КОМ

komКОМ (Palatum), сарпуши чавфи дахон. Аз ду кисм – сахт (коми пеш) ва нарм (коми кафо) иборат аст.
К.-и сахтро шохахои коми чоги боло ва лавхачахои амудии устухонхои ком ба вучуд овардаанд. Луобпардае, ки К.-и сахтро фаро гирифтааст, аз кафо бо К.-и нарм пайваст аст. Канори охири К.-и нарм барчастагие дорад, ки онро забонча меноманд. К.-и нармро луобпарда пушидааст, он аз гадудхои луоб ва луобу зардоб иборат мебошад. Мушакхои К.-и нарм хангоми фуру бурдани лукма харакатхои мураккаб карда, чавфи дахонро аз халку бини чудо менамоянд.
Аз нукси инкишофи К. бештар роги модарзодии он ба мушохида мерасад (ниг. Рогкоми). К. метавонад аз ягон чизи тез, мас., чангакча, устухон ва г. осеб ёбад. Хангоми сахт захмдор шудани К.-и нарм онро медузанд. Осебхои К.-и сахт, одатан, хамрох бо осебхои чавфи бини ва чоги боло ба вучуд меоянд. Маъмулан ин гуна чарохатхо бо чаррохи табобат карда мешаванд. Бисёр вакт К. аз истеъмоли хуроки тасфон месузад. Онро бо рохи гаргара кардани махлули антисептикхо, ромазулон, каротолин ва диг. дорухо табобат менамоянд.
Дар луобпардаи К.-и кудакони навзод хар гуна беморихо, мас., барфак, кулоъ ва г. пайдо мешаванд. Ба луобпардаи К. гулузиндонак, махмалак, сурхакон, ангина, флегмона ва диг. беморихо таъсир мерасонанд. Хангоми вазнин будани чараёни гулузиндонак ва иллати асаби гумрох мумкин аст мушакхои К.-и нарм фалач шаванд. Хамчунин ба К. бисёр беморихои илтихобии чог, дахон, гулу, амрози чимои (зухрави) таъсир меоранд. Дар К. мумкин аст омосхои гайрисаратонию саратони низ ташаккул ёбанд. Онхо бо чаррохи муолича карда мешаванд.
КЛ
Мушакхои коми нарм (накша): 1 – мушаке, ки хичоби комро мекашад; 2 – мушаке, ки хичоби комро мебардорад; 3 – кашаки болшакл; 4 – мушаки кому забон; 5 – мушаки забончаи ком; 6 – мушаки кому фурудихи.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …