Главная / Илм / КИШТИ ХУЧАЙРА ВА БОФТАХО

КИШТИ ХУЧАЙРА ВА БОФТАХО

kishti-hujayra-bakteriyaКИШТИ ХУЧАЙРА ВА БОФТАХО, яке аз усулхои ташхису тадкикот. Хучайрахо, кисмхои бофта ва чанини узв берун аз организм низ кобили сабзиш ва хаёт мебошанд. Бо ин максад онхоро кишт мекунанд. К. барои ба даст овардани дорувор ва пайвастхои аз чихати биологи фаъол, тадкикоти вирусологи (бахри афзоиш, титрони ва киёси вирусхо), хамчунин дар сохаи инженерияи генетики истифода мегардад. Бо рохи К. хосилкунандахои гормонхои одам, интерферон, подтанхои моноклони ва г. ба даст оварда шудаанд.
Хучайрахо дар суспензия, спиралхои пластики, нах, култиваторхо ва г. кишт карда мешаванд. Мурод аз истифодаи усулхои мазкур бо сарфи ками мухити гизои ба даст овардани микдори зиёди хучайрахо аст. Интихоби мухити гизои барои парвариш ба хосияти биологии хучайрахо вобастаги дорад. Яке аз унсурхои асосии мухити гизои зардоби хун (онро аз чанини гов мегиранд) махсуб мешавад. Мухити гизои хамчунин аминокислотахо, витаминхо, глюкоза ва г. иборат аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …