Главная / Маданият ва санъат / КОФИЯИ МУТЛАК ВА ХАРФХОИ ОН

КОФИЯИ МУТЛАК ВА ХАРФХОИ ОН

Дар илми бадеъи классики кофияеро мутлак меноманд, ки агар харфи рави бо харфи васл  часпида бошад, яъне баъди харфи рави харфи дигаре омада бошад. Мисол:

Раъият ба зулми ту чун олиманд,

Зи зулми ту бар якдигар золиманд.

Дар ин байт (вазнаш – Мутакориби мусаммани максур) калимахои «олиманд» ва «золиманд» кофия, чузви «-олиманд» решаи онро ташкил медихад. Дар ин решаи кофия садоноки «о» таъсис, хамсадои «л» да -х и л, садоноки кутохи «и» и ш б о ъ, хамсадои «м» р а в и и м у т л а к, садоноки «а» м а ч р о, хамсадои «н» в а с л ва хамсадои «д» х у р у ч аст. Чун дар ин кофия харфи охирини решаги, яъне рави (харфи «м») бо харфхои баъди он омада часпидааст, онро кофияи мутлак меноманд.

Кофияи мутлак нисбат ба к о ф и я и м у к а й я д навъхои зиёд дорад ва харфхои асосии он васл, хуруч, мазид, нойира мебошанд. Дар кофияи мутлак илова бар харфхои хоси он васл, хуруч, мазид, нойира харфхое, ки дар кофияи мукайяд иштирок мекунанд – мисли таъсис, дахил, ридф (ридфи муфрад ва ридфи мураккаб) низ меоянд. Мисол барои кофияи мутлак бо хазв, кайд, равии мутлак, мачро, васл ва хуруч:

Мардони кабила рахт бастанд

В-аз арса хама берун нишастанд.

Вазни ин байт Хазачи мусаддаси ахраби макбузи максур буда, калимахои «бастанд»-у «нишастанд» кофияи онро ташкил медиханд. Чузвхои «-астанд»-и харду калимаи кофия решаи онанд, ки садоноки кутохи «а» х а з в, хамсадои «с» к а й д, хамсадои «т» р а в и и м у т л а к, садоноки «а» м а ч р о, хамсадои «н» в а с л ва хамсадои «д» х у р у ч мебошад.

Хамин тарик, харфхое, ки баъди рави дар решаи кофия меоянд, ба гурухи харфхои кофияи мутлак дохил мешванд ва онхо чортоянд: васлу хуручу мазиду нойира. Холо хар кадоми онро ба таври мухтасар шарх медихем.

  1. Васл калимаи арабист, маънои лугавиаш пайвастани чизе ба чизи дигар, часпондан буда, дар илми кофия номи яке аз харфхои решагист, ки баъди харфи р а в и омада, бо он пайваст шуда бошад.

Хамин тарик, хамсадохо, садонокхои дароз ва харфхои ётбарсар (й, е, ю, я) ба вазифаи васл омада метавонанд. Мисол:

Агар он турки шерози ба даст орад дили моро,

Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухороро.

Дар ин байти Хофиз (вазнаш – Хазачи мусаммани солим) калимаи «моро» ва «Бухороро» кофия буда, чузви «-оро» решаи кофия аст. Дар ин решаи кофия хар «о» равии мутлак, харфи «р» в а с л ва харфи «о»-и охир хуруч аст.

Мисоли дигар:

Чони ширин, ин кадар чангам макун,

Ин кадар бехуда дилтангам макун.

Дар ин байти Мирзо Турсунзода (вазнаш – Рамали мусаддаси махзуф) калимахои «чангам» ва «дилтангам» кофия, чузви «-ангам»-и харду калима решаи кофия мебошад, ки садоноки кутохи «о» х а з в, хамсадои «н» к а й д, хамсадои «г» р а в и и м у т л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о ва хамсадои «м» васл мебошад.

Садонокхои кутохи «а», «и» ва «у» баъди харфи рави оянд хам, васл шуда наметавонанд, зеро онхо дар алифбои араби харф не, балки харакатанд. Агар в а с л аз хамсадо иборат бошаду пеш аз вай садоноки кутох омада бошад, дар он сурат садоноки кутохи баъди рави омадаро мачро меноманд. Мисол:

Хаёли руи ту дар коргохи дида кашидам,

Ба сурати ту нигоре надидаму нашунидам. (Хофиз)

Дар ин байти Хофиз (вазнаш – Мучтасси мусаммани махбун) калимахои «кашидам» ва «нашунидам» кофия, чузви «-идам» решаи кофия буда, харфи «и» ридфи муфрад (асли), хамсадои «д» равии мутлак, садоноки кутохи «а» м а ч р о ва хамсадои «м» васл мебошад.

Агар шеър бо кофияе тамом шуда бошад, ки харфи охири онро садоноки «а» ташкил додааст, дар он сурат ин садонок вазифаи васлро ичро кардааст. Масалан, дар ин байт:

Ашке чу лаъл резад он лаб маро зи дида,

Дар шиша харчи бошад, аз вай хамон чакида. (Камол)

Вазни ин байт Музореъи мусаммани ахраб буда, калимахои «дида» ва «чакида» ба вазифаи кофия омадаанд. Дар ин кофия чузви «-ида» решаи кофия мебошад, ки харфи «и» р и д ф и м у ф р а д, харфи «д» р а -в и и м у т л а к ва харфи «а» васл аст.

Хуруч калимаи арабист, маънои лугавиаш берун шудан, берун рафтан буда, дар илми кофия номи яке аз харфхои решагист. Хуруч харфи хамсадоест, ки дар решаи кофия баъди харф в а с л омада бошад. Мисол:

Ба давлат касоне, ки афрохтанд,

Ки точи такаббур биандохтанд. (Саъди)

Дар ин байти Саъди (вазнаш – Мутакриби мусаммани максур) калимахои «афрохтанд» ва «биандохтанд» кофия, чузви «-охтанд» решаи кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад, харфи «х» ридфи мураккаб, харфи «т» равии м у т л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о, харфи «н» в а с л ва харфи «д» х у р у ч аст.

Такрори хуруч дар кофия хатми буда, тамоми шоирони гузашта ва имрузаи форс – точик аз ин коида берун нарафтаанд. Мисол:

Падарро муждаи давлат расонед,

Дилашро з-оташи мехнат рахонед. (Чоми)

Дар ин байти Чоми (вазнаш – Хазачи мусаддаси максур) калимахои «расонед»-у «рахонед» кофия, чузви «-онед» решаи кофия буда, харфи «о» р и д ф и м у ф р а д, харфи «н» р а в и и м у т л а к, харфи «е» в а с л ва харфи «д» хуруч аст.

Мазид низ калимаи арабист, маънои лугавиаш зиёдшуда, афзуншуда, афзуни дар чизе мебошад. Дар илми кофия яке аз харфхои решагии кофияро гуянд, ки баъди хуруч омада бошад. Мисол:

Ин дил, ки ба суи дилбаре бастемаш,

Харчанд гусаст, боз пайвастемаш.

Дар ин байт (вазнаш – Хазачи мусаммани ахраби макбузи абтар) калимахои «бастемаш»-у «пайвастемаш» кофия, чузви «-астемаш» решаи кофия мебошад. Дар ин решаи кофия садоноки кутохи «а» х а з в, хамсадои «с» к а й д, хамсадои «т» р а в и и м у т л а к, ётбарсари «е» в а с л, хамсадои «м» х у р у ч, садоноки кутохи «а» н а ф о з ва хамсадои «ш» мазид аст.

Такрори мазид дар кофия хатми буда, иваз намудани он бо харфи дигар чоиз нест.

Нойира (нойир) калимаи арабист, маънои лугавиаш шуъла, оташ; раманда, гурезанда мебошад. Асли калимаи нойира аз н и в о р аст ба маънои рамидан ва дур шудан. Мисол:

Гар дил зи гами ёр напардохтанистеш,

Бо у ба хама вукух дарсохтанистеш.

Дар ин байт (вазнаш – Хазачи мусаммани ахраби макфуфи максур, хашви дуюми мисраъи дуюм – ахраб) калимахои «напардохтанистеш» ва «дарсохтанистеш» кофия, чузви «-охтанистеш» решаи кофия мебошад, ки харфи «о» р и д ф и м у ф р а д, харфи «х» р и д ф и м у р а к к а б, харфи «т» р а в и и м у т л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о, харфи «н» в а с л, садоноки кутохи «а» м а ч р о, харфи «н» в а с л, садоноки кутохи «и» н а- ф о з, харфи «с» х у р у ч, харфи «т» м а з и д ва харфхои «е»-ю «ш» нойира мебошад.

Агар дар кофия баъди мазид ду ё се харф омада бошанд хам, хар кадоми он вазифаи нойираро ичро менамоянд.

Нойира аз чумлаи харфхои камистеъмоли кофия буда, дар ашъори

Намунахо барои харфхои кофияи мутлак:

  1. Мисол барои харфи в а с л:

Муарраф ба дилдори омад бараш,

Ки дастори кози нихад бар сараш. (Саъди)

  1. Мисол барои харфи х у р у ч:

Дарде, ки дилам дид зи хачри ту, ки дидаст?

В-онхо, ки зи зулфи ту кашидам, ки кашидаст?

(Бисотии Самарканди)

  1. Мисол барои м а з и д:

Дилам аз нести чи тарсонест,

Танам аз офият харосонест. (Масъуди Саъд)

  1. Мисол барои н о й и р а:

Он мах, ки ба чашмаи мехр дидастемаш,

Аз чумлаи некувон гузидестемаш.

(аз «Рисолаи кофия»-и Чоми)

Савол ва супоришхо:

  1. Кофия чанд навъ аст?
  2. Кадом навъи кофияро кофияи мутлак меноманд?
  3. Калимахои кофияи байти поёниро ёфта муайян кунед, ки онхо ба кадом навъи кофия тааллук доранд?

Бинохои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.

  1. Харфи рави бо навъхои кофия чи иртибот дорад?
  2. Маънихои лугави ва истилохии васлро гуед.
  3. Хуруч баъди кадом харфи кофия меояд?
  4. Оё такрори харфи хуруч дар решаи кофия хатмист?
  1. Дар байни харфхои х у р у ч ва м а з и д чи гуна иртибот аст?
  2. Маънихои лугави ва истилохии нойираро гуед.
  3. Агар баъди харфи мазид дар решаи кофия ду-се харфи дигар омада бошад, онхоро чи меноманд?
  4. Дар байти зер кадом харфхои кофия омадаанд?

Савдои ту аз сина фуру рафтанийаст

В-он гах сухани ту низ ногуфтанийаст.

  1. Харфхое, ки дар сохтани кофияи мутлак иштирок мекунанд, кадомхоянд?
  2. Байте гуед, ки дар он харфи васл омада бошад.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …