Главная / Илм / КОФУР

КОФУР

kofurКОФУР, як навъ кристалли беранг, буи хос дорад. К. моддаи зудбухор буда, дар об кам, дар халкунандахои органики нагз хал мешавад. Дар табиат васеъ пахн шудааст; ба таркиби бисёр равганхои эфирии растанихо (мас., райхон, шубог, дарахтони сузанбарг, кофурдарахт ва г.) дохил мешавад. Равгани кофурдарахт манбаи асосии К. ба шумор меравад. Дар саноат К.-ро аз скипидар ё компоненти асосии он – пинен хосил мекунанд. К.-ро асосан чун пластификатори нитрат ва атсетати селлюлоза (дар истехсоли селлулоид ва кинонавор), чун флегматизатори (иловае, ки хангоми нигох доштани борут ба он устувори мебахшад) борути бедуд, инчунин дар мубориза бар зидди куя ва дар тиб чун воситаи тезонандаи кори дил истифода мебаранд. К. системаи асаби маркази, хусусан марказхои нафаскаши ва харакатдихандаи рагро бедор мекунад. Вайро бештар дар намуди махлулхои равгани хангоми сустшавии фаъолияти дил ва нафаскаши, инчунин ба сифати пасткунандаи таб, воситаи антисептики ва бедардкунанда ба зери пуст мегузаронанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …