Главная / Илм / КИСТАИ ТУХМДОН

КИСТАИ ТУХМДОН

kistai-tuhvdonКИСТАИ ТУХМДОН, ташкилаест, ки дар тухмдони занхо падид меояд. Шаклхои гуногун дорад, мас., фолликулави, кистаи чисми зард, кистаи зоидхои тухмдон ва г. Кистаи фолликулави бештар дар занхои гирифтори хунравии бачадон, миома, аднексит ба мушохида мерасад. Кутри К. т., одатан, аз 8 см калон намешавад. Кистахои кутрашон то 4 см бидуни аломати хос чараён меёбанд (баъзан зери шикам дард мекунад). Кистаи кутраш калон мумкин аст ба харакати хун таъсир карда, боиси мавт (некроз)-и бофтахо шавад. Гохо худи киста низ мекафад. Дар ин гуна холатхо дар шикам дарди шадид пайдо мешавад. Кистахои фолликулавии андозаашон 4 см табобат карда намешаванд (онхоро факат назорат мекунанд). Чунин кистахои хурд, одатан, баъди 1 – 1,5 мох худ аз худ шифо меёбанд. Кистахои диаметрашон 6 – 8 см чаррохи карда мешаванд. Кутри кистахои чисми зард, одатан, аз 6 см зиёд нест. Он ягон аломати махсус надорад. Баъзан кистаи чисми зард кафида, боиси пайдоиши дарди шадид мешавад; бо рохи чаррохи табобат мекунанд.
Ниг. низ Тухмдон.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …