Главная / Гуногун / КОДЕКСИ ОИЛАИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ ОИЛАИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, № 22, мод. 303; с. 2006, № 4, мод. 196; с. 2008, № 3, мод. 201; с. 2010, № 7, мод. 546; с. 2011, № 3, мод. 177, № 12, мод. 855; с. 2013, № 3, мод. 195; с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод. 143, №11, мод. 881; Конуни ЧТ аз 24.02.2017 с., №1395)

 

ФАСЛИ I. КОИДАХОИ УМУМИ.. 5

БОБИ 1. КОНУНГУЗОРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА ОИЛА.. 5

Моддаи 1. Заминахои асосии конунгузории Чумхурии  Точикистон оид ба оила. 5

Моддаи 2.  Муносибатхое, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила танзим мегарданд  6

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила. 6

Моддаи 4. Истифодаи конунгузории граждани дар  муносибатхои оилави. 6

Моддаи 5. Киёси конун ва хукук дар муносибатхои оилави. 6

Моддаи 6. Истифодаи меъёрхои хукуки байналмилали дар муносибатхои оилави. 6

БОБИ 2. ТАТБИК ВА Химояи ХУКУКИ ОИЛАВИ.. 6

Моддаи 7.  Татбики хукуки оилави ва ичрои  ухдадорихои оилави. 7

Моддаи 8. Химояи хукуки оилави. 7

Моддаи 9. Истифодаи мухлати даъво дар муносибатхои оилави. 7

Ф А С Л И  II. АКДИ  НИКОХ  ВА  КАТЪИ  ОН.. 7

БОБИ  3. ШАРТ ВА ТАРТИБИ БАСТАНИ АКДИ НИКОХ.. 7

Моддаи 10.  Акди никох. 7

Моддаи 11. Тартиби бастани акди никох. 7

Моддаи 12.  Шартхои акди никох. 7

Моддаи 13.  Синни никохи. 8

Моддаи 14.  Холатхое, ки монеаи бастани акди никох  мегарданд. 8

Моддаи 15. Муоинаи тиббии хатмии шахсони никохшаванда. 8

БОБИ 4. АКДИ КАТЪИ НИКОХ.. 8

Моддаи 16.  Асосхои катъи акди  никох. 8

Моддаи 17. Махдуд кардани хукуки шавхар оид  ба талаби бекор кардани акди никох. 9

Моддаи 18. Тартиби бекор кардани акди никох. 9

Моддаи 19. Бо КЧТ аз 29.04.06с., №183 хорич карда шуд. 9

Моддаи 20. Баррасии бахсхое, ки дар макомоти сабти асноди холати  шахрванди хангоми бекор кардани  акди никох дар байни зану шавхар  ба миён меоянд. 9

Моддаи 21. Бекор кардани акди  акди никох дар суд. 9

Моддаи 22.  Ба тарики суди бекор кардани акди никох дар сурати рози  набудани зан ё шавхар барои  бекор кардани никох. 9

Моддаи 23. Бо тартиби суди бекор кардани акди никох хангоми розигии зану шавхар. 9

Моддаи 24. Масъалахое, ки суд хангоми кабули халнома дар  бораи бекор  кардани акди никох хал  менамояд. 10

Моддаи 25.  Лахзаи катъ гардидани акди никох хангоми талок. 10

Моддаи 26.  Баркарор  намудани акди никох  дар сурати  хозиршавии зан ё шавхаре,  ки фавтида эълон шуда ё бедарак гоибшуда дониста  шудааст. 10

Моддаи 27. Бо КЧТ аз 29.04.06с., №183 хорич карда шуд. 10

БОБИ 5. БЕЭЪТИБОРИИ АКДИ НИКОХ.. 10

Моддаи 28. Беэътибор донистани акди никох. 10

Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор  донистани  акди никох хукук доранд. 11

Моддаи 30.  Эътиборнок донистани  акди никох  (санатсияи акди никох) 11

Моддаи 31. Окибати акди никохи беэътибор  донисташуда. 11

ФАСЛИ III. ХУКУК  ВА УХДАДОРИХОИ  ЗАНУ ШАВХАР. 12

БОБИ  6. ХУКУК  ВА УХДАДОРИХОИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВХАР. 12

Моддаи 32. Баробархукукии зану шавхар дар оила. 12

Моддаи 33.  Хукуки зану шавхар дар  интихоби насаб. 12

БОБИ 7.  ХУКУКИ МОЛУМУЛКИИ ЗАНУ ШАВХАР. 12

Моддаи 34. Моликияти муштараки  зану шавхар. 12

Моддаи 35. Хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани моликияти муштараки зану шавхар. 13

Моддаи 36. Моликияти хар кадоме аз  зану шавхар. 13

Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавхар  донистани молу мулки хар кадоми онхо. 13

Моддаи 38. Таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад. 13

Моддаи 39. Муайян намудани хисса хангоми таксими молу мулкие, ки  моликияти  муштараки зану  шавхар мебошад. 14

БОБИ 8.  АХДНОМАИ НИКОХ.. 14

Моддаи 40. Ахдномаи никох. 14

Моддаи 41.  Бастани ахдномаи акди никох. 14

Моддаи 42. Мундаричаи ахдномаи никох. 14

Моддаи 43.  Тагйир додан ё бекор кардани ахдномаи акди никох. 15

Моддаи 44. Беэътибор донистани  ахдномаи акди никох. 15

Моддаи 45. Шартномахои дигар доир ба  молу мулки. 15

БОБИ  9. МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВХАР АЗ РУИ УХДАДОРИХО.. 16

Моддаи 46. Ситонидани маблаг аз молу мулки зану  шавхар. 16

Моддаи 47. Кафолати хукуки кредиторон хангоми бастан, тагйир додан ва бекор кардани ахдномаи никох. 16

ФАСЛИ IV. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ  ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН.. 16

БОБИ 10. МУКАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН.. 16

Моддаи 48. Асосхои  ба  миён  омадани   хукуку  ухдадорихои падару модар ва фарзандон. 16

Моддаи 49. Мукаррар намудани аслу  насаби кудак. 16

Моддаи 50.  Ба тартиби суди мукаррар намудани падари. 17

Моддаи 51.  Аз чониби суд мукаррар намудани далели  эътирофи падари. 17

Моддаи 52.  Бо КЧТ аз 29.04.06с, №183 хорич карда шуд. 17

Моддаи 53.  Бахси муайянкунии падари  (модари) 17

Моддаи 54. Хукуку ухдадорихои фарзандоне, ки аз шахсони бо хам никох надошта таваллуд ёфтаанд  17

БОБИ  11. ХУКУКИ  КУДАКОНИ НОБОЛИГ. 17

Моддаи 55.  Хукуки кудак  барои зиндаги  ва тарбия дар оила. 18

Моддаи 56.  Хукуки кудак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу акрабо. 18

Моддаи 57.  Хукуки кудак ба химоя. 18

Моддаи 571. Хукуки кудак барои озодона изхор намудани фикри худ. 18

Моддаи 58. Хукуки кудак ба доштани насаб, ном ва номи падар. 18

Моддаи 59.  Бо КЧТ аз 29. 04. 06с., №183 хорич карда шуд. 19

Моддаи 60. Хукуки молумулкии кудак. 19

БОБИ  12. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ПАДАРУ МОДАР. 19

Моддаи 61.  Баробарии хукуку ухдадорихои падару модар. 19

Моддаи 62. Хукуки падару модари ноболиг. 19

Моддаи 63. Хукуку ухдадорихои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон. 19

Моддаи 64. Хукуку ухдадорихои падару модар ба химояи хукуку манфиатхои фарзандон. 20

Моддаи 65. Татбики хукуку ухдадорихои падару модар. 20

Моддаи 66. Татбики хукуку ухдадорихои падару модар аз чониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш чудо зиндаги мекунад. 20

Моддаи 67. Хукуки бобо, биби (модаркалон), бародарону хохарон ва  дигар хешовандон барои муошират бо кудак. 21

Моддаи 68.  Химояи хукуки падару модар. 21

Моддаи 69. Махрум кардан аз хукуки падару модари. 21

Моддаи 70.  Тартиби махрум кардан  аз хукуки  падару модари. 21

Моддаи 71. Окибати махрум кардан аз  хукуки падару модари. 22

Моддаи 72.  Баркарор намудани хукуки  падару модари. 22

Моддаи 73.  Гирифтани  кудак  бе махрум кардани падару модар аз хукуки  падару модари. 22

Моддаи 74.  Окибати махдуд кардани хукуки  падару модари. 23

Моддаи 75.  Муоширати  кудакон бо падару модаре, ки хукукашонро суд махдуд кардааст. 23

Моддаи 76. Бекор кардани махдудияти хукуки падару модари. 23

Моддаи 77.  Гирифтани кудак хангоми тахдиди  бевосита  ба хаёт  ё  саломатии  у. 23

Моддаи 78. Иштироки макомоти васояту парастори хангоми дар суд барраси намудани бахсхои вобаста ба тарбияи кудакон. 24

Моддаи 79. Ичрои халномаи суд оид ба парвандахои вобаста бо тарбияи кудакон. 24

ФАСЛИ V. УХДАДОРИХОИ АЛИМЕНТДИХИИ АЪЗОИ ОИЛА.. 24

БОБИ  13. УХДАДОРИИ АЛИМЕНТДИХИИ  ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН.. 24

Моддаи 80. Ухдадорихои алиментдихии падару модар  барои таъминоти фарзандони ноболиг. 24

Моддаи 81.  Андозаи  алименте, ки  барои  кудакони ноболиг тибки тартиби суди ситонида мешавад  24

Моддаи 82. Навъхои музди мехнат ва дигар даромаде, ки аз онхо  барои кудакони ноболиг алимент ситонида мешавад. 25

Моддаи 83.  Ба маблаги устувор ситонидани  алимент барои кудакони ноболиг. 25

Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд. 25

Моддаи 85. Хукуки фарзандони болиги гайри  кобили  мехнат  ба алимент. 25

Моддаи 86. Хукуки фарзандони болиги  тахсилкунанда  ба алимент. 26

Моддаи 87. Иштироки падару модар дар харочоти  иловаги  барои фарзандон. 26

Моддаи 88. Ухдадории фарзандони болиг барои  нигохубини падару модар. 26

Моддаи 89. Иштироки фарзандони болиг дар пардохтани харочоти иловаги  барои  падару модар. 26

БОБИ  14. УХДАДОРИХОИ АЛИМЕНТДИХИИ ЗАНУ ШАВХАР ВА ЗАНУ ШАВХАРИ  СОБИК.. 27

Моддаи 90.  Вазифаи зану шавхар  дар бобати  таъминоти  якдигар. 27

Моддаи 91.  Хукуки зан ё шавхари собик барои гирифтани алимент пас аз  бекор кардани акди никох  27

Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибки тартиби суди барои таъминоти зану шавхар   ва зану шавхари собик ситонида мешавад. 27

Моддаи 93. Аз ухдадории таъмини хамсари худ озод  намудани  зан  (шавхар)  ё махдуд кардани мухлати  ухдадори. 27

Моддаи 94. Катъ гардидани хукуки таъминоти хамдигарии зан ё шавхар. 27

БОБИ  15. УХДАДОРИХОИ АЛИМЕНТДИХИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА.. 28

Моддаи 95. Ухдадории бародарону хохарон оиди  таъминоти бародарону хохарони ноболиг ва болиги корношоями худ. 28

Моддаи 96. Ухдадории бобою биби (модаркалон) оид ба таъминоти наберахои худ. 28

Моддаи 97. Ухдадорихои набера оид ба  таъминоти  бобою биби (модаркалон) 28

Моддаи 98. Ухдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти  падарандар ва  модарандар. 28

Моддаи 99.  Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби суди ситонида мешавад. 28

БОБИ 16. Созишномаи пардохти алимент. 29

Моддаи 100.  Бастани созишномаи пардохти  алимент. 29

Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти  алимент. 29

Моддаи 102. Тартиби  бастан,  ичро намудан, тагйир  додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент. 29

Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатхои алиментгирандаро поймол мекунад. 29

Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибки созишномаи  пардохти алимент пардохта мешавад. 29

Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибки  созишномаи  пардохти алимент. 30

Моддаи 106. Индексацияи андозаи алимент, ки тибки созишномаи пардохти алимент сурат мегирад  30

БОБИ 17. ТАРТИБИ ПАРДОХТ  ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ. 30

Моддаи 107. Бо  халномаи суд ситонидани  алимент. 30

Моддаи 108.  Мухлати мурочиат ба калимахои барои гирифтани алимент. 30

Моддаи 109. Мувакаттан ситонидани  алимент. 30

Моддаи 110. Ухдадории маъмурияти ташкилот дар  бораи доштани алимент. 30

Моддаи 111. Нигох доштани алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент. 31

Моддаи 112. Ухдадории додани маълумот дар хусуси тагйири чои кори шахси алиментдиханда. 31

Моддаи 113. Ситонидани  маблаг  аз  хисоби  молу мулки алиментдиханда  хангоми додани алимент  31

Моддаи 114. Муайян намудани карзи вобаста  ба алимент. 31

Моддаи 115. Озод кардан аз додани  карзи алимент. 32

Моддаи 116. Масъулият барои сари вакт  напардохтани алимент. 32

Моддаи 117. Нораво будани ба хисоб гирифтан ва  пас талаб карда  руёнидани  алимент. 32

Моддаи 118.  Индексацияи пардохтхои  алимент. 32

Моддаи 119. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати  доими ба  давлати дигар  рафтани алиментдиханда. 33

Моддаи 120. Тагйир додани андозаи алименти мукаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент  33

Моддаи 121. Катъ гардидани ухдадорихои  алимент. 33

ФАСЛИ VI. ШАКЛХОИ ТАРБИЯИ КУДАКОНЕ, КИ  БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР МОНДААНД.. 33

БОБИ 18. ОШКОР ВА ЧОБАЧОКУНИИ КУДАКОНЕ, КИ  БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР  МОНДААНД.. 33

Моддаи 122. Хифзи хукук ва манфиатхои кудаконе, ки  бе  парастории падару модар  мондаанд. 33

Моддаи 123.  Ошкоркуни  ва бахисобгирии  кудакони  бе парастории падару модар  монда. 34

Моддаи 124. Чобачокунии кудаконе, ки бе  парастории  падару модар мондаанд. 34

БОБИ 19. ФАРЗАНДХОНДИ.. 34

Моддаи 125. Кудаконе, ки онхоро ба фарзандхонди кабул кардан мумкин аст. 35

Моддаи 126. Тартиби  ба фарзандхонди кабул кардан. 35

Моддаи 1261. Манъ будани фаъолияти миёнарави дар фарзандхондии кудак. 35

Моддаи 127. Шахсоне, ки хукуки ба фарзандхонди кабул карданро доранд. 35

Моддаи 128. Фаркияти синну соли шахси ба фарзандхонди кабулкунанда ва фарзандхондшаванда  36

Моддаи 129. Розигии падару модар барои  фарзандхондии кудак. 36

Моддаи 130. Фарзандхондии кудак  бе розигии падару модар. 36

Моддаи 131. Розигии васиён (парасторон), рохбарони муассисахое, ки кудакони бепарастормонда дар ончо карор доранд, барои фарзандхонди. 37

Моддаи 132. Фикри кудаки фарзандхондишуда оиди фарзандхондшави. 37

Моддаи 133. Розигии хамсари шахсе, ки кудакро ба  фарзандхонди  мегирад. 37

Моддаи 134. Ном, номи падар ва насаби кудаки фарзандхондшуда. 37

Моддаи 135. Тагйир додани сана ва махали таваллуди кудаки фарзандхондшаванда. 37

Моддаи 136. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда хамчун падару модари кудаки фарзандхондшуда  38

Моддаи 137. Окибатхои хукукии фарзандхондии кудак. 38

Моддаи 138. Нигох доштани хукуки кудаки фарзандхондашуда ба нафака ва ёрдампули. 38

Моддаи 139. Сирри фарзандхондии кудак. 38

Моддаи 140. Бекор кардани  фарзандхондии  кудак. 38

Моддаи 141. Асосхо барои бекор кардани фарзандхондии кудак. 39

Моддаи 142. Шахсоне, ки хукуки талаби бекор  кардани фарзандхондии кудакро доранд. 39

Моддаи 143. Окибати бекор кардани фарзандхондии  кудак. 39

Моддаи 144. Номумкинии  бекор  кардани  фарзандхонди баъди ба ба балогат расидани  кудаки фарзандхондшуда. 39

Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии кудак. 39

Моддаи 146. Окибати беэътибор донистани фарзандхондии  кудак. 40

БОБИ  20. ВАСОЯТ ВА ПАРАСТОРИИ НОБОЛИГОН.. 40

Моддаи 147. Ноболигоне, ки тахти васояту парастори гирифта мешаванд. 40

Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболигон. 40

Моддаи 149. Низомнома дар бораи макомоти васояту парастори. 40

Моддаи 150.  Махалли мукаррар намудани васояту парастори. 40

Моддаи 151. Интихоби васи ва парастор. 40

Моддаи 152.  Васоят (парастори) нисбат ба кудаконе, ки дар муассисахои тарбияви,  муоличави ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли карор доранд. 41

Моддаи 1521. Васоят (парастори) нисбат ба кудаконе, ки падару модари онхо муддати тулони гоибанд  41

Моддаи 153. Хукуки кудакони тахти васоят (парастори) карордошта. 41

Моддаи 154. Хукуки кудакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисахои тарбияви, табобати ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли карор доранд. 41

Моддаи 155. Хукук ва ухдадорихои васи ва  парастори  кудаки  ноболиг. 42

Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васи ва парастор дар сурати номатлуб ичро кардани вазифаашон. 42

Моддаи 157. Аз парастории шахси болиг озод кардани парастор бо талаби шахси тахти парастори карордошта. 42

Моддаи 158. Шикоят намудан оид ба карорхои макомоти васояту парастори. 42

ФАСЛИ VII. АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ.. 43

БОБИ 21. МУКАРРАРОТИ УМУМИ.. 43

Моддахои 159, 160, 161, 162, 163, 164, 165, 166 бо КЧТ аз 29.04.2006 с., №183 хорич карда шуданд. 43

ФАСЛИ VIII. ИСТИФОДАИ  КОНУНХОИ  ОИЛА ДАР  МУНОСИБАТХОИ  ОИЛАВИ БО ИШТИРОКИ ШАХРВАНДОНИ ХОРИЧИ  ВА  ШАХСОНИ БЕШАХРВАНДИ.. 43

БОБИ  22. ИСТИФОДАИ КОНУНГУЗОРИИ АКДИ НИКОХ ВА ОИЛА НИСБАТ БА  ШАХРВАНДОНИ  ХОРИЧИ ВА ШАХСОНИ БЕШАХРВАНДИ.. 43

Моддаи  167. Акди никох дар каламрави Чумхурии Точикистон. 43

Моддаи 168.  Акди никох дар намояндагихои дипломати ва муассисахои консули. 43

Моддаи 169. Эътирофи никохе, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон баста шудааст. 43

Моддаи 170. Беэътибор донистани никох. 44

Моддаи 171.  Бекор кардани никох. 44

Моддаи 172. Хукукхои шахсии гайри молу мулкию молу мулкии ва ухдадорихои зану шавхар. 44

Моддаи 173. Мукаррар намудан ва рад кардани  падархонди (модархонди) 44

Моддаи 174. Хукук ва ухдадорихои падару модар  ва фарзандон. 44

Моддаи 175. Ухдадорихои алиментдихии фарзандони болиг ва аъзои дигари оила. 45

Моддаи 176. Мукаррар намудани мазмуни меъёрхои  хукуки оилавии хоричи. 45

Моддаи 177. Махдудияти истифодаи хукуки оилавии хоричи. 45

Моддаи 1771 . Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур. 45

Моддаи 178. Аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, бинобар мавриди амал карор гирифтани ин Кодекс. 45

 

 

ФАСЛИ I. КОИДАХОИ УМУМИ 

БОБИ 1. КОНУНГУЗОРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА ОИЛА

 

Моддаи 1. Заминахои асосии конунгузории Чумхурии  Точикистон оид ба оила

 

  1. Оила, акди никох, модар, падар ва кудак дар Чумхурии Точикистон тахти мухофизати давлат карор доранд.
  2. Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила ба зарурати тахкими оила, ба бунёди муносибатхои оилави дар заминаи мухаббату эхтироми якдигар, кумаки мутакобила ва масъулияти хамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси хар шахс ба корхои оила, татбики бемонеаи хукук ва ичрои ухдададорихои худ аз чониби аъзои оила ва имконияти химояи судии онхо асос меёбад. (КЧТ аз 26.12.11г., №791)
  3. Танхо он акди никохе эътироф карда мешавад, ки дар макомоти давлатии сабти асноди холати шахрванди ба чо оварда шудааст. Акди никохе, ки бо расму оини дини сурат гирифтааст, эътибори конуни надорад.
  4. Танзими муносибатхои оилави дар асоси принсипхои ихтиёри будани акди никохи марду зан, баробарии хукуки зану шавхар дар оила, халли масъалахои дохилиоилави дар асоси мувофикаи тарафхо, афзалияти тарбияи кудакон дар оила, гамхори нисбати некуахволи ва рушди камоли онхо, таъмини бештари хифзи хукуку манфиатхои аъзои ноболиг ва гайри кобили мехнати оила сурат мегирад.
  5. Хангоми никох ва дар муносибатхои оилави хама гуна шаклхои махдуд кардани хукуки шахрвандон аз руи мансубияти ичтимои, нажоди, милли, забони ё дини, инчунин тахсил ва молумулк манъ аст. (КЧТ аз 26.12.11с., №791; КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  6. Хукуки шахрвандон дар оила дар асоси конунгузори дар бораи оила ва дар хадде, ки бо максади мухофизати хукук, манфиатхои конуни, ахлок, саломатии дигар аъзои оила ва шахрвандон лозим мебошад, махдуд карда мешавад.

 

Моддаи 2.  Муносибатхое, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила танзим мегарданд

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила шарт ва тартиби акди никох, катъ ва беэътибор донистани онро мукаррар менамоянд, муносибатхои шахсии гайримолумулки ва молумулкиеро, ки дар оила миёни зану шавхар, падару модар фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатхое, ки вобаста бо фарзандхонди, васояту парастори, ба тарбия гирифтани кудакон  ба миён меоянд, тартиби  сабти асноди холати шахрванди ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила

 

  1. Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси  мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Меъёрхои хукуки оилавие, ки дар санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, бояд ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва Кодекси мазкур мутобик бошанд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791; КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» ба амал бароварда мешавад.
  4. Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад, ки тибки асос ва бо максади ичрои хамин Кодекс ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон доир ба масъалахои оилави санадхои меъёри хукуки кабул намояд.

 

Моддаи 4. Истифодаи конунгузории граждани дар  муносибатхои оилави

 

Конунгузории граждани дар танзими муносибатхои шахсии гайримолумулки ва молумулкии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатхо бо конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила танзим нагардида бошанд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 5. Киёси конун ва хукук дар муносибатхои оилави

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Дар холатхое, ки муносибатхои байни аъзои оила бо  конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила ё созишномаи тарафхо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавчуд набудани меъёрхои хукуки граждани, ки бевосита ин муносибатхоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатхо, агар ин хилофи мохияти онхо набошад, меъёрхои хукуки оилави ва (ё) хукуки граждани, ки муносибатхои шабехро танзим менамоянд (киёси конун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрхо хукуку ухдадорихои аъзои оила, бо назардошти  асосу принсипхои умумии хукуки оила ё хукуки граждани (киёси хукук), инчунин принсипи башардусти, окилона ва адолат муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 26.12.11с. №791;  КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 6. Истифодаи меъёрхои хукуки байналмилали дар муносибатхои оилави

 

Агар дар шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон нисбат ба коидахои дар конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба оила пешбинигардида коидахои дигар мукаррар гардида бошанд, он гох коидахои шартномаи байналмилали истифода мешаванд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

БОБИ 2. ТАТБИК ВА ХИМОЯИ ХУКУКИ ОИЛАВИ

 

Моддаи 7.  Татбики хукуки оилави ва ичрои  ухдадорихои оилави

 

  1. Шахрвандон ба хукукхои ба онхо тааллукдошта, ки аз муносибатхои оилави ва хукукхои оилави, аз чумла хукуки хифзи онхо бармеоянд, бо салохдиди худ ихтиёрдори менамоянд, агар дар хамин Кодекс тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад.

Хукуки худро амали намудани аъзоёни оила ва ичрои ухдадорихояшон набояд хукуку озоди ва манфиатхои конунии аъзоёни дигари оила ва дигар шахрвандонро вайрон  намояд.

  1. Хукукхои оилавиро конун хифз мекунад, ба истиснои холатхое, ки ин хукукхо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.

 

Моддаи 8. Химояи хукуки оилави

 

  1. Хукукхои оилави аз тарафи суд, макомоти васояту парастори, сабти асноди холати шахрванди ва макомоти дигари давлати, инчунин дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти худидоракунии шахрак ва дехот химоя карда мешаванд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Химояи хукукхои оилави бо тартиби пешбининамудаи моддахои дахлдори хамин Кодекс сурат мегирад (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 9. Истифодаи мухлати даъво дар муносибатхои оилави

 

Нисбати  талаботе, ки аз муносибатхои оилави бармеоянд, ба истиснои холатхое, ки мухлати хифзи хукуки поймолшударо хамин Кодекс мукаррар намудааст, мухлати даъво татбик намегардад. Зимни истифодаи меъёрхое, ки мухлати даъворо мукаррар менамоянд, суд меъёрхои дахлдори дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбинигардидаро дастури амал карор  медихад.

 

ФАСЛИ II. АКДИ НИКОХ ВА КАТЪИ ОН

БОБИ  3. ШАРТ ВА ТАРТИБИ БАСТАНИ АКДИ НИКОХ

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 10.  Акди никох

 

  1. Акди никох дар макомоти давлатии сабти асноди холати шахрванди баста мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)
  2. Хукуку ухдадорихои зану шавхар аз лахзаи дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ба кайди давлати гирифтани акди никох ба миён меояд.
  3. Акди никоххое, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон то 19 декабри соли 1929 мувофики расму оини дини ба чо оварда шудаанд, бо акди никоххое, ки дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ба кайд гирифта шудаанд , баробар мебошанд.

 

Моддаи 11. Тартиби бастани акди никох

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

1.Кайди бастани акди никох бо тартиби мукарраркардаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» ба чо оварда мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

  1. Дар сурати аз чониби макомоти сабти асноди холати шахрванди рад кардани бакайдгирии никох шахсоне, ки хохиши никох кардан доранд (яке аз онхо), метавонанд ба суд арз намоянд.

 

Моддаи 12.  Шартхои акди никох

 

  1. 1. Барои акди никох розигии хамдигарии марду зани никохшаванда ва синни никохи доштани онхо зарур аст. (КЧТ аз 25.03.11с., №710)
  2. Дар сурати мавчуд будани монеахои дар моддаи 14 хамин Кодекс зикрёфта акди никох баста намешавад.

3.Агар яке аз тарафхои  никохшаванда  шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд бошад, шартхои иловагии зерин талаб карда мешаванд:

– истикомат дар каламрави Чумхурии Точикистон на камтар аз як соли охир;

– бастани ахдномаи никох ба таври хатми. (КЧТ аз 25.03.11с. №710)

 

Моддаи 13.  Синни никохи

 

  1. Синни акди никохи аз хаждасолаги мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., № 613)
  2. Дар холатхои истиснои суд хукук дорад дар асоси  хохиши шахсони никохшаванда синни никохи  дар  хамин  модда барои марду зан мукарраршударо ба мухлати на бештар аз як сол кам кунад. (КЧТ аз 25.03.11с., №710)
  3. Ариза тибки тартиби пешбурди алохида, дар суди махалли истикомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, барраси мегардад.
  4. Хукуки оид ба хамин масъала мурочиат намудан ба суд аз синни 16 солаги фаро мерасад.

 

Моддаи 14.  Холатхое, ки монеаи бастани акди никох  мегарданд

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Акди никох байни шахсони зерин манъ аст:

– байни шахсоне, ки   яке аз онхо дар никохи дигари ба кайдгирифташуда  карор дошта бошад;

байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё биби бо набераи худ) (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

– байни бародарону хохарони айни ва угай ( ки аз як падар ё модаранд);

байни фарзандони бародарон, хохарон, бародару хохар  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни таго ва чиян, амак ва бародарзода, хола ва хохарзода, амма ва чиян (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии хатми нагузаштаанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290);;

– байни  фарзандхондагон  ва фарзандхондшудагон;

– байни шахсоне, ки суд  яке аз онхоро бо сабаби бемории рухи ё сустаклиаш (нокисулаклиаш) гайри кобили амал эътироф  кардааст;

– байни шахсоне, ки суд кобилияти амали яке аз онхоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо ё дигар моддахои мадхушкунанда махдуд намудааст.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 15. Муоинаи тиббии хатмии шахсони никохшаванда

 

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд пеш аз бастани акди никох мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар муассисахои давлатии сохаи тандурустии махалли зист ё истикомати доими аз муоинаи тиббии хатми ба таври ройгон мегузаранд ва онхо бо натичаи муоинаи тиббии хатмии хамдигар шинос карда мешаванд.
  2. Машваратдихи оид ба тарзи солими хаёт, банакшагирии оила ва таъсири беморихо ба саломатии насл аз чониби муассисахои давлатии сохаи тандурустии махалли зист ё истикомати доими мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290; КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

БОБИ 4. АКДИ КАТЪИ НИКОХ

 

Моддаи 16.  Асосхои катъи акди  никох

 

  1. Акди никох дар натичаи вафот ё яке аз хамсаронро фавтида эълон намудани суд катъ мегардад.
  2. Акди никох бо рохи бекор кардани он (талок) дар асоси аризаи зан ё шавхар ё хардуи онхо, васии зан ё шавхаре, ки суд уро гайри кобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор катъ гардиданаш мумкин аст.

 

Моддаи 17. Махдуд кардани хукуки шавхар оид  ба талаби бекор кардани акди никох

 

  1. Шавхар хукук надорад хангоми хомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кудак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди акди  никох даъво пешниход намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Махдудияти дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба шавхар татбик намегардад, агар дар мухлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавхар бевосита ба тарбияи фарзанд машгул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани акди никох бошад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 18. Тартиби бекор кардани акди никох

 

Акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» ва дар холатхои пешбининамудаи моддахои 21-24 хамин Кодекс ба  тартиби суди бекор карда мешавад.

 

Моддаи 19. Бо КЧТ аз 29.04.06с., №183 хорич карда шуд.

 

Моддаи 20. Баррасии бахсхое, ки дар макомоти сабти асноди холати  шахрванди хангоми бекор кардани  акди никох дар байни зану шавхар  ба миён меоянд

 

Бахсхо дар хусуси таксими молу мулки муштараки зану шавхар, пардохти маблаг барои таъминоти зан ё шавхари эхтиёчманди корношоям, инчунин бахсхо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавхар ба миён меоянд  ва дар холатхои пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди», сарфи назар аз бекор кардани акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди, ба тарики суди барраси мешаванд.

 

Моддаи 21. Бекор кардани акди  акди никох дар суд

 

  1. Акди никох аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиг доштани зану шавхар, ба истиснои холатхои дар кисми 2 моддаи 19 хамин Кодекс пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани акди никох рози набудани зан ё шавхар, бекор карда мешавад.
  2. Акди никох ба тартиби суди, инчунин дар холатхое, ки зан ё шавхар бо вучуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди саркаши менамояд (ариза додан намехохад ё барои сабти бекор кардани акди никох хозир намешавад ва гайра), бекор карда мешавад.

 

Моддаи 22.  Ба тарики суди бекор кардани акди никох дар сурати рози  набудани зан ё шавхар барои  бекор кардани никох

 

  1. Зимни баррасии парвандахо дар бораи бекор кардани акди никох, дар сурати рози набудани зан ё шавхар барои бекор кардани акди никох, суд барои ошти додани зану шавхар тадбирхо меандешад ва хукук дорад, ки баррасии парвандаро мавкуф гузошта, ба зану шавхар барои оштишави то шаш мох мухлат дихад. (КЧТ аз 20.03.08с, №382).
  2. Агар суд мукаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якчояи зану шавхар ва нигох доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирхои ошти додани зану шавхар натичаи дилхох надоданд, акди никох бекор карда мешавад.
  3. Агар суд даъвои бекор кардани акди никохро рад кунад, зану шавхар хукук доранд, ки баъди гузаштани се мохи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани акди никох такроран бо аризаи даъво мурочиат намоянд.

 

Моддаи 23. Бо тартиби суди бекор кардани акди никох хангоми розигии зану шавхар

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

  1. Агар зану шавхар барои бекор кардани акди никох рози бошанд, суд хукук дорад акди никохро бекор намояд. Дар ин холат акди никох дар давоми як мохи баъди ариза додани зану шавхар бекор карда мешавад.
  2. Ба зану шавхари дорои фарзандони ноболиг, новобаста ба розигии муштараки онхо барои бекор кардани акди никох, суд барои ошти додани онхо тадбирхо меандешад ва хукук дорад, ки баррасии парвандаро мавкуф гузошта, ба зану шавхар барои оштишави то шаш мох мухлат дихад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 24. Масъалахое, ки суд хангоми кабули халнома дар  бораи бекор  кардани акди никох хал  менамояд

 

  1. Хангоми ба тарики суди бекор кардани акди никох зану шавхар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онхо зиндаги кардани фарзандони ноболиг, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблаг барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавхари гайри кобили мехнати эхтиёчманд, дар хусуси хачми ин маблаг ё таксимоти молу мулки зану шавхар барои тасдики суд пешниход намоянд.
  2. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавхар оид ба масъалахои дар кисми 1 хамин модда зикрьёфта, инчунин агар мукаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавхарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:

– муайян намояд, ки фарзандони ноболиг пас аз бекор кардани никох бо кадоме аз  падару модар  зиндаги мекунанд;

– муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;

– бо талаби зану шавхар (яке аз онхо) молу мулки дар тахти моликияти муштараки онхо карордоштаро таксим намояд;

– бо талаби зан ё шавхаре, ки аз хамсари худ ба гирифтани таъминот хукук дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.

  1. Хангоми бекор кардани акди никохе, ки яке аз тарафхо шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини ичрои ахдномаи никохро мавриди барраси карор дихад. (КЧТ аз 25.03.11с. №710)
  2. Дар мавриде, ки агар таксими молу мулки ба манфиатхои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад такозои таксими молу мулкиро ба истехсолоти алохида чудо кунад.

 

Моддаи 25.  Лахзаи катъ гардидани акди никох хангоми талок

 

  1. Акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди аз рузи бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох дар китоби сабти асноди холати шахрванди ва хангоми бекор кардани акди никох дар суд, аз рузи эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд катъ мегардад.
  2. Бекор кардани акди никох дар суд бояд дар макомоти сабти асноди холати шахрванди аз рузи эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд, мувофики тартиби барои сабти асноди холати шахрванди мукарраргардида ба кайди давлати гирифта шавад. Бекор кардани акди никох аз лахзаи ба кайди давлати гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори хукуки дорад.

 

Моддаи 26.  Баркарор  намудани акди никох  дар сурати  хозиршавии зан ё шавхаре,  ки фавтида эълон шуда ё бедарак гоибшуда дониста  шудааст

 

  1. Дар сурати хозиршавии зан ё шавхаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак гоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани халномахои дахлдори суди, макоми сабти асноди холати шахрванди метавонад дар асоси аризаи якчояи зану шавхар акди никохро баркарор намояд.
  2. Агар зан ё шавхар бо дигаре никох карда бошад, акди никох баркарор карда намешавад. (КЧТ аз 25.03.11с. №710)

 

Моддаи 27. Бо КЧТ аз 29.04.06с., №183 хорич карда шуд

 

БОБИ 5. БЕЭЪТИБОРИИ АКДИ НИКОХ

 

Моддаи 28. Беэътибор донистани акди никох

 

  1. Дар сурати вайрон кардани шартхои дар моддахои 12 ва 14 хамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани акди никохи калбаки, яъне агар зану шавхар ё яке аз онхо акди никохро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, акди никох беэътибор дониста мешавад. Акди никохе, ки мачбури ё бо рохи фиреб баста шудааст, тибки аризаи чабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290).
  2. Акди никох аз чониби суд беэътибор дониста мешавад.
  3. Суд вазифадор аст, ки дар мухлати се рузи баъди эътибори конуни пайдо кардани халномаи беэътибор донистани акди никох иктибоси ин халномаи судро ба макоми сабти асноди холати шахрвандии махали бакайдгирии давлатии акди никох  фиристад.
  4. Акди никохи хилофи талаботи кисми 1 моддаи мазкур басташуда аз лахзаи баста шуданаш беэътибор аст. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор  донистани  акди никох хукук доранд

 

  1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани акди никох хукук доранд:

зан ё шавхари ноболиг, падару модари у (шахсони онхоро ивазкунанда), макоми васоят ва парастори ё прокурор – агар акди никох бо шахси ба синни акди никохи нарасида хангоми мавчуд набудани ичозати акди никох то ба синни акди никохи расиданаш (моддаи 13 хамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни хабдахсолаги расидани зан ё шавхари ноболиг барои талаби беэътибор донистани н акди икох танхо ин зан ё шавхар хукук дорад;

зан ё шавхаре, ки хукуки  у хангоми акди никох поймол гардидааст, инчунин прокурор – агар акди никох дар сурати рози набудани зан ё шавхар; дар натичаи мачбуркуни, фиреб, ба иштибох андохтан ё вобаста ба  вазъи холати худ дар лахзаи бакайдгирии акди никох дарк карда натавонистани мохияти амали худ ё идора накардани он холат баста шуда бошад;

зан ё шавхаре, ки дар хусуси мавчуд будани холатхои монеаи акди никох огохи надошт, васии зан ё шавхаре, ки гайри кобили амал  эътироф шудааст, зан ё шавхари аз акди никохи кабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари акди никох бо вайрон кардани мукаррароти моддаи 14 хамин Кодекс басташуда хукукашон поймол гардидааст, инчунин макоми васояту сарпарасти ва прокурор;

прокурор, инчунин зан ё шавхаре, ки хангоми бастани акди никохи калбаки дар хусуси калбаки будани он огохи надошт (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290).

  1. Хангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани акди никохи бо шахси ба синни никохи нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд гайри кобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда макоми васояту парастори чалб карда мешавад.

 

Моддаи 30.  Эътиборнок донистани  акди никох  (санатсияи акди никох)

 

  1. Суд метавонад акди никохро эътиборнок хисоб кунад, агар дар лахзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани  акди никох холатхое, ки барои акди никох монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.
  2. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани акди никохе, ки бо шахси ба синни акди никохи нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатхои зан ё шавхари ноболиг талаб  намояд.
  3. Суд метавонад акди никохи калбакиро хакики эътироф намояд, агар то лахзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки акди никох бастаанд, муносибатхои заношуи ба вучуд омада, онхо барои идомаи хаёти оилави рози бошанд, ба шарте, ки хакики донистани акди никох ба хукукхои шахсони сеюм зарар нарасонад.
  4. Акди никох пас аз бекор кардани он гайрихакики дониста шуда наметавонад, ба истиснои холатхои вучуд доштани дарачаи хешии байни зану шавхар, ки конун манъ кардааст, ё холате, ки зан ё шавхар  дар лахзаи бакайдгирии акди никох дар акди никохи дигари бекорнашуда (моддаи 14 хамин Кодекс) карор дошта бошанд.

Моддаи 31. Окибати акди никохи беэътибор  донисташуда

 

  1. Акди никохе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои холатхои дар кисмхои 4 ва 5 хамин модда мукарраргардида, хукуку ухдадорихои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавхарро ба миён намеоварад.
  2. Нисбати молу мулки якчоя бадастовардаи шахсоне, ки акди никохашон беэътибор дониста шудааст, меъёрхои Кодекси граждании Чумхурии Точикистон дар бораи моликияти умумии сахми истифода мешавад. Ахдномаи акди никохе, ки зану шавхар бастаанд (моддахои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Беэътибор донистани акди никох ба хукуки кудаконе, ки аз ин акди никох таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рузи баъди беэътибор донистани акди никох ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (кисми 2 моддаи 49 хамин Кодекс).
  4. Хангоми баровардани халномаи дар бораи беэътибор донистани акди никох суд метавонад хукуки зан ё шавхарро, ки баъди бастани чунин акди никох хукукаш поймол гардидааст, барои мутобики моддахои 90, 91 хамин Кодекс аз зан ё шавхари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати таксими молу мулки то рузи беэътибор донистани акди никох бадастомада бошад, метавонад мукаррароти дар моддахои 34, 38-39 хамин Кодекс муайянгардидаро татбик кунад, инчунин шартномаи акди никохро пурра ё кисман беэътибор донад.

Зан ё шавхаре, ки дар натичаи бастани акди никохи аз чониби суд беэътибор донисташуда хукукаш поймол гардидааст, хукук дорад мувофики коидахои пешбининамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон чуброни зарари модди ва маънавии ба у расонидашударо талаб намояд. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

  1. Зан ё шавхари софдил хангоми беэътибор донистани акди никох хукук дорад насаберо, ки хангоми сабти акди никох интихоб намудааст, нигох дорад. (КЧТ аз 26.11.15г., №1239)

 

ФАСЛИ III. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ЗАНУ ШАВХАР 

БОБИ  6. ХУКУК  ВА УХДАДОРИХОИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВХАР

 

Моддаи 32. Баробархукукии зану шавхар дар оила

 

  1. Зану шавхар хар кадомашон дар интихоби шугл, тахсилот, касб, намуди фаъолият, махалли истикомат ва будубош озод аст. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365; КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)
  2. Масъалахои падариву модари, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалахои дигари хаёти оилавиро зану шавхар якчоя, бо назардошти принсипи баробархукукии зану шавхар хал менамоянд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791; КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Зану шавхар вазифадоранд, ки муносибатхои худро дар оила дар асоси эхтирому кумаки якдигари ба рох монанд, барои тахкими оила мусоидат намоянд, ба некуахволи ва рушду камоли фарзандонашон  гамхори кунанд.

 

Моддаи 33.  Хукуки зану шавхар дар  интихоби насаб

 

  1. Зану шавхар хангоми бастани акди никох дар интихоби насаб баробархукук мебошанд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Интихоби насаби зану шавхар бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» амали карда мешавад.

 

БОБИ 7.  ХУКУКИ МОЛУМУЛКИИ ЗАНУ ШАВХАР

 

Моддаи 34. Моликияти муштараки  зану шавхар

 

  1. Молу мулкие, ки зану шавхар дар давраи заношуи чамъ кардаанд, моликияти муштараки онхо мебошад.
  2. Даромаде, ки зану шавхар дар натичаи фаъолияти мехнати, сохибкори ва зехни ба даст  овардаанд, нафака, ёрдампули ва пардохтхои дигари пулии гирифтаашон, ашёхои харидаашон, когазхои киматнок, сахмия, пай ва хама гуна молу мулки манкул ва гайриманкули дар давоми заношуи чамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавхар харида шудааст (ё маблаг гузаронида шудааст), моликияти муштараки онхо  хисоб мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Хукук ба молу мулки муштарак хамчунин ба зан ё шавхаре низ тааллук дорад, ки дар давоми заношуи хочагиро пеш мебурд, фарзандонро нигохубин мекард ё бо сабабхои узрнок даромади мустакилона надошт.

 

Моддаи 35. Хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани моликияти муштараки зану шавхар

 

  1. Хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавхар карор дорад, танхо бо розигии мутакобилаи онхо сурат мегирад. (КЧТ аз 26.12.11с. №791)
  2. Хангоми аз чониби зан ё шавхар анчом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умуми чунин тасаввур мешавад, ки у бо розигии хамсари худ амал мекунад.

Муомилоте, ки аз чониби яке аз хамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умуми анчом дода шудааст, аз чониби суд кисман бо сабаби мавчуд набудани розигии хамсари дигар  танхо хангоме, гайриконуни эътироф мегардад, ки агар яке аз онхо бо чунин талаб мурочиат намояд ва танхо дар  сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огох буд ё пешаки бояд  норози будани тарафи дигарро барои анчом додани чунин муомилот медонист.

  1. Барои ба анчом расонидани  муомилот вобаста ба ихтиёрдори кардани молу мулки гайриманкул ва муомилоте, ки мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун тасдик ё кайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тарики идораи наториалии давлати тасдикшудаи зан ё шавхар гирифта шавад. (КЧТ аз 26.12.11с. №791)

Хамсаре, ки  ризоияти дар идораи нотариалии давлати тасдикшудаи худро барои ичрои ахд  надодааст, хукук дорад  дар кисми молу мулки ба худаш таалук дошта дар моликияти умумии якчоя бекор кардани ахдро талаб намояд, ё хамсар хукук дорад ба андозаи хиссаи дар боло зикргардида аз маблаге, ки хамсараш аз фуруши молу мулки ба даст овардааст, дар  давоми се сол аз рузи огох шудан аз чунин муомилот  ё мебоист  аз ичрои чунинмуомилот ё пардохти пули онро талаб намояд.

 

Моддаи 36. Моликияти хар кадоме аз  зану шавхар

 

  1. Молу мулкие, ки ба зану шавхар то акди никох тааллук дошт, инчунин молу мулкие, ки дар давраи заношуи зан ё шавхар хамчун хадья ё мерос гирифтааст, моликияти хар кадоми онхо мебошад.
  2. Ашьёи истифодаи шахси (либос пойафзол ва гайра), ба истиснои чавохирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношуи аз хисоби маблагхои умумии зану шавхар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии хар кадоме аз зану шавхар ба хисоб мераванд.
  3. Суд метавонад молу мулкиеро, ки хар кадоме аз зану шавхар хангоми чудо зиндаги карданашон чамъ овардаанд, дар сурати вокеан катъ гардидани акди никох моликияти хар кадоми онхо эътироф намояд.

 

Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавхар  донистани молу мулки хар кадоми онхо

 

Молу мулки ба  хар як  хамсар тааллукдоштаро метавон моликияти муштараки онхо донист, агар мукаррар гардад, ки дар давоми заношуи  аз хисоби молу мулки умумии зану шавхар ё молу мулки шахсии зан ё шавхар ва ё мехнати у сахме гузошта шудааст, (таъмири асоси, азнавсози, азнавчихозони ва гайра), ки дар натичаи он  арзиши молу мулки ба хар кадоме аз зану шавхар тааллукдошта хеле афзудааст, агар  дар  ахдномаи байни онхо тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 38. Таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад

 

  1. Таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад, чи дар давоми заношуи ва чи баъди талок, бо талаби хар кадоме аз онхо, инчунин дар холати аз  чониби  карздиханда  талаб кардани таксими моликияти умумии зану шавхар барои ситонидани маблаги карз  аз сахми зан ё шавхар дар моликияти умуми сурат гирифта метавонад.
  2. Дар сурати таксими молу мулки умумии зану шавхар дар давраи заношуи он кисми молу мулки умумие, ки таксим нашуда буд, инчунин молу мулкие, ки зану шавхар дар давраи акди никох чамъ кардаанд, моликияти умумии  онхоро ташкил медихад.
  3. Молу мулки умумии зану шавхар метавонад бо созишномаи зану шавхар дар байни онхо таксим карда шавад. Дар холати ба миён омадани бахс вобаста ба таксими молу мулки муштараки зану шавхар, инчунин муайян намудани сахми зану шавхар дар ин молу мулки    он ба тартиби суди хал карда мешавад.
  4. Зану шавхар хукук доранд, ки таксими пасандоз, сахмия, хисса ва сахми дар сармояи муассисаи кредити ё ташкилотхои дигари тичорати ва гайритичорати ба номи яке аз онхо гузоштаашонро    талаб намоянд, агар ин пардохтхо моликияти муштараки онхо бошанд.
  5. Пасандозхое, ки зану шавхар аз хисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиги худ гузоштаанд, молу мулки мутааллик ба фарзандон дониста шуда, хангоми таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд.
  6. Нисбати талаби зану шавхари чудошуда дар хусуси таксими молу мулки муштараки онхо, ки онхо дар давраи заношуи чамъ овардаанд, мухлати сесолаи даъво истифода мешавад.

 

Моддаи 39. Муайян намудани хисса хангоми таксими молу мулкие, ки  моликияти  муштараки зану  шавхар мебошад

 

  1. Хангоми таксими молу мулкие, ки дар моликияти муштараки зану шавхар мебошад ва муайян намудани хиссаи зану шавхар дар ин амал хиссаи онхо баробар дониста мешавад, агар дар ахдномаи никох тартиби дигар пешбини нагардида бошад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Суд метавонад хиссаи зан ё шавхарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиг, инчунин фарзандони болиги корношоями эхтиёчманд ё манфиати кобили таваччухи зан ё шавхар, зиёд кунад. Хиссаи зан ё шавхар бо назардошти корношоямии онхо, инчунин агар яке аз онхо бо сабабхои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати чой доштани холатхои дигари кобили таваччух мумкин аст зиёд карда шавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Хангоми таксими молу мулки умумии зану шавхар суд бо талаби онхо муайян менамояд, ки кадом ашьё бояд ба кадоме аз онхо дода шавад. Агар ба зан ё шавхар ашёе дода шавад, ки арзиши он аз хиссаи барои у муайяншуда зиёд бошад, барои хамсари у метавонад чубронпули ё чуброни дигар мукаррар карда шавад.
  4. Карзи умумии зану шавхар хангоми таксими молу мулки умуми дар байни зану шавхар баробар ба хиссаи ба хар яки онхо мукарраршуда таксим карда мешавад.
  5. Ашёе, ки махсус барои конеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиг харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобхои мусики, китобхои кудакона ва гайра) ба ихтиёри зан ё шавхар, ки фарзандон бо у зиндаги мекунанд, бе чуброн гузошта мешаванд.

 

БОБИ 8.  АХДНОМАИ НИКОХ

 

Моддаи 40. Ахдномаи никох

 

Ахдномаи никох- созишномаи шахсоне мебошад, ки никох мекунанд ё созишномаи зану шавхар аст, ки хукуки молу мулкии ва ухдадорихои онхоро дар  давраи заношуи ва ( ё ) дар холатхои бекор кардани он муайян менамояд.

 

Моддаи 41.  Бастани ахдномаи акди никох

 

  1. Ахдномаи никох метавонад хам то бакайдгирии давлатии акди никох ва хам дар хар вакти давраи заношуи баста шавад.

Ахдномаи никох, ки то бакайдгирии давлатии акди никох баста шудааст, аз рузи бакайдгирии давлатии акди никох эътибор пайдо мекунад.

  1. Бастани ахдномаи никохе, ки яке аз тарафхои никохшаванда шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд мебошад, хатми буда, он бояд то ба кайд гирифтани акди никох баста шавад. (КЧТ аз 25.03.11с., №710)
  2. Ахдномаи никох дар шакли хатти баста шуда, бояд аз чониби нотариус тасдик карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани ахднома мегардад.

 

Моддаи 42. Мундаричаи ахдномаи никох

 

  1. Зану шавхар хукук доранд, ки бо ахдномаи никох низоми моликияти муштараки ба молу мулки умуми мукаррарнамудаи конунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тагйир дода, низоми моликияти сахмиро ба тамоми молу мулки дар давоми акди никох чамъовардаашон ё ба намудхои алохидаи он ё худ хама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба хар яки онхо тааллук дорад, мукаррар намоянд.

Ахдномаи никох метавонад хам нисбати молу мулки мавчуда ва хам нисбати  молу мулки ояндаи зану шавхар баста шавад.

Зану шавхар хукук доранд, ки дар ахдномаи никох хукуку ухдадорихои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тарики иштирокро дар даромади хамдигар; тартиби харочоти оиларо аз чониби хар кадоми онхо; харочоти тарафайни чашну маросимхои оилави ва молу мулкиеро муайян намоянд, ки дар сурати  бекор кардани акди никох ба ихтиёри хар кадоми онхо гузошта мешавад, инчунин хама гуна мукаррароти дигари марбут ба муносибатхои молу мулкиашонро дохил намоянд. (КЧТ аз 20.03.08с., №382).

  1. Хукук ва ухдадорихои пешбининамудаи ахднома метавонад бо мухлатхои муайян махдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алохида вобаста карда шавад.
  2. Ахдномаи никох наметавонад кобилияти хукуки ё амалии зану шавхар; хукуки онхоро барои мурочиат ба суд чихати хифзи хукукхояшон; танзими муносибатхои шахсии гайримолумулкии байни зану шавхар; хукуку ухдадорихои шахсии зану шавхарро нисбати фарзандон махдуд кунад; мукарраротеро пешбини намояд, ки хукуки хамсари корношоями эхтиёчмандро ба таъминот махдуд кунанд ва шартхои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавхарро дар холати нихоят ногувор гузоранд ё хилофи асосхои умуми ва мазмуну мухтавои конунхои оила бошанд.
  3. Дар ахдномаи никохе, ки яке аз тарафхои  никохшаванда шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд мебошад, бояд шартхои зерин ба таври хатми пешбини карда шаванд:

– муносибатхои молумулкии тарафхо, хукуку ухдадорихои онхо  оид ба молу мулк;

– ухдадорихои тарафхо вобаста ба таъмини фарзандон;

– бо манзили истикоматии шахси таъмин намудани хамсар ва фарзандон;

– нигохубини хамсари корношоями эхтиёчманд.

(КЧТ аз 25.03.11с., №710)

 

Моддаи 43.  Тагйир додан ё бекор кардани ахдномаи акди никох

                         (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

 

  1. Ахдномаи никохро дар хар давра бо мувофикаи зану шавхар тагйир додан ва ё бекор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тагйир додан ё бекор кардани ахдномаи акди никох дар хамон шакле, ки ахдномаи никох баста мешавад, ба имзо мерасад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

Ба якчониба рад намудани ичрои ахдномаи никох ичозат дода намешавад.

  1. Бо талаби зан ё шавхар ахдномаи никох бо халномаи суд тибки асос ва тартиби мукаррарнамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон тагйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
  2. Амали ахдномаи никох аз лахзаи катъ кардани акди никох (моддаи 25 хамин Кодекс) ба гайр аз холатхое, ки дар ахдномаи никох барои давраи баъди катъи акди никох пешбини шудааст, катъ мегардад.
  3. Шартхои ахдномаи никохеро, ки дар кисми 4 моддаи 42 хамин Кодекс пешбини шудаанд, тагйир додан манъ аст. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 44. Беэътибор донистани  ахдномаи акди никох

 

  1. Ахдномаи никох бо асосхое, ки дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон барои беэътибории ахдхо пешбини гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё кисман беэътибор дониста мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Ахдномаи никох дар сурати вайрон кардани талаботи кисми 3 моддаи 42 хамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавхар (яке аз онхо), агар шартхои ахднома ин хамсарро дар вазъияти нихоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои карздихандагон хангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 Кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё кисман беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 45. Шартномахои дигар доир ба  молу мулки

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Зану шавхар, инчунин дигар аъзои болиги оила хукук доранд байни худ шартномаи хадя, хариду фуруш ва хама гуна шартномахои дигаре банданд, ки хилофи конун нестанд. Муносибатхое, ки дар асоси ин гуна шартномахо байни зану шавхар ва аъзоёни дигари оила  ба миён меоянд, тавассути  конунгузории граждании Чумхурии Точикистон танзим мегарданд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365; КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

 

БОБИ  9. МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВХАР АЗ РУИ УХДАДОРИХО

 

Моддаи 46. Ситонидани маблаг аз молу мулки зану  шавхар

 

  1. Аз руи ухдадорихои яке аз хамсарон маблаг танхо аз молу мулки ё зан ё шавхар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулки кредитор хак дорад чихати ситонидани карз чудо кардани хиссаи зан ё шавхари карздорро аз молу мулки  умумии онхо  талаб кунад.
  2. Ситонидани маблаг аз молу мулки умумии зану шавхар аз руи ухдадорихои умумии зану шавхар,  инчунин он аз руи ухдадорихои яке аз онхо сурат мегирад, агар суд мукаррар намояд, ки хамаи чизхои мувофики ухдадори гирифтаи  зан ё шавхар барои эхтиёчоти оила масраф шудаанд
  3. Агар бо хукми суд мукаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавхар аз хисоби маблаги бо рохи чиноят бадастовардаи зан ё шавхар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблаг мувофикан аз молу мулки умумии зану шавхар ё як кисми он ситонида мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  4. Масъулияти зану шавхар барои зараре, ки фарзандони ноболигашон расонидаанд, тавассути конунгузории граждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

 

Моддаи 47. Кафолати хукуки кредиторон хангоми бастан, тагйир додан ва бекор кардани ахдномаи никох

 (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

  1. Хамсар ухдадор аст, ки кредитори (кредиторони) худро дар хусуси бастан, тагйир додан ё бекор кардани ахдномаи никох огох созад. Дар сурати ичро накардани ин ухдадори, хамсар аз руи ухдадорихои худ, новобаста ба мухтавои ахдномаи никох, масъул мебошад.
  2. Кредитори (кредиторони) хамсари карздор хукук дорад бинобар мохиятан тагйир ёфтани вазъият бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон тагйир додани шартхо ё бекор кардани ахдномаи никохи байни хамсарон басташударо талаб намояд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

ФАСЛИ IV. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН 

БОБИ 10. МУКАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН

 

Моддаи 48. Асосхои  ба  миён  омадани   хукуку  ухдадорихои падару модар ва фарзандон

 

Хукуку ухдадорихои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун тасдик шудааст, асос меёбанд.

 

Моддаи 49. Мукаррар намудани аслу  насаби кудак

 

  1. Аслу насаби кудакро аз модар (модари) макоми сабти асноди холати шахрванди дар асоси асноди тасдиккунандаи зодани кудакро дар муассисаи тибби таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тибби таваллуд ёфтани кудак бошад, дар асоси асноди тибби, гувохии шохидон ва далелхои дигар мукаррар менамояд.
  2. Агар кудак аз шахсоне, ки бо хам акди никохи дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ба кайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рузи пас аз катъи акди никох ё беэътибор донистани акди никох ё вафоти шавхари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кудак шавхари (шавхари собики) модар эътироф мегардад, ба шарте, ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 хамин Кодекс). (КЧТ аз 26.12.11с., №791)
  3. Агар модар арз кунад, ки падари кудак шавхари (шавхари собики) у нест, падари кудак мувофики коидахои мукаррар намудаи кисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 хамин Кодекс мукаррар карда мешавад.
  4. Падар будани шахсе, ки бо модари кудак акди никох надорад, бо рохи аз чониби падару модари кудак ба макоми сабти асноди холати шахрванди додани ариза; дар сурати фавти модар, гайри кобили амал эътироф гардидани у, имконнопазирии муайян намудани махали буду боши модар ё аз хукуки падару модари махрум шудани у бошад,  дар асоси аризаи падари кудак, бо мувофикаи макоми васояту парастори ва хангоми набудани чунин ахднома бо халномаи суд  мукаррар  карда  мешавад.

Хангоми мавчуд будани холатхое, ки асос медиханд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи мукаррар намудани падари пас аз таваллуди кудак гайриимкон  ё мушкил мебошад, падару модари кудаки оянда, ки акди никох надоранд, хак доранд хангоми хомиладории модар ба макоми сабти асноди холати шахрванди  бо чунин ариза мурочиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кудак сурат мегирад.

  1. Мукаррар намудани падари шахси ба синни балогат расида танхо бо розигии у ва агар ин шахс гайри кобили амал дониста шавад, бо розигии васи ё макоми васояту парастории у мумкин аст.

 

Моддаи 50.  Ба тартиби суди мукаррар намудани падари

 

  1. Дар сурати аз падару модари акди никохнадошта таваллуд ёфтани кудак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кудак, аслу насаби кудак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кудак, аризаи шасхе, ки кудак дар таъминоташ мебошад, инчунин хангоми ба балогат расидан дар асоси аризаи худи кудак ба тарики суди мукаррар карда мешавад.
  2. Хангоми мукаррар намудани падари суд зиндаги ва пешбурди хочагии якчоя бо модари кудак ё тарбияи муштарак ё таъмини кудак ё далелхои дигари боэътимодеро, ки аз чониби шахси мушаххас таваллуд шудани кудак, далелхои сахех тасдиккунандаи аз чониби чавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.

 

Моддаи 51.  Аз чониби суд мукаррар намудани далели  эътирофи падари

 

Дар холати фавти шахсе, ки худро падари кудак эътироф мекард, вале бо модари кудак акди никох надошт, далели падар  эътироф  шудани у метавонад аз руи коидахои мукаррарнамудаи конунгузории мурофиавии граждании Чумхурии Точикистон ба тартиби суди мукаррар карда шавад.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

 

Моддаи 52.  Бо КЧТ аз 29.04.06с, №183 хорич карда шуд

 

Моддаи 53.  Бахси муайянкунии падари  (модари)

 

  1. Сабти падару модар дар дафтари сабти таваллуди кудак, ки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кудак аз шахсони дар он зикргардида  буда он  танхо ба  тартиби суди бо талаби шахси хамчун падар ё модари кудак сабтёфта ё шахсе, ки вокеан падар ё модари кудак мебошад, инчунин аз чониби васии падару модари кудак, инчунин худи кудак хангоми расидан ба синни балогат, васии падар ё модари аз тарафи суд гайри кобили амал эътирофгардида мавриди бахс карор гирифта метавонад.
  2. Талаби шахсе, ки дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» падари кудак сабт шудааст, дар мавриди бахси падари конеъ гардонида намешавад, агар дар лахзаи сабт ин шахс  медонист, ки у вокеан падари кудак  намебошад.
  3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кудак сабт шудааст, ё шахсе, ки вокеан падари кудак аст, дар сурати фавти модар ё аз хукуки падару модар махрум кардани у хукук дорад дар давоми як сол аз он вакте, ки ба у  сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, бахс  кунад. Агар то ин  муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиг  хисоб шавад, мухлати як сол  аз рузи ба синни хаждахсолаги расидани у ба хисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 54. Хукуку ухдадорихои фарзандоне, ки аз шахсони бо хам никох надошта таваллуд ёфтаанд

 

Агар мукаррар намудани хукуки падари мувофики тартиби пешбининамудаи моддахои 50 ва 51 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад, фарзандон нисбат ба падару модар ва хешу акрабояшон дорои хукуку ухдадорихое мебошанд, ки кудакони аз шахсони бо хам акди никохбаста доранд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

БОБИ  11. ХУКУКИ  КУДАКОНИ НОБОЛИГ

 

Моддаи 55.  Хукуки кудак  барои зиндаги  ва тарбия дар оила

 

  1. Кудак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни хаждахсолаги (ба синни балогат) нарасидааст.
  2. Хар кудак хукук дорад, ки дар оила зиндаги кунад ва тарбия гирад. Кудак ба гамхории падару модар, таъмини манфиатхояш, рушду такомули хамачониба, эхтироми шаъни инсонии худ хукук дорад.

Дар сурати набудани падару модар, аз  хукуки падару модар махрум кардани онхо ва дар холатхои дигари аз даст додани васояти падару модар, хукуки кудак барои тарбия дар оила мувофики  тартиби мукаррарнамудаи боби 18 хамин Кодекс  аз чониби макомоти васояту парастори  таъмин карда   мешавад.

 

Моддаи 56.  Хукуки кудак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу акрабо

 

  1. Кудак хукуки муоширатро бо падару модар, бобо, биби (модаркалон), бародарону хохарон ва дигар хешу акрабо дорад. Бекор кардани акди никох аз чониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии чудогонаи падару модар ба хукуки кудак таъсир намерасонад.

Дар сурати чудо зиндаги кардани падару модар кудак хукук дорад, ки бо хар кадоми онхо муошират кунад. Кудак инчунин хукук дорад  дар сурати дар давлатхои  мухталиф зиндаги кардани падару модар ва баъди бекор кардани акди никох низ бо онхо муошират кунад.

  1. Фарзанде, ки дар холати фавкулодда карор дорад (хангоми дастгир кардан, ба хабс гирифтан, дар махбас нигох доштан,  дар муассисаи тибби будан ва гайра) мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун барои муошират  бо падару модар ва дигар хешу акрабои худ хукук дорад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 57.  Хукуки кудак ба химоя

 

  1. Кудак ба химояи хукуку манфиатхои конунии худ хукук дорад.

Хукуку манфиатхои конунии кудакро падару модар (шахсоне, ки онхоро  иваз мекунанд) ва дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс, макомоти васояту парастори, прокурор ва суд химоя мекунанд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

  1. Кудак хукук дорад аз суиистифодаи падару модар (шахсони ивазкунандаи онхо) хифз карда шавад.

Хангоми вайрон кардани хукук ва манфиатхои конунии кудак, аз чумла ичро накардан ё ба таври номатлуб ичро намудани ухдадорихо аз чониби падару модар (яке аз онхо) оид ба тарбияю таълими кудак ё суиистифода  аз хукукхои падару модари кудак хукук дорад ба макоми васоят ва парастори ва пас аз расидан ба синни чордахсолаги чихати химоя аз  чониби онхо ба суд мурочиат кунад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

  1. Шахсони мансабдори ташкилотхо ва дигар шахрвандоне, ки аз тахдид ба хаёт ё саломатии кудак ё поймол гардидани хукуку манфиатхои кудак дар оила огохи пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба макоми васояту парастори махали вокеии истикомати кудак маълумот диханд. Хангоми гирифтани чунин маълумот макоми васояту парастори вазифадор аст барои хифзи хукук ва манфиатхои конунии кудак чорахои зарури андешад.

Макоми васояту парастори хукук доранд, дар холатхои зарури бо чалби намояндагони макомоти корхои дохили ба оилахое, ки дар онхо зиндаги кардани кудакон ба хаёту саломатии онхо хатарнок аст,  бемонеа ворид шаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 571. Хукуки кудак барои озодона изхор намудани фикри худ

 

  1. Кудак хукук дорад дар халли хама гунна масъалахои оилави, ки ба манфиатхои у дахл доранд, фикри худро озодона изхор намояд, хамчунин дар рафти мурофиахои суди ва маъмури иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кудаки аз сини дахсола боло хатми мебошад. Дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур макомоти васоят ва парастори ё суд метавонанд танхо бо ризоияти кудаки аз синни дахсола боло карор кабул намояд.
  2. Муассисахои таълимии томактаби ва муассисахои таълимии тахсилоти умуми, макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, иттиходияхои чамъияти ва падару модар бояд барои озодона изхор намудани фикри кудак дар чомеа ва оила шароит фарохам оваранд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 58. Хукуки кудак ба доштани насаб, ном ва номи падар

 

  1. Кудак ба доштани насаб, ном ва номи падар хукук дорад.
  2. Тартиби номгузори ва сабти насаб, ном ва номи падари кудак дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» амали мегардад. (КЧТ аз 26.11.15 с., №1239)

 

Моддаи 59.  Бо КЧТ аз 29. 04. 06с., №183 хорич карда шуд

 

Моддаи 60. Хукуки молумулкии кудак

 

  1. Кудак мувофики тартиб ва андозаи мукаррарнамудаи хамин Кодекс аз падару модари худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот хукук дорад.
  2. Кудак ба даромади бадастоварда, молу мулки хадя ё меросгирифта ва хама гуна молу мулки дигаре, ки тибки конун ба у тааллук дорад, дорои хукуки моликият мебошад.

Хукуки кудак барои ихтиёрдории молу мулки тахти моликияташ карордошта тибки меъёрхои  дахлдори конунгузории граждании  Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Дар сурати ваколати идоракунии молу мулки кудакони ноболигро анчом додани падару модар нисбат ба  онхо коидахое татбик мегарданд, ки дар конунхои граждани конунгузории граждании Чумхурии Точикистон дар мавриди ихтиёрдории молу мулки шахси тахти парастори  гирифташуда пешбини шудаанд.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

  1. Хангоми дар кайди хаёт будани падару модар, кудак хукуки моликият ба молу мулки онхо ва падар ё модар хукуки моликият ба молу мулки кудакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якчоя зиндаги мекунанд, молу мулки хамдигарро бо мувофикаи муштарак сохиби мекунанд ва истифода мебаранд.
  2. Дар сурати ба миён омадани хукуки моликияти умумии падару модар ва кудак хукуки онхо дар мавриди сохиби, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умуми тибки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

БОБИ  12. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ПАДАРУ МОДАР

 

Моддаи 61.  Баробарии хукуку ухдадорихои падару модар

 

  1. Падару модар нисбати фарзандонашон хукуку ухдадорихои баробар доранд (хукуки падару модар).
  2. Хукукхои падару модар, ки дар хамин боб пешбини шудааст, хангоми ба синни хаждахсолаги (синни балогат) расидани кудакон, инчунин хангоми акди никох бастани кудакони ноболиг ва дигар холатхои мукаррарнамудаи конун дар мавриди аз чониби кудакон то ба синни балогат расиданашон ба даст овардани кобилияти пурраи амал, катъ мегардад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 62. Хукуки падару модари ноболиг

 

  1. Падару модари ноболиг хукук доранд бо кудак мустакилона зиндаги кунанд ва дар тарбияи у иштирок намоянд.
  2. Падару модари ноболиг, ки акди никох набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кудак хак доранд пас аз расидан ба синни шонздахсолаги мустакилона хукуки падару модарии худро татбик намоянд. То ба синни шонздахсолаги расидани падару модари ноболиг ба кудак васи таъин шуданаш мумкин аст, ки якчоя бо падару модари ноболиг тарбияи кудакро анчом медихад. Ихтилофе, ки байни васии кудак ва падару модари ноболиг ба миён меоянд, аз чониби макоми васояту парастори хал карда мешаванд.

3.Падару модари ноболиг хукук доранд бо асосхои умуми барои эътироф намудани падари ва модарии худ бахс намоянд, инчунин то расидан ба синни шонздах онхо ба тартиби мукаррарнамудаи суди хукуки талаби мукаррар намудани падари ва модариро нисбати фарзандонашон доранд.

 

Моддаи 63. Хукуку ухдадорихои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон

 

  1. Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои хукуку ухдадори мебошанд.

Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломати, такомули чисмони, рухи, маънави ва ахлоки, таълим, касбомузии фарзандонашон гамхори  намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба хамаи шахсони дигар хукуки афзалиятнок доранд.

  1. Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани тахсилоти умумии асоси, ба фарзандонашон имконият фарохам оваранд.

Падару модар хукук доранд, ки бо назардошти фикру хохиши фарзандонашон муассисахои таълими ва шаклхои тахсили онхоро то давраи аз чониби онхо гирифтани маълумоти  умумии асоси  интихоб намоянд.

  1. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар хукуку ухдадори ва масъулияте мебошанд, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 64. Хукуку ухдадорихои падару модар ба химояи хукуку манфиатхои фарзандон

 

  1. Хифзи хукуку манфиатхои кудакони ноболиг ба зиммаи падару модари онхо гузошта мешавад. Падару модар намояндагони конунии фарзандони худ буда, хукуку манфиатхои онхоро дар муносибат бо макомоти давлати, суди, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин шахсони вокеи ва хукуки, бе ваколатхои махсус химоя менамоянд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Падару модар наметавонанд аз хукуки фарзандони худ намояндаги кунанд, агар макоми васоят ва парастори мукаррар карда бошад, ки байни манфиатхои падару модар ва фарзандон ихтилоф вучуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни падар ё модар ва кудакон макоми васоят ва парастори вазифадоранд чихати хифзи хукук ва манфиатхои  кудакон намоянда таъин кунанд.

 

Моддаи 65. Татбики хукуку ухдадорихои падару модар

 

  1. Хукуку ухдадорихои падару модар набояд бар хилофи манфиатхои фарзандон татбик шаванд. Таъмини манфиатхои фарзандон бояд мавзуи асосии гамхории падару модар бошад.
  2. Хангоми истифодаи хукуки падару модар он набояд ба саломатии чисмонию рухии кудак ва такомули маънавии у зарар расонанд. Усулхои тарбияи кудакон бояд ба муомилаи берахмона, дагалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кудак ё суиистифода ва истисмори кудакро аз чониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки хукуку ухдадорихои худро бар зарари хукуку манфиатхои кудак татбик менамоянд,  мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун ба чавобгари кашида мешаванд.

  1. Тамоми масъалахои марбут ба тарбияи фарзандонро падару модар бо ризоияти хамдигар ва бо назардошти манфиати кудакон ва фикру акидаи онхо хал менамоянд. Дар сурати чой доштани ихтилофот, падару модар (яке аз онхо) барои халли ин ихтилофотхо метавонанд ба макоми васояту парастори ё суд мурочиат кунанд.
  2. Чои истикомати кудак дар сурати чудо зиндаги кардани падару модар бо мувофикаи байни онхо мукаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофика, бахси падару модарро суд дар асоси манфиати кудакон ва бо назардошти фикру хохиши онхо хал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (мехри) кудакро нисбат ба падар ё модар, бародару хохарон, синну соли кудак, сифати маънави ва дигар сифатхои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кудак мавчуд аст, имконоти ба кудак фарохам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он ( навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи модди ва оилавии падару модар ва гайраро) ба инобат мегирад.

 

Моддаи 66. Татбики хукуку ухдадорихои падару модар аз чониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш чудо зиндаги мекунад

 

  1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд чудо зиндаги мекунад, барои муошират бо кудак хукук дорад ва вазифадор аст дар тарбияи у ва халли масъалаи гирифтани тахсилоти кудак иштирок намояд.

Падар ё модаре, ки фарзанд бо у зиндаги мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.

  1. Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбики хукуку ухдадорихои худ аз чониби падар ё модаре, ки чудо зиндаги мекунад, созишномаи хатти банданд.

Агар падару модар мувофика карда натавонанд, бахсро суд бо талаби падару модар (яке аз онхо), бо иштироки макоми васояту парастори,  хал менамояд.

  1. Дар сурати ичро накардани халномаи суд, нисбати падар ё модари гунахкор чорахои пешбининамудаи конунгузории мурофиавии граждании Чумхурии Точикистон татбик мешаванд. Хангоми касдан ичро накардани халномаи суд, бо дарназардошти манфиати кудак ва фикру хохиши у, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки чудо зиндаги мекунад, дар хусуси ба у додани кудак халнома  кабул намояд.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)
  2. Падар ё модаре, ки аз кудак чудо зиндаги мекунад, хукук дорад аз муассисахои тарбияви, табобати ва гайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гох дода намешавад, ки ба хаёт ва саломатии кудак аз тарафи падар (модар) тахдид мавчуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 67. Хукуки бобо, биби (модаркалон), бародарону хохарон ва  дигар хешовандон барои муошират бо кудак

 

  1. Бобою биби (модаркалон), бародарону хохарон ва хешовандони дигар барои муошират  бо  кудак хукук доранд.
  2. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онхо) барои муоширати хешовандони наздик бобою биби (модаркалон), бародару хохарон бо кудак имконият надиханд, макоми васояту парастори метавонад падару модарро (яке аз онхоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.
  3. Агар падару модар (яке аз онхо) ба карори макомоти васояту парастори итоат накунанд, бобою биби (модаркалон), бародару хохарон ё макомоти васояту парастори метавонанд чихати рафъи монеаи муошират бо кудак ба суд бо даъво мурочиат намоянд. Суд бахсро бо назардошти манфиати кудак ва фикру хохиши у хал менамояд.

Дар сурати ичро накардани халномаи суд нисбати падар ё модари гунахкор чорахои пешбининамудаи конунгузории мурофиавии граждании Чумхурии Точикистон татбик мешаванд.

 

Моддаи 68.  Химояи хукуки падару модар

 

  1. Падару модар хукук доранд баргардонидани фарзандонашонро аз хар шахсе, ки бе асоси конуни ё халномаи суд онхоро дар наздаш нигох медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани бахс падару модар метавонанд барои химояи хукукашон ба суд мурочиат намоянд.

Хангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хохиши кудак метавонад даъвои падару модарро конеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кудак ба манфиати кудак нест.

  1. Агар суд мукаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кудак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори у кодир нестанд, он гох суд кудакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба макомоти васояту парастори медихад.

 

Моддаи 69. Махрум кардан аз хукуки падару модари

 

  1. Падару модар (яке аз онхо) метавонанд аз хукуки падару модари махрум карда шаванд, агар онхо:

– аз  ичрои ухдадорихои падару модари, аз чумла додани алимент касдан саркаши кунанд;

– бе сабабхои узрнок аз таваллудхона (таваллудгох) ё муассисаи дигари тибби ё тарбияви, муассисаи хифзи ичтимоии ахоли ва ё дигар муассисахои монанди он  гирифтани фарзанди худро рад намоянд;

– аз хукуки  падару модарии худ  суиистифода намоянд;

– ба фарзандон муносибати берахмона кунанд, аз чумла нисбати онхо зуроварии чисмони ё рухиро раво бинанд, ба дахлнопазирии чинсии онхо суикасд намоянд;

– майзада ё нашъаманди ашадди бошанд;

– бар зидди хаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии хамсари худ касдан чиноят содир карда бошанд.

 

Моддаи 70.  Тартиби махрум кардан  аз хукуки  падару модари

 

  1. Махрум сохтан аз хукуки падару модари ба тартиби суди ба амал бароварда мешавад.

Парвандаи оид ба махрум кардан  аз хукуки падару модари дар асоси аризаи яке аз падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда), прокурор, инчунин  макомоту муассисахои давлати, ки вазифаи химояи хукуки кудакони  ноболиг ба зиммаашон гузошта шудааст (макомоти васояту парастори, муассисахо барои кудакони ятим ва кудакони  аз гамхории  падару модар махруммонда ва гайра), барраси мегардад.

  1. Парвандахои оид ба махрум кардан аз хукуки падару модари бо иштироки прокурор ва макомоти васояту парастори барраси мешаванд.
  2. Хангоми баррасии парвандахо дар хусуси махрум кардан аз хукуки падару модари суд масъалаи барои кудак ситонидани алиментро аз падару модари (яке аз онхо) аз хукуки падару модари махрумгашта хал мекунад.
  3. Агар суд хангоми баррасии парвандаи махрум кардан аз хукуки падару модари дар амалхои падару модар (яке аз онхо) аломатхои кирдори сазовори чазои чиноятиро ошкор намояд, он гох суд вазифадор аст, ки дар ин хусус прокурорро огох созад.

 

Моддаи 71. Окибати махрум кардан аз  хукуки падару модари

 

  1. Падару модаре, ки аз хукуки падару модари махрум карда шудаанд аз тамоми хукукхое, ки дар асоси далели хеши бо кудак муайян шудаанд, аз чумла хукуки гирифтани таъминот (моддаи 88 хамин Кодекс аз кудаке, ки нисбати вай аз хукуки падару модари махрум гардидаанд, инчунин аз хукуки  имтиёзоту ёрдампулихои давлат, ки барои шахрвандони фарзанддор мукаррар шудаанд, махрум мегарданд.
  2. Махрум кардани падару модар аз хукуки падару модари онхоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.
  3. Масъалаи минбаъд якчоя зиндаги кардани фарзандон ва падару модарро (яке аз онхоро), ки аз хукуки падару модари махрум шудаанд, суд мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунхои манзил хал мекунад.
  4. Кудаке, ки нисбати у падару модар (яке аз онхо) аз хукуки падару модари махрум шудаанд, хукуки моликиятро ба манзили истикомати, ё хукуки истифодаи манзили истикомати, инчунин хукуки молумулкии дар асоси далели хеши бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин хукуки гирифтани меросро нигох медорад.
  5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кудак ё дар сурати аз хукуки падару модар махрум шудани падару модар кудак ба тарбияи макомоти васояту парастори супорида мешавад.
  6. Ба фарзандхонди гирифтани кудак дар сурати аз хукуки падару модари махрум кардани падару модар (яке аз онхо) танхо пас аз гузаштани мухлати на камтар аз шаш мох баъди баровардани халномаи суд дар хусуси махрум кардани падару модар (яке аз онхо) аз хукуки падару модари мумкин аст. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 72.  Баркарор намудани хукуки  падару модари

 

  1. Хукуки падару модари (яке аз онхо) дар сурате баркарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндаги ва муносибати онхо нисбат ба тарбияи кудак ба тарафи мусби тагйир ёфта бошад.
  2. Хукуки падару модари ба тартиби суди дар асоси аризаи падар ё модари аз хукуки падару модари махрумгардида, бо иштироки макомоти васояту парастори, инчунин прокурор баркарор карда мешавад.
  3. Хамзамон бо даъвои падару модар (яке аз онхо) дар хусуси баркарор намудани хукуки падару модари мумкин аст талаби баргардонидани кудак ба падару модар барраси карда шавад.
  4. Суд метавонад бо назардошти фикри кудак даъвои падару модарро (яке аз онхоро) барои баркароркунии хукуки падару модари рад кунад, агар он хилофи манфиатхои кудак бошад.

Баркарор намудани хукуки падару модари нисбати кудаки ба синни дахсолаги расида танхо бо назардошти фикри у мумкин  аст.

Агар кудак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхонди беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 хамин Кодекс) баркарор намудани хукуки  падару  модари мумкин нест.

 

Моддаи 73.  Гирифтани  кудак  бе махрум кардани падару модар аз хукуки  падару модари

 

  1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кудак дар бораи гирифтани кудак аз падару модар (яке аз онхо) бе махрум кардани онхо аз хукуки падару модари (махдуд кардани хукуки падару модари) халнома  кабул намояд.
  2. Гирифтани кудак бе махрум кардани падару модар аз хукуки падару модари дар холате мумкин аст, ки агар бо падару модар (яке аз онхо) гузоштани кудак ба сабабхои ба онхо вобаста набуда (дар асари нокисии рухи ё дигар бемории кухна, шароити вазнин ва гайра) барои кудаки ноболиг хатарнок бошад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

Гирифтани кудак инчунин дар холате мумкин аст, ки агар гузоштани кудак бо падару модар (яке аз онхо) ба сабаби бадрафториашон барои кудак хатарнок буда, вале барои махрум кардани падару модар (яке аз онхо) аз хукуки падару модари  асоси кофи вучуд надорад. Агар падару модар (яке аз онхо) дар  давоми шаш мохи баъди аз чониби суд гирифтани кудак рафтори худро  ислох накунанд, макомоти васояту парастори вазифадоранд, ки дар хусуси  аз хукуки падару модари  махрум кардани у даъво пешниход намоянд. Макомоти васоят ва парастори хукук доранд ба манфиати кудак то гузаштани ин мухлат  дар мавриди махрум кардани падар ё модар ( яке аз онхо) аз хукуки падару модари  даъво пешниход  кунанд.

  1. Даъво дар хусуси гирифтани кудак аз тарафи макомоту муассисахои давлатие, ки конун вазифаи химояи хукуки кудакони  ноболигро ба зиммаашон гузоштааст (кисми 1 моддаи 70 хамин Кодекс), муассисахои тарбияви, тибби, муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахо, хешовандони наздики кудак, инчунин прокурор  пешниход шуда метавонад.
  2. Парвандахо оид ба махдуд кардани хукуки падару модари бо  иштироки прокурор ва макомоти васояту парастори барраси мешаванд.
  3. Хангоми баррасии парванда оиди махдуд кардан аз хукуки падару модари суд масъалаи барои кудак аз падару модар (яке аз онхо) ситонидани алиментро хал мекунад.
  4. Суд вазифадор аст, ки дар мухлати 3 рузи баъди эътибори конуни пайдо кардани халномаи суди оид ба махдуд кардани хукуки падарию модари, иктибоси онро ба макомоти сабти асноди холати шахрвандии чои бакайдгирии давлатии таваллуди кудак фиристад.

 

Моддаи 74.  Окибати махдуд кардани хукуки  падару модари

 

  1. Падару модаре, ки суд хукуки падару модариашонро махдуд кардааст, хукуки шахсан тарбия кардани кудак, инчунин хукуки имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шахрвандони кудакдор мукарраргардидаро аз даст медиханд.
  2. Аз падару модар гирифтани кудак падару модарро аз ухдадории таъминоти у озод намекунад.
  3. Кудаке, ки нисбати вай хукуки падару модар (яке аз онхо) махдуд карда шудааст, хукуки моликиятии худро ба манзили истикомати, ё хукуки истифодаи манзили истикомати, инчунин хукуки молумулкиеро, ки дар асоси далели хеши бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз чумла хукуки гирифтани меросро нигох медорад.
  4. Кудаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба макомоти васояту парастори супорида мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 75.  Муоширати  кудакон бо падару модаре, ки хукукашонро суд махдуд кардааст

 

Ба падару модаре, ки суд хукуки падару модариашонро махдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кудак ичозат дода шавад , ба шарте, ки он ба кудак таъсири зарарнок надошта, ба хаёту саломатии кудак хатарнок набошад. Муоширати падару модар бо кудак бо розигии макомоти васояту парастори ё васи (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кудак  дар он мебошад,  мумкин аст.

 

Моддаи 76. Бекор кардани махдудияти хукуки падару модари

 

  1. Агар асосхои барои махдуд кардани хукуки падару модари сабаб шуда, аз байн раванд, суд мувофики даъвои падару модар (яке аз онхо) метавонад дар хусуси ба падару модар (яке аз онхо) баргардонидани кудак ва бекор кардани махдудиятхои дар моддаи 74 хамин Кодекс пешбинишуда халнома кабул намояд.
  2. Суд бо назардошти фикру хохиши кудак метавонад даъворо конеъ нагардонад, агар ба падару модар (яке аз онхо) баргардонидани кудак хилофи манфиатхои  кудак бошад.

 

Моддаи 77.  Гирифтани кудак хангоми тахдиди  бевосита  ба хаёт  ё  саломатии  у

 

  1. Дар сурати чой доштани тахдиди бевосита ба хаёт ё саломатии кудак, макоми васояту парастори хукук дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кудак аз падару модар (яке аз онхо) ё дигар шахсоне, ки у тахти васояташон мебошад, карор кабул намояд.
  2. Дар сурати бетаъхир гирифтани кудак макоми васояту парастори вазифадор аст, ки фавран прокурорро огох сохта, мувакаттан чойгир намудани кудакро таъмин намояд ва дар мухлати хафт рузи пас аз тартиб додани санади санчиш ва хулоса дар бораи  гирифтани кудак бо даъвои махрум сохтан аз хукуки падару модари ё махдуд кардани хукуки падару модари  ба суд мурочиат  намояд.

 

Моддаи 78. Иштироки макомоти васояту парастори хангоми дар суд барраси намудани бахсхои вобаста ба тарбияи кудакон

 

  1. Хангоми дар суд барраси намудани бахсхои вобаста бо тарбияи кудакон сарфи назар  аз он ки даъвои химояи онхоро ки пешниход кардааст, макоми васояту парастори  бояд чихати иштирок дар баррасии парванда чалб карда шавад.
  2. Макoми васояту парастори вазифадор аст шароити зиндагии кудак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани уро дорад, санчиш намуда, ба суд санади санчиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба мохияти бахс пешниход кунад.

 

Моддаи 79. Ичрои халномаи суд оид ба парвандахои вобаста бо тарбияи кудакон

 

  1. Ичрои халномахои судхо оид ба парвандахои вобаста бо тарбияи кудакон мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи истехсолоти ичро» аз чониби ичрочии суд, бо иштироки хатмии макомоти васояту парастори ба амал бароварда мешавад.
  2. Ичрои мачбурии халномахои вобаста бо гирифтани кудакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онхо бояд бо иштироки хатмии макоми васоят ва парастори ва шахсе (шахсоне), ки кудак ба у дода мешавад ва дар холатхои зарури бо иштироки намояндагони макомоти корхои дихоли ба амал бароварда  мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Хангоми гайриимкон будани ичрои халномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кудак бе расонидани зарар ба манфиати кудак, у тибки таъиноти суд мувакаттан дар муассисаи тарбияви, муассисаи табобати, муассисаи хифзи ичтимоии ахоли ё дигар муассисаи ба ин монанд чойгир карда шуданаш мумкин аст.
  4. Агар падар ё  модар (шахси дигар, ки кудак тахти парастории у карор дорад) барои амали кардани халномаи суд монеаги намояд, нисбати у чорахое,ки дар конунгузории мурофиавии граждани пешбини гардидаанд, татбик карда мешаванд.

 

ФАСЛИ V. УХДАДОРИХОИ АЛИМЕНТДИХИИ АЪЗОИ ОИЛА 

БОБИ  13. УХДАДОРИИ АЛИМЕНТДИХИИ  ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН

 

Моддаи 80. Ухдадорихои алиментдихии падару модар  барои таъминоти фарзандони ноболиг

 

  1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиги худро таъмин намоянд. Тартибу шаклхои таъминоти фарзандонро падару модар мустакилона муайян менамоянд.
  2. Падару модар хукук доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиги худ созишнома (созишнома дар хусуси  пардохти алимент) мувофики боби 16 хамин Кодекс) банданд.
  3. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблаг барои таъминоти онхо (алимент) аз падару модар тибки тартиби мукаррарнамудаи суди ситонида мешавад.
  4. Хангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, хангоми таъмин накардани фарзандони ноболиг ва хангоми ба суд пешниход накардани даъво макоми васоят ва парастори хак дорад нисбат ба падару модар ( яке аз онхо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиг даъво пешниход кунад.

 

Моддаи 81.  Андозаи  алименте, ки  барои  кудакони ноболиг тибки тартиби суди ситонида мешавад

 

  1. Хангоми мавчуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиг суд аз падару модари онхо хар мох ба андозаи зерин алимент меруёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он – нисфи музди мехнат ва даромади дигари падару модар.
  2. Хачми ин сахм бо назардошти вазъи модди ва оилавии тарафхо ва дигар холатхои кобили таваччух аз чониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
  3. Агар кудакон тахти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти чамъияти карор гирифта бошанд, суд хукук дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблагхое, ки аз падару модар барои таъминоти кудакони дар муассисахои кудаконаи давлати чойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар хачми мукаррарнамудаи кисми якуми хамин модда ба хисобномахои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкхои амонати гузаронида мешавад.

 

Моддаи 82. Навъхои музди мехнат ва дигар даромаде, ки аз онхо  барои кудакони ноболиг алимент ситонида мешавад

 

Навъи музди мехнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори милли ва (ё) асъори хоричи мегиранд ва аз онхо барои таъминоти кудакони ноболиг тибки моддаи 81 хамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 83.  Ба маблаги устувор ситонидани  алимент барои кудакони ноболиг

 

  1. Хангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кудакони ноболиг ва дар холате, ки агар падар ё модари алиментдиханда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тагьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди мехнату даромади дигарро пурра ё кисман дар шакли асл (натура) ё асъори хоричи гирад, инчунин хангоми нагирифтани музди мехнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар холатхои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз хиссаи музди мехнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафхоро мохиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти хармоха ситонидашавандаро ба маблаги устувор ва ё хамзамон дар шакли хисса (мутобики моддаи 81 хамин Кодекс) ва бо маблаги устувор муайян намояд.
  2. Андозаи маблаги устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигох доштани сатхи хадди аксари дарачаи пештараи таъминоти кудак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафхо ва холатхои дигари кобили таваччух муайян  карда мешавад.
  3. Агар дар назди хар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз хар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблаги устувори пули, ки онро суд мутобики кисми дуюми хамин модда мукаррар намудааст, хар мох ситонида мешавад.

 

Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

 

  1. Барои кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобики моддахои 81-83 хамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кудак пардохта мешавад.
  2. Алименте, ки аз падару модар барои кудакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисахои дахлдори тарбияви, табобати, хифзи ичтимоии ахоли ва муассисахои дигари ба ин монанд карордошта ситонида мешавад, ба хисобномахои ин муассисахо гузаронида шуда, дар онхо вобаста ба хар кудак алохида ба хисоб гирифта мешавад.

Муассисахои мазкур метавонанд ин маблагро ба бонкхо ва муассисахои дигари кредити гузаронанд. Панчох фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблаги воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кудакон дар ин муассисахо истифода мешавад. Хангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кудак, маблаги алименти барои у гирифташуда ва панчох фоизи даромад аз муомилоти он дар шуъбаи бонки амонатгузории Чумхурии Точикистон ба суратхисоби шахсии кудак гузаронида мешавад.

 

Моддаи 85. Хукуки фарзандони болиги гайри  кобили  мехнат  ба алимент

 

  1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиги гайри кобили мехнати ба кумак эхтиёчманди худро таъмин намоянд.
  2. Дар сурати мавчуд набудани созишномаи пардохти алимент суд хачми алиментро, ки барои кудакони болиги гайри кобили мехнат хар мох бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилави ва дигар манфиатхои кобили таваччухи тарафхо муайян менамояд.

 

Моддаи 86. Хукуки фарзандони болиги  тахсилкунанда  ба алимент

 

  1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балогат расида, ки донишчуёни тахсили рузонаи муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолаги ва бистучорсолаги расиданашон аз падару модар алимент ситонад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)
  2. Андозаи алименти хар мох бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилави ва манфиатхои кобили таваччухи тарафхо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 87. Иштироки падару модар дар харочоти  иловаги  барои фарзандон

 

  1. Дар сурати мавчуд набудани созишнома ва дар холатхои истиснои (бемории вазнин, маиб шудани кудакони ноболиг ё болиги гайри кобили мехнати эхтиёчманд, зарурати пардохти маблаг ба бегонагон барои нигохубин ва гайра) хар яке аз падару модар аз чониби суд барои иштирок намудан дар харочоти   иловаги вобаста ба чунин холатхо чалб шуданаш мумкин аст.

Тартиби иштироки хар кадоме аз падару модарро дар харочоти иловаги аз тарафи суд, бо назардошти вазъи модди ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатхои кобили таваччухи тарафхо бо маблаги устуворе, ки бояд хар мох пардохта  мешавад, муайян мегардад.

  1. Суд хукук дорад падару модарро барои иштирок намудан дар харочоти иловагии вокеан суратгирифта ва хамчунин харочоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад,  вазифадор созад.

 

Моддаи 88. Ухдадории фарзандони болиг барои  нигохубини падару модар

 

  1. Фарзандони болиги кобили мехнат ухдадоранд, ки падару модари гайри кобили мехнати ба кумак мухточи худро нигохубин намоянд ва нисбат ба онхо гамхор бошанд.
  2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару модари гайри кобили мехнати мухточ, аз фарзандони болиги кобили мехнат барои онхо ба тартиби суди алимент ситонида мешавад.
  3. Андозаи алименте, ки хар мох аз хар фарзанд ба тартиби суди ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи модди ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатхои кобили таваччухи тарафхо бо маблаги устувор  муайян карда  мешавад.
  4. Бо талаби чавобгар суд хангоми муайян намудани андозаи алимент хамаи фарзандони болиги кобили мехнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати хамаи фарзандон ё танхо ба як нафар ё якчанд  нафари онхо пешниход гардидааст, бояд бахисоб гирад. (КЧТ аз 26.12.11с. №791)
  5. Фарзандон аз ухдадорихои таъмини падару модари гайри кобили мехнати мухточи худ озод буда метавонанд, агар суд мукаррар созад, ки падару модар аз ичрои вазифахои падарию модарии худ саркаши мекарданд.

Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз хукуки падару модари  махрум гардидаанд, озод карда мешаванд.

 

Моддаи 89. Иштироки фарзандони болиг дар пардохтани харочоти иловаги  барои  падару модар

 

  1. Дар холатхое, ки фарзандони болиг нисбати падару модари гайри кобили мехнат гамхори накунанд ва дар холатхои истиснои (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблаги нигохубин барои бегонагон ва гайра)  суд метавонад фарзандони болиги кобили мехнатро барои иштирок намудан дар пардохтани харочоти иловагие, ки вобаста ба ин холатхо ба миён омадаанд, чалб намояд.
  2. Андоза ва тартиби пардохти харочоти иловаги аз чониби хар фарзанди болиги кобили мехнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии падару модар ва фарзандон ва манфиатхои кобили таваччухи тарафхо, бо риояи коидахои кисмхои 4 ва 5 моддаи 88 хамин Кодекс муайян карда мешавад.

3.Тартиби пардохти харочоти иловаги ва андозаи ин харочотро бо  созишномаи тарафхо муайян кардан мумкин аст.

 

БОБИ  14. УХДАДОРИХОИ АЛИМЕНТДИХИИ ЗАНУ ШАВХАР ВА ЗАНУ ШАВХАРИ  СОБИК

 

Моддаи 90.  Вазифаи зану шавхар  дар бобати  таъминоти  якдигар

 

  1. Зану шавхар вазифадоранд якдигарро аз чихати модди дастгири намоянд.
  2. Дар сурати саркаши намудан аз чунин дастгири ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавхар инхо хукук доранд аз хамсари худ, ки барои ин максад маблaги зарури дорад, ба тартиби суди пардохти алиментро талаб кунанд:

– зан ё шавхари гайри кобили мехнати эхтиёчманд;

– зан дар давраи хомиладори ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умуми;

– зан ё шавхари мухточе, ки фарзанди умумии маъюби то хаждахсола ё фарзанди умумии маъюби  модарзоди  гурухи якумро нигохубин мекунад.

 

Моддаи 91.  Хукуки зан ё шавхари собик барои гирифтани алимент пас аз  бекор кардани акди никох

 

  1. Шахсони зерин хукук доранд ба тартиби суди аз зан ё шавхари собики худ, ки маблаги заруриро доранд алимент талаб кунанд:

– зани собик дар давраи хомиладори ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умуми;

– зан ё шавхари собики мухточе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни хаждахсолаги расидан ва фарзанди умумии   маъюби  модарзоди гурухи  якумро нигохубин мекунад;

– зан ё шавхари собики гайри кобили мехнати мухточе, ки кобилияти мехнатро то бекор кардани акди никох ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани акди никох аз даст додааст;

– зан ё шавхари мухточе, ки на дертар аз панч соли пас аз лахзаи бекор кардани акди никох ба синни нафака расидааст, агар зану шавхар дар муддати  панч сол дар акди никох буда бошанд.

  1. Андозаи алимент ва тартиби ба хамсари собик пардохтани онро пас аз лахзаи бекор кардани акди никох тибки созишномаи  байни зан ва шавхари собик муайян кардан мумкин аст

 

Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибки тартиби суди барои таъминоти зану шавхар   ва зану шавхари собик ситонида мешавад

 

Дар сурати мавчуд набудани созишнома байни зану шавхар (зану шавхари собик)  оиди пардохти алимент  андозаи алименте, ки ба тартиби суди хар мох  барои таъминоти зан ё шавхар (зан ё шавхари собик)  ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблаги устувор  бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавхар (зану шавхари собик) ва манфиатхои кобили таваччухи тарафхо  муайян мегардад.

 

Моддаи 93. Аз ухдадории таъмини хамсари худ озод  намудани  зан  (шавхар)  ё махдуд кардани мухлати  ухдадори

 

Суд метавонад зан ё шавхарро хам дар давраи акди никох ва хам пас аз бекор кардани он дар холатхои зерин  аз ухдадории  таъмини хамсари худ озод кунад ё мухлати ин ухдадориро  ба таври  муайян махдуд созад:

– суиистеъмол намудан аз машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо ё дигар моддахои мадхушкунанда  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

– агар хонадории зану шавхар  камтар аз панч сол давом карда бошад;

– агар зан ё шавхаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.

 

Моддаи 94. Катъ гардидани хукуки таъминоти хамдигарии зан ё шавхар

 

Хукуки зан ё шавхар барои гирифтани таъминот  (алимент) аз хамсари худ дар мавридхои зерин катъ мегардад:

– агар зан ё шавхари мухточи корношоям вафот кунад;

– агар шартхое, ки мутобики моддахои 90 ва 91 хамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;

– агар зан ё шавхари мухточи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.

 

БОБИ  15. УХДАДОРИХОИ АЛИМЕНТДИХИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА

 

Моддаи 95. Ухдадории бародарону хохарон оиди  таъминоти бародарону хохарони ноболиг ва болиги корношоями худ

 

Бародарону хохарони ноболиги мухточи ёри  дар сурати аз падару модари худ  гирифта натавонистани таъминот хукук доранд, ба тартиби суди  аз бародарону хохарони болиги кобили мехнати худ, ки маблаги заруриро  доранд, алимент  гиранд. Чунин хукук  инчунин ба бародарону хохарони корношоями болиги мухточе дода мешавад, ки агар онхо аз фарзандони болиги худ зан ё шавхар (зан ё шавхари собик) ё падару модарашон таъминотпули гирифта натавонанд.

 

Моддаи 96. Ухдадории бобою биби (модаркалон) оид ба таъминоти наберахои худ

 

Наберахои ноболиги мухточи ёри дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот  хукук доранд ба тартиби суди аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблаги зарури мебошанд, алимент гиранд.

Чунин хукук  инчунин ба наберагони корношоями болиги мухточе дода мешавад, ки агар онхо аз хамсар (хамсари собик) ё падару модарашон таъминот  гирифта натавонанд.

 

Моддаи 97. Ухдадорихои набера оид ба  таъминоти  бобою биби (модаркалон)

 

Бобою бибии (модаркалони) мухточи корношоям дар сурати  аз фарзандони  болиги кобили мехнат ё хамсари (хамсари собики) худ гирифта натавонистани таъминот хукук доранд ба тартиби суди аз наберагони болиги кобили мехнати  худ, ки дорои маблаги зарури мебошанд,  алимент  талаб кунанд.

 

Моддаи 98. Ухдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти  падарандар ва  модарандар

 

  1. Падарандар ва модарандари корношоями мухточе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигохубин кардаанд, агар онхо аз фарзандони болиги кобили мехнат ё хамсари (хамсари собики) худ таъминот гирифта натавонанд, хукук доранд аз писарандар ё духтарандари болиги кобили мехнат,  ки маблаги зарури доранд, ба тартиби суди  таъминот  талаб намоянд.
  2. Суд хукук дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онхоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онхо ухдадорихои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анчом дода бошанд.

 

Моддаи 99.  Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби суди ситонида мешавад

 

  1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддахои 95-98 хамин Кодекс зикр шудаанд, тибки созишномаи тарафхо муайян карда мешаванд.
  2. Дар сурати мавчуд набудани созишномаи тарафхо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар хамин боб зикргардида ба тартиби суди ситонида мешавад, аз тарафи суд  бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатхои дигари кобили таваччухи тарафхо дар шакли маблаги устувори  хар мох пардохтшаванда мукаррар карда мешавад.
  3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, хамзамон якчанд нафар ухдадор бошанд, он гох суд бо назардошти вазъи  моддию оилавии онхо андозаи иштироки хар яки онхоро дар ичрои ухдадории алиментдихи муайян менамояд. Бо талаби  чавобгар суд вазифадор аст, ки хамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ухдадоранд, ба хисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати хамаи ин шахсон ё факат як нафар ё якчанд нафари онхо пешниход шудааст.

 

БОБИ 16. Созишномаи пардохти алимент

 

Моддаи 100.  Бастани созишномаи пардохти  алимент

 

Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати гайрикобили амал  будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент – дар байни намояндагони конунии онхо, баста мешавад. Шахсони кобилияти амалашон махдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони конуниашон имзо мекунанд.

 

Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти  алимент

 

  1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хатти баста шуда, аз тарафи идораи наториалии давлати тасдик карда мешавад.

Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки конун мукаррар кардааст, боиси окибатхое мегардад, ки меъёрхои конунгузории граждани  пешбини намудааст.

  1. Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлати тасдик шудааст, дорои эътибори варакаи ичро мебошад.

 

Моддаи 102. Тартиби  бастан,  ичро намудан, тагйир  додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент

 

  1. Бастан, ичро намудан, тагйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз руи меъёрхои Кодекси граждании Чумхурии Точикистон сурат мегирад, ки бастан, ичро намудан, тагйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани ахдхои гражданию хукуки тавассути онхо танзим мегарданд.
  2. Созишномаи пардохти алимент хар гох бо мувофикаи тарафхо тагйир дода ё бекор шуда метавонад. Тагйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба хамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
  3. Якчониба ичро накардани созишномаи пардохти алимент ё якчониба тагйир додани шартхои он мумкин нест.
  4. Дар сурати чидди тагйир ёфтани вазъи модди ё оилавии тарафхо ва хангоми тагйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофика нарасидани тарафхо тарафи манфиатдор хукук дорад дар хусуси тагйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниход кунад. Хангоми баррасии масъалаи тагйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд хукук дорад хама гуна манфиати кобили таваччухи тарафхоро ба инобат гирад.

 

Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатхои алиментгирандаро поймол мекунад

 

Агар шарти пешбининамудаи созишномаи пардохти алимент оид ба таъминоти кудакони ноболиг ё аъзои болиги гайрикобили амали  оила  манфиати онхоро поймол кунад, аз чумла дар холатхои риоя накардани талаботи кисми дуюми моддаи 104 хамин Кодекс чунин созишномаро мувофики талаби намояндаи конунии кудаки ноболиг ё  кудаки аъзои болиги гайрикобили амали оила, инчунин макоми васояту парастори ё прокурор  ба тартиби суди беэътибор донистан мумкин аст.

 

Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибки созишномаи  пардохти алимент пардохта мешавад

 

  1. Андозаи алименте, ки тибки созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз чониби тарафхо дар ин созишнома муайян карда мешавад.
  2. Андозаи алименте, ки мувофики созишномаи пардохти алимент барои кудакони ноболиг мукаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онхо хангоми ба тартиби суди ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 хамин Кодекс) камтар буда наметавонад.

 

Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибки  созишномаи  пардохти алимент

 

  1. Усул ва тартиби пардохти алимент тибки созишномаи пардохти алимент, тавассути хамин созишнома муайян карда мешавад.
  2. Алимент хамчун хисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблаги устувори пули вакт-вакт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулки ва дигар усулхо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад.

Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулхои пардохти алиментро пешбини намудан мумкин аст.

 

Моддаи 106. Индексацияи андозаи алимент, ки тибки созишномаи пардохти алимент сурат мегирад

 

Индексацияи андозаи алимент, ки тибки созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофики хамин созишнома сурат мегирад. Агар дар созишномаи пардохти алимент тартиби дигари индексатсияи андозаи алимент пешбини нашуда бошад, индексация мутобики моддаи 118 хамин Кодекс сурат мегирад. (КЧТ аз 19.03.13с., №952)

 

БОБИ 17. ТАРТИБИ ПАРДОХТ ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ

 

Моддаи 107. Бо  халномаи суд ситонидани  алимент

 

Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар хамин фасли Кодекс зикргардида хукук доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд мурочиат намоянд.

 

Моддаи 108.  Мухлати мурочиат ба калимахои барои гирифтани алимент

 

  1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент хукук дорад, сарфи назар аз мухлате, ки аз лахзаи пайдо кардани хукуки алиментгири гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза мурочиат кунад.
  2. Алимент барои давраи баъди мурочиат намудан ба суд мукаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар худуди мухлати сесола аз лахзаи мурочиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд мукаррар кунад, ки то мурочиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кушиш  карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиханда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.

 

Моддаи 109. Мувакаттан ситонидани  алимент

 

  1. Аз руи парвандахо дар бораи ситонидани алимент суд хукук дорад, ки то эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кудакони ноболиг ситонидани алимент – то кабул гардидани халнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувакаттан ситонидани алимент карор барорад.
  2. Андозаи алименти муваккатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи модди ё оилавии тарафхо муайян менамояд. Андозаи алименти муваккатан барои таъминоти кудакони ноболиг ситонидашаванда мутобики моддаи 81 хамин Кодекс муайян карда мешавад.

 

Моддаи 110. Ухдадории маъмурияти ташкилот дар  бораи доштани алимент

 

Маъмурияти ташкилоти чои кори шахсе, ки ухдадор  аст алимент дихад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз чониби нотариус тасдикшудаи тарафхо ё варакаи ичро хар мох аз музди мехнат ва (ё) даромади дигари алиментдиханда, ки ухдадор аст алимент супорад, ё аз хисобномаи  шахси алиментдиханда на дертар аз се рузи пас аз санаи ба алиментдиханда додани музди мехнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигох дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.

 

Моддаи 111. Нигох доштани алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент

 

Нигох доштани алимент дар асоси созишномаи аз чониби нотариус тасдикшуда оид ба пардохти алимент дар холатхое сурат мегирад, ки агар маблаги умумии нигохдошташаванда  дар асоси созишнома ва варакахои  ичро  аз панчох  фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиханда бештар бошад.

 

Моддаи 112. Ухдадории додани маълумот дар хусуси тагйири чои кори шахси алиментдиханда

 

  1. Маъмурияти ташкилоте, ки бо халномаи суд ё созишномаи аз чониби идораи наториалии давлатй тасдикшудаи пардохти алимент алиментро нигох медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се руз ба ичрочии суди махали ичрои халнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиханда ва агар маълум бошад, дар хусуси чои нави кор ё истикомати у хабар дихад.
  2. Шахсе, ки барои додани алимент ухдадор аст, бояд дар мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда ба ичрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани чои кор ё истикоматаш ва дар сурати додани алимент ба кудакони ноболиг инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловаги хабар дихад.
  3. Дар сурати бо сабабхои беасос хабар надодани маълумоти дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда зикргардида, шахсони мансабдор ва шахрвандони дигаре, ки дар ин кор гунахгоранд, мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 113. Ситонидани  маблаг  аз  хисоби  молу мулки алиментдиханда  хангоми додани алимент

 

  1. Алимент ба андозаи мукаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё халномаи суд, инчунин карзи пардохти алимент аз хисоби музди мехнат ва (ё) даромади дигари алиментдиханда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди мехнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз хисоби маблаги алиментдиханда, ки дар хисобномахояш дар бонкхо ё муассисахои дигари кредити мебошанд, инчунин аз маблагхои тибки карордод дар ташкилотхои тичоратию гайритичорати гузошта шудаанд, ба гайр аз карордодхое, ки боиси гузаштани хукуки моликият мегардад, ситонида мешавад.

Дар сурати нокифоя будани ин маблаг алимент аз хисоби хама гуна молу мулки алиментдиханда, ки мувофики конун аз хисоби он маблаг ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад.

  1. Ситонидани алимент аз хисоби маблаги дар хисобномахо будаи алиментдиханда ва молу мулки дигари у мувофики тартиби пешбининамудаи конунхои Хумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 114. Муайян намудани карзи вобаста  ба алимент

 

  1. Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варакаи ичро барои мухлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниходи варакаи ичро ё созишномаи аз чониби нотариус тасдикгардидаи тарафхо барои ситонидани алимент гузаштааст.
  2. Дар холатхое, ки алимент дар асоси варакаи ичро ё созишномаи аз чониби нотариус тасдикгардидаи тарафхо оид ба ситонидани алимент бо айби шахсе, ки ухдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мухлати сесолаи дар кисми 2 моддаи 108 хамин Кодекс мукарраргардида барои тамоми давра ситонида  мешавад.
  3. Андозаи карзро ичрочии суд дар асоси андозаи алименти бо халномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.
  4. Андозаи карзи алименти мутобики моддаи 81 хамин Кодекс барои кудаки ноболиг додашаванда бо назардошти музди вокеии мехнат ва даромади дигари карздор дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад. Агар карздор дар ин давра кор накарда бошад ё асноди тасдиккунандаи музди мехнат ва даромади дигари у пешниход нагарданд, карз дар асоси музди миёнаи мехнат дар Чумхурии Точикистон дар лахзаи ситонидани карз муайян карда мешавад.
  5. Агар чунин муайянкунии карз манфиати яке аз тарафхоро чидди поймол кунад, тарафе, ки манфиаташ поймол шудааст, хукук дорад ба суд мурочиат намояд ва суд метавонад бо назардошти вазъи модди ё оилавии тарафхо ва дигар холатхои кобили таваччух карзро бо маблаги устувори пули муайян кунад.
  6. Хангоми рози набудан бо муайянкунии карзи алимент аз чониби ичрочии суд хар яке аз тарафхо метавонад тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории мурофиавии граждании Чумхурии Точикистон аз амали ичрочии суд шикоят кунад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 115. Озод кардан аз додани  карзи алимент

 

  1. Хангоми додани алимент барои кудакони ноболиг бо мувофикаи тарафхо озод кардан аз пардохти карз ё кам кардани он мумкин нест.
  2. Суд хукук дорад бо даъвои алиментдиханда уро пурра ё кисман аз пардохти карзи алимент озод намояд, агар мукаррар кунад, ки карз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабхои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии у имконият намедихад, ки карзашро пушонад.

 

Моддаи 116. Масъулият барои сари вакт  напардохтани алимент

 

  1. Хангоми ба миён омадани карз бо гунохи шахсе, ки ухдадор аст тибки созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунахгор мувофики тартиби пешбининамудаи хамин созишнома чавобгар мебошад.
  2. Хангоми ба миён омадани карз бо гунохи шахсе, ки тибки халномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунахгор ба алиментгиранда аз маблаги напардохтаи алимент барои хар рузи гузаронидашуда дар хачми 0,1 фоиз чаримаи ахдшикани месупорад. (КЧТ аз 26.12.11с. №791)

Алиментгиранда инчунин хукук дорад аз гунахгоре, ки ба пардохти алимент ухдадор аст, барои сари вакт напардохтани алимент  тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вакт анчом надодани ухдадорихои пардохти алимент дар кисми чаримаи ахдшикани расонида шудааст, ситонад.

 

Моддаи 117. Нораво будани ба хисоб гирифтан ва  пас талаб карда  руёнидани  алимент

 

  1. Пардохтхои алименти аз хисоби талаботи дигари мутакобила сурат гирифта наметавонад.
  2. Пас талаб карда гирифтани маблаги пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои холатхои зерин:

– бекор кардани халномаи суд ба сабаби максади индексатсияи пардохти алимент ё асноди калбакиро пешниход кардани шахси алиментгиранда; (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

– беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо рохи фиреб, тахдид ё зуроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;

– бо хукми суд ошкор гардидани далели сохтакории халномаи, созишномаи пардохти алимент ё варакаи ичро, ки дар асоси онхо алимент пардохта шудааст.

  1. Агар кирдори дар кисми 2 хамин модда зикргардида аз чониби намояндаи кудаки ноболиг ё аъзои болиги гайри кобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблаги пардохтшудаи алимент тибки даъвои шахси барои пардохти алимент ухдадоршуда аз намояндаи гунахгор ситонида мешавад.

 

Моддаи 118.  Индексацияи пардохтхои  алимент

 

  1. Маблаги алименти бо халномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз чониби маъмурияти ташкилоти махали нигох доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи хадди акалли музди мехнати тибки конун мукарраргардида индексация карда мешавад.
  2. Ба максади индексатсияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблаги устувори пули, ки ба андозаи муайяни хадди акали музди мехнат мувофик аст, мукаррар намояд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 119. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати  доими ба  давлати дигар  рафтани алиментдиханда

 

  1. Шахсоне, ки барои сукунати доими ба давлате мераванд, ки Чумхурии Точикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутакобила ва ичрои халномахои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хатти ба имзо расонанд ва он бояд аз чониби нотариус тасдик арда шавад.
  2. Дар сурати хосил нашудани мувофика, шахси манфиатдор хукук дорад ба суд мурочиат карда, дар шакли маблаги устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквактаи алимент ё ба хисоби маблаги алимент додани молу мулки мушаххас ё бо тарики дигар додани алиментро талаб намояд.

 

Моддаи 120. Тагйир додани андозаи алименти мукаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент

 

  1. Агар хангоми набудани созишномаи тарафхо оид ба пардохти алимент баъди тибки тартиби суди мукаррар намудани андозаи алимент вазъи модди ва оилавии алиментдиханда ё алиментгиранда тагир ёфта бошад, суд хукук дорад бо талаби хар яки онхо андозаи мукарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдихандаро аз додани он озод намояд. Хангоми тагйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он  суд метавонад инчунин хар гуна манфиати дигари кобили таваччухи тарафхоро ба инобат гирад.
  2. Агар мукаррар гардад, ки шахси ба балогатрасидаи кобили амал нисбати шахси барои додани алимент ухдадоршуда касдан чиноят содир кардааст ё хангоми рафтори ношоистаи аъзои болиги кобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиги кобили амал рад намояд.

 

Моддаи 121. Катъ гардидани ухдадорихои  алимент

 

  1. Ухдадорихои алименти, ки тибки созишномаи пардохти алимент мукаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафхо, гузашти мухлати амали хамин созишнома ё тибки дигар асосхои пешбининамудаи хамин созишнома катъ мегарданд.
  2. Пардохти алименти тибки тартиби суди ситонидашаванда дар холатхои зерин катъ мегардад:

– дар сурати ба балогат расидани кудак ё дар холати то ба балогат расиданашон кобили амал хисоб шудани кудакони  ноболиг;

– баъди фарзандхонди шудани кудаке, ки барои таъминоти у алимент ситонида мешуд;

– пас аз тахсилро дар муассисахои таълимии тахсилоти миёна ё олии касби хатм кардани кудакони  ба балогатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 хамин Кодекс мукарраргардида расидани  онхо;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

– хангоми аз чониби суд эътироф гардидани баркарор шудани кобилияти мехнати ё катъи мухточии алиментгиранда;

– дар сурати аз нав никох кардани зан ё шавхари собики мухточи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 хамин Кодекс);

– вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ухдадор аст.

 

ФАСЛИ VI. ШАКЛХОИ ТАРБИЯИ КУДАКОНЕ, КИ  БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР МОНДААНД

БОБИ 18. ОШКОР ВА ЧОБАЧОКУНИИ КУДАКОНЕ, КИ  БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР  МОНДААНД

 

Моддаи 122. Хифзи хукук ва манфиатхои кудаконе, ки  бе  парастории падару модар  мондаанд

 

  1. Хифзи хукук ва манфиатхои кудакон дар холатхои фавти падару модар, аз хукуки падару модари махрум кардани онхо, махдуд кардани хукуки падару модари, гайри кобили амал эътироф шудани онхо, бемори ва муддати тулони гайрихозир будани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз хифзи хукук ва манфиатхои онхо, аз чумла хангоми аз чониби падару модар рад кардани гирифтани кудакони худ аз муассисахои тарбияви, муассисахои табобати ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахои ба ин монанд, инчунин холатхои дигари набудани парастории падару модар, ба зимаи макомоти васояту парастори гузошта мешавад.

Макомоти васояту парастори кудаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, бахисобгирии онхо ва бо назардошти холатхои мушаххаси махрум шудан аз парастории падару модар усули чобачосозии кудакони бе парастории падару модар мондаро (моддаи 124 хамин Кодекс) интихоб менамоянд ва хамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онхоро амали менамоянд.

Ба гайр аз макомоти васояту парастори ба дигар шахсони хукуки ва вокеи барои ошкор намудан ва чобачокунии кудакони бе парастории падару модар монда,  ичозат дода намешавад.

  1. Макомоти васояту парастори макомоти ичрояи махаллии хокимияти давлати мебошанд. Масъалахои ташкил ва фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои амали намудани васояту парастории кудакони бе парастории падару модар монда аз чониби макомоти зикргардида, тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур, Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи хукукхои кудак» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791; КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 123.  Ошкоркуни  ва бахисобгирии  кудакони  бе парастории падару модар  монда

 

  1. Шахсони мансабдори муассисахо (муассисахои таълимии томактаби, муассисахои таълимии тахсилоти умуми, муассисахои табобати ва дигар муассисахо) ва дигар шахрвандоне, ки оид ба кудакони дар кисми 1 моддаи 122 хамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, ухдадоранд ба макомоти васояту парастории махали вокеии зисти кудакон хабар диханд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

Макоми васояту парастори дар мухлати се руз аз лахзаи гирифтани чунин хабар ухдадор аст шароити зисти кудакро санчида, дар сурати  мукаррар  намудани далели аз парастории падару модар ё хешу акрабо махрум будани у, то хал гардидани масъалаи чобачокунии кудак химояи хукук ва манфиатхои уро таъмин намояд.

  1. Рохбарони муассисахои тарбияви, муассисахои табобати, муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахои ба ин монанд, ки дар онхо кудакони бе парастории падару модар монда чойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мухлати хафт руз аз рузи барояшон аён гардидани он, ки кудак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба макоми васояту парастории махали чойгиршавии муассисаи мазкур  хабар  диханд.
  2. Барои ичро накардани ухдадорихои пешбининамудаи кисми 2 хамин модда, барои дидаю дониста пешниход намудани маълумоти бардуруг, инчунин барои дигар кирдоре, ки чихати пинхон кардани кудак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, рохбарони муассисахои дар кисми 2 хамин модда зикргардида ва макомоти васояту парастори тибки тартиби мукаррарнамудаи конун ба чавобгари кашида мешаванд.
  3. Тартиби ошкоркуни ва бахисобгирии кудаконе, ки бепарастории падару модар мондаанд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 26.11.15 с., №1239)

 

Моддаи 124. Чобачокунии кудаконе, ки бе  парастории  падару модар мондаанд

 

  1. Кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхонди), тaхти васоят (парастори) супурда шаванд ва дар сурати мавчуд набудани чунин имконият чунин имконият» калимахои «тибки шартнома барои тарбия ба оилахои (мураббии) парастор дода шаванд ё дар муассисахои кудакони ятим ё хар навъи муассисахо барои кудакони бе парастории падару модар монда (муассисахои тарбияви, муассисахои табобати, хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахои ба ин монанд) чойгир карда шаванд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

Хангоми чобачо намудани кудак бояд баромади этникии кудак, мансубияти  мазхаби ва фарханги, забони модари, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар  гирифта шавад.

  1. То лахзаи дар оила ё дар муассисахои дар кисми 1 хамин модда зикргардида чобачокунии кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, ичрои вазифаи ваcи (парастор) муваккатан ба зиммаи макоми васояту парастори гузошта мешавад.

 

БОБИ 19. ФАРЗАНДХОНДИ

 

Моддаи 125. Кудаконе, ки онхоро ба фарзандхонди кабул кардан мумкин аст

 

  1. Фарзандхонди шакли афзалиятноки чобачокунии кудакони бе парастории падару модармонда мебошанд.
  2. Фарзандхонди нисбати кудакони ноболиг танхо манфиатхои онхо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, хамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи чисмони, рухи, маънави ва ахлокии кудак ичозат дода мешавад.
  3. Фарзандхондии бародарону хохарон аз чониби шахсони гуногун, ба истиснои холатхое, ки фарзандхонди ба манфиати кудак мебошад, ичозат дода  намешавад.

 

Моддаи 126. Тартиби  ба фарзандхонди кабул кардан

 

  1. Фарзандхонди дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кудакро ба фарзанди кабул кардан мехоханд, аз тарафи суд расми карда мешавад. Парвандахои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус барраси менамояд.

Парвандахои фарзандхонди дар суд бо иштироки макомоти васояту парастори ва прокуратура барраси мегардад.

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон бо интихоби худ ба суди махали истикомати кудаки ба фарзандхонди кабулшаванда ё ба суди махали истикомати худ барои  ба фарзандхонди гирифтани кудак ариза  медиханд.
  2. То аризаи фарзандхондиро барраси намудани суд макомоти васояту парастори вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хохиши ба фарзандхонди кабул кардани кудакро дорад, санчида, муайян кунанд, ки фарзандхонди ба манфиати кудак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае хаст, инчунин муносибати кудак ба фарзандхонди ва фикри уро барои ба фарзандхонди кабул шуданаш муайян намуда, хулосахояшонро дар хусуси имконияти фарзандхонди ба суд пешниход намоянд.

Макомоти васоят ва парастори вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кудакро ба фарзандхонди кабул мекунанд, дар бораи саломатии кудак маълумот диханд.

  1. Тартиби пешниходи хулосаи макомоти васояту парастори ва номгуи маълумоти онро Низомнома дар бораи макомоти васояту парастори муайян мекунад. (КЧТ аз 26.11.15 с., №1239)
  2. 5. Хукук ва ухдадорихои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лахзаи эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи фарзандхонди огоз меёбад.

Фарзандхонд шудани  кудак бояд мувофики тартибе, ки барои сабти асноди холати шахрванди мукаррар гардидааст, дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ба кайди давлати гирифта шавад.

Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рузи баъди эътибори конуни пайдо кардани халнома дар бораи фарзандхонди ба макоми сабти асноди холати шахрвандии махалли кабули халнома  иктибоси ин халномаро фиристад.

 

Моддаи 1261. Манъ будани фаъолияти миёнарави дар фарзандхондии кудак

 

  1. Фаъолияти миёнарави оид ба фарзандхондии кудак, яъне тамомифаъолияти шахсони дигар бо максади интихоб кардан ва додани кудак барои фарзандхонди аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хохиши ба фарзандхонди гирифтани кудакро доранд, манъ мебошад.
  2. Фаъолияти макомоти васояту парастори оид ба ичрои ухдадорихои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркуни ва чобачокунии кудакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнарави ба хисоб намеравад ва максади ба даст даровардани фоидаро надорад.
  3. Чавобгари барои фаъолияти миёнарави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 127. Шахсоне, ки хукуки ба фарзандхонди кабул карданро доранд

 

  1. Ба фарзандхонди кабул кардан танхо аз тарафи шахрвандони ба балогатрасидаи Чумхурии Точикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад:

– шахсоне, ки чои муайяни истикомат надоранд;

– шахсоне,ки хангоми фарзандхонди барои содир кардани чинояти касдона  доги суди доранд;

– шахсоне, ки суд барои содир намудани чиноят нисбати онхо чораи мачбурии дорои хусусияти тибби таъин кардааст;

– шахсоне, ки суд онхоро гайрикобили амал ё кобилияти амалашон  махдуд эътироф намудааст;

– зану шавхаре, ки суд яке аз онхоро гайрикобили амал ё кобилияти амалаш  махдуд эътироф намудааст;

– шахсоне, ки суд онхоро аз хукуки падару модар махрум сохтааст ё хукуки  падару модарро махдуд кардааст;

– шахсоне, ки ба сабаби ичрои гайриканоатбахши ухдадорихои бо конун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васи ё парастори дур карда шудаанд;

– шахсоне, ки каблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхонди бо гунохи онхо аз чониби суд бекор карда шудааст;

– шахсоне, ки аз сабаби бемори наметавонанд хукуки падару модарро амали намоянд. Номгуи беморихое, ки дар сурати мубтало будан ба онхо шахс наметавонад  кудакро ба фарзандхонди кабул кунад, тахти васоят (парастори) гирад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

  1. Мукаррароти сархати якуми кисми 1 хамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбикна мегардад. (КЧТ аз 26.11.15 с., №1239)
  2. Шахсоне, ки байни худ никох надоранд, наметавонанд хамон як кудакро муштаракан  ба фарзандхонди кабул кунанд.

 

Моддаи 128. Фаркияти синну соли шахси ба фарзандхонди кабулкунанда ва фарзандхондшаванда

 

  1. Фаркияти синну соли шахси ба фарзандхонди кабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз шонздах  сол кам набошад.
  2. Дар сурати ба фарзандхонди кабул кардани кудак аз чониби падарандар (модарандар) фаркияти синну соли дар кисми 1 хамин модда мукарраргардида зарур нест.

 

Моддаи 129. Розигии падару модар барои  фарзандхондии кудак

 

  1. Барои фарзандхондии кудак розигии падару модари кудак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кудаки падару модари ноболиги ба синни шонздахсолаги нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онхо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии  макоми васояту парастори  зарур аст.

Розигии падару модар барои фарзандхондии кудаконашон бояд дар аризаи тасдикнамудаи идораи наториалии давлатй ё маъмурияти муассисае, ки кудаки бе парастории падару модар монда  дар он карор дорад, макоми васояту парастории махалли фарзандхонди сурат мегирад ё махалли истикомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд хангоми фарзандхонди баён  карда шавад.

  1. Падару модар хукук доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхонди додани кудакашон то баровардани халномаи суд оид ба фарзандхони бозпас талаб кунанд.
  2. Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кудак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розиги диханд. Макомоти васояту парастори дар мавриди мутобикати фарзандхонди ба манфиати кудак хулосаи худро ба суд пешниход менамоянд. Дар сурати аз чониби падарандари (модарандари) кудак ба фарзандхонди  кабул кардани у чунин хулоса талаб карда намешавад.

 

Моддаи 130. Фарзандхондии кудак  бе розигии падару модар

 

Дар холатхои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кудак  талаб карда намешавад, агар:

– онхо маълум набошанд ё суд онхоро бедарак гоибшуда эътироф намояд;

–   суд онхоро гайри кобили амал эътироф карда бошад;

–  суд онхоро аз хукуки падару модар махрум сохта бошад (бо риояи талаботи кисми 6 моддаи 71 хамин Кодекс);

–  бо сабабхое, ки суд беасос эътироф намудааст, онхо зиёда аз  шаш мох бо кудак якчоя зиндаги накарда, аз тарбия ва таъминоти у саркаши карда бошанд.

 

Моддаи 131. Розигии васиён (парасторон), рохбарони муассисахое, ки кудакони бепарастормонда дар ончо карор доранд, барои фарзандхонди

 

  1. Барои фарзандхондии кудаконе, ки тахти васоят (парастори) карор доранд, розигии хаттии васии (парастори) онхо зарур аст.

Барои фарзандхондии кудаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисахои дахлдори  тарбиявию тибби, муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва муассисахои дигари ба ин монанд карор доранд, розигии хаттии рохбари ин муассиса зарур аст.

  1. Суд хукук дорад ба манфиати кудак бе розигии шахсони дар кисми 1 хамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхонди халнома кабул намояд.

 

Моддаи 132. Фикри кудаки фарзандхондишуда оиди фарзандхондшави

 

  1. Барои фарзандхонди намудани кудаке, ки ба синни дахсолаги расидааст, фахмидани фикри у лозим аст.
  2. Агар кудак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш дар оилаи шахси уро ба фарзандхонди гиранда зиндаги карда, уро падар ё модари  худ шуморад, фарзандхонди метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат  гирад.

 

Моддаи 133. Розигии хамсари шахсе, ки кудакро ба  фарзандхонди  мегирад

 

  1. Хангоми кудакро ба фарзандхонди кабул кардани яке аз хамсарон, агар кудакро зану шавхар якчоя ба фарзандхонди кабул накунанд, розигии хамсари дигар зарур аст.
  2. Агар зану шавхар муносибатхои оилавиро катъ намуда, зиёда аз як сол хамрох зиндаги накунанд ва чои истикомати хамсари дигар маълум набошад, розигии у барои фарзандхонди зарур нест.

 

Моддаи 134. Ном, номи падар ва насаби кудаки фарзандхондшуда

 

  1. Ном, номи падар ва насаби кудаки фарзандхондшуда нигох дошта мешавад.
  2. Бо хохиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда насаби фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кудаки фарзандхондшуда номи марди фарзандхондкарда, хамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда чинси зан бошад ба кудаки фарзандхондшуда номи касе, ки зан уро ба сифати падари кудаки фарзандхондшуда зикр намудааст, гузошта мешавад. Агар насаби зану шавхари фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофикаи фарзандхондкардагон ба кудаки ба фарзандхонди гирифтаашон насаби яке аз онхо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 хамин Кодекс насаб дода мешавад.
  3. Хангоми кудакро ба фарзандхонди кабул кардани зан (мард), ки дар акди никох нест, бо хохиши у насаб ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.
  4. Тагйир додани насаб, ном ва номи падари кудаки фарзандхондшудаи ба синни дахсолаги расида, ба истиснои холатхои дар кисми 2 моддаи 132 хамин Кодекс пешбинигардида, танхо бо розигии у мумкин аст.
  5. Дар бораи тагйир додани насаб, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар халномаи суд оид ба фарзандхонди зикр карда мешавад.

 

Моддаи 135. Тагйир додани сана ва махали таваллуди кудаки фарзандхондшаванда

 

  1. Барои таъмини сирри фарзандхонди бо хохиши фарзандхондкунандагон сана ва махали таваллуди кудаки фарзандхондшаванда метавонанд тагйир дода шаванд.

Тагйир додани санаи таваллуди кудак танхо дар сурати фарзандхондкардани кудаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се мохичозатдода мешавад.

  1. Оид ба тагйирдодани сана ва махали таваллуди кудаки фарзандхондшуда дар халномаи суд дар бораи фарзандхондии кудак зикр карда мешавад. (КЧТ аз 26.11.15 с., №1239)

 

Моддаи 136. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда хамчун падару модари кудаки фарзандхондшуда

 

  1. Бо хохиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд хамчун падару модари кудаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онхо халнома кабул намояд.
  2. Барои чунин сабт нисбати кудаки фарзандхондшудаи ба синни дахсолаги расида, ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисми 2 моддаи 32 хамин Кодекс, розигии кудак зарур аст.
  3. Дар хусуси зарурати чунин сабт дар халномаи суд дар бораи фарзандхонди нишон дода мешавад.

 

Моддаи 137. Окибатхои хукукии фарзандхондии кудак

 

  1. Кудакони фарзандхондшуда ва авлоди онхо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онхо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онхо дар хукуку ухдадорихои молу мулкии ва гайримолумулкии шахси аз руи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд.
  2. Кудакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ ва хешовандони онхо хукуки гайримолумулки ва молумулкии шахсиро аз даст дода, аз ухдадорихо нисбати онхо озод мешаванд.
  3. Хангоми ба фарзандхонди кабул кардани кудак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, хукукхои гаримолу мулкии ва молумулкии шахси ва ухдадорихо бо хохиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хохиши падар нигох  дошта шуда метавонад.
  4. Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гох бо хохиши падару модари вафоткарда (бобою бибии кудак) хукуку ухдадори нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигох дошта шаванд, агар инро манфиати кудак талаб кунад. Хукуки падару модари падар ё модари фавтида барои муошират бо кудаки фарзандхондшуда мутобики моддаи 67 хамин Кодекс амали мегардад.
  5. Дар хусуси нигох доштани муносибатхои кудаки фарзандхондшуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар халномаи суд оид ба фарзандхонди зикр карда мешавад.
  6. Окибати хукукии ба фарзандхонди гирифтани кудак, ки дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда пешбини шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кудак фаро мерасад.

 

Моддаи 138. Нигох доштани хукуки кудаки фарзандхондашуда ба нафака ва ёрдампули

 

Кудаке, ки дар вакти ба фарзандхонди гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафакаю ёрдампули хукук дорад, ин хукукро дар сурати ба фарзандхонди кабул шуданаш низ нигох медорад.

 

Моддаи 139. Сирри фарзандхондии кудак

 

  1. Сирри фарзандхондии кудакро конун мухофизат мекунад. Судьяхое, ки дар бораи фарзандхонди халнома кабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анчом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба хар тарики дигар аз фарзандхонди огоханд, бояд сирри фарзандхондиро нигох доранд.
  2. Шахсони дар кисми 1 хамин модда зикргардида, ки сирри фарзандхондии кудакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби мукаррарнамудаи конун ба чавобгари кашида мешаванд.

(КЧТ аз 26.11.15 с., №1239)

 

Моддаи 140. Бекор кардани  фарзандхондии  кудак

 

  1. Фарзандхондии кудак ба тартиби суди бекор карда мешавад.
  2. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кудак бо иштироки макоми васояту парастори, инчунин прокурор барраси мешавад.
  3. Фарзандхонди аз рузи эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кудак катъ мегардад.

Суд вазифадор аст дар давоми се рузи пас аз эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кудак иктибоси ин халномаи судро ба макоми сабти асноди холати шахрвандии махалли бакайдгирии давлатии фарзандхонди фиристад.

 

Моддаи 141. Асосхо барои бекор кардани фарзандхондии кудак

 

  1. Фарзандхондии кудак дар мавридхое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташудаи падару модари саркаши кунанд, аз хукуки падару модарии худ  суиистифода намоянд, бо кудакони фарзандхондкардаашон муносибати берахмона дошта, майзада ё нашъаманди ашадди бошанд.
  2. Суд хукук дорад бо назардошти манфиат ва фикри кудак фарзандхондиро бо сабабхои дигар низ бекор кунад.

 

Моддаи 142. Шахсоне, ки хукуки талаби бекор  кардани фарзандхондии кудакро доранд

 

Хукуки талаби бекор намудани фарзандхондкунии кудакро падару модари хакикии кудаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онхо) кудакони фарзандхондшуда,  ки ба синни чордахсолаги расидаанд, макoми васояту парастори, инчунин  прокурор  доро мебошанд.

 

Моддаи 143. Окибати бекор кардани фарзандхондии  кудак

 

  1. Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд хукуку ухдадорихои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш катъ гардида, хукуку ухдадорихои байни кудак ва падару модару хешовандонаш баркарор карда мешаванд, агар инро манфиати кудак такозо кунад.
  2. Дар сурати бекор кардани фарзандхонди, кудак бо халномаи суд ба падару модараш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кудак хилофи манфиати у бошад, кудак барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба макомоти васояту парастори дода мешавад.
  3. Суд хамчунин масъалаи нигох доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кудакро, ки бо сабаби фарзандхонди ба у дода шудаанд, хал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кудаки ба синни дахсолаги расида танхо бо розигии у мумкин аст.
  4. Суд бо назардошти манфиати кудак, хукук дорад фарзандхондкардагони собикро ухдадор созад, ки ба андозаи мукаррарнамудаи моддахои 81 ва 83 хамин Кодекс барои таъминоти кудак маблаг пардозанд.

 

Моддаи 144. Номумкинии  бекор  кардани  фарзандхонди баъди ба ба балогат расидани  кудаки фарзандхондшуда

 

Бекор кардани фарзандхондии кудак мумкин нест, агар кудаки фарзандхондшуда то лахзаи пешниходи талаби   бекор кардани фарзандхонди ба балогат расида бошад, ба истиснои холатхое, ки ба ин гуна бекоркуни розигии байни шахси  фарзандхондкарда ва кудаки фарзандхондшуда, инчунин падару модари у, агар  онхо дар кайди хаёт буда, аз хукуки падару модари махрум нашуда бошанд ва суд онхоро гайри кобили амал эътироф накарда бошад.

 

Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии кудак

 

Фарзандхондии кудак дар холатхое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:

– халномаи фарзандхонди ба хуччатхои калбаки асос ёфта бошад;

– фарзандхонди калбаки бошад;

– шахси ба балогатрасида ба фарзандхонди кабул шуда бошад;

–  фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд уро гайрикобили амал ё кобили  амалаш  махдуд эътироф карда бошад;

– шахси фарзандхондкарда бо халномаи суд аз хукуки падару модари махрумшуда бошад;

– шахсоне, ки барои номатлуб ичро кардани ухдадорихои конунан ба зиммаашон гузошташуда аз ухдадорихои васи ё парастори бартараф карда шуда бошанд;

– фарзандхонди бинобар гунохи содиркардаи собик фарзандхондагон аз чониби суд бекор карда шуда бошад;

– шахсоне, ки бинобар  вазъи саломати наметавонанд хукуки падару модариро  амали намоянд. Номгуи беморихое, ки хангоми ба онхо мубтало будани шахс наметавонад кудакро ба фарзандхонди кабул кунад, тахти васоят (парастори) карор  дихад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 146. Окибати беэътибор донистани фарзандхондии  кудак

 

  1. Фарзандхондии кудак аз лахзаи кабул гардидани халномаи суд дар бораи фарзандхонди беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми хукуку ухдадорихои фарзандхондаю хешовандони у ва фарзандхонд, ки аз фарзандхонди бармеоянд, аз байн  мераванд.
  2. Суд вазифадор аст, ки дар муддати се руз дар хусуси эътибори конуни пайдо кардани халнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхонди ба макоми сабти асноди холати шахрванди, ки фарзандхонди дар он ба кайд гирифта шудааст, хабар дихад.

 

БОБИ  20. ВАСОЯТ ВА ПАРАСТОРИИ НОБОЛИГОН

 

Моддаи 147. Ноболигоне, ки тахти васояту парастори гирифта мешаванд

 

  1. Васояту парастори барои кудакони ноболиге, ки бе парастории падару модар мондаанд (моддаи 122 хамин Кодекс), бо максади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои хифзи хукуку манфиатхои онхо мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)
  2. Васоят барои ноболигони то синии  чордахсола мукаррар карда мешавад.
  3. Парастори барои ноболигони аз чордахсола то хаждахсола мукаррар карда мешавад.
  4. Мукаррар ва катъ намудани васоят ё парастории кудакони ноболиг тавассути Кодекси граждании Чумхурии Точикистон муайян  карда мешавад.

 

Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболигон

 

  1. Танхо шахсони болиги кобили амал васи ва парастор таъин шуда метавонанд.
  2. Шахсони зерин васи ва парастор таъин шуда наметавонанд:

– шахсоне, ки аз хукуки падару модари махрум шудаанд:

– шахсоне, ки каблан кудакро ба фарзандхонда кабулкарда, агар фарзандхондкуни бо сабаби номатлуб ичро кардани ухдадорихояшон бекор карда шуда бошад;

– шахсоне, ки бо сабаби номатлуб ичро кардани ухдадорихояшон аз вазифаи васи ё  парастори озод карда шудаанд;

– шахсони мубталои  майзадаги ва нашъаманди, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломати (кисми 1 моддаи 127 хамин Кодекс) наметавонанд ухдадорихояшонро оид ба тарбияи кудак  анчом диханд.

  1. Макомоти васояту парасториро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад. (КЧТ аз 26.11.15 с., №1239)

 

Моддаи 149. Низомнома дар бораи макомоти васояту парастори

 

Низомнома дар бораи макомоти васояту парастори аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 150.  Махалли мукаррар намудани васояту парастори

 

Васояту парастори аз тарафи макомоти ичрояи махаллии хокимияти давлати, чамоатхои шахрак  ва чамоатхои дехот махали истикомати шахсе, ки бояд тахти васоят ва парастори гирифта шавад ё махалли истикомати  васи ё парастор мукаррар  мешавад.

 

Моддаи 151. Интихоби васи ва парастор

 

  1. Хангоми ба кудак таъин намудани васи ё парастор бояд сифатхои шахсии васи (парастор), ба ичрои ухдадорихои васи (парастори) кодир будани у, муносибатхои байни у ва шахси мухточи васоят ё парастори, муносибати аъзои оилаи васи (парастор) нисбат ба кудак, инчунин дар сурати имкон хохиши худи кудак ба инобат гирифта мешавад.
  2. Таъин намудани парастор ба шахси болиги кобили амал, ки бинобар ахволи саломатиаш барои татбики мустакилонаи хукук ва ичрои ухдадорихояш имконият надорад, танхо бо розигии шахси тахти парастори  гирифташаванда сурат гирифта метавонад.

 

Моддаи 152.  Васоят (парастори) нисбат ба кудаконе, ки дар муассисахои тарбияви,  муоличави ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли карор доранд

 

  1. Ба кудаконе, ки дар муассисахои тарбияви, таълими ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахои ба ин монанд тахти васояти пурраи давлат карор доранд, васи (парастор) таъин карда намешавад. Ичрои чунин ухдадорихо ба зиммаи маъмурияти ин муассисахо гузошта мешавад.

Аз чониби васи (парастор) дар чунин муассиса  муваккатан  карор додани кудак хукук ва ухдадорихои васиро (парасторро) нисбат ба ин кудак катъ намесозад.

  1. Макомоти васояту парастори шароити таъминот, тарбия ва таълими кудакони дар ин муассисахо карордоштаро, ки дар кисми 1 хамин модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.
  2. Химояи хукуки дастпарварони (хатмкунандагони) муассисахои дар кисми 1 хамин модда зикргардида ба зиммаи макомоти васояту парастори гузошта мешавад.

 

Моддаи 1521. Васоят (парастори) нисбат ба кудаконе, ки падару модари онхо муддати тулони гоибанд

 

  1. Васоят (парастори) нисбат ба кудаконе, ки падару модари онхо муддати тулони (зиёда аз 3 мох) гоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу акрабояшон карор доранд, ки ин хешу акрабо дорои хуччати дахлдор нестанд, аз чониби макомоти васояту парастори таъин карда мешавад.
  2. Макомоти васояту парастори шароити таъминот ва таълиму тарбияи кудакони дар кисми 1 хамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
  3. Химояи хукуку манфиатхои конунии кудакони дар кисми 1 хамин модда зикргардида ба зиммаи макомоти васояту парастори гузошта мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 153. Хукуки кудакони тахти васоят (парастори) карордошта

 

  1. Кудакони тахти васоят (парастори) карордошта чунин хукукхо доранд:

– ба тарбия дар оилаи васи (парастор), гамхори аз чониби васи (парастор), зиндагии дар як чо бо у, ба гайр аз холатхое, ки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон пешбини намудааст;

– ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули хамачониба ва эхтироми шаъну эътибори инсонии онхо;

– ба алимент, нафака, ёрдампули ва дигар пардохтхои ичтимоии ба онхо тааллукдошта;

– ба нигох доштани хукуки моликият ба манзили истикомати ё хукуки истифодаи манзили истикомати ва дар сурати мавчуд набудани манзили истикомати хукук доранд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба манзил хонаи истикомати гиранд; (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

– ба химоя аз суиистифодаи васи (парастор) мутобики моддаи 57 хамин Кодекс.

  1. Кудаконе, ки тахти васоят (парастори) карор доранд, дорои хукукхои пешбининамудаи моддаи 56 хамин Кодекс мебошанд.

 

Моддаи 154. Хукуки кудакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисахои тарбияви, табобати ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли карор доранд

 

  1. Кудакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисахои тарбияви, табобати ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахои ба ин монанд карор доранд, чунин хукукхо доранд:

– ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули хамачониба, эхтироми шаъну эътибори инсони, таъмини манфиатхояшон;

– ба алимент, нафака, ёрдампули ва дигар пардохтхои ичтимоии ба онхо тааллукдошта;

– ба нигох доштани хукуки моликият ба манзили истикомати ё хукуки истифодаи манзили истикомати ва хангоми мавчуд набудани манзили истикомати хукук доранд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба манзил хонаи истикомати гиранд;

– пас аз хатми муассисахои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

  1. Кудакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисахои дар кисми 1 хамин модда зикргардида карор доранд, инчунин дорои хукукхои пешбининамудаи моддахои 55, 56 хамин Кодекс мебошанд.

 

Моддаи 155. Хукук ва ухдадорихои васи ва  парастори  кудаки  ноболиг

 

  1. Васи ва парастори кудаки ноболиг хукук доранд ва ухдадор хастанд, ки шахси ба парастори гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломати, такомули чисмони, рухи, маънави ва ахлоки, тахсил ва касбомузии у гамхори зохир намоянд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хохиши кудакон ва тавсияи макомоти васояту парастори, инчунин хангоми риояи талаботи пешбининамудаи кисми якуми моддаи 65 хамин Кодекс тарбияи кудаконро, ки  тахти васояти (парастори) онхо карор доранд, мустакилона муайян намоянд.

Васи ва парастор бо назардошти фикру хохиши кудаки тахти васояташон карордошта хукук доранд  муассисаи таълими ва шакли таълимро барои гирифтани тахсилоти асосии умуми мустакилона интихоб намоянд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

  1. Васи ва парастор хукук доранд ба воситаи суд аз хар гуна шахсоне, ки бе асоси конуни кудакро дар назди худ нигох медоранд, аз чумла аз хешовандони наздики кудак баргардонидани кудаки дар тахти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
  2. Васи ва парастор хукук надоранд, ки барои муоширати кудаки тахти васояташон (парасториашон) карордошта бо падару модару хешовандони дигараш, ба истиснои холатхое, ки ин муошират ба манфиати кудак нест, монеъ  шаванд.
  3. Хукук ва ухдадорихои васи ва парасторро Кодекси граждании Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  4. Ухдадории васоят (парастори) нисбат ба кудаки тахти васоят (парастори) карордошта аз чониби васи (парастор) бемузд анчом дода мешавад.
  5. Ба васи (парастор) барои таъминоти кудаки тахти парастори карордошта хар мох тибки андоза ва тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон маблаг дода мешавад.

 

Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васи ва парастор дар сурати номатлуб ичро кардани вазифаашон

 

  1. Агар васи ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб ичро кунад, макоми васояту парастори васи ё парасторро аз ичрои ин вазифа озод менамояд.
  2. Дар сурати васоятро (парасториро) ба максадхои гаразнок истифода кардани васи (парастор), инчунин дар холати бе назорат ва кумаки зарури гузоштани шахсони тахти парастори карордошта макомоти васояту парастори вазифадоранд, ки барои халли масъалаи ба чавобгарии мукaррарнамудаи конун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниход намоянд.

 

Моддаи 157. Аз парастории шахси болиг озод кардани парастор бо талаби шахси тахти парастори карордошта

 

Парастори шахси болиги кобили амал, ки ба парастори мухточ  аст бо сабаби вазъи саломати ва синну сол бояд бо талаби шахси тахти парастори карордошта аз вазифа озод карда шавад. Макомоти  васояту парастори дар ин холат метавонанд бо мувофикаи шахси  тахти  парастори карордошта шахси дигарро ба сифати  парастор таъин намоянд.

 

Моддаи 158. Шикоят намудан оид ба карорхои макомоти васояту парастори

 

Нисбати карорхои макомоти васояту парастори дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалахои васояту  парастори шахсони манфиатдор метавонанд аз руи тобеият ба макомоти болои ё ба суд шикоят  кунанд.

 

ФАСЛИ VII. АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ 

БОБИ 21. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 

Моддахои 159, 160, 161, 162, 163, 164, 165, 166 бо КЧТ аз 29.04.2006 с., №183 хорич карда шуданд

 

ФАСЛИ VIII. ИСТИФОДАИ  КОНУНХОИ  ОИЛА ДАР  МУНОСИБАТХОИ  ОИЛАВИ БО ИШТИРОКИ ШАХРВАНДОНИ ХОРИЧИ  ВА  ШАХСОНИ БЕШАХРВАНДИ 

БОБИ  22. ИСТИФОДАИ КОНУНГУЗОРИИ АКДИ НИКОХ ВА ОИЛА НИСБАТ БА  ШАХРВАНДОНИ  ХОРИЧИ ВА ШАХСОНИ БЕШАХРВАНДИ

 

Моддаи  167. Акди никох дар каламрави Чумхурии Точикистон

 

  1. Шаклу тартиби акди никох дар каламрави Чумхурии Точикистон тибки конунхои Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Шартхои акди никох дар каламрави Чумхурии Точикистон барои хар як шахси никохшаванда дар асоси конунхои давлате, ки дар лахзаи акди никох у шахрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи кисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 хамин Кодекс дар бобати холатхое, ки монеъи акди никох мегарданд, муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)
  3. Агар шахс дар баробари шахрванди давлати дигар будан шахрвандии Чумхурии Точикистонро дошта бошад, нисбати вай шартхои акди никохи кoнунгузории Чумхурии Точикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шахрвандии якчанд давлати хоричи бошад, бо интихоби ин шахс конунгузории яке аз ин давлатхо истифода бурда мешавад.
  4. Шартхои акди никохи шахси бешахрванди дар каламрави Чумхурии Точикистон дар асоси конунхои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он чои истикомати доими дорад.

 

Моддаи 168.  Акди никох дар намояндагихои дипломати ва муассисахои консули

 

  1. Акди никохи дар байни шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд, дар намояндагихои дипломати ва муассисахои консулии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  2. Акди никох дар байни шахрвандони хоричи, ки аз тарафи намояндагихои дипломати ва муассисахои консулии кишвархои хоричи дар Чумхурии Точикистон анчом дода шудааст, агар ин шахсон дар лахзаи акди никох шахрвандони давлати хоричие бошанд, ки дар Чумхурии Точикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутакобилан кобили эътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 169. Эътирофи никохе, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон баста шудааст

 

  1. Никоххои шахрвандони Чумхурии Точикистон ва никоххои байни шахрвандони Чумхурии Точикистон бо шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванди, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон бо риояи конунхои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартхо ва монеахои дар кисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 хамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Чумхурии Точикистон боэътибор дониста мешавад. (КЧТ аз 25.03.11с., №710)
  2. Никохи шахрвандони хоричи, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон бо риояи кoнунхои он кишваре баста шудаанд, ки дар он акди никох сурат гирифтааст, дар Чумхурии Точикистон боэътибор дониста мешаванд.

 

Моддаи 170. Беэътибор донистани никох

 

Акди никох тибки тартиби мукаррарнамудаи моддахои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 171.  Бекор кардани никох

 

  1. Бекор кардани никохи шахрвандони Чумхурии Точикистон бо шахрвандони хоричи ё ашхоси бешахрванди, инчунин никохи байнихамдигарии шахрвандони хоричи дар Чумхурии Точикистон тибки конунхои Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  2. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, хукук доранд никохро бо хамсари худ, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон зиндаги мекунад, сарфи назар аз шахрвандии у, дар суди Чумхурии Точикистон бекор кунанд. Дар холатхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба бекор кардани никох дар макмоти сабти асноди холати шахрванди ичозат дода мешавад, никох дар намояндагихои дипломати ё муассисахои консулии Чумхурии Точикистон  бекор карда мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)
  3. Бекор кардани никохи байни шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванди, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон, бо риояи конунгузории давлати хоричии дахлдор салохиятнокии макомоте, ки оиди  бекор кардани никох карор кабул кардаанд ва конунгузорие, ки хангоми бекор кардани никох бояд истифода бурда шавад, дар Чумхурии Точикистон боэътибор дониста мешавад.
  4. Бекор кардани никохи байни шахрвандони хоричи, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон, бо риояи конунгузории давлати дахлдор салохияти мaкоме, ки дар бораи никох карор баровардааст ва конунхое, ки бояд хангоми бекор кардани никох истифода шаванд, дар Чумхурии Точикистон боэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 172. Хукукхои шахсии гайри молу мулкию молу мулкии ва ухдадорихои зану шавхар

 

  1. Хукукхои шахсии гайримолу мулкию молу мулкии ва ухдадорихои зану шавхар тибки конунхои давлате, ки онхо дар худуди он икоматгохи муштарак доранд ва дар сурати надоштани икоматгохи муштарак бошад, тибки конунхои давлате муайян карда мешаванд, ки онхо дар каламрави он икоматгохи охирини муштарак доштанд. Хукукхои шахсии гайримолу мулкию молу мулкии ва ухдадорихои зану шавхаре, ки икоматгохи муштарак надоранд, дар Чумхурии Точикистон мутобики конунхои Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
  2. Зану шавхаре, ки шахрвандии умуми ё икоматгохи муштарак надоранд, хангоми бастани ахдномаи никох ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба хамдигар метавонанд конунхоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани хукуку ухдадорихояшон дар хусуси пардохти алимент аз руи ин ахднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода карор мегиранд. Агар зану шавхар дар мавриди интихоби конунхо нисбати ахдномаи никох ё созишномаи зану шавхар дар бораи пардохти алимент ба якдигар ба мувофика наоянд, мукаррароти кисми  якуми хамин модда истифода мешавад.

 

Моддаи 173. Мукаррар намудан ва рад кардани  падархонди (модархонди)

 

  1. Мукаррар намудан ва рад кардани падархонди (модархонди) тибки конунхои давлате муайян карда мешавад, ки кудак аз руи таваллуд шахрванди он мебошад.

2.Тартиби мукаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро) дар худуди Чумхурии Точикистон конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад. Дар холатхое, ки агар  мутобики конунхои Чумхурии Точикистон мукаррар намудани падар (модар)  дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ичозат дода шуда бошад, падару модари берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикоматкунандаи кудак, ки акаллан якеашон  шахрванди Чумхурии Точикистон мебошанд, хукук доранд бо аризаи мукаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломати ё муассисахои консулии Чумхурии Точикистон мурочиат намоянд.

 

Моддаи 174. Хукук ва ухдадорихои падару модар  ва фарзандон

 

Хукук ва ухдадорихои  падару модар  ва фарзандон, аз чумла ухдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобики конунхои давлате муайян карда мешаванд, ки  дар он давлат икоматгохи муштарак доранд. Дар сурати икоматгохи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, хукуку ухдадорихои онхо тибки конунхои давлате муайян карда мешаванд, ки кудак шахрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати ухдадорихои алиментдихи ва дигар муносибатхои байни падару модар ва фарзандон конунхои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кудак дар каламрави он истикомати доими дорад.

 

Моддаи 175. Ухдадорихои алиментдихии фарзандони болиг ва аъзои дигари оила

 

Ухдадорихои алиментдихии фарзандони болиг ба манфиати падару модарашон, инчунин ухдадорихои алиментдихии аъзои дигари оила тибки конунхои давлате муайян карда мешаванд, ки онхо дар каламрави он икоматгохи доими доранд. Дар сурати надоштани икоматгохи муштарак чунин ухдадорихо тибки конунхои давлате  муайян карда мешавад, ки шахси даъвогари алимент  шахрванди он мебошад.

 

Моддаи 176. Мукаррар намудани мазмуни меъёрхои  хукуки оилавии хоричи

 

  1. Хангоми истифодаи меъёрхои хукуки оилавии хоричи суд ё макоми сабти асноди холати шахрванди ва дигар макомот мундаричаи ин меъёрхоро мувофики тафсири расмии он, амалияи истифода ва доктринаи он  дар давлати дахлдори хоричи мукаррар менамоянд.

Ба максади мукаррар намудани мундаричаи меъёрхои хукуки оилавии хоричи суд, макомоти сабти асноди холати шахрванди ва макомоти дигар метавонанд тибки тартиби мукарраршуда барои мусоидат ва тавзех ба Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти салохиятноки Чумхурии Точикистон мурочиат кунанд ё коршиносонро (экспертхоро) чалб намоянд.

  1. Шахсони манфиатдор хукук доранд асноди тасдиккунандаи мундаричаи меъёрхои хукуки оилавии хоричиеро, ки онхо барои талаби худ ё эътироз ба он истинод мекунанд, пешниход намоянд ё ба тарзи дигар ба суд ё макоми сабти асноди холати шахрванди ва дигар макомот дар мукаррар сохтани мундаричаи меъёрхои хукуки оилавии хоричи мусоидат кунанд.
  2. Агар мундаричаи меъёрхои хукуки оилавии хоричи, сарфи назар аз чорахои мутобики кисми якуми хамин модда дидашуда мукаррар нагардад, конунгузории Чумхурии Точикистон истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 177. Махдудияти истифодаи хукуки оилавии хоричи

 

Хукуки оилавии хоричи дар холатхое истифода бурда намешавад, ки он хилофи асосхои тартиботи хукукии (тартиботи оммави) Чумхурии Точикистон бошад. Дар ин холат конунхои Чумхурии Точикистон истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 1771 . Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

(КЧТ аз 19.03.13с., №952)

 

Моддаи 178. Аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, бинобар мавриди амал карор гирифтани ин Кодекс

 

Конунхои зерини Чумхурии Точикистон  беэътибор  дониста  шаванд:

Конуни Чумхурии Точикистон аз 19 июни соли 1969 “Дар бораи тасдик кардани Кодекси  оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1969. № 12, моддаи 102);

Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 30 сентябри соли 1976 “Дар бораи даровардани тагйирот ба моддаи 185 Кодекси Чумхурии Точикистон оид ба никох ва оила” (Ведомостхои Советии Олии РСС Точикистон, соли 1976, № 19, моддаи 244);

Конуни Чумхурии Точикистон аз 26 ноябри соли 1976 “Дар хусуси тасдик намудани Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон “Дар бораи даровардани тагйирот ба моддаи 185 Кодекси Чумхурии Точикистон оид ба никох ва оила” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1976, № 23, моддаи 282);

Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 28 августи соли 1980 “Дар бораи даровардани тагйирот ва иловахо ба Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1980, № 18, моддаи 216);

Конуни Чумхурии Точикистон аз 19 ноябри соли 1980 “Дар хусуси тасдик намудани Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон “Дар бораи даровардани тагйирот ва иловахо ба Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1980, № 23, моддаи 250);

Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 25 марти соли 1982 “Дар бораи даровардани  тагйирот ва иловахо ба моддаи 35 Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1982, № 7, моддаи 51);

Конуни Чумхурии Точикистон аз 17 маи соли 1982 “Дар хусуси тасдик кардани Указхои Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон дар бораи даровардани тагйироту иловахо ба баъзе актхои конунгузории Чумхурии Точикистон дар кисмати тасдики Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 25 марти соли 1982 “Дар бораи даровардани тагйирот ба моддаи 35 Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон”  (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1982, № 11, моддаи 130);

Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 10 феврали соли 1984 “Дар бораи даровардани тагйирот ба моддаи 27 Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1984, № 4, моддаи 40);

Конуни Чумхурии Точикистон аз 17 феврали соли 1984 “Дар бораи тасдик кардани Указхои Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон “Дар хусуси дохил кардани тагйироту иловахо ба баъзе актхои конунии Чумхурии Точикистон” дар кисмати тасдик намудани Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 10 феврали соли 1984 “Дар бораи дохил кардани тагйирот ба моддаи 27-уми Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” ( Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон,  соли 1984, № 4, моддаи 36);

Моддаи 9 Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 8 августи соли 1984 “Дар бораи дохил кардани тагйироту иловахо ба  баъзе актхои конунии Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1984, № 16, моддаи 168);

Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 22 ноябри соли 1984 “Дар бораи даровардани тагйироту иловахо ба баъзе актхои конунии Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1984, № 23, моддаи 224);

Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 27 феврали соли 1985 “Дар бораи даровардани тагйироту иловахо ба баъзе актхои конунии Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1985, № 5, моддаи 54);

Фасли 11 Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 22 ноябри соли 1985 “Дар бораи баъзе тагйиротхои тартиби руёнидани алимент барои нигохубини кудакони ноболиг” (Ведомостхои  Совети Олии РСС Точикистон, соли 1985, № 23, моддаи 230);

Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 28 феврали соли 1987 “Дар бораи баъзе тагйиротхои тартиби руёнидани алимент барои фарзандони ноболиг” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1987, № 5, моддаи  76);

Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 23 феврали соли 1990 “Дар бораи даровардани тагйирот ба Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии Чумхурии Точикистон, соли 1990, № 5,. моддаи 42);

Конуни Чумхурии Точикистон аз 24 апрели соли 1990 “Дар хусуси тасдики Указхои Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи даровардани тагйироту иловахо ба баъзе актхои конунии Чумхурии Точикистон” дар кисмати тасдик намудани Укази Президиуми Совети Олии Чумхурии Точикистон аз 23 феврали соли 1990 “Дар бораи даровардани тагйирот ба Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон соли 1990, № 9, моддаи 162);

Конуни Чумхурии Точикистон аз 24 апрели соли 1990 “Дар бораи даровардани тагйироту иловахо ба Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1990, № 9, моддаи 163);

Фасли ууу Конуни Чумхурии Точикистон аз 28 августи соли 1990 “Дар бораи дохил кардани тагйироту иловахо ба баъзе актхои конунии Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои  Совети Олии РСС Точикистон, соли 1990, № 16, моддаи 268);

Фасли Yу Конуни Чумхурии Точикистон  аз 12 декабри соли 1990 “Дар бораи ворид намудани тагйироту иловахо ба баъзе санадхои конунии Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Шурои Олии РСС Точикистон, соли 1990, № 24, моддаи 410);

Фасли 1 Конуни Чумхурии Точикистон аз 27 июни соли 1991 “Дар  хусуси даровардани тагйироту иловахо ба баъзе санадхои конунии Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);

Конуни Чумхурии Точикистон аз 23 ноябри соли 1992 “Дар бораи даровардани тагйирот ба Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1992, № 21-22, моддаи 301);

Фасли уY Фармони Раёсати Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз 6 июни соли 1993 “Дар бораи ворид намудани тагйироту иловахо ба баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон” (Протоколи № 166 мачлиси Раёсати Шурои Олии Чумхурии Точикистон);

Фармони Раёсати Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз 29 июли соли 1993 “Дар бораи даровардани тагйирот ба Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1993, № 13, моддаи 272);

Конуни Кумхурии Точикистон аз 28 декабри соли 1993 “Оид ба тасдик намудани Фармонхои Раёсати Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар бораи дохил намудани тагйироту иловахо ба баъзе конунхои Чумхурии Точикистон” дар кисмати тасдики Фармони Раёсати Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз 29 июли соли 1993 “Дар бораи даровардани тагйирот ба Кодекси оид ба никох ва оилаи Чумхурии Точикистон” (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 509).

 

 

 

КОНУНИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи кабули Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1998, №22, мод.304)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  карор  мекунад:

Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон кабул карда шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                               Э. РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,

№ 682

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …