Главная / Илм / КОМИССИЯИ МАШВАРАТИИ ТИББи

КОМИССИЯИ МАШВАРАТИИ ТИББи

komisiyai-mashvaratiКОМИССИЯИ МАШВАРАТИИ ТИББи дар муассисахои табобати (беморхонахое, ки дармонгох ё амбулатория доранд, дармонгоххо, диспансерхои махсус ва г.) ташкил карда мешавад. Он аз 3 наф. духтур – чонишини сардухтур оид ба экпертиза, мудири шуъба, духтури муолич иборат аст. Факат КМТ хукук дорад, ки мухлати амали варакаи бемориро аз 6 руз зиёд кунад, масъалахои мураккаби бахснокро оид ба экспертизаи корношоямии муваккати хал карда, шахсони муддати мадид касалбударо (корношоямие, ки дар натичаи зиёда аз 4 мох бефосила давом кардани як бемори ё чамъи беморихои солона аз 5 мох зиёд тул кашида бошад) ба комиссияи тиббии экспертизаи корношоями фиристонад. Гайр аз ин, КМТ хукук дорад, ки барои дар санатория ё курорт табобат кардан, варакаи бемори дихад, оид ба тагйир додан ё сабук кардани шароити мехнат ё ба кори дигар гузарондан тавсия пешниход намояд; хангоми барои табобати махсус ба шахри дигар фиристодан, варакаи бемори нависад. Беморро ба КМТ духтури муолич, мудири шуъбаи муассисаи табобати, духтури сугуртаи ташкилоти иттифоки касаба мефиристонад. Шикоятномаро ба карори КМТ сардухтури муассисаи табобатии дахлдор дида мебарояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …