Главная / Чамъият /  КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ХУКУКИИ ЧТ сс. 2018-2028

 КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ХУКУКИИ ЧТ сс. 2018-2028

Бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз «6» феврали  соли 2018, №1005 тасдик шудааст

  1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
  1. Чумхурии Точикистон пас аз ба даст овардани Истиклолияти давлати ба мархилаи нави инкишофи таърихи – бунёди давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви, ягона ва ичтимои ворид гардид. Рушди устувори сиёсиву иктисоди ва ичтимоиву фархангии чомеа аз самаранокии сиёсати хукукии чумхури вобастаги дорад. Хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, тахкими конуният ва тартиботи хукуки, пешгирии чиноятхои фаромилли, таъмини рушди устувори иктисоди ва ичрои хадафхои стратегии давлат – таъмини истиклолияти энергетики, амнияти озукавори ва рахои аз бунбасти коммуникатсиони, бе таъмини волоияти конун ва тартиботи хукуки гайриимкон аст.
  2. Хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, химояи манфиатхои милли, таквияти сохибихтиёри ва давлатдории милли, тахкими идоракунии давлати, хифзи саломатии ахоли, рушди маориф ва илм, фарханг, кафолати фаъолияти озоди иктисоди, баробари ва гуногунии шаклхои моликият, рушди сохибкори, таъмини вахдати милли ва сулху суботи чомеа вазифахои якумдарачаи сиёсати хукукии Точикистони сохибистиклол мебошанд.
  3. Сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон бо истифода аз чорахои сиёси, иктисоди, ташкили, мафкурави ва хукуки бо максади танзими самараноки муносибатхои чамъияти ва инкишофи минбаъдаи онхо рохандози мешавад. Хусусиятхои асосии сиёсати хукукии Чумхурии Точикистонро стратегияхо, консепсияхо, барномахои давлати, санадхои меъёрии хукуки ва санадхои татбики хукук ташкил медиханд. Сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар иртибот бо самтхои асосии сиёсати давлат амали гардида, заминаи хукукии сиёсати иктисоди, ичтимои, фарханги ва самтхои дигари сиёсати давлати сохибистиклоли Точикистонро ташкил медихад.
  4. Мехвари сиёсати хукукии Чумхурии Точикистонро арзиши оли будани хукуку озодихои инсон ва хифзи онхо, гуногунандешии сиёси, баробари шаклхои гуногуни моликият, аз чумла моликияти хусуси, фаъолияти озоди иктисоди ва сохибкори, ракобати озод дар иктисодиёт ташкил медиханд.
  5. Сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон бо дар назар доштани арзишхои умумибашари ва манфиатхои милли, таъсири чахонишави, хамохангсози ва якхелакунии конунгузории давлатхо ва низомхои хукукии чахони, рушди муносибатхои хукукии байналмилали, таъсиси иттиходхои нави чахони ва минтакавии байни давлатхо, тахдиду хатархои нави чахони амали карда мешавад. Сиёсати хукуки дар чумхури ба кохиш додани таъсири манфии чахонишави, муковимат бо хатархо ва тахдидхои чахони (терроризм, экстремизм ва дигар падидахои хатарзо), хифзи фазои иттилоотии чумхури аз хатархои иттилоотии чахони муосир равона карда мешавад.
  6. Дар шароити муосири чахонишави, бухрони молиявию иктисоди ва шиддат гирифтани зиддиятхои минтакавию тамаддуни яке аз воситахои мухими хифзи истиклолияти давлати, эъмори чомеаи шахрванди, устувории давлати хукукбунёд ва химояи манфиатхои халки Точикистон, ин дуруст, бонизом ва мутобик ба арзишхои башари ва манфиатхои милли ба рох мондани сиёсати хукукии давлат мебошад.
  1. ВАЗЪИ КУНУНИИ КОНУНГУЗОРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
  1. 9 сентябри соли 1991 халки точик сохиби давлати комилан мустакил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории точикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Чумхурии сохибистиклоли Точикистон ба сифати конуни асосии кишвар бо рохи раъйпурсии умумихалки кабул гардид. Хамчунин бо дар назар доштани дастовардхои нави чомеа ислохоти конститутсиони гузаронида шуда, мархилаи нави такмили сохтори конститутсиони огоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон тагйиру иловахо ворид шуда, мазмуну мухтавои низоми хукукии кишвар такмил ва асосхои демократи, хукукбунёди ва дунявии он тахким ёбад. Дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст парламенти думачлиса ба фаъолият шуруъ намуд. Макомоти ичроия ва суди, инчунин сохтори иктисодии кишвар такмил дода шуда, эътирофи инсон, хукук ва озодихои у ба сифати арзиши оли ва дигар андешахои демократи ба Конститутсия ворид гардиданд, ки айни замон ба шароиту талаботи дохили ва байналмилали чавобгу мебошанд.
  2. Точикистон бо максади гузаронидани ислохоти хукукии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави хукуки, фаъолияти хукукэчодкуниро ба мархилаи сифатан нав, ба монанди банакшагирии тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки, самтхои афзалиятноки тадкикоти илмию хукуки дар сохаи хукукэчодкуни, гузаронидани тадкикоти илмию тахлили оид ба холат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи конунгузори, гузаронидани экспертизахои хукуки ва зиддикоррупсионии лоихахои конунхоро ворид намуд. Дар баробари кабул гардидани шумораи зиёди санадхои меъёрии хукуки дар кишвар ва эътироф гардидани санадхои хукукии байналмилали, инчунин дар ин давра як катор консепсияхо, стратегияхо ва барномахои давлати дар сохахои гуногуни хаёти чомеа ва давлат, аз чумла Стратегияи миллии рушди Точикистон барои давраи то соли 2030 тахия ва кабул карда шуданд, ки ба ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатхои нави иктисоди ва ичтимоии Точикистон мусоидат мекунанд. Дар натича корхо оид ба тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки дар сохахои муайян, аз чумла конунгузории конститутсиони, граждани, сохибкори, молияви, бонки, гумрук, андоз, чинояти, маъмури, мурофиавии  граждани, мурофиавии чинояти, мурофиаи судии иктисоди, истехсолоти ичро ва гайра густариш пайдо намуданд.
  3. Бояд тазаккур дод, ки дигаргунихои бунёдии дар раванди чахонишави ва бухрони чахонии молиявию иктисоди бавукуъомада, инчунин вусъат ёфтани хамкорихои судманди Точикистон бо дигар давлатхо, иштироки фаъолонаи он дар созмонхои гуногуни байналмилали, муносибатхои байналмилалии иктисоди, ичтимои, сиёси ва фарханги, таъсиси субъектхои муштараки хочагидори бо чалби сармояи хоричи, ки зарурати баркарор намудани иктисодиёт пас аз таъсири бухрони чахонии молиявию иктисоди, такмили фаъолияти давлатро дар самти хукукэчодкуни ва хукуктатбиккуни бахри мутобикгардонии конунгузории милли ба талаботи нави рушду пешрафти чахони имруза, такозо менамояд. Хамзамон, дар ин давра Консепсияи пешгуии инкишофи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик гардид, ки дар асоси он шаш барномаи давлати оид ба татбики Консепсияи пешгуии инкишофи конунгузории Чумхурии Точикистон ва накшаи тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки дар самту сохахои гуногун барои солхои 2012-2015 тахия ва тасдик карда шуданд.
  4. Дар давоми зиёда аз бисту шаш соли гузашта рукнхои давлатдории муосири Точикистон хеле тахкиму такмил ёфтанд ва барои торафт мустахкам гардидани истиклолияти вокеии кишвар мунтазам мусоидат менамоянд. Бинобар ин, ислохоти гузаронидашуда ба такмили минбаъдаи демократикунонии институтхои давлати ва чамъияти мусоидат намуд.
  5. Аз ин ру, барои бапурраги ичро гардидани барномахои зикршуда, дар чунин шароит стратегияи ба максад мувофики хукукэчодкуни ва татбики он бо дар назар доштани халли вазифахои дарозмухлат дар сохахои иктисоди, ичтимои, фарханги ва дигари конунгузори бояд амали карда шаванд. Вобаста ба ин, инкишофи минбаъдаи конунгузории кишвар бояд тибки консепсияи ягонаи сиёсати хукуки, ки дурнамои инкишофи онро Конститутсияи Чумхурии Точикистон муайян менамояд, сурат гирад.
  1. ЗАРУРАТ ВА АХАМИЯТИ КАБУЛИ КОНСЕПСИЯ
  1. Зарурати кабули Консепсия аз талабот ва омилхои зерин бармеояд:
    • танзими самаранокии низоми устувори сиёсии демократи ва институтхои чомеаи шахрванди дар мамлакат, таъмини хукукии чараёни рушди иктисодию ичтимоии мамлакат дар давраи гузариш ба иктисоди бозори, хифзи хукуку озодихои инсон, баланд бардоштани шуурноки ва маърифати хукукии шахрвандон, аз чумла шахсони мансабдор;
  • саъю кушиш ба натичанокии фаъолияти хукукэчодкуни ва устувории он. Меъёрхои санадхои хукуки, аз чумла конунхои кабулгашта на хама вакт самаранок амал менамоянд. Дар натича хадафхои дар назди онхо хангоми кабул гаштанашон гузошташуда ичро намегарданд, ки боиси ба конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки ворид намудани тагйиру иловахои зиёд ё дар тахрири нав кабул кардани онхо мешаванд. Аз ин чо дар оянда зарурати таъмини натичанокии фаъолияти хукукэчодкуни ва устувории он ба миён меояд;
  • пешгири ва бартараф намудани ихтилофот, номутобикати, нуксонхо, такроршави дар конунхо ва хорич кардани меъёрхои хукукии мохияташонро гумкардаю камсамар. Азбаски таркиби конунгузори мураккаб ва гуногунчабха мебошад, дар он мухолифат, номутобикати ва камбуди чой дошта метавонанд. Аз ин чост, ки мушкилоти мухими фаъолияти хукукэчодкуни ин бартараф намудани ихтилофу номутобикати байни конунхо, инчунин конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки мебошад. Чунин холат метавонад боиси вайрон гардидани танзими банизомдарории хукук гардида, фаъолияти муътадили кори низоми хукукро халалдор сохта, инчунин ба танзими самараноки хукуки, вазъи конуният ва тартиботи хукуки таъсир расонад;
  • мутобикгардонии конунгузории Чумхурии Точикистон ба санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон. Дар баробари воридшавии меъёрхои хукуки байналмилали ба низоми хукуки милли таносуб ва бо хам мутобик намудани онхо яке аз масъалахои мухим ба шумор меравад. Халли дурусти онхо бо таваччух ба робитахои вокеии байнихамдигарии чараёни татбики меъёрхои хукуки байналмилали ва милли муайян мегардад. Хаёт водор месозад, ки оид ба баъзе хусусиятхои асоси ва принсипхои низоми хукукии англосаксони, континентали, мусулмони ва Иттиходи Давлатхои Мустакил, ки аз хамдигар фарк мекунанд, дар фаъолияти конунэчодкунии кишвар эътибор дода шавад. Хамзамон, бе тахлили хаматарафа ба тасвиб расонидани санадхои байналмилали метавонад боиси мухолифат, номутобикати ва камбудии конунгузори гардида, дар натича ба сифати конунхо таъсири манфи расонад. Зеро конунгузории Чумхурии Точикистон хамчун низоми хукукии милли дар алокаманди ва зери таъсири дигар низомхои хукуки карор дорад. Чунин раванд зарурати бахамназдикшавии онхо, аз чумла хамохангсози, якчояшави ва воридшавии меъёрхои як низоми хукукиро ба меъёрхои низомхои хукукии дигар такозо менамояд;
  • самтхои такмили конунгузории Чумхурии Точикистон бо дар назар доштани васеъ гардидани доираи муносибатхои чамъиятии мохиятан хаммонанд, ки бо конунхо танзим меёбанд, бояд дар оянда ботадрич кодификатсия карда шаванд. Зеро, дар шароити аз хад зиёд шудани конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии зерконуни барои танзими муносибатхои чамъияти дар баъзе сохахо кодификатсия хеле мухим мебошад. Ба чунин кодификатсия ва васеъкуни аз холо бояд шуруъ кард ва онро бо рохи ботадрич аз нав кардани конунгузории амалкунанда анчом додан лозим аст. Максади кодификатсия кардани онхо бартараф намудани номутобикати ва кам кардани шумораи санадхои меъёрии хукукии хаммонанд мебошанд;
  • такмил ва татбики якхелаи забон ва ислохоти хукуки. Мавриди зикр аст, ки дар баъзе холатхо дар конунгузории амалкунанда истилохот бо забони точики номуайян, гуногунмаъно ва тарзе истифода шудаанд, ки мазмуни меъёрии онро коста менамоянд. Забони конун яке аз пояхои асосии баланд бардоштани сифат ва мазмуни он мебошад. Аз ин ру, яке аз самтхои афзалиятноки такмили фаъолияти хукукэчодкуни масъалаи эчод ва истифодаи калимаю истилохоти дурусти хукукии точики дар конунгузори мебошад. Хангоми истифодаи ин ё он истилохот дар конунгузории амалкунанда на танхо ба содда ва равону фахмо будани он, балки ба доираи фарогирии мазмуну мафхуми муайян эътибор додан зарур аст, то ки шархи гуногуни меъёрхо истисно гардида, татбики якхелаи онхо таъмин карда шавад. Аз ин ру, зарурате ба миён меояд, ки дар оянда фарханги истилохоти хукукии Точикистон тахия гардад;
  • татбики пурраи талаботи меъёрхои хукук дар амал. Самаранокии сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон аз амалисози ва татбики меъёрхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки дар амал вобастаги дорад. Татбики хукук яке аз самтхои сиёсати хукукии кишвар буда, бо максади такмили фаъолияти макомоти хукуктатбиккунанда, хамчунин таъмини сифати мазмуни санадхои татбики хукук ва механизми амали гардидани онхо анчом дода мешавад. Самаранокии сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи татбики хукук аз хисси масъулият, омодагии касби, ватандусти, худшиносии милли, сатхи баланди шуури хукукии касбии кормандони макомоти татбики хукук вобастаги дорад.
  1. САМТХОИ АСОСИИ РУШДИ ХУКУКИ МИЛЛИ

 

  1. Кабули Конститутсияи даврони сохибистиклолии кишвар 6 ноябри соли 1994 хамчун хуччати дорои эътибори олии хукуки Чумхурии Точикистонро давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви, ягона ва ичтимои эълон намуд ва самтхои нави рушди чомеаро муайян кард. Арзиши оли эътироф намудани инсон, хукук ва озодихои у, инкишофи хаёти чамъияти дар асоси гуногунандешии сиёси, чонибдори аз принсипи тачзияи хокимияти давлати, кафолати фаъолияти озоди иктисоди ва сохибкори, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусуси аз чумлаи пешравихо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва чомеа гардиданд.
  2. Бо вучуди пешравихо дар самти сохтори конститутсионии кишвар, вазъи хукукии инсон ва шахрванд, ташаккул ва фаъолияти макомоти хокимияти давлати дар шароити имруза низоми конститутсионии кишвар ба такмил ниёз дорад, ки инхоро пешбини менамояд:
    • татбики бевоситаи меъёрхои хукукии конститутсиони;
    • тахкими асосхои сохтори конститутсионии кишвар;
    • инкишофи кафолатхои хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– такмили идоракунии давлати бо таваччух ба инкишофи муносибатхои чамъияти.

  1. Хукуки маъмури хамчун чузъи таркибии низоми хукуки милли дар тахким ва устувории пояхои дастгохи давлати накши асоси дорад. Хукуки маъмури муносибатхои марбут ба идоракунии давлатиро танзим намуда, дар худ падидахо ва зерсохахои муайянро дар бар мегирад, ки зарурат ба рушд додани онхо ба миён омадааст. Рушди хукуки маъмури ислохоти маъмуриро дар кишвар ба миён меорад. Ислохоти маъмури ба амалигардонии хукуку озодихои инсон ва шахрванд дар сатхи идоракунии давлати ва сохахои иктисоди милли, устувории ташкил ва самаранокии фаъолияти макомоти хокимияти ичроия, рушди хизмати давлати, таъмини мукаммали конуният ва интизом дар идоракунии давлати ва такмили мурофиаи маъмури мусоидат менамояд.
  2. Дар шароити муосир муносибатхои хукуки маъмури, махсусан идоракунии давлати рушд ёфта истодаанд. Фаъолияти амалии макомоти хокимияти ичроия нишон медихад, ки устувори дар раванди баамалбарории идоракунии давлати дар сатхи муайян дида мешавад. Новобаста аз ин, фаъолияти макомоти хокимияти ичроия ва худи идоракунии давлати имруз ба такмил ниёз дорад. Якчанд омилхое мавчуданд, ки зарурати такмили масъалахои зикргардидаро ба миён меоваранд:
    • амалигардонии хамачонибаи функсияхои идоракунии давлати;
    • рушди асосхои хукукии ташкил ва фаъолияти макомоти хокимияти ичроия;
    • такмили вазъи хукуки маъмурии иштирокчиёни муносибатхои хукуки маъмури;
    • рушди мурофиаи маъмури;
    • таъмини босуботи конуният ва интизом дар идоракунии давлати.
  3. Дар даврони Истиклолияти давлати бо мукаммал шудани конунгузории молияви фаъолияти молиявии давлат хамчун бахши таркибии мухим ва зарурии низоми сиёсати ичтимоии давлат карор гирифта, васоит ва тарзу усулхои гуногуне ба кор бурда шуд, ки онхо ба кохиш додани нобаробарии ичтимои равона карда шудаанд. Ба монанди тагйироти ичтимои, ки дар муносибатхои хукукии сохибкори (додани имтиёзхои андоз, карзхои дарозмуддат, имтиёзнок ва гайра), таъсиррасонии давлати ба муносибатхои мехнати (мухофизати мехнат, чори шудани меъёрхои имтиёзнок нисбати занон, чавонон ва гайра), таъмин кардани дастрасии умум ба хизматрасонихои мухимтарин (сугуртаи ичтимои, мурочиати ройгони корманд оид ба бахсхои мехнати ба судхо ва гайра), камтар кардани нобаробарии молумулки аз хисоби маблагхои давлат (додани грантхои хукумати, карзхои имтиёзнок барои сохтмони манзил) ва дигар чорабинихои ичтимои инъикос ёфтаанд.
  4. Дар баробари мавчудияти дастовардхои зикршуда дар сохаи хукуки молия як катор мушкилот чой дорад, ки барои халли онхо анчом додани чунин корхо мувофики максад аст:
  • бо дар назар доштани иктидори молияви ва сарчашмахои вокеии молиявии мавчуда тибки конунгузори тахия намудани барномахои максаднок;
  • такмили низоми назорати молиявии давлати, аз чумла аудити дохили ва беруна;
  • чори намудани низоми самараноки мониторинги молияви дар сохахои тандурусти ва маориф;
  • тахияи низоми чалб ва истифодаи дороихои гайридавлати (ташкилоти ва молияви) дар раванди хифзи ичтимои;
  • такмили механизми дастгирии молиявии бахши хусуси;
  • инкишофи бозори аввалияи карздихи барои манзил, аз чумла тавассути чори намудани стандартхои карздихи барои манзил;
  • тезонидани раванди пешниходи хисоботи молиявии электрони аз чониби субъектони хочагидори;
  • такмили конунгузории сохаи молияви бо дар назар доштани ташаккули рушди ичтимоию иктисодии давлат ва тачрибаи пешкадами чахони;
  • мусоидат ба ташаккули максадноки пасандозхо аз тарафи ахоли бо максади хариди манзил, аз  чумла бо ёрии кооперативхои сохтмони ва амонатгузори.
  1. Андоз яке аз нишонахои давлатдори буда, ифодагари сиёсати мустакилона дар бахши молия мебошад ва махз ба туфайли маблагхои чамъовардаи андоз давлат мавкеву кувваи иктисодиро сохиб мегардад. Дар низоми хукукии Точикистон рушди конунгузории андоз боиси он гардид, ки давлат аз он ба сифати воситаи хукуки чихати таъсиррасони ба иктисодиёти бозори хамчун фишанги мухими механизми танзими давлатии иктисодиёт истифода намуда, бучети давлатиро гани гардонид.
  2. Дар сохаи хукуки андоз як катор мушкилот чой дорад, ки барои халли онхо анчом додани корхои зерин мувофики максад аст:
    • сиёсати хукукии андози Чумхурии Точикистон на ба нигох доштани сатхи баланди меъёри андоз, балки пеш аз хама ба хавасмандгардонии сохибкорон, афзоиши шумораи субъектони андозсупоранда, афзоиши истехсолот ва бо хамин зиёд гардонидани даромади бучети давлати равона карда шавад;
  • бо дар назар доштани сатхи баланди хамгироии иктисодиёти кишвар ба савдои байналмилали чихати ракобатпазири дар чалби сармоя, баробар кардани сатхи андозбанди бо сатхи андози шарикони асосии иктисодиву тичорати ва давлатхои хамсоя;
  • такмили маъмурикунонии андоз бо максади баланд бардоштани сатхи чамъовари, кохиш додани фишори маъмури ба андозсупорандагони бомасъулият, баланд бардоштани дарачаи шаффофияти маблагхои андоз ва тахия намудани механизми пешгуии низоми андоз;
  • пешниход намудани имтиёз барои истехсолкунандагон ва содироткунандагони молу махсулоти ватани бо максади суръат бахшидан ба раванди саноатикунони, рушди истехсолот ва содироти мол;

– бо дар назар доштани талаботи моддаи 13 Конститутсияи Чумхурии Точикистон, ки тибки он замин, сарватхои зеризамини, об, фазои хавои, олами набототу хайвонот ва дигар боигарии табии моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онхоро ба манфиати халк кафолат медихад, аз нав тачдиди назар намудани меъёри андоз барои захирахои табии;

  • бо дар назар доштани тачрибаи пешкадами чахони тахия ва чори намудани роххои муосири андозгири тавассути технологияхои иттилооти;
    • ворид намудани тагйирот ба конунгузории андоз бо максади ташаккули низоми нави сармоягузори аз хисоби паст кардани меъёри андозхо ва хачми чаримахо;
    • ба таъмини ичрои хадафхои макроиктисодии давлат, аз чумла Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 равона кардани сиёсати хукукии андози Чумхурии Точикистон.
  1. Ихтилофот байни санадхои меъёрии хукукии гумруки, норасоихо дар конунгузории гумрук, воридшавии молхои пастсифат ба бозори дохили, чавобгу набудани махсулоти милли ба сифат ва талаботи бозори чахони, хатар ва тахдидхои сиёсии иктисоди ба бозори дохили ва иктисодиёти милли, дуруст рохандози нагаштани хамохангсози ва якхелакунии конунгузории гумрук бо конунгузории кишвархои узви созмонхои байналмилаливу минтакави, рушди кочоки маводи мухаддир дар чахон, ноустувории иктисодиёти милли, мухити носолими ракобат дар сохаи фаъолияти иктисоди хоричи ба самаранокии сиёсати хукукии гумрукии Чумхурии Точикистон таъсири манфи мерасонад.
  2. Аз ин нигох бо максади такмили конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки зарурати анчом додани чунин корхо пеш меояд:
    • такмил додани Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон бо таваччух ба рушди муносибатхои чамъияти дар сохаи фаъолияти гумруки;
    • таъмини хамохангсози ва якхелакунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки бо талаботи Созмони Умумичахонии Савдо, Созмони Умумичахонии Гумрук, давлатхои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва дигар созмону ниходхои байналмилалии молиявию иктисоди;
    • баланд бардоштани сифати танзими гумруки чихати фарохам овардани шароит барои чалби сармоягузори ба иктисодиёти Чумхурии Точикистон, воридшавии даромадхо ба бучети давлати, химояи молистехсолкунандагони ватани, мухофизати объектхои моликияти зехни ва дастгирии фаъолияти савдои хоричи;
    • такмили фаъолияти маъмурияти гумруки, аз чумла рушди низоми идоракунии таваккал дар асоси амалисозии расмиёти гумруки тибки меъёрхои байналмилали;
    • тахкими хамкори бо кишвархои хоричи, созмонхои байналмилалию минтакави дар бахши фаъолияти гумруки, муковимат бо хукуквайронкунихои гумруки ва андешидани тадбирхо дар бахши таъмини амнияти иктисоди, экологи, биологи, санитарию эпидемиологи, иттилооти, радиатсиони ва дигархо;
  • рушди эъломиякунии электронии гумруки ва хизматрасонихои гумруки, тезонидани раванди ташкили равзанаи ягонаи гумруки, аз чумла соддагардони ва мутамарказонии пардохтхои гумруки;
  • соддагардонии расмиёти гумруки тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон;
  • таквияти хамкории макомоти гумрук бо дигар макомоти хифзи хукук дар самти фаъолияти хукукмухофизави;
    • пурзур намудани фаъолияти макомоти гумрук дар самти мубориза бо кочок;
    • андешидани тадбирхо дар бахши бартараф намудани хама гуна хатару тахдидхо ба олами хайвоноту наботот, рохандозии василаи хифз ва пешгирии воридоту содироти гайриконунии онхо;
    • андешидани тадбирхо дар бахши хифзи сихатии ахоли аз воридшавии хама гуна махсулоти хуроквори, дорувори, биологи ва махсулоти дигаре, ки ба саломатии инсон зарароваранд, аз чумла организмхои аз чихати генетики тагйирдодашуда.
  1. Сиёсати хукукии бонки яке аз чузъи таркибии сиёсати молиявии давлати ба хисоб рафта, дар асоси конунхо, дигар санадхои меъёрии хукуки ва мачмуи барномахои давлатии дахлдор ба амал бароварда мешавад.
  2. Дар сохаи фаъолияти бонки як катор мушкилот чой дорад, ки барои халли онхо анчом додани корхои зерин мувофики максад мебошад:
    • ба рушди муносибатхои чамъияти ва талаботи чомеа мутобик гардонидани конунгузории амалкунанда;
    • дар чараёни мураттабсозии конунгузори истифодаи тачрибаи пешрафтаи бонкдории давлатхои тараккикарда;
    • паст намудани фоизи карзхои пешниходшаванда ба шахсони вокеи ва хукуки;
    • пешниход намудани карзхои имтиёзнок барои намояндагони сохибкории хурду миёна;
    • мукаммал намудани раванди назорати бонки, ки ба мониторинги устувории молиявии бонкхо асос меёбад;
    • андешидани чорахои бетаъхир барои бартарафсозии монеахо дар фаъолияти бонкхо;
    • мураттабсозии санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи муносибатхои бонки дар доираи санади ягона – Кодекси бонкии Чумхурии Точикистон.
  3. Дар замони муосир конунгузории чинояти ба сифати яке аз воситахои мухими танзимсозандаи муносибатхои чамъияти баромад намуда, манфиатхои шахс, чомеа ва давлатро аз тачовузхои чинояткорона хифз менамояд. Чахонишави, ба вукуъ омадани шаклхои нави чинояткори, аз кабили терроризм, экстремизм, коррупсия, гардиши гайриконунии маводи нашъаовар ва киберчиноятхо аз давлат талаб менамояд, ки конунгузории чиноятиро давра ба давра такмил дихад.
  4. Таъмини самаранокии сиёсати хукукии чинояти аз халли мушкилихои зерини конунгузории чинояти вобастаги дорад:
  • мутобик намудани меъёрхои конунгузории чинояти ба талаботи санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон;
  • инсондустона (гуманизатсия) гардонидани конунгузории чинояти нисбат ба субъектони муайян, пеш аз хама, шахсони содирнамудаи чиноятхои дарачаи начандон вазнин ва (ё) дарачаи миёна, занони хомила ва заноне, ки кудакони ноболиги то 8 – сола доранд, ноболигон, маъюбон ва нафакахурон;
    • бархам додани чавобгарии чинояти (декриминализатсия) барои баъзе аз кирдорхои чинояти бо дар назар доштани хусусият ва дарачаи ба чамъият хавфнокии онхо тавассути хорич намуданашон аз Кодекси чинояти ва мукаррар намудани чавобгари дар Кодекси хукуквайронкунии маъмури;
    • таквияти афзалиятнокии Кодекси чинояти нисбат ба конунхои пешбиникунандаи мубориза бар зидди чиноятхои алохида (масалан, оид ба муковимат бо савдои одам, терроризм, экстремизм, коррупсия, чиноятхои муташаккил, конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят ба дастовардашуда) дар фаъолияти хукуктатбиккуни;
    • тачдиди назар намудани санксияхои моддахои алохидаи кисми махсуси Кодекси чинояти чихати васеъ намудани чазохои алтернативии ба махрум сохтан аз озоди алокаманд набуда;
    • такмил ва тачдиди назар намудани низоми чазои чинояти бо дар назар доштани татбик нашудани чазохои чинояти дар шакли махдуд кардани озоди ва нигох доштан дар кисми харбии интизоми;
    • тахияи меъёрхои ягонаи мушаххас барои муайян намудани намудхо ва хадди чазо зимни ифодаи санксияхои моддахои кисми махсуси Кодекси чинояти.
  1. Масъалаи ичрои чазои чинояти дар мачмуъ ба вазъи умумии чинояткори дар кишвар, бахусус ба сифат ва дарачаи хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон таъсири калон мерасонад. Дар ин замина, масъалахои ташкили системаи самараноки ичрои чазои чинояти ва ба хаёти ичтимои мутобикшавии вокеии шахсони озодшуда аз чойхои махруми аз озоди ахамияти мухим доранд.
  2. Новобаста аз чой доштани дастовардхои муайян дар сохаи сиёсати ичрои чазои чинояти дар Точикистон боз як катор мушкилоти халношуда дар ин самт то хол боки мемонад. Аз чумла, ташкили системаи ичрои чазои чинояти такмили минбаъда талаб намуда, тарбия ва ислох намудани шахсони махкумшуда дар муассисахои ислохи, мутобикгардонии ичтимоии онхо баъди озод шудан аз чойхои махрум сохтан аз озоди масъалахои халталаби замони муосир мебошанд.
  3. Чихати халли мушкилоти вобаста ба конунгузории ичрои чазои чинояти инхо заруранд:
    • баланд бардоштани самаранокии чазои махрум сохтан аз озоди тавассути татбики дурусти усулхои педагоги-психологии тарбияи махкумшудагон. Бо дар назар доштани он, ки чазои махрум сохтан аз озоди хамчун намуди асосии татбикшавандаи чазо боки мемонад, минбаъд бояд мазмун, шакл ва методхои таъсиррасонии ислохи-тарбиявии махкумшудагон дар асоси принсипи фардисозии ичрои чазо такмил дода шавад;
    • бехтар намудани сифати хизматрасонии тибби чихати пешгирии беморихои сирояти дар байни махкумшудагон;
    • васеъ намудани имкониятхои хукукии татбики чазохое, ки ба махрум сохтан аз озоди алокаманд нестанд. Бо дар назар доштани шароиту имкониятхои давлат зарур аст, ки ичрои чазои чинояти дар баробари ба конунгузории чинояти, мурофиаи чинояти ва санадхои хукукии байналмилали мутобикат намудан, такмил дода шаванд;
    • такмили конунгузори оид ба фарохам овардани шароит чихати ба мехнат чалб намудани махкумшудагон вобаста ба намуди муассисаи ислохи, такмил додани фаъолияти истехсоли-хочаги дар доираи низоми ичрои чазои чинояти ва баланд бардоштани самаранокии иктисодии мехнати махкумшудагон;
    • пешгирии шиканча ва дигар намудхои муносибат ва чазои берахмона, гайриинсони ва тахкиркунандаи шаъну эътибор бо рохи пешбурди корхои фахмондадихи, насби овезахо ва дигар воситахои иттилооти дар байни кормандони системаи ичрои чазои чинояти ва махкумшудагон;
    • коркарди шаклу усулхои нави ташкили кору фаъолияти махкумшудагон, ки ба нигох доштани солимии рухи ва чисмонии онхо, инкишоф додани шаклхои гуногуни худидоракуни дар байни махкумшудагон ва такмил додани чараёни сафедшавии онхо;
    • такмили низоми ба таълими миёнаи умуми ва миёнаи касби фаро гирифтани махкумшудагон;
  • баланд бардоштани самаранокии конунгузории истехсолоти ичро.
  1. Окилона ва самаранок истифода бурдани захирахои табии, хифзи мухити зист аз чумлаи мубрамтарин вазифахои чомеа махсуб мешаванд. Халли мусбати ин масъалахо, дар соха дар навбати худ хамон вакт имконпазир мегардад, ки агар муносибати инсоният бо табиат ва сарватхои табии бо конунхо муайян гашта, идора карда шавад. Муносибати инсон бо мухити зист як сохаи таркиби ва чудонопазири низоми муносибатхои чамъияти мебошад, аз ин ру, бояд мисли дигар сохахо тавассути меъёрхои хукуки танзим ёбад.
  2. Дар замони имруза рушди бемайлони иктисодиёти чахони, илму техника, сохаи саноату кишоварзи боиси афзудани партовхо ва дигар омилхои таъсиррасонии инсон ба мухити зист мешавад, ки ба ташаккул ва инкишофи сохаи хукуки экологи мусоидат менамояд. Дар самти мазкур як катор мушкилоти зерин мавчуд аст, ки барои халли онхо зарур аст:
  • тахлили вазъи идоракунии партовхо дар Точикистон нишон медихад, ки дар хамаи самтхои идоракунии партовхо ислохоти кулли зарур аст. Заминаи конунгузории чории чумхури номукаммал буда, аз чумла бо мукаррарот оид ба истифодабарии  мачмуавии тамоми механизмхои идоракунии партовхо ва нигох доштани захирахо мустахкам нагардидааст;
  • такмили конунгузории экологи, махсусан дар самти хифзи мухити зист ва таъмини ахоли бо оби тозаи ошомидани. Бинобар ин, зарур аст, ки чихати болоравии маърифати хукуки ва экологии шахрвандон чорабинихои фахмондадихиву таргиботи ба таври васеъ амали гардида, дар мавриди зарурат чавобгарии хукуки пурзур карда шавад;
  • мураттабсозии санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи хифзи мухити зист дар доираи санади ягона – Кодекси экологии Чумхурии Точикистон. Азбаски муносибатхо вобаста ба хифзи мухити зист мураккаб ва гуногунтаркиб мебошанд, конунгузории экологи аз меъёрхои сохахои гуногун иборат буда, мувофикан муносибатхои гуногунро танзим мекарданд. Тачдиди назар ба конунгузории сохаи экологи имруз ногузир буда, амалишавии тезтари он барои пешрафти иктисодиёти кишвар ва мустахкамгардии сиёсати хифзи мухити зисти кишвар ахамияти калон дорад.
  • такмили санадхои меъёрии хукуки дар самти пешбурди кадастри давлатии объектхои хифзи мухити зист, мониторинги давлатии экологи, назорати давлатии экологи, аудити экологи ва экспертизаи экологи;
  • тахкими заминахои хукукии хифз ва истифодаи окилонаи захирахои табии бо максади рушди минбаъдаи иктисодию ичтимои;
  • дар доираи конунгузории амалкунанда такмил додани усулхои идоракунии хифзи мухити зист, пурзур намудани фаъолияти милитсияи экологи, назорати прокурори ва назорати давлатии истифода ва хифзи мухити зист;
  • ташаккули заминаи меъёрии хукукии арзёбии таъсиррасони ба мухити зист ва арзёбии стратегии экологи бо максади хавасмандгардонии ахоли ва субъектхои хочагидори ба хифзи мухити зист ва чори намудани принсипхои «иктисодиёти сабз»;
  • такмил додани Кодекси оби Чумхурии Точикистон бо максади танзими муносибатхо оид ба истифодаи окилона ва хифзи захирахои об ва татбики хадафхои стратегии рушди устувор;
  • диверсификатсияи истехсолоти кишоварзи, чори намудани навоварихо бо дар назар доштани таъсири камтарин ба мухити зист ва сифати заминхо, тахияи чорабинихо оид ба иваз намудани моддахои кимиёвии то андозае хатарнок ба фоиданокии имконпазир.
  1. Замин яке аз чузъхои асосии табиат буда, сарвати мухими чамъияту давлат мебошад. Асоси иктисодиёти тамоми давлатхоро замин ва сарватхои он ташкил медихад. Дуруст истифода набурдани замин як катор мушкилотро дар чомеа ба миён меорад, аз кабили мушкилоти ичтимои, иктисоди, экологи, хукуки ва сиёси. Мубрам будани масъалахои хукукии замин инчунин дар он зохир мегардад, ки хама вакт бояд дар назар дошт, ки замин на танхо боигарии табиат, сарчашмаи хаёт, балки захираи табиат ва пеш аз хама объекти моликият низ мебошад, ки истифодаи самараноки он бояд ба таври дуруст ба рох монда шавад.
  2. Тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халк кафолат медихад. Бо максади танзими раванди таксими замин дар махалхо, истифодаи самараноки он, бехдошти холати мелиоративи ва хосилхезгардонии замин, пешгирии омилхои муомилоти гайриконунии замин, тартиби амалигардонии чорабинихои заминсози, ташкили заминистифодабарии нав ва мавчуда конунгузории сохаи замин аз мониторинги хукуки гузаронида шуда, санади меъёрии хукукии ягонаи мукаммал – Кодекси замини Чумхурии Точикистон дар тахрири нав кабул карда шавад. Дар мачмуъ тачрибаи заминистифодабарии кишвар ифодаи он аст, ки номукаммалии конунгузории замин инкишофи муътадилии ин муносибатхоро бозмедорад.
  3. Бехтар намудани танзими хукукии муносибатхои заминистифодабари ва халли мушкилоти дар ин самт чойдошта анчом додани корхои зеринро талаб менамояд:
  • тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки бо дар назар доштани хадафхои нави сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи истифодаи замин ва самтхои танзими хукукии муносибатхои вобаста ба замин;
  • такмили конунгузори дар самти бахои замин ва муайян намудани арзиши вокеии китъаи замин бо максади дуруст муайян намудани андоз аз китъаи замин, ичорапули, арзиши бозории хукуки истифодаи китъаи замин ва дигар пардохтхо ба китъаи замин;
  • такмили конунгузори дар самти бакайдгирии давлатии хукуки истифодаи китъаи замин ва хуччатхои тасдиккунандаи ин хукук, оид ба халли бахсхои замин, хифзи хукук ба хукуки истифодаи китъаи замин ва асосхои катъгардии хукуки истифодаи китъаи замин;
  • такмили санадхои меъёрии хукуки дар самти хифзи замин, заминсози, кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;
  • мушаххас намудани талаботи конунгузори дар самти тартиби чудо ва муайян намудани сахми хукуки истифодаи китъаи замин;
  • муайян намудани механизми дар амал татбик намудани бозори хукуки истифодаи китъаи замин.
  1. Яке аз афзалиятхои сиёсати хукукии кишоварзии Чумхурии Точикистон ин бунёди давлати индустриаливу аграри мебошад. Дар шароити имруза сиёсати давлати оид ба таъмини амнияти озукавори инкишофи сохаи кишоварзи на ба истехсолоти ашёи хом, балки истехсоли махсулоти нихоие, ки бевосита ба истеъмолкунандагон пешкаш карда мешавад, содироти махсулоти кишоварзи, вусъат ва инкишофи богдори, чорводори, занбурпарвари, мохипарвари, вусъат додани истехсолоти пахта ва дигархо равона гардидааст. Чунин талабот истехсоли на танхо махсулоти кишоварзи, балки саноати коркарди махсулоти кишоварзиро низ такозо менамояд.
  2. Конунгузории кишоварзиро дар самтхои зерин такмил додан зарур аст:

– такмил додани конунгузории кишоварзи бо максади таъмини бозори дохили бо маводи озукавори, таъмини саноати коркарди ашёи хом, инчунин баланд бардоштани иктидори содиротии кишвар;

  • ташаккули низоми идоракунии захирахои замин ва об дар асоси таксимоти одилона ва устувори онхо барои парвариши зироатхои кишоварзи;
  • бо максади бехтар намудани холати мелиоративии заминхо, азхудкунии заминхои нави обёришаванда ва баркарорсозии заминхои аз гардиши кишоварзи берун монда тахия ва кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мелиоратсияи заминхо»;
  • такмили конунгузории байтори дар самти хизматрасони, фаъолияти байтории хусуси ва гайра;
  • такмили конунгузори дар самти хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи бо максади вусъат додани рушди истехсолоти хочагихои кишоварзи, баланд бардоштани хосилнокии заминхои таъиноти кишоварзи;
  • ташаккул ва рушди судманди низоми сугурта дар сохаи кишоварзи яке аз вазифахои асоси ба хисоб рафта, тахия ва кабули Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сугуртаи кишоварзи»-ро такозо менамояд, ки он барои ширкатхои сугуртавии ватани ва хоричи шартхои нисбатан чолибро фарохам оварда, имкон медихад, ки барои сармоягузории бахши кишоварзи шароити зарури таъмин карда шавад;
  • барои таъмини хукукии рушди инфрасохтори бозори ва танзими бозори озукавори кабули Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи харид ва захираи махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озукавори барои эхтиёчоти давлати», хамзамон танзими хукукии фаъолияти ташкилотхои худтанзимшавандаи бахши кишоварзи (иттиход ва ассотсиатсияхои сохавии молистехсолкунандагони кишоварзи) мувофики максад аст;
  • мукаммал гардонидани конунгузори дар бахши дастгирии давлатии сохахои комплекси агросаноати;
  • рушди таъминоти техникии кишоварзи бо истифода аз лизинги молияви ва агротехники.
  1. Бо таваччух ба ахамияти мухим доштани сохаи энергетика дар сиёсати давлатии Точикистон зарурати танзими мушаххаси хукукии масъалахои вобаста ба рушди ин соха ба миён меояд. Дар ин сохаи мухими стратеги бартараф намудани мушкилоту камбудихои мавчудаи хукуки, инчунин андешидани тадбирхо доир ба истифодаи окилонаву сарфакорона аз захираву имкониятхои энергетикии кишвар, дуруст ба рох мондани истифодаи харчи пурра ва самарабахши иктидорхои иншооти мавчудаи энергетики, андешидани тадбирхо барои таъмини истиклолияти энергетикии кишвар дар навбати аввал меистад.
  2. Бо максади халли мушкилоти мавчуда анчом додани чунин корхо мувофики максад аст:
  • тахлил ва омузиши заминахои хукукии сохтмон, истифода ва азнавсозии силсилаи неругоххои барки дар дарёхои кишвар бо дар назар доштани зиёд гардидани талабот ба «энергияи сабз»;
  • таквият додани заминахои хукуки чихати пурра истифода бурдани имкониятхои мавчуда, аз чумла бо рохи фарохам овардани шароити мусоиди иктисоди барои чалби сармоягузории дохили дар самти сохтмони неругоххои хурду миёна, истехсол, истифода ва фуруши неруи барк;
  • таквият додани рушди хамкорихои байналмилали дар самти интикол ва фуруши неруи барк дар заминаи санадхои хукукии байналмилали;
  • бо таваччух ба ахамияти стратеги доштани сохаи энергетика ва бо максади таъмини истифодаи он ба манфиати ахолии кишвар нигох доштани монополияи давлат дар ин соха ва тахкими асосхои хукуки дар ин самт;
  • мукаммал намудани асосхои конунгузори барои механизми идоракунии истифодаи захирахои энергетики ва хифзи мухити зист хангоми амалинамоии фаъолияти энергетики;
  • танзими нахргузории имтиёзноки истифодаи неруи барк ба ахолии кишвар бо дар назар доштани манбаи асосии тавлиди неруи барк будани об, ки он тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодабарии самараноки онро ба манфиати халк кафолат додааст.
  1. Бо рушди мавкеи инсон дар хама сохахои ичтимои ва иктисоди, талабот ба танзими хукуки граждани зиёд мегардад. Дар ин чода Кодекси граждании Чумхурии Точикистон накши маркази дошта, танзими муносибатхои молумулки ва гайримолумулкии ба худмухтори ва баробари асосёфтаи иштирокчиёни онро анчом медихад. Бахри амали намудани хадафхои асосии Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 зарур аст, ки дар заминаи дастовардхои илми хукуки граждани ва хусусияти милли касб намудани сиёсати хукукии граждани бояд конунгузории граждани такмил дода шавад. Барои ин зарур аст, ки ин корхо анчом дода шаванд:
  • танзими хукукии муносибатхои граждани бо дар назар доштани рох надодан ба гуногунии мавзуи танзими хукуки граждани бо мавзуъхои сохахои дигари хукуки хусуси, бахусус дар чараёни мураттабсозии конунгузори;
  • дар конунгузории граждани ба масъалаи хифзи хукукхои гайримолумулки фасли мустакил чудо нашудааст, ки тавонад тамоми хусусиятхои ин падидаро фаро гирад. Ин дар холест, ки он яке аз зерсохаи мухими хукуки граждани ба шумор меравад. Тавсифи алохидаи ин хукукхо дакикиро ба миён оварда, боиси фаъолгардии сохибхукук шуда метавонад. Дар ин масъала тавозун байни зерсохахои хукуки граждани вайрон гардидаанд. Аз ин нуктаи назар бехтар аст агар хукукхои гайримолумулки дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон хамчун як фасли алохида танзим гарданд. Дар он мукаррароти умуми ва хукукхои гайримолумулкие, ки хастии табии ва ичтимоии шахси вокеиро таъмин мекунанд, метавонад пешбини гардад;
  • дар муомилоти граждани гирифтани розигии шахси дигар (махсусан падару модар ё дигар шахсон) зиёд ба назар мерасад. Аз хамин лихоз, бояд дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон меъёрхои мушаххас доир ба шакл ва тартиби гирифтани чунин розиги ва окибати хукукии он мушаххас гардад;
  • дар танзими ухдадорихое, ки дар натичаи расонидани зарар ба миён меоянд, як катор мухолифат ва норасоихо мушохида мешаванд. Хусусан чунин вазъ дар мавриди чавобгарии макомоти давлати, макомоти худидоракунии махалли ва шахсони мансабдор чой доранд. Аз ин ру, бо дар назар доштани конунхои махсус боби дахлдори Кодекси граждании Чумхурии Точикистон бояд такмил дода шавад;
  • кисми сеюми Кодекси граждании Чумхурии Точикистон аз лихози мукаррар намудани коидахои умуми тахия шудааст, вале мутаассифона тачрибаи зиёда аз дахсолаи татбики он нишон дод, ки дар кисми моликияти зехни он чандон самаранок намебошад. Дар ин муддат санадхои зиёди меъёрии дорои сатхи гуногун кабул шудаанд, вале бо сабаби набудани мукаррароти умуми баъзан дар фахмиш ва татбики онхо мушкилот ба вучуд меояд. Бинобар ин, зарурати такмили кисми сеюми Кодекси граждани дар бахши моликияти зехни пеш омадааст. Дар хамин кисми кодекс зарурати муайян намудани хусусиятхои ба мерос гузаштани корхона, воситахои наклиёт, хукукхои истиснои, хукуки истифодаи китъаи замин ва гайра, супоришхои меросгузор ва хиссаи хатмии мероси тибки конун ба вучуд омадааст;
  • бо сабаби ба вучуд омадани муносибатхои нави чамъияти дар сохаи манзил тезонидани раванди тахия ва кабули Кодекси манзили Чумхурии Точикистон;
  • бо максади танзими муносибатхои марбут ба сохтмони манзил бо чалби маблагхои шахсони вокеию хукуки ва таъмини манфиатхои конунии сахмгузорон тахияи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи шарикии хиссаги дар сохтмони манзили истикомати».
  1. Сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими хукукии акди никох ва оила бо максади амали намудани мукаррароти моддаи 33 Конститутсияи Чумхурии Точикистон, аз он чумла таъмини хукуки инсон ба ташкили оила, солимии оила, тарбияи фарзандон равона гардидааст. Хамзамон, раванди афзоиши катъи акди никох дар чумхури, амали гардидани хадафхои сиёсати хукукии Чумхурии Точикистонро дар сохаи акди никох ва оила халалдор мекунад. Аз ин хотир, мониторинги мунтазами кайд ва катъи акди никох, омилхо ва сабабхои он, тахрезии роххои мустахкам намудани оила яке аз хадафхои афзалиятноки сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи акди никох ва оила мебошад.
  2. Сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи акди никох ва оила бо чалби васеи ниходхои чомеаи шахрванди дар бобати мустахкам намудани оила амали карда мешавад. Чалби макомоти худфаъолияти чамъияти (шурои махалла, кумитаи махалла, кумитаи манзил) дар кори таблиготиву ташвикоти бо максади мустахкам намудани оила дар назар дошта мешавад. Бо максади танзими фаъолияти миёнарави дар халли низоъхои дохилиоилави кабули санади конунгузории дахлдор ба максад мувофик мебошад.
  3. Самтхои асосии танзими муносибатхои оилави рохандозии масъалахои зеринро талаб мекунад:
  • танзими хукукии муносибатхои оилави бо дар назар доштани арзишхои милли;
  • такмили конунгузории оилави бо дар назар доштани мушкилоти мавчуда;
  • баланд бардоштани масъулияти макомоти дахлдори давлати, муассисахои давлати ва дигар ташкилотхо бахри татбики пурраи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
  • дар самти мустахкам кардани оила давра ба давра таъсис додани фонди давлатии таъмини алимент, фонди давлатии манзили истикомати барои модарони танхо бо дар назар доштани вазъи иктисодии кишвар.
  1. Бо максади таквияти хадафхои давлати ичтимои ва такмили асосхои хукукии таъмини кафолати давлатии химояи маъюбон ва кудакони ятиму бепарастормонда кабули Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи васоят ва парастори» мувофики максад аст.
  2. Иктисоди бозори ва дастгирии бахши хусуси, аз чумла фаъолияти сохибкори заминаи асосии пешравии иктисодиёти ватани ва рушди давлатдори гардида истодааст. Ру овардани чомеа ба иктисоди бозори, кафолат додани фаъолияти озоди иктисоди, сохибкори ва дигар фаъолиятхои бо конун манънашуда дар сатхи конститутсиони, озодии ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори, мухайё намудани фазои ягонаи иктисоди, шомилшавии кишвар ба Созмони Умумичахонии Савдо, фарохам овардани фазои мусоиди хукуки чихати кафолат додани гуногуншаклии моликият, аз чумла моликияти хусуси омили асосии рушди сохибкори ва такомул ёфтани он дар кишвар гаштааст.
  3. Дар баробари ислохоти гузаронидашуда дар ин бахш анчом додани корхои зерин, ки ба рушди фаъолияти сохибкори заминаи мусоид фарохам меорад, мувофики максад аст:
    • омузиши зарурат ва асоснокии тахияи Кодекси сохибкории Чумхурии Точикистон;
    • тахияи тартиби пешниходи дастгирии давлати ва имтиёзхо барои истехсолкунандагон ва содироткунандагони молу махсулоти ватани бахри воридоти тачхизоту технологияхои нав;
    • гузаронидани омузиш ва тахлилхои илми бо дар назар доштани тачрибаи давлатхои пешкадам оид ба пешбини намудани имтиёзхо чихати ворид намудани ашёи хом барои рушди фаъолияти сохибкории истехсоли;
    • такмили конунгузори дар самти кам кардани санчишхои фаъолияти субъектхои хочагидор ва боз хам шаффофу содда гардонидани онхо;
    • баланд бардоштани масъулияти Бонки миллии Точикистон чихати назорати катъии фаъолияти ташкилотхои карзи, хифзи хукуку манфиатхои конунии амонатгузорон, пеш аз хама, нигох доштани эътимоди ахоли ва ичрои ухдадорихои бонки;
    • фарохам овардани шароити хукуки барои рушди босуръати минтакахои озоди иктисоди ва худудхои индустриализатсияи нав;
    • рушди    инфрасохтори    инноватсиони  –  шабакаи    интиколи

технологияхо, миёнаравхои технологи, системахои экспертизахо, сертификатсия, стандартизатсия ва аккредитатсия;

  • ташаккули мухити ракобатнок дар истехсолот ва бозори мол (кор, хизматрасони);
  • кам ва содда намудани низоми ичозатномадихи;
  • рушди шарикии давлат ва бахши хусуси барои маблаггузории лоихахои мухим оид ба инкишофи инфрасохтори истехсоли, аз чумла бо иштироки сармоягузорони хоричи;
  • бо максади рушди фаъолияти сохибкори такмили санадхои меъёрии хукуки дар самтхои бакайдгирии электронии сохибкорон, гирифтани ичозатномахо, сертификатхо ва дигар хуччатхои зарури тарики электрони, супоридани хисоботхои электрони ба макомоти андоз, омор ва дигар сохторхои марбута,  фаъол намудани истифодабарии имзои электрони, рушди идоракунии электронии корпоративи, рушди савдои электрони ва гайрахо.
  1. Дар солхои истиклолияти давлати дар кишвар инкишофи танзими давлативу хукукии фаъолияти сайёхи ва инфрасохтори сайёхи хеле фаъол гардид. Пешрафти хизматрасонии сайёхи, эътироф гардидани сохаи сайёхи хамчун сохаи афзалиятноки рушди иктисодиёти мамлакат, аъзо шудани кишвар ба Созмони Умумичахонии Сайёхи, такмили конунгузории Чумхурии Точикистон дар бахши ташкилу танзими хукукиву давлатии фаъолияти сайёхи талаб намуд, ки асосхои хукуки ва ташкилии сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи сайёхиро ташкил медиханд.
  2. Омилхое, ки ба самаранокии сиёсати хукукии давлат дар сохаи сайёхи таъсири манфи мерасонанд, дуруст ва самаранок истифода нашудани имкониятхои мавчуда дар сохаи сайёхи ва пурра инкишоф наёфтани инфрасохтори сайёхи, ба стандартхои байналмилали чавобгу набудани сифати хизматрасонии сайёхи, нокифоя будани танзими давлати ва дастгирии сайёхии дохиливу хоричи, паст будани сатхи сармоягузори дар сохаи сайёхи мебошад.
  3. Барои халли масъалахои хукуки ва рушди сохаи сайёхи анчом додани корхои зерин мувофики максад аст:
  • кабул намудани таснифи ихтисос ва касбхои сохаи сайёхи дар Чумхурии Точикистон бо таваччух ба талаботи бозори мехнат, омода намудани стандарти касбии кормандони инфрасохтори сайёхи бо дар назар доштани самтхои нави ихтисосхои сохаи сайёхи;
  • мусоидат ба инкишофи пардохти гайринакди дар низоми савдо ва хизматрасонихо;
  • дастгирии рушди хамкорихои байналмилалии сайёхи;
  • ташаккули мухити ракобатнок дар бозори хизматрасонихои сайёхи;
  • имтиёз додан, мусоидат кардан барои ворид намудани техника ва тачхизоти барои рушди сайёхи мусоидаткунанда.
  1. Гузариш ба иктисоди бозори танзими шартномавии муносибатхои мехнатиро бемайлон афзун намуд. Муносибатхои иктисодии бозори боиси дигаргунии мохият ва мазмуни муносибатхои хукукии мехнати, усул, сарчашмахо ва принсипхои танзими хукукии муносибатхои мехнати гардид.
  2. Дар сохаи хукуки мехнат як катор мушкилихои хукуки низ чой доранд, ки барои халли онхо зарурати анчом додани корхои зерин ба максад мувофик мебошад:
  • тачдиди назар намудани санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи масъалаи будубоши шахрвандони хоричи дар Чумхурии Точикистон дар иртибот ба фаъолияти мехнатии онхо;
  • тадричан мутобик намудани музди маоши кормандони сохахои бучети ба талаботи шароити зиндагии арзанда ва тачдиди назар намудани таснифоти тарифии андозаи музди мехнати хизматчиёни давлати ва дигар кормандони сохахои бучети;
  • чори намудани кумакпулии яквактаинаи ичтимои хангоми баромадан ба рухсатии навбатии мехнати;
  • такмили заминахои хукукии хифзи мехнат ва таъмини техникаи бехатари;
  • мунтазам ба рох мондани индексатсияи музди мехнат, муайян намудани хад ва тартиби индексатсия;
  • батанзимдарории тартиби баррасии тосудии бахсхои мехнати;
  • тачдиди назар намудани мутобикати маоши хадди акал ба сабади истеъмоли;
  • пешбини намудани чавобгарии интизомии корфармо ва тартиби он;
  • бо максади таъмини хифзи хукуку манфиатхои конунии мухочирони мехнати идома додани такмили конунгузори ва густариш додани муносибатхои байналмилали бо давлатхои кабулкунандагони мухочирони мехнати.
  1. Дар баробари ба даст овардани Истиклолияти давлати тагйироти амики ичтимоиву иктисоди дар чомеа ба вукуъ пайваст ва он таъсири худро ба сатхи некуахволии табакахои ниёзманди чумхури расонид. Дар раванди дигаргунсозихо ва гузариш ба иктисоди бозори, чумхури бо зарурати аз нав дида баромадани усулхои бунёдии сохаи сиёсати ичтимои, махз дар сохаи хифзи ичтимои ва кафолатхои ичтимои дучор омад. Низоми мураттаби хифзи ичтимои бо иктисодиёти давраи гузариш унсури мухими рушди иктисоди, устувории ичтимои ва суботи сиёси мебошад. Мархалаи кунунии рушди чомеа бо мавчудияти бекории пинхони, тафрикаи намоёни вазъи ичтимои, имконияти то андоза махдуди иктисодии кисми асосии ахоли дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон вазифаи ислохоти низоми хифзи ичтимоии ахолиро гузошт.
  2. Дар сохаи хукуки таъминоти ичтимои анчом додани чунин корхо мувофики максад аст:
    • таъмини самаранокии танзими хукукии муносибатхои таъминоти ичтимои бо дар назар доштани мутаносибии байни сабади истеъмоли ва нарххои вокеии бозори;
    • чори намудани механизми таъминоти ичтимои барои баркарор намудани кобилияти кори хангоми ба рухсатии мехнати баромадани корманд;
  • амалигардонии рушди низоми гайридавлатии таъминоти нафака бо дастгирии бевосита ва назорати доимии давлати;
  • тахия ва чори намудани механизмхои амалии сугуртаи хатмии тибби ва рушди тадбирхои оммави оид ба ташаккули тарзи хаёти солим;
  • бунёд ва чори намудани низоми «равзанаи ягона» дар раванди бакайдгири ва бурдани шаклхои алохидаи хифзи ичтимои, тахия ва чори намудани механизмхои муносиби маблаггузории таъминоти ичтимои;
  • аз байн бурдани махдудиятхо хангоми пардохти нафакапулихои сугуртави (мехнати), чори намудани механизмхои озодона ихтиёрдори намудани андухти нафакави, мероси нафака аз чониби шахси нафакагир;
  • хифзи ичтимоии оилахо ва кудакони дар вазъи мушкили хаёти карордошта тавассути пешниходи кумакхои унвонии ичтимои ва хизматрасонии ичтимои дар асоси арзёбии дарачаи ниёзманди, тахия ва чори намудани стандартхои минималии хизматрасонихои ичтимои;
  • бо максади бехтар намудани вазъи ичтимоии заноне, ки дар рухсатии нигохубини кудак карор доранд, тачдиди назар намудани андозаи кумакпули вобаста ба нигохубини кудак;
  • ба таври дахлдор ба рох мондани хизматрасонии таълими ва тиббии ройгон ба кишри камбизоати ахоли.
  1. Айни замон дар Чумхурии Точикистон хукуки мурофиавии граждани, ки адолати судиро оид ба парвандахои граждани, дастрасии он, сари вакт, муносиб ва самаранок химоя гардидани хукук ва озодии шахсият, манфиати чомеа ва давлатро дар бештари мавридхо таъмин менамояд, амал мекунад. Хукуки мурофиавии граждании амалкунанда ба принсипхои конститутсионии мубохисави, баробархукукии тарафхо, диспозитиви ва ошкоро будани баррасии парвандахои граждани дар суд асосан мутобик буда, меъёрхои он чавобгуи талаботи стандартхои байналмилалии мухокимаи одилонаи суди мебошад.
  2. Хамзамон, дар самти рушди хукуки мурофиавии граждани анчом додани корхои зерин мувофики максад аст:
    • муайян намудани роххои бехтар кардани таъмини саривакти, матлуб ва самаранок анчом додани адолати суди оид ба парвандахои граждани, хамзамон дастрасии адолати суди оид ба парвандахои граждани ба максади вокеан амали гаштани хукуки конститутсионии хар кас ба химояи суди;
    • тавсеаи амали принсипхои мубохисави, диспозитиви, ошкоро будани мухокимаи адолати суди оид ба парвандахои граждани, хамчунин баркарор намудани принсипи бефосилагии мухокимаи судии парвандахои граждани;
  • мушаххасгардонии давраи омодасозии парвандаи граждани ба мухокимаи суди тавассути пешбини намудани мухлати чудогонаи давраи зикршуда, такмили раванди пешниходи далелхо ва мубодилаи хуччатхои мубохисави;
    • рушди институти мухокимаи суди дар суди мархилаи назорати бо рохи тачдиди назар намудани мухлатхо, ихтисори зинахои давраи мазкур, инчунин махдуд кардани асосхои бекор кардани санадхои суди;
    • бо максади таъмини шаффофияти мурофиаи судии граждани ва бо дар назар доштани тачрибаи пешкадами чахони такмили конунгузори вобаста ба дастраси ба маълумот дар бораи фаъолияти судхо;
    • пешбини намудани медиатсия хамчун шакли барраси ва хал намудани бахсхои хусусии хукуки ва такмили мухокимаи судии хаками;
    • такмили давраи истехсолоти ичро бо рохи тачдиди назар намудани воситахои таъмини ичрои санадхои суди тавассути чавобгарии маъмури ва чинояти, бартараф намудани номувофикати байни меъёрхои хукуки модди ва танзимкунандаи истехсолоти ичро.
  1. Тибки Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон мурофиаи чинояти дар асоси эътирофи принсипхои химояи суди, эхтимолияти бегунохи, мубохиса ва баробарии тарафхо, ошкоро будани мухокимаи суди ва дигархо ба рох монда шудааст. Мурофиаи чинояти аз мурофиаи айбдоркуни ба мурофиаи мубохисави табдил дода шуд. Мурофиаи чинояти чун тарзи маъруфи хифзи хукуки инсон аз тачовузхои чинояткорона ва аз гайриконуни махдуд намудани хукук ва таъкиби беасос оид ба парвандаи чинояти эътироф шуда, бахри таъмин намудани адолат равона карда шудааст. Чунин фахмиши мурофиаи чинояти гояи асоси буда, дурнамои рушди сиёсати хукукии давлатро дар чодаи адлияи чинояти ифода менамояд.
  2. Муносибати байнихамдигарии шахсият бо давлат аз халлу фасли одилонаи парвандахо аз чониби макомоти тафтишоти ва суди вобастаги дорад. Стандарти мухокимаи одилонаи парвандахои чиноятиро махз конунгузории мурофиавии чинояти пешбини менамояд, ки бинобар рузафзун будани талаботи инсон бояд мунтазам такмил ёбад.
  3. Бо таъмин намудани мурофиаи одилонаи суди оид ба парвандахои чинояти корхои зерин бояд пеш бурда шавад:
    • мохияти консепсияи сиёсати хукуки то шуури хар як шахрванд расонида шавад. Мухим аст, ки мазмуни мурофиаи чинояти хамчун тарзи маъруфи хифзи хукуки инсон аз тачовузхои чинояткорона ва аз гайриконуни махдуд намудани хукук ва таъкиби беасос оид ба парвандаи чинояти дарку талкин карда шавад. Максади чунин мурофиа таъмин намудани адолати хукуки ва субот (ороми) мебошад;
    • инкишофи хукуки мурофиаи чинояти бар асоси гояхои конститутсионии мурофиаи чинояти, стандартхои мухокимаи одилонаи суди, вобаста ба талаботи хаёт, амалия ва имконияти давлат бояд сурат гирад;
    • механизм ва тартиби мурофиавии ичрои мукаррароти конститутсиони ва стандартхои байналмилалии мухокимаи одилонаи суди хаматарафа ва мукаммал тахия ва амали карда шавад (аз чумла, ёрии хукуки, гарав, ба тафтишоти иловаги баргардонидани парванда аз давраи мухокимаи суди, тартиби баррасии судии шикоят аз карори прокурор ё тартиби ба тарики кассатсиони барраси намудани шикоят аз болои татбики хабси пешаки ва гайра);
    • арзиши оли эътироф шудани инсон, хукук ва озодихои у, афзалияти он хангоми тахияи конунгузори оид ба мукаррар намудани макоми мурофиавии чабрдида ва гумонбар ба инобат гирифта шудааст, вале механизми амали намудани он тавассути тартиботи мурофиави мукаммал нашудааст. Бо дар назар доштани максади мурофиаи чинояти, яъне таъмин намудани адолати суди, таъмин намудани тавозуни манфиати шахс ва давлат, бо ба инобат гирифтани кадру кимати инсон, ахволи бади чабрдида, имконияти бахшидани гунохи хамдигар дар мурофиаи чинояти бояд тархи барномахое раво дониста шаванд, ки бахри баркарор намудани адолат, хукук ва манфиатхои поймолгашта равона шуда бошад. Ба маънои дигар, адолати суди характери чазодиханда не, балки тарбиявию баркароркунанда гирад. Максади асосии адлияи баркароркунанда ин аст, ки гунахгор дар он ухдадор мешавад, ки зарари ба чабрдида расонидаро ба рохи конуни чуброн намояд ва давлат ба он мусоидат кунад. Бинобар ин, дар самти адлияи чинояти барномаи вохурии чабрдидаву гумонбаршаванда, ошти бо чабрдида, чуброни зарари чабрдида, иваз шудани чазои махруми аз озоди ба намудхои дигари чазо, татбики барномаи табобати майзадаги ва ё нашъаманди бар ивази таъкиби чинояти, истифодаи чорахои хавасмандгардонии мусоидату ёри ба мурофиаи чинояти васеъ истифода карда шаванд;
    • низоми конуният дар мурофиаи чинояти бояд риоя карда шавад. Ин ба макомот ва шахсони мансабдор ва хам ба дигар иштирокчиёни мурофиаи дахл дорад, дар акси хол мурофиа (тартиботи дахлдори хукуки) маънои худро гум менамояд. Аз ин ру, коидаи беъэтибор донистани натичахои амалхои гайриконуни, истисно намудани далелхои гайриконуни тахия ва ба Кодекси мурофиаи чинояти ворид карда шуда, чавобгарии мурофиавии иштирокчиён амали карда шавад;
    • ба фаъолияти оперативи-чустучуи, хамчун фаъолияти мухими мусоидаткунанда ба мурофиаи чинояти, ки пинхони ва яктарафа анчом меёбад, муносибат намуда, дар оянда чанбахои мурофиавии ин фаъолият коркард шуда, натичаи онро тибки коидаи далеловари бо конунгузори ба расмият медарорад, ки дар мурофиаи чинояти мавриди истифода карор дода шавад;
    • аз давраи мухокимаи суди баргардонидани парвандаи чинояти ба тафтиши иловаги ба принсипи химояи суди, хукук ба мухокимаи одилонаи суди, хукуки махкум шудан бидуни мавкуфгузории беасос мухолифат мекунад ва ин мукаррарот бояд тачдиди назар карда шавад;
    • фаъолнокии принсипхои озоди ва ихтиёри дар мурофиаи чинояти густариш дода шавад. Вобаста ба ин, институтхои сохаи хукуки мурофиаи чинояти такмил дода шаванд. Аз чумла, теъдоди чиноятхое, ки ба тартиби хусуси тафтиш карда мешаванд, бояд зиёд шуда, мухокимаву баррасии он танхо аз чониби суд ба амал бароварда шавад;
    • истифодабарии руёнидани зараре, ки дар натичаи амали гайриконунии суд ва макомоти таъкиб ба шахс расонида шудааст, хамчун кафолати амали дуруст ва конунии давлат барраси карда шавад;
    • хусусиятхои пешбурди парвандахои чинояти нисбат ба доираи муайяни шахсони мансабдор омода карда шавад;
    • бо дар назар доштани мансубият ва кобили кабул будани далелхои барои тафтиши парвандаи чинояти чамъоварда, гузаронидани экспертиза аз чониби макомоти дар як вакт тахкик ва тафтиши пешакиро амаликунанда тачдиди назар карда шавад.
  1. СИЁСАТИ ХУКУКИ ДАР СОХАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ХУКУКИ, ТАРГИБУ ТАШВИКИ ХУКУКИ ВА ЁРИИ ХУКУКИ
  1. Баланд бардоштани сатхи маърифат ва шуури хукукии ахоли, таълим ва тарбияи хукукии шахрвандон яке аз самтхои мухими сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон махсуб мешавад ва хамчун фаъолияти макомоти давлати, муассисахо, ташкилотхои чамъиятию сиёси, шахрвандон оид ба муайян намудани максадхо, вазифахо, афзалиятхо, воситахо, шаклхои тарбияи хукуки баромад намуда, тавассути таъмини сатхи баланди маърифати хукуки, таргиби хукуки, инкишофи илми хукукшиноси ва тарбияи кадрхои хукукшиносони касби амали мешавад.
  2. Тарбияи хукуки чузъи чудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёси, ахлоки, мехнати, эстетики ва намудхои дигар тарбияи инсон бояд анчом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якчояи хамаи намудхои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи хукуки бо дар назар доштани арзишхои ахлоки, фарханги милли, мероси таърихи, одату арзишхои милли ба амал бароварда мешавад.
  3. Сиёсати хукуки дар сохаи таълими хукуки халли вазифахои зеринро пешбини менамояд: тарбияи кадрхои хукукшиноси касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти хукуки дар шароити вусъати равобити байналмилали омода мебошанд, такмили сиёсати тахсилот дар сохаи тарбияи кадрхои хукукшинос, баланд намудани сатхи донишомузии хукуки байналмилали бо дар назар доштани дурнамои халли бахсхои хукуки дар судхои байналмилали, такмили тахассус пас аз гирифтани тахсилоти олии касбии хукукшиноси, омода намудани кадрхои дорои донишхои махсуси иттилооти дар шароити васеъ шудани иттилои хукуки, тахдидхо ба амнияти иттилоотии чумхури, тарбияи кадрхои нави хукукшиносон, ки барои кор дар шароити рохандозии хукумати электрони, истифодаи технологияхои иттилооти дар амалияи хукукшиноси омодаанд, мустахкам намудани унсурхои иттилооти ва технологии сиёсати тахсилот бо дар назар доштани ворид шудани технологияхои иттилооти дар амалияи хукукшиноси, аз чумла чори намудани махзани иттилоотии санадхои меъёрии хукуки ва хуччатхои хукуки, иттилоъгардонии фаъолияти суди, тафтишоти, мурофиави, оперативи-чустучуи, иттилои хукуки дар сохаи мубориза бо чинояткори.
  4. Сатхи баланди маърифати хукукии шахрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти хукуки вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эхтиром нисбат ба конун ва санадхои дигари меъёрии хукуки хамчун воситаи асоси ва калидии батанзимдарории муносибатхои чамъияти, паст шудани сатхи нигилизми хукуки, инчунин дар ботини шахс ба вучуд овардани эътикод ба рафтори хукуки, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба мукаррароти санадхои меъёрии хукуки мусоидат намояд ва шахрванд худро дар чомеа комилан озод ва бехатар эхсос намояд.
  5. Барои баланд бардоштани маърифати хукукии ахоли андешидани чорахои зерин мувофики максад аст:
  • чоннок кардани корхои таргиб ва ташвики хукуки дар асоси хамохангсозии фаъолияти тамоми субъектони таргиб ва ташвики хукуки;
  • таъмини макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати, бахусус макомоти хифзи хукук бо нашрияи расмии иттилооти-хукуки;
  • ба таври васеъ ба ахоли дастрас намудани санадхои меъёрии хукуки ва тагйиру иловахо ба онхо;
  • таъсис додани сомонаи ягонаи милли бо чойгир кардани тамоми санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи Чумхурии Точикистон;
  • такмил додани механизми коркарди мурочиати шахсони вокеи ва хукуки хамчун унсури мухими баланд бардоштани маърифати хукукии ахоли дар асоси ворид кардани дастовардхои нави илму технология, пурзур кардани назорати чамъияти.
  1. Яке аз омилхои босамар амали гаштани сиёсати хукукии давлат ва баланд бардоштани сатхи маърифати хукукии ахоли ин инкишоф додани илми хукукшиноси дар давлат мебошад. Пояи конунгузори ва сиёсати хукукии кишварро тадкикотхои илми ташкил медиханд, ки дар онхо масоили гуногуни доги руз хамачониба тахлилу тахкик мешаванд, чанбахои гуногуни он, аз чумла конуниятхои рушди онхо ошкор гардида, тачрибаи давлатхои дигар, тачрибаи таърихию хукукии давлатдории точикон омухта мешаванд. Таъсиси институти илми-тадкикоти оид ба давлат ва хукук дар сохтори Академияи илмхои Чумхурии Точикистон барои рушди сохаи хукук имконият фарохам оварда, метавонад такягохи бузурги илмии сиёсати давлати дар сохахои гуногуни фаъолият гашта, сабаби боло рафтани обрую эътибори кишвар, такмили конунхо, рушди тачрибаи илмию амалии макомоти хифзи хукук гардад ва дар мухлати кутох инчунин норасоии кадрии илмии кишварро дар сохаи илмхои хукукшиноси кам намояд.
  2. Бо максади мутобику муносибгардонии фаъолияти муассисахои такмили ихтисоси кормандони макомоти хифзи хукук муттахид намудани онхо ба муассисаи ягонаи марказонидашуда ва доимоамалкунанда ба рох монда шавад.
  3. Яке аз унсури асоси ва калидии раванди болоравии фарханги хукуки ин таргиботи хукуки мебошад. Таргиботи хукуки раванди максаднок ва идорашаванда мебошад, ки амалишавии бомуваффакияти он таъминоти пуркуввати иттилоотиро талаб менамояд. Таргиботи хукуки хамон вакт самаранок буда, натичаи интизоршавандаро ба вучуд оварда метавонад, ки агар субъектони таргиботи хукуки бо тагйироти ичтимои-хукукие, ки дар чомеа рух додаанд ба хуби огох бошанд. Дар корхои баланд бардоштани маърифати хукукии шахрвандон ва таргиботи хукуки, воситахои ахбори омма мавкеи хоса дошта, аз имкониятхои он бояд ба таври васеъ истифода бурда шавад.
  4. Заминаи асосии ба рох мондан ва ташаккул додани низоми давлатии ёрии хукуки ба ахоли Конститутсияи Чумхурии Точикистон мебошад, ки дар он Точикистон хамчун давлати хукукбунёд эълон гардида, инсон, хукук ва озодихои у арзиши оли эътироф шуда, ёрии хукуки дар тамоми мархилахои тафтишот ва мурофиаи суди кафолат дода мешавад. Дар баробари кафолати химояи судие, ки дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон мустахкам гардидааст, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон низ хукукхои шахрвандонро оид ба ёрии хукукии ройгон пешбини менамоянд.
  5. Мухим будани масъалаи рушди ёрии хукукии ройгон дар Консепсияи расонидани ёрии хукукии ройгон дар Чумхурии Точикистон аз 2 июли соли 2015 дарч гардидааст. Консепсияи мазкур тачрибакунони ва тахияи низоми идоракуни доир ба расонидани ёрии хукукии ройгон ва чори намудани намунахои (моделхои) мухталифи ёрии хукукии ройгонро пешбини менамояд. Бо дар назар доштани натичахои тачрибакунони ва таъмини дастрасии ахоли, аз чумла кишри осебпазири чомеа ба адолати суди дар хамаи шахру нохияхои Чумхурии Точикистон таъсис додани бюрохои давлатии хукуки зарур аст. Ёрии хукукии ройгони дуюмдарача аз тартиб додани хуччатхои мурофиави, химоя аз таъкиби чинояти, намояндагии шахрвандон дар судхо ва дигар макомоти давлати иборат мебошад.
  6. Андешидани чорахои муассир барои дар амал татбик гардидани талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон оид ба ёрии хукукии дуюмдарачаи ройгон яке аз афзалиятхои давлат ва Хукумати чумхури ба хисоб меравад. Тахлилу омузишхо собит намуданд, ки ба рох мондани ёрии хукукии дуюмдарача дар тамоми давлатхои чахон, хатто дар кишвархои аз чихати иктисоди пешрафта ва тараккиёфта низ мушкилоту муаммохои зиёд дорад. Чунки ба ин самт аз хисоби бучети давлат бояд маблагхои зиёд равона карда шаванд. Аз ин лихоз, дар Чумхурии Точикистон ташаккули низоми расонидани ёрии хукукии дуюмдарача бояд зина ба зина амали карда шуда, сараввал дар доираи мурофиаи чинояти ва сипас бо дар назар доштани рушди иктисоди милли, дар дигар сохахои хукукхои мурофиави низ ба рох монда шавад.
  1. СИЁСАТИ ХУКУКИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ
  1. Истиклолияти давлати ба Чумхурии Точикистон мусоидат намуд, ки хамчун субъекти комилхукуки байналмилали дар чомеаи чахони муаррифи гардида, узви Созмони Милали Муттахид, Созмони Умумичахонии Савдо ва беш аз 50 созмонхои байналмилалию минтакави пазируфта шавад.
  2. Чумхурии Точикистон мутобики санадхои хукуки байналмилалии эътирофнамуда сиёсати хукукии хоричии худро дар асоси меъёру принсипхои умумиэътирофшудаи хукуки байналмилали бо хадаф ва манфиатхои миллии зерин муайян ва амали менамояд:
  • химоя ва тахкими Истиклолияти давлатии Точикистон ва таъмини амнияти миллии он дар арсаи байналмилали;
  • эчоди хусни хамчавори ва амнияти дар тули марзхои кишвар;
  • инкишофи муносибатхои бовари, дусти ва хамкори бо тамоми кишвархои олам дар асоси манфиатхои мутакобила;
  • фарохам овардани шароити мусоид барои рушди иктисоди, ичтимои, фарханги ва тадричан баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум, таъмини амнияти иктисодии кишвар;
  • таъмини истиклолияти энергетикии Точикистон, дастёб шудан ба амнияти озукавори ва аз бунбасти коммуникатсиони рахои бахшидани кишвар тавассути ба рох мондани хамкорихои байналмилали;
  • таъмин ва хифзи хукуку озодихо, эътибор ва манфиатхои шахрвандони Точикистон дар хоричи кишвар;
  • таквияти шинохти мусбати Точикистон дар чахон ба хайси давлати демократи, хукукбунёд ва дуняви;
  • мусоидат ба фаъолияти созанда ва конунии чамъиятхои точикон ва хамватанон дар кишвархои дигар.
  1. Яке аз дастовардхои бузурги Точикистон дар замони сохибистиклоли ин ташаккул ва татбики сиёсати хоричи, ки мехвари онро сиёсати «дархои кушода» ташкил медихад, ба шумор меравад, ки бо шарофати чунин сиёсати хоричи, Точикистон мархила ба мархила дар арсаи байналмилали мавкеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва хамкорихои гуногунро бо кишвархои дунё, созмонхои байналмилаливу минтакави ва ниходхои байналмилали ба рох мондааст.
  2. Сиёсати хукукии кишвар рохандозии чунин сиёсати хоричиро пешбини менамояд, ки он ба мутобик намудани рушди давлати Точикистон ба равандхои тавсеаёбандаи хамгирои, минтакавишави ва чахонишави мусоидат намояд, имкониятхои муносиби навро чихати пешгири ва рафъи тахдиду хатархои имконнопазир ва амнияти миллии он фарохам оварад, заминахои мусоидро барои татбики пайгиронаи манфиатхои милли дар асоси вокеъбини ва мутавози таъмин намояд.
  3. Сиёсати хоричии Точикистон ба эхтироми бечунучарои хукуки байналмилали асос ёфта, чихати ноил шудан ба хадаф ва манфиатхои милли равона гардида, ба рох мондани муносибатхои дустона ва мутакобилан судмандро бо кишвархои дунё, созмонхои байналмилалию минтакави такозо менамояд. Бо чунин дар назар доштан самтхои афзалияти сиёсати хоричии Точикистонро дипломатияи дучониба, бисёрчониба, иктисоди, хамкори дар сохаи об, фарханги, башардустона ва иттилооти ташкил медихад.
  4. Ихтилофот байни меъёрхои хукуки милли ва хукуки байналмилали, тахдидхои иктисодиву ичтимои, низоъхои байналмилали, пахнгардии силохи ядрои, кимиёви ва биологи, терроризми байналмилали, ифротгарои, чудоихохи, чиноятхои муташаккили фаромилли, номукаммалии кафолати амнияти чахониву минтакави, номувофикатии манфиатхои кишвархои абаркудрат, дастёб нашудани халли мухолифатхо байни кишвархо, бархурди тамаддунхо, хал нагаштани бахсхои марбут ба об дар сатхи минтака ва чахон, эхтиром нагузоштан ба демократия ва поймолгардии хукуки инсон ба самаранокии сиёсати хукуки байналмилали таъсири манфи мерасонанд.
  5. Барои тахкими сиёсати байналмилалии хукукии кишвар дар мархилаи имруза бо дар назар доштани манфиатхо, хусусиятхои фарханги-таърихи ва маънави-ахлокии милли зарур аст:
  • муайян намудани вазъи вокеии конунгузории милли дар таносуб бо раванди инкишофи муносибатхои хукуки байналмилалии оммави ва хусуси;
  • тахлили мунтазами дакик ва бартарафсозии мухолифатхои конунгузории милли бо санадхои хукуки байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон;
  • истифодаи васеъ аз хукуки изхори тавзехот ва шаклхои он дар чараёни ифодаи ризоият ба бастани шартномахои байналмилалии бисёрчониба, махсусан дар сохахои иктисоди, ичтимои ва фарханги;
  • ба миён овардани мухити солими ракобатпазири ширкатхои милли дар амалисозии фаъолияти иктисодии хоричи тавассути ташкили ширкатхои фаромилии Точикистон дар сохаи энергетика ва таъминоти оби нушоки;
  • вусъати муносибатхои хукуки байналмилали бо таваччух ба манфиатхо ва хатархои якчояшавии иктисоди чахони дар хамбастаги бо хамкорихои минтакави ва байниминтакави, собит нигох доштани хуввият, худшиноси ва худогохии милли;
  • густариш додани хамкорихои судманд ва мутакобилаи дучониба ва бисёрчониба дар бахши истифодаи захирахои оби, аз чумла, татбик намудани мукаррароти катъномаи Мачмааи умумии Созмони Милали Муттахид оид ба Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028»;
  • мусоидат ба таъсис додан ва ворид шудан ба хамгироихои нави иктисоди бо максади таъсиси бозори ягона, харакати озодонаи одамон, тахвили озоди мол, кор ва хизматрасони;
  • густариш додани хамкорихои байналмилалии хукукии дучониба ва бисёрчониба дар бахши муковимат бо хукуквайронкунихои байналмилали, аз чумла терроризми байналмилали, ифротгарои, чудоихохи, чиноятхои муташаккили фаромилли ва гайра;
  • такмил додани фаъолияти муассисахои консули дар кишвархои хоричи, аз чумла агенти консули дар фурудгоххо ва истгоххои рохи охани кишвархое, ки дар онхо ё хамсоягии онхо низоъхои мусаллахона чараён доранд бо максади пешгири намудани шомилшавии шахрвандони кишвар ба гуруххои тундрав;
  • густариш додани хамкорихои байналмилали бо Агентии Байналмилалии Неруи Атоми, Иттиходи Аврупо ва созмону ниходхои дигари байналмилали бахри бартараф намудани мушкилоти мухити зист, аз чумла безараргардони ва махви партовхои радиоактиви дар худуди кишвар;
  • густариш додани хамкорихои байналмилалии хукукии дучониба ва бисёрчониба оид ба масъалахои тагйирёбии иклим, аз чумла пешгири намудани обшавии пиряххои кишвар;
  • густариш додани хамкорихои байналмилали-хукуки дар сохаи мухочирати мехнати бо дар назар доштани хифзи хукуки мухочирони точик дар кишвархои хоричи.
  1. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
  1. Пурра амали гардидани Консепсия андешидани чорахои ташкили, техники, модди, молияви, хукуки, иттилооти, хамчунин иштироки фаъолонаи макомоти давлати, ниходхои чомеаи шахрванди ва шахрвандонро талаб мекунад.
  2. Консепсияи мазкур тавассути тахияи накшаи чорабинихо барои хар ду сол амали мегардад.
  3. Маблаггузории Консепсия аз хисоби маблагхои бучети давлати, инчунин дигар маблагхои гайрибучети, грантхо ва сарчашмахои иловагие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали мегардад.
  4. Дар рафти пурра амали гардидани Консепсия ба даст овардани натичахои зерин дар назар дошта мешаванд:
  • рушди хаёти хукукии чомеа дар иртибот бо талаботи нави чомеа ва равандхои инкишофи хукуки дар чахони мутамаддин;
  • инкишофи хамаи унсурхои низоми хукукии Точикистон –сохахои хукук ва институтхои хукук, конунгузори ва мураттабсозии он, хукукэчодкуни, амалисози, татбик ва тафсири хукук, илми хукукшиноси, муносибатхои хукуки, тарбияи хукуки, шуурнокии хукуки, фарханги хукуки;
  • тахкими асосхои миллии низоми хукукии Точикистон, аз чумла истифодаи васеи арзишхои фарханги хукукии милли;
  • такмили асосхои ташкилии низоми хукуки Точикистон дар иртибот бо инкишофи сохахо ва институтхои анъанавии ташаккулу инкишофи сохахо ва институтхои нави хукук дар шароити тагйирёбии талаботи танзими хукукии муносибатхои чамъияти;
  • такмили конунгузории Чумхурии Точикистон бо таваччух ба рушди устувори чомеа, тахкими истиклолияти давлат, идоракунии давлати, инкишофи хаёти хукуки, ворид гаштани Точикистон ба фазои хукукии минтакави ва байналмилали;
  • тахкими пояхои давлатдории милли, асосхои хукукии идоракунии давлати, сиёсати кадри, фаъолияти хукукэчодкуни, татбик ва тафсири хукук, фаъолияти судхо, макомоти адлия ва дигар макомоти хифзи хукук, фаъолият дар сохаи таълиму тарбияи хукуки;
  • такмили тарзхо, воситахо ва усулхои танзими хукуки бо дар назар доштани рушди муносибатхои хукукии давлати ва хусуси, вазъи хукукии шахс, озодии фаъолияти иктисоди, ичтимои, фарханги, эчоди, илми;
  • тахкими кафолатхои хукуку озодихои инсон ва шахрванд ва механизми хукукии хифзи онхо, тахкими конуният ва тартиботи хукуки;
  • омузиши зарурати таъсис додани институти илми-тадкикоти оид ба давлат ва хукук дар сохтори Академияи илмхои Чумхурии Точикистон;
  • баланд бардоштани сатхи маърифати хукуки ва шуурнокии хукукии ахоли, сифати таълиму тарбияи хукуки, рушди фарханги хукукии чомеа.
  1. Татбики Консепсия ба зиммаи макомоти хокимияти давлати, аз чумла ба макомоти судии чумхури, вазоратхои адлия, кишоварзи, корхои дохили, корхои хоричи, маориф ва илм, мехнат, мухочират ва шугли ахоли, молия, рушди иктисод ва савдо, саноат ва технологияхои нав, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон, Маркази миллии конунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, макомоти андоз ва гумруки Чумхурии Точикистон, Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти давлати вогузор карда мешавад.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …