Главная / Гуногун / КИССАИ КУХНА

КИССАИ КУХНА

Ашраф таги дарвозаи хавли лаби чуи калон соатхо ба об нигариста менишаст, рахгузаронро, касе набошад, бо нигохи хеле сарду карахташ мегуселонид, на салом медоду на алек мегирифт, чашм намеканд, гуё чукур ба фикр фуру рафта бошад. Сони, чахида аз чо мехесту тозон ба хонааш, ки алохида аст, медаромад ва китоберо руи даст гузошта тамошо мекард, чаппа ё роста, фарк надошт, кушода худ ба худ дар нимторики муддати зиёд мехонд, вале хеч не ки сахифа гардонад.

Гохо бо оимчоруб кушиши руфтан менамуд, харчанд хавли тозаву озода бошад хам, лахзае пас медидед, ки болои кундаи зардолу шишта мисрахои подархаворо шунаво месароид. Гохо, одат дошт, бехуда баланд-баланд механдид, сипас назди девор мерафту чизеро дархам-бархам мешумориду мешуморид. Ва боз тозон ба хонаи худ ворид мешуд, каламу когаз гирифта ба навиштан медаромад. Зохиран мактуб менавишт…

Дар хавли падару модар, додару чиянхояш нисбати рафтору нагмахои безиёни Ашраф кайхо инчониб унс гирифта, дигар марок зохир намекарданд, мехмон бошад, ахён-ахён меомад ва он маврид дари хонаи Ашрафро аз берун кулф меовехтанд, то мабодо ба хайрат наоварад ё нахаросонад…

Ашраф бист сол боз девона аст…

Мухаббати нахустини худро нихон медошт. Метарсид, шубха вайро азоб медод, ки рафту рози дилаш фош шуда хамсоядухтар огохи ёбад, он руз охирин рузи ишки аввалаш аст.

Ба хамсоядухтари зебову сиёхчашм гох аз паси девору гох аз болои боми хонаашон ё дар сахни мактаб дуздида-дуздида нигох мепартофту… Вале чи илоч, ки ишк аз ибтидои ибтидохо кадом дареро хохад хамонро мекуфтааст, фарки шоху гадо, дорову камбагалро намеписандидааст.. Кай ба доми ишк афтод, худи Ашраф хабар надошт.

Хамсоядухтар эркатулфори хонаводаи хеле пурдабдаба, аз ин ру эхтирому обруяш сохта, хавлии чавони ошик бошад, хоксортарин дар махалла, иборат аз чор девори похса, ду хонаву дахлез, огил, як порча замин, падари он хубру нахустин духтури деха буду аз чавон бошад якумр хокрубачини кучахо…

Пас аз се мохи хатми дабистон, мавсими тирамох, овоне, ки тани танхо лаззати дилбастаги, ширинии дарди ишкро мечашид, азоби рахчуиву интизорихоро мекашид, Ашрафро ба хизмати харби хостанд.

– Писарам, – хохиш кард модараш, – бирав аз чашмаи деха об биёр, ба сафари дур мерави, бо дастони худат аз оби софаш бинуш, маззааш то дер дар хотират мемонад…

Чашма дар канори кишлок, каме поёнтар аз гулбоги сердолу дарахт вокеъ буд. Хангоми бозгашт, сатилхои пуроб дар даст, Ашраф миёни гулбог, зери дарахти сангсеб хамсоядухтарро дид. «Ё тавба! Худоё, ин магар атои такдир аст?» Духтарак, ки аз дунёи пурэхтироси Ашраф огох набуд, саргарми себафшони, додарчаи хафтсолааш мададгораш буд. Ашрафи дилсофу соддалавх, бечуръатона суи онхо кадам зад.

– Монда набошед! – садо баровард вай.

Хамсоядухтар як кад парид, ходаи дарозу борики себафшонаш дар хаво муаллак монд. Ба хайрат афтода надонист чи гуяд, нигохаш хушку холи буд.

– Ман пагох ба хизмат меравам… дусола… шуморо сари рох дидаму…

– Ба ман наздик набиё! – ходаи себафшониро боло бардошт.

– Ман факат хайрухуш кардан мехохам, – илтичоомез даст дароз намуд Ашраф.

– Ёри дихед! – хамсоядухтар ходаашро базарб сари Ашраф фароварду айни замон фарёд зад.

– Ох! – фурсат ёфт нидо барорад Ашраф, зеро ним вачабак нуги мехи хода ба фарки сараш расида буд. Дигар харфе нагуфт, даст бурда дид, ки хуншор аст. Хамсоядухтар мисли хайкал аз карда ба харос омада, шах монда чашмонашро аз мехи зангзадаи нуги хода, ки хунолуд буд, канда наметавонист. Сатилхои пуроби Ашраф хайрону бесохиб меистоданд.

Ду хамсинфаш уро ба трактори рахгузар савор карда суи беморхона бурданд.

– «Ба об нафиристода ман мурам… Оби чашма ба танам захри котил шавад!» – худро гунахгор дониста фигон дошт модари зораш.

Зуд овоза пахн шуд, ки Ашраф ба духтар дарафтодаасту… Бо вучуд, баъзехо маслихат медоданд, ки хамсоядухтари берахмро ба махкама кашад, то ки чазояшро бинад. «Чазои уро худо дихад». Хешро тасалли медод модар, ки табиатан зани беозору бекина буд.

Бист руз пас Ашрафро ба касалхонаи девонагон гузарониданд. Аввалхо умед мекарданд, ки шифо меёбад…

Паи хам рузу моху солхо гузаштанд.

Модар дарун-дарун месухт, шабхо бесадо мегирист, дар саросари олам уро гамгусоре набуд…

Хамсоядухтар ду маротиба ба шавхар баромад, вале сабабаш торик аст, бахташро ёфта наметавонист, ду кудакаш аз падарашон зиндачудо мезистанд. Аммо хамсояаш Ашраф бист сол инчониб гушанишини мекунад, он вокеаи кухнаи гулбогро холо касе ба ёд намеорад.

Факат як одати Ашраф то хануз маро сахт ба тааччуб меандозад. Вай фахмида-нафахмида, дарк карда ё на «мактуб» менавишт, он пораи когазро, ки хар навъ хатхои качу килеби харфмонанд дошт, нуги ходаи бепустлохи бед мехалонду ба девор такя мекунонд. Аз хонаи хамсоядухтар сари ходаву «мактуб»-и Ашраф баръало ба чашм мерасид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …