Главная / Илм / «КОБУСНОМА»

«КОБУСНОМА»

kobusnoma«КОБУСНОМА», «Насихатнома», асари панду андарзист, ки Унсурулмаолии Кайковус с. 1082 – 83 барои фарзандаш Гелоншох таълиф кардааст. «К.» аз 44 боб, ки дар шинохтани хакки падару модар, дар фурутани ва афзунии хунар, дар парвариши фарзанд ва оини он, дар дуст парвардан ва расми он, дар илм, дар тичорат варзидан, дар расми дехкони ва пешавари, дар оини чавонмарди ва г. бахс мекунанд, иборат аст. Барои таквияти фикр муаллиф хикояхо овардааст. Бештари хикояхои «К.» аз эчодиёти халканд. Аз асархои бадеи, таърихи ва саргузаштхои худи муаллиф низ хикояхо оварда шудаанд. Дар хикояхои таърихии асар Нушервон, Бузургмехр, Афлотун, Сукрот ва диг. ба сифати кахрамони асоси бисёр андешахои баланди ахлоки гуфтаанд. Дар баъзе хикояхо услуби кисса андар кисса ба назар мерасад. Дар хикояхо барои тасдики фикри муаллиф шеърхои муосирони муаллиф иктибос шудаанд.
Аз 44 боби «К.» сеяки он ба масъалахои бехдошт ва тиб бахшида шудааст. Мас., дар боби 33 китоб рочеъ ба омузиши пизишки сухан меравад: «Бидон, эй писар, – гуфта шудааст дар он – агар табиб боши бояд, ки усули илми тиб бидони нек, чи аксоми илми ва чи аксоми амали». Муаллиф тавсия медихад, ки пизишк зимни муоинаи бемор бояд вазъи узвхо, набз ва омилхои дигарро муайян намояд. Вай бояд санъати мураттаб сохтани таркиби доруро аз бар карда бошад. Дар бораи усулхои гуногуни муолича дар «К.» гуфта шудааст: «Ва чун чинс донисти, навъро боздон то муолачат битавон кардан. Ва то ба гизо кифоят шавад, ба дорувору тало (мархам) макуш ва то ба суфуфу (доруи хока) тало кифоят шавад, ба хаббу матбух ва маъчун (доруи омехта) макуш. Ва нигар, ки ба даво кардан далери накуни то ба таскину лутф кор барояд, дар истифрог тачовуз макун ва даст мабар. Ва чун кор аз хад бихонад шуд, пас ба давои махз машгул шав ва ба таскин кардан машгул мабош. Ва харгиз беморро муттахам макун… Ва бар бемори шикамбанда пархези сахт хукм макун, ки кабул накунад, лекин дафъи мазаррати он чиз, ки вай хурда бошад, хамекун… Чун муолича хохи кардан, андеша кун аз хуришхои пирон ва кудакон, ки муолаззати беморон бар ду гуна аст ва муолич бояд ки ба хеч муолачате ибтидо накунад то нахуст огох нагардад аз вакти бемори ва навъи иллат ва сабаби иллат ва мизоч ва сол ва санъати бемор ва тачассуси табиаташ ва табъ ва чойгох ва холи мизоч… Ва бояд, ки «Васоёи Букрот» хонда бошад то дар муолачати беморон шарти расои ба чой тавонад овардан… Ва пайваста худрову чомаро пок дорад ва мутайябу муаттар (хушбуй) бошад. Ва чун бар сари бемор шавад, ба бемор тозарую хушсухан бошад ва беморро дилгарми дихад, ки таквияти табиб беморро куввати харорати гаризи биафзояд…»
«К.» ба забонхои руси, немиси, турки, англиси, франсави тарчума гардидааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …