Главная / Илм / КОККХО

КОККХО

kokkhoКОККХО (Coccus; юн. kokkos – дона), як навъ бактерияхои курашакл. Ба гурухи К. бактерияхои граммусбат (стрептококкхо, пептострептококкхо, энтерококкхо, стафилококкхо, пептококкхо, микрококкхо) ва грамманфи (нейссерияхо, вейллонеллахо) мансубанд. Ба К. хамчунин бактерияхои билкул сапрофит (сарсинхо) ва бемориовар (мас., гонококкхо – ангезандаи сухтани, менингококкхо – ангезандаи сарсом) тааллук доранд. Дар байни стрептококкхо (гурухи А) ангезандахои тарбод, махмалак ва г. дучор меоянд.
К. метавонанд беморихои гуногун, мас., илтихоби пуст, луобпардахо ва бофтахои пайванди, ангина, эндокардит, захролуди аз гизо, уфунат (сепсис)-ро ба вучуд оранд. Бисёр К. шартан бемориовар мебошанд.
К. вобаста ба тарзи чойгири фарк мекунанд. Стафилококкхо ва пептококкхо дар шакли хуша, стрептококкхо мисли занчир, энтерококкхо чуфт-чуфт, микрококкхо туда-туда, сарсинхо кубшакл чой мегиранд. Кутри К. аз 0,2 то 2,5 мкм аст. К. метавонанд байзашакл ё нештаршакл (пневмококкхо) бошанд. Шакли баъзе К. (гонококкхо, менингококкхо) ба донаи кахва монанд аст. Бештарини К. аэробхо ё анаэробхои гайришарти мебошанд. К. экзотоксин (стафилококкхо), гемолизин (стафилококкхо ва стрептококкхо), фибринолизин ва гиалуронидаза (стафилококкхо, стрептококкхо, пневмококкхо) ихроч менамоянд; пневмококкхо, менингококкхо, гонококкхо баъди мавт шуданашон эндотоксин хорич мекунанд. Ниг. низ Бактерияхо.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …