Главная / Илм / КОМАНДАХОИ ХИДМАТИИ MS DOS

КОМАНДАХОИ ХИДМАТИИ MS DOS

Ивазкунии намуди даъватномаи MS DOS. Одатан даъватномаи DOS оиди дискдон ва каталоги чори информатсия медихад. Командаи PROMpt имконият медихад, ки намуди даъватномаи MS DOS иваз карда шавад.

Шакли умумии ин команда чунин аст:

PROMpt <матн>

<матн> метавонад аломатхои зеринро дар бар гирад:

$p дар даъватнома номи дискдон ва каталоги чори нишон дода мешавад;

$n дар даъватнома танхо номи дискдони чори нишон дода мешавад;

нишондихии таърихи рузи чори;

$t нишондихии вакти чори;

$v нишондихии версияи MS DOS;

$d нишондихии аломати «>»;

$l нишондихии аломати «<»;

$b нишондихии аломати «I»;

$$ нишондихии аломати «$».

МИСОЛ:

  1. PROMpt $p$d пас аз ичро шудани ин команда дар даъватномаи система дискдони чори, каталоги чори ва аломати «>» нишон дода мешавад. Масалан, С:\Alfa>
  2. PROMpt $t$v дар давъатномаи Dos аввал вакти чори ва пас аз он версияи Dos нишон дода мешавад. Масалан, 12:08:58.98 MS-DOS Version 6.22.
  3. PROMpt $p$v$d дар даъватномаи система дискдон ва каталоги чори, версияи MS DOS ва аломати «>» нишон дода мешаванд. Масалан, C:\MS-DOS Version 6.22at 06.10.2001.

Ба экран баровардан ва ивазкунии таърихи руз. Барои ба экран баровардани таърихи руз ва ивазкунии он командаи Date истифода бурда мешавад. Шакли умумии командаи мазкур чунин аст:

Date

Барои тагйир додани таърихи руз зарур аст, ки аввал раками руз (131), баъд раками мох (112) ва сони ду раками охирини сол аз клавиатура дохил карда шуда, тугмаи Enter

пахш карда шавад.

МИСОЛ:

date

Текущая дата: Пн, 19.11.2001 Введите новую дату (ддммгг): 20-11-01 Ивазкунии вакт дар компютер. Барои дидани вакт ва ивазкунии он командаи Time истифода бурда мешавад.

Шакли умумии ин команда чунин аст:

Time

Пас аз ичрои ин команда дар экран информатсияи зерин пайдо мегардад:

time

Текущее время: 9:09:48,03

Введите новое время:9:10:50

Дар ин чо часы адади аз 0 то 24 буда, минут ва секунд ададхои аз 0 то 59 мебошанд. Агар вактро тагйир додан лозим набошад, тугмаи Enter –ро пахш кардан кифоя аст.

МИСОЛ:

time 15:35 вакти чории компютери хамчун соати 15у 35 дакика мукаррар карда шудааст.

Форматкунонии дискхои магнити. Хар як дискети нав бояд барои сабти информатсия тайёр карда шавад. Раванди тайёр намудани дискетхоро форматкунонии дискетхо меноманд.

Форматкунонии дискетхо бо ёрии командаи Format ичро карда мешавад. Ин команда ба гурухи командахои берунии Ms Dos дохил шуда, барои ичрои он бояд дар каталоги Dos утилити Foкmat мавчуд бошад.

Шакли умумии команда чунин аст:

Format <Номи дискдон:хпараметрхо]>

Ба сифати номи дискдон яке аз харфхои лотинии А (дискдони якум) ё В (дискдони дуюм)ро интихоб кардан мумкин аст. Ба сифати параметрхои командаи Format

аломатхои ___________зерин истифода бурда мешаванд:

/S пас аз форматкунони дискет ба дискети системави табдил дода мешавад ва аз он имконияти системаи MS DOSро ба кор омода сохтан пайдо мегардад;

/4 форматкунонии дискетхои гунчоишашон 360 Кбайт, ки дар дискдонхои гунчоишашон 1,2 Мбайт гузошта шудаанд.

МИСОЛ:

  1. Format а: дискети дар дискдони якум гузошташуда, форматиронида мешавад;
  2. Foкmat a:/s дискети дар дискдони якум гузошташуда форматиронида мешавад ва дар он файлхои системаи MS DOS сабт карда мешаванд. Дар натича дискет системави

мегардад;

  1. Format и:/4 дискети гунчоишаш 360 Кбайт, ки ба дискдони дуюм гузошта шудааст, форматиронида мешавад;
  2. Format а:/s/4 дискети гунчоишаш 360 Кбайт, ки ба дискдони якум гузошта шудааст, форматиронида мешавад ва он ба диски системави табдил меёбад.

Тарзи автоматии ичрои программахо. Барои ичро намудани ягон программа, бояд рохи кофтукови файлеро нишон дод, ки ин программаро дар бар гирифтааст. Барои осон

намудани кор бо он программахое, ки зудзуд ё хар дафъа ичроашон талаб карда мешавад, онхоро дар каталогхои алохида чойгир менамоянд ва руйхаташонро дар командаи махсус нишон медиханд. Ин команда командаи Path аст ва он дар файли махсуси Autoexec.иat навишта мешавад.

Шакли умумии ин команда чунин аст:

Path <Рох ба каталог>; <Рох ба каталог>;…

МИСОЛ:

Path A:\; A:\Dos; C:\; C:\Dos; C:\Alfa

Пас аз амали гаштани ин команда, программахои зарури аз каталогхои дискхои дар руйхат нишондодашуда, ба таври автомати кофта ёфта шуда, ичро карда мешаванд.

Тозакунии экран. Барои экранро пурра аз информатсия тоза намудан, командаи зеринро истифода мебаранд:

Cls Пас аз ичро шудани ин команда (Cls – Cleaк scкeen – то-закунии экран) экрани монитор аз информатсия тоза карда мешавад ва дар сатри якуми он даъватномаи система пайдо мегардад.

Саволхо:

  1. Командаи ивазкунии даъватномаи MS DOS кадом аст?
  2. Бо ёрии кадом команда таърихи рузро иваз кардан мумкин аст? Вакти компютериро чи?
  3. Вазифаи командаи Foкmat аз чи иборат аст?
  4. Ичрои программахоро чи тавр автомати кунонидан мумкин аст?
  5. Экранро чи тавр аз информатсия тоза кардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва командахои онро аз худ кунед.
  2. Аз мисолхои матни мавзуъ истифода бурда, шакли даъватномаи MS DOS-и компютератонро иваз намоед.
  3. Таърихи руз ва вакти компютерии кайдкардашударо ба экран бароред ва онхоро тагйир дихед. Баъд аз сари нав таърихи руз ва вакти компютерии аслиро баркарор намоед.
  4. Бо хамрохии муаллим дискети навро дар компютер формат кунонед.
  5. Аз командаи Cls истифода бурда экранро тоза намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …