Главная / Илм / КОЛИТ

КОЛИТ

kolitКОЛИТ (Colitis; юн. kolon – рудаи гафс), газаки рудаи гафс. К. шадид ё музмин мегузарад. К.-и шадид бинобар сироят ё захролудии руда ба вучуд меояд (ниг. Исхоли хунин, Захролуди). К.-и шадид аксар аломати бемории сирояти буда, дар натичаи захролуди аз гизои бадсифат, хангоми мавчуд будани киччаи руда ва г. низ инкишоф меёбад. Иллати руда аз захрхои саноати (симоб, арсен, сулема, моддахои органики), инчунин аз токсинхое, ки дар аснои баъзе беморихо дар организм хосил мешаванд (К.-и захролуди), боиси К. мегарданд. К. дар натичаи худсарона истеъмол кардани антибиотикхо ва дорухои исхоловар низ ба амал меояд.
К.-и музмин бинобар табобати нопурраи К.-и шадиди сирояти пайдо мешавад. Вале он бидуни сирояти пешина хам метавонад инкишоф ёбад. Риоя накардани тартиби истеъмоли гизо, нагз нахоидани хурок, истеъмоли таомхои якхела, суиистеъмоли нушокихои спиртдор ва г. боиси газаки музмини рудаи гафс мегарданд. Тарзи инкишфи К.-и музмин хеле мураккаб аст. Хангоми ин бемори харакати руда ва ихрочи луоб вайрон шуда, чаббиши моеъ дар рудаи гафс халал меёбад. Дисбактериоз, яъне тагйири микдори ва сифатии микрофлораи руда дар инкишофи К. мавкеи мухим дорад. Дисбактериоз бахри аз худ кардани витаминхо таъсири ногувор мерасонад; дар руда пусиш ва турши ба вучуд оварда, чараёни К.-ро метезонад, мучиби пайдоиши аллергия мегардад. Зухуроти К.-и музмин гуногун буда, ба дарачаи вазнини, пахншави ва чараёни он вобаста аст. Дар давраи хуручи К. беиштихои, дилбехузури, бехоли, исхол мушохида мешавад. Дарди шикам хуручмонанд буда, ба миён ва атрофи кадкашак мегузарад. Сипас исхол баста кабзият пайдо мешавад. Агар луоб хунолуд бошад, фавран муоина кардани он зарур аст. Барои К.-и музмин чараёни такрорёби, яъне иваз шудани давраи хуруч ба давраи офият (вакте ки аломатхои касали кариб пурра нест мешаванд) хос аст. Истеъмоли гизое, ки ангезиш ва реаксияи аллергии рудаи гафсро ба вучуд меоварад (очор, консерва, мурчу каланфур, буттамева, мевахои ситруси, карам, бодиринг ва г.), хастаги, дар офтоб бисёр гаштан, аз хад зиёд гарм шудани бадан, истеъмоли дорухои исхоловар ва зиддибактерияви, хуручи беморихои диг. узвхои хозима боиси инкишофи К. мегарданд. К.-и музмин бо роххои гуногун – дору, пархез, воситахои физиотерапевти, табобати курортию санатори муолича карда мешавад.
Дар давраи авчи К. пархез ва тартиби истеъмоли гизоро, ки духтур таъин кардааст, бояд риоя намуд. Сипас бо духтур маслихат карда, вояи хурокро бештар намудан лозим аст, чунки пархези дуру дароз организмро аз бисёр моддахои муфид махрум мегардонад. Дар давраи хуруч ба кори вазнини чисмони ва эхсосот рох додан чоиз нест.
Барои пешгирии К.-и музмин саривакт табобат кардани сирояти шадиди руда зарур аст. Бисёр одамон дар беморхона нахобида, худсарона дорухои гуногунро истеъмол мекунанд. Чунин усули табобат нафакат зарар дорад, балки боиси ба К.- и музмин гузаштани К.-и шадид мегардад. Риояи тартиби истеъмоли хурок барои пешгирии К.-и музмин ахамияти калон дорад. Азбаски гизои нагз нахоида узвхои хозимаро ба ангезиш меорад, саривакт протез кардани дандонхо мухим аст. Хангоми сарукор гирифтан бо моддахои захрноке, ки газаки луобпардаи рударо ба вучуд меоваранд (мас., сурб), катъи риоя кардани техникаи бехатари зарур мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …