Коллегияи тахассусии судяхои Чумхурии Точикистон

 

  1. Бо максади хоста гирифтан ва пешбарии номзадхои арзанда ба вазифаи судя ва таквияти кафолати мустакилияти судяхо, инчунин гузаронидани санчиши тахассуси ва баррасии масъалахои чавобгарии интизомии судяхо Коллегияи тахассусии судяхои Чумхурии Точикистон (минбаъд Коллегияи тахассусии судяхо) таъсис дода мешавад.
  2. Хайати Коллегияи тахассусии судяхо ба мухлати ваколати судяхо интихоб мегардад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 112. Хайати Коллегияи тахассусии судяхо

 

  1. Хайати Коллегияи тахассусии судяхо дар конфронси судяхои судхои чумхури аз хисоби судяхо дар хайати раис, муовини раис ва 11 нафар аъзо интихоб карда мешаванд, аз чумла:

– ду судя аз Суди Олии Чумхурии Точикистон;

–  ду судя аз Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон;

– як судя аз судхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон;

– ду судя аз судхои вилояти Хатлон (яке аз онхо судяи суди иктисодии вилоят);

– ду судя аз судхои вилояти Сугд (яке аз онхо судяи суди иктисодии вилоят);

– ду судя аз судхои шахри Душанбе (яке аз онхо судяи суди харбии гарнизон);

– ду судя аз судхои шахр ва нохияхои тобеи чумхури.

  1. Барои интихоб намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяхо Раиси иттиходияи чамъиятии «Созмони судяхои Чумхурии Точикистон» (минбаъд – Созмони судяхои Чумхурии Точикистон), ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода шудааст, конференсияи судяхои судхои Чумхурии Точикистонро даъват менамояд.
  2. Конфронси судяхо, ки барои интихоби аъзои Коллегияи тахассусии судяхо даъват шудааст, дар он сурат баргузоршуда хисобида мешавад, агар дар он на камтар аз се ду хиссаи судяхои Чумхурии Точикистон иштирок карда бошанд.
  3. Судя хамон вакт узви Коллегияи тахассусии судяхо интихобшуда хисоб меёбад, агар аз нисф зиёди овозхои судяхои дар овоздихи иштирокдоштаро гирифта бошад.
  4. Раиси Созмони судяхои Чумхурии Точикистон мачлиси якуми Коллегияи тахассусии судяхоро даъват менамояд, ки дар он аз чумлаи аъзои Коллегия раис ва муовини раиси Коллегияи тахассусии судяхо бо рохи овоздихии ошкоро ё пинхони бо аксарияти овозхо интихоб карда мешаванд.
  5. Интихоби узви нави Коллегияи тахассусии судяхо ба чои узви хоричшуда бо тартиби пешбининамудаи моддаи мазкур амали карда мешавад.
  6. Раёсати Созмони судяхои Чумхурии Точикистон дар асоси протоколи пешниходкардаи конфронси судяхо бо карори худ хайати Коллегияи тахассусии судяхоро ба расмият медарорад.
  7. Тартиби гузаронидани конфронсро Низомномаи аз чониби конфронси судяхои Чумхурии Точикистон тасдикгардида муайян мекунад.
  8. Коллегияи тахассусии судяхо мустакилона фаъолият намуда, кароргохи он шахри Душанбе мебошад (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 113. Салохияти Коллегияи тахассусии судяхо

 

  1. Коллегияи тахассусии судяхо:

– бо пешниходхои Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон бо назардошти натичаи имтихоноти тахассуси дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниходшаванда ва ё рад кардани номзадии у хулоса медихад;

– дар бораи муносиб будани номзадхо барои  интихоб ё таъин намудан ба вазифаи муовинони Раис ва судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон,  раисон, муовинони раисон, судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе хулоса медихад;

– санчиши тахассусии судяхои судхои чумхуриро мегузаронад;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон дар бораи ба судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон, судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия додани дарачахои тахассуси хулоса медихад;

– бо пешниходи Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар бораи ба судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон, судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе додани дарачахои тахассуси хулоса медихад;

– дар бораи бозхонд ва озод кардани судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон, судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия хулоса пешниход менамояд;

– дар бораи бозхонд ва озод кардани судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон, судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе хулоса пешниход менамояд;

– масъалахои чавобгарии интизомии судяхои чумхуриро барраси мекунад.

  1. Хулосаи Коллегияи тахассусии судяхо дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниходшаванда ё рад кардани у дар мухлати се сол эътибор дорад.
  2. Коллегияи тахассусии судяхо хукук дорад барои ичро намудани ваколатхояшон аз раисони судхо, макомоти давлати, ташкилотхо ва шахсони мансабдор маълумоти заруриро талаб намояд.
  3. Коллегияи тахассусии судяхо вазифадор аст, ки хукук ва манфиатхои конунии судяхоро химоя намуда, аз макомоти давлати, корхонахо, муассисахо, ташкилотхои дигар ва шахсони мансабдор оид ба мурочиати худ чавоб талаб намояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 114. Санчиши тахассусии судяхо

  1. Санчиши тахассусии судяхо аз тарафи Коллегияи тахассусии судяхо бо максади бахо додан ба фаъолияти касбии судяхо, хавасмандгардонии онхо ва барои баланд бардоштани сатхи дониши касби, инчунин баланд бардоштани масъулияти онхо бахри риояи Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунхо хангоми баррасии парвандахо амали карда мешавад. Шакли гузаронидани санчиши тахассусии судяхоро Коллегияи тахассусии судяхо муайян менамоянд.
  2. Санчиши тахассусии судяхо дар холатхои зерин гузаронида мешавад:

– додани дарачахои тахассуси;

– интихоб ва таъин намудани судя ба суди болои;

– интихоб ва таъин намудани судя ба мухлати навбатии ваколат;

– пайдоиши зарурат оид ба муайян намудани муносиб будани судя ба вазифаи ишголкардааш (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 115. Дарачаи тахассусии судяхо

  1. Ба судяхои судхои Чумхурии Точикистон дарачаи тахассуси дода мешавад.
  2. Дарачахои тахассусии судяхоро Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  3. Низомномаи тартиби додани дарачахои тахассуси ба судяхои судхои Чумхурии Точикистонро Президенти Чумурии Точикистон тасдик менамояд.

Моддаи 116. Мухлатхои гузаронидани санчиши тахассусии судяхо

  1. Санчиши тахассусии судя барои муайян намудани мувофикати у ба вазифаи ишголкарда новобаста аз вакти гузаштани санчиши охирин гузаронида мешавад.
  2. Санчиши тахассусии навбатии судя на дертар аз як мох то рузи ба итмом расидани мухлати дар дарачаи тахассусии додашуда будани у гузаронида мешавад. Пеш аз мухлат гузаронидани санчиши тахассуси на пештар аз ду соли гузаштани муддати санчиши охирин имконпазир аст.
  3. Шахсони бори аввал ба вазифаи судя таъиншуда дар муддати шаш мохи баъди таъин шуданашон барои гирифтани дарачаи тахассуси аз санчиши тахассуси  мегузаранд.

Моддаи 117. Тартиби гузаронидани санчиши тахассусии судяхо

  1. Ба судяе, ки аз санчиши тахассуси мегузарад, барои барраси ба Коллегияи тахассусии судяхо тавсифнома дода мешавад, ки дар он сифатхои кори, ахлоки ва фаъолияти касбии у нишон дода мешаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Судя бояд бо тавсифнома на дертар аз 15 руз то санаи гузаронидани санчиши тахассуси шинос карда шавад.
  3. Санчиши тахассуси дар хузури судяе, ки аз санчиш мегузарад, дар мухлати як мох баъд аз рузи ворид шудани маводи дахлдор гузаронида мешавад.

Моддаи 118. Тартиби кори коллегияхои тахассусии судяхо

  1. Пешниходхо ва дигар маводи ба Коллегияи тахассусии судяхо воридшуда ва ба салохияти он тааллукдошта, бояд дар мухлати то 30 руз аз санаи воридшавии онхо, ба истиснои мухлати бо сабабхои узрнок иштирок надоштани судяе, ки нисбати у масъала хал мешавад, барраси карда мешаванд. Дар сурати гузаронидани санчиши иловаги мухлати баррасии мавод метавонад на бештар аз 15 руз дароз карда шавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Тайёрии мачлиси Коллегияи тахассусии судяхоро раиси Коллегия, муовини вай ё ин ки бо супориши раис яке аз аъзои Коллегия мегузаронад.
  3. Вакт ва чои гузаронидани мачлисро раиси Коллегия муайян карда, на дертар аз 15 руз дар ин бора ба шахсе, ки нисбати у масъала барраси мегардад ва ба шахсони мансабдоре, ки аз руи пешниходи онхо масъала барраси карда мешавад, хабар мерасонад.
  4. Мачлиси Коллегияи тахассусии судяхо он вакт салохиятнок хисобида мешавад, агар дар он на камтар аз се ду хиссаи аъзои Коллегия иштирок намоянд.
  5. Коллегияи тахассусии судяхо мачлисхои худро аз руи зарурат мегузаронад.
  6. Мачлиси Коллегияи тахассуси  ошкоро гузаронида мешавад.
  7. Ба мачлиси Коллегияи тахассусии судяхо раиси он ва дар холати набудани раис – муовини вай ё яке аз аъзои Коллегия, ки дар машварати Коллегияи тахассусии судяхо ба ин кор ваколатдор шудааст, раиси менамояд. Ба мачлиси Коллегияи тахассусии судяхо раисони судхои дахлдор метавонанд даъват шаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  8. Баррасии масъалахое, ки дар мачлиси Коллегияи тахассуси хал мегарданд, аз гузориши раис ё аъзои Коллегия, ки пешниход ва дигар маводи ба Коллегия воридшударо пешаки омухтааст, огоз мегардад. Пас аз он мулохизаи шахсони ба мачлиси Коллегияи тахассуси даъватшуда шунида, хуччатхои зарури  тахкик  карда мешаванд.

Моддаи 119. Хукуки аъзои Коллегияи тахассусии судяхо

Аъзои Коллегияи тахассусии судяхо хукук доранд бо маводи пешниходшуда шинос шаванд, дар тахкик ва санчиши онхо иштирок кунанд, дархост ва вачххо пешниход карда, андешахои худро оид ба масъалаи баррасишаванда баён намоянд, хуччатхо пешниход кунанд, дар кабул намудани карор иштирок карда, ба карори он имзо гузоранд.

Моддаи 120. Рад намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяхо 

  1. Агар холатхое муайян гарданд, ки бегаразии узви Коллегияи тахассусии судяхоро тахти шубха мегузоранд, у наметавонад дар баррасии масъала иштирок намояд ва бояд рад карда шавад.
  2. Хангоми мавчуд будани чунин холатхо узви Коллегияи тахассусии судяхо вазифадор  аст, ки худрадкуни изхор намояд. Бо хамин асосхо ба узви Коллегия шахсе, ки нисбати у масъала хал карда мешавад ва шахсе, ки бо пешниходи у масъала барраси  мегардад, метавонанд раддия арз намоянд.
  3. Худрадкуни ва раддия бояд асоснок бошанд ва дар шакли хатти то огози баррасии масъала изхор карда шаванд.
  4. Карор дар бораи халли раддияи (худрадкунии) узви Коллегия дар гоибии у аз тарафи аксарияти аъзои Коллегия, ки дар мачлис иштирок менамоянд, кабул карда мешавад.

Моддаи 121. Хулоса ва карори Коллегияи тахассусии судяхо

  1. Хулоса ва карори Коллегияи тахассусии судяхо бо аксарияти овозхои аъзои дар мачлис иштироккунандаи Коллегия кабул карда мешавад.
  2. Овоздихи дар гоибии шахсе, ки нисбати у масъала барраси мегардад ва шахсони даъватшуда  гузаронида мешавад.
  3. Судяе, ки узви Коллегияи тахассуси мебошад, хангоми баррасии масъала нисбати у дар овоздихи  иштирок карда наметавонад.
  4. Хулоса ё карори Коллегияи тахассуси дар шакли хатти тахия мешавад ва дар он бояд вакт ва чои кабули он, хайати Коллегия, асосноккунии карорхои кабулшуда нишон дода шаванд. Ба хулоса ё карор раисикунанда ва аъзои Коллегияи тахассуси, ки дар овоздихи иштирок намудаанд, имзо мегузоранд. Аъзои Коллегия, ки акаллиятро ташкил медиханд, хукук доранд фикри худро оид ба карор ё хулосаи баровардашаванда хатти баён кунанд, ки он ба мавод замима гардида, набояд эълон карда шавад.
  5. Нусхаи тасдикгардидаи карор ё хулосаи эълоншудаи Коллегияи тахассусии судяхо ба шахсони манфиатдор супорида мешаванд.
  6. Нисбат ба карор ва хулосаи Коллегияи тахассусии судяхо ба Суди Олии Чумхурии Точикистон дар мухлати дах руз аз лахзаи супоридани онхо  шикоят овардан мумкин аст.

Моддаи 122. Коргузори ва таъмини модди-техникии фаъолияти Коллегияи тахассусии судяхо

(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328)

  1. Коргузори дар Коллегияи тахассусии судяхо бо карори он ба зиммаи яке аз аъзои коллегия гузошта мешавад. Дар чараёни мачлиси Коллегияи тахассусии судяхо протокол тартиб дода мешавад.
  2. Таъмини ташкили ва моддию техникии фаъолияти Коллегияи тахассусии судяхо ба зиммаи Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон вогузор карда мешаванд(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

БОБИ 12.

ЧАВОБГАРИИ ИНТИЗОМИИ СУДЯХО

Моддаи 123. Асосхои ба чавобгарии интизоми кашидани судя

Судя дар холатхои зерин ба чавобгарии  интизоми кашида мешавад:

– барои дагалона вайрон намудани конунгузории Чумхурии Точикистон хангоми баррасии парвандахои граждани, оилави, иктисоди, чинояти, хукуквайронкунии маъмури ва дархосту пешниходхо; (КЧТ аз 8.08.15с., №1212)

– барои риоя накардани коидахои тартиботи дохилии мехнати;

– барои кирдоре, ки обруи хокимияти суди ва шаъну эътибори судяро паст мезанад;

– барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби судяи Чумхурии Точикистон. (КЧТ аз 8.08.15с., №1212)

Моддаи 124. Мархилахои парвандаи  интизоми

Парвандаи интизоми иборат аст аз:

– санчиши маълумот оид ба кирдори интизомии судя;

– огоз намудани  парвандаи интизоми;

– барраси кардани парвандаи интизоми.

Моддаи 125. Санчиши маълумот оид ба кирдори судя ва огоз намудани парвандаи интизоми

  1. Шахсе, ки хукуки огоз кардани истехсолоти интизомиро дорад, пешаки маълумоти ба асоси чавобгарии интизомии судя вобастабударо месанчад ва аз у баёноти хатти талаб менамояд.
  2. Хукуки огоз кардани парвандаи интизоми ба инхо дода шудааст:

– Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон нисбати хамаи судяхо, ба истиснои судяхои судхои иктисодии Чумхурии Точикистон;

– Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон нисбати хамаи судяхои судхои иктисодии Чумхурии Точикистон;

(Сархати 3 хорич карда шуд бо К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328);

– раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе нисбати раисон, муовинони онхо, судяхои судхои шахр ва нохия, ки мувофикан дар худуди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе чойгир мебошанд.

  1. Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон нисбати судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия аз руйи хамаи асосхои дар моддаи 123 Конуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизоми огоз намояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон нисбати судяхои Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисон, муовинони раисон ва судяхои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе аз руйи хамаи асосхои дар моддаи 123 Конуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизоми огоз намояд (К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  3. Раиси Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва шахри Душанбе нисбати раисон, муовинон ва судяхои судхои шахр ва нохия бо асосхои дар сархати якуми моддаи 123 Конуни конститутсионии мазкур пешбинишуда  метавонад  парвандаи   интизоми  огоз  намояд.
  4. Дар бораи огоз намудани парвандаи интизоми Раисони Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят ва  шахри Душанбе карор кабул мекунанд. Дар карор асосхои огоз кардани парвандаи интизоми, ки хангоми санчиши пешаки муайян шудааст, бояд нишон дода шаванд. Карор бо маводи зарури барои барраси ба Коллегияи тахассусии судяхофиристода мешавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  5. То ба Коллегияи тахассуси фиристодани парвандаи интизоми судяе, ки нисбати у парвандаи интизоми огоз карда шудааст, бояд бо он шинос карда шавад. Хамзамон судя хукук дорад баёноти иловаги ё оид ба гузаронидани санчиши иловаги дархост пешниход намояд.

Моддаи 126. Баррасии парвандаи интизоми

 

  1. Парвандаи интизоми дар мухлати на дертар аз як мох аз рузи ба Коллегияи тахассуси ворид шудани он, бе ба хисоб гирифтани вакт оид ба талаби хуччати  иловаги, мавод ва парвандахои суди бояд барраси шавад.
  2. Мухокимаи парвандаи интизоми дар мачлиси Коллегияи тахассуси бо иштироки  судяе, ки ба чавобгарии интизоми кашида мешавад ва дигар шахсони манфиатдор сурат мегирад. Коллегияи тахассуси хукук дорад парвандаи интизомиро хангоми хозир нашудани шахсони зикргардидае, ки оид ба вакт ва махалли мачлис огохонида шудаанд, барраси намояд, агар сабабхои хозир нашудани онхоро узрнок эътироф накунад. Судяе, ки ба чавобгарии интизоми кашида мешавад ва дигар шахсони манфиатдор хукук доранд ба таври хатти хохиш намоянд, ки парванда бе иштироки онхо барраси гардад ва нусхаи карор ё хулоса ба онхо ирсол карда шавад.

 

Моддаи 127. Татбик ва бардоштани чазои интизоми

  1. Коллегияи тахассусии судяхо вобаста ба парвандаи интизоми метавонад карорхои  зеринро  кабул намояд:

– дар бораи татбики чазои интизоми;

– дар бораи катъ намудани парвандаи  интизоми;

– дар бораи фиристодани мавод ба макомот ё шахсони мансабдор, ки хукуки овардани пешниход дар бораи озод ё бозхонд намудани судяро доранд ё ин ки ба Прокурори генералии Чумхурии Точикистон барои халли масъалаи огози парвандаи чинояти ё хукуквайронкунии маъмури. Дар ин маврид баррасии парвандаи  интизоми боздошта мешавад.

  1. Коллегияи тахассуси чазохои зерини интизомиро  татбик менамояд:

– огохи;

– сарзаниш.

  1. Хангоми татбики чазои интизоми хусусияти кирдор, вазнини ва окибати он, шахсияти судя ва дарачаи гунохи у ба инобат гирифта мешаванд. Мучозоти интизоми бевосита баъди содир шудани кирдор аз тарафи судя, аммо на дертар аз як мохи ошкор шудани содиршавии он, ба гайр аз вакти санчиши хизмати, бемории судя ё дар рухсати будани у татбик мегардад. Мучозот баъди гузаштани шаш мохи содиршавии кирдор аз тарафи судя татбик шуда наметавонад.
  2. Коллегияи тахассусии судяхо парвандаи интизомиро дар холатхои зерин катъ менамояд:

– бинобар беасос огоз намудани парвандаи интизоми нисбати судя;

– бинобар гузаштани мухлати ба чавобгарии интизоми кашидани судя, ки бо кисми 3 хамин модда пешбини шудааст.

  1. Нусхаи карори Коллегияи тахассусии судяхо оид ба парвандаи интизоми ба парвандаи шахсии судя хамрох карда мешавад.
  2. Агар макомот, шахси мансабдор, ки дар назди онхо мувофики карори Коллегияи тахассуси масъалаи аз вазифа озод намудан ё бозхонди судя ё ин ки огоз намудани парвандаи чинояти ё хукуквайронкунии маъмури нисбати судя гузошта шудааст, асос наёбад, он гох парвандаи интизоми ба Коллегияи тахассуси баргардонида мешавад ва Коллегия онро аз нав барраси мекунад ва ё катъ менамояд. Вакт аз рузи кабули карори аввала то баргардонидани мавод ба мухлати ба чавобгарии интизоми кашидани судя, ки бо кисми 3 хамин модда пешбини шудааст, дохил карда намешавад.
  3. Дар мавриди аз вазифа озод кардан ё бозхонд намудани судя, ё ин ки ба чавобгарии чинояти ё маъмури  кашидани у баррасии парвандаи интизоми катъ карда мешавад.
  4. Агар дар муддати як сол аз рузи татбики чораи интизоми ба судя чазои нави интизоми татбик нагардад ва ё чазои интизомиаш бардошта шуда бошад, дар ин сурат у чазои интизоми нагирифта  хисобида  мешавад.
  5. Дар мавриди вазифахояшро бенуксон ва бовичдонона ичро намудани судя бо пешниходи шахси парвандаи интизомиро огозкарда, хамчунин бо ташаббуси худи Коллегияи тахассуси ё ин ки бо тавсияи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон, ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Коллегияи тахассусии чазои интизомиро татбиккарда, метавонад бо гузаштани на камтар аз шаш мохи баъди татбики чазои интизоми онро пеш аз мухлат бардорад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

БОБИ 13.

МАБЛАГГУЗОРИИ СУДХО. ТАЪМИНИ МОДДИ-ТЕХНИКИ

ВА ХИМОЯИ ИЧТИМОИИ СУДЯХО

 

Моддаи 128. Маблаггузории судхо

  1. Маблаггузори, таъмини модди-техники ва дигар таъминоти судхо, мухофизат кардан ва нигох доштани иморатхои судхои Чумхурии Точикистон ва дастгохи онхо аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви сурат мегирад.
  2. Харочоти вобаста ба фаъолияти хар як суди Чумхурии Точикистон дар бучети чумхурияви дар сатри алохида пешбини карда мешавад.
  3. Андозаи маблаггузори барои таъмини фаъолияти Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе мувофикан бо пешниходхои Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).

Моддаи 129. Музди мехнати судя

  1. Музди мехнати судя аз маоши вазифави, иловапулихо барои дарачаи тахассуси ва собикаи кори иборат аст.
  2. Андозаи маоши вазифавиро барои раисони Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, муовинони онхо, судяхои Суди Оли, Суди Олии иктисоди, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  3. Андоза ва тартиби додани иловапули барои дарачаи тахассуси ва собикаи кории судя аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  4. Ба судяи Суди харби аз руи интихоби у иловапули барои рутбаи харби ё дарачаи тахассуси дода мешавад.

Моддаи 130. Рухсатии мехнатии судя

  1. Ба раисони Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, муовинони якум ва муовинони онхо, судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон 35 рузи таквими рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
  2. Ба раисон, муовинони онхо ва судяхои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, судхои харбии гарнизонхо, шахр ва нохия, Суди иктисодии вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе  30 рузи таквими рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
  3. Ба судяхо хангоми доштани собикаи кори аз руи касби хукукшиноси ба муддати зайл рухсатии иловагии пардохтшаванда дода мешавад:

– баъди 5 соли собикаи кори – 3 рузи кори;

– баъди 10 соли собикаи кори – 5 рузи кори;

– баъди 15 соли собикаи кори – 10 рузи кори;

– баъди 20 соли собикаи кори – 15 рузи кори.

  1. Бо хохиши судя рухсати мумкин аст кисм-кисм дода шавад ва дар ин маврид давомнокии як кисми рухсатии додашуда набояд аз 14 рузи таквими кам   бошад.
  2. Судя ба рухсатии бемузд ба мухлати то 60 рузи таквими хукук дорад.

Моддаи 131. Кафолатхои дигари модди барои судя

  1. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати вазифадоранд на дертар аз шаш мохи ба вазифа таъин ва интихоб шудани судя ё дар мавриди зарурати бехтар намудани шароити манзилиаш барои вай бидуни навбат дар махалли вокеъгардидаи суд хонаи истикомати бо назардошти хукуки судя ба майдони иловагии зист дар хачми на камтар аз 20 метри мураббаъ ё дар шакли утоки алохида мухайё созанд.
  2. Баъди ба охир расидани 10 соли кори судяги хонаи истикоматии аз хисоби фонди давлатии манзил гирифтаи судя, ройгон ба моликияти у дода мешавад. Ба судя ва аъзои оилааш 50 фоизи музди хонаи истикомати дар хонахои фонди давлатии манзил, инчунин 50 фоизи маблаги тамоми хизмати коммунали (гармидихиии маркази, таъмини об ва гайра) ва маблаги истифодаи телефон (ба гайр аз гуфтугуи байнишахри) пардохт карда мешавад.
  3. Бо ризоияти судя ба у дар доираи имкониятхои бучети давлати ба чои хонаи истикомати карзи бефоиз аз хисоби бучети чумхурияви барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.
  4. Хизматрасонии тибби ба судя ва аъзои оилаи у дар хамон муассисаи табобати, ки то ба мансаби нави давлати гузаштан ё гузаронидан ва ба истеъфо ё ба нафака баромадани судя расонида мешуд, нигох дошта мешавад.
  5. Дар сурати озод кардан аз вазифа ва ё бозхонди судя аз руи асосхое, ки дар сархатхои ёздахум ва чордахуми кисми 1 моддаи 18 Конуни конститутсионии мазкур пешбини гардидаанд, ба оилаи вай кумакпулии якдафъаина ба андозаи музди мехнати панчмохаи судя дода мешавад.
  6. Судя аз хукуки брон ва бе навбат гирифтани чой дар мехмонхонахо, харидани чиптахо дар хамаи намудхои наклиёт истифода мебарад.
  7. Ба судяхои судхои Чумхурии Точикистон хангоми ба нафака  баромадан ба андозаи музди мехнати семоха кумакпулии якдафъаина дода мешавад.

Моддаи 132. Тадбирхои химояи ичтимоии судя ва аъзои оилаи у

  1. Хаёт ва саломатии судя аз хисоби маблагхои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон ба андозаи музди мехнати хаштмохааш мавриди сугуртаи хатмии давлати карор мегирад.
  2. Макомоти сугуртаи давлати дар чунин холатхо маблаги сугуртаро пардохт менамояд:

– дар сурати вафот кардани судя дар давраи кор, агар ин ходиса дар натичаи расидани зарари чисмони ё дигар таъсири чисмони ба саломати, ки дар натичаи ичрои вазифа ба амал омада бошад, ба ворисони вай – ба андозаи музди мехнати хаштмохаи судя;

– дар сурати хангоми ичрои вазифа маъюб шудани судя ё расидани зарари дигар ба саломатии у, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касби машгул шуданашро гайриимкон мегардонад – ба андозаи музди мехнати шашмохаи судя.

  1. Дар сурати хангоми ичрои вазифа маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии судя, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касби машгул шудани уро гайриимкон мегардонад, ба судя фаркияти байни музди мехнат ва нафакаи таъиншуда бе назардошти маблаге, ки аз сугуртаи давлати гирифтааст, чубронпулии хармоха дода мешавад.
  2. Дар сурати вафот кардани судя, аз он чумла судяе, ки дар натичаи зарари чисмони ё дигар зараре, ки хангоми ичрои вазифа ба саломатиаш расида ба истеъфо баромадааст, ба аъзои гайри кобили мехнати оилааш, ки дар таъминоти у мебошанд, хар мох ба андозаи фаркияти кисми маоши судяи вафоткарда, ки барои онхо рост меояд, нафакае, ки бинобар бе саробон мондан барои онхо таъин шудааст, бидуни назардошти пардохте, ки аз сугуртаи давлати гирифтааст, чубронпули дода мешавад.
  3. Товони зараре, ки ба молу мулки судя ё аъзои оилаи вай дар натичаи фаъолияти хизмати расидааст, ба у ё ба аъзои оилааш дар хачми пурра пардохт карда мешавад.
  4. Товони зараре, ки дар кисмхои 3, 4 ва 5 хамин модда пешбини шудааст, аз хисоби маблаги бучети чумхурияви пардохт карда мешавад.
  5. Хукуки гирифтани бинои истикоматии обод аз руи шартхо ва асосхое, ки дар вакти вафот кардани судя вучуд доштанд, барои оилаи у нигох дошта мешавад.

БОБИ 14.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 133.  Мухри судхо

Судхо дорои мухр мебошанд, ки дар он Нишони давлатии Чумхурии Точикистон тасвир ёфта, номи суд сабт карда мешавад.

Моддаи 134. Рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон дар судхо

  1. Дар болои бинои суд Парчами давлатии Чумхурии Точикистон ва дар толору хучрахои кории судяхо Парчам ва тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон гузошта мешаванд.
  2. Хангоми амали намудани адолати суди судяхо бо либоси махсус, ки намунаи онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, мачлиси суди мегузаронанд.

 

Моддаи 135. Кароргохи судхои Чумхурии Точикистон

 

  1. Кароргохи доимии Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон пойтахти Чумхурии Точикистон – шахри Душанбе  мебошад(К конст. ЧТ аз 23.07.16 с., №1328).
  2. Кароргохи судхои дигари Чумхурии Точикистон маркази вохиди марзиву маъмурие мебошад, ки суди дахлдор дар худуди он фаъолият мекунад.

Моддаи 136. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 137. Аз эътибор сокит донистани Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи судхои Чумхурии Точикистон» 

Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судхои Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, к. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1; №12, к. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604; №12, мод. 829; с. 2012, №7, мод. 683; №8, мод. 809; №12, к. 1, мод. 997; с. 2013, №3, мод. 176; №7, мод. 496; мод. 501) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 138. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни конститутсионии мазкур

Конуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти 

Чумхурии Точикистон  Эмомали Рахмон 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1084

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …