Главная / Гуногун / КОНУН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАХОДИХИ

КОНУН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАХОДИХИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАХОДИХИ

Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили ва иктисодии фаъолияти баходихи, инчунин хукук, ва ухдадорихои субъектхои фаъолияти баходихиро, новобаста ба шакли моликияташон, муайян менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– фаъолияти баходихи – фаъолияти сохибкорие, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои муайян намудани арзиши бозори ва ё дигар арзиши объектхои баходихи дар санаи мушаххас равона карда шудааст;

КОНУН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАХОДИХИ

– баходихи – раванди муайян намудани арзиши вокеии объекти баходихи дар санаи мушаххас, ки аз чониби баходиханда тибки талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо истифодаи тарзхо, усулхо ва расмиёти асосноки интихобшудаи баходихи амали мешавад; -баходиханда – шахсони вокеи ва хукукие, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои амали намудани фаъолияти баходихи хукук доранд;

– объектхои баходихи – объектхои хукуки граждани, ки нисбат ба онхо фаъолияти баходихи амали карда мешавад;

– усули баходихи – тарзи муайян намудани арзиши объекти баходихи тибки пайдархамии расмиёти баходихи дар доираи стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон;

– баходихии такрори – раванди муайян намудани арзиши вокеии объекти баходихи бо назардошти нархи бозори дар холати ба вучуд омадани норозиги байни субъектхои фаъолияти баходихи нисбати баходихии объектхои баходихи;

– субъектхои фаъолияти баходихи – аз як тараф баходиханда ва аз тарафи дигар фармоишгар амал мекунанд; – роххои баходихи – тарзхои умумии муайянкунии арзиши объекти баходихи дар доираи принсипхои асосии фаъолияти баходихи;

– арзиши бозории объекти баходихи – микдори маблаљи хисобшудае, ки бо он мубодилаи объекти бахододашуда ба санаи баходихи байни харидори хавасманд ва фурушандаи хавасманд дар натичаи созиши тичорати баъд аз гузаронидани маркетинги мувофик амали мегардад;

– арзиши ибтидоии объекти баходихи – маблаље, ки барои харид, бунёд ва тайёркунии объекти баходихи харочот шудааст;

– арзишхои дигари объекти баходихи – дигар арзишхои объектхои баходихи ба истиснои арзиши бозори, ки намудхои онхо тибки стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд;

– фармоишгар – шахси вокеи ё хукуки, ки дар асоси шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи амал намуда, аз хизмати баходиханда истифода мебарад;

– Шурои машварати оид ба рушди фаъолияти баходихи – макоми байниидорави, хамохангсоз ва машварати дар назди макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи, ки фаъолияти он барои хамохангсозии корхои меъёрию мелодии фаъолияти баходихи ва омодакунии пешниходхо дар сохаи фаъолияти баходихи равона карда мешавад;

– иттиходияхои баходихандагони касбии Чумхурии Точикистон – иттиходияи баходихандагон ва ташкилотхои баходихи, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бо максади муаррифии манфиатхои аъзои худ дар хамкори бо макомоти давлати, созмонхои байналмилали ва ташкилотхои дигар таъсис дода шудаанд;

– хисобот оид ба баходихии объекти баходихи – хуччат аз натичахои баходихии объекти баходихи, ки ба фармоишгар аз чониби баходиханда оид ба арзиши объекти баходихи тибки талаботи Конуни мазкур ва стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад;

– стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон – мачмуи меъёрхо, коидахо ва талабот нисбат ба баходихи;

– макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи – макоми ичроияи марказии хокимияти давлати, ки сиёсати давлатиро дар сохаи фаъолияти баходихи амали менамояд;

– Шурои эксперти оид ба фаъолияти баходихи – макоми машварати, ки дар назди макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи барои гузаронидани ташхиси мувофикати хисобот оид ба баходихии объекти баходихи ба меъёрхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти баходихи таъсис дода мешавад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти баходихи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти баходихи ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипхои фаъолияти баходихи

Принсипхои фаъолияти баходихи аз инхо иборатанд:

1) конуният;

2) вокеият;

3) эътимодноки;

4) салохиятноки;

5) махфият;

6) мустакилият;

7) шаффофият;

8) бељарази.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ БАХОДИХИ

Моддаи 4. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти баходихи

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти баходихи дохил мешаванд:

1) таъмини пешбурди сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти баходихи;

2) муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи;

3) тасдики стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон;

4) тасдики тартиби муайян кардани арзиши объектхои давлатие, ки хусуси гардонида мешаванд;

5) ваколатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини менамояд.

Моддаи 5. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи

Макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи ваколатхои зеринро амали менамояд:

1) татбики сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти баходихи;

2) хамохангсозии фаъолият оид ба рушди низоми баходихи дар Чумхурии Точикистон;

3) таъмини хамкории макомоти давлати бо баходихандагон ва иттиходияхои баходихандагони касбии Чумхурии Точикистон;

4) химояи хукукхои баходихандагон ва истифодабарандагони хизматрасонии баходихи;

5) ташкили баходихии моликияти давлати дар Чумхурии Точикистон;

6) додани ичозатнома барои фаъолияти баходихи;

7) таъсиси Шурои машварати оид ба рушди фаъолияти баходихи;

8) таъсиси Шурои эксперти оид ба фаъолияти баходихи;

9) амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 6. Шурои машварати оид ба рушди фаъолияти баходихи
  1. Шурои машварати оид ба рушди фаъолияти баходихи дар назди макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи таъсис дода мешавад.
  2. Хайат ва низомномаи Шурои машварати оид ба рушди фаъолияти баходихи аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи тасдик карда мешаванд.
Моддаи 7. Шурои эксперти оид ба фаъолияти баходихи
  1. Шурои эксперти оид ба фаъолияти баходихи дар назди макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи таъсис дода мешавад.
  2. Хайат ва низомномаи Шурои эксперти оид ба фаъолияти баходихи аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи тасдик, карда мешавад.
Моддаи 8. Тартиби ягонаи баходихи

Тартиби ягонаи баходихи дар асоси стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 9. Стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон

Стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон аз инхо иборат мебошанд:

1) мукаррароти умуми ва принсипхои баходихи;

2) баходихии молу мулки љайриманкул;

3) баходихии молу мулки манкул;

4) баходихии объекти моликияти зехни;

5) талабот оид ба хисоботи баходихи.

Моддаи 10. Иттиходияхои баходихандагони касбии Чумхурии Точикистон
  1. Иттиходияхои баходихандагони касбии Чумхурии Точикистон дар шакли ташкилоти љайритичорати, бо максади муаррифии манфиатхои аъзои худ ва баланд бардоштани сатхи тахассуси касбии баходихандагон таъсис дода мешавад.
  2. Иттиходияхои баходихандагони касби хукук доранд ба ташкилотхои байналмилали ва ташкилотхои дигари баходихандагон аъзо шаванд.

БОБИ 3. АСОСХО ВА ШАРТХОИ АМАЛИ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ БАХОДИХИ

Моддаи 11. Асос барои амали намудани фаъолияти баходихи
  1. Асос барои гузаронидани баходихии объекти баходихи шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи мебошад, ки байни ичрокунанда (баходиханда) ва фармоишгар ё намояндаи ваколатдори фармоишгар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон баста мешавад.
  2. Мутобики шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи ичрокунанда (баходиханда) ухдадор аст хизматрасониро вобаста ба муайян намудани арзиши бозори ё арзиши дигари объекти баходихи амали намояд. Фармоишгар ухдадор аст хакки ин хизматрасониро пардохт намояд.
  3. Шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи байни ичрокунанда (баходиханда) ва фармоишгар метавонад аз чониби баходиханда доир ба гузаронидани баходихии объекти баходихии мушаххас, як катор объектхои баходихи ё хизматрасонии дарозмуддатро ба фармоишгар аз руи дархости у пешбини намояд.
  4. Дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон баходихии объекти баходихи, аз чумла баходихии такрори, метавонад дар асоси таъиноти суд ва ё бо карори макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи аз чониби баходиханда амали карда шавад. Дар ин холатхо бастани шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи хатми мебошад.
  5. Харочоте, ки бо баходихии объекти баходихи алокаманд мебошад, инчунин хакки хизматрасонии баходиханда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби фармоишгар пардохт карда мешаванд.
Моддаи 12. Ичозатномадихии фаъолияти баходихи дар Чумхурии Точикистон
  1. Фаъолияти баходихии шахсони хукуки дар Чумхурии Точикистон, аз чумла ташкилотхои карзй ва сохибкорони инфироди, дар асоси ичозатнома амали карда мешавад.
  2. Шарту талабот оид ба додани ичозатнома барои фаъолияти баходихиро Конуни мазкур ва Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият” мукаррар менамояд.
Моддаи 13. Шарту талабот барои амали намудани фаъолияти баходихи
  1. Шахси хукукие, ки фаъолияти баходихиро амали менамояд, бояд кормандони дорои тахассуси дахлдор дар сохаи фаъолияти баходихи дошта бошад.
  2. Сохибкорони инфироди, ки фаъолияти баходихиро амали менамоянд, бояд дорой тахассуси дахлдор дар сохаи фаъолияти баходихи бошанд.
  3. Риоя нагардидани шарту талабот барои амали намудани фаъолияти баходихи, ки дар Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият” ва стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, барои боздоштани фаъолияти баходихи ва ё бекор намудани ичозатнома барои фаъолияти баходихи асос шуда метавонанд.
Моддаи 14. Объектхои баходихи

Ба объектхои баходихи инхо дохил мешаванд:

1) объектхои (неъматхои) алохидаи модди (ашёхо), аз чумла ашёхои бесохиб;

2) мачмуи ашёхои ташкилдихандаи молу мулки шахс, аз чумла молу мулки намуди муайян (манкул ва ё љайриманкул);

3) объектхое, ки барои эхтиёчоти давлат бо чуброни арзиши онхо вайрон карда мешаванд;

4) хукуки моликият ва хукукхои дигари ашёи ё ашёхои алохида аз таркиби молу мулк;

5) хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он;

6) хукуки талаб намудан, ухдадорихо (карзхо);

7) корхо, хизматрасони, иттилоот;

8) объектхои моликияти зехни;

9) дигар объектхои хукуки граждани, ки конунгузории Чумхурии Точикистон имконияти гардиши онхоро манъ накардааст.

Моддаи 15. Роххои баходихи
  1. Хангоми муайян кардани арзиши объектхои баходихи роххои зерин истифода мешаванд:

1) харочотноки;

2) даромадноки;

3) мукоисави.

  1. Шарт ва тартиби истифодабарии роххои баходихии дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда бо стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
Моддаи 16. Фарзия оид ба муайян намудани арзиши бозории объекти баходихи

Агар дар санади меъёрии хукуки талаботи хатмии гузаронидани баходихии объекти баходихи ё дар шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи намуди арзиши объекти баходихи муайян нагардида бошад, арзиши бозории объекти мазкур мукаррар карда мешавад.

Моддаи 17. Намудхои баходихии объектхои баходихи
  1. Баходихии объектхои баходихи аз намудхои баходихии хатми ва баходихии ташаббуси иборат аст.
  2. Баходихии хатми дар холатхои зерин амали карда мешавад:

1) хангоми фуруш ва ё бо тарзи дигари бегона намудани объектхои моликияти давлати;

2) хангоми муайян кардани арзиши объектхои баходихи дар холати хусусигардони, ба ичора ё ба идораи ба бовари асосёфта додани моликияти давлати;

3) хангоми муайян кардани арзиши хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он, ба фуруш баровардани хукуки истифодабарии китъаи замин ва ё хангоми гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлатию чамъияти;

4) хангоми супоридани объектхои моликияти давлати хамчун сахм ба сармояи оинномавии шахсони хукуки;

5) хангоми ба сифати хисса ба сармояи оинномавии шахси хукуки додани объектхои баходихи, ки моликияти давлати мебошанд;

6) хангоми гузашт кардани ухдадории давлат ё шахсони хукуки бо иштироки назоратии давлат;

7) хангоми муайян кардани арзиши ибтидои барои музоядахо ва озмунхои фуруши объектхои моликияти давлати ё моликияти шахсони хукуки бо иштироки давлат;

8) хангоми муайян кардани маблаљи ичорапули барои бастани шартнома оид ба ичора супоридани объектхои баходихие, ки моликияти давлати мебошанд;

9) хангоми муайян кардани зарар ба объектхои суљурташудаи хукукхои граждани бар асари фаро расидани холати суљуртави, дар холати суљуртаи хатмии объектхои баходихи;

10) хангоми ба миён омадани бахс оид ба арзиши объектхои баходихи, аз чумла хангоми милликунони ва реквизитсияи молу мулк;

11) хангоми харидории молу мулк барои эхтиёчоти давлати;

12) хангоми вайрон кардан ва харидории молу мулки давлати ва нихолхои бисёрсола бо максади муайян намудани маблаљи чубронпули;

13) хангоми мусодираи молу мулк ба манфиати давлат тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

14) хангоми гузаронидани баходихии объектхои баходихи бо максади назорат аз болои дурустии пардохти андозхо дар мавриди ба миён омадани бахс оид ба хисоб кардани заминаи андозбанди;

15) дар холатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Баходихии ташаббуси дар хамаи холатхои дигаре, ки тахти баходихии хатми карор надоранд, аз чониби баходиханда дар асоси фармоиши фармоишгар оид ба гузаронидани баходихии хама гуна объекти баходихии ба фармоишгар тааллукдошта тибки Конуни мазкур, стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 18. Талаботи хатми нисбат ба шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи
  1. Дар шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи мукаррароти Кодекси граждании Чумхурии Точикистон дар бораи шартномаи хизматрасонии музднок татбик, карда мешаванд.
  2. Шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи байни баходиханда ва фармоишгар дар шакли хатти баста шуда, маълумоти зеринро дар бар мегирад:

1) шакли ташкилию хукукии баходиханда ва фармоишгар, сурољаи хукукии онхо;

2) номи объекти бахододашаванда, махалли чойгиршавии он;

3) мухлат ва санаи гузаронидани баходихи;

4) ухдадорихои тарафхо;

5) асос барои бастани шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи;

6) намуди баходихии объекти баходихи;

7) намуди арзиши объекти баходихи;

8) хакки хизматрасонии баходиханда;

9) суљуртаи чавобгарии гражданию хукукии баходиханда;

10) шартхои махфияти баходихи;

  1. маълумоти хуччати тасдиккунандаи хукуки моликияти фармоишгар ба объекти баходихи ё асосхои дигаре, ки ба фармоишгар барои бастани шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи хукук медиханд;
  2. доштани ичозатнома барои амали намудани фаъолияти баходихи, бо нишон додани раками тартиби, санаи додан, мухлати эътибор ва макоме, ки ичозатномаро додааст.
  3. Шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи зикри аники объекти баходихи, инчунин тавсифи онро хамчун объекти баходихии ягона ва дар холати якчанд адад будани объектхои баходихиро дар бар мегирад.
  4. Нисбат ба баходихии объектхои баходихие, ки ба моликияти чумхурияви ва коммунали тааллук доранд, шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи байни баходиханда ва шахси аз чониби сохибмулк барои анчом додани созиш ваколатдоршуда баста мешавад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
Моддаи 19. Талаботи умуми барои хисобот оид ба баходихии объекти баходихи
  1. Хисобот оид ба баходихии объекти баходихи дар шакли хатти тартиб дода шуда, дар он бояд ба маънидодкунии бахснок ва ё иштибох рох дода нашавад.
  2. Дар хисобот оид ба баходихии объекти баходихи маълумоти зерин дарч карда мешавад:

1) санаи тартибдихи ва раками тартиби;

2) асосхо барои гузаронидани баходихии объекти баходихи аз чониби баходиханда;

3) сурољаи хукукии баходиханда ва иттилоот дар бораи ичозатнома барои фаъолияти баходихи, инчунин маълумот дар бораи суљуртаи чавобгарии гражданию хукукии баходиханда;

4) маълумот дар бораи шахси хукуки – фармоишгари баходихии объекти баходихи ё шахсе, ки ба у хисобот пешниход мегардад, агар он аз фармоишгар фарк кунад (номи пурра ва мухтасар, макони чойгиршави, маълумот дар бораи бакайдгирии давлати, раками мушаххаси андозсупоранда). Дар сурате, ки агар фармоишгари баходихии объекти баходихи шахси вокеи бошад, насаб, ном ва номи падари фармоишгар ва маълумоти шиноснома бо чойи истикомат навишта шавад;

5) тавсифи пурраи объекти баходихи, аз чумла маълумот оид ба арзиши тавозунии объекти баходихи;

6) стандартхои баходихи барои муайян кардани намуди мукарраршудаи арзиши объекти баходихи, асосноккунии истифодаи онхо хангоми гузаронидани баходихии объекти баходихи, номгуйи маълумоти истифодашуда хангоми гузаронидани баходихии объекти баходихи бо кайди манбаъхое, ки ин маълумотро пешниход намудаанд;

7) пайдархамии муайян намудани арзиши объекти баходихи ва арзиши нихоии он, инчунин махдудият ва доираи татбики натичаи бадастомада;

8) санае, ки ба холати он хисоби арзиш ичро гардидааст;

9) номгуйи хуччатхое, ки баходиханда хангоми муайян кардани тавсифи микдори ва сифатии объекти баходихи истифода намудааст.

  1. Хисобот оид ба баходихии объекти баходихи метавонад инчунин маълумоти дигарро дар бар гирад, ки ба акидаи баходиханда барои инъикоси пурраи усули истифодашудаи хисоби арзиши объекти мушаххаси баходихи мухим мебошанд.
  2. Агар хангоми гузаронидани баходихии объекти баходихи на арзиши бозори, балки намуди дигари мукарраркунии арзиш муайян шуда бошад, дар хисобот оид ба баходихии объекти баходихи бояд меъёрхои муайян кардани арзиши объекти баходихи ва сабабхои сарфи назар кардан аз имконияти муайян намудани арзиши бозории объекти баходихи кайд карда шаванд.
  3. Хангоми аз тарафи якчанд баходиханда гузаронидани баходихии объектхои гуногуни баходихи, ки ба таркиби объекти бахододашаванда дохиланд, хисобот оид ба баходихии объекти баходихи аз тарафи хар як баходиханда бо нишон додани объекти баходихие, ки аз руи он у баходихиро гузаронидааст, имзо карда мешавад.
  4. Барои гузаронидани баходихии намудхои алохидаи объекти баходихи хангоми баходихии хатми, макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихи метавонад шаклхои махсуси пешниходи хисобот оид ба баходихии объекти баходихиро мукаррар намояд.
  5. Хисобот оид ба баходихии объекти баходихи сахифа ба сахифа ракамгузори ва дар ду нусха тартиб дода шуда, бо мухр тасдик гардида, аз тарафи баходиханда, сохибкори инфироди ё рохбари шахси хукуки, ки бахогузориро гузаронидааст, имзо карда мешавад.
  6. Як нусхаи хисобот оид ба баходихии объекти баходихи дар баходиханда нигох дошта шуда, нусхаи дуюмаш ба фармоишгар супорида мешавад.
Моддаи 20. Ташхиси хисобот оид ба баходихии объекти баходихи
  1. Ташхиси хисобот оид ба баходихии объекти баходихи ихтиёран бо талаби фармоишгар ё бо хохиши баходиханда гузаронида мешавад.
  2. Тартиб ва шартхои гузаронидани ташхиси хисобот оид ба баходихи аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти баходихи муайян карда мешаванд.
  3. Дар раванди ташхиси хисобот оид ба баходихии объекти баходихи, тахлили аз чихати методологи асоснок будан ва андозаи хисоби натичаи бадастомадаи баходихи гузаронида мешавад.

БОБИ 4. ХУКУКУ УХДАДОРИХОИ БАХОДИХАНДА ВА ФАРМОИШГАР

Моддаи 21. Хукук ва ухдадорихои баходиханда
  1. Баходиханда хукук дорад:

1) усулхои баходихиро мутобики стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон мустакилона истифода барад;

2) хангоми гузаронидани баходихии хатмии объекти баходихи аз фармоишгар таъмини дастрасии пурраро ба хуччатхое, ки барои гузаронидани баходихии дахлдори объекти баходихи зарур мебошанд, талаб кунад;

3) аз фармоишгар тавзехот ва маълумоти иловагиро, ки барои амали намудани баходихии объекти баходихи зарур аст, гирад;

4) аз шахсони сеюм дар шакли хатти ё шифохи маълумоте, ки барои гузаронидани баходихи зарур аст, ба истиснои маълумоти мансуб ба сирри давлати ё тичорати дархост намояд. Дар мавриди рад шудани дархост оид ба пешниходи маълумоти кайдшуда ба таври назаррас ба боэътимодии натичахои баходихи таъсир расонад, баходиханда онро дар хисобот оид ба баходихии объекти баходихи кайд менамояд;

5) дар холатхои зарури дар асоси шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи барои иштирок дар баходихии объекти баходихи баходихандагон ё мутахассисони дигарро чалб намояд;

6) аз гузаронидани баходихи даст кашад, агар фармоишгар шартхои шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихиро риоя накунад, пешниходи маълумоти зарури дар бораи объекти баходихи ё шароитхои кориро тибки шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи таъмин накунад;

7) чуброни харочот, ки бо гузаронидани баходихи алокаманд аст, инчунин хакки хизматрасониро барон гузаронидани баходихии объекти баходихи аз руи таъиноти суди талаб кунад;

8) ихтиёран ба иттиходияхои баходихандагони касби шомил шавад.

  1. Баходиханда ухдадор мебошад:

1) хангоми амали намудани фаъолияти баходихи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистонро риоя кунад;

2) ба фармоишгар дар бораи имконнопазирии иштироки худ дар гузаронидани баходихии объекти баходихи бинобар сабаби ба миён омадани холатхое, ки барои гузаронидани баходихии холисонаи объекти баходихи монеа шудаанд, хабар дихад;

3) нигохдории хуччатхои аз фармоишгар ва шахсони сеюм дар раванди гузаронидан ва барасмиятдарории баходихии объекти баходихи кабулкардаро дар давоми се сол таъмин намояд;

4) бо талаби фармоишгар ичозатнома барои амалисозии фаъолияти баходихи, маълумот оид ба доштани суљуртаи чавобгарии гражданию хукуки ва хуччати тасдиккунандаи донишхои касби дар сохаи фаъолияти баходихи доштаи худро пешниход намояд;

5) дар раванди баходихии объекти баходихи маълумоти махфии аз фармоишгар гирифташударо фош накунад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

6) ба фармоишгар хисобот оид ба баходихии объекти баходихиро пешниход намояд;

7) нусхаи хисобот оид ба баходихии объекти баходихиро дар давоми се сол нигох дорад;

8) дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нусхаи нигохдошташудаи хисобот оид ба баходихии объекти баходихи ё маълумоти дар он овардашударо ба макомоти хифзи хукук, макомоти суди, макомоти дигари давлати ва (ё) ба макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар асоси дархости онхо пешниход намояд.

Моддаи 22. Махдудиятхо барои баходиханда хангоми амали намудани фаъолияти баходихи

Ба гузаронидани баходихии объекти баходихи ичозат дода намешавад, агар баходиханда:

1) нисбат ба объекти баходихи хукукхои молумулки ё ухдадорихои берун аз шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи дошта бошад;

2) муассис, сохибмулк, сахмдор, корманд, суљуртакунандаи шахси хукуки, ё ин ки шахси хукуки, муассис, сахмдор, сохибмулк ва суљуртакунандаи ташкилоти баходихи бошад.

Моддаи 23. Мустакилияти баходиханда
  1. Дахолат кардан ба фаъолияти баходиханда хангоми баходихии объекти баходихи манъ аст.
  2. Андозаи пардохти хизматрасонии баходиханда хангоми гузаронидани баходихии объекти баходихи ба бузургии чамъбастии арзиши объекти баходихи вобаста нест.
Моддаи 24. Суљуртаи чавобгарии гражданию хукукии баходиханда
  1. Суљуртаи чавобгарии гражданию хукукии баходиханда шарти таъминкунандаи химояи хукукхои истифодабарандагони хизматрасонии баходихи буда, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Мавчудияти полиси суљуртави шарти хатми барои бастани шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи мебошад.
  3. Суљуртаи чавобгарии гражданию хукукии баходиханда метавонад дар шакли бастани шартномаи суљурта оид ба намуди мушаххаси фаъолияти баходихи (вобаста ба объекти баходихи) ё аз руи шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи амали карда шавад.
Моддаи 25. Чавобгарии баходиханда
  1. Баходиханда барои холатхои зерин чавобгар аст:

1) риоя накардани талаботи мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон ва стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон вобаста ба фаъолияти баходихи;

2) фош кардани маълумоти мансуб ба сирри давлати ё тичорати;

3) беэътимодии хисобот оид ба баходихии объекти баходихи;

4) риоя накардани коидахои нигохдорию пуррагии хуччатхо ва маълумоти дигаре, ки барои амали намудани баходихи пешниход шудаанд.

  1. Баходиханда барои риоя накардани коидахои фаъолияти баходихи чавобгарии пурраи модди дорад.
Моддаи 26. Хукук ва ухдадорихои фармоишгар
  1. Фармоишгар хукук дорад:

1) аз баходиханда оид ба усулу роххои амали намудани баходихии объекти баходихи маълумоти заруриро гирад;

2) бо санадхои меъёрии хукуки, ки дар онхо хисобот оид ба баходихии объекти баходихи ва хулосаи баходиханда асос ёфтааст, шинос шавад;

3) аз хизматрасонии баходиханда даст кашад, агар аз тарафи у шартхои шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи, талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва стандартхои миллии баходихии Чумхурии Точикистон риоя нагарданд.

  1. Фармоишгар ухдадор мебошад:

1) шароити мувофикро ба баходиханда барои сари вакт ва босифат гузаронидани баходихии объекти баходихи тибки шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи фарохам оварад;

2) ба баходиханда барои гузаронидани баходихии объекти баходихи хуччатхои зарури ва тавзехотро пешниход намояд;

3) ба фаъолияти баходиханда хангоми гузаронидани баходихии объекти баходихи дахолат накунад;

4) бо талаби баходиханда бо максади гирифтани маълумоти зарури оид ба баходихии объекти баходихи аз номи худ ба сурољаи шахсони сеюм дархостхои хатти ирсол намояд.

  1. Фармоишгар ва ё шахсони сеюм барои дурустии хуччатхо ва маълумоти пешниходнамуда, ки барои баходихи зарур мебошанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон масъул мебошанд.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 27. Халли бахсхо

Бахсхо байни баходиханда ва фармоишгар хангоми ичрои шартнома оид ба гузаронидани баходихии объекти баходихи бо тартиби суди хал карда мешаванд.

Моддаи 28. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 29. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти баходихи (нархгузори)”

Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти баходихи (нархгузори)” аз 28 июли соди 2006 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2006, №7, мод.344; с.2008, №10, мод.809) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                      Эмомали Рахмон

ш. Душанбе,

7 августи соли 2020

№ 1720

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …