Главная / Илм / КОБАЛТ

КОБАЛТ

cobaltКОБАЛТ (Cobaltum), Co, элементи химиявии гурухи VIII системаи даврии Менделеев, раками ат. 27, массаи ат. 58,933. К. дар табиат як изотопи собит 59Co дорад. К.-и металлиро с. 1735 химики швед Г. Брандт кашф кардааст.
К. металли вазнини нукраранг буда, каме тобиши сурх дорад. t гуд. 1493°С, t чуш. 3100°С, зичиаш 8900 кг/м3. Дар харорати мукаррари ба таъсири обу хаво устувор мебошад.
Пайвастхои К. дар Мисри Кадим, Чин барои истехсоли ранги кабуд, шишахои рангин, сир (эмал) истифода мешуданд. Холо К.-ро дар саноат асосан дар шакли хулахо барои истехсоли масолехи ба оташ тобовар, магнитхои доими, асбобхои буранда, шиша, рангубор ва г. истифода мебаранд.
Изотопи радиоактиви сунъии 60Co-ро барои муоличаи варам, тамйизи дорувор, нест кардани хашароти галладона, сабзавот ва дер нигох доштани хуроквори ва г. истифода мебаранд.
К. дар организми одам, хайвонот ва растани микроэлементи зарури мебошад. К. фаъолияти ферментхоро метезонад; дар мубодилаи сафеда, карбогидрат ва чарбу, синтези кислотахои нуклеат, реаксияхои оксиду баркароршави ва тавлиди хун дар организм роли калон мебозад. Организм К.-ро аз таркиби хуроквори мегирад. Баъзе дорухои дар асоси К. тайёркарда барои муоличаи анемия (камхуни) истифода мешаванд.
Аз хурокворихо нахуд, лаблабу, панир ва чигари гов К.-и бисёр дорад. К. яке аз микроэлементхои мухим мебошад. Вай дар организм бо сафедахо ва аминокислотахо пайваст аст; дар таркиби витамини В12 дохил мешавад. К. ферментхоро фаъол сохта, ба хосилшавии сафедахои мушак, хун ва ассимилятсияи нитроген таквият мебахшад, фаъолияти гемолизии хунро баланд мебардорад. Хангоми дар организм нарасидани К. гипо- ё авитаминози В12 рух менамояд.
Дар аснои ба организм таъсир расондани пайвастхои К. мумкин аст захролудии шадид ё музмин ба вучуд ояд. Хусусан пайвастхои халшавандаи К. захрнок мебошанд. Бо максади пешгирии захролуди аз К. ба коидахои хифзи саломати дар истехсолот катъи риоя кардан лозим аст (бояд бо либоси махсус, аз чумла одамоне, ки бо пайвастхои К. сарукор доранд, бояд мудом аз назорати тибби гузаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …