Главная / Маданият ва санъат / КИТОБИ ДУОВУ САЛАВОТХО (Электрони)

КИТОБИ ДУОВУ САЛАВОТХО (Электрони)

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим.

Ахамияти дуо ва одоби он

Алхамду лиллохи Рабби-л-оламин, ва-л-окибату ли-л-муттакин, ва-с-салоту ва-с-салому ало ашрафи-л-анбиёи ва-л-мурсалина ва хотама-н-набийина ва ало олихи ва асхобихи ачмаин.

duoАммо баъд, инсон мавчудест, ки беш аз хар мавчуди дигар ниёзхое дорад, агарчи ниёзхои вокеии инсон баъд аз марг огоз мешавад. Аммо дар ин дунёи мухтасар ва зиндагони низ ниёзхои як инсон аз хар мавчуди дигаре ба маротиби бештар аст. Чолиб ин чост, ки бисёре аз ниёзхо чунонанд, ки худи инсон на танхо онхоро эхсос намекунад, балки нисбат ба он асло илм надорад. Аммо Парвардгори Мехрубон ва Бузург ба лутфу бузургии Худ бидуни эхсос, ё хостаи инсон хамаи он ниёзхоро бароварда ва таъмин месозад.

Борбардории китоби Дуову салавот (PDF)  дар шакли электрони бо вази 4MB >>>>

У бо вучуди лутфу мехрубониаш порае аз ниёзхои инсонро тавре карор дода, ки инсон нисбат ба он илм дорад ва эхсос мекунад. Ин бад-он чихат аст, ки то инсон худро ниёзманди Парвардгор бидонад ва рафъи ин ниёзхо аз Худованди мутаол савол намояд, дасти гадоиро ба суйи Худованди Гани ва Бениёз дароз кунад. Худованди мутаол мехохад аз ин тарик хам ниёзхои бандаро бароварда кунад ва хам дарачоти уро баланд намуда ва уро ба макоми курб ноил созад. Савол кардани банда ва изхори ниёзхои уро назди Парвардгор дуо мегуянд.

Худованди мутаол бандагонашро дастур медихад, ки дар хар хол аз у савол намоянд ва мефармояд, ки: «Маро бихонед, дуои шуморо ичобат кунам».

Ва хамчунин Расули гироми (с) хадисхои бисёре дар бораи ахамияту фазилати дуо баён кардааст. Чунонки мефармояд:

  1. Дуо дар вокеъ асли ибодат аст.
  2. Касе, ки дарвозаи дуо барои у кушода шуд, гуё дарвозаи ичобат ба вай кушода гашт.
  3. Назди Парвардгор хеч амале гиромитар аз дуо нест.
  4. Дуо аслихаи муъмин ва сутуни дин ва равшании осмонхову замин аст.
  5. Рузе Расули акрам (с) аз канори гурухе, ки мубталои мусибат буданд гузар кард, он гох фармуд: «Чаро инхо аз Аллох таоло офият намехоханд?»

Он Хазрат (с) фармуданд: «Эй мардум, дар дуо кардан кутохи накунед, зеро дар сурати дуо касе халок намешавад».

Ба хамин далел дар тули таърихи башари бандагони хоси Худованд беш аз хар чиз ба дуову тазарруъ ахамият коил будаанд. Худованди мутаол дар Куръони Мачид дар бораи анбиё (а) мефармояд: «Онхо дар анчоми некихо шитоб мекарданд ва Моро бо умеду бим мехонанд ва барои мо фурутан буданд». Ба хамин далел Худованди мутаол мукаррабонро беш аз дигарон мубталои мусибату мушкилот мекунад, то онхо бештар шикаста шаванд ва ба суйи Худо мутаваччех гарданд.

Байт:

Халкро бо ту чу нон бадху кунанд,

То туро ночор ру он су кунанд.

Бехтарин рохи мубориза бо мушкилоту масоиб тавбаву истигфор аз гунохон ва дуову тазарруъ дар боргохи Хак аст.

Байт:

Ту дуоро сахт гиру мешугул,

Окибат бирхонадат аз дасти гул.

Хар гох тавфики дуо ёфтем, бидонем ки кумак ва ёрии Парвардгор хатман шомили холи мо хохад гашт.

Байт:

Чун Худо xoхад, ки м-он ёри кунад,

Майли моро чониби зори кунад.

Ва хар гох тавфики дуо камтар хосил шуд, бидонем, ки балову мусибат дар камин аст. Ва дуо кабл аз омадани бало бояд кард. Чун бало нозил мешавад, дуо аз поён боло меравад ва хар ду дар хаво як чо ру ба ру мешаванд, агар дуоро куввате бошад балоро бигардонад, вагарна бало фуруд ояд. Ва баъд аз нузули бало хам дуо бояд кард, агарчи бало дафъ нашавад, аммо сахтии бало кам шавад.

Он ки хохи, к-аз гамаш хаста куни,

Рохи зори бар дилаш баста куни.

То фуруд ояд бало бедофее,

Чун набошад аз тазарруъ шофее.

В-он ки хохи к-аз балоаш вохари,

Чони уро дар тазарруъ овари.

Баъзе аз мардум пас аз ин, ки муддате барои як хадаф дуо мекунанд, вале натичае дар зохир эхсос намекунанд, маъюсу ноумед шуда, даст аз дуо мекашанд, ин холатро таъчил ва шитобзадаги мегуянд. Хазрати Расули акрам (с) мефармояд, ки: «Дуои банда кабул мешавад, модоме ки шитобзада нашавад».

Ин гуна шахсон набояд чунин бипиндоранд, ки Худо нокарда дуояшон рад шудааст. Зеро кабулияти дуо дар истилохи хадис ин аст, ки ё хамон чизеро, ки инсон хостааст ба у мерасад, ё чизи бехтаре ба у мерасад, ё аз вай балову мусибате дафъ мегардад, ё ин дуои вай барои охират захира мешавад. Бинобар ин банда ба рухи бандаги, ки хамоно дуост идома бидихад ва якин кунад, ки Парвардгор маслихати уро аз худи у бехтар медонад. Ва ба кавли Мавлонои Рум тавфики дуову тазарруъ худаш далели кабулият ва иноёти Парвардгор аст:

Гуфт: Он «Аллох»-и ту лаббайки мост,

В-он ниёзу дарду сузат пайки мост.

Хиллахову чорачуихои ту,

Чазби мо буду кушод ин пойи ту.

Тарсу ишки ту каманди лутфи мост,

Зери хар «ё Рабб»-и ту лаббайкхоост.

Мавлоно Чалолиддини Балхи (paх) ба хамин гуна афрод мегуяд:

Эй axи даст аз дуо кардан мадор,

Бо кабулу радди уят чист кор?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …