Главная / Чамъият / КОДЕКСИ ЗАМИНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ ЗАМИНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ ЗАМИНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод. 176; с. 2004, №2, мод. 55, №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, к. 2, мод. 22, №6, мод. 463; c. 2011, №3, мод. 171; с. 2012, №4, мод. 269, №8, мод. 828; с. 2016, №11, мод. 879)

zamini-tojikiston

Боби  1.  КОИДАХОИ АСОСИ.. 4

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи замин. 4

Моддаи 11. Муносибатхое, ки конунгузории замин танзим менамояд. 4

Моддаи 12. Мафхумхои асоси. 5

Моддаи 13. Принсипхои асосии конунгузории замин. 5

Моддаи 2. Моликият ба замин. 5

Моддаи 21 . Объектхои муносибатхои вобаста ба замин. 5

Моддаи 22. Хукуки истифодабарии китъаи замин хамчун объекти хукуки граждани. 6

Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии замин. 6

Моддаи 4. Салохияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин. 6

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин. 6

Моддаи 6. Ваколатхои макомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин  7

Моддаи 7. Салохиятхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхо. 7

Моддаи 8. Салохиятхои чамоатхо. 8

Моддаи 81. Салохиятхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии  нохияхое, ки дар худуди маъмурии шахрхо ва хокимияти махаллии шахрхое, ки дар худуди маъмурии  нохияхо чойгиранд  8

Моддаи 9. Мансуб  донистани заминхо ба гуруххо ва аз як гурух  ба гурухи  дигар гузаронидани онхо  8

Моддаи 91. Аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминхо дар дохили заминхои таъиноти кишоварзи. 8

Моддаи 10. Заминистифодабарандагон. 9

Моддаи 101. Хукуки махдуди истифодабарии китъахои замини дигар заминистифодабарандагон. 9

Моддаи 11. Истифодаи бемухлати китъаи замин. 10

Моддаи 12. Истифодаи меросии якумра. 10

Моддаи 13. Истифодаи мухлатноки замин. 10

Моддаи 14. Ичораи замин. 10

Моддаи 141. Истифодаи китъаи замин дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусуси. 10

Моддаи 15. Бакайдгирии давлатии китъаи замин ва хукуки истифодабарии китъаи замин. 10

(Моддаи 16 хорич карда шуд тибки Конуни ЧТ аз 01.08.2012с., №891) 11

Моддаи 17. Мукаррар намудани хукуки истифодаи замин. 11

Моддаи 171. Асосхо барои пайдо кардани хукук ба истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он. 11

Моддаи 172. Махдудиятхо оид ба вогузоштани хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он. 11

Моддаи 18. Манъ будани истифодаи китъаи замин то ба расмият даровардани  хукуки истифодаи замин  12

Моддаи 181. Китъахои замини таксимшаванда ва таксимнашаванда. 12

Боби 2.  ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН.. 12

Моддаи 19. Хукуки заминистифодабарандагони якумдарача. 12

Моддаи 20. Хукуки заминистифодабарандагони дуюмдарача. 12

Моддаи 21. Ухдадорихои заминистифодабарандагон. 13

Боби 3.  ДОДАНИ ЗАМИН.. 13

Моддаи 22. Тартиби додани замин. 13

Моддаи 23. Додани замин барои эхтиёчоти кишоварзи. 13

Моддаи 24. Додани китъахои замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи. 13

Моддаи 25. Додани замин ба шахрвандони хоричи ва шахсони хукукии хоричи. 14

Моддаи 26. Додан ва вобастакунии китъахои замин аз тарафи  макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии  нохияхо, шахрхо ва вилоятхо. 14

Моддаи 261. Додани китъахои замин аз  тарафи  Хукумати Чумхурии Точикистон. 14

Моддаи 27.  Ба шахси дигар гузаштани хукуки истифодаи китъаи замин ва вобастакунии он. 15

Моддаи 271 . Ба  гарав гузоштани хукуки истифодаи китъаи замин. 15

Моддаи 28. Мукаррар ва аник муайян намудани худуди китъахои  замин дар  махал. 15

Моддаи 29. Хусусиятхои додани намудхои алохидаи замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи. 15

Моддаи 30. Тартиби додани китъаи замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи. 16

Моддаи 31. Шартхои додани замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи  (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357) 16

Боби 4.  ПАРДОХТИ  ЗАМИН.. 16

Моддаи 32. Истифодаи пулакии замин. 16

Моддаи 33. Меъёр, тартиби андозбанди ва ичорапулии замин. 16

Моддаи 34. Ворид кардани пули пардохти замин. 16

Моддаи 35. Имтиёзхо дар мавриди ситонидани андози замин. 16

Моддаи 36. Истифодаи маблаги пардохти замин. 16

Боби 5. КАТЪ  ГАРДИДАНИ  ХУКУКИ  ИСТИФОДАИ  ЗАМИН.. 16

Моддаи 37. Асосхои катъ гардидани хукуки истифодаи китъаи замин. 16

Моддаи 38. Гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти. 17

Моддаи 381.  Кабули санад оид ба гирифтани китъахои замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти  17

Моддаи 382. Асосхо ва тартиби ихтиёран даст кашидани шахс аз хукуки истифодабарии китъаи замин  17

Моддаи 39. Карор дар бораи катъ гардонидани хукуки истифодаи китъаи замин. 18

Моддаи 40. Шартхои  гирифтани замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти. 18

Моддаи 401. Хабардор кардан дар бораи гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти  18

Боби 6. Чуброни товони зарари заминистифодабарандагон ва чуброни талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш.. 19

Моддаи 41. Чуброни зарари заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба замин хангоми гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти. 19

Моддаи 42. Чуброни талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш.. 19

Моддаи 43. Тартиби чуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани китъаи  заминхо аз гардиш.. 19

Моддаи 44. Истифодаи маблагхое, ки дар натичаи чуброни талаф вобаста ба гирифтани китъахои замин аз гардиш ворид мешаванд. 19

Моддаи 45. Озод кардан аз чуброни талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш ва хочагии чангал  19

Боби 7. ХИФЗИ  ХУКУКИ  ОИД БА ЗАМИН.. 20

Моддаи 46.  Хифзи хукук оид ба замин(КЧТ аз 5.01.08 № 357) 20

Моддаи 47. Баррасии бахсхо оид ба замин. 20

Моддаи 48. Кафолатхои хукуки  заминистифодабарандагон (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357) 20

Моддаи 49. Эътирофи хукук  ба  китъаи замин. 20

Моддаи 50. Баркарор кардани хукуки вайроншуда оид ба замин. 20

Боби 8. ХИФЗИ ЗАМИН.. 20

Моддаи 51. Максаду вазифахои хифзи замин. 20

Моддаи 52. Чорабинихо оид ба хифзи замин. 21

Моддаи 53. Талаботи экологи оид ба чобачогузори, лоихакаши, сохтмон ва ба истифода додани иншоотхо, сохтмону иморатхо. 21

Моддаи 54. Хавасмандгардонии иктисодии истифода  ва хифзи замин. 21

Боби 9. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ КОНУНГУЗОРИИ  ЗАМИН, ИСТИФОДА ВА ХИФЗИ ЗАМИН   21

Моддаи 55. Макомоте, ки назорати давлатии риояи истифода ва  хифзи заминро анчом медиханд. 21

Моддаи 56. Вазифахои назорати давлатии риояи конунгузории замин,  истифода ва хифзи замин. 22

Боби 10. ЗАМИНСОЗИ, КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН ВА МОНИТОРИНГИ ЗАМИН.. 22

Моддаи  57.  Мафхуми  заминсози. 22

Моддаи 58 хорич карда шуд (бо КЧТ аз 28.02 соли 2004, № 23) 22

Моддаи 59 хорич карда шуд (бо КЧТ аз 28.02 соли 2004, № 23) 22

Моддаи 60 хорич карда шуд (бо КЧТ аз 28.02 соли 2004, № 23) 22

Моддаи 61. Мафхум ва таъиноти кадастри давлатии замин. 22

Моддаи 62.  Раванди кадастри замин. 22

Моддаи  63.  Мониторинги замин. 23

Боби 11. ЗАМИНХОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗИ.. 23

Моддаи 64. Мафхум ва таркиби заминхои таъиноти кишоварзи. 23

Моддаи 65. Додани заминхои таъиноти кишоварзи. 23

Моддаи  66. Додани замин ба хочагии дехкони (фермери) 23

Моддаи 67 хорич карда шуд (бо КЧТ  аз 28.02 соли 2004, № 23) 23

Моддаи 68 хорич карда шуд (бо КЧТ  аз 28.02 соли 2004, № 23) 23

Моддаи 69 хорич карда шуд (КЧТ аз 28.02 соли 2004, № 23) 23

Моддаи  70.  Ба шахси дигар додани хукуки истифодаи китъаи замин  (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357) 23

Моддаи  71.  Моддаи 71. Додани китъахои замини наздихавлиги ба шахрвандон. 23

Моддаи 711. Тартиби додани китъахои замини наздихавлиги ба шахрвандон. 24

Моддаи 712.  Додани замин барои ташкили хочагии иловагии ёрирасони шахси. 24

Моддаи 713. Додани китъахои замин ба шахрвандон барои чаронидани чорво ва алафдарави. 24

Моддаи 72.  Додани китъахои замин барои богдорию полизкории коллективи. 24

Моддаи 73. Шартхои тагйир додани худуду андозахои заминистифодабари. 24

Моддаи 74. Чойгиркунии объектхои сохтмони дохилихочаги. 25

Моддаи 75. Тартиб ва шартхои додани заминхои таъиноти кишоварзи. 25

Боби 12. Заминхои махалхои ахолинишин (шахрхо, шахракхо ва махалхои ахолинишини дехот) 25

Моддаи  76.  Замини шахр. 25

Моддаи 761.  Худуди маъмурии шахр. 25

Моддаи  77.  Таркиби заминхои шахр. 25

Моддаи 771. Истифодаи замини шахр. 26

Моддаи 772. Додани китъахои замин дар шахр. 26

Моддаи 773. Заминхои захираи шахрхо. 26

Моддаи 774. Заминхои минтакахои истикоматии шахрхо. 26

Моддаи 775.  Додани китъахои замин барои сохтмон дар шахр. 26

Моддаи 776.  Заминхои истифодаи умуми дар шахр. 26

Моддаи 777. Додани заминхои истифодаи умуми барои сохтмони бино ва иншоотхои сабук. 26

Моддаи 778. Заминхои истифодаи кишоварзи дар шахр. 26

Моддаи 779. Заминхои зери богхо ва чангалу буттазорхои шахр. 26

Моддаи 7710. Заминхои саноат, наклиёт, алока, кубурхои магистрали ва  заминхои таъиноти дигари шахрхо. 26

Моддаи 7711. Заминхои зери об ва обанборхо. 26

Моддаи 7712. Заминхои шахрак. 27

Моддаи 7713. Заминхои махали ахолинишини дехот. 27

Моддаи 78.  Заминхои минтакаи наздишахрию сабзазорхо. 27

Моддаи 79. Тартиби чудо кардани минтакахои наздишахрию кабудизорхо. 27

Моддаи  80.  Хифзи заминхои минтакаи наздишахрию кабудизорхо. 27

Боби 13. ЗАМИНХОИ САНОАТ, НАКЛИЁТ, АЛОКА, МУДОФИА ВА ТАЪИНОТИ ДИГАР. 27

Моддаи  81.  Заминхои саноат. 27

Моддаи 82. Заминхои истихроч ва коркарди канданихои фоиданок. 27

Моддаи 83. Катъ гардидани хукуки истифодаи китъаи замини  барои коркарди канданихои фоиданок додашуда. 27

Моддаи  84.  Заминхои  наклиёт. 28

Моддаи  85.  Заминхои кубурхои магистрали. 28

Моддаи  86. Заминхои хати алока, радио ва барк. 28

Моддаи 87. Заминхо барои эхтиёчоти  мудофиа. 28

Боби 14. ЗАМИНХОИ  ХИФЗИ ТАБИАТ, СОЛИМГАРДОНИ, РЕКРЕАТСИОНИ ВА ТАЪРИХИЮ ФАРХАНГИ.. 28

Моддаи 88. Заминхои хифзи табиат. 28

Моддаи 89. Заминхои солимгардони. 28

Моддаи 90. Заминхои рекреатсиони (истирохати) 28

Моддаи 91. Заминхои таъиноти таърихию фарханги. 29

Боби  15.  ЗАМИНХОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ЧАНГАЛ.. 29

Моддаи  92. Заминхои фонди давлатии чангал. 29

Моддаи 93. Истифодаи заминхои фонди давлатии чангал. 29

Моддаи 94. Додани заминхои фонди давлатии чангал  барои эхтиёчоти  кишоварзи ва гайрикишоварзи  29

Боби 16. ЗАМИНХОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ОБ. 29

Моддаи 95. Заминхои фонди давлатии об. 29

Моддаи  96. Таъинот ва истифодаи заминхои фонди давлатии об. 29

Моддаи 97. Махдуд кардани истифодаи китъахои замини назди сохили обанборхо. 30

Моддаи 98. Минтакаи  мухофизатии заминхои фонди давлатии об. 30

Боби 17. ЗАМИНХОИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТИ.. 30

Моддаи 99. Заминхои захираи давлати. 30

Моддаи 100. Таъиноти заминхои захираи давлати (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357) 30

Боби 18. Мукаррароти хотимави. 30

Моддаи 101. Чавобгари барои вайрон кардани Кодекси мазкур. 30

Моддаи 102. Таъиноти маблагхое, ки аз вайронкунандагони конунгузории замин ситонида мешаванд  30

Моддаи 103.  Баркарор намудани аломатхои марзи (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357) 30

Моддаи 104. Баргардонидани китъахои замини худсарона ишголкардашуда. 30

Моддаи 105. Шартномахои байналмилали. 31

Кодекси мазкур муносибатхои заминистифодабариро танзим намуда, барои  истифода ва хифзи замин, хосилхез кардани он, хифз ва бехтар намудани мухити табиат ва инкишофи баробари хамаи шаклхои хочагидори шароит фарохам меоварад.

Боби  1.  КОИДАХОИ АСОСИ 

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи замин

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи замин ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмиллалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891; КЧТ аз 14.11.16 с., №1363) 

Моддаи 11. Муносибатхое, ки конунгузории замин танзим менамояд

Конунгузории замин муносибатхоро вобаста ба истифодабари ва хифзи замин, инчунин муносибатхои молумулкиро дар сохаи заминистифодабари, ки вобаста ба гирифтани (ба даст овардани) хукуки бегона намудани хукуки истифодабарии китъаи замин ба миён меоянд, ба танзим медарорад.

Муносибатхои вобаста ба хифз ва истифодабарии захирахои табии, об, чангал, олами хайвонот ва дигар боигарихои табии, хифзи мухити зист, минтакахо ва объектхои табиии махсус мухофизатшаванда, хавои атмосфера ва объектхои махсуси таърихию фарханги бо конунгузории Чумхурии Точикистон танзим мегарданд. Меъёрхои сохахои номбурда вобаста ба муносибатхои замин дар кисме амал менамоянд, ки агар ин муносибатхоро конунгузории замин танзим накарда бошад. 

Моддаи 12. Мафхумхои асоси

Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– китъаи замин – кисми замин бо хукукхои муайян нисбат ба он, ки гурухи муайян ва намуди ичозатдодашудаи истифодабари, сархади муайяншуда, майдон ва чойгиршави дорад;

– заминистифодабаранда – шахси вокеи ё хукуки, ки китъаи замин ба у бо хукуки бегона намудани хукуки истифодабари ё бе хукуки бегона намудани хукуки истифодабари дода шудаст (ба даст оварда шудааст);

– Фонди ягонаи давлатии замин – мачмуи китъахои замини дар худуди Чумхурии Точикистон вокеъбуда, ки аз гурухи муайяни китъахои замин бо таъиноти муайяни максаднок иборат мебошад;

– гурухи замин – кисми Фонди ягонаи давлатии замин, ки бо таъиноти асосии максаднок чудо карда мешавад ва низоми муайяни хукуки дорад;

– таъиноти максадноки замин – истифодабарии китъахои замин бо максадхои дар хуччатхои тасдиккунандаи хукук ба китъаи замин нишондодашуда;

– сервитут – хукуки шахс ва (ё) шахсон ба истифодаи махдуди китъаи замини дар истифодаи дигар шахс карордошта, ки бо тартиби мукарраргардида ба кайди давлати гирифта шудааст;

– хукуки истифодабарии китъаи замин – тибки Кодекси мазкур ва конунгузории граждании Чумхурии Точикистон хукуки бадастовардашавандаи (бадастовардашудаи) истифодабарии бемухлат, мухлатнок ё якумраи мероси ё якумраи меросии китъаи замин бо хукуки бегона намудан, ки бо тартиби мукарраргардида аз кайди давлати гузаштааст.

 

Моддаи 13. Принсипхои асосии конунгузории замин

Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии мутобики он кабулгардидаи конунгузории замин ба принсипхои зайл асос меёбанд:

– нигохдории Фонди ягонаи давлатии замин, бехтар намудани сифат ва хосилхез кардани замин хамчун захираи мухимтарини табии;

– таъмини истифодабарии самараноки замин;

– таъмини хифзи махсус, васеъ намудан ва истифодабарии китъаи максадноки заминхои кишоварзи;

– ташкили бозори хукуки истифодабарии замин, фаъолияти самараноки он  ва рох надодан ба фаъолияти инхисори дар бозори хукуки истифодабарии замин;

– дастгирии давлати барои амали намудани чорабинихо оид ба хосилхез кардани заминхои кишоварзи, бехтар намудани холати мелиоративи ва хифзи замин;

– дахолат накардани макомоти давлати ба фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки чихати ба даст овардан, истифода бурдан ва бегона кардани хукуки истифодабарии китъахои замин, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон;

– пешгирии зараррасони ба замин, мухити зист ва таъмини амнияти экологи;

– гуногуншаклии хочагидори, таъмини баробархукукии истифодабарандагони замин, хифзи хукук ва манфиятхои конунии онхо;

– таъмин намудани баробархукукии иштирокчиёни муносибатхои вобаста ба замин, хифзи хукук ва манфиятхои конунии онхо;

– музднок будани истифодабарии замин;

– дастрас будани иттилоот оид ба китъахои замин. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891) 

Моддаи 2. Моликият ба замин

Замин дар Чумхурии Точикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халк кафолат медихад.

Даъвои заминхои авлоди дар каламрави Чумхурии Точикистон эътибор надорад.

Шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон метавонад хукуки истифодабарии китъаи заминро бо асосхо, шартхо ва андозае, ки Кодекси мазкур ва конунгузории граждани мукаррар намудааст, бегона намояд.

Ба шахсони вокеи ва хукукии хоричи китъахои замин бе хукуки бегона намудани хукуки истифодабарии ин китъахои замин дода мешаванд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891) 

Моддаи 21 . Объектхои муносибатхои вобаста ба замин

Объектхои муносибатхои вобаста ба замин инхоянд:

– зимин хамчун объекти табии ва захираи табии;

– китъахои замин;

– хукуки гирифтани китъаи замин ва сахми замин. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 22. Хукуки истифодабарии китъаи замин хамчун объекти хукуки граждани

Хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он объекти махсуси муносибатхои хукуки граждани буда, метавонад предмети хариду фуруш, тухфа, иваз, ичора, гарав ва дигар ахдхо бошад ва инчунин ба тарики мерос ва бо тартиби умумии ба даст овардани хукук, ки Кодекси мазкур ва конунгузории граждани мукаррар намудааст, ба дигар шахс гузарад.

Хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он ба шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба тарики бемузд ё музднок дода мешавад.

Китъахои замине, ки ба бегона намудани хукуки истифодабариашон хукук пайдо кардаанд, танхо мувофики таъиноти максадноки онхо истифода бурда мешаванд.

Хеч кас, ба гайр аз асосхои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, аз хукуки истифодабарии китъаи замин махрум карда намешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии замин

Тамоми заминхои Чумхурии Точикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиханд ва мутобики таъиноти максаднок ба гуруххои зайл таксим мешаванд: (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

1) заминхои таъиноти кишоварзи;

2) заминхои махалхои ахолинишин (шахрхо, шахракхо ва махалхои ахолинишини дехот);

3)  заминхои саноат, наклиёт, алока, мудофиа ва таъиноти дигар;

4) заминхои таъиноти хифзи табиат, солимгардони, рекреатсиони ва таърихию мадани;

5)  заминхои фонди давлатии чангал;

6)  заминхои фонди давлатии об;

7)  заминхои захираи давлати.

Гуруххои замин дар хуччатхои зерин нишон дода мешаванд:

а)  дар кадастри давлатии замин;

б)  дар китоби бакайдгирии замин;

в)  дар карорхои хокимияти ичроия дар бораи додани замин;

г) дар хуччатхои тасдиккунандаи хукуки истифодаи замин.

 

Моддаи 4. Салохияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин

  1. Ба салохияти Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин таъсис, бархам ва тагйир додани худуди вохидхои марзиву маъмури (Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо, нохияхо, шахракхо ва дехотхо) дохил мешаванд.
  2. Ба салохияти Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин таъсис додани минтакахои дорои низоми махсуси хукуки, мукаррар намудан ва тагйир додани худуди онхо дохил мешаванд. (КЧТ аз 16.04.2012с., №819)

 

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин

Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин чунин салохият дорад:

а) гирифтан ва додани китъахои замин дар каламрави Чумхурии Точикистон бо максадхои умумидавлати;  (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

б) ташкили корхо чихати тахия ва татбики барномахои давлатию байнидавлати доир ба истифодаи окилонаи замин, афзудани махсулнокии хок, хифзи заминхо дар мачмуъ бо дигар тадбирхои хифзи табиат;

в) хамохангсозии кори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар мавриди татбики барномахои  давлати оид ба истифода ва хифзи замин; . (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

г) таъмини маблаггузории тадбирхо оид ба истифодаю хифзи замин дар чараёни тахияи бучети давлати ва пешниходи он ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон.

д) бо ризояти макомоти дахлдори хокимияти ичроия дар махалхо мукаррар намудани худуди майдонхои мухофизати махсуси табиат;

е) тасдики тартиби мукаррар намудани сервитути оммави (мачбури) ба китъахои замин: (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

ж) идоракунии умумии заминсози, мукаррар намудани тартиби ташкил ва гузаронидани  кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;

з) тасдики хуччатхои заминсозие, ки ба ичрои корхои дорои ахамияти давлати алокаманданд.

и) мукаррар намудани тартиби ба заминистифодабарандагон бемузд ё музднок додани хукуки истифодабарии китъахои замин бо хукуки бегона намудани онхо, андозаи китъахои замине, ки бемузд ё музднок дода мешаванд, андозаи хадди акалли китъаи замин таксимнашаванда, инчунин тартиби додан (ба даст овардан) ва гирифтани китъахои замин;

к) амали намудани дигар салохияте, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 6. Ваколатхои макомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин

Макомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин чунин ваколатхо дорад:

а) гузаронидан ва амали гардонидани корхои заминсози;

б) гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин тахия ва тасдики намунаи китобхо ва дигар хуччатхои кадастри замин; (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

в) назорати давлатии истифода ва хифзи замин, пешниход намудани талабот оид ба  бартараф  намудани вайронкунихои ошкоргаштаи    конунгузории  замин;

г) дар доираи конунгузории амалкунанда такмил додани усулхои  идоракунии захирахои замин;

д) тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба танзими давлатии муносибатхои вобаста ба замин;

е) бо тартиби мукарраргардида намояндаги намудани Хукумати Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои байналмилали;

ж) назорати истифодабарии максадноки маблагхое, ки барои бехдошти холати заминхо равона карда шудаанд;

з) тахия ва мувофики тартиби мукарраргардида чихати тасдик пешниход намудани микдори андози замин, муайян намудани зиёни иктисоди ва чарима барои вайронкунии конунгузории замин;

и) бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории бакайдгирии давлатии  хукуки истифодаи китъаи замин ва дигар хукукхои ба он алокаманд, инчунин бо тартиби мукарраргардида ба заминистифодабарандагон додани хуччате, ки хукуки истифодаи китъаи заминро тасдик мекунад; (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

к) боздоштани хама гуна сохтмонхо, истихрочи канданихои фоиданок ва торф, истифодаи иншоотхо, ичрои корхои мелиоративии чангал, иктишофи геологи, чустучуи, геодези ва манъ кардани фаъолияти заминистифодабарандагоне, ки амалхояшон хилофи конунгузории замин мебошад;

л) ба Хукумати Чумхурии Точикистон, хокимияти махалли ва ё суд манзур намудани пешниходхо оид ба  бекор намудани санадхое, ки хилофи конунгузории  замин мебошанд;

м) боздоштани ичрои карорхо  оид ба чудо намудани китъахои замин, ки мухолифи конунгузории замини Чумхурии Точикистон мебошанд, то кабули карори макомоти дахлдор (макомоти болоии хокимияти ичроия, суд);

н) хал ва шархи масъалахое, ки хангоми бакайдгирии давлатии хукуки истифодаи китъаи замин ва дигар хукукхои ба онхо алокаманд, инчунин дар холати додани хуччатхои дахлдор пайдо мешаванд; (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

о) ичрои дигар ваколатхое, ки конунгузории  Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Салохиятхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхо

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхо дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин дар худуди маъмуриашон чунин салохиятхо доранд:

а) ташкил ва амали гардонидани заминсози, тасдик кардани хуччатхои заминсозии вобаста ба ичрои корхои дорои ахамияти минтакави ва дар заминхои  дар ихтиёри онхо буда гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;

б) додани китъахои замин барои истехсолоти кишоварзи;

в) додану гирифтан ва вобастакунии китъахои замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи;

г) хифзи хукуки заминистифодабарандагон ва ичоракорон;

д) катъ гардонидани хукуки истифодаи китъаи замин мутобики моддаи 37 Кодекси мазкур. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

е) таъмини дастрасии баробари занхо ва мардхо ба китъахои замин;

ж) мукаррар намудани хадди акалли ичропули барои истифодабарии китъаи замин, мукаррар намудани сервитутхои оммави (мачбури) ба китъахои замин;

з) ба шахсони викеи ва хукукии Чумхурии Точикистон бемузд ё музднок додани хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Китъахои заминхои наздихавлиги ва заминхои иловагии ёрирасони шахси, ки тибки тартиби мукарраршуда чудо карда шудаанд, аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахру нохияхо дода мешаванд.

 

Моддаи 8. Салохиятхои чамоатхо

Чамоатхо дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин дар каламрави махалхои ахолинишини дехот чунин салохиятхо доранд:

а) ба макомоти ичроияи махалли хокимияти шахрхо ва нохияхо пешниход намудани таклифхо доир ба чудо намудани китъахои замин; (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

б) мукаррар ва тасдик намудани андозаи заминхои наздихавлиги дар доираи меъёрхое, ки дар моддаи 71 хамин Кодекс оварда шудаанд;

в) тартиб додани китобхои хочагидори, бурдани руйхати заминистифодабарандагон ва шартномахои ичора, инчунин ба танзим даровардани заминхои наздихавлиги ва заминхои хочагихои иловагии ёрирасони шахси; (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

г) назорати  истифода ва хифзи заминхо;

 

Моддаи 81. Салохиятхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии  нохияхое, ки дар худуди маъмурии шахрхо ва хокимияти махаллии шахрхое, ки дар худуди маъмурии  нохияхо чойгиранд

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохияхое (шахрхое), ки дар худуди маъмурии шахрхо (нохияхо) чойгиранд, дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин чунин салохиятхо доранд: (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

а) пешниход намудани таклифхо ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахрхо ва нохияхо дар бораи чудо намудани китъахои замин; (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

б) вобастакунии китъахои замин мутобики моддаи 26 хамин Кодекс;

в) назорати истифода  ва хифзи заминхо.

 

Моддаи 9. Мансуб  донистани заминхо ба гуруххо ва аз як гурух  ба гурухи  дигар гузаронидани онхо

Мансуб донистани заминхо ба гуруххои дар моддаи 3 Кодекси мазкур овардашуда ва аз як гурух ба гурухи дигар гузаронидани онхо мувофики тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ичро мешавад.

Риоя накардани коидахои аз як гурух ба гурухи дигар гузаронидани китъахои замини пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки барои инхо асос шуда метавонад: (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

а) беэътибор донистани карорхои хокимияти ичроия оиди муносибатхои вобаста ба замин;

б) надодани хуччатхои тасдиккунандаи хукуки истифодаи замин ва ба кайд нагирифтани хукуки истифодаи китъахои замин.

 

Моддаи 91. Аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминхо дар дохили заминхои таъиноти кишоварзи

Ба намуди гайрикишоварзии заминхои таъиноти кишоварзи гузаронидани заминхои корам, дарахтони бисёрсола, заминхои алафдарав, чарогоххо ва ба намуди заминхои алафзор ва чарогоххо гузаронидани заминхои корам, дарахтони бисёрсола ва инчунин гузаронидани тамоми намуди заминхои оби ба заминхои лалми бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Ба намуди заминхои корам ва заминхои дарахтони бисёрсола гузаронидани заминхои алафзор, чарогоххо, дигар намуди заминхо, сарфи назар аз масохати заминхо, аз заминхои корам ба заминхои дарахтони бисёрсола ва аз заминхои дарахтони бисёрсола ба заминхои корам, инчунин гузаронидани тамоми намуди заминхои лалми ба заминхои оби бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) сурат мегирад. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 10. Заминистифодабарандагон

Дар Чумхурии Точикистон заминистифодабарандагон шахсони вокеи ва хукуки  мебошанд.

Шахсони вокеи ва хукуки метавонанд заминистифодабарандагони якумдарача ва дуюмдарача бошанд.

Заминистифодабарандагони якумдарача шахсони  вокеи ва хукукие мебошанд, ки хукуки истифодаи бемухлат, мухлатнок ва ё якумраи меросии заминро доранд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

Заминистифодабарандагони дуюмдарача шахсони вокеи ва хукукие мебошанд, ки китъахои заминро дар асоси шартномаи ичора ва ё шартномаи шарикии давлат ва бахши хусуси истифода мебаранд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1363)

Шахси вокеие, ки дар якчояги бо дигар шахсони вокеи хукуки истифодабарии китъаи замин тибки сахми замини худ дар махал хукуки истифодабарандаи заминро сохиб мешавад.

Ба китъаи замине, ки ба истифодабарии он аз чониби заминистифодабаранда – шахси вокеи хангоми дар никох будан бо хукуки бегона намудани он хукук пайдо кардаанд, мукаррароти пешбининамудаи конунгузории граждани ва оила дар бораи моликияти умумии хамсарон мегардад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 101. Хукуки махдуди истифодабарии китъахои замини дигар заминистифодабарандагон

Хукуки махдуди истифодабарии китъаи замин (минбаъд – сервитут) метавонад бо розигии тарафхо (минбаъд – сервитути хусуси ба розиги асосёфта) ё дар мавриди зарурат дар асоси карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахрхо ва нохияхо (минбаъд – сервитути оммави (мачбури) мукаррар карда шаванд.

Сервитути оммави (мачбури) хамчунин аз чониби суд аз руи даъвои шахс дар мавриди ба даст овардани созиш дар бораи макаррар намудани сервитути хусуси (ба розиги асосёфта) метавонад мукаррар карда шавад.

Сервитути оммави (мачбури) дар мавридхое, ки он барои таъмини манфиятхои давлат ва ахолии махалли зарур бошад, бе гирифтани китъахои замин мукаррар карда мешавад.

Сервитути оммави (мачбури) метавонад дар мавридхои зайл мукаррар карда шавад:

– барои гузаштан, аз чумла бо наклиёт тарики китъаи замин ба объектхои истифодаи умуми, кабристон, мазорхо ва дигар объектхои хусусияти мазхабидошта;

– барои истифодабарии муваккатии кисми китъаи замин бо максадхои таъмир ва хизматрасонии шабакахои коммунали, мухандисию техники, барки, инчунин объектхои ифрасохтори наклиёти;

– барои дар китъаи замин чойгир намудани нишонахои марзию геодези ва гузаргох ба онхо;

– барои обгири ва обдихи чорво ва китъаи замин, аз тарики китъаи замин аз як чой ба дигар чой рондани хайвонот;

– барои истифодабарии китъаи замин ба максадхои шикор, мохигири аз хавзхои вокеи китъаи замин, чамъоварии растанихои худруй дар мухлатхои макарраргардида ва бо тартиби мукарраргардида;

– барои истифодабарии муваккатии кисми китъаи замин бо максадхои ичрои корхои чустучуи, тахкикоти ва дигар корхо;

– барои дастрасии озод ба заминхои назди сохил;

– дар холатхои дигари ба манфиятхои давлати ва чамъияти алокамандбуда.

Сервитути хусуси (ба розиги асосёфта) ба китъаи замин бо розигии тарафхо, дар мавриди пайдо гардидани бахс миёни заминистифодабарандагон бошанд, дар асоси карори суд мукаррар карда мешавад. Шакли шартнома оид ба сервитути хусуси (ба розиги асосёфта) аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Истифодабарандаи китъаи замине, ки ба он сервитути хусуси (ба розиги асосёфта) ё оммави (мачбури) мукаррар карда шудааст, хукук дорад аз шахсоне, ки сервитут ба манфиаташон мукаррар гардидааст, пардохти мувофикро талаб намояд.

Агар мукаррар намудани сервитути оммави (мачбури) истифодабарии китъаи заминро номумкин гардонад, заминистифодабаранда хукук дорад аз у гирифтани китъаи замин, аз чумла бо рохи харида гирифтани хукуки истифодабарии ин китъа заминро бо чуброни зарар аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахрхо ва нохияхо, ки сервитути оммави (мачбури)-ро мукаррар намудаанд ё додани китъаи дигари баробарарзиши заминро бо чуброни тавони зарар талаб намояд.

Агар мукаррар намудани сервитути оммави (мачбури) истифодабарии китъаи заминро мушкил гардонад, заминистифодабаранда хукук дорад аз макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахрхо ва нохияхо, ки сервитути оммави (мачбури)- ро мукаррар намудаанд, пардохти музди баробарарзишро талаб намояд.

Дар мавриди бегона намудани хукуки истифодабарии китъаи замини бо сервитут  махдуд кардашуда ё ба дигар кас ба ичора ё ба гарав додани хукуки истифодабарии китъаи замин сервитут эътибори худро нигох медорад.

Сервитуте, ки тибки шартномаи ба вучуд омадааст, метавонад ба мухлати номуайян ё муайян мукаррар карда шавад. Сервитути оммави (мачбури) метавонад бинобар аз байн рафтани асосхое, ки тибки онхо сервитут мукаррар шуда буд, бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахрхо ва нохияхо ё суд катъ карда шавад.  (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 11. Истифодаи бемухлати китъаи замин

Истифодаи китъаи замини бе мухлати пешаки мукарраршуда, истифодаи бемухлат эътироф карда мешавад.

Истифодаи бемухлати китъаи замин ба шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон  дода мешавад.  (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 12. Истифодаи меросии якумра

Ба истифодаи меросии якумра замин ба шахсони вокеи ва коллективхои шахрвандон барои ташкили хочагии дехкони (фермери) ва касбхои анъанавии мардуми, инчунин ба шахрвандон хамчун китъаи замини наздихавлиги дода мешавад.

Китъахои замине, ки бо хукуки истифодаи меросии якумра дода шудаанд, хангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба кайд гирифта шаванд.

Хангоми гузаштани китъаи замини наздихавлигии шахрвандон ба шахсони хукуки, ин китъаи замин ба истифодабарии бемухлат дода мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 13. Истифодаи мухлатноки замин

Ба истифодаи мухлатнок китъахои замин ба шахсони вокеию хукуки ба мухлати муайян дода мешаванд.

Истифодаи мухлатноки замин метавонад кутохмуддат – то се сол ва дарозмуддат – аз се то бист сол ба истиснои холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс бошад.  (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 14. Ичораи замин

Заминистифодабарандагон метавонанд китъахои заминро дар асоси шартнома ба ичора диханд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Шартномаи ичораи замин бе тагйир додани таъиноти максадноки китъаи  замин  баста мешавад.

Китъахои замин ба мухлати то 20 сол ба ичора дода мешаванд. Муносибатхои заминистифодабарандагон оид ба ичораи китъахои замин тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  сурат мегиранд.

 

Моддаи 141. Истифодаи китъаи замин дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусуси

                      (КЧТ аз 14.11.16 с., №1363)

Китъаи замин барои амали намудани лоихаи шарикии давлат ва бахши хусуси дар асоси созишномаи шарики ба мухлати муайяннамудаи созишнома ба шарики хусуси бо назардошти мукаррароти моддаи 25 Кодекси мазкур дода мешавад.

Истифодаи китъаи замин барои амали намудани лоихаи шарикии давлат ва бахши хусуси бетагйир додани таъиноти максадноки китъаи замин анчом дода мешавад.

Муносибатхои вобаста ба истифодаи китъаи замин бо максади амали намудани лоихаи шарикии давлат ва бахши хусуси тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ва созишномаи шарикии давлат ва бахши хусуси ба танзим дароварда мешаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1363)

 

Моддаи 15. Бакайдгирии давлатии китъаи замин ва хукуки истифодабарии китъаи замин

Бакайдгирии давлатии китъаи замин ва хукуки истифодабарии китъаи замин тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он» амали карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

(Моддаи 16 хорич карда шуд тибки Конуни ЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 17. Мукаррар намудани хукуки истифодаи замин

Хукуки истифодаи замин бо хуччатхои зерин тасдик карда мешавад:

а) хукуки бемухлату мухлатноки истифодаи замин ва хукуки истифодаи меросии якумраи китъаи замин – бо Сертификати хукуки истифодаи замин;

б) хукуки ичораи китъаи замин – бо шартномаи ичора. Маълумоте, ки дар хуччатхои тасдиккунандаи хукуки истифодаи замин сабт гардидаанд, бояд ба маълумоти ба китоби бакайдгирии замин дохилгардида мутобик бошанд;

в) созишномаи шарикии давлат ва бахши хусуси, ки бо риояи талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусуси баста шудаанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1363)

г) андозаи сахми замин бо Шаходатномаи сахми замин муайян карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Хуччатхое, ки дар банди «а» ва «б» хамин модда оварда шудаанд, мувофики тартиби мукарраркардаи моддаи 15 Кодекси мазкур бояд ба кайди давлати гирифта шаванд.

(Кисми 3 хорич шуд бо КЧТ аз 14.11.16 с., №1363)

 

Моддаи 171. Асосхо барои пайдо кардани хукук ба истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он

Асосхо барои пайдо кардани хукук ба истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он инхоянд:

– додани китъаи замин бо хукуки бегона намудани он дар асоси карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон ё макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– пайдо кардани хукук ба истифодабарии китъаи замин тибки коидахои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон;

– пайдо кардани хукук ба истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он бо тартиби мерос ё бо рохи хукуккабулкунии умуми;

– дар натичаи ахдхои хукукии граждани ва дигар асосхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пайдо кардани хукук ба истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он.

Хангоми аз шахрвандии Чумхурии Точикистон баромадани шахс, ки дорои хукукии истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он мебошад, ин хукук бояд ба шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон бегона карда шавад.

Дар холате, ки бо ин ё он сабаб бегона намудани хукуки истифодабарии китъаи замин гайри имкон аст ва ё бо хохиши шахсе, ки шахрвандиаш катъ мегардад, хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бамузд баргардонида мешавад. Хангоми баргардонидани хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он ба сохибхукук арзиши бозории хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 172. Махдудиятхо оид ба вогузоштани хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он

Хукуки истифодабарии китъаи заминхое, ки тахти объектхои зерин карор доранд, бегона карда намешаванд:

– мамнуъгоххои табии ва богхои милли;

– бино, иморат ва иншооте, ки аз чониби макомоти хокимият ва идораи давлати истифода бурла мешаванд;

– муассисахои давлати;

– агар дар худудашон объектхои об чойгир шуда бошанд;

– объектхои осори пурарзиши таърихию фархангии халкхои Чумхурии Точикистон, мамнуъгоххои таърихию фарханги ва объектхои меросии археологи;

– барои таъмини эхтиёчоти мудофия ва амният, саноати мудофияви, гумруки, ташкилотхои алока ва наклиёт, аз чумла фурудгох, ки дар кисми мазкур нишон дода нашудаанд.

Хукуки истифодабарии китъахои замини зерин дар гардиш махдуд карда мешавад:

– дар доираи худудхои табии махсус хифзшаванда, ки дар кисми якуми хамин мода нишон дода нашудаанд;

– аз таркиби заминхои фонди чангал.

Бегона намудани хукуки истифодабарии китъахои замини худуди назди сохил, ки тибки Кодекси оби Чумхурии Точкистон мукаррар карда шудаанд, инчунин китъахои замине, ки дар онхо хавз ва кулхо дар худуди мавзеи истифодаи умуми чойгир шудаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 18. Манъ будани истифодаи китъаи замин то ба расмият даровардани  хукуки истифодаи замин

То худуди китъаи заминро мукаррар намудани макомоти дахлдори танзими замин ва додани хуччатхое, ки хукуки истифодаи заминро тасдик менамоянд, ба истифодаи китъаи замин шуруъ намудан манъ аст.

 

Моддаи 181. Китъахои замини таксимшаванда ва таксимнашаванда

Китъаи замин метавонад таксимшаванда ва таксимнашаванда бошад:

– китъаи замини таксимшаванда китъаест, ки бе тагйир додани таъиноти максаднокаш ва бе вайрон намудани холати зиддисухтори, санитари, экологи, сохтмони ва дигар меъёрхо ва коидахои хатми мумкин аст ба кисмхо, ки хар кадоми онхо баъд аз таксимот китъаи замини мустакилро ташкил медихад, таксим карда шавад;

– китъаи замини таксимшаванда китъаест, ки бе тагйир додани таъиноти максаднокаш ва бе вайрон намудани холати зиддисухтори, санитари, экологи, сохтмони ва дигар меъёрхо ва коидахои хатми ба китъахои замини мустакил чудо шуда наметавонад.

Таксимнашаванда будани китъаи замин дар хуччате, ки хукуки истифодабарии заминро тасдик менамояд, нишон дода мешавад.

Хукуки истифодабарии кисми китъаи замин баъд аз таксим чудокарда аз рузи бакайдгирии давлатии пайдо кардани хукук ба он ба вучуд меояд.

Андозаи хадди акалли китъаи замини таксимнашаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон вобаста ба сохти маъмури – худуди, гурух ва таъиноти замин муайян карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Боби 2.  ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН

 

Моддаи 19. Хукуки заминистифодабарандагони якумдарача

Заминистифодабарандагони якумдарача хукук доранд:

-мустакилона дар замин хочагидори намоянд;

-молики махсулоти кишоварзию даромади фуруш аз он бошанд;

-аз канданихои фоиданоки маъмул, торф, чангал, манбаъхои оби вокеи китъаи замин, инчунин аз дигар чихатхои муфиди замин тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои эхтиёчоти хочагиашон истифода баранд;

-тибки талаботи Кодекси мазкур манзил, иншооти истехсоли, маданию маиши ва дигар сохтмону иншоотро бунёд намоянд;

-молики кишт, зироатхои кишоварзи ва нихолхои шинонидашуда бошанд;

-мустакилона бе дахолати макомоти давлати дар мавриди хукуки истифодабарии замини бо хукуки бегона намудани он гирифташуда (ба даст овардашуда) ахдхои хукукии граждани (хариду фуруш, тухфа, иваз, гарав ва гайра) банданд, ба истиснои мукаррароти Кодекси мазкур; (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

-китъаи заминро ба ичора диханд;

-сервитути хусусиро (ба розиги асосёфтаро) ба китъаи замин мукаррар намоянд; (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

-сервитутхоро мутобики шартнома муайян намуда, ба имзо расонанд;

-хукуки истифодабарии китъаи заминро ба гарав монанд;

-дар холати гирифтани хукуки истифодаи китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти мутобики моддахои 41 ва 43 Кодекси мазкур товони зарарро гиранд;

-ихтиёран аз китъаи замин даст кашанд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 20. Хукуки заминистифодабарандагони дуюмдарача

Заминистифодабарандагони дуюмдарача хукук доранд:

– заминро мувофики шартхои муайяншуда истифода баранд;

– бо розигии ичорагир замини ба ичора гирифташударо ба ичораи фаръи (субаренда) дихад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

– аз канданихои фоиданоки маъмул, торф, чангал, манбаъхои оби вокеи  китъаи замин, инчунин дигар чихатхои муфиди замин мувофики тартиби мукарраргардида истифода баранд;

– дар мавриди пеш аз мухлат катъ гардидани шартномаи ичора чуброни харочотеро, ки барои бехтар намудани холати замин аз хисоби худ сарф кардаанд, гиранд; (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

– дар мавриди пеш аз мухлат бекор гардидани созишномаи шарикии давлат ва бахши хусуси ба чуброн кардани зиёне, ки вобаста ба бехтар намудани холати замин ба заминистифодабарандаи дуюмдарача расидааст, агар созишнома аз чониби заминистифодабарандаи дуюмдарача бекор нагардида бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1363)

 

Моддаи 21. Ухдадорихои заминистифодабарандагон

Заминистифодабарандагон ухдадоранд:

– заминро мувофики максад ва шартхои муайяншуда истифода баранд;

– замини додашударо самаранок истифода баранд ва аз технологияи барои  хифзи табиат пешбинишудаи истехсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии махал  дар натичаи фаъолияти хочагидори рох надиханд;

– барои хифзи замин мачмуи чорабинихоеро, ки дар моддахои 51, 52 хамин Кодекс пешбини шудаанд, амали намоянд;

– сари вакт андоз ва ичорапулии заминро супоранд;

– хукуки дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд;

– маълумоти дар конунгузории Чумхурии Точикистон  мукарраргардидаи оиди вазъу истифодаи заминро сари вакт ба макомоти дахлдори давлати пешниход намоянд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

– нишонахои марзи, геодези ва дигар нишонахои махсусро хифз ва химоя намоянд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Боби 3.  ДОДАНИ ЗАМИН

 

Моддаи 22. Тартиби додани замин

Китъахои замин дар Чумхурии Точикистон ба шахсони вокеи ва хукуки аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дода мешаванд.

Тартиби додани китъахои заминро Хукумати Чумхурии Точикистон макаррар менамояд.

Андозахои нихоии (хадди акал ва аксари) китъахои замин аз заминхои таъиноти гуногун, ки ба шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон бо хукуки бегона намудани онхо барои истифода дода мешаванд, ба истиснои холатхои дар моддаи 71 Кодекси мазкур пешбинигардида, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 23. Додани замин барои эхтиёчоти кишоварзи

Заминхое, ки барои эхтиёчоти кишоварзи мувофиканд, барои истехсолоти махсулоти  кишоварзи ба шахсони вокеи ва хукуки дода мешаванд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891

Хукуки истифодабарии китъахои замини таъиноти кишоварзи бо хукуки бегона намудани онхо танхо ба шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон, ки бевосита дар истехсолоти кишоварзи иштирок доранд, дода мешаванд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Барои эхтиёчоти кишоварзи мувофик будани заминро макоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин ва макомоти он дар махалхо дар асоси хуччатхои хокшиноси, тадкикоти геоботаники, гидромелиоративи, агроиктисоди ва дигар тадкикотхо муайян мекунад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 24. Додани китъахои замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи

Барои эхтиёчоти гайрикишоварзи китъахои замини барои истехсолоти кишоварзи номувофик ё китъахои замини пастсифати кишоварзие, ки арзиши кадастриашон аз хисоби миёнаи нохия паст мебошад, дода мешаванд.

Китъахои замин барои сохтмони махалхои ахолинишин мутобики хулосаи макомоти ваколатдори давлати дар сохаи геология дода мешаванд. Дар майдонхои дорои канданихои фоиданок китъахои замин барои сохтмон бо ризоияти макоми назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори  дода мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Шахсони вокеи ва хукуки, ки корхои геологи, чустучуи, геодези ва дигар корхои муваккатии тадкикотиро дар асоси ичозатнома, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дода шудааст, мегузаронанд, китъахои заминро барои ичрои чунин корхо, бе гирифтани ин китъахои замин аз заминистифодабарандагон, бо розигии заминистифодабарандагон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати истифода мебаранд.

Зарари расонидашуда ва харочотхо барои баркароркунии заминхои вайроншуда хангоми ишголи муваккатии китъаи замин аз тарафи шахсони вокеи ва хукукие, ки ин китъаи заминро ишгол намудаанд, ба заминистифодабаранда тибки талаботи Кодекси мазкур чуброн карда мешавад. Дар холати катъ гардидани хукуки коркарди канданихои фоиданок шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд, ки китъаи заминро баркарор намуда, тибки тартиби мукарраршуда ба заминистифодабаранда  баргардонанд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 25. Додани замин ба шахрвандони хоричи ва шахсони хукукии хоричи

Китъахои заминро ба шахрвандони хоричи ва шахсони хукукии хоричи ба истифодаи мухлатнок ба мухлати то 50 сол додан мумкин аст.

Заминхои таъиноти кишоварзи ва заминхое, ки тахти мухофизати махсус мебошанд, ба шахрвандони хоричи ва шахсони хукукии хоричи дода намешаванд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Хангоми ба шахси вокеи ё хукукии хоричи гузаштани хукуки истифодабарии китъаи замини таъиноти кишоварзи бо хукуки бегона намудани он ин хукук бояд дар давоми як соли баъди пайдо кардани хукук ба китъаи замин ба фоидаи шахси вокеи ё хукукии Чумхурии Точикистон бегона карда шавад.

Агар бо ягон сабаб бегона намудани хукуки истифодабарии чунин китъаи замин ба фоидаи шахси вокеи ё хукукии Чумхурии Точикистон гайриимкон бошад, хукуки истифодабарии китъаи замин ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба таври музднок, бо арзиши бозории хукуки истифодабарии китъаи замин дода мешаванд.

Дар сурати ичро нагардидани талаботи кисмхои сеюм ва чоруми моддаи мазкур гирифтани китъаи замине, ки хукуки истифодабарии он ба шахси вокеи ё хукукии хоричи гузаштааст, бо тартиби суди амали карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 26. Додан ва вобастакунии китъахои замин аз тарафи  макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии  нохияхо, шахрхо ва вилоятхо

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии  нохияхо, шахрхо китъахои заминро бо мувофикаи макомоти махаллии заминсози ба истифодаи бемухлат, мухлатнок, якумраи мероси ва ба ичора аз чунин гурухи заминхо  медиханд:

а) аз гурухи заминхои таъиноти кишоварзи ва аз гурухи заминхои захираи давлати барои эхтиёчоти кишоварзи, сарфи назар аз андозаи китъаи замин ва барои эхтиёчоти гайрикишоварзи, ба гайр аз намуди заминхое, ки дар моддаи 29 хамин Кодекс барои хамин гуруххо муайян шудааст, ба андозаи то 10 гектар;

б) аз гурухи заминхои фонди давлатии чангал ва аз гурухи заминхои  фонди  давлатии об, ба  гайр аз заминхои чангали гурухи якум барои эхтиёчоти  кишоварзи ба андозаи то 10 гектар  ва  барои эхтиёчоти гайрикишоварзи бо назардошти мукаррароти моддаи 97 хамин Кодекс, ба гайр аз намуди заминхое, ки дар моддаи 29 хамин Кодекс барои хамин гуруххо муайян шудааст, то  5   гектар;

в) аз гурухи заминхои махалхои ахолинишин (шахрхо, шахракхо ва махалхои ахолинишини дехот), ба гайр аз намуди заминхое, ки дар моддаи 29 хамин Кодекс нисбати хамин гурух муайян шудааст, барои эхтиёчоти хамин гурух, то 10 гектар;

г) аз гурухи заминхои саноат, наклиёт, алока, мудофиа ва дигар намуди хамин гурух барои эхтиёчоти хамин гурух, то 10 гектар;

д) аз гурухи заминхои таъиноти хифзи табиат, солимгардони, рекреатсиони ва таърихию фарханги, бе иваз намудани максади муайяншудаи замини хар як намуди ин гурух, ба андозаи то 5 гектар.

Вобастакунии китъахои заминро сарфи назар  аз андозаи китъаи замин амали  менамоянд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо китъахои заминро бо мувофикаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохияхо (шахрхо) ва  макомоти махаллии заминсози ба истифодаи бемухлат, мухлатнок аз хамаи намудхои гуруххои заминхо, ба гайр аз заминхое, ки дар моддаи 29 хамин Кодекс оварда шудаанд, ба андозаи то 20 гектар  медиханд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 261. Додани китъахои замин аз  тарафи  Хукумати Чумхурии Точикистон

Хукумати Чумхурии Точикистон аз тамоми гуруххо ва намудхои замин китъахои заминро ба истифодаи бемухлат, мухлатнок ва ба ичора бо мувофикаи  макомоти ичроияи  махаллии хокимияти давлатии нохияхо, шахрхо, вилоятхо ва макоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин сарфи назар аз андозаашон медихад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 27.  Ба шахси дигар гузаштани хукуки истифодаи китъаи замин ва вобастакунии он

Хангоми ба шахси дигар гузаштани хукуки моликият ба бино (иморат, иншоот) хукуки истифодаи кисмати замин, ки бино (иморат, иншоот) дар он карор дорад, хамчунин кисми хамшафати он китъаи замине, ки барои хизматрасонии ин бино ( иморат иншоот)-ро харида бемузд мегузарад. Кисми китъаи замине, ки аз худуди барои истифодабари ва хизматрасонии ин бино (иморат, иншоот) зарур зиёд мебошад, бо тартиби муайян намудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ба таври музднок мегузарад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Зимнан китъаи замини пештар мувофики тартиби мукарраргардида чудошуда, аз нав чудо карда нашуда, аз тарафи макомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин ва макомоти он дар махалхо ба шахсе, ки хукуки истифодаи китъаи замин ба у мегузарад, вобаста карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Дар холати тагйир ёфтани максади истифодаи китъаи замине, ки дар он бино, сохтмону иншоот карор доранд, аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тибки тартиби мукаррарнамудаи моддахои 9-91 Кодекси мазкур дар бораи тагйир ёфтани максади истифодаи ин китъаи замин карор кабул карда мешавад.

Дар холати пурра истифода набурдани китъаи замине, ки чунин бино, сохтмону иншоотхо дар он карор доранд,  хукуки   истифодаи китъаи  замини истифоданашуда катъ гардонида мешавад.

Хангоми ба шахси дигар гузаштани хукуки моликият ба манзили истикомати, дар баробари ин хукуки истифодаи китъаи замини наздихавлиги низ ба вай мегузарад.

 

Моддаи 271 . Ба  гарав гузоштани хукуки истифодаи китъаи замин

Заминистифодабарандагони якумдарача хукуки истифодаи китъаи заминро барои ба гарав мондан хукук доранд.

Мухлати ичрои ухдадори, ки хукуки истифодаи китъаи заминро бо гарав таъмин мекунад, наметавонад аз мухлати истифодаи китъаи замини ба гарав мондашуда зиёд бошад.

Агар кисми китъаи замин хамчун китъаи замини алохида таксим нагардида, хукуки истифодабари бо хукуки бегона намудани он тибки хуччати тасдиккунандаи бакайдгарии давлати тасдик нашуда бошад, гарави хукуки истифодабарии он ичозат дода намешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Тартиб ва хусусиятхои ба гарав гузоштани хукуки истифодаи китъаи замин бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ипотека» муайян карда мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 28. Мукаррар ва аник муайян намудани худуди китъахои  замин дар  махал

Хангоми  чудо намудани китъаи замин,  корхои вобаста ба мукаррар ва аник  муайян намудани худуди китъаи замин дар махал аз чониби макоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин  бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 29. Хусусиятхои додани намудхои алохидаи замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи

Хангоми зарурат додани баъзе намудхои замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи аз гуруххои заминхои зерин танхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад:

а) аз заминхои  таъиноти кишоварзи ва захираи давлати (заминхои корам, дарахтони бисёрсола, нихолпарваришгоххо, заминхои алафдарав ва чарогоххо);

б) аз заминхои махалхои ахолинишин (богхои милли, богхои фарханги ва истирохати, богхои ботаники ва дигар намуди богхо, чангалзори гурухи якум, ёдгорихои табиат, иншооти солимгардони, заминхои таъиноти таърихию фарханги, майдончахои илми – санчиши, муассисахои илми-тадкикоти, ба истиснои сохтмонхои сабук бе тагйир додани таъиноти максаднок барои хизматрасонии хамин заминхо ва шахрвандон);

в) аз заминхои фонди давлатии чангал ва фонди давлатии об (заминхои корам, дарахтони бисёрсола, плантатсияхо, нихолпарваришгоххо, заминхои алафдарав, чарогоххо ва заминхои чангали гурухи якум). (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 30. Тартиби додани китъаи замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи

Додани  китъаи замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи дар як мархила бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур амали карда мешавад.

Дар холати рад намудани мурочиат чихати додани китъаи замин аризадиханда дар мухлати се рузи пас аз кабули карор оид ба рад  намудани мурочиат ба таври хатти огох карда мешавад.

Хангоми беасос рад намудани мурочиат чихати додани китъаи замин, инчунин риоя нагардидани тартиби додани китъаи замин ба макоми дахлдор ё суд шикоят намудан мумкин аст. (КЧТ аз 25.03.11с. №704)

 

Моддаи 31. Шартхои додани замин барои эхтиёчоти гайрикишоварзи  (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Боби 4.  ПАРДОХТИ  ЗАМИН

 

Моддаи 32. Истифодаи пулакии замин

Истифодаи замин дар Чумхурии Точикистон пулаки мебошад. Пули замин хар сол дар шакли андози замин, ичорапули дар мухлатхои мукарраргардида ситонида мешавад.

 

Моддаи 33. Меъёр, тартиби андозбанди ва ичорапулии замин

Андози замин ва меъёри он бо Кодекси андози Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Ичорапулии заминхои кишоварзи вобаста ба сифату чойгиршавии китъаи замин бо дарназардошти арзиши кадастриаш муайян карда мешавад.

Меъёри пардохт барои истифодаи дигар навъхои замин бо дарназардошти чойгиршавии онхо, хусусияти истифодабари, чихатхои экологи ва ичтимоию иктисодиашон муайян карда мешавад.

Бахои замин дар Чумхурии Точикистон барои мукаррар намудани нархи меъёрии замин бо максади андозбандии вокеи ва пардохти ичора тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бахои замин» ба амал бароварда мешавад.

Арзиши бозории хукуки истифодабарии китъахои замин бо хукуки бегона намудани онхо хамчун объекти муносибатхои хукукии граждани дар Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 34. Ворид кардани пули пардохти замин

Андози замин мутобики Кодекси андози Чумхурии Точикистон таксим карда мешавад.

Ичорапули мувофики тартиби мукаррарнамудаи шартномаи ичора ба  заминистифодабарандаи аввал супурда мешавад.

 

Моддаи 35. Имтиёзхо дар мавриди ситонидани андози замин

Масъалахои вобаста ба мукаррар намудани имтиёзхо дар мавриди ситонидани андози заминро Кодекси андози Чумхурии Точикистон танзим менамояд.

 

Моддаи 36. Истифодаи маблаги пардохти замин

Маблаги пардохти замин, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таксим мешавад, барои маблаггузории чорабинихои хифзи замин ва баланд бардоштани махсулнокии он, ободонии заминхои нав, ичрои корхои танзими замин (аз чумла корхои мукаррару баркароркунии худуди  замин дар махал, тартиб додани харита ва ё накшахои онхо, тачхизонии техникии хадамоти давлатии танзими замин) пешбурди кадастри давлатии замин, анчом додани корхо оиди мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва хифзи замин ба кор бурда мешавад.

 

Боби 5. КАТЪ  ГАРДИДАНИ  ХУКУКИ  ИСТИФОДАИ  ЗАМИН

 

Моддаи 37. Асосхои катъ гардидани хукуки истифодаи китъаи замин

Хукуки истифодаи замин ё як кисми он дар холатхои зерин катъ мегардад:

а) даст кашидан аз китъаи замин ба таври хатти, ки аз тарафи заминистифодабарандагон имзо шудааст;

б) катъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон;

в) истифода набурдани китъаи замин барои эхтиёчоти кишоварзи дар давоми ду сол ва шуруъ накардан ба сохтмон дар замини барои эхтиёчоти гайрикишоварзи додашуда, дар давоми се сол;

г) гайри таъиноти максаднок истифода бурдани китъаи замин, ки дар хуччати тасдиккунандаи хукуки истифодаи замин нишон дода шудааст;

д) истифодаи китъаи замин бо усулхое, ки боиси паст шудани хосилхезии замин, захролудшавии он бо маводи кимиёви, радиоактиви ва дигар мавод ва боиси бад шудани  вазъи экологи мегардад;

е) ба охир расидани мухлати истифодаи китъаи замин;

ж) гирифтани замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур.  (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

з) аз узвияти хочагии дехкони баровардан бо асосхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини менамояд; (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

и) пеш аз мухлат катъ гардидан ва ё ба анчом расидани мухлати амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусуси.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1363)

Дар холати катъ гардидани хукуки истифодаи замин бо хукуки бегона намудани он бо асосхое, ки дар кисми якуми хамин модда муайян шудаанд, ба заминистифодабаранда нархи бозории хукуки истифодабарии китъаи замини у чуброн карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 38. Гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти

Гирифтани замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти дар холатхои истисно хангоми мавчуд набудани роххои дигари чойгиронии иншоотхо, дар холатхои зерин ба амал бароварда мешавад:

1) ичро кардани ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон, ки тибки тартиби мукарраршуда эътироф шудаанд;

2) таъсиси махалхои нави ахолинишин, васеъ кардани шахр ва махалхои ахолинишин;

3) чойгиронии иншоотхои зерин:

-иншоотхои мудофиа ва амният;

-иншоотхои инфраструктураи наклиёти: роххои мошингард, кучахо, пулхо, накбхо, эстакадахо ва дигар сохтмонхои мухандисию наклиёти, иншоотхои алока;

-иншоотхои таъминоти барк, газ, гарми ва об, инчунин иншоотхои равона кардани обхои корези;

-мактаб, китобхона, беморхона, кабристон, богхои истирохати, майдончахои бози ва варзиши ва дигар эхтиёчоти ичтимои ва инчунин бинохои давлатие, ки ба максадхои давлати ва чамъияти хизмат мекунанд;

4)  кашф шудани канданихои фоиданок;

5) хифзи иншоотхо ва ёдгорихое, ки арзиши археологи, таърихи ва илми доранд, дар холатхое, ки онхо хавфи нобудшави доранд ё гирифтори харобшави мебошанд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 381.  Кабули санад оид ба гирифтани китъахои замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти

Карорро дар бораи гирифтани китъахои замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохияхо, шахрхо, вилоятхо ва Хукумати Чумхурии Точикистон кабул мекунанд.

Дар сурати бо карор дар бораи гирифтани китъаи замин рози набудани заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба китъаи замин, вай хукук дорад ба суд бо даъво мурочиат намояд.

Асос барои кабул намудани карор дар бораи гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти хуччатхои шахрсозии бо тартиби мукарраргардида тасдикшуда, дигар лоихахое, ки зарурат ва хисоботи техники-иктисодии гирифтани китъаи заминро асоснок мекунанд, ба хисоб меравад.

Карор дар бораи  гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти баъд аз тасдики лоихахои мувофик кабул карда мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 382. Асосхо ва тартиби ихтиёран даст кашидани шахс аз хукуки истифодабарии китъаи замин

Ихтиёран даст кашидан аз хукуки истифодабарии китъаи замин бо рохи додани ариза аз чониби заминистифодабаранда дар бораи даст кашидан аз хукуки истифодабрии китъан замин ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати амали карда мешавад.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати карори катъ гардидани хукуки истифодабарии китъаи заминро дар мухлати як мох аз рузи додани ариза аз чониби заминистифодабаранда кабул менамояд.

Карори кабулшуда оид ба катъ гардидани хукуки истифодабарии китъаи замин ба аризадиханда ва ба макомоти ваколатдори давлатии бакайдгирии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он дар мухлати се руз барои бакайдгирии давлати фиристонида мешавад.

Агар хукуки истифодабарии китъаи замини зикргардида бо хукуки бегона намудани он дода шуда бошад, ба заминистифодабаранда дар мухлати як мох аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати хукуки истифодабарии китъаи замин бо нархи бозори чуброн карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 39. Карор дар бораи катъ гардонидани хукуки истифодаи китъаи замин

Карор дар бораи катъ гардонидани хукуки истифодаи китъаи замин бо асосхои пешбининамудаи бандхои «а», «б», «е» ва «ж» моддаи 37 Кодекси мазкур аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) кабул карда мешавад.

Ичрои карор дар бораи катъ гардонидани хукуки истифодаи китъаи замин бо асосхои пешбининамудаи бандхои «е» ва «ж» моддаи 37 Кодекси мазкур баъд аз анчом ёфтани мавсими кишоварзи амали карда мешавад.

Мачбури катъ гардидани хукуки истифодабарии китъаи замин бо асосхои дар банди «в», «г» ва «д» моддаи 37 Кодекси мазкур пешбинишуда танхо дар асоси карори суд амали карда мешавад. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ё макоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин хукук доранд ба суд бо аризаи даъвоги дар бораи мачбури катъ гардидани хукуки истифодабарии китъаи замин танхо баъд аз андешидани чорахои чавобгарии маъмури ва огохкунии хаттии заминистифодабаранда оид ба бартараф намудани камбудихо дар мухлати на камтар аз се мох мурочиат намоянд. Бакайдгирии давлатии бегонакунии хукуки истифодабарии китъаи замин хангоми амали карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Огохномаи катъ гардидани хукуки истифодаи замин бояд ба хамаи заминистифодабарандагон аз чониби макомоте, ки карорро кабул намудааст, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход карда шавад.

Китъахои замине, ки хукуки истифодаи онхо катъ гардидааст, ба фонди махсуси замини нохия (шахр), заминхои захираи нохия (шахр) дохил карда мешаванд ё ба заминистифодабарандагони пештара баргардонида мешаванд.

Ба фонди махсуси заминхои нохия (шахр), асосан заминхои кишоварзие, ки хукуки истифодаашон катъ гардидааст, дохил карда мешаванд.

Ба заминхои захираи нохия (шахр) заминхое, ки барои истифодаи гайрикишоварзи дода шудаанду хукуки истифодаашон катъ гардонида шудааст, дохил карда мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 40. Шартхои  гирифтани замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти

Заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба замин бояд на дертар аз як сол то гирифтани китъаи замин дар бораи он аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати  ба таври хатти огох карда шавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891

Заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба замин, ки дар бораи гирифтани китъаи заминаш барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти карор кабул карда шудааст, то аз тарафи суд кабул шудани карор аз руи даъво хукуки ба замин доштаашро амали менамояд, истифодабарии китъаро мувофики таъиноташ таъмин менамояд.

 

Моддаи 401. Хабардор кардан дар бораи гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти

Раванди гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти шаффоф мебошад.

Тамоми карорхо дар бораи гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти дар рузномахои чумхурияви ба забонхои давлати ва руси дар давоми панч рузи кори аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки карор кабул намудааст, интишор карда мешаванд.

Тамоми карорхо дар бораи тасдик намудани хуччатхои шахрсози бо тартиби мукаррарнамудаи хамин модда интишор карда мешаванд. Лоихахои дорои хусусияти меъмори – шахрсозидошта, аз чумла накшахои генералии сохтмон барои шиносоии умум озод буда, дар шакли макетхои алохида дар чойхои дастраси мардум, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати муайян кардааст, дар тамоми давраи амалишавии онхо гузошта мешаванд. Ин макетхо барои шиносои дар давоми 10 руз баъди тасдик шудан то рузи охирони амали шудани онхо пешниход карда мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

 

Боби 6. Чуброни товони зарари заминистифодабарандагон ва чуброни талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш

 

Моддаи 41. Чуброни зарари заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба замин хангоми гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти

Гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти аз заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандагони дигар хукукхои бакайдгирифташуда вобаста ба замин мумкин аст баъд аз амалхои зерин анчом дода шавад:

а) баъди бо хохиши онхо чудо кардани китъаи замини баробарарзиш;

б) дар махали нав аз чониби шахсони вокеи ва хукуки, ки барои онхо китъаи замин чудо карда мешавад бо тартиби мукарраргардида сохтани манзил, корхонахои истехсоли ва дигар сохтмонхои аз руи таъинот монанд ва баробарарзиш ё ин ки дар шакли пулии арзиши он;

в) мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чуброни хачми пурраи хамаи зарархои расонидашуда,  хамчунин фоидаи аздастрафта.

Хангоми гирифтани китъахои замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти тамоми зарар бо нарххои бозори бахо дода шуда, бо назардошти чойгиршавии китъаи замин хисоб карда мешавад ва аз чониби шахсоне, ки ба манфиати онхо замин гирифта мешавад,  пардохт мегарданд.

Бекор кардани хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки истифодабарии он барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти метавонад баъди ба заминистифодабаранда чудо намудани китъаи замини баробарарзиш бо хукуки бегона намудани он ва чуброни товони зарархои дигаре, ки дар кисми якуми моддаи мазкур пешбини шудааст, амали карда шавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Дар холати норози будан ба андоза ва шартхои чуброни зарар, заминистифодабаранда хукук дорад ба суд мурочиат намояд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 42. Чуброни талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш

Талафот вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш аз чониби шахсони вокеи ва хукуки, ки ба онхо ин намудхои замин бо максадхои гайрикишоварзи дода мешаванд, чуброн карда мешавад.

Хангоми хисобкунии талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш меъёрхои арзиши азхудкунии заминхои нав ва бехтар намудани холати заминхои мавчуда бо максади истехсоли махсулоти кишоварзи ба андозаи на камтар аз махсулоти истехсолшуда дар китъахои замини гирифташуда ё истехсоли махсулоти пеш аз пастшавии сифати ин китъахо истехсолшуда истифода мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 43. Тартиби чуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани китъаи  заминхо аз гардиш

Чуброни зарари заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш дар холати гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти то гирифтани замин аз хисоби шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолияташон зарурати гирифтани заминро ба миён овардааст,  ба амал бароварда мешавад.

 Тартиби чуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар хукукхои бакайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш хангоми гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъиятиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 44. Истифодаи маблагхое, ки дар натичаи чуброни талаф вобаста ба гирифтани китъахои замин аз гардиш ворид мешаванд

Маблагхое, ки дар натичаи чуброни талаф вобаста ба гирифтани китъахои замин аз гардиш ворид мешаванд, ба хисобномаи махсуси бучети чумхури ворид карда шуда, мутобики моддаи 36 хамин Кодекс сарф карда мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 45. Озод кардан аз чуброни талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш ва хочагии чангал

Талаф вобаста ба гирифтани заминхо аз гардиш ва хочагии чангал ба истиснои хукуки истифодабарии китъахои замин бо хукуки бегона намудани онхо дар мавриди  гирифтани китъахои замин барои максадхои зайл чуброн намешавад:

-барои китъахои замини наздихавлиги;

-барои кабристонхо;

-барои иншооти хочагии об ва мелиоративи хангоми ободонии заминхои нав ва ё аз нав танзим кардани шабакахои обёрию захбурхо;

-барои мактабу интернатхо, хонахои бачагон ва муассисахои тибби;

дар дигар холатхое, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Боби 7. ХИФЗИ  ХУКУКИ  ОИД БА ЗАМИН

 

Моддаи 46.  Хифзи хукук оид ба замин(КЧТ аз 5.01.08 № 357)

Хифзи хукуки оид ба замин тибки тартиби мукарраркардаи конунгузории шахрванди, хамин Кодекс  ва конунхои дигар амали мегардад, аз чумла бо рохи:

а) эътироф кардани хукуки оид ба замин;

б) манъ кардани мудохила ба фаъолияти заминистифодабарандагон аз тарафи давлат ва заминистифодабарандагони дигар, ба гайр аз мавридхои вайрон кардани конуни замин аз тарафи заминистифодабарандагон;

в) дар конун мукаррар кардани номгуи мукаммали холатхои манъ ва ё махдуд кардани хукуки оид ба замин аз тарафи давлат;

г) дар конун мукаррар кардани кафолатхои хифзи хукуки оид ба замин хангоми манъ ё махдуд гардидани онхо.

 

Моддаи 47. Баррасии бахсхо оид ба замин

 Бахсхо, ки аз муносибатхои вобаста ба замин бармеоянд, аз чониби суд бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барраси карда мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 48. Кафолатхои хукуки  заминистифодабарандагон (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 49. Эътирофи хукук  ба  китъаи замин

Эътирофи хукук ба китъаи замин хангоми мавчуд набудани хуччати тасдиккунанда дар асоси карори суд оид ба эътирофи сохибмулкии амволи гайриманкули дар ин китъаи замин чойгирбуда аз чониби макомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин дар махалхо бо риояи талаботи Кодекси мазкур амали карда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 50. Баркарор кардани хукуки вайроншуда оид ба замин

Хукуки вайроншуда дар мавридхои зайл баркарор карда мешавад:

а) аз тарафи макомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин беэътибор дониста шудани санаде, ки ба конунгузори мутобик нест ва хукуки оид ба замин ва манфиатхои конунан мухофизашавандаи заминистифодабарандагонро вайрон мекунад; (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

б) худсарона ишгол намудани китъаи замин;

в) дар мавридхои дигаре, ки бо конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

 

Боби 8. ХИФЗИ ЗАМИН

 

Моддаи 51. Максаду вазифахои хифзи замин

Хифзи замин системаи чорабинихои хукуки, иктисоди ва дигар чорабинихоро дар бар мегирад, ки максад аз онхо хифзи замин хангоми истифода, мухофизати  хосилнокии хок, пешгирии харобшавии онхо ва беасос аз истифодаи кишоварзи хорич намудани заминхои пуркимат, инчунин баркарор намудан ва баланд бардоштани хосилнокии замин мебошад.

Хифзи замин дар асоси муносибати комплекси ба замин чун ба вохидхои мураккаби табии (системахои экологи) бо дарназардошти хусусиятхои минтакавию нохиявии онхо сурат гирифта,  максадхои зайл дорад:

– пешгири намудани харобшавию вайроншавии замин ва дигар окибатхои номусоиди фаъолияти хочагидори;

– таъмини бехтару баркароршавии заминхое, ки дучори харобшавию вайроншави гардидаанд;

– ба вучуд овардани механизми бахисобгири ва санчиши вазъи экологии замин, инчунин бо меъёрхои экологи таъмин намудани заминистифодабарандагон, ки бо тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мешаванд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 52. Чорабинихо оид ба хифзи замин

Заминистифодабарандагон оид ба хифзи замин чорабинихои зеринро амали менамоянд: (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

-ташкили дурусти каламрав;

– баркарор кардан ва баланд бардоштани хосилнокии хок, хамчунин хусусиятхои дигари замин;

– хифзи замин аз бодлесии (эрозияи) обу шамол, сел, обзеркуни, ботлокшави, сахту шуршави ва олудашави бо партовхои истехсолот, моддахои кимиёию радиоактиви ва аз дигар протсессхои харобшави;

– хифзи заминхои кишоварзи аз пайдоиши буттазор, чакалакзор ва дигар равандхои бадшавии холати техникии киштукори замин;

– рекултиватсияи заминхои харобшуда, баркарор кардани хосилнокии онхо ва дигар хосиятхои фоиданоки заминхо ва сари вакт барои истехсолоти кишоварзи истифода бурдани онхо;

– хангоми ичрои корхои вобаста ба харобшавии замин гирифтан, истифода бурдан ва нигох доштани кабати хосилхези замин.

Агар дар кутохтарин фурсат баркарор намудани хосилнокии заминхои кишоварзии харобгардида, хамчунин заминхои бо моддахои кимиёи ва радиоактиви зиёда аз меъёри чоизи захролудшави олудашуда гайриимкон бошад, ба тартиби мукарраргардидаи Хукумати Чумхурии Точикистон истифодаи онхо муваккатан манъ карда мешавад.

 

Моддаи 53. Талаботи экологи оид ба чобачогузори, лоихакаши, сохтмон ва ба истифода додани иншоотхо, сохтмону иморатхо

Чобачогузори, лоихакаши, сохтмон ва ба истифода додани иншоотхои нав ва таъмиркардашуда, сохтмонхо ва иморатхо, инчунин чори намудани технологияи наве, ки ба холати замин таъсири манфи мерасонад, бояд чорабинихоро доир ба хифзи замин, риояи талаботи экологи, санитарию гигиени ва вобаста ба дигар талаботхои махсуси мукаррарнамудаи конунгузори пешбини намуда, бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда шаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 54. Хавасмандгардонии иктисодии истифода  ва хифзи замин

Хавасмандгардонии иктисодии истифода ва хифзи замин ба афзоиши хавасмандии заминистифодабарандагон барои нигохдори ва баркарор кардани хосилнокии кабати хок, хамчунин ба хифзи он аз окибатхои манфии фаъолияти истехсоли нигаронида шуда, инхоро дар бар мегирад:

а) чудо кардани маблагхои бучети давлати ва махалли, хамчунин истифодаи маблагхои ба тарики чарима ба суратхисоби махсус дохилшаванда барои баркарорсозии заминхое, ки ба вайроншавии онхо шахсони истифодабарандаи ин заминхо гунахкор нестанд, инчунин барои анчом додани корхои агротехники, мелиоратсияи чангал ва дигар тадбирхои хифзи кабати хок;

б) озод кардан аз пардохти пули китъахои замине, ки мувофики лоихаи ичрои корхо дар мархалаи ободонии кишоварзи ё бехбуди тарккунии холаташон карор доранд;

в) додани карзхои имтиёзнок барои чорабинихои бехбуди холат ва ташкили истифодаи замин;

г) кисман аз маблагхои бучет талофи намудани камшавии даромад дар натичаи муваккатан манъ кардани истифодаи китъахои замине, ки ба харобшавии он заминистифодабарандагон гунахкор нестанд;

д) хавасмандгардони барои бехтар намудани  сифати замин, баланд бардоштани хосилнокии замини фонди чангал, истехсоли махсулоти аз чихати экологи пок.

 

Боби 9. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ КОНУНГУЗОРИИ  ЗАМИН, ИСТИФОДА ВА ХИФЗИ ЗАМИН

 

Моддаи 55. Макомоте, ки назорати давлатии риояи истифода ва  хифзи заминро анчом медиханд

Назорати давлатии истифода ва хифзи замин аз тарафи макомоти ваколатдори батанзимдарории муносибатхо вобаста ба замин ва сохторхои махаллии он ва макоми ваколатдори давлати оид ба хифзи мухити зист  Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Тартиби анчомдихии назорати давлатии риояи конунгузории замин, истифодаю хифзи замин ва таксими вазифахо дар байни макомоте, ки назорати давлатиро анчом медиханд ва риояи низомномахои онхо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян ва тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 56. Вазифахои назорати давлатии риояи конунгузории замин,  истифода ва хифзи замин

Вазифаи назорати давлатии риояи конунгузории замин, истифода ва хифзи замин аз тарафи тамоми заминистифодабарандагон, макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор аз таъмини ичрои конунгузории замин, риояи талаботи (коидаю меъёрхои) махсус ва ичрои чорабинихои оид ба истифодаю хифзи замин иборат мебошанд.

 

Боби 10. ЗАМИНСОЗИ, КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН ВА МОНИТОРИНГИ ЗАМИН

 

Моддаи  57.  Мафхуми  заминсози

(КЧТ аз 5.01.08 № 357)

Заминсози мачмуи чорабинихоест, ки танзими худудии муносибатхои вобаста ба замин, омузиш, банакшагири, ташкили истифода ва хифзи заминхо, таъсиси заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавчуда, фондхои замин, вохидхои марзию маъмури ва дигар объектхои заминсози бо нишон додани сархадхо дар махал, ободонии каламрави ташкилотхои кишоварзи ва бехдошти манзарахои табиатро таъмин мекунад.

Ба танзимдарории муносибатхо вобаста ба заминсози тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи заминсози» ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 58 хорич карда шуд (бо КЧТ аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 59 хорич карда шуд (бо КЧТ аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 60 хорич карда шуд (бо КЧТ аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 61. Мафхум ва таъиноти кадастри давлатии замин

Кадастри давлатии замин ягонагии чудонашавандаи системаи автоматикунонидаи маълумоти кадастри замин ва раванди кадастри замин мебошад.

Максади кадастри давлатии замин аз дастрас шудани маълумоти боэътимод оид ба чойгиршавии заминхои фонди ягонаи давлатии замин аз чихати табии, хукуки ва хочагидори иборат мебошад.

Кадастри давлатии замин маълумоти оид ба ташкили истифодаи  дурусту хифзи замин, ба низом овардани муносибатхои  вобаста ба замин, асоснок кардани андозаи пардохти пули замин, танзими замин ва арзёбии фаъолияти хочагидориро дар бар мегирад. Вай яке аз самтхои идоракунии фонди давлатии замини чумхури ба хисоб меравад.

Кадастри давлатии замин бо системаи ягонаи дар чумхури буда аз хисоби воридшавии пули замин аз тарафи макоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин ва сохторхои махаллии он бурда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Тартиби амали кардани кадастри давлатии заминро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд. Макомот ва шахсони мансабдор, ки кадастри давлатии заминро чори менамоянд, вазифадоранд дурустии маълумоти ба хуччатхои кадастри дохилшаванда, хамчунин ба шахсони хукукии манфиатдор дастрас шудани ин маълумотро таъмин намоянд.

 

Моддаи 62.  Раванди кадастри замин

Раванди кадастри замин ба максади давра ба давра ё пай дар пай аз нав кардани маълумоти кадастри замин ба рох монда мешавад.

Раванди кадастри замин аз кисмхои таркибии зайл иборат мебошад:

– бакайдгирии давлатии истифодаи замин;

– бахисобгирии микдор ва сифати замин;

– бонитировкаи (муайянсозии сифати) хок;

– арзёбии  иктисодии замин.

Амалисозии раванди кадастри замин дар натичаи барохмонии корхои аэрокайхони, топографию геодези, картографи, хокшиноси, геоботаники, мелиоративи ва навъхои дигари корхои чустучую тахкикот таъмин карда мешавад.

 

Моддаи  63.  Мониторинги замин

Мониторинги замин мушохидаи мунтазами (корхои аксбардори ва тахкикоту чустучуи) холати замин, муайян кардани тагйироти вокеъшаванда ва арзёбии онхо мебошад.

Вазифахои мониторинги замин аз инхо иборат аст:

а) сари вакт маълум кардани тагйироти холати замин, арзёбии ин тагйирот, ояндабини ва тахияи тавсияхо оиди пешгирию бартараф кардани окибатхои равандхои манфи;

б) таъмини иттилоотии  пешбурди кадастри давлатии замин, истифодаи дурусти замин, заминсози, назорати истифода ва хифзи замин ва дигар вазифахои идоракунии давлатии заминхои Чумхурии Точикистон.

 

Боби 11. ЗАМИНХОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗИ

 

Моддаи 64. Мафхум ва таркиби заминхои таъиноти кишоварзи

Заминхои таъиноти кишоварзи тамоми заминхое ба хисоб мераванд, ки барои эхтиёчоти кишоварзи истифода мешаванд.

Заминхои таъиноти кишоварзи аз заминхои корам, дарахтони бисёрсола, заминхои партов, заминхои алафдарав ва чарогоххо, заминхое, ки дар онхо роххои дохилихочаги, коммуникатсияхо, обанборхо, иншоотхои гидротехники ва биною иморатхо вокеъ буда, барои истехсол, нигохдори ва коркарди аввали махсулоти кишоварзи истифода мешаванд, хамчунин дигар заминхои гайрикишоварзии дар дохили гурухи мазкури заминхо чойгиршуда иборат мебошанд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 65. Додани заминхои таъиноти кишоварзи

Заминхои таъиноти кишоварзи ба инхо дода мешаванд:

– ба шахсони вокеи ва хукуки барои ба рох мондани истехсолоти кишоварзи;

– ба шахсони вокеи ва хукуки барои богдорию полезкори;

– ба муассисахои тахкикоти илми, таълими ва дигар муассисахою корхонахои кишоварзи, омузишгоххои истехсолию техникии дехот ва мактабхои таълимоти умуми барои максадхои тадкикоти, таълими, таргиби тачрибахои пешкадам ва барои ба рох мондани истехсолоти кишоварзи;

– ба корхона, ташкилоту муассисахои гайрикишоварзи, ташкилотхои дини барои барохмонии хочагии ёрирасони кишоварзи.

Додани заминхои таъиноти кишоварзи бо тартиби заминсозии байнихочаги мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи заминсози» ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи  66. Додани замин ба хочагии дехкони (фермери)

Китъаи замин ба шахрвандони Чумхурии Точикистон бо максади ташкили хочагии дехкони (фермери) ба истифодаи меросии якумра тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хочагии дехкони (фермери)» дода мешавад.

 

Моддаи 67 хорич карда шуд (бо КЧТ  аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 68 хорич карда шуд (бо КЧТ  аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 69 хорич карда шуд (КЧТ аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи  70.  Ба шахси дигар додани хукуки истифодаи китъаи замин  (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи  71.  Моддаи 71. Додани китъахои замини наздихавлиги ба шахрвандон

Китъахои замини наздихавлиги ба шахрвандон аз чониби раисони шахрхо, нохияхо, вилоятхо ва Хукумати Чумхурии Точикистон аз руи ваколаташон, ки Кодекси мазкур мукаррар намудааст, чудо карда мешаванд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Китъаи замини наздихавлиги  ба андозаи то 0,12 гектар аз заминхои оби ва ба андозаи то 0,25 гектар аз заминхои обёринашаванда, дар нохияхои навкорам ва кухи ба андозаи то 0,15 гектар аз заминхои оби ва ба андозаи то 0,40 гектар аз заминхои обёринашаванда, ки масохати сохтмонхо ва хавли ба хамин хисоб дохил мешаванд, дода мешавад.

Андозаи мушаххаси китъахои замини наздихавлиги дар доираи меъёрхои нишондодашуда бо назардошти фонди замини мавчуда ва зичии ахоли дар асоси накшаи кулли тараккиёт ва дигар накшаи тараккиёти махалхои ахолинишин муайян карда мешавад.

Меъёри хадди акали китъаи замини наздихавлигии шахрвандонро мачлиси вакилони халки нохия, шахр муайян мекунад.

Эзох: «Кисми дуюми моддаи мазкур ба китъахои замини наздихавлигии пештар додашуда, татбик карда намешавад. Барои гирифтани китъахои замини наздихавлиги, бо назардошти фонди замини мавчуда, шахрвандон – рохбарони оилахои нопурра, инчунин шахсони танхои болиге, ки дар никох карор надоранд ва дар якчояги бо хешовандон зиндаги намекунанд, хукук доранд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 711. Тартиби додани китъахои замини наздихавлиги ба шахрвандон

Шахрвандон барои гирифтани китъахои замини наздихавлиги ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мурочиат менамоянд.

Додани китъахои замини наздихавлиги ба шахрвандон аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар холати мавчуд будани фонди замини наздихавлиги амали карда мешавад.

Раисони нохияхо, шахрхо дар холати мавчуд набудани фонди замини наздихавлиги руйхати шахрвандони ба онхо мурочиаткардаро тартиб дода, бо макоми болои оид ба чудо намудани заминхо барои ин максад, агар чудо намудани замин ба салохияти онхо дохил набошад, мурочиат менамоянд;

Шахрвандоне, ки дорои китъаи замини наздихавлиги мебошанд, ба онхо дар хамин нохия, шахр дуюмбора китъаи замини наздихавлиги дода намешавад, ба истиснои холатхое, ки зарурияти кучонидани оилахоро талаб мекунанд.

Таксим шудани оилаи шахрвандон боиси таксими китъаи замини наздихавлиги намегардад.

Дар мавридхои алохида, агар китъаи замини наздихавлиги аз меъёри муайяншуда зиёд бошад, онро ба оилаи навташкил ва ё ба дигар оила таксим кардан мумкин аст.

Агар оилаи навташкил мувофики тартиби мукарраргардида дар чамоат ба кайд гирифта шуда бошад, тибки тартиби умуми бо китъаи замини наздихавлиги таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 712.  Додани замин барои ташкили хочагии иловагии ёрирасони шахси

Ба шахрвандон барои ташкили хочагии иловагии ёрирасони шахси бо розигии заминистифода-барандагони якумдарача китъахои замин тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чудо карда мешаванд.

Китъаи замин барои ин максадхо аз заминхои оби то 0,15 гектар ва аз заминхои обёринашаванда то 0,50 гектар дода мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 713. Додани китъахои замин ба шахрвандон барои чаронидани чорво ва алафдарави

Ба шахрвандон, ки дар моликияти шахсиашон чорво доранд, барои чаронидани чорво ва алафдарави бо дархости чамоатхо аз заминхои захирави, фонди чангал, заминхои махалхои ахолинишин, инчунин аз заминхои хочагихои кишоварзи ва дигар ташкилотхое, ки дар истифодаашон заминхои кишоварзи доранд, китъахои замин бо тартиби зерин чудо карда мешаванд:

а) аз заминхои хочагихои кишоварзи ва дигар ташкилотхое, ки дар истифодаашон заминхои кишоварзи доранд – бо карори мачлиси умумии ин хочагихо ва ташкилотхо;

б) аз заминхои захираи давлати – бо карори раисони нохияхо (шахрхо);

в) аз заминхои фонди давлатии чангал – бо карори раисони нохияхо (шахрхо) дар мувофика бо макомоти хочагии чангал.

 

Моддаи 72.  Додани китъахои замин барои богдорию полизкории коллективи

Китъахои замин барои богдорию полизкории коллективи ба шахсони вокеи ва хукуки аз заминхое, ки каблан дар истехсолоти кишоварзи истифода намешуданд, дода мешавад. Ба шахсони вокеи ва хукуки китъахои замин барои богдорию полизкории коллективи аз руи хисоби то 0,06 гектари ба хар як аъзои коллектив дода мешавад. Тартиби додани китъаи замин барои богдорию полизкории коллективи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 73. Шартхои тагйир додани худуду андозахои заминистифодабари

Худуду андозахои заминистифодабарии корхонаю ташкилот ва муассисахои кишоварзи хангоми калон ё хурд кардани хочагихо бо назардошти мавкеи чойгиршави, шумораи ахоли, кормандон, сахмдорон дар асоси карори мачлиси умуми ё мачлиси намояндагони онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории замини Чумхурии Точикистон тагйир дода шуда, хукуки истифодаи замин аз нав ба кайд гирифта мешавад.

 

Моддаи 74. Чойгиркунии объектхои сохтмони дохилихочаги

Объектхои сохтмони дохилихочагии корхонахои кишоварзи мувофики накшаи тасдикшудаи  заминсози, лоихахои дохилихочагии  заминсози ё лоихахои тархрезию сохтмони махалхои ахолинишини дехот чойгир кунонида мешаванд.

Чойгиркунии иншоот барои сохтмони дохилихочаги дар заминхои дар моддаи 29-и хамин Кодекс зикршуда танхо дар холатхои махсус бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.

Тартиби додани китъахои замин барои сохтмони дохилихочаги аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 75. Тартиб ва шартхои додани заминхои таъиноти кишоварзи

Заминхои таъиноти кишоварзи бо тартиби  заминсозии байнихочаги ба шахсони вокеи ва хукуки  бо мувофикаи заминистифодабарандагон мутобики Кодекси мазкур дода мешаванд.

Додани заминхои таъиноти кишоварзи ба корхонахои кишоварзи дар худуди барои фаъолияти хочаги мувофик сурат мегирад. Ба порчадармиёни, рахнашавии заминхо ва дигар норасоихо дар заминистифодакунии онхо рох дода намешавад.

Бархамдихии порчадармиёни, рахнашавии заминхо ва дигар норасоихо дар заминистифодабарии корхонахои кишоварзи бо ризояти тарафайн аз чониби макоми ваколатдори давлатии батанзимдарории  муносибатхои вобвста ба замин ва сохторхои махаллии он  бо тартиби заминсозии байнихочаги тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи заминсози» ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

Ба корхона, ташкилоту муассисахои гайрикишоварзи, хамчунин ба ташкилоти дини китъахои замин барои пешбурди хочагии кишоварзии ёрирасон ба максади истехсоли махсулоти кишоварзи барои таъмини кормандону хизматчиёни корхона, ташкилоту муассисахои  мазкур, ошхонахои мактабхо,  муассисахои бачагона, беморхонахо, хонахои пиронсолону маъюбон, шифохонахо ва истирохатгоххо дода мешавад.

 

Боби 12. Заминхои махалхои ахолинишин (шахрхо, шахракхо ва махалхои ахолинишини дехот)

(КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи  76.  Замини шахр

Ба замини шахр хамаи заминхои худуди маъмурии шахр дохил мешаванд.

Замини шахр дар ихтиёри хокимияти махалии шахр мебошад.

 

Моддаи 761.  Худуди маъмурии шахр

Худуди маъмурии шахр сархади заминхои шахр мебошад, ки онро аз дигар гуруххои замин чудо мекунад.

Худуди маъмурии шахр аз тарафи Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мукаррар ва тагйир дода мешавад.

Ба худуди маъмурии шахр дохил намудани китъахои замин боиси катъ гардидани хукуки истифодаи ин китъахо аз тарафи заминистифодабарандагони пештара намегардад ва гирифтани ин заминхо барои эхтиёчоти шахр мувофики накшаи генералии шахрсози бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи  77.  Таркиби заминхои шахр

Ба таркиби заминхои шахр инхо дохил  мешаванд:

а) заминхои минтакахои истикоматии шахрхо;

б) заминхои истифодаи умуми;

в) заминхои истифодаи кишоварзи;

г) заминхои зери богхо ва чангалу буттазорхо;

д) заминхои саноат, наклиёт, алока, кубурхои магистрали ва заминхои таъиноти дигар;

е) заминхои  зери об ва обанборхо;

ж) заминхои захираи шахрхо. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 771. Истифодаи замини шахр

Замини шахр мувофики накшахои генералии шахр, лоихахои муфассали тархрезию сохтмони, инчунин накшахои сохтмони замину хочагидории худуди шахр истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 772. Додани китъахои замин дар шахр

Китъахои замин дар шахр барои истифодаи бемухлат, мухлатнок ва ичора мутобики моддаи 26 хамин Кодекс дода мешаванд.

 

Моддаи 773. Заминхои захираи шахрхо

Заминхои захираи шахрхо китъахои замине мебошанд, ки дар худуди шахр ба шахсони вокеи ва хукуки барои истифода дода нашудаанд, инчунин китъахои заминхое, ки нисбати онхо хукуки истифода тибки моддаи 37 Кодекси мазкур катъ гардидааст. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 774. Заминхои минтакахои истикоматии шахрхо

Заминхои минтакахои истикоматии шахрхо, заминхое мебошанд, ки дар онхо бинохои истикомати ва хамчунин китъахои замини наздихавлиги чойгир шудаанд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 775.  Додани китъахои замин барои сохтмон дар шахр

Ба шахсони вокеи ва хукуки китъахои замин барои сохтмони саноати, манзили, маданию маиши ва дигар намудхои сохтмони асоси дода мешаванд.

Андозаи китъахои замин ва шартхои ба максади мазкур истифода бурдани онхо мувофики Кодекси мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 776.  Заминхои истифодаи умуми дар шахр

Заминхои истифодаи умуми аз заминхои роххо, рохравхо, богхои истирохати, гулгаштхо, майдонхо, заминхои таъиноти маданию маиши, кабристонхо ва дигар заминхои истифодаи умуми иборат мебошанд.

 

Моддаи 777. Додани заминхои истифодаи умуми барои сохтмони бино ва иншоотхои сабук

Китъахои замин аз заминхои истифодаи умуми ба шахсони вокеию хукуки ба истифодаи бемухлат ва мухлатнок барои сохтмонхои навъи сабук (хаймахои савдо, дуконхо, иншооти рекламави ва хоказо) бидуни расонидани зарар барои истифодаи умуми дар асоси карори раиси шахр дода мешаванд.

 

Моддаи 778. Заминхои истифодаи кишоварзи дар шахр

Ба заминхои истифодаи кишоварзи дар шахр заминхои корхонаю ташкилотхои кишоварзи, ки дар худуди заминхои маъмурии шахр вокеанд, дохил мешаванд.

 

Моддаи 779. Заминхои зери богхо ва чангалу буттазорхои шахр

Ба заминхои зери богхо ва чангалу буттазорхои шахр заминхое дохил мешаванд, ки дар онхо чангал ва буттазорхо чойгир шуда бо максади бехбуди вазъи мухити зист, конеъ гардонидани талаботи маданию эстетикии ахоли, хифзи замин аз бодлесшавии обу шамол хизмат мекунанд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 7710. Заминхои саноат, наклиёт, алока, кубурхои магистрали ва  заминхои таъиноти дигари шахрхо

Ба заминхои саноат, наклиёт, алока, кубурхои магистрали  ва заминхои таъиноти дигар дар шахр заминхое дохил мешаванд, ки онхо барои истифода ба роххои  наклиёти автомобили, рохи охан, роххои оби ва хавои, кубурхо, хатхои интиколи барк, алока, заминхои саноатии  коркарди канданихои фоиданок ва гайра  дода шудаанд.

 

Моддаи 7711. Заминхои зери об ва обанборхо

Ба заминхои зери об ва обанборхо заминхои зери обанборхо, зери кулхо, дарёхо, каналхо, ботлок, иншоотхои гидротехники ва дигари дар зери об карордошта дохил мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 7712. Заминхои шахрак

Тамоми заминхои дохили худуди шахрак ба заминхои шахрак дохил мешаванд.

Заминхои шахрак дар ихтиёри макомоти худидоракунии шахрак мебошад.

Ба заминхои шахрак мукаррароти моддахои 76-80 хамин Кодекс  ба гайр аз моддахои 772 ва 777 пахн мегарданд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 7713. Заминхои махали ахолинишини дехот

Ба заминхои махали ахолинишини дехот хамаи заминхое тааллук доранд, ки дар дохили сархадхои мукарраршудаи ин махали ахолинишини дехот вокеъ мебошанд.

Заминхои махали ахолинишини дехот дар ихтиёри макомоти хокимияти  махалли мебошанд.

Заминхои махали ахолинишини дехот мувофики лоихахои сохтмон ва накшаи хочагидори барои заминхои наздихавлиги, сохтмони бинохои истикомати, маданию маиши, иншооти истехсоли ва дигар максадхо истифода бурда мешаванд.

Худуди махали ахолинишини дехот бо пешниходи макомоти худидоракунии дехот аз тарафи макомоти дахлдори хокимияти махалли дар доираи салохияти он мукаррар ва тагйир дода мешавад.

 

Моддаи 78.  Заминхои минтакаи наздишахрию сабзазорхо

Заминхои берун аз худуди шахр, ки  манбаи васеъшавии худуди шахр, махали чойгирони ва сохтмони иншооти зарури марбут ба ободонию фаъолияти муътадили хочагии шахр мебошанд, инчунин замини чангалу бешабог ва дигар дарахту буттазор, ки вазифаи мухофизави ва санитарию гигиениро ичро менамоянду  чои истирохати омма мебошанд, мутобикан хамчун заминхои минтакаи наздишахрию кабудизори шахр истифода мешаванд.

 

Моддаи 79. Тартиби чудо кардани минтакахои наздишахрию кабудизорхо

Минтакахои наздишахрию кабудизорхо бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон бо муайян кардани андозаю худуди минтака, инчунин тартиби заминистифодабари дар онхо чудо карда мешаванд.

Ба минтакахои наздишахрию кабудизорхо дохил намудани китъахои замин боиси гирифтани китъахои замин намегардад ва заминистифодабарандагон хукуки худро ба ин китъахо нигох медоранд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи  80.  Хифзи заминхои минтакаи наздишахрию кабудизорхо

Заминхои минтакахои наздишахрию кабудизорхо тахти мухофизати махсус мебошанд.  Дар ин заминхо сохтани иншоот, ки ба корхои мухофизати, санитарию гигиении минтакахои наздишахрию кабудизорхо ва ба максади ташкили истирохати омма алокаманд намебошанд, манъ аст.

 

Боби 13. ЗАМИНХОИ САНОАТ, НАКЛИЁТ, АЛОКА, МУДОФИА ВА ТАЪИНОТИ ДИГАР

 

Моддаи  81.  Заминхои саноат

Заминхои саноат заминхое мебошанд, ки ба корхонахо, ташкилоту муассисахои саноати барои сохтмон, истехсолоти саноати, хамчунин барои эхтиёчоти хочагидори ва дигар эхтиёчоти махсус дода шудаанд.

 

Моддаи 82. Заминхои истихроч ва коркарди канданихои фоиданок

Заминхои истихроч ва коркарди канданихои фоиданок китъахои замине ба хисоб мераванд, ки ба шахсони вокеию хукуки барои истихроч ва коркарди канданихои фоиданок тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дода шудаанд.

Шахсони вокеию хукуки хангоми ичрои корхои истихроч ва коркарди канданихои фоиданок ухдадоранд, ки хукуку манфиатхои конунии заминистифодабарандагони хамсояро вайрон накунанд ва тамоми тадбирхои зарурии таъмини истифодаи дурусту хифзи заминро андешанд.

 

Моддаи 83. Катъ гардидани хукуки истифодаи китъаи замини  барои коркарди канданихои фоиданок додашуда

Баробари катъ гардидани хукуки коркарди канданихои фоиданок аз руи асосхои пешбининамудаи конунгузори дар бораи сарватхои зеризамини  хукуки шахсони вокеию хукуки барои истифодаи китъаи замини барояш чудокардашуда низ катъ мегардад.

Дар ин маврид шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд, ки заминро ба холати аввала баркарор намуда, мувофики тартиби мукарраршуда ба заминистифодабарандаи якумдарача баргардонанд.

 

Моддаи  84.  Заминхои  наклиёт

Тамоми заминхое, ки барои эхтиёчоти навъи наклиёти дахлдор дода шудаанду бо нигохдошт, тачдид, тараккию такмили роххои алока вобастаанд, заминхои наклиёт дониста мешаванд.

Ин заминхо ба заминхои наклиёти автомобили, рохи охан, оби ва   хавои чудо мешаванд.

 

Моддаи  85.  Заминхои кубурхои магистрали

Заминхои кубурхои магистрали (кубурхои газ, нафт) китъахои замине хисоб мешаванд, ки ба шахсони вокеи ва хукуки барои чойгиронии биною иншоотхои ёрирасон, хизматрасони ва дигар иншоотхои таъминкунандаи истифодаи меъёрии ин соха мутобики лоихахои техники дода шудаанд. Шахсони вокеи ва хукуки, ки ба онхо китъахои замин барои истифодаи мухлатнок чихати гузаронидани кубурхои магистрали чудо шудаанд, пас аз анчом додани корхои сохтмони вазифадоранд ин китъахоро ба холати пештараашон баргардонанд.

 

Моддаи  86. Заминхои хати алока, радио ва барк

Ба заминхои хати алока, радио ва барк заминхое мансубанд, ки ба корхонахо, ташкилоту муассисахои истифодабарандаи ин хатхо мувофики меъёр ва лоихахои техники барои сохтани пояхои хати хавоии алока, радио ва интиколи барк, сохтани иморату иншоот ва дигар дастгоххо дода шудаанд.

 

Моддаи 87. Заминхо барои эхтиёчоти  мудофиа

Заминхо барои эхтиёчоти  мудофиа заминхое ба хисоб  мераванд, ки  барои чойгир  кунондан ва фаъолияти  доимии кисмхо ва муассисахои  харби, мактабхои таълимии харби, ташкилоту  корхонахои  Куввахои  Мусаллахи Чумхурии Точикистон, кушунхои  сархади ва дохили дода шудаанд.

 

Боби 14. ЗАМИНХОИ  ХИФЗИ ТАБИАТ, СОЛИМГАРДОНИ, РЕКРЕАТСИОНИ ВА ТАЪРИХИЮ ФАРХАНГИ

 

Моддаи 88. Заминхои хифзи табиат

Ба заминхои хифзи табиат заминхои  мамнуъгоххо, богхои  миллию дендрологи, богхои ботаники, парваришгоххо (гайр аз парваришгоххои  шикори) ва ёдгорихои  табиат  мансубанд.

Дар заминхои  мазкур фаъолияти  хилофи таъиноти  максадноки онхо манъ аст.

Барои таъмини  режими мамнуъгоххо, богхои  миллию дендрологи, богхои ботаники, парваришгоххо (гайр аз парваришгоххои  шикори), ёдгорихои  табиат минтакахои  мухофизати  таъсис  дода,  дар заминхои ин минтакахо машгул шудан бо фаъолияте, ки ба риояи режими онхо таъсири манфи мерасонад, манъ карда мешавад.

Тартиби истифодаи заминхои  хифзи табиатро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 89. Заминхои солимгардони

Ба заминхои солимгардони китъахои замине дохил мешаванд, ки омилхои табиии муоличави (чашмахои оби маъдани, гили шифобахш, шароити иклим ва дигар шароит) дошта, барои ташкили профилактикаю табобат мусоид мебошанд.

Заминхои курортхо бояд махсус мухофизат шаванд. Ба максади хифзи омилхои муоличавии табиат дар хамаи курортхо минтакахои мухофизати санитари мукаррар карда мешавад. Китъахои замине, ки дар онхо минтакахои мазкур мукаррар мегарданд, аз заминистифодабарандагон гирифта намешаванд. Дар доираи ин минтакахо ба корхонаю муассисахо ва ташкилотхое, ки фаъолияташон бо мухофизати хусусиятхои муоличавии табии ва шароити мусоиди истирохати ахоли номувофиканд, барои истифода додани китъахои замин манъ аст.

Тартиби истифодаи заминхои солимгардониро конунгузории Чумхурии Точикистон муаяйн менамояд.

 

Моддаи 90. Заминхои рекреатсиони (истирохати)

Заминхои рекреатсиони заминхое мебошанд, ки барои истирохати муташаккилонаи оммави, туризми ахоли пешбини ва истифода мешаванд.

Ба онхо китъахои замини хонахои истирохати, пансионатхо, санаторияхо, кемпингхо, базахои туристи, лагерхои туристию солимгардонии статсионарию хаймави, хонахои мохигирон ва шикорчиён, бошишгоххои туристии бачагона, богхои истирохати, лагерхои пионери ва варзишии берун аз заминхои солимгардони чойгиршуда мансуб мебошанд.

Дар заминхои рекреатсиони фаъолияте, ки барои истифодаи максадноки заминхо монеъ мешаванд, манъ аст.

Тартиби истифодаи заминхои мазкурро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 91. Заминхои таъиноти таърихию фарханги

Ба заминхои таъиноти таърихию фарханги заминхои мамнуъгоххои таърихию фарханги, богхои ёдгори, макбарахо ва ёдгорихои бостони дохил мешаванд.

Дар ин заминхо хар гуна фаъолияти хилофи таъиноти максадноки онхо манъ аст. Тартиби истифодаи чунин заминхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Боби  15.  ЗАМИНХОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи  92. Заминхои фонди давлатии чангал

Заминхои фонди давлатии чангал заминхои чангалзор, инчунин заминхои бедарахте, ки барои эхтиёчоти хочагии чангал дода шудаанд, ба хисоб мераванд.

Заминхои фонди давлатии чангал бояд аз дигар гуруххои заминхо ба воситаи нишонахои марзии намунаашон мукарраршуда чудо карда шаванд.

 

Моддаи 93. Истифодаи заминхои фонди давлатии чангал

Заминхои фонди давлатии чангал мувофики максади асосии таъиноташон барои ташкили хочагии чангал ва эхтиёчоти хочагии халк истифода мешаванд.

Истифодаи заминхои фонди давлатии чангалро барои ташкили хочагии чангал (баркарор ва парвариш намудани чангалзор ва гайра) ва чамъоварии неъматхои табиат макомоти хочагии чангал, инчунин дигар ташкилоту муассисахо ва корхонахои давлатию чамъиятие, ки заминхои фонди чангал ба онхо вобаста карда шудааст, таъмин менамоянд.

 

Моддаи 94. Додани заминхои фонди давлатии чангал  барои эхтиёчоти  кишоварзи ва гайрикишоварзи

Заминхои фонди давлатии чангал, ки барои эхтиёчоти хочагии чангал ва саноати он истифода намешаванд, тибки тартиби мукарраргардидаи  Кодекси мазкур ба истифодаи  шахсони вокеи ва хукуки барои эхтиёчоти кишоварзи ва гайрикишоварзи дода мешаванд.

Тартиби истифодаи заминхои фонди давлатии чангалро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Боби 16. ЗАМИНХОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ОБ

 

Моддаи 95. Заминхои фонди давлатии об

Ба заминхои фонди давлатии об заминхои обанборхо, пиряххо, тармахо, ботлоку иншооти гидротехники ва дигар иншооти хочагии об, инчунин заминхое, ки барои сохили обанборхо, каналхо ва захбурхои асоси ва байнихочаги чудо шудаанд, мансубанд.

 

Моддаи  96. Таъинот ва истифодаи заминхои фонди давлатии об

Заминхои фонди давлатии об ба максади таъмини истифодаи окилонаи тамоми захирахои об ва инчунин барои максадхои хочагии об, мохидори, чангал, дигар сохахои хочагии халк, наклиёти оби, гузаронидани корхои тадкикоти ва максадхои дигар истифода бурда мешаванд.

Дар заминхои фонди давлатии об корхои зайл анчом дода мешаванд:

– сохтмони иншооте, ки эхтиёчоти ахоли ва хочагии халкро бо оби нушоки ва гайринушоки пурра таъмин менамоянд;

– бунёд ва азнавсозии иншооти гидротехники барои обшор ва обёри кардани заминхои кишоварзи;

– сохтмони иншооти мухофизати сохилхо, садду дарготхо ва дигар объектхои пешгирикунанда ё бархамдихандаи таъсири бади об (обхези, обзеркуни, зери об мондан, ботлокзору шуршави, бодлесии хок, пайдошавии чархо,  ярч, сел ва гайра);

– истифодаи китъахои замини мавзеъхои назди сохилхо барои кишоварзи, полизкори ва заминхои сахмии хизмати.

Тартиби  истифодаи заминхои фонди давлатии обро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 97. Махдуд кардани истифодаи китъахои замини назди сохили обанборхо

Дар доираи замини чудокардаи сохили обанборхо сохтани иншооте, ки ба истифодаи заминхои фонди давлатии об мувофики таъиноташон монеъ мегардад, ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 98. Минтакаи  мухофизатии заминхои фонди давлатии об

Барои таъмин намудани холати зарурии тозагии обе, ки барои нушоки ва таъминоти маиши, инчунин барои эхтиёчоти табобати, маданию солимгардонии ахоли истифода бурда мешавад, минтакахои мухофизати мукаррар мегарданд.

Андозаи минтакахои мухофизатиро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Боби 17. ЗАМИНХОИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 99. Заминхои захираи давлати

Хамаи заминхое, ки ба истифода дода нашудаанд, заминхои захираи давлати буда, захира барои истехсолоти кишоварзи, саноат, наклиёт ва дигар эхтиёчоти хочагии халк ба шумор мераванд. Ба ин намуди заминхо инчунин заминхое, ки хукуки истифодаи онхо мувофики моддаи 37 хамин Кодекс катъ гардидааст ва фонди махсуси ташкилшудаи замин дохил мешаванд. Заминхои захираи давлатии дар ихтиёри макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати  буда чихати ба истифода ва ичора додан бештар барои истехсолоти кишоварзи пешбини шудаанд. (КЧТ аз 01.08.2012с., №891)

 

Моддаи 100. Таъиноти заминхои захираи давлати (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Боби 18. Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 101. Чавобгари барои вайрон кардани Кодекси мазкур

Шахсоне, ки талаботи Кодекси мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 102. Таъиноти маблагхое, ки аз вайронкунандагони конунгузории замин ситонида мешаванд

Маблаги чаримаи аз шахсони вокеию  хукуки воридгардида бо таъиноти максаднок барои максадхои зайл истифода мешавад:

а) обод кардани заминхои нави дар сохаи кишоварзи истифодашаванда, баркарор кардан ва баланд бардоштани хосилнокии хок;

б) баркарор кардани заминхои харобгардида, рекултиватсияи заминхои ифлосшудаю вайронгардида ва чорабинихои дигари бехдошти замин;

в) хифзи замин ва дигар захирахои табии;

г) анчом додани корхои арзёбии  замин ва инвентаризатсияи замин;

д) анчом додани корхои кадастрии замин;

е) анчом додани корхои  заминсози;

ж) таъминоти моддию техникии макомоте, ки назорати давлатии истифодаю хифзи заминро ичро менамоянд;

з)  тартиб ва татбик намудани лоихахо, гузаронидани корхои илмию тадкикоти барои бехдошти холати замин.

 

Моддаи 103.  Баркарор намудани аломатхои марзи (хорич карда шуд бо КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 104. Баргардонидани китъахои замини худсарона ишголкардашуда

 

Китъахои замини худсарона ишголкардашуда бе чуброни харочоте, ки дар муддати гайриконуни истифодабари сарф шудааст, мувофики таъиноташон баргардонида мешаванд. Ба холати барои истифодаи мувофик баргардонидани китъахои замин, аз чумла бархам додани сохтмон аз хисоби шахсоне, ки китъахои заминро худсарона ишгол намудаанд, амали карда мешаванд.

Китъахои замини худсарона ишголшуда бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) баргардонида мешаванд. (КЧТ аз 5.01.08 № 357)

 

Моддаи 105. Шартномахои байналмилали

Агар дар шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон нисбат ба Кодекси замини Чумхурии Точикистон коидахои дигар пешбини шуда бошанд, коидахои шартномахои байналмилали мавриди истифода карор мегиранд.

 

 

 

КОНУНИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи кабули Кодекси замини Чумхурии Точикистон

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2004, №3, мод.189)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Кодекси замини Чумхурии Точикистон кабул карда шавад.
  2. Конуни Чумхурии Точикистон аз 14 марти соли 1992 «Дар бораи ворид намудани тагйироту иловахо ба Кодекси замини Чумхурии Точикистон» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1992, № 10, моддаи 142) беэътибор дониста шавад.

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                               Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№ 326

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …