Главная / Илм / КОМПРЕСС

КОМПРЕСС

kompressКОМПРЕСС, кимод, рифода, бандинае, ки бо максади мухофизат ё табобати чузъии узви иллатёфта истифода мешавад.
К.-и хушкро, ки аз чанд кабат докаю пахта иборат аст, барои аз сарди ва диг. таъсири ногувори беруни мухофизат намудани узви иллатёфта, К.-и нарм (сард, гарм, гармкунанда ва доруи)-ро бо максади табобат ба кор мебаранд. Самараи табобат бо К. ба тарзи гузоштани он вобаста аст.
К.-и сард (порчаи матои нарм, ки ба оби хунук тар мекунанд) боиси хунукшавии чузъи ва танг шудани рагхои хун мегардад; онро хангоми латхури, хунрави аз бини ва г. ба муддати 2 – 3 дак. ба чои иллатёфтаи бадан (сар, дасту по ва г.) мегузоранд. К.-и гармкунанда рагхоро васеъ намуда, гардиши хунро дар пуст ва бофтахои амик метезонад. Дока ё матои тозаеро пешаки ба оби ширгарм тар мекунанд, сипас фишурда ба чои иллатёфта мегузоранд ва аз болояш клеёнка, ё когази обногузар мемонанд (бояд матои тарро пурра пушонад). Аз болои когаз боз пахта ё бумази мегузоранд (то ки гармии зери К. махфуз монад). К.-ро бо бинт тавре мебанданд, ки ба узв часпида истад, вале сахт фишор наорад; муддати истифодаи онро духтур ё фелдшер таъин мекунад. Агар К. дуруст гузошта шавад, баъди гирифтан гармию нармиаш боки мемонад. Хангоми такроран гузоштани К. барои озурда нашудани пуст пешаки онро бо спирти обдор, арак, сирко ё атр тоза ва хушк мекунанд. К.-ро асосан бегохирузи, пеш аз хоб мегузоранд. Дар аснои ба сари сина гузоштани К.-и гармкунанда бемор бояд бистари бошад. Баъзан ба чои К.-и гармкунандаи оби К.-и аракиро истифода мебаранд. Чунин К. зуд хушк мешавад, бинобар ин онро иваз бояд кард.
К.-и гарм барои гармкунии чузъи таъин шудааст (матоъро ба оби гарм, яъне 60 – 70°С тар мекунанд). К.-и гармро низ чун К.-и гармкунанда мегузоранд. Тарзи истифодаи К.-и доруи низ ба К.-и гармкунанда монанд буда, вале барои афзудани таъсир ба об дорухои гуногун хамрох мекунанд.
Нодуруст истифода бурдани К. нафакат самара намебахшад, балки окибати ногувор хам дорад. Мас., К.-и гармкунанда бо лизол ё йод боиси сухтани пуст мегардад. К.-ро бе маслихати духтур ё фелдшер истифода бурдан чоиз нест, вагарна метавонад оризахои ногувор ба бор оварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …